Чиҳил фоидаи нуҳуфта дар салавот бар Муҳаммад (с)
Имом Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) мефармояд: Дар салавот фиристодан бар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам ) чиҳил фоида вуҷуд дорад:
1. Пайравӣ аз фармудаи Аллоҳ субҳонаҳу ва тоъолост.
2. Мувофиқати Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар салавот бар Муҳаммад (с) аст, агарчи лафзи онҳо мухталиф бошад.
3. Мувофиқати малоика дар он аст.
4. Шахсе, ки бар Муҳаммад (с) як салавот мефиристад аз ҷониби Аллоҳ даҳ савоб мегирад.
5. Бо фиристодани як салавот даҳ дараҷааш боло меравад.
6. Барои як салавот даҳ накӯӣ дар номаи аъмолаш навишта мешавад.
7. Барои як салавот даҳ хатогияш аз номаи аъмолаш нобуд карда мешавад.
8. Салавот сабаби қабул шудани дуои гӯяндааш мегардад.
9. Салавот сабаби шафоаташ аз ҷониби Муҳаммад (с) мегардад.
10.Салавот сабаби бахшида шудани гуноҳони гӯяндааш мегардад.
11.Салавот сабаби бароварда гардондани хостаи гӯяндааш аз ҷониби Аллоҳ мешавад.
12. Салавот сабаби наздикии гӯяндааш бо Муҳаммад (с) дар рӯзи қиёмат мегардад.
13. Гӯяндаи салавот мисли он аст, ки нотавон ё мустамандеро садақа додааст.
14. Салавот сабаби бароварда гаштани ҳоҷати гӯяндааш мегардад.
15. Салавот сабаб мегардад, ки Аллоҳ ва малоикаҳо бар ӯ дуруду салом мефиристанд.
16. Салавот сабаби закоти гӯянда ва покиаш мегардад.
17. Салавот сабаби башорати ӯ ба ҷаннат пеш аз маргаш мегардад.
18. Салавот сабаби наҷоти гӯяндааш аз аҳвол ва сахтиҳои сахти рӯзи қиёмат мегардад.
19. Салавот сабаб мегардад, ки чизеро фаромӯш кардаӣ ба ёдат меояд (ҳофизаи инонро қавӣ мегардонад).
20. Салавот сабаби посухи саломи Муҳаммад (с) мегардад.
21.Салавот сабаби он мегардад,ки ҳамнишинонаш ашхоси накӯ мегарданд ва инчунин рӯзи қиёмат ҳасрате нест гӯяндаашро аз хонаводааш.
22. Салавот сабаби о мегардад, ки гӯяндаашро аз фақр дур мекунад.
23. Салавот сабаб мегардад, ки гӯяндаашро аз бахил будан барҳазар дорад.
24. Салавот сабаб мегардад, ки гӯяндаашро аз ашхосе, ки дуои бад мекунанд дур менамояд.
25. Салавот гӯяндаашро сабаби паймудани роҳе мегардонад, ки он ба сӯйи ҷаннат аст, аммо ашхосе салавот намегӯянд онҳоро аз роҳи ҷаннат ба бероҳа мебарад.
26. Салавот сабаб мегард, ки гӯяндааш аз маҷлисҳо ва ё маҳфилу ҷамъомадҳое, ки дар он зикри Аллоҳ нест, дур мегардад.
27. Салавот сабаб мегардад шахси хатиб ва воъиз суханашро пурра ва комил мекунад.
28. Салавот сабаб мегардад, ки гӯяндаашро нуронӣ мегардонад дар пули сирот.
29. Салавот сабаб мегардад гӯяндаашро аз ҷафо дӯр нигоҳ медорад.
30. Салавот сабаб мегардад, ки Аллоҳ ҳамеша бар ӯ сано мефиристад.
31. Салавот сабаби баракат мешавад гӯяндаашро дар кор ва умраш.
32. Салавот сабаби ноил гаштан ба раҳмати Аллоҳ мегардад.
33. Салавот сабаби муҳаббати беандоза зиёди гӯяндааш бар Муҳаммад (с) мегардад
34. Салавот сабаби муҳаббати беандозаи Муҳаммад (с) ба гӯяндааш мегардад.
35. Салавот сабаби ҳидояти гӯянда ва зинда гаштани дилаш мегардад.
36. Салавот сабаби пешниҳоди номи гӯяндаи салавот бар Муҳаммад (с) мегардад.
37. Салавот сабаби собит гаштани пойи салавот фиристанда дар пули сирот мегардад.
38. Салавот сабаби адои баъзе ҳуқуқи Муҳаммад (с) мегардад.
39. Салавот замонаткунанда бар зикри Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мегардад.
40. Салавот худ дуо буда, зеро салавот саволу талаб аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолост, ки сано фиристад бар халилаш ва ҳабибаш Муҳаммад (с) ё саволу хоҳишест, ки банда барои ҳоҷату мушкилоташ мекунад.
(Китоби Ҷалоъ-ул-афҳом фи фазли салоту вассалом ало Хайрил аном)
Матни салавотро барои нафароне, ки намедонанд, менависам, то онро ҳифз кунанд.
“Аллоҳумма салли ва саллим ало Набийино Муҳаммад”.
(Ривояти Табаронӣ дар Кабир, имом Суютӣ ҳасанаш хондааст. Албонӣ дар “Саҳеҳ- ал-ҷомеъ”-аш таҳти № 6357 овардааст.)
Салавоти дигареро низ меорам,ки маъруф нест, аммо инро ҳам ҳифз кунед.
“Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин ва борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ва боракта ало Иброҳима ва оли Иброҳима иннака ҳамидум маҷид”.
(Ривояти Табаронӣ дар Авсат таҳти рақами №2585. Дар сифати салоти набӣ ҳам дар саҳ 166 омадааст.)
“Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин абдика ва расулика камо саллайта ало оли Иброҳима. Ва борик ало Муҳаммадин абдика ва расулика ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима”.
( Ривояти Имом Бухорӣ 4520. Нисоӣ 1293. Аҳмад 3/47)
Бо умеди салавот фиристодан ба хотамул анбиё Муҳаммад (с) ва дар дуоҳоятон моро фаромӯш накунед.
Бо эҳтирому самимияти хос,