Рӯзи сешанбе, санаи 26 март Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар қабристони мусалмонони шаҳри Варшаваи Лаҳистон ба хок супорида шуд. Дар маросими ҷанозаи марҳум садҳо нафар муҳоҷирони тоҷик, аз Олмон, Литва, Утриш, Швед ва ғайра барои видоъ бо ин абармарди таърихӣ омада буданд. Аз он ҷумла, намояндагони даҳҳо миллатҳои дигар дар маросими дафни Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ширкат доштанд.
Ҳамчунин Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари паймони миллии Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви раёсати олии ҲНИТ, Абдусаттор Бобоев, роҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ Муҳаммадсаид Ризоӣ гуфт, бо қалбҳои хело ҳам маҳзун ва ризо ба тақдири Офаридгори олам, имрӯз дар ҷаноза ва дуои сафари охирати яке аз устодон, яке аз бузургмардон, яке аз поягузорони Наҳзати Исломии Тоҷикистон (Ҳаракати ҷавонони мусалмони Тоҷикистон), ки бо ҳукми тақдир дар ҳиҷрат, реҳлат намуданд, ҳузур дорем.
“Ҳазрати Ҳоҷӣ-Қаландари Садриддин, яке аз панҷ нафар поягузорони Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад. Албатта, маргу зиндагӣ барои тамоми мавҷудоташ суннати Илоҳӣ аст, махсусан барои инсон, ки офарида шудаанд, то озмуда шаванд, махсусан дар ин пайкор, ки тавонистаанд ин амри Илоҳиро бо сарбаландӣ анҷом дода бошанд. Яъне, амали солеҳ ва аз худ осоре гузоштан, то хонаи охират обод шавад.” – изҳор намуд Ризоӣ.
Ӯ гуфт: “Марҳумон, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид, Эшони Неъматуллоҳ ва Бародар Ҷумъабек ва Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, Наҳзати Исломиро поягузорӣ кардаанд”.
Муҳаммадсаид Ризоӣ афзуд, ки ин абармардҳо барои таблиғи ислом, барои нашри рисолати Пайғомбар дар авҷи шукуфоии ҳукумати коммунистии сурх, дар даҳаи ҳафтоди қарни бистум, Ҳаракати ҷавонони мусалмонро поягузорӣ карданд.
Аз ҳамон рӯз то ба ин дам ин шогирдонеро, ки мебинед, ин мактаберо, ки мебинед, фаъолият мебарад, барои пиёда кардани ҳадафҳои исломӣ ва хидмати ислом камари ҳиммат бастаанд. Бо саъю талош, ҳамин ҷавононе, ки он замон камтар аз 25 сол доштанд, ба ҳаракат ибтидо бахшида буданд. Дар ҳоле, ки дар он давра, мардум барои дифои ҳамсари худаш, фарзанди худаш ва ҳуқуқи диниаш хавф дошт.
Дар ниҳояти суханронии худ, Муҳаммадсаид Ризоӣ даст ба дуо карда гуфт: “Албатта, ҳамаи мо шоҳидӣ медиҳем, ки инҳо амалҳои солеҳеро анҷом доданд. Аз Худованди таборак ва Таоло хоҳиш мекунем, ки ин амалҳои солеҳашон дар охират ҳамроҳашон бод ва мӯниси қабр гардад. Дуо дорем, то дар ҷаннати Фирдавс ҳамроҳи анбиё, шуҳадо ва солеҳин ҳамнишин бигарданд.
Баъди Муҳаммадсаид Ризоӣ, яке аз донишмандони ҷавони тоҷик, масъули дафтари ҲНИТ дар Лаҳистон, Исломиддини Саид ҳозирини маросимро хайрамақдам гуфта, ба пайвандону муҳиббон ва ҳамсангарону ҳамандешагони Қаландари Садриддин изҳори тасаллият намуд.
“Аввалан дар ин рӯзе, ки устоди мо Ҳоҷӣ Қаландар Садруддинзода моро тарк гуфтааст ва аз дори фонӣ ба уқбои боқӣ пайвастааст, ин реҳлати устодро ба фарзандонашон , сипас барои ҳама шогирдону пайравони ин бузургвор ва баъдан барои ҳама миллати шарифи Тоҷикистон тасаллият арз медорам. Баъдан ба ҳамаи бузургоне, ки қадам ранҷа фармуданд ба маросими ҷанозаи устод, ба хотири эҳтиромашон аз роҳҳои дур ташриф оварданд, арзи сипос изҳор медорам”.- изҳор намуд Исломиддин Саидов.
Дар идомаи суханронӣ ин донишманди ҷавон аз ҳадиси паёмбарии гиромии Худо ёдоварӣ карда гуфт: “Дар мавриди бузургии устод, шогирдону пайравонашон ҳама хуб медонанд, ки барои бедории миллату ҳифзи арзишҳои динӣ ранҷҳое кашиданд ва то охирин нафас устувор низ буданд. Ман танҳо робита ба ин мавзӯъ як чизро қайд карда мегузарам ва нутқи худро ба охир мерасонам. Расули Худо мефармоянд:
“Ҳар кӣ дар роҳи Худо бемор шавад ва дар он роҳ аз дунё гузарад, агарчӣ дар ҷойгаҳи хобаш ҳам бошад, ӯ шаҳид аст”. Устоди бузургвор аз ҷавонӣ дар роҳи Худо буданд, дар роҳи озодӣ буданд, ба хотири бедории миллат заҳмат кашиданд ва талош карданд. Имрӯз, дар синни пиронсолӣ бояд дар Ватани худ мебуданд. Мутаассифона, ин режиму ин ҳукумат, бузургворро иҷозат надоданд, ки оромона, дар Ватани худ, дар зодгоҳи худ зиндагонӣ кунанд. Ӯро маҷбур сохтанд, ки тарки Ватан созад ва ин як мояи нанг аст, ки чунин абармарде тарки кишвар карда бошад”.
Исломиддини Саид ёдовар шуд, ки тақрибан тӯли дувуним сол аст, ки устод дар Лаҳистон, дар Варшава бемор ҳастанд ва ранҷ мебаранд. Ин ҳолат ҳам албатта сабаби боло шудани мартабаи устод дар охират, дар назди Худованд хоҳад буд. Чуноне, ки ҳамагон медонем, устод шаби 22-юми март соатҳои 10 дар шаби ҷумъа аз дунё реҳлат карданд.
Чуноне, ки дар боло зикр кардем, дар маросими дафни Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, роҳбари паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ширкат дошт. Ӯ зимни суханронии худ, тасаллияти худ, ҳамчунин аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва намояндагони Паймони Миллии Тоҷикистонро ба пайвандону ақрабо ва пайравон, нисбати даргузашти шаҳид Ҳоҷӣ Қаландар Садруддинзода изҳор намуд.
“Аз он ҷумла ба хонаводаи азиз, ба фарзандон ва хусусан ба бародари азизамон домулло Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар ин лаҳзаҳо натавонистанд бо сабаби ҳиҷрат дар ҷанозаи падар бошанд ва ин ҳолатест, ки аксари мову шумо муҳоҷирин аз сар гузаронидем ва ин лаҳзаҳо бародар Муҳаммадиқболро хуб дарк мекунем, аз номи ҳамаи шумо барояш таъзия ва ҳамдардии худро баён мекунем”. – изҳор намуд Муҳиддин Кабирӣ.
Роҳбари ПМТ қайд кард, ки Ҳоҷӣ Қаландар аз зумраи он касоне аст, ки дар паҳлӯи устод Нурӣ ин роҳу ин мактабро таъсис доданд. Ва имрӯз мо пайравону меросбарон масъулият дорем, ки ин роҳро ҳамчуноне, ки ба устод Нурӣ ва ба устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ваъда дода будем, ки то охирин лаҳза, то он даме, ки ҷон дар тан дорем, идома хоҳем дод ва ин парчам ҳеҷ гоҳ бар замин нахоҳад уфтод.
Ӯ афзуд: “Масъулияти мост, ки ин роҳро идома бидиҳем. Эшон роҳеро нишон доданд, ки як мусалмон, як инсон, як банда чи гуна бояд зиндагӣ кунад. Ман ба ҳайси масъули Наҳзат як бор ҳам надидам, як бор ҳам мушоҳида накардам, ки устод дар ҳузури ман, дар ҳузури дӯстон гуфта бошад, ки аз таъсисдодагони наҳзат аст. Як маротиба ҳам нагуфт, ки дар Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба қадри ман намерасанд ва ҷойгоҳи манро эҳтиром намекунанд. Иззатталабӣ ҳеҷ гоҳ намекард. Балки мисли як бачаи ҷавон, мисли як шогирд дар пеши раиси хизби худаш, назди масъулини ҳизб садоқатмандона рафтор мекард. Ин намунаи як марди мусалмон, як инсони мубориз аст.
Муҳиддин Кабирӣ аз таърихи таъсиси ҲНИТ ёдовар шуда гуфт, ки Ҳоҷӣ Қаландар манзилашро дар ихтиёри Наҳзат дода буд, пулу молашро дар ихтиёри Наҳзат дода буд. Мисоли Арқам ибни Арқам, саҳобаи паёмбари гиромӣ ва имрӯз дар ҳиҷрат ҷон дод. Хонаи Эшон барои мардуми тоҷик мисли дорул Арқам аст”.
Раиси ҲНИТ дар ниҳояти суханронии худ ба Ҳукумати Лаҳистон, Литва, Олмон ва дигар кишварҳои Аврупоӣ изҳори миннатдорӣ намуда гуфт: “Воқеан ҳам барои аксари мо дар чунин рӯзҳо ин сарзамин дор-ул ҳиҷрат шудааст, мисле ки барои ёрони Паёмбари Акрам САВ, Ҳабашистони масеҳӣ дор-ул ҳиҷрат шуда буд, ин ҷо ҳам бароямон ҳамин тарқ аст. Барои пазироӣ ташаккур мекунам”
Дар маросими дафни Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон Абдусаттор Бобоев низ ҳозирин ва пайвандони марҳумро тасаллият гуфт.
“Аз фурсати муносиб истифода бурда барои кулли бародарони ҳозир, барои хонаводаи мӯҳтарами ҳазрати Ҳоҷӣ Қаландар бинобар даргузашташ , ва низ ба раиси мӯҳтарами Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Устод Муҳиддин Кабирӣ изҳори тасаллият арз медорам”. – изҳор намуд Бобоев.
Абдусаттор Бобоев, ки худ яке аз собиқадорони ҲНИТ ва узви раёсати олии ҲНИТ аст ба ҳозирин руй оварда гуфт: “Агар домулло Қаландар дар зиндагӣ барои ягон нафари шумо қарздор аст ва ё агар ҳар касе, ки назди домулло қарздоранд бо санаду далел назди мо биёянд ва мо масъулини Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳақварз ҳастем”.
Дар охир Абдусаттор дуо карда гуфт, Агар ин устоди мо дар зиндагӣ накӯӣ карда бошад, бар некиаш зам кун ва агар саҳву хатое карда бошад, бубахш. Ин ша Аллоҳ устоди мӯҳтарам ин ҷо ҳастанд ва ҷанозаи домуллоро худашон мехонанд.
Бо ҳамин, баъди суханрониҳо намози ҷанозаи марҳум хонда ва дафн карда шуд.
Дар маросими дафн се писари Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ҳузур доштанд.
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар асари бемории тӯлонӣ дар як беморхонаи шаҳри Варшаваи Лаҳистон даргузашт.
Тибқи гуфтаи Муҳаммадиқболи Садриддин, фарзанди бузургаш, Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, бар асари шиканҷаҳои равонӣ ва ҷисмӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бемор шуда, рӯ ба муҳоҷират оварда буд. Аз сентябри соли 2017 то имрӯз ранҷи беморӣ мекашид.
Пас аз мамнуъ шудани ҲНИТ дар кишвар монда буданд. Мақомот пайваста фишораш меоварданд. Беш аз 100 маротиба ба шуъбаи амнияти вилояти Хатлон ва идораи марказии амнияти кишвар оварда, мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.
Дар шуъбаи корҳои дохилӣ, моҳи майи соли 2017 ӯро бераҳмона шиканҷа намуданд ва бар асари он инсулт мешавад. Баъди се моҳи бистарӣ будан бо ҳолатҳои вахим аз кишвар бо роҳи заминӣ хориҷ мешавад.
Моҳи сентябри соли 2017 ба Лаҳистон ворид шуда, аз он моҳ бистарӣ буд.Тибқи нақли Муҳаммадиқболи Садриддин вақти бозпурсӣ дар Тоҷикистон зарбаҳои сангин бар сари эшон оварда буданд. Дигар хуб суҳбат карда наметавонист.
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин зодаи деҳаи Яхаки ноҳияи Дарбанд. Соли 1951 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар зодгоҳаш улуми ибтидоии динӣ ва ҳамагонии маълумоти миёнаро фаро гирифтааст. Соли 1970 баъди даргузашти падару модараш ба Вахшонзамин кӯчида, дар шаҳри Қӯргонтеппа рахти иқомат андохт. Ӯ дар ин ҷо дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Коммунистӣ (ноҳияи Бохтар) ба ҳайси мудири мағоза ба кор даромада, сипас то соли 1992 сарварии корхонаи зарфсозии ҷамъияти Тоҷикматлуботро ба ӯҳда дошт. Соҳиби маълумоти олист, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар риштаи молия ва қарз ба таври ғоибона хатм кардааст.
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин яке аз асосгузорони ҲНИТ мебошад. Ҷаласаи нахустини муассисони созмони «Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон», яъне ҲНИТ 20-апрели соли 1973, замоне, ки ҳамагӣ 22 -сола буд, дар манзили ӯ баргузор шудааст. То ба ҳиҷрат ба Аврупо дар сафи ҲНИТ, дар риштаҳои мухталиф ва дар сатҳҳои гуногун фаъолият пеш мебурд. Бар асари ҷанги дохилӣ аз моҳи ноябри соли 1992 то соли 1997 дар қаламрави Афғонистон дар ҳиҷрат умр ба сар бурдааст. Дар Афғонистон роҳбарии Раёсати кор бо умури муҳоҷиратро ба уҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Ватан баргашта, ба ҳайси коршиноси зеркомиссияи муҳоҷирини КОМ ифои вазифа намудааст.
Метавон гуфт аз аввалин зиндониҳои исломиии сиёсӣ дар даврони Иттиҳоди шуравӣ маҳсуб мешуд, ки номаш берун аз марзҳои шуравӣ дар Ғарбу Амрико ва олам садо дода буд
Ӯ дар қофилаи аввалин ҳоҷиёни кишвар ки аз Иттиҳоди шуравӣ муваффақ ба рафтани ҳаҷҷи байтуллоҳ буд, мушаррраф шуда буд
Барои гирифтани иҷозат ба сафари рафтани ҳаҷ ба Грамико, раиси Шӯрои вазирони Иттиҳоди шуравӣ беш аз 19 нома навишта буд.
Дар маркази шаҳри Қурғонтеппа, бо маблағи худ масҷиде бунёд намудааст, ки аз даврони шуравӣ то ба имрӯз фаъолият дорад.
Дар замони Иттиҳоди шуравӣ, ки тадриси улуми исломӣ ба таври пинҳонӣ дода мешуд, барои толибилмон дар шаҳри Душанбе ва Қурғонтеппа хонаҳое харидорӣ намуда буд, ки адади онҳо аз 20 мегузашт, то толибилмони улуми исломӣ ва уламое, ки даср мегӯянд, мустақил бошанд ва толибилмон дар хонаи касе набошанд.
Инсони нексиришт, поквиҷдон, худотарсу сахӣ ва хоксор буд. Ҳамин хислатҳои накӯяш буданд, ки аз саросари олам андӯҳгинии худро нисбати даргузашташ ҳазорҳо бузургону олимон, сиёсатмадорону донишмандони дин иброз намуда, ба ҳамандешагон, пайвандонаш ва тамоми мардуми Тоҷикистон арзи таслият намуданд.
Имом Аҳмад, Насоӣ, ибни Моҷа ва ибни Ҳиббон аз ҳадиси Абдуллоҳ писари Амр ривоят мекунанд, ки як марде аз аҳли Мадина вафот кард.
Расулуллоҳ, صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ҷанозаашро хонду сипас гуфт: “Эй кош дар ғайри зодгоҳаш вафот мекард”. Асҳоб пурсиданд чаро эй Расулуллоҳ?
Расулуллоҳ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ гуфтанд: “Вақте мард дар ғайри зодгоҳаш (дар диёри ғурбат ва ҳиҷрат) вафот кунад, қабраш ба миқдори масофаи зодгоҳаш васеъ мешавад дар ҷаннат аз он неъматҳое, ки махсӯси ҷаннатиён аст бархурдор мегардад”.
Рӯҳаш шоду ҷояш ҷаннат бод!
Аллоҳи меҳрубон! Ҷурму саҳву хатоҳои Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинро биёмурз ва ҳамнишини муқаррабони даргоҳат бигардон! Омин..