Ҳикояти таърихӣ аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб

Ислоҳ нет

Ҳикояти таърихӣ аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб

Таърихнигори машҳур Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар китоби машҳураш ба номи «Ахбору-р-русул вал-мулук» менависад:

«Се нафар аз тоифаи хавориҷ, ки мухолифи халифа Алӣ ибни Абўтолиб ва ҳавохоҳонаш ва душмани Муъовия ибни Абўсуфён ва тарафдоронаш буданд, бо номҳои Абдурраҳмон ибни Амр, Мурод Ҳумайё ибни Мулҷам, Бурак ибни Абдуллоҳи Тамимӣ ва Амр ибни Бакри Тамимӣ рўзе дар Макка бо ҳам ба хилват менишинанд ва қатли бародаронашонро дар Наҳравон ба ёд меоваранд ва бар онҳо раҳм карда, мегўянд: – «Бақо ва зиндагӣ барои мо баъд аз ин азизони аз дастрафта ба чӣ кор ояд? Чӣ беҳтар, ки худро фидои онҳо кунем ва ин пешвоёни гумроҳро ба қатл бирасонем, то қасоси бародарони худро аз онҳо бигирем ва мамлакатро аз вуҷуди онҳо роҳат ва осуда кунем».
Ибни Мулҷам мегўяд: – «Ман қатли Алӣ ибни Абўтолибро ба ўҳда мегирам».

Бурак мегўяд: – «Ман Муъовияро мекушам».
Амр ибни Бакр мегўяд: – «Ман Амр ибни Осро аз миён бармедорам».

Ба якдигар аҳд ва паймон мебанданд, ки ҳар яке аз онҳо то он ҷо дар анҷоми кораш бикўшад, ки ё шахси мавриди назарашро бикушад ё ҷонро дар ин роҳ бибозаду кушта шавад. Мавъиди корашонро субҳи ҷумъаи ҳафдаҳуми моҳи рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрӣ муайян мекунанд, ки дар масҷид камин бигиранд ва ҳамин, ки онҳо вориди масҷид шаванд, кори худро анҷом диҳанд. Ҳар яки аз онҳо шамшерашро заҳролуд мекунад. Абдурраҳмон ба сўйи Куфа ҷойи иқомати ҳазрати Алӣ, Амр ибни Бакр ба сўйи Фустоти Миср, бошишгоҳи Амр ибни Ос ва Бурак ба Димишқ мақари Муъовия ибниАбўсуфён ҳаракат мекунанд.

Ибни Мулҷам дар Кўфа бо баъзе аз дўстонаш аз қабилаи Бани Рабоб, ки гурўҳе аз хешони онҳо ба дасти лашкари Алӣ дар ҷанги Наҳравон ба қатл расида буданд, мулоқот мекунанд. Барои он ки онҳоро ба ҳаяҷон оварад, мусибати ҷанги Наҳравон ва куштагонашон дар ин ҷангро ба ёдашон меоварад ва яке аз аҳли ин қабила, ки мулоқоташ бо ў даст медиҳад, зане ба номи Қаттом духтари Шаҷна буд, ки падар ва бародараш дар ин ҷанг кушта шуда буданд.
Чун ин зан дар ҷамолу сурат саромади занон ва дар қадду қомат гўйи сабқат аз тамоми бонувони қабилааш мерабуд, Ибни Мулҷам дар ҳамон нигоҳи аввал дил ба ў мебозаду хостгораш мешавад ва чун Ибни Мулҷам низ гандумгуну хушқиёфа буд, Қаттом қабул мекунад, ки бо ў бо маҳри се ҳазор дирҳам ва як ғулому як каниз ва қатли Алӣ ибни Абўтолиб издивоҷ кунад. Ибни Мулҷам ин маҳрияро қабул мекунад ва мегўяд: – «-Ба Худо қасам, чизе, ки маро ба ин ҷо кашонда аст, қатли Алӣ ибни Абўтолиб мебошад.»

Чун Ибни Мулҷам мехост барои кораш аз касе кўмак бигирад, бо марде аз ин қабила бо номи Шабиб ибни Наҷдаи Ашҷам ба хилват менишинад ва ба ин тартиб бо ў гуфтугў мекунад.
Ибни Мулҷам: – «-Оё мехоҳӣ ба шарафи дунё ва охират бирасӣ?»
Шабиб: – «Ин, ки мегўӣ чист?»
Ибни Мулҷам: – «-Қатли Алӣ ибни Абўтолиб».
Шабиб: – «-Модарат ба азоят нишинад, кори хатарноке мекунӣ. Чӣ гуна метавонӣ аз ўҳдаи ин кор бароӣ?»
Ибни Мулҷам: – «Дар масҷид камин ва дар интизораш менишинам. Ҳамин ки барои намози субҳ ба масҷид омад, фавран ба сўйяш метозам ва ўро мекушам. Пас аз он агар наҷот ёфтам, қасоси азизони худро гирифтаам ва дили худро аз ғаму ғуссаи онҳо шифо додаам ва агар дастгиру кушта шавам, аҷр ва савобе, ки назди Худо хоҳам дошт, ки аз дунё беҳтар аст.»

Шабиб: – «Худо раҳмат кунад туро, эй Ибни Мулҷам! Агар касе ғайр аз Алиро пешниҳод мекардӣ, кораш бар ман осон буд, аммо Алӣ, ман медонам чӣ собиқаи азиме дар ислом дорад. Медонам Алӣ чӣ қаробату хешовандӣ бо Расулуллоҳ (с) дорад. Қалбам розӣ ба қатлаш намешавад».
Ибни Мулҷам мегўяд: – «-Оё ту намедонӣ, ки Алӣ ибни Абўтолиб чӣ гуна аҳли Наҳравонро кушт?»
Шабиб: – «-Бале, вале ҳарчӣ бошад ҳам, Алӣ аст.»
Ибни Мулҷам мегўяд: – «- Ўро ба қасоси бародарони худ мекушем».

Шабиб таслими далел ва гуфтаи Ибни Мулҷам мешавад ва ваъдаи ҳамкорӣ медиҳад. Қаттом барои кўмак ба Ибни Мулҷам марде аз ақвоми худ бо номи Вардонро мегуморад.
Шаби ваъдагӣ фаро мерасад. Дастандаркорони қатли Муъовия ибниАбўсуфён, Амр ибни Ос ва Алӣ ибни Абўтолиб дар ваъдагоҳи муқарраршудаашон, яъне масҷидҳои Димишқ, Фустоти Миср ва Куфа ҳозир мешаванд ва дар камин менишинанд, то ба террори хунини худ даст зананд.
Ҳамин ки Муъовия барои намози субҳ ба масҷид меояд, Бурак ибни Абдуллоҳ ба сўйяш метозад, вале зарбааш ба хато мераваду шамшер тани Муъовия мерасад ва ўро маҷрўҳ мекунад. Бурак, ки дастгир шуда буд, ба Муъовия мегўяд, ки агар башорате ба ту бидиҳам, аз гуноҳам дармегузарӣ? Муъовия мегўяд: – «- Чӣ башорате?»
Ў мегўяд: – «Яке аз шариконам дар ҳамин вақт Алӣ ибни Абўтолибро ба қатл расондааст». Вале Муъовия мегўяд: – «Аз куҷо медонӣ?».

Сипас фармони қатлашро содир мекунад. Табибе, ки Муъовия ўро барои муъолиҷаи захмаш хоста буд мегўяд: – «Ин захм аз шамшере ба ту расидааст, ки заҳрогин буда ва муъолиҷаи ин захм ду роҳ дорад ё маҳалли захмро доғ кунам, то асари заҳр бо ҳарорати оташ аз байн биравад ё шарбате бидиҳам, ки биёшомӣ, вале бо ин шарбат мунқатеъи насл мешавӣ».
Муъовия ибниАбўсуфён розӣ ба нўшидани шарбат мешавад ва аз марг раҳо меёбад.

Амр ибни Бакр дар масҷид ба интизори Амр ибни Ос менишинад, вале чун ў дар он шаб бемор шуда буд, раиси шуртаи худ (раиси шаҳрбонӣ) ба номи Хориҷа ибни Ҳубайбаро ба ҷойи худ ба масҷид мефиристад, то барои мардум имоматӣ кунад. Амр ибни Бакр ўро ба гумони он ки Амр ибни Ос аст, бо як зарбаи шамшер ба қатл меросонад. Чун мардум ўро дастгир мекунанд ва назди Амр ибни Ос мебаранд ва бо хитоби «эй амир!» бар ў салом мекунанд, Амр ибни Бакр ба иштибоҳи худ пай мебарад ва мепурсад: – «Ин кист?»
Мегўянд: – «Амр ибни Ос аст».
Мегўяд: – «Пас он ки ман ўро куштам, кист?». Яъне ман хостам Амр ибни Осро бикушам, вале Худо хост, ки Хориҷа кушта шавад. Сипас ин кори ў дар байни арабҳо зарбулмасал дар бораи иштибоҳ гардид.
Амр ибни Ос фармон дод, то Амр ибни Бакрро ба ҷурми қатли Хориҷа қатл намоянд ва ў дар пеши назари мардум кушта шуд.

Ибни Мулҷам, Вардон ва Шабиб дар охири шаби ваъдагӣ шамшерҳои худро бардошта, дар масҷиди Куфа ба интизори ҳазрати Алӣ менишинанд. Ҳамин, ки он ҳазрат ба масҷид меояд ва монанди шабҳои гузашта мардумро бо гуфтани салот, барои намоз аз хоб бедор мефармояд, ҳар се нафар ба ў ҳамла мекунанд. Шабиб зарбае мезанад, ки ба хато меравад ва шамшераш ба тоқи дари масҷид мехўрад, вале зарбае, ки Ибни Мулҷам мезанад, ба миёнаи сари шарифи Алӣ ибни Абўтолиб мерасад ва хун бар рухсораҳои муборакаш ҷорӣ мешавад. Ҳазрати Алӣ, ки мебинад дари шаҳодат бар рўяш боз шудааст, мефармояд: – «-Қасам ба соҳиби Каъба , ки растагор шудам.»
Сипас мегўяд: – «Ин мардро бигиред, ки аз дастатон берун наравад.»

Чун ў мардумро бо шамшер таҳдид мекард, марде бо номи Муғийра ибни Навфал ҷомае бар рўйяш меандозад ва ўро бар замин меафканад ва рўйи синааш менишинад. Мардум бар сараш мерезанд ва шамшерро аз дасташ мегиранд ва дастгираш мекунанд.

Вардон аз саргумиву ошуфтагии мардум ва торикии охири шаб истифода мекунад ва аз масҷид фирор намуда, ба манзилаш меравад. Чун қазияи худро бо марде аз ҳамқавмонаш зикр мекунад, он мард аз ин кори қабеҳу нангинаш хашмгин мешавад ва ўро дар ҳамон ҷо бо шамшер ба ҷаҳаннам мефиристад, аммо қотили дигар – Шабиб, ки дар торикӣ ношинохта буд, муваффақ ба фирор мешавад ва солим аз масҷид берун меравад.
Таърихнигорони маъруфи исломӣ Ибни Касир ва Ибни Асир навиштаанд, ки ҳамин, ки ҳазрати Алӣ ба василаи мардум аз масҷид ба хона бурда мешавад, Ибни Мулҷамро ба дархости худи ў ба наздаш мебаранд ва дар ҳоле, ки дастбаста буд, назди он ҳазрат меистад. Алии Ҳайдар нигоҳи таъаҷҷубомезе ба ў карда, мегўяд: – «-Оё ба ту некӣ накарда будам?».
Ибни Мулҷам мегўяд:- «Бале!»
Ҳазрати Алӣ мефармояд: – «Пас чӣ туро ба ин кор водор кард?».
Ибни Мулҷам дар ҷавоб мегўяд: – «Ман он шамшерро чиҳил рўз ҳар субҳ тез мекардам ва аз Худо мехостам, то бадтарин халқи Худо бо он кушта шавад».
Алӣ мефармояд: – « дуъоят мустаҷоб шудааст, чунин мебинам, ки ту бо он шамшер, ки дуъо кардаӣ, кушта мешавӣ ва чунин мебинам, ки ту бадтарин ва шаққитарин халқи Худо ҳастӣ». Ҳамчунин мефармояд: – «Ўро дар зиндон нигоҳ доред, то баъдан дар бораи ў тасмим гирифта шавад». Сипас мегўяд:

– «Қасоси қатли як инсон, куштани як нафар мебошад. Агар ман мурдам, пас шумо ўро, чунонки маро куштааст, бикушед ва агар зинда монам, худам дар бораи ў ҳар тасмиме, ки хостам, мегирам. Эй фарзандони Абдулмутталиб! Мабодо аз ин рў, ки амирулмўъминин кушта шудааст, ба куштани мусалмонон даст бизанед. Огоҳ бошед, ба ғайр аз қотилам ҳеҷ каси дигареро накушед. Фарзандам Ҳасан! Агар аз ин зарбае, ки ба ман расида аст, мурдам, пас ту ўро (яъне Ибни Мулҷам) бо як зарба қатл кун, мабодо ўро мусла кунӣ (яъне гўшу биниашро бибуриву баднамо созӣ), мабодо пеш аз он ки ўро бо як зарба бикушӣ, аъзояшро аз баданаш қатъ кунӣ, зеро Расулуллоҳ (с) фармудааст:- «Шуморо барҳазар медорам аз мусла кардан , ҳатто ба саги газанда».
Муаллифи китоби «Ал-Комил» (ҷилди 3, саҳифаи 196) менависад: – «Ҳама ин фармоишоти Алӣ (р) ҳангоме буд, ки Ибни Мулҷам дастбаста назди ў истода буд ва сипас ба дастури Алӣ (р) ба зиндон фиристода шуд».

Чӣ азамате! Рўҳонияти азими Алӣ ибни Абўтолиб дар ин ҳолати дарднок низ монанди ҳамеша таҷаллӣ мекунад ва дастур мефармояд, то бо қотилаш дар зиндон бо хубӣ рафтор намоянд ва дар обу таъомаш кўтоҳӣ накунанд. Имом Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ, муассиси мазҳаби шофеъияи ислом, дар китобаш ба номи «Ал-Умма» (ҷилди чаҳорум, саҳифаи 126) чунин овардааст:

«Ривоят шудааст ба мо аз Иброҳим ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад, ба ривояти падараш, он ки Алӣ ибни Абўтолиб пас аз ин, ки аз Ибни Мулҷам зарба хўрда буд, дар бораи ў фармуд:

– Об ва таъомашро ба хубӣ фароҳам кунед ва дар муддати асораташ дар зиндон ба некӣ бо ў рафтор намоед. Агар зинда мондам, пас худам соҳиби хуни худам ҳастам ё авф мекунам ва аз гуноҳаш дар мегузарам ё аз ў қасоси ин зарбаро мегирам ва узвҳои баданашро низ набуред.»
Алӣ ибни Абўтолиб ба ду фарзанди азизи худ Ҳасан ва Ҳусайн васияте мекунад, ки дар китоби «Ал-Комил» (ҷилди 3, саҳ. 196) ривоят карда ва мо онро барои хонандагони азиз пешкаш месозем: – «Тавсия мекунам шуморо ба тақво, толиби дунё нашавед, гарчи ў шуморо бихоҳад. Ҳаргиз бар чизе, ки аз шумо фавт шавад, пушаймон нашавед. Ба ятимон раҳм ва ба заъифон кўмак кунед. Дар пайи коре бошед, ки ба нафъи ҳаёти охират бошад. Ба он чи дар китоби Худо ҳаст, амал кунед ва дар роҳи Худованди мутаъол аз маломату сарзаниши маломатгарон боке надошта бошед».
Сипас нигоҳе ба писараш Муҳаммад ибни Ҳанафия карда, мефармояд: – «Туро ҳам ба он чи ки ба онҳо гуфтам, васият мекунам, ки амал кунӣ ва тавсия мекунам, ки ба ин ду бародарат, ки ҳаққи азиме бар ту доранд, эҳтиром ва таъзим кунӣ, ҳеҷ кореро бемувофиқати онҳо анҷом надиҳӣ». Пас аз он, рў ба фарзандонаш – Ҳасан ва Ҳусайн намуда, мефармояд: – «Ман шуморо тавсия мекунам нисбат ба ў (яъне Муҳамад ибни Ҳанафия) меҳрубон бошед, чунки вай бародари шумо ва писари падари шумост. Шумо медонед, ки падаратон ўро дўст медорад.»

Алӣ ибни Абўтолиб дар охирин нафасҳои ҳаёти худ бо касе сухан намегуфт, балки калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро ба такрор бар забон дошт, то он ки дар ин ҳол, ки забони покаш машғул ба зикри Худои ҷалла ҷалолуҳу ва дилаш саршор аз муҳаббати Парвардигори баландмартаба буд, рўҳаш шаби якшанбе ба олами арвоҳ суъуд кард ва дар уқёнуси раҳмати Худованди мутаъол шиновар гардид. Рўҳат шод бод, ё шаҳиди аъло – Абўтуроб!!

Фарзандонаш Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Тайёр он ҳазратро ғусл доданд. Намози ҷаноза бо имоматии Имом Ҳасан ба он ҳазрат иқома шуд ва дар наъши мубораки вай дар маҳаллае аз шаҳри Кўфа ба манзили охират супорида шуд. Имом Алӣ ибни Абўтолиб шасту се сол умр ва чаҳор солу нўҳ моҳ хилофат кард ва ба шаҳодат расид.

Имом Ҳасан пас аз дафнии падараш ба кори Ибни Мулҷами қотили хунрез пардохт ва ўро аз зиндон хост ва чунонки падари бузургвораш фармуда буд, бо як зарбаи шамшер қатлаш кард.
Воасафо, чунонки зикр шуд, ба ҳаёти пурарзиши халифаи бузурги рошидин – Алӣ ибни Абўтолиб хотима дода шуд. Ҳаёти касе қатъ гардонида шуд, ки мехост тамоми мусалмононро дар атрофи таълими Қуръони маҷид ва сунати Расулуллоҳ (с) гирд оварад. Ба ҳаёти касе хотима дода шуд, ки мехост мардумро аз бозгашт ба худсариҳо ва ҷаҳолати собиқ боздорад.

Алӣ бозгашт ба сирати аҳди Расули акрамро барои мусалмонон воҷиб медонист. Дар ин роҳ заррае сустӣ аз худ нишон намедод, вале пазириши ин кори муҳим барои мардуме, ки бо вазъият ва талаботи роиҷи ин замон (даврони хилофти Алӣ) одат карда буданд, то ҷое мушкил ва душвор буд, ки на танҳо аксари ёрон ва тарафдоронаш аз ин ҷиҳат аз он бузургвор дурӣ гирифтанд, ҳатто бародари насабиаш – Ақил ибни Абўтолиб, ки чизе зиёдтар аз ҳоҷати аслӣ хоста буд ва ў манъаш фармуд, сахт ранҷид ва ба тарафи Муъовия ибниАбўсуфён рафт ва аз вай ҷонибдорӣ кард. Абдуллоҳ ибни Аббос, писари амакаш, ки ҳокими Басра буд, дар асари сахтгирии Алӣ ранҷид ва аморати Басраро тарк кард ва аз он ҷо ба Макка рафт.
Алӣ ибни Абўтолиб байни сарварон, ҳатто ашрофи Қурайш ва дигарон дар ҳеҷ чиз, на дар тақсими ато, на дар тақсими аморату мансабҳои давлатӣ ва на дар таваҷҷўҳу иноят фарқе намегузошт. Ҳамин баробарҷўйӣ ва адолатпарварии ў бузургони арабро меранҷонид. Вақте ки аз ин бобат аз касе эътирозе мешунид ё гуфта мешуд, ки ин кор бар хилофи маслиҳат ва талаботи вақт аст, мефармуд: – «Аз ман мехоҳед бартарӣ ва пирўзӣ дар корамро бо ҷабру ситам ба даст оварам».

Алӣ ибни Абўтолиб мехост қадами аввалаш дар иқдом ба ҳар коре, ҳақу адл бошад, на он ки фақат ҳадафу мақсадаш ҳақ бошад ва дигар фарқе нагузорад, ки бо қадамҳои ҳақ ба ҳадафи ҳаққаш бирасад ё бо қадамҳои ботил, аз ин ҷиҳат буд, ки маддоҳӣ ва риёкориро дар кораш ҷойиз намедонист, гарчи ба зоҳир маслиҳат ва муқтазои вақт бошад. Аз ин рў буд, ки пешниҳоди Абдуллоҳ ибни Аббос, писари амакаш ва Муғийра ибни Шўъба, сиёсатмадори машҳури араб, ки дар оғози хилофат маслиҳат доданд, то он ҳазрат ҳокимону омилони Усмон ибни Аффон, махсусан Муъовия ибни Абўсуфёнро чанде бар сари корашон нигоҳ дорад, қатъиян напазируфт. Ба назари камина агар ў ба маслиҳати онҳо амал мекард, зоҳиран бисёре аз мушкилоте, ки баъдан он ҳазрат мувоҷеҳ гардид, шояд пеш намеомад.
Вале чунонки гуфтем, Алӣ ибни Абўтолиб аҳли риё набуд, то зулму ситами яқинеро, ки дар пазируфтани маслиҳати дар сари мансаб гузоштани нафарони Усмон ибни Аффон буд, таҳаммул кунад, то шояд ва эҳтимолан дар оянда манфиатовар бошад, яъне Алӣ ҷабру зиёни яқинеро бо адл ва фоидаи эҳтимолӣ иваз намекард.

Барои он, ки бидонем Алӣ ибни Абўтолиб аз ҷиҳати эҳтиёт дар кори умматдорӣ дар чӣ сатҳе басе олӣ буд, ба ин ривояти таърихӣ, ки мавриди қабули тамоми таърихнигорон мебошад, таваҷҷўҳ фармоед, ки менависанд: – «Каме қабл аз ин ки Алӣ ибни Абўтолиб дори фониро видоъ кунад, ансор ва ҳаводоронаш аз он ҳазрат мехоҳанд, то фарзанди бузургаш ҳазрати Ҳасани Муҷтаборо ба ҷойи худ ба хилофат таъйин фармояд, вале ў напазируфт ва фармуд: -На ба шумо дар ин бора амр мекунам ва на манъ, худатон пас аз ман дар ин кор донотаред».

Оре, Алӣ мулаққаб ба Абўтуроб, Муртазо, Ҳайдари Каррор ва Асадуллоҳ (Шери Худо) қабул намекунад, ки ба мардум бигўяд, ки ҷигарбандаш Имом Ҳасан баъд аз ман халифа аст. Ҳол он ки худи мусалмонон инро дархост карданд. Имом Ҳасан ҳам гули хушбўйи шаҷараи тайибаи нубувват ва сайиди ҷавонони биҳишт буд. Дар улуми исломӣ ва дар дар сироти мустақими илоҳӣ дар манзалате буд, ки дар дунё ягона буд ва дар ҷаҳон назир надошт.

Зирор ибни Ҳамзаи Судоӣ аз дўстони бовафои Алӣ буд ва дар ҷангҳои айёми хилофаташ содиқона бар зидди мухолифонаш силоҳ кашид, ў пас аз ҷоми шаҳодат нўшидани Алӣ ва сулҳи Имом Ҳасан бо Муъовия ибниАбўсуфён гўшанишин гардид ва машғули ибодати Худо шуд. Пас аз муддате ночор монд, то монанди бақияи мусалмонон ҳаққашро аз байтулмоли мусалмонон бигирад. Ин буд, ки раҳсипори Димишқ мешавад ва назди Муъовия меояд. Муъовия аз ў мехоҳад, то сифатҳои писандидаи ҳазрати Алиро барои ў баён кунад, вале ў мегўяд, ки аз ман аз ин бобат даргузар ва чизе напурс. Муъовия мегўяд, ки ба Худо қасам, бояд бигўйӣ ва ў мегўяд:

– «Дараҷоти рўҳонияш бас олӣ ва қуввату қудрати ҷисмонияш хеле шадид буд. Қавлаш қотеъ ва дар ҳукмаш одил буд. Аз ҷавонибаш илм меҷўшид ва дар каломаш ҳикмат нуҳуфта буд. Аз дунё, зару зевари дунё ваҳшат ва дурӣ дошт. Бо шаб ва ваҳшати шаб унс дошт. Зиёд дар фикри охират буд ва хеле аз ин бобат ашк мерехт. Либос ва таъоми сода мепўшид. Дар миёни мо монанди яке аз мо буд, худро боло намегирифт ва намепиндошт. Ҳарчӣ аз ў мепурсидем, бо хушрўйӣ ҷавоб медод ва ҳар гоҳ ўро ба хона даъват мекардем, қабул мекарду меомад. Бо он ки вай инчунин ба мо наздик буд ва мо ба ў наздик будем, ба вуҷуди он, ба Худо қасам, дар асари азамати рўҳоние, ки дошт, камтар ҷуръат доштем бо ў сухан бигўем. Ба аҳли дин эҳтиром мегузошт ва онҳоро навозиш мекард, камбағалон ва бечорагонро ба худ наздик мефармуд.

Ҳеҷ ситамгаре ҳаргиз тамаъ намекард, ки Алӣ тарафдораш бошад ва ҳеҷ ситамдидае абадан ноумед намешуд, ки Алӣ ба додаш бирасад. Дар баъзе айёми ҷангҳо, ҳамин ки шаб фаро мерасид ва торикӣ худро бар замин фурў мерехт, ба Худо қасам, медидам, ки Алӣ пас аз намози шаб гиребони муборакашро ба даст гирифта, монанди марди моргазида ба худ мепечид ва ба гиря уфтода мегуфт:
– Эй дунё, касе ғайр аз манро бифиреб, оё дар баробари ман худнамоӣ мекунӣ? Оё ба сўйи ман меой? Ҳайҳот, ҳайҳот! Дур шав, дур шав! Дер шудааст. Ман туро се талоқ кардаам ва дигар ҳаргиз роҳи баргаштан ба ту нест. Умри ту кам аст ва баҳра аз ту ночиз. Афсус, афсус, аз кам будани тўша ва дурии сафар ва ноамнии роҳ.»
Зирор мегўяд: – «Муъовия аз шунидани сифатҳои ҳазрати Алӣ ибни Абўтолиб ба гиря афтод ва гуфт:
– Раҳмати Худо бод, бар падари Ҳасан, ба Худо, ў чунон буд, ки баён кардӣ ва он гоҳ мепурсад: – Ғаму андўҳат бар шаҳодати Алӣ чӣ гуна буд?
Мегўяд: – Монанди зане, ки фарзандаш дар доманаш забҳ шуда бошад.»
Муъовия ибниАбўсуфён дастур медиҳад, то он чи Зирор ниёз дорад, ба ў бидиҳанд.

Алӣ ибни Абўтолиб то он ҷо тобеъи аҳком ва муқаррароти шариат буд, ки зиреҳи гумшудаи худро дар дасти марди насронӣ дар Куфа мебинад ва бо он, ки метавонист моли худро бо зўрӣ аз дасташ бигирад, аммо ин корро накард, чунки ин кор мухолиф бо муқаррароти ҳуқуқи ислом буд. Аз ин рў, даъвои худро ба муқобили марди насронӣ (масеҳӣ) назди қозии вақт Шурайҳ бурд ва изҳор дошт: – «Ин зиреҳ моли ман аст, ки онро гум карда будам».
Инак, онро назди ин шахс мебинем. Марди насронӣ адабро риоят мекунад ва бе он ки Алиро ошкор ба дурўғ тўҳмат намояд, мегўяд: – «Ин зиреҳ моли худам мебошад».
Қозӣ Шурайҳ аз Алӣ ибни Абўтолиб мепурсад: – «Оё шумо барои даъвои худ гувоҳ доред?».
Алӣ ибни Абўтолиб дар ҳоле, ки аз адолати қозӣ Шурайҳ хушҳол шуда буд ва табассум ба лаб дошт, мефармояд: – «Не, шоҳид надорам».
Қозӣ Шурайҳ тибқи муқаррароти қазоии дини ислом ҳукмашро ба нафъи насронӣ содир мекунад ва ў зиреҳро гирифта, аз маҷлиси мурофиаи додгоҳӣ хориҷ мегардад, вале ҳамин марди насронӣ, ки каме дур мешавад, баргашта мегўяд: – «Ба Худо шоҳидӣ медиҳам, ки ин қабил аҳком, аҳкоми дини рости анбиёи Худованд аст. Мебинам, ки амири мусалмонон маро назди қозии худаш ба қазоват мебарад ва қозии ў ба нафъи мани насронӣ ва зиёни амираш ҳукм мекунад».

Дар ҳамон ҷо калимаи шаҳодатро бар забон меовараду мусалмон мешавад ва эътироф мекунад, ки ин зиреҳ дар ҳамон рўзе, ки Алӣ ибни Абўтолиб азми сафари Сиффин дошт аз аспаш уфтод ва ман бардоштам. Алӣ аз ин ки боис шуд, ки насронӣ мусалмон шуд, шоду мумнун мешавад ва зиреҳашро ба ў мебахшад. Ин ривоят дар китоби «Ал-Комил» (ҷилди 3, саҳ. 201) ва дигар таърихномаҳо нақл шуда ва «Ал-Комил» изофа кардааст: – «Ин марди навмусалмон дар ҷанги Наҳравон ҳамроҳи Алӣ (р) бо хавориҷ меҷангид».
Дар замони хилофаташ дар ин ҷо на хиште рўйи хишт ва на хишти хоме рўйи хишт гузошта, то ховаву даре барои худ бино кунад. Манзилаш дар шаҳри Куфа доруламораи давлатӣ буд ва хўрокаш аз маҳсули заминаш буд, ки аз Мадинаи мунаввара ба Кўфа меоварданд.
Аз китоби «Таърихи хулафои рошидин-и Сайид Абдурраҳими Хатиб. Ин китобро банда баргардон намуда будам.

Share This Article