Аллоҳ басанда аст
(қиссаи маддоҳ ба маддоҳон тавсия мешавад,то бихонанд)
Яке аз маддоҳон ба шоҳи Шероз – Саъди Зангӣ мадҳу сано гуфт ва шоҳ дар ивази ин кор ба ў чанд танга дод ва ба қадри ҳунараш эҳтиром кард ва мавриди навозиш қарор дод. Маддоҳ як дафъа ба танга нигоҳ кард ва дид, ки дар он нақши «Аллоҳ басанда аст» навишта шудааст. Аз дидани ин нақш ошуфтаҳол шуд ва фарёд зад ва пироҳанашро дарид. Оташи дилаш он қадар шўълавар шуд, ки бо як ҷастухез роҳи биёбонро пеш гирифт. Дар атрофи биёбон як нафар ўро дид ва пурсид, ки чӣ шуд, ки ногаҳон ҳоли ту дигаргун шуд? Ту аввал дар баробари шоҳ заминро бўсидӣ, таъзим ба ҷо овардӣ ва ба эҳсону подоши шоҳ ноил шудӣ. Кори хубе накардӣ, ки ин ҳама хубиҳои шоҳро пушти пой задӣ.
Дар посух гуфт: – «Аввал аз бими қаҳраш ва аз умеди раҳматаш бар тани ман ларза афтод ва мисли бед ларзидам, сипас бо дидани нақши «Аллоҳ басанда аст» оромишро дар вуҷудам эҳсос кардам ва ба чашми ман на мол намоён шуд ва на кас».
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: ” Ҳангомеки маддоҳонро дидед бар рӯяшон хок шапед”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)
Мурод шахсонеки дар рӯбаруйи шахс меистад ва ӯро таъриф мекунад ва суханоне мегӯяд,ки онҳо ботиланд.
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шуниданд,ки марде сано мегуфт марди дигареро ва дар мадҳу тавсифаш аз ҳад гузари мекард.Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:Ҳалок намудед- ё қатъ намудед камари мардро”(мутафақун алаҳӣ)
Маддоҳ киро гӯянд:
Ибни Баттол (раҳ) мефармоянд: Мадҳи мазмум он бошад,ки шахсе дар мадҳу ситоиши шахсе чунон аз ҳад ва андоза гузарад,ки ончӣ мегяд дар ӯ набошад.
Ба истилоҳи омиёна хокшап,лесак ва ….
Аллоҳ ба маддоҳони тоҷикҳам чунин тавфиқе ато кун,то барои ризои махлуқ ба ғазаби Холиқ гирифтор нагарданд.Зеро ҳангоми мадҳ кардан чунон суханоне мегӯянд,ки қалам аз навиштани он суханон оҷиз аст.