Хондани Қуръони карим бидуни вузӯ ҷоиз аст?

Ислоҳ нет

Хондани Қуръони карим бидуни вузӯ ҷоиз аст?

Ин саволро натанҳо онҳое, ки тоза аз дини ислом огоҳӣ пайдо мекунанд, мепурсанд,зеро то ба ҳол ягон китоберо надида буданд, ки барои хонданаш вузӯ кардану пок буданро ҳатмӣ мепиндоштанд. Инчунин онҳое, ки танҳо аз тафсири Қуръон дохил мешаванд барояшон фаҳми баъзе оёт мушкил мегардад.
Дар ин масъала назди ҷумҳури аҳли илм, хоссатан фуқаҳои мазоҳиби чоргона иҷозати хондани он бидуни вузӯ ҷойз нест ва қапидану хонданшро ҳангоми ҳадаси асғар (бе вузӯ) ва ҳадаси акбар (ҷунуб,ҳоиз,нуфасо) ҳаром ҳукм кардаанд.

Далели мазоҳиби чоргонаи Аҳли Суннат ин аст.
77. Албатта, ин Қуръонест гиромиқадр
78. дар китобе макнун,
79. ки ҷузпокон даст бар он назананд.
80. Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
81 .Оё ин суханродурӯғ меҳисобед?
(Сураи Воқеъа, оятҳои 77,81)

Дадели дигари қавие, ки дар ин масъала истифода мекунанд аз суннат ин аст.
وأقوى دليل يستدل به القائلون بعدم جواز مس المصحف لغير المتوضئ والجنب والحائض هو حديث عمرو بن حزم : (( لا يمس القرآن إلا طاهر )) ، بل هو العمدة في هذا الباب .
Қавӣ тарин далеле, ки истидлол мекунанд барои онки иҷозат нест қапидани Қуръон барои шахси бе вузӯ, ҷунуб, зани ҳоиз он ҳадиси Амр ибни Ҳазм аст, ки Расули Акрам (с) фармудаанд:
“Намеқапад Қуръонро, магар шахси тоҳир”.

Ин ҳадис далили боризтарин дар ин масъала мебошад.Барои чӣ онро чунин мешуморанд. Зеро ояти Қуръонро тафсири гуногун мекунанд ва лафзӣ “Тоҳир” ё Покро чунин тафсир намудаанд.

Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) дар тафсири ин вожа чунин мегӯяд:Ин китобе, ки дар осмон аст, яъне ҳангоми нозил шуданаш дар лавҳул маҳфуз буданаш.“ҷуз покон даст бар он назананд.”Мурод аз покон малоик аст.

Ибни Ҷарир аз Қаттода чунин ривоят мекунад:“ҷуз покон даст бар он назананд” Даст намезананд ба Қуръон назди Аллоҳ ҷуз покон зеро дар дунё Қуръонро метавонад қаппад маҷусиёни нопок,мунофиқони палид. Пас мурод болост на замин.

Ибни Зайд мегӯяд: “ҷуз покон даст бар он назананд” манзур аз ин оят он аст,ки Қурайш иддао карданд, ки Қуръонро шайтонҳо нозил ё фурӯд меоранд ба замин.Ин чунин ин ояти 210 сураи Шуъароро ҳамчун далел ба ин оят зикр кардааст, ки чунин аст:“Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд.” Аз ин хотир Аллоҳ дар идомаи ин сура мефармояд:“Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд.(яъне шайтонҳо имкони қапидани ин китоб ва фуруд омаданашон ба замин вуҷуд надорад) Ҳаройна, шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд”(Шуъаро оятҳои 211,212) Манзур покон дар осмон аст на замин

Ибни Касир (раҳ) мегӯяд: Ин қавли охир қавли зебост, инчунин аз қавлҳои боло ҳам хориҷ намешавад, балки тайидкунандаи онҳост.(Тафсири Ибни Касир (раҳ) сураи Воқеъа)

Далели дигаре, ки дар тайиди ду имом аз аймаи чоргона ҳаст ин ҳадис аст.

Абдуллоҳ Ибни Умар (раз) аз Расули Акрам (с) ривоят мекунад: Сафар накунед бо Қуръон ба сарзамини душман барои онки мабодо душман онро нагирад”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Муслим). Бояд зикр кунам далели Аҳноф ва Молик ҳамин аст албатта бо ҳадисе дар боло зикр гардид барои ҷоиз набудани қапидани Қуръон бе вузӯ.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) мегӯяд нисбати ҳадиси
(( لا يمس القرآن إلا طاهر ))
“Намеқапад Қуръонро, магар шахси тоҳир”.

Ин ҳадисро инчунин ғайр аз Амр ибни Ҳазм Салмони Форсӣ ва Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳум аҷмаъин ) ва дигарон ҳам ривоят кардаанд. Пас бар пок будани шахсе Қуръонро ламс мекунад ва ё меқапад аз ҳадаси акбар ва асғар пок бояд бошад, яъне бе вузӯ набошад ва ҷунубу ҳоизу нуфасо ҳам набошад.
Назар ба ин буд,ки гуфтам дар тафсири ин ояте, ки ҳуҷҷат ва далели айммаи чоргона ва баъзе аҳли илм аст лафзи “Покон” мурод осмон аст на замин.Хуб ин назари мазоҳиби чоргонаро баён кардам ва акнун меравем ба суроғи қавлҳои дигар дар ин масъала.
قال النووي ( أجمع المسلمون على جواز قراءة القرآن للمحدث، والأفضل أن يتطهر لها)

Имом Нававӣ (раҳ) дар ин маврид мефармояд:Иҷмоъ намудаанд уламои ислом бар инки хондани Қуръон барои шахсони ҳадаси асғар яъне бидуни вузуанд ҷоиз аст. Вале афзал ва беҳтар он аст, ки вузӯ дошта бошанд.

Танҳо ин қавли Имом Нававиро пайдо кардам,ки барои ҳадаси асғар иҷозат медиҳад вале афзал бо таҳорат хонданроҳам таъкид намуда аст.

Аммо қавли Алӣ ибни Абутолиб,Саъд ибни Абулваққос, ва Ибни Умар (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) чунин аст. Шахсе Қуръонро меқаппад мебардорад, мехонад,ҳифз мекунад таълим мегирад таълим медиҳад вузӯ дошта бошад.

Ибни Тайимия мегӯяд: “Агар барои шахсе Қуръонро кушоянд ва болои лавҳ гузоранд ва танҳо аз рӯйи он хонад ва нақапад Қуръонро ҷоиз аст агарчи бе вузӯ ҳам бошад”

Қавлҳои уламое, ки иҷозат додаанд хондани Қуръонро бидуни вузӯ.

Муҳаммад ибни Сирин (муъаббири хоби маъруф)

1.) Ибни Аби Шайба дар Муснафаш ривояти таҳти № 7426 мегӯяд: Ривоят кард Абуусома аз Ҳишом аз Муҳаммад(ибни Сирин) инки: Намебинад ҳеҷ мушкилеро инки шахс бигирад
Қуръонро дар дасташ ва дар ҳоле ӯ вузӯ надошта бошад.”(гуфтааст асноди ҳадис саҳеҳ аст)

Ҳасани Басрӣ (раҳ) тобеъи машҳур.

2.) Ибни Аби Шайба дар Муснафаш ривояти таҳти №7429 мегӯяд: Ривоят кард Муҳаммад ибни Аби Адӣ аз Ашъас аз Ҳасани Басрӣ (раҳ) “Ҳеҷ мушкиле намебинад дар ин ки Қуръон бидуни вузӯ хонда шавад”(Исноди ҳадис ҳасан аст)

Ибни Ҳазм (раҳ) Имоми Зоҳирӣ.

3.) Ибни Ҳазм ва Асҳоби завоҳир дар хондани Қуръон бидуни вузӯ ҳеҷ боке намебинанд.(нигоҳ кунед китоби Ал муҳаллиро).
Аммо мумкин аст хонандае бигӯяд чаро вақте назари ҷумҳури фуқаҳоро овардед ва инчунин шахсонеки мухолифати қавли ҷумҳурро мекунанд низ овардед?

Мақсад он аст, ки хонанда донад, ки ашхосе ё уламое буданд, ки ин эътиқодро ҳам доштанд. Бояд хонанда ин ҳамаро донад, то касе гуфт ҷойз ҳаст бигӯяд ҷумҳури фуқаҳо бар тоҳир будани шахс ҳангоми қапидан ва хондани Қуръонро мегӯянд, аммо ин чанд нафар бар ин назаранд. Он ҳам назар бар он ояти қуръонӣ аст, ки дар боло хондед.Аслан ин баҳс аз чанд шахсе нав тоза ба хондани тафсир шуруъ намудаанд оғоз шудааст, зеро пас аз хондани оятҳои сураи Воқеъа хондани Қуръонро бидуни вузӯ ҷоиз шумурданд. Аз ин хотир ҳама ончи дар ин маврид омадааст овардам, то ҳеҷ даре боз намонад ва ҳамаро хонанду донанд.

Посӯхи уламо чунин аст: Ба Ибни Сирин чунин посух гуфтаанд: Агар аз бардоштани Қуръон,ки он дар чубе навишта шуда бошад ва ё пусте ва ё як саҳифаи он ва ё тафсир ва китобҳое, ки дар он баъзе оёт вуҷуд дорад боке нест. Аммо дар қапидану хондани Қуръон бидуни вузӯ ҳеҷ далеле надорад.
Нсбати Ҳасани Басрӣ (раҳ) мегӯянд: Оё ин ҳадисҳои фавқ ба ӯ расида буданд ва ё на ? Агар ин ҳадисҳоро медиданд ва ба ӯ мерасиданд ҳаргиз чунин намегуфтанд.

Аммо нисбати асҳоби Завоҳир чунин посух мегӯянд: Мақсад аз “Пок” чӣ гуна метавон фаҳму бардоште намуд?
Масалан: Ҳеҷ шахси оқиле намегӯяд оё покии қалби холи аз ширкро дар назар доред ва ё покии бадани аз наҷосатро? Ё покии ҳадаси акбар (ҷунубу нуфасо ва ҳоиз)ро ё ҳадаси асғар(бе вузӯ)ро

Балке ҳар шахси мусалмонро вақте поки ро пурсидед дар ҳол дар назар мегирад ё бе вузӯ буданро ва ё ҷунубу ҳоиз ва нуфасоро. Ин чиз ҳамеша дар зеҳни ҳар шахсест аз ӯ нисбати пок буданро мепурсед.

Пас набояд дигар дар ин масала баҳсҳое анҷом дод,ки манзур аз оят чизи дигар аст. Дар ҳоле ҳадиси саҳеҳ ва бо иҷмоъи саҳоба овардем,ки Қуръон бояд бо вузӯ хонда шавад.Бо вузӯ намегардад магар шахси муъмин. Вузӯ нӯр аст барои муъмин қуръон китоби Аллоҳ аст.Бо вузӯ Қуръонро хонеду аз он касби файз кунед.

Аммо нисбати хондани Қуръон бидуни вузӯ аз тариқи васоити техникӣ мисли телефонҳои мобилӣ,планшет ва кампютер иҷозат аст, зеро он ҳукми мусҳаф ё Қуръонро надорад.

Share This Article