Номаҳои расида аз шаш шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон Ҳисор, Душанбе, Панҷакент, Восеъ, Қубодиён ва Бохтар (Қурғонтеппаи собиқ) ин бор муҳтавои барномаи моро ташкил кардаанд.
Дар инҷо ба нигорандаҳои номаҳо аз Панҷакент ва Қубодиён ҳаминро гуфтанием, ки таъхир дар нашри номаҳои онҳо иштибоҳи фаннӣ будааст ва мо ҳиҷ гоҳ ва ҳиҷ ваҷҳ номаеро нашр нокарда ва бепосух намемомонем. Як каме дар дарҷи ин ду нома дер кардаем, аммо инак нашр шуданд.
Муаллифи нома аз Ҳисор дар бораи қатъи садои бо баландгуи азон дар масҷид аз тарафи мақомот изҳори нигаронӣ намуда гуфтааст, ки ин ҳама исломбадбиниҳои мақомот аз худи Раҳмонов маншаъ мегирад.
Як нафар собиқ тоҷири бозори Корвони Душанбе аз муносибат ва бархурди кормандони ниҳодҳо, аз ҷумла андозу гумрук ва дигарҳо шикоят кардааст, ки болои соҳибкорҳо фишор оварда онҳоро водор ба тарки кор ва ру овардан ба кишварҳои ҳамсоя мекунанд.
Нафаре, ки аз Панҷакент нома ирсол кардааст, аз Хайёмиддин, хабарнигори телевизиони вилояти Суғд ва мушкилоти барпокардаи падари вай бар сари фарзандони тағои Хайёмиддин навиштааст. Ин нома як каме пештар расид буд, ки дар чопи он таъхир кардаем.
Муаллифи нома аз Қубодиён, ки мутаасифона мо дар нашри он чуноне гуфтем як каме таъхир кардаем аз кору кирдори муаллимҳои як мактаби ин ноҳия навиштааст. Муаллиф мегуяд, ки ҳатто яке аз ин муаллимҳо ошкоро гуфтааст, ки ончики вазири маориф барои нодуруст будани пулҷамъкунӣ дар мактаб гуфтааст, ба мактаби онҳо дахл надорад.
Номае,ки аз Восеъ расидааст, дар бораи кору амали наздикони Юсуф Раҳмон, котиби Шурои амният ва дар гузашта Прокурори генералии Тоҷикистон суҳбат мекунад.
Бародари қиёматии банда аз Бохтар, ки таксӣ мезанад дар ин номааш ҳам маълумотҳои ҷолиберо аз ин шаҳр ва мардумонаш барои мову шумо фиристодааст. Номаи у ин нашри барномамонро ҳусни анҷом мебахшад.
Ҳисор
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бародар, ман дар бораи як масъала мехоҳам, ки ба нашрияи шумо бинависам. Чанд рӯзи пеш аз мақомот омаданду гуфтанд, ки дигар аз тариқи микрофон азон нагуед. Мо, дар масҷиди марказӣ намоз мехонем. Ва, ҳар субҳ вақте ба масҷид меоем, садои форами азон ба гушҳо роҳат мебахшад. Аммо акнун гуфтаанд, ки фақат дар дохили масҷид шунида шавад.
Ман тули ин солҳо як чизро озмуд карда ба ин бовар расидам, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо дини ислом мушкили сахт дорад. Бо динҳои дигар не фақат бо ислом проблема дорад. Ҳамин садои азони масҷиди мо он қадар баланд набуд. Як, ду куча пас намерафт. Ҳамонро ҳам маҳкам кард. Намедонам, садои «Аллоҳу акбар»-и масҷид ба Раҳмонов чи зарар дошта бошад.
Як нафар аз онҳое, ки барои бастани садои баланди азон омада буд, бо ман шинос буд. Вай гуфт, ки ҳозир дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон ҳамин корро карданд ва ин ҳамааш бо прикази худи Раҳмонов шуда истодааст.
Чаро Раҳмонов ин қадар дини исломро бад медида бошад? Ба ҳар як нафар мусулмон, ки бо шаклу шамоили мусалмонӣ мегардаду мепушаду зиндагӣ мекунад, гумони бад дорад.
Дар куҷое хондам, ки аз 8000 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар таҳти ҷустуҷу қарор доранд, ба 5000 нафараш моддаи 307 зада шудааст. Яъне иттиҳоме, ки бо террористҳову экстремистҳо марбут аст.
Наход 5000 нафар террорист дошта бошад Тоҷикистон?
Дар ҷашни истиқлоли Кулоб, агар шумо дида бошед, духтарҳояшро худаш ташвиқ карда дар болои минбар рақс кунонд ва дар рақси духтарҳояш қарсак мезаду каф мекуфт. Ба худам гуфтам, ки мурданӣ ту барин мард беҳ, ки духтарҳоят, ҳатто як набераи наврасашро дар пеши чашми ҳазорҳо ҳазор нафар рақс кунонд.
Ба фикри ман бадбинии Раҳмонов нисбати дину оини бобоҳову падарҳоямон ба тарзу усули зиндагии шахсии худи вай алоқаманд аст. Рақсу суруду арақу айшу ишрат. Вай ҳатто сатру ҳичобро хурофот мешуморад ва барои ҳамин ҳар рузе як намуд фишор болои мусалмонҳо меоварад.
Раҳмонов бо динҳои дигар мушкил надорад. Мушкили Раҳмонов фақат бо ислом аст.
Як су муллову мадрасаҳоро баст, як су китобҳои диниро мусодира кард, як су омухтани исломро барои то 18 солаҳо ва ҳамин тавр ришу сатру ҳиҷобро манъ кард. Гуфт, ки рузаро хуреду зардолу чинед, хулоса фақат корҳояш бар зидди ислом аст.
Шариъати исломро хурофот мешуморад. Ман намедонам, ки мардум инро то ба кай таҳаммул мекарда бошанд?
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаро аз пойтахти Тоҷикистон мефиристам.
Бозори Корвон калонтарин маркази тиҷоратии Тоҷикистон аст. Мардумони зиёде дар ин бозор кор мекунанд: либос, матоъ, зарф, асбоби барқӣ, гилему қолин, курпа, маводи ғизоӣ ва ғайра. Аммо, рости гап соҳибкорону тоҷирон, дукондорони ин бозор безор шудаву ҷонашон дар лабашон омадааст. Аз налогу пули аренда то стандарту санэпидемстансияву дигару дигараш руз намедиҳанд. Як нони ҳалол гуфта мехоҳӣ кор кунӣ аммо инҳо намемонанд дуруст кор кунӣ. Савдо дар бозоро суст, мардум шароити харид надоранд. Соҳибкорон бо азоби зиёд ва бо қарз аз Хитойю Эрон бор меоранд. Масалан сад ҳазор доллар бор мезанӣ, дар ҳоле, ки он корхона 6 моҳ то 1 сол муҳлат медиҳад, ки борашро бифурушиву пулашро баргардонӣ. Аммо ҳамон бор ба Тоҷикистон расидан замон аз гумруку налог меоянд пул талаб мекунанд. Ҳоло сад доллар ҳам савдо накардаӣ. Дар ҳоле, ки хитоиҳову эрониҳо, ки соҳиби боранд, муҳлат медиҳанд, аммо инҳо ҳоло нафурухта, пул талаб мекунанд.
Соҳибкорҳо мегуянд пул нест, борамонро фурушем, ҳатман медиҳем, лекин қабул намекунанд. Чени ҳамон пули муайян мехоҳанд ва аз бораш кам мекунанд.
Ин як мисоли сода буд. Вале, мутаассифона дар ҳама ҷои Тоҷикистон ҳамин хел ҳолат шудааст.
Дар ҳамин тобистони гузашта дар бахши либоса ва пойафзолфурушӣ, ки дар ин ҳавои гарм магазинашон ҳаво надорад, криша пушида аст, соҳибкорҳо мехостанд кондитсионер часпонад, барои онҳо бояд 1000 доллар бидиҳанд. Фақат барои пулчиниву пулканӣ миллатро ба ин ҳол оварданд.
Бештари соҳибкорҳо мераванд Узбекистон ва дар онҷо кор мекунанд, ҳатто дар Қирғизистон. Вазъияти мо ҳар руз бадтар мешавад, тоҷирҳо аз ин ватан мераванд, пулҳояшонро дигар дар Тоҷикистон ҳаром намекунанд.
Худи ман дар бозори Корвон дар бахши посуда, электрикӣ, сантехникӣ кор мекардам. Инҷо бузҳову одамфурушҳо ва ҳатто амниятиҳо кору тиҷорат мекунанд. Ва мақсадашон гапгириву иттилоот ҷамъ кардан ва гузориш ба Кумитаи амният аст. Бигузор бигуям, ки амниятиҳо ба хотири чи касоне дар онҷо машғул ҳастанд? Барои як хел бародарҳое, ки собиқаи сиёсӣ доранд, боздошт ва зиндонӣ шудаанд, ё як хели дигар, ки падар ё бародари дар зиндон доранд, ё онро ҳукумати Раҳмонов ба шаҳодат расонида аст. Барои ҷосусии ана ҳамин гуна нафарон амниятиҳо инҷоанд. Бале бародар, ҳолу рузамон ҳамин хел аст.
Ва аммо бештари онҳое, ки зери зарабини амниятиҳо дар бозори Корвонанд аз навоҳии Кулобанд. Яъне инки ин ҳукумати маҳаллагарои авлодӣ, ба мо ки уро ба қудрат расондем раҳм намекунад, ба дигарҳо магар раҳм мекунад? Бобоям борҳо мегуфт «ай кош мешуд ба солҳои навад баргардам аз маҳалагароӣ даст мекашидам, ки ин қарлуқи кангуртӣ ба қудрат намерасид. Аммо дигар фоида надошт.
Ҳатто аз аробакашҳо ё чойю обу кампотфурушҳои бозор пул мегиранд, ки дигар ин бечораҳо ҳам ҳол надоранд. Онҳо ҳам кор мекунанд ва ба деҳаи худ пул равон мекунанд. Дар бозор занҳо ароба мекашанд, якхелаш се -чор фарзанд дорад, якхелаш шаҳвараш вафот кардагӣ, бо фарзандони худ чой мефрушанд дар бозор, то як тика нони ҳалол хуранд. Бовар кунед вақте мебинамашон, оби чашмонам сарозер мешавад.
Эй, Худо! Ба доди ин миллат бирас. Зулм аз ин дида бештар намешавад.
Панҷакент
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як мухлиси шумо, ҳамдеҳаи Хайёмиддин мебошам. Оиди кору рафтори падари Хайёмиддин ба шумо гуфтаниям, бигзор ҳама огоҳ бошанд. Шумо дар кадом барномаатон оиди бародаронаш ва як тағояш гуфта будед.
Қисса чунин аст:
Тағои Хайёмиддин дар автобазаи шаҳр (ҳоло раисаш Раҳмони рашнагӣ аст) кор мекард. Солҳои шӯравӣ як миқдор заминро гирифта аз шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ниҳолҳои себ оварда шинонида боғ бунёд карда буд. Пеш аз вафоташ ба падари Хайёмиддин мегӯяд, ки ҳамин боғи маро нигоҳубин кун, алафу мева ва ҳезумашро фурушу ба хоҷагиат сарф кун. Вақте фарзандонам калон мешаванд заминро ба онҳо баргардон, зеро ман барои бунёди ин боғ заҳмати зиёд кашидаам. Акнун чанд сол мешавад, ки байни фарзандони ин шахс ва падари Хайёмиддин ҷанҷолҳои судӣ рафта истодааст. Ҳама мардуми деҳа медонанд, ки ин падари «бузаш» нахално заминро аз они худ кардааст. Ҳатто аз руи баъзе хабарҳо бо апааш, яъне зани соҳиби замин ҷангӣ аст. Охир падари вай яъне Исмоилов Қамариддин бузи деҳа аст. Дар сезони облава ҳамаро мефурушад ва ҳатто худи маро фурӯхта буд, ки рафта бо сари баланд хизмат карда омадам.
Мардум бобояш яъне падари Қамариддинро хуб мешиносанд. Шахси хоксору бовиҷдон буд. Як акои Қамариддин дар мактаби деҳа муаллим аст. Аз рӯи рафтораш ба раҳматии падараш монандӣ дорад, яъне шахси хоксор, бовиҷдон аст.
Илтимос, ҳамин номаи кутоҳи маро нашр кунед, то ки ҳама ин оиларо шиносад.
Восеъ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз эшонҳои шаҳри Восеъ ҳастам.
Дар ноҳия Восеъ авлоди Юсуф Раҳмон як намуди катагӣ мекунанд, ки гуё шаҳр аз бобои ҳамонҳо монда бошад. Бовар кунед, ҷиянҳои Юсуф Раҳмон дар бадамон задагианд. Чи хеле форадашон рафтор мекунанд. Пули мактабсозӣ, раҳсозӣ, об расондан ба қишлоқҳоро аз мардум мегиранд.
Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳия бовар кунед, фақат аз соҳибкорҳо пул мечинад. Ягон корро бидуни пул ҳал намекунад. Аз мардуми Тугура, Кадучӣ ва Фрунзе, ки соҳибкорони зиёде дар Русия ва шаҳри Душанбе доранду меоянду мехоҳнд ин ё он гушаи Восеъро обод кунанд, ягон мактаб созанд, ё барои камбағалҳо ёрдам кунанд ва ё хона созанд пул мегиранд, баъд мегуянд қонун ҳамин аст.
Барои ҳар кор бояд налог супорӣ. Ҳатто ёрдам ҳам бошад. Раиси ноҳия беҳад одами бесаводи аблаҳ ҳаст .
Юсуф Раҳмон раиси ноҳияро Ҷамшед- шайтон садо мекунад. Фарёд мекунад мегуяд, ку биё шайтанча, ин моҳ чанд ва чи қадар пул кашидӣ аз мардум? Дар куни чанд кас чуб задӣ. Ин гапҳоро одамони наздики худи Шарифзода мегуянд.
Ба муллоҳо мегуянд дар туйҳову маъракаҳо аз 2 соате, ки гап мезанӣ якуним соаташ аз Ҷаноби олӣ гап зан ва фақат таъриф кун, дар дуоҳоятон ҳатман номи Ҷаноби олӣ бошад.
Вазъияти мо мардуми Восеъ ҳамин хел аст. Шермардони моро бисёрашро дар ҳодисаи Абдуҳалим Назарзода—ҳоҷӣ Ҳалим бурданду зиндон ва қатл карданд ва як хели дигарро барои ҳимоят аз мардуми Помир .
Юсуф Раҳмон ними мардони Восеъро зиндон кард. Занҳо ва модарони моро бева кард. Инро Аллоҳ лаънат кунад.
Муовинони раиси ноҳия ва кормандони ноҳия аксарияташ беномусу даюсанд. Ба занҳое, ки бева ҳастанд, дастдарозӣ мекунанд- занҳое, ки шаҳваронашон ё дар зиндонанд ё ба қатл расидаанд.
Хулоса, авлоди Юсуф Раҳмон мардуми Восеъро ранги як ғулом мебинад.
Як бор як ҷияни Юсуф Раҳмон дар Ҳулбук гуфта буд, ки «қалъайи Ҳулбук ай авлоди мо, ба мо расидааст, пас заминои Восеъ ҳамаш ай мо ҳаст». Ин хешовандони Юсуф Раҳмон носро таги забон меандозанду ба мардум дағалгуфторӣ мекунанд.
Бовар кунед, Юсуф Раҳмон дар мактаб то синфи 11 хондагӣ. То ҳоло хатро дуруст хонда наметавонад.
Аз вақте Бег Сабур аз ноҳияи Восеъ рафт дар ноҳия коррупсия кам шудааст. Ин хешовандони Юсуф Раҳмон эшонҳоро мазоҳу масхара карда эшак меноманд. Мегӯянд шумо эшон нестед, эшак ҳастед.
Аллоҳ инҳоро хору залил гардонад.
Қубодиён
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз Қубодиён менависам. Дар бораи мактаби рақами 8. Дар бораи пулҷамъоварии муаллимҳо ва муаллимаҳо, ки маълум нест барои чи 150 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Барои мисол муаллим Сайдакрам мегуфтааст, ки вазорати маориф барои мо намегуяд, барои дигар мактабҳо приказ мекунад. Инҷо мо эшонҳо мондагӣ, кӣ аст вай, ки моро фармон медиҳад?
Муаллими Сайдакрам лақабаш Фиръавн мегуфтааст, ки «мара Сайдакрам наген мара Фиръавн гуен». Астағфируллоҳ ва мегуфтааст, ки Қубодиён дигар давлат аст. Охир, эй Раҳмонов, ин милисаву амниятат куҷоро нигоҳ мекунанд? Мо ҷамъ мекунем мегуфтааст Сайдакрам 150 сумӣ- камера мегуянд, чи мегуянд. Охир, безор шудем. Равиву гап занӣ дарав амниятро нишонат медиҳанд, ки ту хоинӣ. Мо ба куҷо бигуем? Обуна барои талаба чи даркор,ки ҳар моҳ 10 сум обуна мегуянд. 2000 талаба дар ин мактаби рақами 8 мехонанд.
Ва бузҳо эшони Қиём ва посредникҳояш:
1Маҳмадов Эҳромиддин, бо лақаби луби сурхак Ҷамолович;
2 Умаров Неъмат Кугузович;
3 Туйчиев Собир Дилшодович.
Муаллими Сайдакрам мегуфтааст мо эшонҳо мондагӣ, ки пули талабаҳоро, ки ҷамъ мекунад ва ба наздикӣ эшони Муҳаммад дар Қубодиён исполком мешудаст. Мардуми узбекҳои Комсомолро гуфтааст, ки «ҳоло асфалт накунен, ма ба қарибӣ испалком мешавум баъд асфалт кунен, ки номи ма дар назди мақомот баланд шава, ки ина эшони Муҳаммад Аюб асвалт кадаст, пешравӣ кадаст».
Эшони Муҳаммад Аюб намондааст узбекҳоро, ки мардум мекунанд ба ту чӣ? Охир, эй ту чи кор дорӣ. Бимон мардум корашонро кунанд, ғамашон надеҳ, ки ободӣ кунанд. Ту аз кисаи худат кун вақте раис шудӣ, аз кисаи мардум не.
Бохтар
Ассалому алейкум бародари қиёматӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман боз саломи гарму ҷушон ба шумо ва ба модари азизам мерасонам. Худованд решаи душманони моро қоқ гардонад, омин!
Бародари азиз чандин хабархои нав дорам.
Дар бозори ҳоҷӣ Шариф харид мекардам, ки яке ҳамон муйсафедеро, ки аз Вахш оварда будам, дидам. Вай он вақт аз раиси қишлоқашон- Раупов Илёс гуфта буд ва гуфта буд, ки уро маҳкам карданд. Ман асосан хариди туй омада будам. Туй дорем.
Барои хариди либос омада будам. Ба мусафед салом дода пурсидам, ки бобои ҳоҷӣ маро шинохтӣ? Гуфт, ки чеҳраат шинос метобад. Баъд гуфтам, ки ман ҳамон одам ҳастам.Ва пешниҳод намудам, ки метавонем дар як ҷо шишта ягон чиз хурем, дарди дил кунем. Хулоса, рафтем самбусаву чой гирифта шиштему баъд гапро сар кардем. Пурсидам, ки ку гап зан ҳоҷӣ бобо баъд чи шуд, ин раиси Илёс? Мусафед як оҳи сард кашида гуфт, ки ин ҳаромхур боз баромад ва маълум аст ки боз сар мекунад ҳаромхуриро. Ҳозир бошад бузиро сар кардааст. Фарзанди кадоме вақти хизматаш бошад хабар мебарад, бузӣ мекунад, ки фалонӣ бачаи фалони омадааст аз Русия. Боз як чизи хело ҷолиберо гуфт, ки дар мобайни қишлоқашон сари тарнов, лаби заҳбур ҷое, ки мошинҳои калон разварот мекардаанд, ҳудуди 2 сотих кушод буд, онҷоро ба ҳоҷӣ Мумин фурухтааст.
Пурсидам, ки ҳоҷӣ Муминаш чи кора аст? Гуфт, ки одами одӣ. Лекин ман ба он ҳоҷӣ ягон бадие надорам. Аммо ин даюс дар куҷое як сотихро бинад, ки ҷои мусор парото ё ки дар ин қишлоқ даркор мешавад, одам ёфта ба вай мефурушад, анде пуламро бигирам чи мешавад, оқибаташ ба сари қабраш. Боз ин муйсафед гуфт, ки як руз бо масҷиди онҳо рафтам, ки намози шомро бихонем. Вақте даромадам ин бадбахт Қуръон дар дасташ оятҳои Қуръонро мегуфт ба мардум. Вай Қуръони кириллӣ мехонад, ба арабӣ намедонад. Фақат як оят мехонаду боз ҳақоратро сар мекунад:- зани фалониро фалон кунам гуфта мардумро насиҳат мекунад.
Фақат мегуяд, ки ана бинед –кӣ мегуфт, ки ин рузҳо мерасад. Илёс ба шумо панду насиҳат мекунад. Медонед барои чи ман ҳама вақт дилам соф аст? Худо маро дуст медорад.
Хулоса, мардумро фиреб карда гашта истодааст. Боз як чизи дигарро бигуям. Ман бисёр қорӣ Фаррухро гуш мекардам, ки мардумро бо ҳаҷ даъват мекард. Бо нархи арзон бо ҳаҷ даъват мекард. Як руз дар ютуб дидам, ки сураташ бо сурати пасвои миллат истодааст. Гуфтам воҳ, ин шери нар ин булдокро чи гуфта бошад? Вақте гуш мекунам, мегуяд, ки ҷаноб беҳтарин марди бузург аст. Як сухан мегуяд мардум пул ҷамъ карда роҳҳоро соз мекунад. Ин аз баракати ҷаноб аст.
Ман чи гуфтанӣ хастам ба ту қорӣ Фаррух? Ба номи худои бузург агар ҳамин хелин чоплусиро мардӣ бидонӣ, ман ба ту мегуям, ки ба номи худои бузург аз ту дида шайтансифат инсонро ман намебинам. Ин ҷанобат вақташ расида истодааст, аммо дар пеши худо чи ҷавоб медиҳӣ? Ман ҳама вақт туро гуш мекардам. Ҳамон наворатро гуш кардам, ки ранги ҷанобат метобӣ дар назарам.
Бародари қиёматиам Муҳаммадиқбол. Боз як маълумоти дигар дар бораи таксиҳо. Медонӣ, ки ман таксӣ кор мекунам. Ҳозир беҳад кори таксиҳоро мушкил карданд. Дар Ҷура-таксӣ агар 300 сомонӣ кор кунӣ 200 сомониаш аз заправка то ГАИҳо мераваду бегоҳ 100 сомонӣ ба хонаат харид мекунӣ, ки кудаконат аз гушнагӣ намуранд.
Э, қариб фаромуш кардам. Акаи Қурбони бех ман ҳаминҷо бо худат ҳастам, ягонҷо нарафтаам. Боз накунӣ, ки маро кидат карда рафтаӣ. Не,иншоаллоҳ то мурданат ман аз қафои ту поида истодаам. Ку, боз ин дафъа кай Озодаро мебарӣ? Хуб Тахминаро таъриф кардӣ ку, ин дафъа аз кӣ таъриф мекунӣ:- аз Озода ё аз Азизмо?
Худованд нигаҳбони шумо, бародари қиёматиам. Бародар модарҷонро гуед, ки дуогуй бошад дар ҳақи фарзандонаш.
