Ҳукми лаънат дар мазҳаби Аҳли Суннат ва Ҷамоъат

Ислоҳ нет

Ҳукми лаънат дар мазҳаби Аҳли Суннат ва Ҷамоъат

Абуҳурайра (р) аз Расули акрам (с) ривоят намудааст ки он ҳазрат чунин фармуданд:
«Нохушоянд аст, бандаи ростин ё ростманишро, ки лаънаткунанда бошад». (Ин ҳадис ба ривояти Муслим аст.)

Зайд, ибни Аслам аз Абдулмалик ибни Марвон шунидааст, ки гуфт:
«Фиристода шуда буд, модари Дардо (модари яке аз саҳобагони гиромиқадр, Абудардо ва яке аз муҳаддасони машҳури ислом) ба назди ман, то бирасонад он чи ки пешаш буд» (аз суханони ҳазрати Муҳаммад (с), пас аз он, ки буданд пеши мо чанде ва чун дар яке аз шабҳои ҳузури он модар, Абдулмалик ибни Марвон (халифаи Уммавӣ) ходимашро хост, вале ходим хоҳиши халифаро дарҳол ба ҷо наовард (ва халифа бошад), ўро лаънат кард. Вақте ки субҳ шуд, саҳобаи гиромиқадр, модари Дардо ба халифа хитоб карда гуфт:
«Шунидам, ки шаб ходиматро лаънат кардӣ?», идома дод Умми Дардо, ки (писараш) мегуфт:
«Шунидам аз расули акрам(с), ки чунин фармуданд: Ҳаргиз лаънаткунандагон намебошанд шафоъатшаванда ва на шоҳид дар рўзи қиёмат» (Ин ҳадис ба ривояти Муслим аст).

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт:
Гуфтанд: «Саҳобагон! Эй паёмбар (с) дуъое бикун кофиронро».
Он ҳазрат гуфтанд:
«Ман фиристода нашудаам лаънаткунанда, балки фиристода шудаам раҳмат (бар уммат)». (Ин ҳадис ба ривояти Муслим аст).
Аз Собит бинни Заҳҳок ривоят аст, ки ҳазрати паёмбар (с) фармуданд:
«Лаънат бар мўъмин мисли куштани он аст».
Ин ҳадис ривоят аз Шайхайн (Имом Бухорӣ ва Муслим).

Ибни Масъуд (р) мефармояд, ки расули акрам(с) фармуданд:
«Мусалмон таънакунанда ва лаънаткунанда намебошад ва намебошад фаҳшгўянда ва на гўяндаи суханони беҳуда».
Ин ҳадисро Бухорӣ Аҳмад ва дигарон ривоят кардаанд.

Ҳазрати Самура ибни Ҷундуб аз Ҳазрати Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки фармуданд:
«Ҳаргиз накунед лаънат касеро, ба лаънати Худо ва на ба ғазабаш ва на ба оташ ».
(Ин ҳадис ривоят аст аз Аҳмад ва Абудовуди Тирмизӣ ва Ҳоким.)

Ба таҳқиқ дар Қуръон ва дар аҳодиси набавӣ дар хусуси ҳаром будани дашном, фаҳш ва суханони беҳуда далелҳо зиёданд ва аз ҷумла дар мавриди лаънат ва фарқияти он байни кофирон ва мусалмонон низ бо далелҳои қотеъ аз шаръ ва суханони уламои дин вуҷуд дорад.
СУХАНИ ХУДО:
«Ҳар оина онон, ки кофир шудаанд ва мурдаанд дар ҳоли кофир будан, он гурўҳ бар эшон аст, лаънати Худо ва фариштагон ва мардумон ҳама якҷо».
(Сураи Бақара, ояти 161).
Дар тафсири ин ояи карима ибни Касир (р) мефармояд(1/190-191):
Фасл:
«Албатта нест хилоф, дар ҷоиз будани лаънати куффор (кофирон), ба таҳқиқ буданд, ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ва ё пас аз он ҳазрат уламо, саҳобагон ва ё пешвоёни дин, ки лаънат мекарданд кофиронро дар дуъоҳои қунуташон ва ё хутбаҳояшон ва ё дар дигар маросимҳояшон. Вале дар хусуси кофирони муайян (оддӣ ё кофироне, ки куфр ба онон аз падарҳояшон мондааст вале худ чизе намедонанд), як тоифа аз уламои дин ба ин назаранд, ки лаънат кардани онон низ ҷоиз нест, зеро мо намедонем, ки оқибаташон чӣ мешавад (яъне,, имкони мусалмон шуданашон дар оянда вуҷуд дорад)».
Ва тоифаи дигаре аз уламо гуфтаанд:
«Ҷоиз аст лаънат кардани ашхоси зубда ва барҷастаи кофирон (зеро куфр ва зиддияташон ба дин) муайян аст, ба мисли Абуҷаҳл, Абдуллоҳ ибни Убай (раиси мунофиқони Мадина) Чингиз ва ононе,ки куфраон ошкор буд ва то марг бар зидди ислом мубориза карданд то ибрате барои ояндагон бошанд».
Имом Қуртубӣ (р) дар тафсири ҳамон ояи боло мефармояд(2/127-128):
«Дар лаънати кофирон ҳеҷ хилофе дар умум ғайри муайян вуҷуд надорад. Аз онон, ки Молик аз Довуд бини Ҳусайн ривоят мекунад ва ў аз Аъраҷ шунидааст, ки мегуфт:
«Ман медидам мардумонро, ки лаънат мекарданд кофиронро дар рамазон».
Уламои мо гуфтаанд:
«Баробар аст, ки бошанд онҳо аҳли зимма ё на. Албатта ин воҷиб нест, вале ў (яъне, лаънат) мубоҳ аст, ки бигӯй аз барои шахсе, ки анҷом диҳад коре бар зидди ҳақ ва ё изҳор кунад душманиашрро бар зидди дин ва ё аҳли он (диндорон ё олимони он). Ва инчунин ҳар шахсе, ки ошкорро анҷом диҳад, гуноҳонро ба мисли хўрдани шароб ва хўрдани суд. Заноне, ки монанд кунанд худро ба мардон ва мардоне, ки монанд кунанд худро ба занон ва дигар гуноҳони кабира, ки ворид шудаанд дар ҳадисҳои лаънат. Албатта нест лаънати кофир сарзаниш, аз сабаби кофир буданаш, балки он ҷазои изҳор намудани куфраш аст, магар ки, сазовори лаънат нест кофири мурда ё девона».
Бархе аз олимон дар ин хусус ба ин назаранд:
«Ҳеҷ суде надорад лаънат кардани кофире, ки ў девона аст ё мурда бошад, на ба тариқи ҷазо ва на ба тариқи сарзаниш, зеро ба он ҳеҷ таъсире надорад».
Ба дурустӣ, ки шахсе ба сарзаниш аз лаънат ва гуфтани он одат пайдо кунад, ў сазовори ин сифоти хуб намегардад, зеро лаънат дуъоест, ки хоста мешавад ба гуфтани он шахси муқобилро дурӣ аз раҳмати Худо ва албатта истифода бурдани ин калима дар шаъни як мусалмон намезебад ва истифодаи он аз ахлоқи мусалмон нест. Он тоифае, ки васф кардааст Худованд эшонро дар байни худ ба раҳмату меҳрабонӣ ва дастгирӣ кардани якдигарро ба корҳои некў ва растагорӣ (ва хуб мешуд, барои бародари мусалмонамон, ки агар муртакиби ҳар гуноҳе шавад, ки ба мо хуш наояд, барои он аз Худованд талаби ҳидояташро кунем ва бо ў худро тавре вонамуд кунем, ки аз он кирдори бади худ тавба кунад ва аз он гуноҳ даст кашад), ки дар ҳоле ки гардонидааст Худованд эшонро, мисли як бунёди устувор, ки мустаҳкам мегардонад, яке дигареро ва ё мисли як ҷасад. Бе шак мўъмин дўст медорад, барои бародараш он чиро, ки дўст медорад барои худаш. Пас чӣ гуна аст, шахсе, ки бихоҳад барои бародари мусалмонаш лаънатро ва дар ҳоле ки ин калима хостори дурӣ аз раҳмати Худованд аст ва ў дар марҳалаи охирини қатъ кардани утуфат ва рўйгардонист ва ин (лаънат) он марҳалаи охиринест, ки мерасонад мусалмонро ба кофир шудан ё ба худ мехонандаш.
Ва инчунин аст дар ҳадиси саҳиҳе омадааст:
«Лаънат кардани мусалмон, мисли куштани мусалмон аст».
Таъбири ин ҳадис чунин аст, ки кушанда маҳрум месозад кушташударо аз неъматҳои ин дунё вале лаънат маҳрум месозад мусалмонро аз неъматҳои охират ва раҳмати Худо.
Мегуянд:
«Лаънати мўъмин, мисли куштанаш аст дар гуноҳ, вале ин дар асл аз он ҳам бадтар аст, ки ифодагари абадият ва азалият аст».
Иншаоллоҳ кушиш менамоям бархе аз ононе,ки Расули акрам (с) онҳоро лаънат намудааст бароятон пешкаш намоям Дар охир, аз Худованди мутаъол таманнои онро дорам,ки моро на аҳли лаънат шудагон ва на аз аҳли лаънат кунандагон гардонад ва аз ин калима моро дӯр нигоҳ дорад.
ОМИН.

Share This Article