Зиндагиномаи имом Аҳмад ибни Ҳанбал
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал чаҳорумин имом аз имомони машҳури чаҳоргона аст, ки таърих мисоли онро надидааст. Мазҳаби имом Аҳмад охирин мазоҳиб ба шумор меравад. Қабл аз имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) мусалмонон атрофи се мазҳаб гирд омада буданд: Аввал мазҳаби имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ), дуввум мазҳаби имом Молик ибни Анас (раҳ), саввум мазҳаби имом Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (раҳ). Пас имом Аҳмад ибни Ҳанбал аз илму иҷтиҳоди эшон истифода бурд, то битавонад ба эшон бипайвандад ва бо сирати пок ва аъмоли бузурги худ чаҳорумини онҳо гардад? Бале, аз мазҳабҳои пешини худ истифодаи фаровоне намуд ва аз онҳо муқаддамтар гардид.
Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ин маврид вафот карда буд. Имом Аҳмад бо ӯ вонахурдааст, магар ин ки ду шогирди моҳиру тавоное баъд аз худ гузошта буд, ки баъд аз устодашон ҳамаи шикасту рехти мазҳабро ба души худ гирифта буданд. Онҳо Абуюсуф ва Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (раҳ) буданд ва муосиру ҳамзамони Аҳмад ибни Ҳанбал буданд.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал назди Абуюсуф, ки дар масҷиди кабири Бағдод ҳалқаи илм дошт, таълим мегирифт. Имом Аҳмад аз илми фаровони Абуюсуф дар ҳайрат монда буду аз ҷуръаташ дар гуфтани ҳақ дар аҷаб.
Мазҳаби ҳанафиро гарчанде аз аҳли раъй буд пурра аз худ кард, аммо ба фиқҳи он амал намекард. Ӯ бо Абуюсуф дар ташкилу бинои виҷдон ва замири динию иҷтимоияш ширкат дошт.
Имом Аҳмад дар аввали ҳаёташ дар синни 20-солагӣ ба Мадинаи Мунаввара меравад ва бо имом Молик (раҳ) вохӯрда, дар ҳалқаи илмаш менишинад ва аз ӯ мутаассир мешавад.
Аммо бо имом Шофеъӣ (раҳ) дар Бағдод ва Макка бисёр вохӯриҳо доштааст ва ӯро имому устод ва волиди худ қарор дода, хеле аз ӯ мутаассир шудааст. Бинобар ин мавзӯи хосе дар ин мақола ва бахше дар ин маврид тахсис додаам. Барои Ибни Ҳанбал шаҳодати устодаш Шофеъӣ (раҳ) кифоя мекунад, ки гуфтааст: Бағдодро дар ҳоле тарк кардам, ки дар онҷо фақеҳтар ва донотар аз Аҳмад ибни Ҳанбал касе набуд.
Ҳудованд бисёре аз сифатҳоеро, ки ислом онро тамҷид намуда, ба он даъват кардааст, насиб мегардонад. Мисли зуҳду порсоӣ , пойбандӣ ба китобу суннат, фурӯтанӣ ва парҳезкорӣ, рӯйгардонӣ аз мансабҳо, тавозуъ ва ихлос дар ибодати Худованди бузург ва касрати дуову муноҷот.
Асл ва насаби Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ)
Падарбузурги имом Аҳмад, ки номаш Ҳанбал ибни Ҳилол аст, волии шаҳри Сарахс, яке аз шаҳрҳои Хуросон буд, ки (то ҳол ин шаҳр бо ин ном вуҷуд дорад). Ӯ дар амали худ хеле мухлис буда. Бинобар ин халифа ӯро аз муқаррабони худ гардонида, писари ӯ Муҳаммад, падари имомро, роҳбари лашкар таъин мекунад. Баъд аз он ҳангоме, ки Муҳаммад мехоҳад издивоҷ кунад падараш духтари Абдулмалик ибни Сувода, ки аз қабилаи Шайбон дар Басра буд, барои ҳамсариояндаи Муҳаммад шудан, ихтиёр мекунад. Қабилаи Шайбон аз зумраи қабоили машҳур дар бораи фазлу караму шуҷоъату илм
буд. Абдулмалик аз чеҳраҳои саршиноси Шайбон ва хеле саховатманду меҳмоннавоз буд. Пас Аҳмад аслаш араб аст.
Кунияи ӯ Абӯабдуллоҳ ва номаш Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал ибни Ҳилол ибни Асад ибни Идрис ибни Абдуллоҳ ибни Анас ибни Авф ибни Қосим ибни Мозин ибни Шайбон ибни Заҳл ибни Рабиъа ибни Низор аст. Насабаш ба Исмоил ибни Иброҳим мерасад ва ҳамроҳи насаби Паёмбар (с) дар Низор якҷо мешавад, зеро Паёмбар (с) аз фарзандони Музар ибни Низор аст ва ҳамаи Қурайш аз Музар аст.
Муҳаммад ибни Ҳанбал бо духтари Абдулмалик ибни Сувода хонадор шуд ва ҳамсараш ҳомила шуда, дар соли 164- ҳиҷрӣ дар Бағдод Аҳмадро таваллуд кард. Ҳаёти Муҳаммад дер давом накард. Баъд аз таваллуди Аҳмад дар синни ҷавонӣ ба синни сисолагӣ нарасида, вафот мекунад ва тарбияву нигоҳдории Аҳмади хурдсол ба дӯши модари меҳрубонаш меафтад. Хонандаи гиромӣ, ба ҳаёту рӯзгори се имом, ки қаблан зикрашон рафт хуб таваҷҷӯҳ карда бошед, мебинед, ки имом Аҳмад мисли имом Шофеъӣ (раҳ) дар хурдӣ ятим ва маҳрум аз тарбияи падарони худ гаштанд.
Оғӯши модар
Падари Аҳмад ҳангоми ширхора будани ӯ вафот кард ва модараш бева монд. Ӯ зани оддӣ набуд, балки зани ҷавону соҳибҷамол ва аз насаби нек буд. Биноан баъд аз вафоти шавҳараш бисёре аз мардҳо хоҳиши издивоҷ бо ӯро доштанд, лекин ӯ аз издивоҷ худдорӣ кард ва ҳаёташро барои тарбияи фарзанди ягонааш Аҳмад вақф мегузорад ва роҳнамои неки ӯ дар ҳоли хурдсолиаш мешавад. Модараш ӯро аз синни хурдсолӣ назди муаллими Қуръон мебарад, то ин китоби муқаддасро ба писараш омӯзонад ва азёд кунонад ва Аҳмад низ Қуръони каримро пурра аз бар мекунад ва дар тамоми ҳаёташ онро такрор мекард ва дар маъонии он фикру андешаашро байён медошт. Бисёре аз аҳодиси Паёмбар (с)-ро овони тифлиаш аз бар намуд. Баъд аз он модараш ӯро ба “девон” фиристод, то навиштан ва хатро омӯзад.
Аҳмад миёни хурдсолон боэътимод ба зоти худ ва инояту эҳтимом бар илму амал ва иҷтиҳоду заковати худ шӯҳрат ёфта буд.
Ҳатто устоди ӯ Ҳайсам ибни Ҷамил роҷеъ ба мегӯяд: “ Ҳар оина дар ҳар замон марде ҳаст, ки ҳуҷҷат бар аҳли худ аст. Пас агар ин ҷавон идомаи ҳаёт дошта бошад зуд аст, ки ҳуҷҷат бар аҳли замони худ гардад”.
Бо вуҷуди ҳоҷати шадид доштанашон ба пулу мол ӯ ва модараш робитаи худро бо хулафо ва волиён нек накарданд. Ӯ дурӣ ҷустанро аз эшон ва адами ширкатро дар амалҳо бо эшон аз парҳезкорию порсоӣ меҳисобид.
Ривоят аст, ки амаки имом Аҳмад ахбори Бағдодро ба баъзе волиён мефиристод, то халифаро аз он огоҳ кунад. Пас рӯзе хабарҳо таъхир карданд ва ба волӣ нарасид. Назди амаки Аҳмад фиристодае омад ва гуфт: Имрӯз хабар ба мо нарасид, мехостам онро навишта, ба халифа бифристам. Амаки Аҳмад гуфт: Ахборро бо дасти писари бародарам Аҳмад фиристодам. Аҳмадро ҳозир намуда, пурсид: Оё ба дасти ту хабарро нафиристодам? Аҳмад гуфт: Бале. Амакаш гуфт: пас барои чӣ онро нарасондӣ?
Аҳмад гуфт :Онро дар об партофтам, ман хабарро ба боло намерасонам, зеро хабарбарӣ кори хубе нест.
Амакаш аз ин гуфтаи Аҳмад дар ҳайрат монда, гуфт: ( Инно лиллоҳ ва инно алайҳи роҷиъун) Ин писарбача порсоию парҳезкорӣ мекунад, пас мо чӣ?
Мегӯянд пас аз он амакаш аз ин вазифа даст мекашад ва дигарбора ба он бар намегардад.
Аҳмад ибни Ҳанбал ба модараш бисёр некӯӣ мекард. Ин некӯкориро фитрати инсонӣ ва пайравӣ аз суннати Паёмбар (с) медонист. Аҳмад ҳадиси Паёмбар (с)-ро ҳифз намуда буд, ки ҳангоми аз мусаҳиқтарини мардум ба риъоят пурсида шуд, гуфт: Модар, боз модар, боз модар баъд падар. Пас ҳаққи модар аз падар дида, хеле авлотар ҳаст. Дар воқеъ Аҳмад назди модар худро қарздор меҳисобид , яъне модараш ҳаққи зиёде бар ӯ дошт, илова бар модар будан ӯ ба хотири Аҳмад аз шавҳар кардан бо вуҷуди ҷамолаш аз хостгорҳояш,ки хелӯ зиёд буданд, худдорӣ кард. Илова бар ин аз хурдсолӣ модараш аҳодису сират, қиссаҳои араб ва паҳлавонони онро бар ӯ талқин намуда, ахлоқи исломиро ба ӯ омӯзонд, ҳатто муҳаббати ҳадиси Расули Худо (с)-ро дар дили ӯ ҷо намуд.
Ривоят аст аз Ибни Ҳанбал, ки мегӯяд: гоҳо барои омӯхтани ҳадис мехостам барвақттар равам, пас модарам аз доманам дошта, мегуфт: бигузор азони намози бомдод дода шавад ё бигзор мардум бедор шаванд. Чун Аҳмад ба синни понздаҳ расида буд, ба Бағдод олими бузурге омада, дар тарафи дигари дарёи Даҷла дар муқобили хонаи онҳо иқомат ихтиёр намуд. Рӯзе мавҷи дарёи Даҷла баланду бенизом шуду, ҳатто ба қасри Рашид расид. Пас халифа ба дигар қаср интиқол ёфт, лекин толибилмон заврақҳоро савор шуда, ба тарафи дигари дарё равон шуданд, аммо Аҳмад ҳангоме, ки рафиқонаш ӯро
ба ин кор даъват намуданд рад карду гуфт: Модарам ба ман иҷозати убур намудани дарёро дар ин ҳолат намедиҳад. Инро гуфта, бо ҳасрат назди модараш рафт, то аз ӯ хавотир нашавад. То ба ин ҳад Аҳмад нисбати модараш рафтори нек дошт. Имом Аҳмад ҳам аз издивоҷ намудан худдорӣ намуд , то хидмати модарашро ба ҷо орад ва то вафоти модараш издивоҷ накард дар ҳоле ки ба синни сӣ расида буд. Ӯ намехост нафари дигаре ба ҳавлиаш биёрад ва нахост сарварии модарашро дар ҳавлӣ касе тамаъ кунад. Вақте, ки ба воя расид дарк намуд, ки модараш барои муҳайё намудани шароити зиндагиаш ҳама саъю талошро ба харҷ дода, ба хотири ӯ аз издивоҷ даст мекашад. Аҳмад инро дида, кӯшиш мекард, то ивази он хидматҳоро гардонад ва ҳама кӯшиши худро ба харҷ дод, то ин ки улум ва маъорифу фунуни зиёде дар синни хурдсолиаш танҳо аз роҳи эътимоду боварӣ ҳосил намуд. Ӯ эҳсос мекард, ки бори гароне бар дӯши модараш гардида, агарчи ӯро итоат мекард ва ба омӯхтани илм машғул буд. Аз модараш ризоият талаб мекард, то миёни толибилмон пешсаф бошад. Ӯ дид, ки модараш ҷавоҳироти худро мефурӯшад, то кӯмаке барои илмомӯзии ӯ кунад. Ва савганд ёд кард, ки барои таъмини нафақа дастёри модараш шавад ва кӯшиши зиёде низ ба харҷ дод, то амале барои он пайдо намояд ва ба ин мақсад то андозае комёб гардид.
Ҳаёту фаъолияти имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ)
Падараш ба онҳо ҳавлӣ ва биноеро ба мерос гузошт, ки он ҷо зиндагӣ мекарданд ва биноро бо пули ночизе ба иҷора медоданд. Танҳо ҳабдаҳ дирҳам дар як моҳ буд, ки эҳтиёҷоти рӯзмарраро таъмин намекард. Зиндагӣ ӯро месохт, то амале пайдо карда, ризқашро ҳосил намояд. Биноан аз боқимондаҳои зироат, ки соҳибони онҳо мегузоштанд, ҷустуҷӯ мекарданд.
Аҳмад ба рафиқони фақири худ мегуфт: Касе бе иҷозати соҳиби замини зироат ҳаққи дохил шудан ба онро надорад. Ӯ бар ивази музд барои мардум номаҳо ҳам менавишт. Ибни Ҷаҳм гуфт: мо ҳамсояе доштем ва рӯзе китоберо ба мо нишон дода, гуфт: Ин хатро шинохтед? Гуфтем: ин хатти Аҳмад ибни Ҳанбал аст, чӣ тавр онро навишт? Ӯ гуфт: Дар маҳалае назди Суфён ибни Уяйна мезистем Аҳмад ибни Ҳанбалро надидем, баъд аз он омада, аз ӯ пурсидем, чӣ хабар аст? Гуфт: Либосамро дуздиданд. Гуфтам: ман чанд динор дорам, агар хоҳед гиред ва нахоҳед қарз медиҳам? Ӯ рад кард. Пас гуфтам: барои ман бар ивази музд менависед?
Гуфт: Бале.
Пас як динор баровардам ва ӯ гуфт: Барои ман либос харед ва онро ду пора кунед, (яъне эзору курта) ва варақ биёред. Пас ӯ инро барои ман навишт. Ибни Хузайма мегӯяд: Ҳамроҳи Абӯабдуллоҳ дар мактаб будем, пас занҳо назди муаллим касеро фиристода, мегуфтанд: Ибни Ҳанбалро назди мо равон кун, то ҷавоби китобҳоро нависад. Ва ӯ бар ивази музди ночиз менавишт. Ҳар вақт Аҳмад назди онҳо дохил мешуд, сӯяшон наменигарист. Ҳар вақт бекору бемузд мемонд ва ҳоҷати сахт пайдо мекард аз мардумони ботақво қарз мекард.
Ривоят аст, ки аз баъзе солеҳин қарз гирифта, хостааст баъди пайдо намудани маблағ онро гардонад. Соҳиби мол гуфта: эй Абӯабдуллоҳ, ман он маблағро ба шумо бахшидам.
Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд аммо ман ин молро дар ҳоли гирифтанам бо нияти баргардонидан гирифтам, пас молатро бигир.
Ман аввал шукри Худо пас аз он шуморо мекунам. Инчунин аз ӯ ҳикоят мекунанд, ки ҳангоми сафараш ба Яман барои талаби илм нафақааш тамом мешавад ва ӯ худро ба боркашҳо кироя додааст. Қабл аз ин кӯмаку мададеро, ки ба ӯ пешкаш шуда буд рад мекард.
Абдураззоқ дар ин маврид мегӯяд: Ибни Ҳанбал ду сол барои талаби илм ин ҷо пайи ҳам омад. Ба ӯ гуфтам: Эй Абӯабдуллоҳ, он чизҳоро бигир аз онҳо манфиат бубар, ин замини мо ҳосилхез нест.
Аҳмад гуфт: ман хуб ҳастам ва қабул накард.
Воқидӣ мегӯяд: Аҳмад ибни Ҳанбал бо ҷамоъате назди мо омад, пас нафақаҳояшон тамом шуд ва ман садақаву хайр ба онҳо пешкаш кардам ва дигарон ҳам ин корро анҷом доданд. Аҳмад ибни Ҳанбал чарме дар даст назди ман омаду гуфт: Шахсе ёфт мешавад, ки инро барои ман фурӯхта пулашро диҳад, то ман муздашро диҳам? Ровӣ мегӯяд: Як халта гиририфта, назди ӯ рафтам, аммо рад кард. Ҳамсарам гуфт: ин марди солеҳ аст, шояд ин пешниҳоди шумо ба ӯ писанд наомад, пас нархашро афзун кун. Ман афзун кардам. Бо вуҷуди ин қабул накард ва чармро аз ман гирифта, хориҷ шуд.
Мегӯянд марде дар Восит рафиқи Аҳмад ибни Ҳанбал буд. Аҳмад ибни Ҳанбал назди ӯ омада, ҷомаи ғафсеро дар шиддати сармо ба ӯ медиҳад, то фурӯхта, пулашро диҳад. Рафиқаш мегӯяд: ӯро баъд аз гуфтугӯи зиёде аз фурӯхтани ҷома бозмонда, назди Язид ибни Ҳорун рафта, ҳоли Аҳмадро ба ӯ фаҳмонда додам. Язид ба ходима гуфт: сад дирҳам биёред ва баъд онро ба ман дод, то ба имом Аҳмад расонам.
Назди Аҳмад омада, гуфтам: Абухолид инро ба Шумо дод. Ӯ гуфт: ман ҳоҷат ба ин маблағ дорам, ман Ибни Сабил, яъне
мусофирам, аммо намехоҳам худро баин чиз одат кунонам. Инро ба ӯ баргардон. Маблағро гардонда, ҷомаро фурухтам ва пулашро додам. Бале хонандаи гиромӣ ин буд ҳоли он бузургоне, ки пас аз марг номи онҳо боқӣ монд ва мактабу осору мазҳабашон мунташири олам гардид.
Талаби илм
Аввалин боре, ки Аҳмад ибни Ҳанбал дар масҷидҳои Бағдод барои талаби илм нишаст, баъд аз ҳифзи Қуръон ва аҳодиси зиёди Паёмбар (с) ва омӯхтани навиштан буд. Баъд аз он аз Бағдод пиёда ба шаҳри Тарсус дар баландиҳои диёри Шом рафт, баъд аз он ба Санои Яман рафт. Ҳангоми шаб вориди Сано шуд ва Абдураззоқ ибни Ҳуммом (раҳ)-ро дар масҷид нишаста дид ва назди ӯ нишаст. Яҳё ибни Муъин Аҳмадро, ки собиқ мешинохт, дида, ба Абдураззоқ гуфт: Ин бародари Шумо Аҳмад ибни Ҳанбал аст.
Абдураззоқ гуфт: Худованд ӯро зиндаву собитқадам нигоҳ дорад. Аз ӯ ҳама хислатҳои нек ба мо расидааст. Абдураззоқ ҳафтод ҳадис ба мардум имло намуда, баъд аз он гуфт: Ин аҳодис таҳияе буд аз ман барои Аҳмад ибни Ҳанбал, агар ӯ намебуд ин аҳодисро имло намекардам. Аҳмад ду сол дар Сано иқомат варзида, ба Макка баргашт. Ӯ ба Куфаву Баср, Маккаву Мадина ба ҳар шаҳре, ки он ҷо уламову донишмандон буданд сафар мекард, то аз илми онҳо баҳра бардорад.
Ӯ ба таври ҷиддӣ ба талаби илм машғул шуда буд ва ҳеҷ чиз садди роҳи ӯ шуда наметавонист; на касби молу дунё ва на издивоҷ, то ин ки ба қуллаи мурод расид. Ва Худованд он чи ӯ талаб мекард
барояш насиб гардонид. Ва илми аввалину охиринро аз ҳар синф барои ӯ ҷамъ намуд.
Имом Аҳмад (раҳ) ҳазорон ҳадисро ҳифз медонист ҳамчуноне ки Абузуръа ривоят мекунад, ки ба ӯ гуфтанд: Эй Абузуръа аз куҷо дармеёбед, ки Аҳмад ҳазорон ҳадисро ҳифз карда? Дар ҷавоб гуфт: бо ӯ музокара кардам ва чандин боб аз ӯ гирифтам. Ба Абузуръа гуфтанд: Шумо бештар аҳодис ҳифз кардаед ё Аҳмад ибни Ҳанбал? Гуфт: Аҳмад ибни Ҳанбал.
Ин шаҳодати олими бузург Абузуръа аст. Ӯ аз талаби илм даст намекашид ва ба ривояти аҳодис аҳамияти хос медод. Марде Аҳмад ибни Ҳанбалро дид, ки рангдон ба дӯш гирифта, мерафт, пас ба ӯ гуфт: Эй Абуабдуллоҳ! Шумо ба ин синну сол расидед ва то ҳол рангдон ба дӯш гирифта, мегардед? Имом Аҳмад (раҳ) гуфт: Бо “Маҳбара” рангдон, то мақбара. Имом дар талаби ҳадис сафарҳои зиёде кардаанд. Рӯзе шунид, ки марде аҳодиси Расулуллоҳ (с)-ро ривоят мекунад ва каломи он Ҳазрат (с)-ро ҳифз намуда, ба касе, ки хоҳад нақл мекунад, аммо дар шаҳри дуре сукунат мекард. Ибни Ҳанбал назди он мард сафар кард ӯро дар ҳоли ғизо додани сагаш дарёфт. Аҳмад ибни Ҳанбал ба ӯ салом дод ва ӯ ҷавоби саломаш гардонд ва баъд аз он ба ғизо додани сагаш машғул шуд ва ба сӯйи Аҳмад илтифоте накард. Чун аз ғизо додани саг фориғ шуд, ба сӯйи Аҳмад нигариста, гуфт: Шояд аз ин ки бо ғизо додани саг машғул шудам шумо озурдахотир шудед? Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) гуфт: Бале, ӯ гуфт: Абузиёд маро аз Аъраҷ аз Абуҳурайра аз Паёмбар (с) ҳадисе гуфт, ки мефармоянд: “Шахсе, ки умеди умедкунандеро ба сӯйи ӯ қатъ мекунад, Худованд умеди ӯро рӯзи қиёмат қатъ мекунад ва ҳаргиз дохили ҷаннат намешавад”. Баъд аз он мард гуфт: Ин саг қасд ва умеде аз ман дошт, пас ман хавф доштам, ки умеди ӯро қатъ намоям.
Аҳмад ибни Ҳанбал гуфт: Ин ҳадис барои ман басанда аст, баъд аз он баргашт. Аҳмад ибни Ҳанбал назди Абдуллоҳ ибни Муборак дарс омӯхт. Ӯ шахси соҳибилм ва ғанӣ буд. Ибни Муборак кӯшиш кард, то Аҳмад ибни Ҳанбалро бо мол кӯмак кунад, аммо Аҳмад аз қабули он ибо варзид ва гуфт, ки барои фиқҳ ба илмаш ӯро ҳамроҳӣ мекунад, на барои молаш. Ибни Ҳанбал аз зумраи касоне буд, ки ба шахсияти Ибни Муборак ва фиқҳу илму сирати ӯ миёни мардум тан дода ва қоил буд.
Абдуллоҳ ибни Муборак яке аз касоне буд, ки дар шахсияти Аҳмад ибни Ҳанбал ва ташкили фикру сулуку рафтори ӯ таъсири зиёд гузоштаанд.
Берун шудани Аҳмад ибни Ҳанбал аз ватан барои ҳадис ва барои ҷиҳод буд. Ӯ ба шаҳри Тарсус рафта, як муддат он ҷо иқомат варзид, баъд аз он ҷо ба Бағдод баргашт. Ӯ бар ин бовар буд, ки ҷиҳод барои ҳар шахсе чӣ аз нигоҳи нафс ё мол ё ҳардуи он қодир аст, фарз мебошад.
Ҳамзамон Аҳмад (раҳ) дар баробари талаби илми ҳадис фиқҳи хулафои рошидин ва ҳамаи саҳоба ва тобеъинро меомухт. Ӯ ба сафарҳои худ ба сӯи Маккаву Мадина дар мавсими ҳаҷ одат карда буд. Касе ҷуз имом Шофеъӣ ӯро ба худ ҷазб накарда буд. Имом Аҳмад (раҳ) дар синни бисту ду солагӣ буд ва имом Шофеъӣ аз ӯ шонздаҳ сол бузургтар буд.
Ӯ эҳсос мекард, ки имом Шофеъӣ (раҳ) на танҳо муаллим, балки падари меҳрубон низ ҳаст. Ӯ паҳлӯҳои ҳаёти Аҳмад (раҳ)-ро риоя мекард ва аз ҳаёташ ва роҳҳои пешбурди зиндагиаш мепурсид. Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) барои амалӣ намудани ба суннати Расули Худо (с) хеле ҳарис буд ва меомӯхт, то дар ҳама умури дин ба ӯ (с) худро монанд созад. Ба ҳар як ҳадисе, ки азбар мекард амал менамуд. Ва бо ҳамин дар рӯ ба рӯи худ китоби Худованд, суннати Паёмбар (с) ва сирати саҳобагонро гузошта аз амал намудан бо фикру раъй худдорӣ мекард. Худованд дар ҳама он чи омӯхта буд ӯро мувофиқ гардонид.
Имоми Олим
Ибни Ҳанбал бар курсии илм барои таълим додани мардум танҳо баъд аз синни чиҳилсолагиаш нишаст ва ин барои пайравӣ ва шабеҳ сохтан ба Паёмбар (с) буд, ки баъд аз чиҳилсолагӣ ба рисолати худ шуруъ намуданд. Хабари ӯ дар тамоми қаламрави исломӣ паҳн шуд ва аз ҳама гӯшаву канори он барои шунидани ӯ меомаданд, назди ӯ таълим мегирифтанд ва илми ҳадису фиқҳу тафсирро аз ӯ нақл мекарданд.
Ӯ барои таълими мардум аз дигар корҳо худро фориғ месохт. Дарси ӯ баъд аз намози аср дар масҷиди Бағдод буд. Ҳамеша бо тамкину виқор буд ва маззоҳу шухиро намеписандид. Шогирдонаш аз ин хислати ӯ пай бурда, ҳангоми дарс сухани беҷо намегуфтанд. Имом баъд аз фориғ шудан аз намози аср ба девор такя мезад ва мардуми атрофи ӯ ҷамъ мешуданд ва аз фиқҳу тафсиру ҳадис мепурсиданд ва эшон то расидани вақти намози шом ба онҳо ҷавоби суолҳояшонро медод ва баъд аз он омодагии намози шомро мегирифтанд.
Имом посухи ҳеҷ суолеро намедод магар бо он чи ки фоидаовар аст. Марде аз ӯ суол намуд ва имом посухи суолаш бидод ва он мард ба муноқиша пардохт ва Имом посухи ӯро медоданд. Баъд аз он маротибае аз посух гуфтан худдорӣ намуданд, пас мардум фаҳмиданд, ки ин мард аз чизи беманфиъат пурсид ва гуфт: Маҷлиси мо маҷлиси илми нофеъ аст ва он чи шумо мехоҳед инро аз дигар маҷлис ҷӯё шавед ва аз сухани бисёру бефоида барҳазар бошед, зеро инсон як забон дораду ду гӯш, то кам сухан гӯяду зиёд бишнавад ва сухани бад ба некӣ намехонад. Баъд аз он ба атрофиёнаш, ки ба ӯ гӯш медоданд гуфт: ҳар вақт шахсеро дидед, ки сухан гуфтанро дӯст медорад аз ӯ барҳазар бошед ва бо ӯ наомезед, зеро мазҳаби аҳли илм ин буд, ки зиёд сухан гуфтанро дар он чи ки фоида надорад бад медиданд.
Мардум одат карда буданд, ки ҳар гоҳ бо Ибни Ҳанбал рӯ ба рӯ мешуданд аз ӯ суол мекарданд ва ӯ баъд аз тааммул ва андеша ба онҳо ҷавоб мегуфт ва бештари вақтҳо мегуфт: намедонам ӯ ба ривояти аҳодиси Паёмбар (с) машғул мешуд ва мехост вақти худро барои назму тартиб додани аҳодисе, ки дар натиҷаи сафарҳои зиёд гирд оварда буд сарф кунад ва онро ба ровиёнашон иснод дода, барои ҳар яке аз эшон муснади хосе тартиб диҳад. Ӯ ба фикри ҷамъоварии муснади худ ва ҷустуҷӯю тафтиши аҳодиси он афтода буд ва мехост ҳар он чи азбар намудааст болои варақ нависад ва бар маъонии он бо дарназардошти нусуси Қуръони карим, диққати ҷиддӣ диҳад, то тавонад ба хубӣ аҳкомро истинбот намояд.
Муснади машҳури худ муснади имом Аҳмад ибни Ҳанбал-ро дар китобҳои ҷудогона ҷамъ намуд ва то охири ҳаёти худ бо он сару кор кард. Солеҳ ибни Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) гуфт: Аз падарам шунидам, ки мегуфт: шахсе, ки асҳоби ҳадисро бузург дорад назди Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) бузург хоҳад буд ва шахсе, ки онҳоро ҳақир дорад ва зишту носазо гӯяд назди Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) қурбе нахоҳад дошт, зеро асҳоби ҳадис асҳоби паёмбаранд.
Имом Аҳмад (раҳ) аз шиддати тамассук (чанг задан) ба суннат ва манъ намудан аз бидъат дар ҷамъоати бузургон низ агар мухолифи суннат чизе содир мешуд сухан мегуфт ва суханони ӯ ҳамчун насиҳат ба шумор мерафт. Дар Бағдод монанди Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) касе аҳодиси Паёмбар (с)-ро азбар накарда буд ва мисли ӯ касе осору фатвоҳои саҳобаро намедонист, илова бар маҳорату илми ӯ дар фиқҳ ва улуми Қуръон. Ҷун манҳаҷ ё барномаи ӯ дар истихроҷи аҳком истиқрор ёфт ду имом собиқи худ; Абуҳанифа (раҳ) ва Молик (раҳ)-ро мухолифат намуда, дар бисёр аз фатвоҳояш устоди худ Шофеъиро пайравӣ намуд, то ин ки имоми машҳуре гардид.
Имом Аҳмад (раҳ) ба тафсири Қуръон, ривояти аҳодис ва тафсири он ва шарҳи мазҳаби худ барои мардум дар истинботи аҳком шуруъ намуд ва дар масоиле, ки ба эшон матраҳ мешуд фатво медод. Дар ҳамин ҳалқаҳои илм ӯ мардумро мефаҳмонид, ки шахсе ки ҳадиси саҳеҳеро ривоят намояду ба он амал накунад дар ҳақиқат нифоқ варзидааст. Инчунин барои шогирдонаш усули фиқҳ ва фуруъи онро шарҳ медод ва ҷавоби ҳазорон масоилро мегуфт. Ба ҳамин шакл шуҳрати ӯ зиёд гардид ва теъдоди мардум дар ҳалқаҳои илмии ӯ зиёд гардид. Чун ӯро бо илми фаровон, ширинсухан ва фикри саҳеҳ ва ҳалим ёфтанд аз ӯ пайравӣ намуданд ва ҳатто барояш вақти истироҳат ё амалро ба хубӣ намедоданд.
Ӯ мулоҳаза намуд, ки дар ҳалқаҳои илмаш касоне ҳастанд, ки посухҳои ӯ ва фиқҳашро менависад, пас эшонро манъ намуд. Ӯ китобати фиқҳро дӯст намедошт.
Шахсе аз ӯ пурсид: Барои чи аз китобати фиқҳ манъ мекунед, дар ҳоле, ки Ибни Муборак, ки мавқеъашро нисбати шумо медонем, фиқҳи аҳли раъйро дар Ироқ навиштааст? Дар посух гуфт: Ибни Муборак аз осмон наомадааст. Мо амр шудаем, ки илмро аз масдари болотар гирем аз Қуръон ва суннат. Имом Аҳмад (раҳ) аз он хавф дошт, ки дар ҳолати навиштани фиқҳ ҳукмҳо карахт (мутаҷаммид мегардад ва дар асарҳои оянда тақлид байни мардум шоеъ мегардад.) Ӯ мегуфт, ки фиқҳ таҷаддуд пайдо мекунад, яъне нав ё тару тоза мешавад ва беҳтар ин аст, ки ба иҷтиҳод чанг занему аз тақлид дурӣ ҷӯем. Рӯ ба рӯи мо китоби Худованд, суннати Паёмбар (с) ва осори саҳоба (р) истодааст ва ҳамаи ин барои китобат авлотар барои китобат аст. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) одат дошт, ки дар ҳалқаи илмаш баъд аз аср ба мардум ва толибилмон дар он чи мепурсанд фатво диҳад ва нафси худ ва аҳли ҳалқаашро ба Қуръону ҳадис ва осори бузургони саҳоба машғул созад. Ӯ ба эшон таълим медод, ки оёти Қуръон яке дигарашро тафсир мекунад ва ё аҳодиси паёмбарон ва осори бузургони саҳоба, ки илмашонро аз паёмбар (с) гирифтанд, онро тафсир мекунад.
Пас мавзуъи дарси ӯ Қуръон ва тафсири он суннат ва осори саҳоба буд. Ҷамоъати бузурге аз уламои бузург аз ӯ илм омӯхта мазҳаби ӯро, ки асоси он чанг задан ба китоби Илоҳӣ ва суннати Паёмбар (с) ва осори бузургони саҳоба ва фатвоҳои эшон аст, нашр намуданд. Аз зумраи эшон: Аҳмад ибни Таймия, Ибни Қайими Ҷавзӣ, Муҳаммад ибни Алии Шавконӣ (Раҳимаҳумуллоҳ) ва ғайра аз уламое буданд, ки илми онҳо дар олами исломӣ нашр шудааст.
Таснифот ва китобҳои Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ)
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) навиштани китобро намехост ва аз китобати суханон ва масоилаш манъ мекард. Агар ӯ мухолифи ин амр намебуд таснифоти ӯ хеле зиёд мебуд ва китобҳои бешуморе аз эшон ба мо нақл мешуд.
Таснифоти ӯ, ки ба мо расидааст чунинанд:
1. Таснифи Ал-Муснад, ки он чиҳил ҳазор ҳадисро дар бар мегирад. Ба писараш Абдуллоҳ мегуфт: (ин муснадро нигоҳ дор, ҳар оина он барои мардум имом хоҳад буд). Гуфтанд, ки онро аз байни ҳафсаду панҷоҳ ҳазор ҳадис ихтиёр кардааст.
2. Тафсир ва он иборат аз ҳазорон ҳадис ва асарест, ки тавассути он Қуръони каримро тафсир мекунанд.
3. Ал-Илал ва маърифатурриҷол ба ривояти фарзандаш Абдуллоҳ.
4. Асоми ва куно.
5. Илал ва маърифатурриҷол ба ривояти Марвазӣ ва ғайра.
6. Масоили Имом Аҳмад ба ривояти фарзандаш Абдуллоҳ. Масоили дигар ба ривояти фарзанди дигараш Солеҳ. Масоили дигар ба ривояти Абудовуди Сиистонӣ
7. Усули суннат.
8. Ақида ба ривояти Абубакри Халлол
9. Алвараъ ба ривояти Марвазӣ
10. Алрад ало Ҷаҳмияти вал Занидақа.
11. Алзуҳд.
12. Алашриба.
13. Фазойлуссаҳоба.
14. Суолоти Асрими Аҳмад Ибни Ҳанбал.
15. Аҳкомуннисо
Ибнул- Қайим (раҳ) мегӯяд: Имом Аҳмад (раҳ) таснифи китобҳоро шадидан бад медид ва таҷриди аҳодисро дӯст медошт ва навиштани суханашро намехост ва бар он сахт пофишорӣ мекард. Худованд нияту қасди некӣ ӯро донист, пас аз калому фатвоҳои ӯ бештар аз сӣ китоб навишта шуд ва бо бештари онҳо бар мо миннат ниҳод ва каме аз онҳо аз мо фавт гардид. Ал-ҳаллол нусуси ӯро дар ал-ҷоме-ул-кабир ҷамъ овард, ки бештар аз бист китоб шуд. Фатво ва масоили ӯ ривоят шуда, қарн баъд аз қарн нақл гардиданд ва ӯ имом ва пешвои аҳли суннат бо вуҷуди ихтилофи табақоташон гардид.
Издивоҷи имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ)
Имом то синни чиҳилсолагӣ издивоҷ накарданд.Чунонеки дар боло гуфтем ба сабаби талаби илм ва норозӣ насохтани модараш онро медонанд.Инчунин сафарҳои тулоние,ки дошт ва ҳангомеки дар ироқ мустақар гашт нияти издивоҷ кард.Аввалин ҳамсарашон Аббоса бинти Фазл буд. Ин духтар арабиюл асл буда аз минтақаи Рабзи бағдод яъне аз наздиктарин минтақа ба бағдод буд.Ин зан бо Имом Аҳмад муддати си сол зиндагони намуд ва аз ин издивоҷ фарзанде таваллуд шуд ба номи Солеҳ
Марвазӣ шогирди Имом Аҳмад (раҳ) аз имом ривоят мекунад: “Бо Аббоса муддати си сол зиндагони намудем ва миёни ман ва ӯ дар як калима ҳатто ихтилоф накардаам.”
Ҳангомеки Аббоса вафот намуданд ҳамсари дуввуми Имом Райҳона буд, ки аз ӯ як писар ёфтанд бо номи Абдуллоҳ. Райҳонаҳам аз дунё гузаштанд. Пас аз он як канизе хариданд ки номаш Ҳусн буд ва
ин каниз як духтар ба номи Зайнаб ва дугоник Ҳасан ва Ҳусейн тавалуд карданд. Аммо Ҳасан ва Ҳусейн пас аз таваллуд вафот карданд. Боз пас аз чанде аз ин зан писаре ба номи Ҳасан ва Муҳаммад таваллуд шуд.Боз аз ин зан писаре бо номи Саъид таваллуд шуд.Аммо мисли падар дар илми фиқҳ ду писараш машҳур гаштанд Солеҳу Абдуллоҳ. Инчунин Саъид ҳам пас аз чанде қозии Куфа гашт.
Баъзе сифатҳои имом
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) сифатҳои фардии худро дошт, ки Худованд ӯро бо ин сифат хос гардонида буд ва тавассути он ҷойгоҳаш баланд шуд ва уламо аз ӯ ёд мекарданд. Аз ҷумла фармудаҳои уламо дар бораи ӯ:
– Сулаймони Ашъас гуфтааст: ҳаргиз надидаам, ки Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) зикре аз дунё карда бошад. Ҳар гоҳе, ки гурусна мешуд порае аз нони хушкро гирифта, аз ғубор пок мекард ва бар он об мерехт, то тар гардад. Баъд аз он бо намак онро тановул мекард. Аҳёнан барои ӯ нахудро бо чарбӣ мепухтанд ва бештари хӯриши ӯ сирко буд.
– Нишопурӣ мегӯяд: Абӯабдуллоҳ ба ман гуфт: рӯзе барвақтар биё, то ба чизе аз зуҳд бо ман муъораза кунӣ. Пас рӯзе барвақттар омадам ва ба наберааш гуфтам: Бурё ва болиште бароям бидеҳ ва онро дар даҳлез андохтам. Пас Абӯабдуллоҳ берун шуд ва дар даст чандин китобу рангдон дошт ва ба бурё болишт нигоҳ карда гуфт: Ин чист? Гуфтам: барои нишастани Шумо. Гуфт: инро бародар, Зуҳд танҳо бо зуҳд некӯ мегардад. Пас, онро бардоштам ва эшон болои хок нишастанд.
Имом бисёр перҳезкор буданд ва аз касе чизе талаб намекарданд. Исҳоқи Ансорӣ гуфтааст: Халифа Маъмун моле дода, ба ман гуфт: бар асҳоби ҳадис онро тақсим кун, зеро байни эшон заифон ҳастанд. Байни эшон касе намонд, магар ин ки аз он мол гирифт, танҳо касе, ки аз гирифтани мол ибо варзид. Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) буд.
– Иброҳим-ул-Ҳарбӣ мегӯяд: ду сол бо Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) якҷоя будам. Ҳар гоҳе, ки хориҷ мешуд барои ҳадис гуфтан барои мо ҳамроҳаш муҷалладе буд, бо ҷилди сурх ва як қалам. Ва ҳар вақто хатое дар китобаш мерафт онро бо қаламаш ва рангдонаш ислоҳ мекард. Аз гирифтани ранг аз дигар кас парҳез мекард.
Барои Аҳмад (раҳ) мегуфтем, то чизеро ҳифз намояд, мегуфт: на ҳаргиз магир ҷуз аз китоб, яъне Қуръон. Ӯ (рҳа) хеле мутавозеъ буд ва ҳоҷаташро худ таҳаммул мекард. Солеҳ писараш гуфт: падарам ҳама корашро худ анҷом медод. Агар чизе аз дӯкон лозим мешуд, худ рафта, мехарид ва ба хона меовард. Ба Абӯабдуллоҳ гуфтанд: Худованд аз дини ислом ба шумо ҷазои хайр диҳад. Ӯ гуфт: На балки исломро аз ман ҷазои хайр диҳад. Баъд аз он гуфт: ман кистам? Ба ӯ гуфтанд: чӣ қадар мардуми зиёд барои Шумо дуо гӯянд? Пас ҳолаташ дигаргун шуда, гуфт: Метарсам, ки ин «истидроҷ» бошад. Аз Худованд масъалат дорам, ки маро беҳтар аз он чи гумон доранд, гардонад ва он чиро, ки аз ман намедонанд, мағфират намояд. Ӯ (раҳ) фақиронро дӯст медошт.
-Яҳё ибни Муъин (раҳ) мегӯяд: Савганд ба Худо ончи санад меорад хеле боқувватанд ва ончӣ мо меоварем ба мисли санади Аҳмад нестанд.
Боз мегӯяд: Ҳаргиз надидам мисли Аҳмад ибни Ҳанбал касеро,ман панҷоҳ сол ҳамроҳӣ намудам ӯ ҳаргиз худро дар чизе аз мо боло надонистааст. Дар ҳоле аз ҳама бартар буд ва дорои салоҳ ва хайри бешуморе ҳам буд.
-Марвазӣ мегӯяд: Абӯабдуллоҳ фақиронро дӯст медошт. Фақиреро иззатмандтар ҷуз дар маҷлиси ӯ надидаам.
Инчунин ӯ гуфтааст: Абӯабдуллоҳ ба ман гуфт: чун дар наздаш аз фақири беморе сухан гуфтанд, бирав аз ӯ бипурс чӣ чиз иштиҳо дорад, то бароятон омода созем? Ва хушбӯие ба ман дода, гуфт: аз ин бар ӯ истеъмол кун. Марвазӣ боз мегӯяд: Абӯабдуллоҳ мегӯяд: Чизеро ба фақр баробар намекунам, ман ихтиёрам надошта бошам хушҳолам. Ин баъзе сифати имом (раҳ) буд. Худованд ғарқи раҳматаш гардонад.
Ибни Ҳанбал ва Шофеъӣ (раҳ)
Аҳмад ибни Ҳанбал (р) ҳамчуноне, ки шогирди мухлис аз устодаш мутаассир шуда буд, ҳатто баъд аз он ки Имоми бузург гардида буд. Аҳмад (раҳ) гуфт: Агар аз масъалае пурсида шавам ва ҳадис ё осори саҳобае дар ҷавоби он наёбам ба раъйи Шофеъӣ амал мекунам. Ба андозае имом Шофеъиро қадрдонӣ мекард, ки навиштани фиқҳи ҳамаи устодонашро инкор намуд, магар фиқҳи Шофеъиро.
Китобҳои шайхи худ Абуюсуф ва Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (раҳ)-ро хонда, онҳоро танҳо омӯхт, фиқҳашонро бо сурати китоб навиштаанд ва асҳоби худро нагузошт, ки фиқҳи худи ӯро нависанд, лекин ҳангоме, ки китоби рисолаи ҷадид имом Шофеъӣ, ки дар Миср онро таълиф намуда буд ба дасташ расид онро ба асҳоби худ хонд ва барои омухтани он моро ташвиқ намуд ва худ онро дар хазинаи китобҳояш нигоҳ дошт. Ҳамаи китобҳои таълифнамудаи Имом Шофеъиро ҳамчунин қабул мекард.
Асҳоби Аҳмад (раҳ) майл ва гиромӣ доштани ӯро нисбати Шофеъӣ медонистанд. Ӯ асҳобашро ба мутолеъаи китобҳои Шофеъӣ (раҳ) ташвиқ мекарданд ва мегуфтанд: касе аз муаллифини китобҳо аз замоне, ки таълиф шуруъ шудааст монанди имом Шофеъӣ (раҳ) пойбанд ва мухлису ходимӣ суннат наёфтам.
Имом Шофеъи низ чунин эҳтиромро нисбати Аҳмад (р) қоил буд. Шофеъи (раҳ) Аҳмад (раҳ)-ро аз аҷоиби замон ва асри худ ҳисобида гуфтааст: се нафар аз уламо аз аҷоиби замонанд:
Аъробиест, ки калимаеро намедонад ва ӯ Абусавр аст.
Аъҷамие, ки дар ягон калима хато намекунад ва ӯ Ҳасани Заъфаронӣ аст .
Хурдсоле, ки ҳар гоҳе чизе гӯяд ҳамаи калонсолон ӯро тасдиқ мекунанд ва ӯ Аҳмад ибни Ҳанбал аст.
-Шофеъӣ (раҳ) дар бораи Аҳмад (раҳ) гуфтааст: ҷавонеро дар Бағдод дидам, ки ҳар вақт сухан гӯяд: ҳамаи мардум гӯянд: рост гуфтед. Аз ӯ пурсиданд: кист ӯ? Гуфт: Аҳмад ибни Ҳанбал аст.
Чун Шофеъӣ (раҳ) ба Бағдод омад Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) ҳамеша дар маҷлиси ӯ ҳозир буд, ғайр аз ҳолати сафар. Имом Шофеъӣ (раҳ) аз сафари Аҳмад ибни Ҳанбал ба Яман, барои талаби ҳадис назди Абдураззоқ ибни Ҳаммом огоҳ шуда, назди халифа Маъмун даромада, пешниҳод намуд, Аҳмад (раҳ) қозии Яман таъин шавад, то ба ҳамин роҳ, то шунидани ҳадис назди Абдураззоқ барояш осон шавад. Имом Шофеъӣ (раҳ) ин пешниҳодро ба Аҳмад (раҳ) низ намуд, аммо ӯ роз нашуд. Чун ин пешниҳодро такрор намуд Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) гуфт: эй Абӯабдуллоҳ, яъне Шофеъӣ: Агар бори дуввум инро аз Шумо шунавам дигар маро назди худ нахоҳӣ дид.
Санои уламо бар Ибни Ҳанбал
Абдуллоҳи Маймунӣ гуфт: беҳтар аз Ибни Ҳанбал надидаам. Ва касеро аз муҳаддисин пойбанд ба ҳадиси Паёмбар (с) ва шадидтар дар таъзими ҳурмати Илоҳӣ аз Ибни Ҳанбал надидам.
-Абубакри Сиистонӣ мегӯяд: бо дусад тан аз Шайхҳои илм вохурдам ва касеро монанди ибни Ҳанбал надидам. Дар он чи мардум машғул мешуданд аз умри дунё ва монанди он ҳаргиз миёни онҳо бо сухан ворид намешуд. Чун сухан аз илм мерафт сухан мегуфт.
-Абдулваҳҳоби Варроқ гуфтааст: Абӯабдуллоҳ имоми мост ва аз устуворон дар илм аст. Чун рӯзи қиёмат дар пешгоҳи илоҳӣ истода шавам, пас аз ман пурсад, ки ба иқтидо кард? Мегӯям: ба Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) ва чи чиз ба Абуабдуллоҳ гузашт аз амри ислом, ӯ дар ин амр бист сол мубтало ва гирифтор шуд.
Инчунин гуфтааст: мисли Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) надидаам. Гуфтанд: Чӣ чиз аз фазлу илми ӯ нисбат ба дигарон барои шумо зоҳир шуд?
Гуфт: мардест, ки аз шаст ҳазор масъала пурсида шуд аз онҳо ҷавоб дода гуфт: моро хабар доданд ва ба мо сухан гуфтанд.
Иброҳими Ҳарбӣ гуфтааст: Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ)-ро дидам, мисли ин ки Худованд илми аввалину охиринро аз ҳар синф дар ӯ ҷамъ намудааст. Ҳар чи хоҳад мегӯяд ва аз ҳар чи хоҳад худдорӣ мекунад.
-Ибни Саъиди Розӣ мегӯяд: Ҳеҷ ҷавонеро надидам мисли Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) ҳадиси Паёмбар (с)-ро азбар намуда бошад ва монанди ӯ доно ба фиқҳу маъонии он бошад.
Абуосим мегӯяд: Дар Бағдод ҷуз ӯ аз он ҷо касе наомад, ки монанди ӯ фаҳеқ бошад.
Халол мегӯяд: Аҳмаб ибни Ҳанбал (раҳ) китобҳои аҳли раъйро навишта, ҳифз намуд, баъд аз он ба онҳо илтифоте накард.
Ҷамъоате назди ибни Абуувайс гуфтанд: асҳоби ҳадис реҳлат намудаанд. Ӯ ба эшон гуфт: Худованд Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ)-ро боқӣ гузошт. Пас асҳоби ҳадис нарафтаанд.
Беморӣ ва вафоти ӯ
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) шаби чаҳоршанбе аввали моҳи Рабиъ-ул-аввали соли 241 ҳиҷрӣ бемор шуд. Ва бемориаш нӯҳ рӯз идома ёфт. Чун бемориаш шиддат ёфт ва мардум аз он огоҳ шуданд ва ба аёдаташ шитофтанд ва анбӯҳи зиёди мардум шабу рӯз назди дарвозааш меистоданд. Бемориаш рӯзи панҷшанбе шиддати бештар ёфт ва қабл аз вафот ба аҳлаш ишора намуд, то ӯро таҳорат диҳанд ва ишора намуд, то ангуштонашро хилол намоянд ва худ зикри Худо мегуфт. Чун рӯзи ҷумъа фаро расид мардум ба андозае ҷамъ шуданд, ки кӯчаву тангкӯчаҳо пур шуд. Ва офтоби он рӯз қариби тулуъ буд, ки офтоби ҳаёти имом аллакай дар ҳоли ғуруб қарор гирифта буд ва рӯҳи муборакаш дар ҳоли муфорақати ҷасадаш. Вафоти имом дар Бағдод дар рӯзи ҷумъаи моҳи Рабиъ-ул-аввали соли 241-ҳиҷрӣ дар синни мубораки 77-солагӣ буд. Ҷасади ӯ дар мақбараи «Бобул-ҳарб» ба хок супурда шуд. Теъдоди зиёде аз мардум дар ҷанозаи ӯ ширкат варзиданд. Раҳмати Худо бар ӯ бод.
Интишори мазҳаби имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ)
Дар оғоз мазҳаби Ҳанбалӣ ба ҳама олам мунташир ёфт ва аз ӯ пайравӣ мекарданд. Инчунн ба Осиёи Миёна ва ё Моваруннаҳр ҳам расида буд. Бо омадани сари ҳукм баъзе сулолаҳо мазҳаби Ҳанбалиро аз тақлиди раъиятҳояшон кам карданд. Чун дорулқузотҳо ва қозиҳоро ҳокимон мехостанд зери як мазҳаби воҳид ҷамъ оваранд. Ин амр сабаби камранг гаштани пайравони ин мазҳаб дар манотиқи Мовароуннаҳр, Осиёи Миёна ва қораи Ҳинд гашт.
Аммо густариши ин мазҳаб дар шибҳи Ҷазираи Араб, билхусус Саъудӣ ва ё Наҷд мунташир гашт. Он ҳам аз қарни VIII ҳиҷрӣ то ХII ҳиҷрӣ на он қадар қавӣ буд, аммо дар асри Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб густариши ин мазҳаб ва фиқҳи Ҳанбалӣ қавитар гашт. Дар оғоз танҳо дар минтақаи Наҷд буд чун Макка ва Мадина зери ҳукумат ё хилофати туркҳои Усмонӣ буд ва бо мазҳаби Ҳанафӣ ҳама дорулқузотҳояш амал мекарданд. Инчунин бояд зикр кунам, ки интишори мазҳаи Ҳанбалӣ аз сарзамини Шом ба баъзе манотиқи Саъудии ҳозира расида буд, аммо на ба шакли умумӣ. Зеро мазҳаби Моликӣ интишораш дар сарзамини Ҳиҷоз бештар буд. Муассиси давлати Саъудӣ Муҳаммад ибни Саъуд дар тавҳиди ин мазҳаб ва фиқҳи он дар кишваркӯшоишҳои зиёд намудааст, то ин мазҳаб мазҳаби расмии давлат гашт.
Инчунин давлати Кувейт ва бархе манотиқи Уммон дар Халиҷ пайравони ин мазҳабанд. Интишори мазҳаби Ҳанбалӣ дар ин ду давлат аз тариқи тоҷирони Наҷд сурат гирифтааст.
Ин ҷо савол пайдо мешавад чаро дар Ироқ мазҳаби Ҳанбалӣ густариш наёфт? Чун ватани имом Аҳмад ва нашъату тадрисаш онҷо буд?
Дар Ироқ дар оғоз аз Миср ҳокимони фотимӣ ҳукмрон буданд. Дар асри чори ҳиҷрӣ, ки онҳо шиа буданд, пас аз он давлати Айюбиҳо, ки онҳо шофеъимазҳаб буданд ва ин амр сабаб гашт мазҳаби Шофеъӣ ва Ҳанафӣ дар Ироқ ва баъзе манотиқи Шом густариш пайдо кунад. Мазҳаби Ҳанбалӣ аз густариши чашмгир мисли ин ду мазҳаб дар ин манотиқ ва Моликӣ дар оғоз дар Ҳиҷоз ва қораи Африқо буд, пайрав пайдо накунад. Хуласи мазҳабҳо ба ҳокимони замон иртиботи қавӣ доштанд. Ҳокимон буданд, ки қозиёт ва фатвоҳоро ба кадом мазҳабе мехостанд пайрав мекарданд. Мардуми он минтақаҳо ҳам бо ҳокимон итоъат карда, аз он мазҳаби подшоҳонашон пайравӣ кунанд.
Чунонеки Эрон то сари қудрат омадани шоҳ Аббоси Сафавӣ пайрави мазҳаби шофеъӣ ва Ҳанафӣ буданд, вале маҳз ҳамин Шоҳ Аббос бо ҷабру зулм ва қатл ҳама мардумро ба мазҳаби Шиа маҷбур кард. Онҳое, ки муҳоҷир гаштанд дар он замон беш аз ду милион нафар буданд. Аз Эрон хориҷ гаштанд ва мазҳаби шиаро напазируфтанд. Онҳое, ки монданд ин мазҳабро бо зулми ин турки озарбойҷонӣ ва ё Табрезӣ ба зурӣ пазируфтанд. Пас ҳамеша ҳокимон дар интишори мазҳаб дар гузашта ва ҳозира қодиранд, то мардумро ба зулм ҳам пайрави мазҳабе кунанд. Агар Аллоҳ иноят фармояд зиндагиномаи дигар имомони Аҳли Суннатро идома медиҳам.