Муҳаммад (с) суннати истифода аз асбобро бар асҳоб(р) меомўзад
Яке аз суннатҳои илоҳӣ, ки Паёмбари Худо (с) дар ҷиҳати расонидани даъвати ислом аз он истифода менамуд, суннати истифода аз асбоб буд. Ва асбоб ҷамъи сабаб аст ва сабаб ҳар чиро гўянд, ки инсон бо василаи он ба чизи дигар мерасад. Ва суннати истифода аз асбоб дар офариниши Худои таоло ба таври равшан мушоҳида мешавад. Худо ин ҳастиро ба қудрати Худ офарида, барои нигоҳдошти истиқрор ва истимрори он қонун ва суннатҳое гузоштааст. Ва ҳар чизро пас аз иродати Худ вобаста ба асбоб гузоштааст, мисли ин ки Худо бардорандаҳои Арши худро ба фариштагон ва истиқрори заминро вобаста ба кўҳҳо ва зироатро ба об ва дигар чизҳо гузоштааст.
Ва агар Худо мехост ҳамаи онро зери қудрати мутлақи Худ мегузошт, ҳеҷ ниёзе барои асбоб набуд, аммо чунин хост ва ҳикмати Худо буд, то бандагонро ба мурооти ин суннат ва дастури раббонӣ водор созад, то ба ҳамон гуна, ки хости Худост, ҳаёт равона гардад. Ва агар суннати истифода аз асбоб дар ин кавн ба сурати равшан ҳувайдост, пас дар китоби Аллоҳ таоло муқаррар гаштааст. Ва Худо бандагони муъмини Худро бар мурооти ин суннат дар ҳар кори дунявӣ ва ухравияшон водор сохтааст, то ба таври лозим ва воҷиб аз он муроот намоянд.
Ва Худованд мефармояд:
Бигў: «Амал кунед, Худову паёмбараш ва муъминон аъмоли шуморо хоҳанд дид ва шумо ба назди донои ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва Ў аз аъмолатон огоҳатон хоҳад кард.»
(Сураи Тавба,ояти 105)
Ва низ мефармояд:
«Ўст, ки заминро роми шумо гардонид. Пас, ба рўӣ он сайр кунед ва аз ризқи Худо бихўред. Чун аз қабр берун оед, ба сўи Ў меравед».
(Сураи Мулк,ояти 15)
Ва инчунин Қуръони карим хабар додааст, ки Худо аз Марям (р), ки дар ҳоли тангӣ буд, хост то аз асбоб истифода намояд.
Худованд фармуд:
«Дарахтро биҷунбон, то хурмои тоза бароят фурў резад».
(Сураи Марям,ояти 25)
Ва Худо истифода аз асбобро дар ҳар кор ва дар ҳар ҳолат бар бандагонаш таъкид мекунад. Паёмбари Худо (с), ки барои барпо намудан ва таъсиси давлати исломӣ бархоста буд, бештар бар ин суннати раббонӣ такя менамуд. Паёмбари Худо (с) асҳоби киромашро водор месохт, ки ҳамеша аз ин суннати раббонӣ дар корҳои дунявӣ ва ухравияшон баробар муроот намоянд. (1) Ва имони ба қудрати мутлақи Худо ва бар қазову қадар ҳеҷ таорузе бар истифода аз асбоб надорад.
Саҳобагони киром дарк менамуданд, ки Худо дар ин ҷаҳони ҳастӣ ва дар зиндагии башар суннатҳои таѓйирнопазире дорад ва бо инки Худованд суннтаҳои хориқулодае дорад, ки метавонад ҳар кореро анҷом диҳад ва ҳеҷ чизе наметавонад дар баробари Ў биистад ва Ўро нотавон созад, аммо Ў таъоло бар асоси суннати Худ амал менамояд. Бинобар ин, онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки агар мехоҳанд дар воқеияти зиндагии худ ба натиҷаи матлуб бирасанд, бояд шароити худро бо суннатҳои мавҷуд дар ҷомеа ҳамоҳанг созанд. Ва агар бандагон барои расидан ба натиҷаи муайяне дар ҳаёт раѓбат мекунанд, пас истифода аз асбоб василае барои расидан ба натиҷаи он аст. (2)
Агар пасмондагии мусалмонон аз роҳбарии ҷаҳони имрўз ба чашм мерасад, на ба хотири ҷабре аст, ки Худо бар онон раво доштааст, балки ин адолати илоҳӣ ба қавме аст, ки масъулияти худро ба фаромушӣ супурда ва ҷойгоҳи худро аз даст дода ва бо ҳавасу ҳавопарастӣ дар вуҷуди худ роҳ кушодааст ва аз суннатҳои илоҳӣ истифода накарда ва гумон дошта, ки бо
орзӯ ва хаёл метавон ба қудрат расид, аммо ин ҳама хобу хаёл аст. Худованд дар ин замина фармудааст:
«Ин подоши аъмолест, ки пешопеш ба ҷой овардед, вагарна Худованд ба бандагонаш ситам раво намедорад».
(Сураи Оли Имрон, ояти 182)
Ва шояд касе суоле матраҳ намояд, ки вақте Худо муъминонеро, ки аз фармони ў сарпечӣ кардаанд чунин муҷозот намояд, пас чаро кофиронро, ки дар тамоми зиндагиашон ба инкори Худо ва паёмбаронаш мепардозанд, боз ҳам дар рўи замин аз назари моддӣ бештар имконият доранд ва қудрат ҳам ба дасти онон аст, муҷозот намегарданд? Бояд гуфт, ки кофирон чун ба моли дунё дастрас гаштаанд, на аз сабаби он аст, ки онҳо наздиктар ба Худо ҳастанд ва ё Худо аз онҳо розист. Ё инки ба сеҳру ҷоду дунёро ба даст овардаанд ва ё онҳо офариниши дигаре доранд. Ё ба зери баҳру ба осмон аз он сабаб расидаанд, ки дорои ақида ва андешаҳои дуруст ҳастанд. Балки дунё барои ҳамаи махлуқот чӣ муъмин ва ё кофир, накўкор ва ё табаҳкор баробар аст. Чунончи Худованд мефармояд:
«Онон, ки (танҳо) зиндагиву зинати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон пурра медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд.»
(Сураи Ҳуд, ояти 15)
Дар зиндагӣ расидани ба қудрату ҳукуматро Худованд чунон қарор додааст, ки бо кўшиш ва талоши худи инсон ва тибқи суннатҳои собити илоҳӣ ва қонунҳое, ки таѓйирнопазиранд пеш меравад. Пас ҳар кас содиқона кўшиш ва талош кунад ва ба суннатҳои ҳаёт ҳамгом бошад, ба андозаи талош ва кўшишаш ва ба андозаи арзиш ва аҳаммият қоил шудани ба он, ба ҳукумат ва қудрат даст меёбад. Дуруст аст, ки ин пешрафти кофирон дарҳои биҳиштро ба рўяшон намекушояд ва барояшон дар охират суде намебахшад, аммо кўтоҳӣ варзидани мусалмонон гуноҳе аст, ки ба хотири он мавриди бозпурсӣ ва муҳосиба қарор хоҳанд гирифт. (3)
Таваккал намудани бар Худо ва истифода аз асбоб.
Таваккал намудани бар Худо, бандаро аз истифодаи асбоб боз намедорад, зеро муъмин истифодаи асбобро аз боби имони ба Худо медонад. Пас истифодаи муъмин аз асбоб ба хотири имони ба Худо ва итоати Ўст, чунки Ў таъоло истифода аз асбобро тавсия намудааст. Аммо муъмин ин гуна фикр намекунад, ки асбоб оварандаи натиҷаҳост ва аз ин рў бар асбоб таваккал намекунад. Балки офарандаи натиҷаҳо ҳамон тавр, ки асбобро падид меоварад, тақдири илоҳист ва дар эҳсоси муъмин натиҷа ва сабаб иртиботе надоранд. Истифода аз асбоб, худ навъе аз бандагӣ ва ибодат аст, зеро ба итоат аз дастури Худо аз он истифода мешавад ва ба таҳқиқ расидани натиҷа бар асоси тақдир ва қазои илоҳӣ ва ҷудо аз сабаб аст ва касе ѓайр аз Худо тавоноии таҳаққуқи онро надорад. Паёмбар (с) дар аҳодиси зиёде зарурати истифода аз асбобро ҳамроҳи таваккали бар Худо таъкид намудааст, ҳамон гуна, ки мардумро мутаваҷҷеҳ намуда, ки таваккал ва истифода аз асбоб бо якдигар тазоде надоранд.
Анас ибни Молик дар ривояте мегўяд: «Марде бо уштураш дар назди дарвозаи масҷид истод ва майл ба ворид шудан кард ва гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с), уштурамро раҳо кунам ва таваккал намоям?» Он мард чунин меҳисобид, ки истифода аз асбоб таваккали бар Худоро нафе месозад. Паёмбари Худо (с) ўро фаҳмонид, ки амал бар асбоб амри матлуб аст ва ба ҳеҷ ваҷҳе таваккули бар Худоро нафе намесозад ва ба ў гуфт: «Балки онро бибанд, пас таваккул намо.» (4)
Ва ин ҳадис баён медорад, ки миёни таваккул ва истифода аз асбоб ба шарти инки танҳо бар асбоб эътиқод ва эътимод нашавад ва таваккул ба Худо фаромўш нагардад, ҳеҷ гуна тазоде вуҷуд надорад.
Умар ибни Хаттоб (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят карда фармуд: «Агар шумо бар Худо таваккули барҳақ кунед, ончунон, ки паррандагонро ризқ медиҳад, шуморо низ медиҳад, (паррандагон) субҳгоҳ бо шиками холӣ мераванд ва бо шиками пур бармегарданд.» (5)
Дар ин ҳадис таваккули бар Худо ва аҳамияти истифода аз асбоб ишорат шуда аст. Чунончи баромадани парранда бо шиками холӣ дар субҳ ва
бозгашт бо шиками пур дар шом бо замонати расонидани ризқ аз ҷониби Худо шудааст.
Хулосаи назари ислом дар мавриди таваккули бар Худо ва истифода аз асбоб:
1. Ислом бар асли истифода аз асбоб таъкид менамояд, зеро инкор кардани истифода аз асбоб боиси таътил шудан ва аз байн рафтани шариат ва масолеҳи дунё мешавад.
2. Эътимоди бар асбоб ва тарк намудани таваккул бар Худо ширк аст.
3. Ислом истифода аз асбобро ба ин бовар, ки мусаббибул-асбоб, яъне соҳиб ва ба вуҷуд орандаи ҳама асбоб Худост тавсия менамояд.
4. Ончи ки аз мусалмон матлуб аст, истифода аз асбоб ҳамроҳ бо таваккули бар Худост. (6)
Пас уммати исломӣ бояд ба ин натиҷа бирасанд, ки истифода аз асбоб барои расидан ба қудрат ва ҳукумат амрест, ки аз он роҳи гурезе вуҷуд надорад, зеро Худо бар асоси суннати ногусустании Худ чунин муқаррар доштааст. Ва аз меҳрубонии Худост, ки аз бандагонаш бештар аз қадри тавонои онҳо талаб накарда ва аз бандагонаш нахоста, ки дар муқобили хасм ва душман таҷҳизоти ҳамонанди онон омода намоянд, лекин аз онон хостааст, чунонки мефармояд:
«Ва дар баробари онҳо метавонед нерў ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Худо ва душманони худ ва ѓайри онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Худо мешиносад, битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба тамомӣ ба шумо бозгардонда шавад ва ба шумо ситам нашавад».
(Сураи Анфол, ояти 60)
Ва гўё чунин аст, ки Худо бар бандагонаш мефармояд: «Ончи аз тавонои шумост анҷом диҳед ва то он ҷо, ки дар тавони шумост нерў ҷамъ кунед, гарчи камтар аз имконоти душман бошад.»
Иститоат, яъне охирин ҳадди матлубе аст, ки дар тавони инсон аст ва болотар аз тавони ўро Худо ба ўҳда гирифтааст ва ба имконоти бешумори
Худ дар муқобили душман меистад, чун анҷоми умур то охирин ҳадди тавоноӣ далели ихлос аст ва ихлос аз шароите аст, ки кўмак ва мадади илоҳиро дар пай дорад. Он нидое, ки имрўз уммати исломиро фарёд мезанад, садоест, ки мегўяд марҳалаи сустӣ, орзӯ, хобу хаёлро бигузоред ва ба сўи марҳалаи қувват ва сохтор гом биниҳед ва ба ҳар он чи, ки бар истифода аз асбоб, баҳри иқомати адолати исломӣ ва сохтори тамаддуне, ки мақсудаш ризои Худост чанг бизанед.
Уммати исломӣ бояд барои амалӣ намудани суннатҳои илоҳӣ, ки дар ҷаҳон пароканда ҳастанд ва ё дар Қуръони карим зикр шудаанд, берун оянд, то дар партавӣ роҳнамуди илоҳӣ дар роҳи бедорӣ қадам биниҳанд.
Паёмбари Худо (с) аз замони биъсат то охирин лаҳзаҳои зиндагияш аз суннатҳои илоҳӣ истифода мекард ва аз ҳеҷ яке кўтоҳӣ наварзид. Паёмбари Худо (с) дар дигаргунсозии ойин ва ахлоқи инсонҳо аз суннатҳои илоҳӣ истифода намуд ва аз суннати тадофуъ дар баробари ботил баҳра гирифт ва дар сохтани як даста ва баъд аз он ҳукумат, аз суннатҳои тадриҷии даъват баҳра гирифт ва суннати гирифтор шудан ба мушкилот ва озмоишҳоро мавриди таваҷҷўҳ дошт ва то охирин тавони худ аз асбобе, ки ба ташаккул ва қудрат сабаб мегардид истифода намуд. Ҳиҷрати мусалмонон дар ду марҳала, ба сарзамини Ҳабаша ва сафари Паёмбари Худо (с) ба Тоиф ва арз намудани даъват ба дигар қабилаҳо, сипас ҳиҷрат намудани Паёмбари Худо (с) ба Мадина омилҳое буданд, ки Паёмбари Худо (с) аз онҳо истифода намуд ва бо ташкили ҳукумат дар Мадинаи Мунаввара ва посдории он ва идома ёфтани роҳи ў аз ҷониби саҳобагон ва бо огоҳӣ ва биниш ва таомул бо суннатҳо тамаддуне сохтанд, ки таърихи башарӣ то имрўз ҳамонанди онро надидааст. Ҳаракати Паёмбари Худо (с) дар тарбияти уммат ва ташкили давлати исломӣ чароѓе барои дастёбӣ ба ҳидоят ва суннатест барои иқтидо, ки шоиста аст дар вуруд ба ин дарёҳои хурӯшон ва барномаҳои мутаззод ва торикиҳои ваҳшатнок аз он пайравӣ шавад ва иҷро намудани ин умур барои касоне, ки имдоди илоҳӣ пуштибони онҳост, осон мебошад.
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
ПАЙНАВИШТ-Сарчашмаҳо
1. Ат-амкину лиуммати-л-исломия, саҳ. 248-250.
2. Мафоҳимун янбағӣ ан туфаҳама, Муҳамад Қутб, саҳ. 262.
3. Лиқоу-л-муъминин, 2\124.
4. Ҳоким, 3\623. Маҷмаъу-з-завоид, 10\291.
5. Аҳмад, 1\30, 52. Тирмизӣ, 2344. Ибни Моҷа, 4164. Абўяъло, 274. Ҳоким, 4\318.
6. Ат-тамкину лиуммати-л-исломия, саҳ. 254.