Агар хоҳед дар хонаҳоятон малойк ҷой шайтонҳоро бигирад
أن أبا هريرة كان يقول إن البيت ليتسع على أهله وتحضره الملائكة وتهجره الشياطين ويكثر خيره أن يقرأ فيه القرآن وإن البيت ليضيق على أهله وتهجره الملائكة وتحضره الشياطين ويقل خيره أن لا يقرأ فيه القرآن
Аз Абуҳурайра (раз) ривоят аст,ки фармуданд: Хона фарох мегардад бар бошандагонаш,малойк дар он хона ҳозир мегарданд,шайтонҳо аз он хонадон дур мешаванд.Хайру (баракат) дар он хона афзӯн мегардад агар дар он хона тиловати Қуръон сурат бигирад.Ба дурусти,ки хона танг мегардад бар бошандагонаш,малойк мегурезанд ,шайтонҳо вориди он хона мегарданд,хайру баракат дар он хонадон кам мегардад агар тиловати Қуръон дар он набошад”(ҳадиси саҳеҳ дар сунани Доримӣ 3352)
عن رسول الله صلى الله عليه وسلم أنه قال ( من قال حين يصبح أعوذ بالله السميع العليم من الشيطان الرجيم و ثلاث آيات من آخر سورة الحشر وكَّل الله به سبعين ألف ملك يصلون عليه حتى يمسي و إن قالها مساءً فمثل ذلك حتى يصبح ) رواه الدارمي بسند حسن و اخرجه احمد والتر مذي
Аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст,ки фармуданд: Шахсе дар субҳгоҳон бигӯяд: Аъузу биллоҳи самиъун алим минаш-шайтонир-раҷим ва се ояти охири сураи Ҳашрро.Аллоҳ вазифадор менамояд ҳафтод ҳазор малойкро,то бегоҳ барояш дуруд фиристанд.Агар инро шаб бигӯяд чунин ҳолате барояш мебошад то субҳгоҳон” (Ривояти Доримӣ ба санади ҳасан ва инчунин ин ҳадисро Имом Аҳмад ва Тирмизӣ (раҳ) ҳам ривоят намудаанд)
Аз Имом Молик (раҳ) пурсиданд шахсе дар намоз Қуръон мехонад.Дар ҳолеки тиловаташро касе намешунавад,ҳатто худашҳам ончӣ мехонад намешунавад,ҳангоми тиловати Қуръон забонашро намеҷунбонад.
Имом Молик (раҳ) гуфтанд: Онро тиловат намегӯянд,тиловати Қуръон он бошад,ки лабони шахс ҳангоми тиловат биҷунбанд.(Ибни Рушд)