Ширкат дар сохтмони калисо оё барои мусалмон ҷоиз аст ?

Ислоҳ нет

Ширкат дар сохтмони калисо оё барои мусалмон ҷоиз аст ?

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Устод Муҳаммадиқболи Садриддин мо як гурӯҳ тоҷикон феълан дар Русия ҳастем ки ба кори сохтмон машғулем. Дар ҳоли ҳозир як ширкати русӣ аз мо талаб дорад, ки 3 калисоро бисозем ва дар сохтмони ин калисо барои мо фоидаи хубе мемонад. Биноан аз Шумо Устоди гиромӣ пурсиданием: Барои мо иҷозат аст дар ин калисоҳо ба кор машғул шавем. Ҳукми исломро барои мо баён менамудед, зеро чанд нафарро пурсидем посухҳои мухталиф додаанд ва посухҳояшон моро қаноатманд накард мунтазири посухи ин савол ҳастем. хоҳиш дорем тезтар ба мо посух мегуфтед.

Савол диҳандагон як гурӯҳ муҳоҷирони корӣ аз Расия.

Ваалайкум асаллом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аввалан аз Худованди карим талаби саломатии шумо азизони дур аз ватан ё муҳоҷиронро дорам. Худованд шуморо сиҳату солим ба ватан бар гардонад.

Нисбати ин саволи шумо посухи шаръ чунин аст.

Бояд донист, ки яке аз муҳимтарин қоида дар шариъати ислом ин аст, ки ҳар коре, ки мекунед иртибот ба тарвиҷ ё кӯмак ба ақида ва дини мухолиф ба дини ислом набояд бошад. Мисли кор кардан дар калисо ё ибодатгоҳҳои динии ғаири исломӣ ё макотибе, ки дар он дарси динии ғайри исломӣ медиҳанд. Мисли манастирҳо ё ба ин монанд ҳамчун корманд кӯмаккунанда дар онҳо ё тармимкунанда ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кор кард. Илова бар он барои матбаъаҳо ё типаграфяҳои мусалмон набояд китобҳои таблиғи динии онҳоро чоп кунед, инчунин ҷоиз нест барои шахси мусалмон китобҳои динии онҳоро фурӯшад ва умуман ҳар коре, ки дар дини мухолиф ё ғайри ислом барои таблиғи дини дигар аз ислом бошад набояд он корҳоро анҷом дод.

Далел Қуръони карим: Худованд дар ин маврид дар сураи муборакаи Моида, дар ояти 2 чунин мефармояд:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

Тарҷума:” Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад.”

Нисбати ҳаром будани амал намудан дар чунин маконҳо ин қавли аксари фуқаҳои мазҳаби Моликӣ, Ҳанбалӣ, аксари мазҳаби Шофеъӣ аст. Ҳамзамон дар ин масъала чун мо дар мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) ҳастем метавон қавли шогирдони Имом Абуҳанифа (раҳ), Имом Абуюсуф ва Имом Муҳаммадро, ки чунин гуфтаанд, изофа намуд:

وهو قول صاحبي أبي حنيفة: أبو يوسف ومحمد؛ فقد نصوا على تحريم بناء معابد غير المسلمين والعمل على تشييدها وإقامتها وترميمها

Ҳаром аст бино намудан ё сохтани ибодатгоҳҳои ғайри муслимин (насоро масеҳӣ зардуштӣ ва ҳама динҳои дигар), инчунин ҳаром аст дар сохтмони он ибодатҳо ё дар тармими онҳо (саҳм гузоранд ё шарик бошанд ) ё кӯмак намоянд.

Дар охир мехоҳам ба ин савол хотири шуморо бо фатвоҳое, ки дар маҷмаи фиқҳии исломи ҷаҳоние, ки тобеи муътамари исломист ҷалб намоям. Дар соли 1986 дар Уммон пойтахти Урдун он даврааш гузашта буд. Дар посухи ин савол, ки саволдиҳанда Институти ҷаҳонии фикри исломӣ, ки дар Вашенгтон қарор дорад, чунин посух додаанд. Саволи 25-ум ва 26 ум. Дар ислом чӣ аст ҳукми муҳандиси (инжинер) мусалмоне, ки тарҳи калисоҳо ё ибодатгоҳҳои масеҳиёнро мекашад ва дар тасмими онҳо бе восита иштирок менамояд. Инчунин бояд зикр гардад, ки ин муҳандис корманди яке аз ширкатҳои тарҳ ё лоиҳа омодакунанда ва бояд он корро бикунад? С. 26 –ум. Чӣ аст ҳукми кӯмакҳои хайрия намудани ашхоси алоҳида ва ё муассисаҳои харияи мусалмон, ки барои сохтмони калисо ва ё марокизи таълимии динии масеҳӣ кӯмак менамоянд?

Посух ба ин ду савол: Ҳаргиз ҷоиз нест барои муҳандиси мусалмон, ки дар тарҳи бинои калисо кор кунад ва лоиҳаи онро таҳрезӣ намояд ва ё онро бино намоянд. Як ё гурӯҳе аз устоҳои мусалмон дар бинои он ширкат намоянд. Инчунин ҷоиз нест барои шахси мусалмон ва муассисаи хаирияи мусалмон дар кӯмаки ин ниҳодҳои динии ғаири исломӣ ширкат намоянд.
Инчунин омадааст дар муътамари панҷуми маҷмуаи фуқаҳои шариат дар Амрико, ки дар нишасте, ки дар шаҳри Манома пойтахти Баҳрайн соли 2007 зери қарор ё фатвои рақами нуҳум, чунин фатво содир намудааст. Кор намудан дар маҷоли соҳаи муҳандисӣ ва он амалҳое, ки ба сохтмон иртибот мегирад (сохтмончиҳо кормандони болоӣ то поёнӣ), хоссатан дар давлатҳои масеҳӣ (мисли Аврупо Русия ва Амрико) ҷоиз нест барои соҳибон ё раисони ширкатҳои сохтмонӣ ҳандасие, ки мусалмон ҳастанд, мусалмононро дар бино намудани биноҳое, чун калисо ва ибодатгоҳҳои масеҳиён ба кор ҷалб намоянд. На фақад дар бинои калисо бинои казиноҳо,барҳо, ҳар биное, ки дар он гуноҳ анҷом мегирад. Намехоҳам посухамро тӯлонӣ намоям бародарони гиромӣ, ҳамеша қабл аз корро қабул намудан дар давлати Русия ва ё ҳар давлати масеҳие, ки ҳастед кӯшиш кунед аввал пурсед чӣ бино аст, сипас онро бипазиред. Валлоҳу аъламу биссавоб.

Share This Article