Вақте ба иттиҳомҳои задашуда ба Аҳмади Иброҳим, сардабири танҳо нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон мутаваҷҷеҳ мешавӣ, бидуни дудилагӣ ба ин натиҷа мерасӣ, ки парванда парвандаи маъмулӣ ва оддӣ нест, дар паси он дастҳое кор кардаанд, ки ғараз доранд. Ва, ангеза ва иллати ба даҳ сол зиндон кардани ин рӯзноманигори 63-сола, ки ҳаводор ва аз мубаллиғони Раҳмонов ва Рустаманд, ончи нест, ки мегуянду эълон карданд.
Худову ростӣ, мо ҳануз аз ҳамон рӯзҳои оғози кори ҷиноятӣ алайҳи Аҳмади Иброҳим далел ва ангезаи аслии боздошт ва муттаҳам кардани ӯро медонистем ва аз ҳамон давра манобеъи муътамад ва мувассақи мо моро дар ҷараёни асли қазияи гузошта буданд. Аммо, хоста ва таваққуъашон ин буд, ки дар интишори он сабр дошта бошем, чун имкон дорад, ки дар «боло» парвандаи вай бознигарӣ бишавад, чун ваъдаҳо дода шудааст ва нашояд бо аланӣ кардан мушкил бар мушкил афзуда бишавад.
Аммо, мо медонистем, ки ҳиҷ гузашт ва ҳиҷ тараҳҳуме нахоҳад буд, магар инки санади афв ба имзо бирасад ва моддаҳои қонуни кайфарӣ, ки ҷаноби Иброҳим бо он муттаҳам аст шомили ин санад бишавад. Ҳиҷ афву ҳиҷ санади афве ҳам нашуд ва ҳамчуноне интизор мерафт Аҳмади Иброҳим зиндонӣ шуд ва ба муддати даҳ сол!
Инки дар солҳои ахир режими диктотурии Раҳмонов ҳама банду моддаҳои қавонини ҷиноии кишварро сахттару сангинтар кардааст, ҳарфи наве нест. Вагарна, барои мисол Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон, ки 76 сол син дорад, барои амали анҷомнадода, барои ҷинояти содирнашуда 30 сол маҳкум ба зиндон намешуд. Ва, ин ҳукм барои нафаре, ки дар тамоми даврони раёсати Раҳмонов аъзои пурнуфӯзи ҳукумати вай буд ва барояш ҷоннисорона кор кардааст, хеле ҳам осону роҳат содир шуд ва чашми чапи Раҳмонов ҳам напарид, ки ин ветерани ҳукумати вай то поёни умр рӯзи сафедро намебинад,балки огаҳон таъйид мекунанд,ки ҳамчунин ҳукми сангин барои Зарифиро худи Раҳмонов тавсия кардааст.
Ҳол, агар Раҳмонов барои як чунин нафари содиқ ва ҷонсупор, ин гуна ҳукми вазнин содир мекунад, намоянда ва ё маъмурони вай дар манотиқ аз вай кутоҳтар меоянд? Ҳаргиз! Сарнавишти Аҳмади Иброҳимро низ на додгоҳ, балки раис ва он ҳам раиси Кулоб таъйин кард.
Бале, сухан аз раиси шаҳри Кулоб меравад, ки байни вай ва Аҳмади Иброҳим «задухурдҳо»-и пинҳонӣ аз чанд вақт ба ин тараф идома дошт, то инки раис муваффақ бишавад бо пардохти «гонорар»-и қобили мулоҳаза амниятро бар алайҳи ин журналист аҷир ва агент кунад ва дар ниҳоят ҳамин амниятӣ пойи Аҳмади Иброҳимро басту ба мақомот биспорид.
Проблемаи рӯзноманигори маъруф Аҳмади Иброҳим аз моҳи марти соли 2024 шуруъ шудааст. Аз ҳамон вақт аз ақибаш шуда буданд.
Аҳмади Иброҳим моҳи март як мақола менависад. Аммо он мақола чоп нашуда кадоме аз ҳамкоронаш ба раиси шаҳр хабар медиҳад. Дар мақола гап дар ин бора будааст, ки раиси шаҳри Кулоб раҳи гуристон, ҳамон қисмати то гури модараш рафтанро таъмир ва навсозӣ мекунад, лекин раҳи мардуми Кулобро дар дохил ҳеҷ тармим намекунад. Ва маблағи мараммати роҳи то гури модари раиси шаҳр дар гуристон қариб ба се миллион сомонӣ мерасад. Бахтиёр Назарзода раҳи то қабри модарашро мумфарш ва чароғон кардааст.
Назди Аҳмади Иброҳим меоянду мегуянд, ки чоп накунад, обруи раисро набарад. Хуллас, чи коре мекунанд мақоларо чоп намекунанд, ки дар он шумора намеравад.
Дуюм бор мебинад, ки ин ҳафта рӯзи чоршанбе чоп мешавад. Ва, ана дигар аз моҳи март ҳамон КГБешник старший летинант Раҳмонови Фархорӣ ҳар рӯз меояд ва худро мухлису ҳавохоҳи «Пайк» ва Аҳмади Иброҳим рост карда «устод ту зурӣ, ту бузургворӣ, ту фалонӣ, ту беҳмонӣ, ту гарени зурӣ, ту Ҷаноби олиро пуштӣ мегирӣ» гуфта таърифу тавсиф карда полний дар доверияи Аҳмади Иброҳим медарояд, яъне Раҳмонови фархорӣ шахси мавриди эътимоди Аҳмади Ироҳим мешавад. Раҳмонов аз Фархор аз колхози Правда аст. Рутбааш старшй летинант аст. Пас аз подставаи Аҳмади Иброҳим ба дигар минтақа интиқол дода шуд.
Он вақт буд, ки Аҳмади Иброҳим барои идомаи интишори «Пайк» мушкили ҳуқуқӣ дошт. Замони амали муҷаввиз-иҷозатномаи нашрияаш ба охир расида буд ва вай амалан ин санадро надошт. Агар возеҳу кушодтар бигуем барои вай иҷозатнома надода буданд. Аммо ба таври шифоҳӣ дар вазорати фарҳанг гуфта буданд, ки «хай чоп кардан гир то 6 моҳа».
Як рӯз ин Раҳмонови КГБешник меояд ва худаш пешниҳоди кумак барои дарёфти муҷаввиз мекунад. Як рӯз пеш мегуяд, ки «ака ман Душанбе рафта истодаам, меравам, масъалаи иҷозатномаатро мебинам. Онҷо шинос дорам»
Аҳмади Ибоҳим ҳам бидуни кадом шаку шубҳа ва фикри дигар мегуяд, ки «хайр, бубинӣ мо дар хизматем».
Ва ин Раҳмонови кгбешник боз худаш намекат мекунад, ки «хайр унҷо рафтӣ ягон касро зиёфат кардан даркор, грет кардан даркор».
Аҳмади Иброҳим ҳам мегуяд, ки «хуб, боке нест, медиҳам, кор буд шавад ва мегуяд чанд пул даркор ва меафзояд, ки ана 600-700 сомонӣ пули иҷозатнома, ягон чизи дигар боз ба худат медиҳам».
Хуб инхел бошад пагоҳ меоям мегуяд КГБешник. Ҷаноби Иброҳим мепурсад тахмин чанд пул мешавад?
Раҳмонови КГБешник мегуяд, ки «ягон дуввуним ҳазор сомониам бидеҳ, коратро ҳал мекунам».
Аҳмади Иброҳим ҳам майлаш гуфта розӣ мешавад.
Дар ин миён, то инҷои ҳодиса ягон20 -30 маротиба барои дастгир кардани Аҳмади Иброҳим бо дастури махсуси раиси шаҳри Кулоб Бахтиёр Назарзода попитка мекунанд. Сардори Раёсати молияи ноҳияи Восеъ ва сардори кадоме аз шуъбаҳои ноҳияи Шурободро медиҳанд, ки бурда ба Аҳмади Иброҳим бидиҳанд ва баробари гирифтан мақомот ӯро боздошт кунанд, яъне бо ҷурми гирифтани пора. Аммо Аҳмади Иброҳим ягон бор ҳам пул намегирад. Чи коре мекунанд, чи хеле мекунанд, аммо Аҳмади Иброҳим намегирад. Ӯро мехостанд, ки барои гирифтан ва ё додани пора бо наличий –дар ҷойи ҳодиса ва бо далели шайъӣ боздошт намоянд. То вай шарманда ва беобру шавад. Аммо наметавонанд, муваффақ намешаванд, ки биқапанд.
Ва, ҳамин тавр рӯзи дигар Раҳмонови КГБешник меояд ва мегуяд, ки ман Душанбе рафта истодаам. Ин кори худи коргари КГБ буд.
Аҳмади Иброҳим мебарорад ва мегуяд: «ана 600 сомонӣ пули иҷозатнома ба вазорати фарҳанг месупорӣ, хайр ина и дусад сумша раҳпулӣ кун, ина инаш пули зиёфат гуфтӣ, зиёфат кун. Ва ин пулҳоро дар дасташ пешаш бароварда мемонад».
(Ин нуктаро бояд таъкид ва гушпеч кунам, ки ин корро Аҳмад талаб ва хоҳиш накарда буд. Ин пешниҳоди худи ҳамон Раҳмонови КГБешник буд, ки Аҳмадро бовар кунонд бар ивази пул иҷозатнома барояш гирифта медиҳад)
Хуллас, ҳоло пулро ба он КГБешник надода, ки меоянд меқапанду мебарандаш. Буду шуди кор ҳамин аст.
Ва, ҳамин тавр ба Аҳмади Иброҳим айб эълон карданд ва боз баъди чанде замми иттиҳом намуд ӯро ба ифротгароӣ низ муқассир хонданд ва парвандаашро муҳри махфӣ заданд. Хуб, дар ниҳояти кор 10 сол равона ба зиндон намуданд.
Аммо, бояд бигуем, ки ин ҳама иттиҳомот яъне Аҳмади Иброҳим «аз касе пул гирифт нагирифт» ин ҳама иншои қалам ва аз тахаюлоти мақомот аст ки заказ иҷро карданд, албатта, бо дарёфти подош ва «гонорар»-и хуб. Аммо бояд як нуктаро инҷо мутазаккир бишавем. Ончуноне огаҳони фаъолияти масъулони расонаҳо мегуянд, мансабдорони ҳаромхур медиҳанд ва газетаҳо мегиранд. Чунки ин ҳаромхурон манфиат доранд, дода меистанд, ки танқидашон накунанд. Худашон мебаранд газетаро пул медиҳанд ё худашонро бар ивази пардохт реклама мекунанд: роҳсозӣ, дарахтшинонӣ ва таъмири синфхона ва аз ин қабил корҳоро, ки дар асл бо пули мардум мекунанд ба расонаҳо пул медиҳанд, то бигуянд. Ин кор ягон масъалаи аҷибу ғариб ё боварнакарданӣ нест. Ин корро тамоми матбуоти Тоҷикистон мекунад, чӣ давлатӣ ва чи ғайридавлатӣ…..
Бахтиёр Назар, раиси шаҳри Кулоб аз одамони наздики Асадулло Раҳмон, Сумбулоғо, ёрдамчӣ дар умури кадрҳои раиси ҷумҳурӣ аст ва вай ба Асадулло Раҳмон баромада гуфтагӣ, ки ҳамин журналист «мара ғам мета». Пуштибони Бахтиёр Асадулло аст.
Асадулло Раҳмон СС.Ятимовро дастур медиҳад, ки «чи коре мекунед намекунед, чи хеле мекунед намекунед, бардоредаш».
Се моҳи дароз аз пушти Аҳмади Иброҳим мешаванд, ки бо пора ғалтад, аммо чи хеле гуфтем ҷаноби Аҳмади Иброҳим ин шароитро барои онҳо намедиҳад.
Ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан нест, ки дар Тоҷикистон бе пора намешавад: духтур меравӣ пора ҳатман медиҳӣ, ҷамоат меравӣ ҳатман пора медиҳӣ,..чунки дар Тоҷикистон ҳама мегирад, бидуни истисно ва гирифтани пора як кори муқаррарӣ ва одӣ шудааст. Расонаҳо ҳам мустасно нестанд, мегиранд, чунки дигар грантҳо хушкиданд, ҳукумат намемонадашон, ки грант дода шавад. Сайт, газета, радио ТВ, блогерон ҳама-ҳама мегиранд. Набошад кору зиндагӣ карда наметавонанд. Нагиранд, наметавонанд. Як вақт буд, ки чандин сол ОБСЕ коғази расонаҳоро медод, албатта, ройгон ва бо ҳамин чоп мекарданд, рӯзашон мегузашт. Аммо ҳоло ҳамаро Эмомалӣ Раҳмонов мамнъ кардааст.Дар ҳоле боз шарм нокарда худро узви ОБСЕ ҳам медонад.
Аммо Аҳмади Иброҳим, шояд касе аз мақомот, ки шиносҳои зиёд дар дохилашон дорад, огоҳаш карданд, ки муқобилаш амалиёт дуруст кардаанд, ки намегирад ва ночор мешаванд, ки корро бо роҳи сохтакорӣ ва бо густардани дом ба иҷро бирасонанд.
Тамоми иттиҳому қазияву моҷароҳову достонҳои бар алайҳи Аҳмади Иброҳим бофтаву сохта аст. Асли қазияи «додани пора ба корманди КДАМ» -иттиҳоми зада ба Аҳмади Иброҳим ҳамин аст.
Аҳмади Иброҳимро ташкил карданд. Аҳмади Иброҳим, бори дигар мегуям, ки аз ҷонибдорони Раҳмонов буд ва бо ҳар касе, ки аз касофаткориҳои Раҳмонову режими хонаводагиаш суҳбат мекард, ба масоф бармехост. Ҷонибдори сарсупурда ва сарсахти Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустам буд.
Аммо Бахтиёр Назар бо Аҳмади Иброҳим боз аз он ҷиҳат кина ва қасд дошту дар пайи ниқору интиқом шуда буд, ки акси ҳайкали модари ӯро, ки бардуруғ ҳайкали Марями гурсухта месозам гуфта ҳайкали модари худашро гузошта буд, дар расонаҳо чоп шуд ва чопи акси тандиси модари худашро кори дасти Аҳмади Иброҳим гумон кард.
Аҳмади Иброҳим 63 сол дорад .Вай муаллифи китобҳои «Рӯди пурхун», «Ҷаҳиши охирини бабр», «Спитаман. Катан. Тахористон» ва «Куруши Кабир» аст. Вай аз соли 2012 чопи нашрияи мустақили «Пайк» дар вилояти Хатлонро аз соли 2012 ба роҳ андохта буд.
Нуктаи дигари ҷолиб дар моҷарои Аҳмади Иброҳим ин аст ки Додситони кулл ӯро ба ифротгароӣ ҳам мазнун донист. Ин дар ҳалест, ки мо хуб хабар дорем, ки Нусрат Назиров, бо тахаллуси ҷиҳодии Абухолиди Кӯлобӣ, ки соли 2015 дар Сурия меҷангид, ҷаноби Иброҳимро таҳдид ба қатл карда буд, ки мавриди таҳдид қарор гирифта буд, агар аз «бад кардани муҷоҳидон даст накашад ӯро ба қатл мерасонад ва идораи нашрияро метарконад.»
Ва як нуктаи дигар, ки мехоҳам тазаккур бидиҳам ин аст, ки бадбахтона ҳеҷ яке аз журналистон ва ташкилотҳои журналистӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамин Сайёфи Мизроб дар ҳимояти Аҳмади Иброҳим лаб во накарданд. Журналистҳои мо, мутаассифона муташобеҳи дарвешу дарюзаҳоеанд, ки ҳар кадоме аз онҳоро мешавад бо айни иттиҳоми Аҳмади Иброҳим масалан ҳамин тамаъҷуӣ дар канори Иброҳим бурда ҳамкамера кард.
Аҳмади Иброҳим як журналисте буд, ки дар амал, ҳамчуноне гуфтем тарафдори ҳукумати феълист. Аммо ончиро, ки вайро мутамоиз месохт ин буд, ки гапашро мегуфт. Типичний кулобӣ буд. Воқиан ҳам кулобии сунатӣ ва ҳақиқӣ. Кулобие, ки хуҷандӣ шуда бошад, ё кулобие, ки хуҷандиҳоро ба нул зада бошад набуд.
Чанд бор бо худи ман ҳам тавассути расонаҳо баҳсу даъво дошт ва мо бо нашри номаҳои боз ҳамдигарро интиқод кардаем. Ва, ҳамин таъбири имрӯз мудшудаи «Азизмои гаазетхонак» натиҷаи баҳсу даъвиҳои миёни ману Аҳмади Иброҳим аст. Чунки Аҳмад дар як мақолааш навишта буд, ки Азизмо «Пайк»-ро мехонад ва ҳатто барои як шумораи ин нашрия, ки натавонистааст дастрас бикунад, ронандаашро аз Душанбе ба Кулоб ба редаксия фиристодааст,то он шумораи рӯзномаро дастрас намояду хонад.
Ахиран Аҳмади Иброҳим бо ирсоли як нома ба унвони Раҳмонов ва Рустам асли моҷароро ҳикоят карда тасдиқ мекуанд, ки кори вай сохта аст ва дар он як раиси ва ду корманд даст доранд. Аммо, номаи Аҳмади Ироҳим посухи мусбат пайдо накард ва додгоҳи Э.Раҳмонов ӯро ба даҳ сол зиндонӣ кард.
Ps: Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим раиси Кулоб Бахтиёр Назарзода дар кругҳои махсӯсе мегуфтааст: «ба журналистон ва онҳое зидди ма менависанду мехоҳанд мара бадном кунанд расонен,ки ма ҷой пом сахтаи. Касера дар пошнаш бшинм медонм чикорш кунум. Ина Аҳмади Иброҳим гапа гуш накард рафт. Кӣ метона халосш кунад?»
Боз дар як ҷамъи дигар чунин гуфтааст: «то имрӯз дар кулоб чанд зурш раис шуд комш тонист ҳайкали очаша дар маркази Кулоб бмона?. Ягонташ натонист ин кора када, ма кадм. Бо ҷаноба овардм сюрпризш кадм, омад дид ба чашмш,ки ҳайкали очаи маҳаи неким ҳичи нагуфт молча хест рафт. Мора сармона кал набинен якчи ай дастмон меояд»
Тибқи маълумоте ба «Ислоҳ» расида ҳомиёни аслии Бахтиёр Назарзода Асадулло Раҳмон ва ахиран Мурод Саидов сармуҳофизони Э. Раҳмонов будаанд. Маблағи калонеро ҳам ба ин ду дода будааст,ки ба мақоми вазири молия таъин гардад. Барояш ваъда ҳам шуда будааст,ки аввал кушиш ба ин мақомро мекунем вале дар акси ҳол ҳатман ба ягон вазорати равғанӣ таъинат мекунем ва гапу чапҳо ҳам рафта истодааст. Гӯйё Бахтиёр Назарзода дар идораи Кулоб ва кулобиҳо сахт маҳорат дошта будааст ва ҳар кулобие, ки саркашӣ мекунад бе раҳмона муҷозоташ мекардааст ва барои ин хислаташ,ки танҳо ӯ метавонад ин корро кунад дар назди Э.Раҳмонов муаррифӣ шуда будааст. Чун Раҳмонов аз Кулоб ва кулобиҳо сахт ҳарос дорад ва чунин афроде кулобиҳоро тавонад задан ва шикастан писанд аст. Рустам ҳам ба кулобиҳо сахт нафрат дорад ва дар назди Рустам ҳам айнан чунин муаррифӣ шуда аст.
Дар охир ҳаминро меафзоям,ки онҳое аз ин режим ва оила ҳимоят мекунед донед ва огоҳ бошед барои мақомоти режими Раҳмонов содиқ буданатон ба режим ва оила муҳим нест. Бояд ба ҳама онҳое дар режим мақом доранд писанд бошед ва ончи мегуянд амал кунед. Албатта ин имконпазир нест,ки шумо ба ҳама мақомоти ин режим писанд шавед. Дар ғайри ин ҷоятон зиндон аст.