Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Муъовия ибни Абусуфён (р)

Ислоҳ нет

Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Муъовия ибни Абусуфён (р)
(Шуҷоати Амир ва Ҳилми Подшоҳ)
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ро боғ ё замини зироаткорие дар Мадинаи мунаввара буд.Ин замини зироъати ё боғ бо замини Муъовия ибни Абусуфён (р) ҳамҷивор буд.Рӯзе кормандони замини зироъаткории Муъовия (р)ба замини Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) дохил мегарданд.Аз ин амали онҳо Абдуллоҳ хело ғазабнок мегардад дар ҳоле,ки миёни ин ду кина ё душмание низ вуҷуд дошт.Ба Муъовия номае менависад ба сӯйи Димишқ маркази давлат.
Матни нома чунин буд:
” Аз Абдуллоҳ ибни Зубайр ба (Муъовия писари Ҳинди ҷигархора) Аммо баъд..Кормандони ту дохили замини зироъатии ман гаштанд.Дар ҳол ба онҳо амр кун то аз замини ман берун шаванд. Дар ғайри ин сурат савганд ба Худое,ки нест маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ маро бо ту сахт кор хоҳад буд”
Вақтоки рисола ба дасти Муъовия (р) расид Ӯ дар ҷавоби рисолаи Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) чунин навишт:
” Аз Муъовия ибни Абусуфён ба Абдуллоҳ ибни Зубайр (писари Асмоа Зотаннатоқайн (Асмоа духтари Абубакри Сиддиқ (р) ) Аммо баъд .. Савганд ба Худо агар бошад дунё миёни ман ва шумо онро ба шумо месупоридам…
Агар мебуд замини зироъаткории ман аз Мадина то ба Димишқ онро бароят мебахшдам.
Агар ин номаи ман ба ту расид дар ҳол бигир замини зироъаткории манро ва ба замини худат ӯро изофа намо.Ин чунин ҳама кормандонамро ба кормандонат изофа намо…
Зеро масофаи Ҷаннати Худованд осмонҳо ва замин аст “
Ҳангоме,ки Ибни Зубайр хонд ин рисоларо гирист то инки ашкҳояш бар рухсораҳояш равон гашт.
Пас аз он ба сӯйи Муъовия сафар намӯд ва бусид сари Ӯро ва чунин гуфт:
” Ҳаргиз Худованд аз шумо дур накунад ҳилм ё фурутан буданро, ва поянда бигардонад дар миёни Қурайш ҷойгоҳатонро”.
Ин қисса намӯнае аз Ҳилми Муъовия (р) ва шуҷоъати Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ро ба зебо тарин шева таҷассум намӯдааст.

Share This Article