Ту таҳти назари Моӣ!

Ислоҳ нет

Ту таҳти назари Моӣ!
Имом Ғазолӣ (раҳ) мегуяд: Ҳангомеки Аллоҳ дарвозаҳои (хуши ва неку аҳволиро) дар дунё бар ту мебандад.Сахти ва балоҳоро бар ту зиёд менамояд.
Пас бидон ту азизу гиромӣ ҳасти дар наздаш.Туро назди Ӯ ҷойгоҳи хоссе аст.
Ӯ таъоло туро бо роҳу равиши авлиё ва дустонаш бурда истодааст.Ба дурустики Ӯ туро мебинад!
Оё нашунидаи сухани Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро,ки мегуяд:
وَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعْيُنِنَا ۖ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ
“Дар баробари фармони Парвардигорат бо сабар бош,ки ту таҳти назари Моӣ! Ва ҳангомеки бархостӣ,ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гуй”
(Сураи Тур,ояти 48
Имом Шофеъӣ (раҳ) мегуяд: Ҳангомеки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло туро дар мусибату мушкилоте гирифтор намуд.Пас бидон ва огоҳ бош,ки Аллоҳ мехоҳад масъулияти комили туро бигирад.Кифоят кунандааст барои инсони оқил инки вакилаш Аллоҳ бошад.Чиқадар маро хушҳол менамояд ин сухани Аллоҳ ҳангомеки гуфтааст: “Ту таҳти назари Моӣ!” Агар ин калимаро шахсе аз наздикони мо гуяд ту зери назари мани чи қадар хушҳолу осуда мегарди.Чӣ фикр дорӣ ҳангомеки ин суханро Аллоҳ гуфтааст.
Муфассирин дар тафсири ин мақтаъи оят мегуянд: Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ба Набии акрам (с) мегуяд: Эй Муҳаммад(с) “Дар баробари фармони Парвардигорат бо сабар бош” Анҷом бидеҳ ончи бар ту фармудаем аз фармонҳо ва ончи туро аз он боз доштаем. “Ту таҳти назари Моӣ!” Ту зери назари мо қарор дорӣ,ончӣ анҷом медиҳи мо онро мебинему наззора менамоем.Туро мо муҳофизат менамоем,ҳаргиз ҳеҷ мушрике,бадхоҳе аз мушрикин ва онеки мехоҳад ба ту озоре бирасонад наметавонад ба ту наздик шавад.
Пас хонандаи азизу гиромӣ мо уммати ҳамон Муҳаммад (с) ҳастему бояд бо наҳҷу роҳу равиши Ӯ (с) равон бошем. Ҳаргиз дар татбиқи ончӣ Аллоҳ барои мо фармон додааст кутоҳи накунем.Аз ончи моро манъ намудааст,ба он наздик нашавему худро гунаҳкор нагардонем.Агар ончӣ бароямон хуб аст анҷомаш бидиҳему,ончӣ бароямон бад аст аз он дури кунем. Ҳатман хушбахтии дунё ва охиратро сазовор хоҳем гашт.

Share This Article