Чаро М.Искандаров, З. Сайид, Б.Ёров, М.Ҳайитов ва ҳатто писару домоди Сангак Сафаров афв нашуданд?
Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсатмадоре,ки ҳоло наздик ба 20 сол мешавад, барои раҳоияш лаҳзашуморӣ мекунад, шомили афви бахшида ба сӣ солагии истиқлол нашудааст.
5 ё 6 афв аз номи давлати Тоҷикистон аст, ки ӯро ноумед мекунад. Бори ахир дар соли 2011аз 23 соли ҳукми ӯ афви президентӣ 2 сол кам карду бас.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Борис Елтсин баъди ГКЧП тамоми душманонаш, ки мехостанд ӯро аз сари қудрат дуру зиндонияш кунанд, дар тули 1,5 сол бахшид ва ҷавобашон дод.
“Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба Истиқлоли кишвараш кулли муҷоҳиддинро, ки Шуравӣ онҳоро босмачияшон мегуфт, мавриди афви торихӣ қарор дод. Аз ҷумла Иброҳимбекро сафед ва афзун бар ин Қаҳрамони миллат эълон кард.”
Ӯ гуфт, онҳо барои истиқлол ва ватани худ ҷангиданд, гапу ҳарфҳоеро, ки солҳост, рӯшанфикрони асили миллат дар Тоҷикистон мегӯянду менависанд. Аммо гӯши шунавое дар ҳукумати вақт нест!
Огоҳони ҳол дар Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмонов ин гуна ҳиммату ҷавонмардиро мунтазир нестанд, аммо мардум, хоса хешовандони зиндониён ва гоҳе худи зиндониҳо умед мекунанд…
“Аммо ҳайҳот. Ҳеҷ яке аз зиндониҳои сиёсӣ, ҳеҷ яке аз шахсиятҳои муътабар ва номдори кишвар, ки бо иттиҳому томот маҳбус шудаанд, раҳо намешаванд.
Ҳатто муйсафедону аз 70 сола боло ҳам!
Умеду орзуҳои садҳо ҳамсару духтару писару набера шикастанду зери пои беҳиммате рехтанд…
Гиряву нола аз садҳо хонаводаи тоҷик берун нашуд….”
Ин ҳам дар ҳоле аст, ки то соати қабули Қонуни афв косалесони хони Раҳмонов воҳима мекарданд, ки ҷанобашон бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, ки як рухдоди муҳимми таърихӣ аст, 30.000-ро мавриди “афви тиллоӣ” қарор хоҳад дод.
Аммо маълум шуд, ки чизе зиёдтар аз нисфи ин рақам озод мешудаанду асосан аз шумуори онҳое, ки дар ҳар афви дигар ҳам шомил мешуданд. Ва, умдатан афроде, ки аллакай муҳлати ҷазои худро дар зиндонҳо гузаронида ба муасссисаҳои ислоҳии сукунатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Қиссаи “афви тиллоӣ” афсона шуд.
Қонуни афви Тоҷикистон солҳост, ки тавре таҳия ва қабул мешавад, ки нисбати ҳеҷ як нафари ба истилоҳ зиндонии сиёсӣ татбиқ нагардад.
Ин тарзи қабули қонун на ин ки қонунро ба унвони як санади ҳуқуқӣ беобрӯ карда ва ба як коғази камаҳмият табдил медиҳад, балки инро ҳам рушан мекунад, Раҳмонов ва дору дастааш ҳамоно аз афроде назири Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Сайид ва дигарон сахт ҳарос доранд.
“Маълум аст, ки ин нафарон муртакиби кадом ҷурму ҷинояте нашудаанд. Гуноҳи онҳо ин аст ки зидди мансабпарастиву қудратхоҳии якумрии Раҳмонов қад алам кардаанд ё гуфтаанд,ки вориди сиёсат мешаванд.”
Искандаров 50 сол дошт, ки ба зиндон кашонида шуд. Инҷо моҷарои овардани ӯ, қиссаи ошкоршудани рабуданаш аз Маскав ва ҳукми Додгоҳи Страсбургро намегӯем. Вале ёдовар мешавем, ки чиро Раҳмонов ӯро зиндонӣ кард ва бо зиндонӣ кардани ӯ чи тавр аз як рақиби билқувва халос хӯрд?
Искандаров ва ҳизби демократи ӯ соли 2003 баргузории референдум барои Қонуни асосиро бойкот эълон кард.
Худи ҳамон сол ва соли баъдиаш мубтакири ташкили Эътилофи сиёсии нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон шуд.
“ҲХДТ-и Эмомалӣ Раҳмонов тани танҳо ва яккамахав шуд. Зерои зери сақфи ин Эътилоф ҳама аҳзоб: коммунистҳо, наҳзатиҳо, демократҳо, сосиалистҳо ва сот сиал-демократҳо шомил шуданд. Ин амал як мушти сахт ва даъвои сатҳи миллӣ буд.”
Вай барои ҳабсу зиндонии Искандаров, дигар диранг накард. Ҳатто имкон надод, ки ба интихоботи парлумонӣ бирасад, чи расад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки Искандаров эълон дошт, номзади ин интихобот мешавад. Ӯро бо иттиҳоми бофта зиндонӣ карданду чанде аз дигар сиёсиёнро тарсонид ва чандеро ҳам моили худ кард.
Дар интихоботи соли 2006 ӯ дигар рақиб надошт. Рақибони эҳтимолӣ аз ҳамсафони худаш аз тарс қавлу қасами садоқат мехӯрданду обрӯяшон дар ҷомеа ба сифр баробар шудан мегирифт.
Интихоботи соли 2013 шуруъ нашуда, ки Зайд Саийд
бо ҳизби «Тоҷикистони нав» рӯи саҳнаи сиёсат омад, моҳе чанд баъд зиндонӣ шуд.
Раҳмонов новобаста аз он ки ин ҳама қудрати сиёсиву ваколатҳои беҳадду марзро дар даст дошт, боз ҳам аз одитарин даъво ва даъвогари курсии раёсати ҷумҳурӣ мисли барги бед ларзид. Зеро хуб медонист, ки то ин дам фақат бо тақаллуб ва фиреб курсии қудратро дар даст доштааст.
Ин аст, ки ӯ ҳич бор дар Тоҷикистон интихоботи озод баргузор накардааст ва ба мардум ҳаққи интихоб кардани роҳбари давлаташонро қоил нест.
Аз ҳамон интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 то соли 2020 тамоми маъракаҳо саҳнасозӣ ба хотири як артист будаанд. Мардуми Тоҷикистон Раҳмоновро ягон бор интихоб накардаанд. Ин факти торихӣ аст, ки солҳо баъд низ собит хоҳад шуд.
Ин ҳама аз он далолат мекунад, ки ӯ аз ҳар нафари мустақил ва даъвои сиёсӣ дошта метарсаду ба мардуми Тоҷикистон бовар надорад! Ҳамин аст, ки мехоҳад бераҳмияшро дар баробари ҳар рақиби асливу тахминӣ мардум бидонанд!
“Сабаби асосии Қонуни афвро маҳдуд ва танг қабул кардан низ ҳамин аст. Танҳо ва танҳо барои ҳамин ӯ намегузорад, ки афродеро назири Искандаров, З.Сайид , Б.Ёров ва аъзои раёсати ҲНИТ озод кунанд.”
Мехоҳад, ки ҳама битарсанд ва дар интихобот ширкат накунанд. Ӯ медонад, ки дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ ба ӯву писараш мардум овоз намедиҳанд. Зеро аз ӯву Оилааш хаста шудаанд. Асоси стротежии ӯ тарс додани мардуми тоҷик аст. Вагарна медонад, ки он чанд зиндонии сиёсӣ, ки аслан муйсафедонанд, хатаре барои ӯ надоранд.
“Худ қазоват кунед, ки шояд бори чандум бошад, ки Созмони милали муттаҳид аз Раҳмонов даъват мекунад, ки зиндониҳои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро раҳо созад чун онҳо бегуноҳ зиндон шудаанд, аммо Раҳмонов ин талабро нодида мегирад.”
Раҳмонов ин шабурӯзҳо худро ҳомии тоҷикони Афғонистон ҷилва дода аз созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар талаб дорад, ки мутаваҷҷеҳи ҳоли онҳо бошанд. Аммо чаро ба ин талаби СММ беэътиноӣ мекунад?!
Инҷо ҷоиз донистем талаби СММ-ро айнан биёварем:
«Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) ба хулосае расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) уҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст. Бино ба хулосаи СММ, «хеле рӯшан аст, ки… заминаи боздошт ва баъдан зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар асл истифода бурдани онҳо аз ҳаққашон ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст».
Гуруҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамаи 11 узви ҲНИТ-ро озод кунад. Бо петитсия ба гуруҳи кории СММ аз номи 11 раҳбари дар тирамоҳи соли 2015 боздоштшуда ва сипас ба солҳои тӯлонии зиндон (аз ҷумла ба ҳабси умрбод) маҳкумшудаи ҲНИТ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Freedom Now ва ҳуқуқдонҳои ширкати байналмилалии ҳуқуқии “Hogan Lovells” муроҷиат карда буданд. Петитсия ба Созмони милал аз номи аъзои зерини ҲНИТ ироа шуда буд: Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматулло Раҷаб, Зубайдулло Розиқ, Воҳидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдулқаҳҳор Давлатов, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Саъдиддин Рустамов, Шариф Набиев ва Абдусамат Ғайратов».
Талаби рушан! Иҷрошуданӣ! Ва ба фоидаи имиҷи ӯ. Вале онро нодида мегирад.
Чаро?
Зеро метарсад? Не-не!
Дигаронро, мардумро, халқашро МЕ-ТАР-СO-НАД!
Ҳоло дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон одамони бегуноҳи зиёдеро бо иттиҳоми «ихвонӣ», «салафӣ», ”таблиғӣ» ва амсоли ин бандӣ кардаанд. Аммо ҳатто як нафарро барои он ки ба “Шоҳидони Яҳво” байъат кард, дини «баҳоӣ» қабул кард ва ё ба мисли ин зиндонӣ накардаанд. Чаро?
Чунки Раҳмонов танҳо аз Ислому мусалмонон сахт бим дорад ва тамоми ин ҳама солҳо, ки сари қудрат ҳаст, маҳз зидди ислом муборизаи бе амон кардаааст ва аз қудрати давлат барои саркӯбии диндорон сӯиистифода кардааст. Зеро медонад, ки Ислом ин мардумро ба ҳам меорад. Ба ҳам омадани мардум ба фоидаи ӯ нест. Ин аст, ки тухми нифоқ мекорад, ҳол он ки бояд ғамхори кулли миллат бошад. Бо ин қадар давлату сарват аз худ ҷавонмардиву ҳиммат нишон диҳад, вале намекунад. Ҳатто дар баробари писари Сангак Сафарови кушташуда, ки сабаби сари қудрат омадани як директори совхоз шуд. Директоре, ки ҳамагӣ 1 солу даҳ моҳ роҳбари хоҷагӣ кор кардаасту 10 рӯз раиси Кулоб будааст.
На рӯи хотири апаи Давлатмоҳро медонаду на хизматҳои падари Гулҷаҳону Наргисро қадр мекунад.
Барои иҷрои ин кор, барои қабули афве, ки ҳамаро ба ҷуз таҷовузгарону қотилони ашаддӣ фаро гирад, тарбиятдидаву таҳсилкарда ва огоҳ аз одоби ҷавонмардӣ ва хулқи айёрон бояд буд. Шахсе бояд буд, ки ба худаш, мақому мардумаш бовар ва имон дошта бошад. Бачаи кампири Марямбӣ дар ҳафтод рафта, имрӯз ё пагоҳ худ соҳиби абераву чабера мешавад, вале ин ҳамаро надорад!
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки 18 сол боз дар кунҷи зиндон аст. Як марди 50-сола буд, ки инак ба ба хонаи 70 медарояд. Вале боз ҳам ноумед аст. Хонаводааш парешону модараш дар ҳасрати писар даргузашт.
Ҳамин аҳволро хонаводаи Зайд Сайди хушному хуштарбия низ доранд. Ҳатто хонаҳои бастагонаш дар деҳот бо шумули хонаи падарашро мусодира доранд.
Аҳволи наздикону бастагони аъзои Раёсати Олии ҲНИТ низ ҳамчунон аст.Зубайдулло Розиқи 80 соларо зиндонӣ кард, дилаш хунук нашуд,омаду писари ҷавонашро ҳам бурду шинонд.
Эшони Қиёмиддинро дар зиндон куштанд. Ду писарашро ба солҳои тулонӣ зиндонӣ карданд ва ҳоло саввумашро ҳам дастгир кардаанд.
Мардум! Мутмаин бошед, ки Раҳмонов на дар фикри тоҷикони Афғонистон аст ва на тоҷикони Тоҷикистон.
Вай танҳо дар фикри он аст ки чи гуна Рустамро дар ҷойи худ овараду сарвату ҷоҳу ҷалолашонро ҳифз кунанд. Бо тарс додани мардум ва истифода аз имконоти давлат. Давлати ҳамаи мову шумо!
Ҳамин аст, ки “афви тиллоӣ”-и рекломкардаашон ҳатто миссиву алюминӣ набудааст, ки балки куҳнаи зангзада. Мисли ҳамон афвҳои қаблияш, ки барои пулкоркунианд.
Ps: Миллат ва хонаводаҳои зиндониёни бе гуноҳи дар зиндон буда ҳаргиз ин зулми ӯро фаромӯш нхоҳанд кард. Бори дигар такрор мекунам,ки Раҳмонов гуфта буд: “ як афве мекунем ки таьрихи истиклолиятда нашуда буд.”
Аммо ҳозир бошад лоихаш бромад ва порлумон онро тасдиқ намуд вале аз ин афви Рҳмонов,то ин дафъа бадтаринаш нашуда буд. Тибқи иттилооте ба “Ислоҳ” расида аз манбаъи муътамад ҳоло хам пас аз қабули ин лоиҳа ва тақдим ба “Пешво” ӯ имзо накардаст. Гуфта будааст: “ мухолифони сиёсати маара ҳоло ҷошон созаи монен бошанд дар зиндон пас аз ШОС як фикр мекунем ва имзош мекунам”
Бо тамоми сароҳат ва ҳисси инсоният ва шаҳрвандиям ба Раҳмонов инро мегуям: “Раҳмонов пас аз хондани ин матлаб имшаб якбор барои панҷ дақиқа фикр кун. Худат ва ё Рустам, Озода ва ё набераю духтаронат дар зиндон қарор медоштед ва боз пас аз 6 , 10 ва ё 18 сол будан дар он, чӣ орзӯ мекардед?. Ана ҳамон орзуе мекардед дар зиндон онро барои ин зиндониёни бе гуноҳ амалӣ намоед. Дунё ва ҳоли ин дунё тез тағйир хуранда аст ва ҳар коре карди ҷавобашро дар дунё пеш аз марг хоҳи дид!”
Дар охир ин шеъри Хоҷа Ҳофизи Шерозиро тақдим ба зиндониёни бегуноҳ ва хонаводаҳои онҳо менамоям. Ҳаргиз маъюс ва дилтанг набошед, Ин шо Аллоҳ Ҳар шом ки ояд зи паси ӯ саҳаре ҳаст.
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Қанъон, ғам махӯр.
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.
Ай дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун
В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр.
Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман
Чатри гул бар сар кашӣ, ай мурғи хушхон, ғам махӯр.
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доимо яксон набошад ҳоли даврон, ғам махӯр.
Ҳон машав навмед, чун воқиф найӣ аз сирри ғайб
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон , ғам махӯр.
Ай дил, ар сейли фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон зи тӯфон, ғам махӯр.
Дар биёбон гар ба шавқи Қаъба ҳоҷӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махӯр.
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.
Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,
Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр.
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуъову дарс Қуръон, ғам махӯр.