Имом Муҳаммад ибни Идрис аш- Шофеъӣ (раҳ)
Севумин имоми Аҳли Суннат
Асли Шофеъӣ (раҳ) ва насаби ӯ.
Куннияаш Абӯабдуллоҳ, номаш Муҳаммад ибни Идрис ибни Аббос ибни Усмон ибни Шофеъ ибни Соиб ибни Убайд ибни Абд ибни Язид ибни Ҳошим ибни Абдулмутталиб Идрис падари имом Шофеъӣ дар Ҳиҷоз умр ба сар мебурд. Ӯ арабиюласл ва аз қабилаи Қурайш аст. Насаби ӯ бо Паёмбар (с) дар бобояш Абдулмутталиб якҷо мешавад. Ба ривояти дигар дар Абдуманоф бобои дигари он Ҳазрат (с) якҷо мешаванд Аз Идрис ҷуз издивоҷаш бо Фотимаи Уздӣ аз қабоили яманӣ сокини Ҳиҷоз чизе намедонем. Фотима аз хурдсолӣ бо тоъату ибодат ва побанд ба дини ислом буд. Ӯ ҳушёру закӣ ва соҳиби маърифат ба китоби Худованд ва суннати Паёмбар (с) буд. Ва ин ҳақиқатест, ки таърих онро то ҳол нигоҳ доштааст.
Муҳаммад ибни Идрис мулаққаб ба Шофеъӣ ба ривояти Асқалонӣ дар Ғаззаи Фаластин таваллуд шудааст. Дар ривояти дигаре дар Яман таваллуд шудааст. Аз ин хотир аст, ки мегӯянд дар ватани ғариб ва дур аз Ҳиҷоз таваллуд шудааст. Падараш Идрис дар хурдсолии имом аз дунё гузаштанд қабл аз онки имом падарашонро бишиносанд. Чун Фотима бева мемонад бо Муҳаммади хурдсол (ду сола буданд) ба Макка бармегардад.
Имом Шофеъӣ (раҳ) мегӯянд: “Ман дар шаҳри Ғаззаи Фаластин соли 150 ҳиҷрӣ таваллуд шудам, дақиқан он рӯзе, ки имом Абуҳанифа (раҳ) вафот карданд. Модарам маро дар ҳоле, ки ман ду сол доштам, ба Макка оварданд.”
Мардумон гуфтанд: Имоме аз аҳли суннат вафот кард ва имоми дигар таваллуд шуд.
Модарашон Фотима зани хубсурат ва соҳибҷамол будаанд. Дар ин маврид дар Ансоб-ул-ашроф хеле фишурда омадааст. Фотимаро рӯзе қозии Макка барои шаҳодат додан назди худ ҳамроҳи як зану як марди дигар хондааст. Пас қозӣ хостааст, то байни ҳарду зан ҷудо кунаду дар алоҳидагӣ ба шаҳодати харду гӯш диҳад. Пас Фотима ба қозӣ гуфтааст: Шумо ҳаққи анҷоми ин корро надоред, зеро Худованд фармудааст:
Сухани Худо: “…Ва ду шоҳиди мард ба шаҳодат гиред. Агар ду мард набувад, як марду ду зан, ки ба онҳо ризоият диҳед, шаҳодат бидиҳанд, то агар яке фаромӯш кард, дигаре ба ёдаш биёварад. Ва шоҳидон чун ба шаҳодат даъват шаванд, набояд, ки аз шаҳодат худдорӣ кунанд. ..”
(Сураи Бақара, ояти 282)
Қозӣ ба гуфтаи Фотима мувофиқат намуда, онро истиботи қавие аз ӯ ва далеле бар маърифату илми ӯ нисбат ба китоби Худованд ҷалла ва ъало донистааст.
Таваллуд ва нашъати имом Шофеъӣ (раҳ).
Идрис ибни Аббос ҳамроҳ бо ҳамсари худ Фотима азми сафари тӯлоние ба сӯйи деҳаи “Ғазза” дар Фаластин мекунанд. Минтақае, ки мусалмонон аз сарҳадоти худ дар шаҳри “Асқалон” воқеъ дар канори баҳр ҳифозат мекарданд. Онҳо дар ҳамин деҳаи “Ғазза” қарибии шаҳри “Асқалон” сукунат ихтиёр намуданд. Фотима бордор буду ҳамсари ӯ Идрис аз ин ҳақиқат хеле шоду хушҳол ба ҳамсараш гуфт: Агар писар таваллуд шуд ӯро Муҳаммад меномему Шофеъ нидо мекунам, яъне бо номи яке аз бобоҳои падараш, ки Шофеъ ибни Соиб ном дошт.
Дар “Ғазза” Фотима писар таваллуд мекунад ва ончи падараш медид таҳаққуқ пайдо мекунад. Ӯро Муҳаммад номид ва ҳама Шофеъӣ нидояш мекарданд. Таваллуди ӯ дар моҳи Раҷаб соли 150- ҳиҷрӣ буд. Ҳаёти падараш тӯл накашид. Ӯ дар ҳоле, ки Шофеъӣ дуввумин баҳори умри худро паси сар мекард ин ҷаҳонро падрӯд гуфт. Модараш сарпарастии ӯро ба дӯш мегираду ба хотири аз байн нарафтани нисбаташ ба Қурайш ва таълиму тарбия ба Маккаи Мукаррама омада, ба маҳалле бо номи “Иноибул хайф” дар ҳамсоягии Ҳарам иқомат меварзад.
Шофеъӣ (раҳ) дар ҳоли ятимию фақирӣ нашъу нуму ёфт. Хешу ақориб ба ӯ дасти мадад дароз мекарданд, аммо он ба андозаи кофӣ набуд, то модараш тавонад ҳадди ақал музди муаллимашро барои ҳифзи Қуръон ва қироату китобат омӯхтанаш пардозад, аммо муаллим заковату ҳушёрӣ ва суръати ҳифзи Шофеъиро пай бурда, аз талаби музди худ чашм мепӯшад ва онро мебахшад ва розӣ мешавад, то дар ҳоли бо корҳои ғайри таълим машғул шуданаш ӯро ҷонишини худ кунад. Шофеъӣ (раҳ) мегӯяд: Дар ҳоли дар мактаб буданам муаллимро мешунидам, ки оятеро ба шогирдон талқин мекард, ман дар ҳол онро ҳифз мекардам. Чун матлаберо барои он имло мекард пеш аз фориғ шуданаш аз имлои ман аллакай ҳамаи матолиби имлонамудаашро ҳифз мекардам. Рӯзе муаллим ба ман гуфт: Бароям ҳалол нест, ки аз шумо чизе ҳамчун музд бигирам.
Имом Шофеъӣ (раҳ) шогирди серталош.
Ба ҳамин минвол таълими Шофеъӣ (раҳ) идома меёфт, то ин ки дар синни ҳафтсолагӣ Қуръони каримро ҳифз намуда, бисёре аз шеъру луғати арабиро аз бар кард. Аҳёнан ба саҳро мерафт, то аз шоирону адибони бодиянишин бишунавад. Ӯ ба чунин хулосае омад, ки иқоматаш дар мактаб ба нафъи ӯ тамом нахоҳад шуд, бинонан қарор намуд, то ба масҷидул-ҳаром рафта, ба уламо гӯш диҳад. Дар ин маврид имом Шофеъӣ (раҳ) фақри шадидро аз сар мегузаронид, магар ин ки муҳаббати ӯ ба омӯхтани улуми Қуръон ва ҳадису фиқҳу адаб беандоза зиёд буд.
Аз хурдсолӣ бо уламои соҳаҳои мухталиф аз қабили Суфёни Саврӣ, Муслим ибни Холиди Зангӣ ва амсоли ин дарс омӯхтааст. Ӯ аз шиддати фақру нодориаш устухонпораҳоеро, ки имкони китобат дар онҳо буд ҷамъ меовард, то дарсҳои рӯзмарраи худро рӯйи онҳо нависад. Қоғазпораҳоро аз зери пои нависандагон ҷамъ менамуд, то дар онҳо нависад.
Ӯ мегуфт: Қироъат монанди шикор намудан ва китобат монанди қайд намудани сайдест, ки ҳангоми шикор ба даст меояд. Сандуқи Шофеъӣ (раҳ) ва пасон ҳуҷраи ӯ аз устухонпораву қоғазпора пур шуд, ба андозае, ки ҷои истироҳат намудан наёфт. Баъд аз он тасмим гирифт, то ҳама ончиро дар устухон пораҳо навиштааст ба таври дақиқ ва мустаҳкам ҳифз намояд ва аз пораҳои устухону қоғаз раҳои ёбад. Ӯ мегуфт: Касе дар омӯзиши илм комёб намегардад, магар ин ки онро дар ҳама ҳолат наҷӯяд, ҳатто дар ҳолати фақр ҳам илмро талаб намояд. Шофеъӣ (раҳ) азму иродаи мустаҳкаме дошт, ки хастагиро намепазируфт. Биноан дар андак муддат ва ҷаҳду талош ҳамаи маводи
китобатшударо забар намуд ва бо худ мегуфт, ки ҳар куҷо ки бошам илмам бо ман аст.
Ҳангоме, ки хост аз ҳама ончи дар онҳо навиштааст раҳоӣ ёбад ва он утоқе, ки дар он зиндагӣ мекард барои истироҳаташ ҷое боқӣ гузорад. Тасмим гирифт, то он чи навиштааст дар 3 шабона рӯз онро дубора хонад ва ҳифзашон намояд ва чунин ҳам кард. Худи ӯ мегӯяд, ки то он ҳад ҳофизаам қавӣ буд, ки ҳангоми хондану ҳифз кардан, агар чашмам ба варақи дигари китоб мерасид он ҳифз мегашт. Аз ин хотир остини куртаамро болои варақи дигари китоб мегузоштам, то чашмам ба варақи дигари китоб наафтад. Мақсад аз ин он буд, ки ончи ҳифз мекунам онро бояд фаҳмам ва сипас ҳифз кунам на кӯр кӯрона ва бе таваҷҷӯҳ.
Заковат ва қувваи ҳофизаи Шофеъӣ (раҳ) чуноне, ки дар боло гуфтам ниҳоят мустаҳкам буд, ба андозае, ки ҳангоми қироъати китоб саҳфаи баъдии онро бо остини худ мекушод, ки мабодо назараш он ҷо афтаду пеш аз саҳифаи лозим онро ҳифз намояд. Шофеъӣ (раҳ) ба ин дараҷаи заковат ва ҳифзу фаҳм нарасид, магар бо қувваи имонӣ ва яқини содиқу эътиқоди некаш. Бо вуҷуди ин қадар заковату суръати ҳифзаш гоҳо аз нохубии ҳифзаш назди устодаш шикоят мекардааст. Дар ҷавоби яке аз ин шикоятҳо, ки ӯ назди устодаш Вақиъ мекунад, мегӯяд: Чун назди Вақиъ аз нохубии ҳофизам шикоят намудам ӯ маро ба тарки маъоси роҳнамоӣ кард ва маро хабар кард, ки илм нӯр аст ва нури Худо ба “осӣ” гунаҳкор дода намешавад.
Дар яке аз ривоятҳо аз худи имом омадааст пас аз ончи устодаш Вақиъ ба ӯ гуфт ва аҳамият додам, ки ман чӣ гуноҳе дорам, ки ҳофизаам ҳоло ҳам суст аст. Пас аз таҳқиқу баррасӣ ду гуноҳ дар худ ёфтам аввал инки тарки намози Зуҳо пас аз бомдод. Гуноҳи дуввум ҳангоме, ки ба бозор дохил мешудам агарчи ҳамеша чашмам ба поён ва пеши поямро менигариста, роҳ мерафтам, аммо гоҳе чашмам ба пои занҳо мехурд. (чун рӯй ва кафу пой зан аврат нест занҳо пойҳояшнро намепӯшанд ва ин ҳангом чашми имом ба пой кадом зане расидааст. Онро гуноҳ ва сабаби заъфи ҳофиза донистаанд. Ин масъала барои толибилмон хеле муҳим аст хуб аҳамият бояд дод)
Имом Шофеъӣ (раҳ) ва шайхи ҳарами маккӣ.
Шофеъӣ (раҳ) дӯст медошт, ки забони арабиро бо тамоми шохаҳояш аз шеъру насру адабу наҳв ва дурустии талафуз ба пуррагӣ аз худ кунад ва онро аз забони саҳронишинон бишунавад. Бинобар ин бо оммаи мардум омезиш наёфта буданд ва шеъру ривояти онро аз гузаштагон ҳифз кардаанд.
Он ҷо шайхи ҳарами маккӣ бо Шофеъӣ (раҳ) вомехӯрад ва аз ӯ мепурсад:
Эй ҷавон шумо аз куҷоед?
Шофеъӣ (раҳ): Аз аҳли Макка.
Манзили шумо куҷост?
Дар “Шиъбул – хайф”
Аз кадом қабила ҳастед?
Аз Бани Абуманоф.
Баҳ, баҳ Худованд шуморо дар дунёву охират мушарраф гардонидааст. Агар шумо ҷаҳду кӯшиши худро дар илми фиқҳ сарф кунед бароятон хеле хуб мебуд.
Ин гуфтугӯ, ки миёни Шофеъӣ (раҳ) ва Муслим ибни Холид доир гардид сабаб шуд, ки Шофеъӣ (раҳ) илова бар иҳтимомаш бар шеъру адаб ва рафтан ба бодия, яъне саҳро рӯ ба илми фиқҳ низ овард ва аввалин шахсе, ки аз фақиҳон вохурда ва аз ӯ сабақ омӯхтааст ӯ ҳамон Муслим ибни Холид буда. Инчунин дар дарсҳои олими бузург Суфён ибни Уяйна низ ҳозир шудааст. Дарсҳои ӯ дар ҳарами маккӣ доир мегардиданд. Бо он заковат ва нобиғагие, ки Шофеъӣ (раҳ) дошт баъд аз гузаштани муддати начандон тӯлонӣ ҳамчун фиқиҳи нобиға ва муфассири забардаст ва огоҳ аз забони арабӣ шӯҳрат пайдо намуд, дар ҳоле ки ҳанӯз ҷавон буд. Ҳатто Суфён ибни Уяйна, муҳаддиси ҳарами маккӣ ҳар вақто масъалае аз тафсир ё фатво пеш меомад сӯйи Шофеъӣ (раҳ) ишора намуда, мегуфт: Аз ин писарбача пурсед. Инчунин шайхи ҳарами маккӣ Муслим ибни Холиди Зангӣ, аввалин устоди Шофеъӣ (раҳ) барои фатво додан ба Шофеъӣ (раҳ) иҷозат дод, дар ҳоле, ки ӯ понздаҳ сол умр дошт. Ба Шофеъӣ (раҳ) гуфт: Фатво бидеҳ эй Абуабдуллоҳ, замони фатво додани шумо расидааст.
Шофеъӣ ҳадисро дар ҳоли дар Макка буданаш аз Саъид ибни Солими Қадиҳ, Довуд ибни Абдураҳмон ва ғайра аз уламои бузург ривоят намуда, ба ҳамин шакл аз машҳуртарин шайхҳои Макка ҳадисро гирифтааст. Ӯ инчунин фиқҳи Ммаккиро ҳифз намуда, усулу фуруъ ва далелҳои онро аз худ намудааст. Бо вуҷуди ин аз омӯхтани забони арабӣ дар Макка ва саҳрои атрофи он даст накашид, дар ҳоле ки ҳанӯз ҷавони бистсола набуд.
Бишро Мориси гуфтааст: Ҷавонеро дар Макка дидам, ки агар боқӣ монад ҳар оина марди дунё хоҳад шуд.
Сафарҳои имом Шофеъӣ (раҳ).
Имом Шофеъӣ (раҳ) дӯст медошт, ки дар шаҳру вилоятҳо гашта, назди уламои он талаби илм намояду ба удабову шуҳарои он гӯш диҳад ва аҳволи мусалмонон ва шинохти онҳоро нисбати илму маърифат бубинад.
Сафари Шофеъӣ (раҳ) ба Мадинаи Мунаввра.
Синни мубораки Шофеъӣ (раҳ) аз бист каме гузашта буд, дар ҳоле, ки дар Макка бо омӯхтану омӯзонидан машғул буд, ки шавқу рағбати зиёрати Мадинаи Мунаввара ва қабри Паёмбару ёронаш ва дидори имом Молик (раҳ) ва истифода аз илми он дар дилаш пайдо шуд. Китоби “Муваттаъ”-и имом Молик (раҳ)-ро, ки аҳодиси Расули Худо (с) –ро дар он гирд овардааст ва байни мусалмонон шӯҳрат ёфта буд Шофеъӣ (раҳ) аз нафаре орият гирифта, ҳифз намуд ва баъд аз он назди волии Макка рафта, аз ӯ талаб намуд, то рисолаи тавсияе ба волии Мадина нависад, то ӯро назди имом Молик (раҳ) пешниҳод намояд.
Волии Маккаи Мукаррама Шофеъӣ (раҳ)-ро дӯст медошт ва илму маърифат ва заковати ӯро қадр мекард. Биноан талаби Шофеъӣ (раҳ)-ро қабул намуда, ду мактуб; яке ба волии Мадина навишта, дар он маконати Шофеъӣ (раҳ) ва илму маърифати онро возеҳ сохта, аз ӯ хоҳиш мекард, то кӯмакаш намояд ва дуввум ба имом Молик (раҳ) навишта, хидмати Шофеъӣ (раҳ)-ро ба ислом ва мусалмонон баён медорад.
Шофеъӣ (раҳ) ҳарду мактубро гирифта, хушҳол ба хона бармегардад ва аз шиддати хушҳоли дарвозаи хонаро сахт мекӯбад. Модараш аз ин рафтори Шафеъӣ (раҳ) озурдахотир мешавад ва баъд аз узрхоҳии Шофеъӣ (раҳ) ӯро мебахшад.
Шофеъӣ (раҳ) ба сӯи Мадина ҳамроҳи қофила ба ҳаракат медарояд ва баъд аз гузашти ҳашт рӯз он ҷо мерасад. Дар рӯзи ҳаштум баъд аз гузоридани намози аср ва зиёрати мақоми Паёмбар (с) ва ёрони ӯ ва каме истироҳат кардан Шофеъӣ назди волии Мадина рафта, ҳарду рисоларо ба ӯ месупорад. Волии Мадина мактуби хос ба худашро кушода, хонд ва баъд аз он ба Шофеъӣ (раҳ) рӯй оварда, гуфт: Савганд ба Худо, агар волии Макка маро амр мекард, то аз даруни Мадина пиёда ва пои урён то даруни Макка мерафтам бароям осонтар буд аз ин ки ба хонаи имом Молик (раҳ) равам.
Шофеъӣ (раҳ) гуфт: Мумкин бошад ӯро ин ҷо ҳозир намоед. Волӣ гуфт: Ҳайҳот, имом Молик (раҳ) маконати илмии худро дорад ва ӯ нисбат ба вақт хеле сарфакор аст ва онро барои дидор бо мардум бидуни фоида зоеъ намекунад.
Шофеъӣ гуфт: Чӣ гуна?
Волӣ гуфт: Ба зудӣ хоҳӣ дид, биё то назди дарвозаи ӯ равам. Волӣ ҳамроҳи Шофеъӣ (раҳ) сӯйи хонаи имом дар ҳаракат шуданд, то ин ки назди дарвозаи имом расиданд. Волӣ пеш истода дарро кӯбид. Ходимазане берун шуд. Волӣ ба ӯ гуфт: Ба мавлоят бигӯ, ки мо назди дарвоза истодаем. Ходимазан баъд аз таъхири кӯтоҳе берун шуда, гуфт: Мавлоям ба шумо мегӯяд: Агар масъала бошад рӯй коғаз нигоред, то ҷавобашро ба шумо диҳам ва агар барои чизи дигаре бошад рӯзи маҷлисро медонед, дар ҳамон рӯз биёед. Волӣ гуфт: Ба мавлоят бигӯ ҳамроҳи ман мактубест аз волии Макка барои кори махсус. Ходима дохил шуду баъд аз лаҳзае курсие дар даст хориҷ шуд. Ва баъд аз он имом Молик (раҳ) берун шуд; Шайхи болоқомат, рӯй сурх ва бовиқору ҳайбат. Волӣ номаро ба ӯ супорид. Имом ба қиръоати нома шуруъ намуд ва то ба ҷое расид, ки мегӯяд: Муҳаммад ибни Идрис марди шариф аст ва ба чунин корҳо машғул аст ва ҳоли ӯ
чунину чунон аст.
Имом Молик (раҳ) номаро аз дасташ андохта, гуфт: Ё Субҳоналлоҳ! Илми расули Худо (с) тавре шудааст, ки бо васила талаб мешавад. Шофеъӣ (раҳ) пеш баромада, гуфт: Худованд шуморо ислоҳ намояд. Ман марди толибилм ҳастам, ҳоли ман ва қиссаи ман чунину чунон аст. Чун имом Молик (раҳ) сухани имом Шофеъӣ (раҳ)- ро шунида, ба ӯ атф намуда, тӯлонӣ назар кард. Чун ӯ соҳиби фиросат буд аз ӯ пурсид: Номи шумо чист? Шофеъӣ (раҳ) гуфт: Номи ман Муҳаммад. Ва ӯ гуфт: Эй Муҳаммад (с) аз Худованд битарс, аз маъосӣ дур бош. Ман дар қалби шумо нӯреро мебинам, онро бо маъсият хомӯш магардонед. Ҳар оина зуд аст, ки барои шумо байни мардум шаъне бошад.
Шофеъӣ (раҳ) гуфт: Бале, инчунин каромат низ.
Имом гуфт: Чун фардо расид биё, то “Муваттаъ”-ро бихонем.
Шофеъӣ (раҳ) гуфт: Ман аз рӯи ҳифз онро мехонам.
Имом Молик (р) гуфт: Бихон
Шофеъӣ (раҳ) ба хондан шуруъ намуд ва имом гӯш мекард ва ҳар гоҳе ки Шофеъӣ ҳис мекард хомӯш меистод ва имом мегуфт: Бихон, ки ман қироъати шуморо нек ёфтам. Шофеъӣ ҳар рӯз ба хонаи имом ҳозир мешуд ва “Муваттаъ”-ро ба ӯ мехонд, то ин ки дар чанд рӯз онро ба поён расонид. Имом Молик (раҳ) хушҳол шуд ва Шофеъӣ (раҳ) ба ин қарор омад, ки ба маҷлиси имом дар масҷиди набавӣ ҳозир шавад. Имом Молик (раҳ) барои ба ҳалқаи илму ҳадис рафтан тани худро пок месохт ва либоу сару риши худро ороста хушбӯй истеъмол мекард ва бо як ҳайбати хосе, ки дошт вориди масҷид мешуд ва ҳамаи шогирдон пеши ӯ бармехестанд. Шофеъӣ аз имом ҳайбат дошт ва дар охири маҷлис менишаст. Чун имом баъд азқироъати ҳадис аҳкоми фиқҳии онро баён медошт Шофеъӣ (раҳ) ҳамаи онро навишта, мегирифт ва имом инро мулоҳиза намуда, тааҷҷуб мекард. Имом Молик (раҳ) Шофеъӣ (раҳ)-ро дӯст дошт, Шофеъӣ (раҳ) назди имом ҳамчун меҳмон ҳашт моҳ истод ва имом худ хурок ва обро ба ӯ тақдим мекард ва ҳамроҳи худ ӯро ба масҷид мебурд. Чун имом “Муваттаъ”-ро ба мардум мехонд онро ба Шофеъӣ (раҳ) медод, то ба мардум имло намояд. Ба ин васила мардум Шофеъӣ (раҳ)-ро шинохтанд ва манзалати ӯ баланд ва фаҳму иродааш нисбат ба аҳодиси расули Худо (с) васеъ гардид.
Сафари Имом ба Ироқ.
Шофеъӣ (раҳ) ҳангоми дар Мадина иқомат доштанаш медонист, ки имом Абуҳанифа (раҳ) дар Ироқ буд ва баъд аз вафоташ шогирдони бомаҳорати зиёди ӯ мисли Абуюсуф ва Муҳаммад ибни Ҳасан машғули касбу нашри илм ҳастанд. Биноан барои дидор ба ҳардуи эшон ва дигар уламо истихора намуда, қасд кард, то ба он ҷо равад.
Назди имом Молик (раҳ) дохил шуда ба ӯ гуфт: Ман ба хотири талаби илм озими Ироқ хоҳам шуд. Имом ба ӯ гуфт: Паёмбар (с) фармудааст: “Ҳар оина малоикаҳо болҳои худро зери пои толибилм мегустаранд ба сабаби ризо буданашон ба он чи талаб мекунанд.”
Баъд аз он имом ба ӯ 46- динор барои сафар дод. Чун Шофеъӣ (раҳ) вориди Куфа яке аз шаҳрҳои Ироқ шуд, барои намоз гузоридан дохили масҷид шуд ва писарбачаеро машғули адои намоз дид, ки тарзи намозгузориаш мақбули Шофеъӣ (раҳ) нагардид, зеро шароиту услуби онро ба ҷо намеовард. Шофеъӣ (раҳ) ӯро насиҳат кард, аммо писарбача насиҳатро қабул накарда, гуфт: Ман понздаҳ сол боз назди
Абуюсуф ибни Ҳасан соҳибони Абуҳанифа (раҳ), инчунин намоз мегузораму онҳо ба намози ман айб намегиранду шумо ба он айб мегиред ва ғазаболуд шуда, аз ҷои бархост. Он писарбача Абуюсуф ва ибни Ҳасанро дар масҷид вохӯрда аз эшон пурсид, ки оё дар намози ӯ айбе ҳаст? Гуфтанд: На, хайр
Ӯ гуфт: мардеро дар масҷид дидам, ки ба намози ман айб гирифт. Ибни Ҳасан ба ӯ гуфт: Ба назди он мард рафта, бипурс, ки бо чӣ дохили намоз мешавед?
Он писарбача рафта, аз Шофеъӣ (раҳ) он суолро намуд ва посухи Шофеъӣ (раҳ) чунин буд: Ман бо ду фарз ва як суннат дохили намоз мешавам.
Ибни Ҳасан ба он писарбача гуфт: Аз ӯ он ду фарз ва як суннат бипурс. Шофеъӣ (раҳ) гуфт: Ду фарз яке ният ва дигаре такбири таҳрима аст. Ва суннат бардоштани дастҳо то гӯш ҳаст. Чун ин хабарро шайхайн шуниданд дарҳол дарёфтанд, ки сухани шахси олим ба шариъат аст ва хостанд бо ӯ ошноӣ пайдо кунанд, биноан назди ӯ шитофтанд ва аз ному насаб ва шаҳру минтақааш пурсиданд. Баъд аз он Ибни Ҳасан пурсид, ки оё имом Молик (раҳ)-ро дидааст; Шофеъӣ (раҳ) гуфт: аз назди ӯ омадам.
Ибни Ҳасан гуфт: Оё “Муваттаъ”-ро хондӣ?
Шофеъӣ (раҳ) гуфт: Онро бо пуррагӣ ҳифз намудам.
Ва ҳар суолеро Шофеъӣ (раҳ) ба таври кофӣ ҷавоб медод. Ибни Ҳасан аз вохӯрӣ бо ӯ хеле хушнуд шуд ӯро ба меҳмонӣ бурд ва иҷозат дод ҳар қадар, ки хоҳад аз китобхонааш китобҳоро нухсабардорӣ кунад. Шофеъӣ (раҳ) муддате назди Ибни Ҳасан иқомат варзида, хеле аз китобҳоро нухсабардорӣ намуд ва ҳангоми азимат барои давом
додани сафараш ҳамаи онро аз назари Ибни Ҳасан гузаронид. Ибни Ҳасан муваффақ намуда, барои Шофеъӣ (раҳ) се ҳазор маблағ дод. Шофеъӣ (раҳ) онро қабул намуда, дуъои хайре дар ҳаққи Ибни Ҳасан кард.
Сафари имом Шофеъӣ (раҳ) ба шаҳрҳои Форс ва минтақаҳои атрофи онҳо.
Шофеъӣ (раҳ) маблағи аз Муҳаммад ибни Ҳасан гирифтаро истифода бурда, шаҳрҳои Форс ва манотиқи ҳамсояи онро зиёрат намуд, баъд аз он ба шимоли Ироқ рафта, то ҷануби давлати Рум расид. Баъд аз он ба Ҳаррон рафта, чанд рӯзе он ҷо иқомат варзид. Баъд аз он ба Фаластин рафта, дар “Рамла” ҷануби Байтул-Муқаддас иқомат варзид.
Ин сафари Шофеъӣ (р) ду солро дар бар гирифт, яъне аз соли 172 то соли 174-ҳиҷрӣ. Дар ин муддат дар натиҷаи вохӯрию муноқишаҳову суҳбатҳо бо уламо ва мардум фаҳми Шофеъӣ (раҳ) ва ҷаҳонбинии Шофеъӣ (раҳ) хеле васеъ шуда, аз ахлоқи мардум ва одати эшон огоҳ шуд. Ӯ чандин касонеро, ки “Муваттаъ”-ро ба эшон дар Мадина имло карда буд дид, ки ёру мададгораш дар ин сафар гардиданд.
Бозгашт ба Мадина.
Ҳангоми иқомати Шофеъӣ (раҳ) дар “Рамла” корвонеро аз Ҳиҷоз вориди онҷо мешавад ва Шофеъӣ (раҳ) аҳволи имом Молик (раҳ)-ро аз онҳо пурсон мешавад ва эшон мегӯянд: Ӯ офият дораду Худованд ризқи фаровонеро насибаш кардааст. Шофеъӣ (раҳ)-ро шавқи сафар ба Мадина фаро гирифт. Маркабе харида, сӯйи Мадина ба ҳаракат даромад ва баъд аз 27-рӯз вориди он гардид.
Ҳангоми намози аср дар соли 174 дохили Мадина шуда, намози асро дар масҷиди Набавӣ гузорид ва бар Паёмбару ёрони ӯ салом гуфт. Баъд аз он дар ҳалқаи дарси имом ширкат варзид. Чун имом аз ҳузури ӯ огоҳ шуд ӯро назди худ хонда, ба оғӯш кашида, аз курсӣ пиёда шуд ва гуфт: Дарсро шумо пурра кунед эй Шофеъӣ (раҳ). Чун Шофеъӣ (раҳ) дарсро пурра кард имом ӯро ба хонааш бурд. Шофеъӣ (раҳ) чор солу чанд моҳ дар Мадина ҳамроҳи имом Молик (раҳ) иқомат варзид.
Сафари Шофеъӣ (раҳ) ба Яман.
Дар вақти иқомати Мадина Шофеъӣ (раҳ) аҳёнан ба Макка ташриф меовард, ватани аҷдодии худ, ки онҷо модар ва устодони ӯ дар қайди ҳаёт ҳастанд.
Шофеъӣ (раҳ) ба Макка баргашта, назди баъзе аз хешовандонаш рафт, то маблағе ба ӯ барои қазои ҳоҷаташ диҳанд, вале мақсудаш ҳосил нашуд. Магар ин ки яке аз онҳо назди қозии Яман, ки он вақт дар Макка буд, рафта, хоҳиш намуд, то барои Шофеъӣ (раҳ) коре дар Яман пайдо кунад, то василаи касбу ризқаш шавад. Қозии Яман, ки номаш Мусъаб буд, ин пешниҳодро мепазирад ва ҳамроҳи Шофеъӣ (раҳ) ба Яман бармегардад. Бо вуҷуди шӯҳрати зиёди Шофеъӣ дар Маккаву Мадина ва теъдоди зиёди шогирдону муридон ва ҳамсабақону муҳаббати эшон нисбати ӯ коре барои василаи касби ризқ дар Макка ё Мадина наёфт, лекин дар Яман барои ӯ амале пайдо карданд, ки музд мегирифт. Он амали қазоват, яъне қозигӣ буд. Тахассуси Шофеъӣ (раҳ) ва мавзеи фаҳми ӯ.
Шофеъӣ (раҳ) саъю талоши зиёд дар амали худ сарф намуда, масъулияти худро назди Худо ва шариъати Ӯ (ҷ) ва бандагонаш адо намуд. Шӯҳрати Шофеъӣ аз Яман берун то Макка расид ва ҳангоми ҳаҷи умра, ки Шофеъӣ (раҳ) ҳамроҳи мардум ба Макка омада буд, мардум ҳама санои ӯро мегуфтанд, ҳатто шайхи ӯ Суфён ибни Уяйна муҳаддиси Макка ӯро марҳабо гуфта, фармуд: хабари некномии ту дар Яман ва ҳусни муомалаат ба мардум ба мо расид, пас ту дубора барнагард ва назди мо бош.
Лекин Шофеъӣ (раҳ) ба гуфтаи шайхи худ накард ва ба Яман баргашт. Он ҷо барои ӯ вазифаи баландтаре омода накарданд, қозигии “Наҷрон”-ро ба ў супориданд. Сирати неки ӯ ва нашри суннати Памёбар (с) байни мардум аз тарафи ӯ шӯҳрати ӯро хеле боло бурд.
Аҳли “Наҷрон” барои наздикӣҷустан бо ў ва маоил сохтанаш тавре ки одаташон бо ҳама волиёну соҳибмансабон буд кушишҳо намуданд, лекин беҳосил буд вале Имом Шофеъи рағбате нишон надод ва бо ҳамаи қувваи худ барои иқомати адл ва аз байн бурдани ботил кушиш мекард. Бинобар ин барои сиёҳ сохтани номи ў ва аз байн бурданаш назди халифа суханҳо бурданд, лекин Имом Шофеъи бо фазли Худо аз макри эшон ҷон ба саломат бурд.
Имом Шофеъӣ (раҳ) Яманро тарк намуда, ба сӯйи Макка баргашт. Аз ҳаёти худ дар Яман фоида набурд, ҷуз ин ки оиладор ва соҳиби чанд фарзанд шуд.
Бозгашти имом Шофеъӣ (раҳ) ба Макка.
Шофеъӣ (раҳ) ба Макка баргашт дар ҳоле, ки дар умуми Ҳиҷоз ва Ироқро дар сафари аввали худ касб намуда буд. Ба Макка баргашт дар ҳоле, ки бисёре аз илми раъй ва он чи аз фақиҳи Ироқ Муҳаммад ибни Ҳасан, соҳиби Абуҳанифа (раҳ) касб намуда буд бо илми Ҳиҷоз, ки аз назди имом Молик (раҳ) дар масҷиди Набавӣ ва он чи аз шайхҳои Макка Муслим ибни Холиди Зангӣ ва Суфён ибни Уяйна олими Макка ҳосил намуда буд зам кард.
Ӯ ба Маккаи Мукаррама на ба хотири шомил шудан ба ҳалқае аз ҳалқаҳои ҳарам, балки барои ташкили ҳалқаи худ. Имом Шофеъӣ (раҳ) аллакай қоидаҳоро вазъ мекард ва қудрати беандоза ва илми фаровоне дошт, ки барои иҷтиҳод намудан ба ӯ мадад мекард. Ҳалқаи илмие дар ҳарам ташкил шуд, ки афроди зиёде аз уламои номдор ба он ҷалб шуданд ва ба равишҳои навини ӯ дар истинботи аҳком гӯш медоданд ва маълумотҳои зиёде аз худ намуда, ба фаҳму заковати Шофеъӣ (раҳ) баҳои баланд медоданд.
Яке аз ин афрод имом Аҳмад ибни Ҳанбал буд, ки барои адои ҳаҷ вориди Макка шуда, барои мулоқот бо уламои бузург ва муҳаддисин дохили Масҷидулҳаром мегардад. Аз ҷумлаи он уламо ва муҳаддисин Суфён ибни Уяйна буд. Имом Аҳмадро имом Шофеъӣ (р) ва ҳалқаи ӯ ҷалб мекунад. Имом Аҳмад дар ҳар он чи Шофеъӣ (раҳ) мегуфт чизи навро мешунид. Ӯ дарёфт, ки ин шахс фаҳми дақиқ ба китоби Худо ва суннати Расули худо (с) дорад. Ӯ усули қавоъидеро мешунид, ки қаблан онро нашунида буд ва он далолат бар ақли бузург ва фаҳми амиқи ӯ мекард. Бинобар ин имом Аҳмад асҳоби худро, ки машғули омӯхтани илми ҳадис буданд ба мулозамати ҳалқаи Шофеъӣ (раҳ), ки ба маърифати маъонӣ ва аҳкомӣ аҳамият медод, ташвиқ менамуд.
Олиме аз Ироқ, ки ҳамроҳи имом Аҳмад барои адои ҳаҷ ва омӯхтани илм вориди Макка шуда буд ва Шофеъӣ (раҳ)-ро намешинохт мегӯяд. Ба имом Аҳмад гуфтам: Шуморо дар ҳалқаи Ибни Уяйна ҷустуҷӯ намуда наёфтам, то ин ки дар ҳалқае ҳамроҳи аъробие дидамат. Пас ба ӯ гуфт: Эй Абуабдуллоҳ! Ибни Уяйнаро гузошта назди ин омадӣ?
Ба ман гуфт? Хомӯш бош. Агар суханеро ( ҳадисеро) дар баланди зоеъ кардани онро дар поён меёбӣ ва агар ақли инро аз даст додӣ метарсам, ки онро намеёбӣ. Касеро донотар ба китобати Худо аз ин шахс надидам.
Гуфтам: ин кист?
Имом Аҳмад гуфт: Ӯ Муҳаммад ибни Идрис аст.
Олими бузург Роҳавй гуфтааст: Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар Макка бо ман рў ба рў шуда гуфт: Биё то мардеро ба ту нишон диҳам, ки чашмонат мисли онро надида бошад, пас Имом Шофеъӣ (раҳ)-ро ба ман нишон дод.
Пас мегӯяд: Дар илми ҳадис мунозара намудем, мисли ӯ донотар наёфтам, баъд аз он дар илми фиқҳ мунозара намудем мисли ӯ фақеҳ надидам, баъд аз он дар улуми Қуръон мунозара намудем мисли ӯ олими Қуръон наёфтам, баъд аз он дар луғат мунозара намудем, ки ӯро манбаъву макони луғат ёфтам. Ман монанди ӯ ҳаргиз надида будам. Барои шаҳодат додан шаҳодати шахсе монанди имом Аҳмад ибни Ҳанбал басанда аст.
Сафари имом Шофеъӣ (раҳ) ба Бағдод.
Ин сафар дар соли 195- ҳиҷрӣ сурат гирифт ва сафари сирф илмӣ буд. Ӯро ин маротиба шӯҳрати бузургаш ба Ироқ сабқат намуда буд, ки уламо ва муҳаддиссини бузург монанди: Аҳмад ибни Ҳанбал, Исоқ ибни Роҳавайҳ ва Абдураҳмон ибни Маҳдӣ шахсе, ки Шофеъӣ (раҳ) китоби “Ар-риссола”-ашро ба ӯ баъд аз талабаш навишта буд. Аз ҷумлаи паҳнкунандагони шӯҳрати Шофеъӣ (раҳ) буданд. Бо эълони иҷтиҳоди худ имом Шофеъӣ (раҳ) дохили Бағдод шуд, дар ҳоле ки мусаллаҳ бо салоҳи илму ҳуҷҷату баён буд ва тавассути он тавоноӣғолиб омадан бар ҳар муноқашакунандаро дар илми фиқҳ ва суннат дошт. Ҳангоми ворид шудан ў назди Заъфарони, ки аз ҷумлаи удабо ва сарватмандон буд, ва бо ҳукуматдорони Ироқ робита дошт, сукунат ихтиёр намуд.
Имом Шофеъӣ (раҳ) қасди ҷомеъи ғарбии Бағдодро ки он ҷо ҳалқаҳои илм барпо мешуд, намуда дар тарафе макони худро ихтиёр намуда, ба ибрози усулу қойдаҳо ва мавориди фиқҳии худ шурўъ намуд ва уламову донишмандони зиёде назди ӯ ҷамъ омаданд. Имом Шофеъи ба ҳамин минвол ба иброзу пешкаш намудани мазҳаби худ ба далилҳои қавӣ ва ҳуҷатҳои возеҳ идома медод ва ҳар рўз чизи наве дар фаҳми каломи Худованд ва фаҳми аҳодиси Паёмбар (с) меовард, то ин ки уламоро ба иқрор намудан ба илми худ водошт ва байни мардум шуҳрати беандоза касб намуд.
Чун имом Аҳмад ибни Ҳанбал аз имом Шофеъӣ (раҳ) пурсида шуд, гуфт: Худованд бо ӯ бар мо миннат намудааст, сухани қавмро омўхтем, яъне касонеро, ки бо фикру раъй амал мекарданд ва китобҳояшонро навиштаем, то ин ки Шофеъи омад ва чун ӯро шунидем дарёфтем, ки ӯ аз дигарон огоҳтар аст. Шабонарўзҳо бо ӯ будем ва ҷуз некӣ аз ӯ чизе надидем.
Мардум дар шахсияти имом Шофеъӣ (раҳ) беҳтарин пешво ва мададгори ҳадисро ёфтанд, ки чанг ба ҳадиси саҳеҳ мезанад ва бар ҳуҷҷатҳои мустаҳкам ва ҳақиқат онҳоро далолат мекунад. Муҳаддисоне, ки ба Шофеъи дар Ироқ мутаассир шуданд шоҳиди ин марҳала буданд ва Ҳасан ибни Муҳаммади Заъфарони мегӯяд: Асҳоби ҳадис дар хоб буданд, имом Шофеъӣ (раҳ) онҳоро бедор намуд, онҳо бедор гаштанд.
Довуд ибни Алии Зоҳирӣ гуфтааст: Имом Шофеъӣ (раҳ) рӯшноие барои ҳомилони осор ва ноқилони ахбор буд ва касе, ки ба чизе аз баёни ӯ чанг занадрастагор гардад.
Ҳилол ибни Ало мегӯяд. Асҳоби ҳадис назди Имом Шофеъӣ (раҳ) “аёл” ҳастанд, барои онҳо қулфҳоро кушод. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар бораи Шофеъӣ (раҳ) бар муҳаддисин ва кушоишеро ки ӯ дар ин ҷода ба эшон овард суханони бисёре гуфтааст; аз ҷумла: Агар Имом Шофеъӣ (раҳ) намебуд фиқҳи ҳадисро намешинохтем.
Асҳоби ҳадис маъонии аҳодиси расули Худо (с)-ро намешинохтанд, пас имом Шофеъӣ (раҳ) онро барояшон баён намуд. Муҳаддисин ва фақеҳони ба сурати бесобиқае рў ба имом Шофеъӣ оварданд, ва ӯро дӯст доштанд. Мардуми бешуморе аз ӯ истифода бурда, ҳамду ситоишаш менамуданд ва ҳамаи уламо аз аҳли луғат ва фиқҳ ва ғайра бар ин ҳақиқат иҷмоъ намуда буданд ва мегуфтанд, ки монанди Шофеъи (р) надидаанд.
Сафари имом Шофеъӣ (раҳ) ба Миср.
Халифаи аббосӣ Маъмун ибни Ҳоруннур Рашид хост яке аз давлатмандони худро бо номи Аббос ибни Мўсо ба Миср ҳамчун воли бифиристад. Имом Шофеъи чун бо ў робитаи мустаҳкам дошт хост ҳамроҳаш ба миср равад ва барои ин азм намуд. Аҳли Бағдод аз ин иқдоми Имом Шофеъи огоҳ шуда, ҳамагӣ рӯзи ҳаракати эшон ба видоъи ӯ баромаданд. Аз ҷумлаи видоъгўён имом Аҳмад ибни Ҳанбал аз шогирдони бузурги эшон буд, ки дар раъси он мардум қарор дошт.
Имом Шофеъӣ (раҳ) эҳсос менамуд, ки иқомати ӯ дар Миср охирин тавофи ӯ дар шаҳрҳову диёрҳост ва ин иқомат тӯлонӣ хоҳад буд ва Аҳмад ибни Ҳанбал ва дигаронро нахоҳад дид. Биноан ашк мерехт ва ҳама ашк мерехтанд. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ҳангоми баргашт бо ҳамроҳонаш гуфт: Фиқҳқуфлзада шуда буд, Имом Шофеъи онро кушод. Имом Шофеъӣ (раҳ) -ро дар ин сафараш чандин шогирдонаш; аз ҷумла Рабиъи Маровӣ ва Абдуллоҳ ибни Зубайри Ҳумайдӣ ва ғайри онҳо ҳамроҳӣ менамуданд. Имом Шофеъӣ (раҳ) дар 28-уми шаволи соли 199- ҳиҷрӣ дохили Миср шуд ва Аббос ибни Мусо ҳокими Миср аз ӯ хост, то ҳамроҳаш сукунат варзад, лекин ӯ ин хоҳишро напазируфт ва назди аҳли худ аз Бани Узд иқоматро ихтиёр намуд.
Субҳи рӯзи дигар Абдуллоҳ ибни Абдулаҳкам яке аз уламои бузург ва саршиноси Миср назди Имом Шофеъи даромад. Ӯ, ки ҳамроҳи имом Шофеъӣ (раҳ) “Муваттаъ”-ро дар Мадина чандин сол қабл хонда буду бо имлои Имом Шофеъи навишта шуда буд ин маротиба имом Шофеъӣ (раҳ)-ро дар пиронсолиаш во хурд, дар ҳоле ки қомати баланд, мўйи сараш ҳино карда шуда, овози баланд ва суханонаш ҳуҷҷат ва бар намуди зоҳириаш далоили шуҷоъат намоён буд. Дар дасти чапи ў хотамеро дид, ки бар он нақши бар ин мазмун зада шудааст: “Барои Муҳаммад ибни Идрис эътимод ба Худованд кофист”. Ибни Абдуҳакам ба имом Шофеъӣ (раҳ) салом дода, баъд аз он чаҳор ҳазор динор назди ў гузошт, ки ҳазор динораш аз моли худ, ҳазор динораш аз писарамакаш, ки тоҷир буд ва дуҳазор динор аз ду марди шоноси дигараш гирд оварда буд. Имом Шофеъӣ (раҳ) онҳоро пазируфт.
Имом Шофеъӣ (раҳ) дар масҷиди ҷомеъи Амр дар Фустот
Имом Шофеъӣ (раҳ) субҳи рӯзи дигар баъд аз намози фаҷр ба дарсҳои худ шуруъ намуд. Теъдоди зиёде аз мардону занон ба таври доим ба дарсҳои ӯ ҳозир мешуданд. Чун он вақт низоми ихтилот маъруф набуд, ҳараҷе низ вуҷуд надошт, зеро иффату покдоманӣ ва ҳаё байни мардону занон поибарҷо буд. Дарсҳои имом танҳо барои гурўҳи хосе набуд, балки шогирдон аз ҳар синф назди ў ҳозир мешуданд ва ҳалқаи илм меоростанд. Имом болои курсии баланде менишаст, тавре ки ҳамаро медид ва ҳама ӯро медиданд. Дарси худро ба аҳли Қуръон шурўъ намуда, баъзе оётро мехонд ва тафсир менамуд ва баъд аз он ба суолҳои эшон посух мегуфт, то ин ки офтоб тулў мекард. Ҳар вақто офтоб тулў мекард ва қадре боло мешуд ҳамаш намози ишироқ мегузориданд ва аҳли Қуръон ҳар кас мехост мерафт ва дарси ҳадиси Набавӣ оғоз мешуд ва аҳли ҳадис ҳозир мешуд. Имом Шофеъӣ (раҳ) барои шогирдонаш дар фикр намудан оиди далелҳои масоил ва ҳуҷҷати он озодӣ медод ва мегуфт: Ҳар вақто барои шумо далил ё ҳуҷҷате пеш намудам, ки ақлҳоятон онро қабул накард пас онро қабул нанамоед, зеро ақл барои қабули ҳақ “музтар” ногузир аст.
Чун офтоб баланд мешуд аҳли ҳадис пароканда мешуд ва аҳли фиқҳ касоне ки ба ибодат аҳамият медиҳанд ҳозир мешуданд. Баъд аз он дар охир аҳли адабу шеъру луғату наҳв ҳозир мешуданд ва шеърро назди имом мехонданду ӯ барояшон онро шарҳ медод Имом даҳо ҳазор абёти шеъри Ҳузайлро бо иъробу ғариби он ва маъонияш ҳифз карда буд. Шогирдон аз ҳузури имом бо рӯҳи болида ва ӯро ситоишкунон бар мехостанд, то гузоридани намози зуҳр Имом бо шогирдон буд ва баъд аз он барои роҳат ва қироъат руҷуъ мекард.
Аҳёнан уламо назди хонаи имом омада, тафсир ва тавзеҳи баъзе масоилро пурсон мешуданд ва бо гирифтани баъзе посухҳои қонеъ кунанда роҳат бармегаштанд, магар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулҳакам, ки дохили хонаи Имом мешуд ва гоҳо бо ў ғизо мехўрд ва чун берун мешуд ўро савори маркаб менамуд ва то ғоиб шудан ўро интизор мешуд.
Китобҳои имом Шофеъӣ (раҳ).
Имом Шофеъӣ (раҳ) китобҳои нави худро, ки қариб ба бист муҷаллад мерасид таълиф намуд ва аз онҳо мазҳаби худро дар масҷиди ҷомеъи Амр ибни Ос тадрис менамуд. Китоби “Ал – ум”, (тарҷумааш модар) ки чандин маротиба табъ шуд, ҳақиқатест дар илми усули фиқҳ ва шинохти ҳукмҳои шаръат.(Имом Шофеъи номи китоби муҳимми фиқҳияшро бо номи модар ном гузошт. Зеро воқеъан модараш барои тарбияи фарзандаш хидматҳои шоёне намуда.Имомҳам қадри модарро дониста номи китобашро модар ном гузори намуд.) Инчунин китобҳои “ Имлои сағир”, “ Амолии Кубро”, “Мухтасари Рабиъ”, “Мухтасари Музани”, “Мухтасари Бувайти”, “китоби Риссола”, “китоби Ҷизя” ва дигар китобҳо аз китобҳои тафсиру ҳадису фиқҳ.
Имом Шофеъӣ (раҳ) асосгузори илми усул.
Дар ҳақиқат китоби Шофеъӣ (раҳ) дар илми усули фиқҳ, ки онро дар ҳоли иқоматаш дар Миср таълиф намудааст аввалин китобе ба шумор меравад, ки дар ин илм таълиф шуда ва онро асос гузошта аст.Албатта пас аз он пайравони дигар мазоҳибҳам чунин китоберо дар фиқҳи худ навиштаанд. Пайравони дигар мазоҳиб аз он пайравӣ намуда, ва баҳра бардоштаанд. Инро низ набояд фармўш намуд, ки
Шофеъи (р) девони бузурги шеър низ дорад, ки чандин маротиба ба табъ расидааст.
Бемории имом Шофеъӣ (раҳ).
Имом Шофеъӣ (раҳ) тамоми ҳаёти худро дар мутолиъаву таълиф ва фикру андешаи амиқ дар соҳаҳои гуногуни илм сарф намуд. Эшон сафарҳои зиёд ба манотиқи мухталифи олами Исломӣ мекарданд. Бо вуҷуди синну соли калон ў ба таълифи китобҳои нав ва пахшу нашри мазҳабаш машғул мешуд. Бо ҳамин шакл хидматҳои арзишманде барои ислом ва мусалмонон тақдим менамуд, то ин ки гирифтори хунрезии шадиде шуд, ба сабаби гирифтор шуданаш ба бемории “Бавосир” (гемарои) рӯ ба рӯ шуд, ба андозае ки ҳини савор будани маркаб либоси эшон ва зини маркаб ва гоҳо поиафзолашон пур аз хун мешуд.
Ин беморӣ ва хунрезӣ, ки чор сол боз идома меёфт, ҳоли Имомро бисёр ба танг оварда буд, лекин бо вуҷуди ин эшон ба корҳои таълифу тадрис ва баҳсу мунозара ва мутолиъаи шабонарӯзӣ идома медоданд, Музани назди эшон дохил шуда, аҳволпурси карда гуфтанд: Чӣ ҳол доред?
Имом гуфтанд: Дар ҳоли падруд гуфтани дунё ва ёру бародар ва нушидани шароби марг ва ворид шудан ба даргоҳи илоҳӣқарор дорам. Намедонам, ки оё рўҳи ман ба ҷаннат меравад то муборакбодаш гўйям ё ба ҷаҳанам то таъзияаш баён кунам? Баъд аз он Имом оби дида рехтанд ва чанд назме гуфта, ба атрофиёнаш киаҳли эшон буданд нигариста ба онҳо гуфт: чун аз ин дунё реҳлат намудам назди воли рафта, аз ӯ талаб кунед, то ҷасади маро шустушӯ кунад.
Баъд аз он писарамакаш гуфт: Поён мешавем барои адои намоз. Имом гуфт: Нишаста берун шудани рӯҳи маро интизор мешавед. Баъд аз он поён шуда, дар масҷид намоз гузорида баргаштем ва аз Имом пурсидем ки оё намоз гузоридед? Гуфтанд: Бале, ва аз мо нўшокӣ талаб намуданд. Чун вақти тобистон буд аз ў пурсидем, ки оби гарм ба он омехта намоем? Шофеъӣ (раҳ) гуфт: Балки шарбати биҳи омехта намоед. Баъд аз он дар охири намози хуфтан, яъне қабл аз тулуъи фаҷр вафот намуданд.
Баъд аз вафот.
Вафоти Имом Шофеъӣ (раҳ) дар шаби ҷумъа охири вақти намози хуфтан ва дар охири рўзи моҳи Раҷаби соли 204-ҳиҷрӣ будааст. Умри мубораки эшон ҳангоми вафоташ ба 54 расида будааст. Баробари шунидани вафоти имом мардум хеле андўҳгин шуда барои бардоштани ҷанозаи он аз хонаҳояшон берун омаданд. Он рӯз касе ҷуз талаби раҳмат ва мағфират барои имоми марҳум ва роҳил дигар сухане намегуфт. Ҷамоъате аз уламо назди воли даромада, ки он вақт Муҳаммад ибни Сурий ибни Ҳакам буд, аз ӯ талаб намуданд, то барои ғусл кунонидани имом ҳозир шавад.
Тавре ки васият намуда буд. Волӣ аз эшон пурсид: Оё имом қарз дошт? Гуфтанд: Бале.
Волӣ дарҳол амр намуд то қарзи имом ба соҳибонаш баргардонида шавад, ва баъд ба эшон рўй оварда гуфт: Маънои васияти имом,ки маро воли ғусл диҳад ин буд ва пардохти қарзи эшон маънои ғусли ман аст барои имом. Ҷанозаи имом аз хонааш берун шуда байни кучаҳову бозорҳои шаҳри Фустот мегузашт, то ин ки ба хонаи Сайида Нафиса расид. Пас Сайида амр намуд то ҷанозаро дохили ҳавлиаш кунанд. Пас тобут вориди ҳавлии эшон шуд ва худи Ў
намози ҷаноза бар имом хонд ва гуфт: (Худованд Шофеъӣ (раҳ)-ро раҳмат кунад, ки ба некуи таҳорат менамуд).
Мардум барои бурдани ҷаноза боз шитофтанд то ин ки ба турбати авлоди ибни Ҳакам расиданд ва онҷо имом Шофеъӣ (раҳ) дафн гардид. Баъд аз он то ба имрӯз ба турбати имом Шофеъи (раҳ) шинохта шуда аст. Баъд аз он масҷиде бо номи имом он ҷо бино гардид. Мардуми Миср чиҳил шабонарӯз ба зиёрати қабр омаданд. Шахси зиёрат кунанда аз бисёрии одам ба мушкили назди қабри имом мерасид.
Интишори мазҳаби имом Шофеъӣ (раҳ).
Мазҳаби имом Шофеъӣ (рҳа) дар сар то сари олам исломи мунташир шуд. Эшон аз ончӣ дар китоби Худованд ва суннати Расули Худо (с) омадааст берун намераванд. Интишори мазҳаби Ў аввалин дар Миср сурат гирифт ва онҷо пайравонаш зиёд гардиданд. Баъд аз он дар Бағдод ва шаҳрҳои Хуросон паҳн гардид. Ва ҳаргоҳе ки асҳоби ҳадис мегуфтанд қасдашон пайравони мазҳаби Шофеъӣ (раҳ) буд. Ин мазҳаб инчунин дар диёри Шом, Яман, Ирон ва баъзе маноти Ҳинд, Покистон ва Африқо мунташир шудааст.
Имрӯзҳо дар Миср ғолибон пайравони ин мазҳаб ба назар мерасанд. Яке аз нишонаҳояш ин дуъо қунут хондан дар ракъати дуввуми намози субҳ аст, ки имом Шофеъӣ (раҳ) ба он даъват намудааст ба хилофи дигар мазҳабҳо Шайхҳои Азҳар низ то ба наздики ҳамаги мунҳасир ба ин мазҳаб буданд.
Аллоҳ Парвардигори ман аст ғайр аз Ӯ дигар касеро нахоҳам.
Аз Имом Шофеъӣ (раҳ) пурсиданд, ки далил бар вуҷуди Худо чист? Гуфтанд: Барги тут, гусфанду буз онро мехуранду ба шир табдилаш медиҳад, оҳу онро мехуранду боз ҳамонро ба мушк табдил медиҳад, кирмак онро мехураду ба пила табдилаш медиҳад. Ин буд зиндагиномаи севумин имоми аҳли суннат ва ҷамоъат. Аллоҳ аз эшон рози бод ва ҷаннатул фирдавс бод ҷои эшон.
Дар мақолаи баъдӣ мепардозем ба зиндагиномаи имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) бо мо бошед. Бо эҳтиром ва таманниёти нек барои якояки шумо хонандаи гиромӣ бародари шумо,