Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 411

Ислоҳ нет

Аз ноҳияи Панҷакент, шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе шумораи навбатии барномаро таҳия ва тақдим намудем.

Аз Панҷакент як номаи пур аз шикоят ба нишони электронии «Ислоҳ» расидааст, ки онро 34 нафар имзо карда ва хоҳиш намудаанд, ки маҳз дар ҳамин барнома ҷой диҳем. Ин нафарон ному насаби худро ошкоро зикр карда ва бо имзо таъйид кардаанд. Сокинони қаҳрамони Моғиёни Панҷакент мебошанд. Аз тақсимоти ноодилонаи замин, аз суистифода аз мақому мансаб навиштаанд. Ҳолате, ки дар тамоми Тоҷикистон ба раванд ва одати мансабдорон бадал шудааст. Дар ҳар сурат мақсаду ҳадафи муаллифони нома ин аст ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Панҷакент бишнаванд ва ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд.

Номаи Бохтар аз тарафи бародари қиёматии банда ирсол шудааст. Дар бораи он чизе инҷо намегуям. Беҳтар аст хонеду ҳаловат баред.

Барои номаи Душанберо муаррифӣ намудан беҳтар аст як иқтибос аз он инҷо биоварем: «Ҳамин Рустаматон дар тамоми расонаҳо нагуфт, ки 100 сомонаи таксиҳоро дида бароед. Падарлаънат, ранги падарат гуфтӣ. Лекин акнун гуфтан навбати ту, аммо ку амал. Боз шайтони лаънатӣ гуфтӣ, ки ин супоришро дида истодаанд. Аммо ана сентябр мешавад, мегузарад, октябр медарояд, мегузарад, ана ҳоло ноябр қариб тамом мешавад ва ҳамин тавр декабр меояду сол ба охир мерасад, ку натиҷа. 100 сомонӣ барои таксиҳо ҳамон тавре буд, истодааст».

             Панҷакент

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ба шумо умри дароз, тан дурустӣ ва хотири ҷамъ таманно намуда ин номаро аз ҷамоати Моғиёни  шаҳри Панҷакент мефиристем. Илтимос ин номаи моро ҳарчи зудтар нашр ва навор кунед, то ба гуши мақомот бирасад. Мо дар бораи фаъолияти ғайриқаноатбахш ва пур аз қонуншиканиҳои Мутайиллоев Ибодулло, раиси ҷамоат гуфтанием.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҷамоати деҳоти Моғиён аз маркази шаҳри Панҷакент дар масофаи 60 км ҷойгир буда, аҳолии он 28 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

  Дар ҷамоати деҳоти Моғиён яке аз хоҷагии калони ноҳияи Панҷакент колхози «Коммунизм» амал мекард, ки дар айни замон ба хоҷагии ҷамоати «Моғиён» табдил ёфтааст. Колхози мазкур 12 ҳазор сар моли майда ва 4000 сар моли калони шохдор дошт. Дар ихтиёри колхози мазкур ба миқдори зиёд техникаҳои гуногун, тракторҳои ҷуфтӣ, комбайнҳо, тракторҳои боркаш, булдозер ва Камазу Мазҳо мавҷуд буд. Хулоса, техникаи зиёди соҳаи кишоварзӣ дошт.

  Соли 1995 бо пешниҳоди Қосим Раҳбарович Қосимов собиқ раиси вилоят Суғд, Мутайиллоев Ибодулло, ки ҷура ва шиноси наздики ӯ будааст, раиси колхози «Коммунизм» таъин шуд. Мутайиллоев Ибодулло аз мансаб ва курсӣ суистифода намуда, ба талаву тороҷ кардани аҳолӣ машғул шуд. Мутайиллоев Ибодулло ба хотири даромади муфт ва фиреб дар пардохти андози давлат 300 гектар замини обиро замини лалмӣ гузаронд. Соли 2005 колхози «Коммунизм» ба хоҷагии деҳқонии «Моғиён» табдил дода ва Мутайиллоев Ибодулло раиси хоҷагии муттаҳидаи деҳқонӣ шуд. Мувофиқи тақсимоти замин ба ҳар як сари аҳолӣ 10 сотик замини обӣ ва 14 сотик замини лалмӣ ҳамчун саҳм тақсим карда шуд. Ин қарорро собиқ раиси ҷамоати деҳоти Моғиён Тупалов Истамқул тасдиқ намуда дар санадҳо имзо гузошта буд. Ҳуҷҷати таъиноти замин аз тарафи Кумитаи   замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Ҳоло он ба 9 бригада ҷудо гардида заминҳо ба бригадаҳо вобаста карда шуданд. Аммо, мутаассифона саҳми замини деҳқонон ва заминҳои президентӣ тақсим карда нашудаанд.

Мутайиллоев Ибодулло аз вазифаи истифода бурда, 20 гектар заминро аз они худ намуда, боғи мевадиҳанда бунёд кард, ки Худойбердиев Зикр боғбони он мебошад. Дар он замин 4 дар хонаи истиқоматӣ, 5 оғили чорворо бо 50 сотик замини наздиҳавлигӣ,  ғайриқонунӣ аз худ намуд. Мутайиллоев Ибодулло дар давраи кории худ аз мавзеи деҳаи Пули Гирдоб 1 гектар заминро бо номи хешаш Хоҷиев Абдуҷобир карда гирифт. Аммо мувофиқи тақсим замин ба ҳар сари аҳолӣ дар бригадаи №5-и хоҷагии деҳқонии Моғиён баробар тақсим карда дода нашудааст.

Дар ҷамоати мо роҳбарон ба амру фармонҳо ва қарору супоришҳои ҳукумат ва Президенти итоат накарда, бо факту рақамҳои бардурӯғ ҳисобот медиҳанд, ки ин ҳолат норозигии мардумро ба вуҷуд овардааст. Дар ҷамоати мо тибқи қарори идораи кишоварзии ноҳия барои кишти картошка 170 гектар ва бо тарзи иловагӣ 10 гектар замин ба нақша гирифта шудааст. Ҳамагӣ кишти картошка дар соли 2026 50–60 гектарро ташкил медиҳад.

Дар боқимонда 120 гектар замин картошка кишт намешавад, вале бардурӯғ ҳисобот медиҳанд. Аз он ҷумла дар бригадаи №5 –и Мутайиллоев Лутфулло нақшаи кишти картошка бригада 17 гектар пешбинӣ шуд бошад ҳам вале ҳамагӣ дар 4 гектар картошка кишт шудааст халос.

Дар хоҷагии деҳқонӣ 210 гектар боғи меваҷот буда, аз он 70 гектар боғ дар дасти Мутайиллоев Лутфулло мебошад, ки то ҳол саҳми ин боғ ба хоҷагӣ тақсим карда дода нашудааст. Онро Мутайиллоев Лутфулло аз они худ кардааст. Замини президентӣ то ҳол ба камбағалҳо тақсим карда нашудааст. Заминҳое, ки аз ҳисоби колхоз бароварда шудааст, 4 гектарро ташкил медиҳад, ки Мутайиллоев Ибодулло ва ҳаммаслакони наздики ӯ аз худ кардаанд.

Мо, бо имзоҳои худ ва равон намудани ин нома аз мақомоти дахлдори болоӣ талаб менамоем, ки биёянду ин фактҳои навиштаи моро бисанҷанд, муро аз хамир ҷудо ва ҳақро ба ҳақдор бирасонанд:

Нарзиев Умарқул

Тупалов Исфандиёр

Тупалов Худоёр

Тупалов Хуҷаёр

Тупалов Ҳасан

Тупалов Хушрӯз

Тупалов Файзалӣ

Тупалов Амон

Шарифбобалаев Бобо

Шарифбобалаев Имомназар

Ҳамроев Зайниддин

Ҳамроев Фазлиддин

Ҳамроев Нуриддин

Ҳамроев Фахриддин

Ҳамроев Зоҳиршо

Сафаров Сангулло

Сафаров Сайлон

Сафаров Набӣ

Сафаров Маҳмуд

Насимов Набӣ

Ҷалолов Носир

Ҳакдодов Салим

Ҳакдодов Санҷр

Имомов Бахтиёр

Раҳимов Шуҳрат

Бобомирзоев Мардон

Бобомирзоев Мирсаид

Бобомирзоев Дилшод

Ҳамроев Шарифбой

Носиров Аминбой

Имомов Имомӣ

Исломов Ҷурақул

Раҳмонов Шуҳрат

Ҳамроев Шоҳин

             Бохтар

Ассалому алейкум бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз худои пок умед дорам, ки сиҳат ва саломат ҳастед. Саломи гарму ҷушонӣ фарзандӣ  ба модари азизам.

Хуб, бародари азиз, меравем ба хабарҳои гарму тоза. Ман аз хона ба тарафи Хуҷанд сафар кардам –меҳмонӣ. Дар як таксӣ шиштем аз Қурған ва сафар кардем. Ҳамроҳи мо як коргари мақомот шишт. Вай мақсади омаданаш бо Хуҷанд мошинхарӣ буд. Худашро ошкор кард, ки ман коргари мақомотам. Маро худо дод. Бародари азиз бисёр вақт дар аснои сафар маро худо медиҳад.

Ҳамин тавр одамонро бинам бисёр такпурсӣ мекунам. Баъд ман сар кардам.  Гуфтам ҳамин ҷанги тоҷикҳо ба қирғиз чи шуд? Охираш  мегуянд, ки Шоҳ камандир омад ва ҳамаи онҳоро пустак гардонд. Бо ғазаб нигоҳам карда гуфт, ки «занои ин генералои мора фалон кунум,3 то 4 занира мегиран, пулошона таги сар мекунан дар ҷанг дилшон намешава, ки мора ёрдам кунан. Маълумай, ки чор зана уҳдааш намеброян, ҳамаш сабзӣ ба дастанду, бо 4 заниро гирифта реклама мекунан. Неки занҳошона дигар одамо истифода мебаран, бад мардуми камбағал инҷо мемиранд, азобшона бад модаро мекашан. Агар мақсадшон ҳамин, ки бошад  замина додан чаро ин қадар фарзандони ин миллатро аввал мекушӣ дар ҷанг бад заминро ба дасти худут туҳфа мекунӣ? Ин даюсҳоро ман нафаҳмидам чи мақсад доран? Чандин нафари қирғизора қапидем зинда, гуфтем, ки қасди салдатҳое, ки кушта шуданд аз тарафи мо ҷазо медиҳем. Дастур омад, ки нарасен вайҳора бурда сар диҳед, ки коромон боз батар мешавад».

Ман боз пурсидам, ки бародар рутбаи шумо чист? Гуфт майор ҳастам ва афзуд, ки ман чанд моҳ дар тюрма кор кардам, ҳозир дар вазорат кор мекунам.

 Бародар ин майори мардак майорашро ман нав дидам. Инхелиҳо ҳам будаанд. Фақат зани генералҳоро «навозиш» мекард. Як чизи гуфтааш маро ба ханда меовард, ки «чор зана мегиран неки истифода карда наметонан, дигарҳо истифодашон мебаран».

 Ба хонаш қасам хурд, ки «бо чашмони худам медидам,ки генерале, ки ман бо вай кор мекардам се зан дошт. Ду занашро медидам, ки бо киҳо вахт мегузаронанд, лекин хап мекардам. Медонӣ барои чи хап мекардам? Барои онки ин даюс пулҳои моро пура намедод. То ҳатто як занаш маро чандин бор ба.. даъват кард. Гуфтам, ки янгаҷон маро бо ин коро қуш накун, шумо шавҳар дорен. Механдиду мегуфт,ки ту метарсӣ, ки ман ба шавҳарам мегуям. Мегуфтам, ки не наметарсам,  ман аз худо метарсам».

Аммо ин зан баргашт мегуяд, ки хайр ту наоӣ, меомадагӣ дорам.Чи кор кунам, ки меравад Фархор, меояд пиён. Шаб хоб меравад, рагаш намеҷунбад.

Бародари азиз  ин суханҳои майор бисёр ба ман хуш омад. Бо худам гуфтам, ки агар ин хел мардҳо дар сари вазифа бошанд, иншаллоҳ ягон руз миллати тоҷик корашро мекунад.

Хостам, ки номи он генерали чорзанаро фаҳмам, аммо ошкор накард. Баъд ман гуфтам, ки ана ҳамин хоинҳо бисёр камбуди моро дар наворҳо ошкор мекунанд дигар миллат аз мо наметарсанд, моро ба назар намегиранд.

  Бародар ин ҳамсафари майорам дар бари шофёр шишта буду ман дар қафо.

Хеле нороҳат шуду гуфт, ки дар роҳи сафарам, хонаи ҳалол дорам. 95 % гапҳои  мухолифон рост аст. Барои онки ман бо чашмонам мебинам, ки инҳо чихел миллати тоҷикро шикаста беқадр карда истодаанд.

  Хулоса, бародари қиёматии ман, ман дидам, ки ин майор гапҳо ва ғамҳои зиёд доштааст.

Хуҷанд омадему бо ҳам хайру хуш кардем. Бародар дар ҳақи ин майору дар ҳақи бародари қиёматиат дуо кун. Бисёр марди фаҳмида будааст. Худо сафашонро биафзояд.

 Боз дигар хабари нав:

Як рӯз ба кор баромадам. Мошинам хоку чанг дошт. Гуфтам даромада мошинамро мойка кунам. Ба мойка даромадам, ки ҳоҷӣ Азиз Соҳибови ямахачӣ акаи Зоири ҷайра омад ба мойка даромад мошинашро шуштанӣ. Лексуси 570.  Мошинашро монда фарёд зад:- кане мойчико, ку мошини маро бишуен, ки вахти ман камай». Бо одами дар бараш сигарет дуд дода истода буданд, ки ду зан омада дар пеши ин наркоман ба зора заданд. Мегуфтанд, ки ҳоҷиҷон ҳамон хонаи моро ку чораша бин, ки чан моҳ шидай хонамона рост накардан, дигар пул надорем, ки пули квартира бидиҳем. Ҳафт моҳ гузашт аз ваъдаи гуфташон».

 Ин бадбахти Азиз Соҳибов, сигарет да даҳан мегуяд, ки «ээ занак, ин кори осон нестай. Вай дом аст, вай ҳам камбудӣ дорад, вая стройка меган, матриялаш ба вахташ ёфт намешавад. Ин кор ба шумора осонай, хай, ки шид мерен мегирен хонатона. Сабр кун, ягон ҷой ҳаловнагӣ нест».

  Ин бадбахт ақалан нагуфт, ки «э, холаҷон ман шумода ҷои хоб миёбам, ки шумо пули хона надиҳед, баромада рафт. Номерҳои мошинашро нигоҳ кардам, якумаш як охираш як, мобайнаш ҳамааш нол буд. Номерҳояш ба пули мошин нарх дошт.

Ин даюсон миллати тоҷикро хору залил карданд. Боз такрор мекунам,ки

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад,

 Агар сузад шабе сузад, шаби дигар намесузад.

  Иншоаллоҳ барои ин ноҳурматии модарону падарони ин миллат бо задний мостатон ҷавоб хоҳед дод Азизи наркоман.

Э,мебахши акаи Қурбони бех. Қариб аз ту ман фаромушт кунам. Ман дар ҳаминҷоам, боз зиқ нашавӣ, ки номи маро чаро намегирад? 

«чокадӣ, созӣ? Тахмина чит гуфт? Ягон падаркад додак ё  падаркара ай Азизмо мегирӣ? Аку чхел гуфтӣ гуфтӣ, ки хай ина иш майлш. Тахминаш ё Озода ёшан пула нагз мебинан, ана ин очашона фалон кунам ин кампири фалонихура пула ҳамуқ дуст медора, ки бо ба сиву  чил ҳазор доллар катит гап намезана. Ин гапо акаи Қурбон огоҳӣ буд. Ноҳияи дига рафта бошиям ма аз пают ҳастум. Зиқ нашав, Ислоҳ пайгирит мекна»

Дар охир гуфтаниям, ки бародар худованд ҳеҷ гоҳ шуморо ноумед накунад. Чи хеле ки модари азизам барои шумо дуо мекард, ки худоё душманатро хаста бинам, забонаш бар даҳонаш баста бинам, сари шом оям аҳволаш бипурсам, саҳар хезам мазораш баста бинам:  -омин, омин, омин.

 Бародар, як чизро  мегуям, ки касоне шуморо дуст медорад, ё гуш мекунад, ё тарафдори  шумо ҳаст, хусусан ранги ман, дар намозҳоям дуо мекунам, ки бародарамро муваффақ гардон, пирузаш кун. Чун нияташ соф аст, мақсадаш сарҷамъиву сарбаландии ин миллат аст.

                Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Илтимос номаи маро нашр кунед. Бахудо қасам ҳар руз номаҳоятонро тамошо мекунам ва дарди тамоми мардумро мефаҳмем. Падаратонро раҳмат кунад, ҷояшон ҷаннат шавад.

Бародар ин чи зулм шуд бар сари мардуми тоҷик. Эй, мардум шумо чиро нигоҳ мекунед, ё ки киро ждат мекунед?

 Дар сартосари Тоҷикистон зулм рафта истодааст, намебинед? Модаре дар Тик ток доду фарёд мекунад аз дасти судяҳо, ё ки аз домсозҳо, ё ки аз милисаҳо, ё ки аз облава.

О, мардум овози азонро маҳкам карданд. Ҳар моҳ ё налог, ё ки свет, ё ки об, ки комуналка, ё ки мусурро ба ҳар баҳона гарон карда истодаанд. Дар фикри мардум нестанд ва намешаванд. Инҳо серӣ надоранд. Худоро зора мекунӣ, ки касал нашавӣ. Чунки духтурҳо ба дараҷааш ҳаромхур шудаанд. Дигар намефаҳмӣ. Ман каме таксӣ кор кардам. Ҳамаро дидам ва шунавидам. Баъзеҳо чоплусҳову хокшапҳо аз ҳамин ҳоло гуфта истодаанд, ки Рустам биёяд соз мешавад.

Эй, ҳаромҳо, шуморо Аллоҳ хор кунад дар ҳамин дунё ва он дунё. Ҳамин падараш бас нест, ки аз рузе худамро мешиносам ягон манфиат ба мардум наовард. Ҳар коре кард барои худаш ва авлодаш. Тамоми Тоҷикистонро монополия карда аст ин авлод.

Ба мардум ҳаминро мегуям. Ба ин ҳаромҳо, ки мегуянд Рустам президент шавад нағз мешавад, о, ҳаромҳо шумо хок мехоҳен шапен, аммо Аллоҳи бузург чашми моро ҳуй карда истодааст.

Ҳамин Рустаматон дар тамоми расонаҳо нагуфт,ки 100 сомонаи таксиҳоро дида бароед. Падарлаънат, ранги падараш гуфт. Лекин акнун гуфтан навбати ту, аммо ку амал?. Боз шайтони лаънатӣ гуфтӣ, ки ин супоришро дида истодаанд. Аммо ана сентябр мешавад, мегузарад, октябр медарояд, мегузарад, ана ҳоло ноябр қариб тамом мешавад ва ҳамин тавр декабр меояду сол ба охир мерасад, ку натиҷа?. 100 сомонӣ барои таксиҳо ҳамон тавре буд, истодааст. Таксиҳо бизнесмен набошанд, ки ту гуӣ аз сари бизнесашон. Шаб то саҳар ҷон мекананд, аммо туи номард, ҳамон сад сомониро нагирифтӣ, чи мешавад? Ин таксиҳо хизматгори мардуманд охир!  Кори хизматгорҳоро ҷои онки сабук намоӣ, сахтар кардӣ?. Адолат куҷост?

Э, мардум аз ин одам ягон умед накунед. Боз фиреб мекунанд. Падараш 35 сол бозо фиреб кард, бо навбати ин сар шуд. Мардум биёед ба худо фикри худамонро накунем дер мешавад пушаймон мешавем. Ман 35 сол бозо падарашро мебинам, аммо бахудо безор шудам аз ҳамин хел зиндагӣ.

 Биёед ақалан барои насли оянда, фарзандонамон як сар аз тамоми Тоҷикистон бо як овоз бароем. Рустам қабри ҳамаро меканад. Ин аз дарранда ҳам ганда аст. На хун дорад, на раҳм.

Шукри худо, аз таксӣ мошинамро баровардам.

Э, мардум. Инҳо дар асри 21 миллатро ба ғулом табдил карданд. Ин Рустам на лафз дорад ва на дар лафзаш меистад ва намекунад. Ҳамон 100 сомонаи таксиҳо далели конкретӣ аст. Дигар барои оянда ҳам қиёс карда равен. Читарие Оташ бе барқиро Афсона гуфта буд инам бачаи ҳаму аст.

Вале, ҳоло биистед. Рузе мешавад, мардум бедор мешаванд. Он руз мебинем ин қадаре зулм мекунед, ҳар яке аз шумо куҷо мегурезед? Мардум пур шуд косаи сабраш, як задани гугирд монд. Он гоҳ мебинем, ки куҷо мешавед, то куҷо мегурезед? Иншоаллоҳ мерасад ин руз.

 Рустам пулро ҷамъ кун, мардумро зулм кун, ба тамоми санъаташ зулм карда истодаӣ. Иншоаллоҳ ту ҳамашро мебинӣ. Ту ба ягон мардуми одӣ раҳм накардӣ ва намекунӣ.

Мардум умедатонро канед. Ин отаву бача як одамхуранд.

Шукри Аллоҳ мекунам, имруз ҷуръат кардаму навистам ва ба тамоми мардум гуфтаниамро гуфтам. Рузи қиёмат Аллоҳ аз ман пурсад, мегуям, ки ман бо тариқи бародар Муҳаммадиқбол ба мардум гуфтам. Аммо як хелҳо тар кардагианд. Шарм аз Аллоҳ кунед. Ҳама мебинад, ки чи зулм шуд.
Бародар, дигар намедонам кадом зулмро гуям, охир надорад зулму ситами ин оилаи Раҳмонов. Аммо ман инша Аллоҳ ёриву имдодро аз Аллоҳ меҷуям. Парвдигор ин миллати тоҷикро як рӯз не як рӯз бедор мекунад.  

Share This Article