Асозода. Д: “мара дар “Ислоҳ” айбома гуфтанд ҳичим нашид, ма пул метим, мутаҳаман аз ма ҳамаш…”

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

   Мо як гурӯҳ аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Норак ҳастем. Норак яке аз минтақаҳои асосии  энергетикии Тоҷикистон аст ва табиати зебову обҳои мусаффо дорад. Аммо, мутаассифона ин шаҳри саноатии нозанин чанд сол аст ки дар ихтиёри як гурӯҳе аз дуздону ришвахорон қарор дорад, ки тамоми дороиҳои онро ғорат мекунанд. Бустонсароҳо, маконҳои истироҳативу тафреҳӣ, аз ҳудуди неругоҳи Норак гирифта то маркази шаҳр, деҳаҳои Қибил, Тутқавул, Каратож, Ҷалҷалу, Ғофилобод  ва дигар ҷойҳо дар дасти ин тоифаи дузд қарор дорад.

Дар ин маконҳо фақат ана ҳамин гурӯҳи дузду ғоратгар маишату кайфу сафо доранд ва ба зинокорӣ машғул ҳастанд. Мардуми оддӣ наметавонанд дар ингуна ҷойҳо бо ҳамроҳи зану фарзанду наберагон ва падару модару хешу табори худ истироҳат кунанд. Аммо барои инҳо ҳамакор мумкин ва раво аст.                                               

  Асозода Дилшод раиси шаҳри Норак аст. Аз рӯзе, ки ин одам ба ин курсӣ нишаст, дар шаҳри Норак порахӯриву фасод ба авҷи аълои худ расид. Чунки худи ҳамин раис ҷилави нафсашро тамоман сар дод ва ягон кореро бидуни гирифтани «лой» ва «ҳақ» ҳал намекунад. Такрор ҳам шавад мегӯям: ягон корро! Вақте пешаш барои ягон кор дароӣ, гуӣ дар ин коғаз имзои шумо лозим аст, ошкоро мегуяд, ки «бра ба фалон ҷора 1тонай ё 2 тонай саларка бар баад корат ҳалай».

Мақсад ба ҳамон сохтмонҳое, ки аз худаш аст, дача, хонаи заминӣ, мағоза ё дигару дигар. Ё мегӯяд, ки 20 қоп семент бару ҳамонҷо фарор, сипас корат буд мешавад. Вале агар барои иҷрои ягон кори ҷиддитар пешаш дароӣ «ставка»- «лой»-пулӣ хеле боло меравад. Дар ҳолате, ки ягон зан пешаш дарояд ва аз вай хоҳиши кумак ва мусоидат барои иҷрои коре кунад ва агар ин зан зебо бошад. бо вай баҳазур «чақ-чақ» мекунад ва дар миёнаи гап ошкоро мегуяд, ки бо ман ҳамхоба шавӣ корат ҳал аст. Ин раиси аждаҳонафс чандин сол аст ки дар Норак кор мекунад ва дар ин шаҳр тамоми ҷойҳоро хуб медонад. Манзурам ҷойҳои даромад ва пулкоркуниро. Дилшод Асозода дар Норак дачаҳои хеле зиёд дорад. Тамоми заминҳоро гирифта ба номҳои дигар касон карда мефурӯшад. Бовар кунед, аз дасти ин дузд дигар замин намондааст. Дар Норак куҷое, як ҷои холӣ мебинад бо ҳар роҳе онро ҳатман мефурӯшад. Ҳолатҳое шудааст, ки ба хотири пул шуда як заминро дар чанд одам санад карда фурӯхт. Ва ин нафароне, ки пул додаву дар даст ҳуҷҷат доранду гуё замин гирифтанд, дигар сарсону саргардон мешаванд. Ин тараф милиса, ин тараф прокурор, ин тараф суду участковий даводавӣ мекунанд. Ҳукумати Норакро ба бизнесхона табдил додааст. Бовар кунед, ҳар куҷое қадам мезанӣ:- лаби дарё аст, куҳу теппа, сою адир, ҷангалу чарогоҳ шахсӣ шудагӣ:

«э,ин замин ай раисай, э, и адир ай фалон коркуни судай ё ай пракрорай, и дача ай инжинери ГЭС- иНорак  Мишаяй, и рестаран ё магазин ай фалонай, қаврай балойай». Безор шудем».

  Мардум ҳатто наметавонад чорвои худашро ба адиру куҳ барои чаро барад. Ҳамаро гирифтагианд, ин ҳаромиҳо. Барои чи ин аблаҳҳо дар назди қонун ҷавоб намедиҳанд. Охир, мо мардуми оддӣ фарзандони угаи ин давлатем ё ғулом?

Асозода Дилшод ба ҳар роҳ пули буҷаро торумор мекунад. Боғи марказии шаҳр бо варзишгоҳи маркази таъмир рафта истодааст.  Қариб 2- 3сол шуд вале ҳиҷ иншооте нест ба итмом расад. Зеро маблағи ҷудошуда ба боғи марказӣ ва варзишгоҳро ба ҷайби худ зад. Дар боғи марказӣ коргарони ГЭС-и Норак, фирмаи «Тоҷиксгем» маориф, молия, муаллимон ва ҳатто мардуми одиро маҷбур оварда кор мефармоянд. Ва соҳибкоронро маҷбур мекунад, ки барои материали сохтмонаш пул диҳанд, коргарону соҳибкорон безор шудагӣ. Варзишгоҳи марказӣ ҳам хамин хел як фирма меояду камтар кор мекунанду мепартояд, меравад, боз дигараш меояд. Корҳои сохтмонаш тамоман ҷавобгу нест, сифат надорад. Аз сабаби онки пулашро торумор кардагианд, ягон кас ба кала намегирад.

Дар ҳоле, ки ин варзишгоҳро президент вақте агрегати авали НБО-и Норакро  кушод инҷо ҳам мекушод. Ҳоло1сол шудааст, ки беморхонаи шаҳри Норакро аз нав таъмир карда истодааст. Ва аз инҷо низ торумораш сар шудагӣ, масалан агар 100тона семент даркор бошад 200тона менависанд ва ҳама махинатсияаш дар дасти худашон қарор дорад.

  Асозода Дилшод аз ҳама бахшҳо бо як роҳе набошад пулашро медуздад. Фасод ё коррупсия беҳад дар дараҷаи аъло қарор дорад. Асозода Дилшод ва вақте ягон коргари басаводро дар кадом бахше бошад, масалан маориф, молия, бонк, ҳукумат, фарҳангу тиб ва ғайраҳо мебинад ва мебинад, ки кадри ояндадор аст, подстава мекунаду мешиканад ва мешинонад. Масалан баъзеҳоро паноҳӣ кабинеташон даромад, ба баъзе коғазҳо- документҳо аз тани онҳо имзо мекунад. Дар ҳоле, ки ин коргар имзо кардагӣ нест. Ва бо ин васила ба коррупсия роҳ мекушояд. Аммо ин коргар, ки медонад ҳуҷҷат характери коррупсионӣ дорад имзо накарда мехоҳад пас гардонад ба соҳибаш.

 Асозода Дилшод аз коргарони босавод хело тарс дорад. Ба вай барои подстава кардани коргарон яке аз дӯстонаш, ки дар прокуратураи Норак кор мекунад хеле ёрдам мерасонад. Ва пуле, ки аз ин роҳ ба даст меоваранд, яъне аз одами подставашуда, байни худ тақсим мекунанд. Ва онҳоеро, ки ин пулро намедиҳанд, шароити доданро надоранд, мешинонад. Инҳо дар суд, прокуратура, шуъбаи милисаву амният одам доранд. Ва ин дӯсташ ,ки дар прокуратураи Норак кор мекунад Орзу ном дорад.

 «Криша»-и раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Ҳасан Асадуллозода мебошад.  Асозода Дилшод бисёрии вақташро дар айшу ишрат мегузаронад ва ба давлатҳои пешрафта сафар карда истироҳат мекунад. Олмон, Англия, Туркия, Русия ва дигару дигар ҷоҳо ва ҳатман ҳамроҳаш маъшуқаҳяшро сайру саёҳат мебарад.

Ҷиянҳои Асозода Дилшод бошанд бисёр ҳам мутакаббиру ҳавобаланданд. Ҳар ҷинояте содир кунанд, онҳоро касе чизе намегуяд.

Як ҷиянаш Шодибек Асоев рӯзи дароз дар шаҳр бо мошини Тойота кемрияш мегардад, аммо ҳамеша банг задагӣ, чашмонаш суп-сурх. ГАИву милисаро писанд намекунад. Дар ҳалқаи авбошону бангиҳо мегардад. Ҳар духтаре ё ҷавонзанеро дар қади куча бинад, ҳатман ба ҳамхобагӣ даъват мекунад. Шодибеки ҷияни раис бисёр вақт дар назди супермаркети автовокзал мегардад. Аз инҷо духтарҳоро аз Душанбе ва дигар ҷойҳо «заказ» карда бо таксӣ меоранд ва ин аблаҳ аз ин ҷо гирифта ба мошинаш савор карда аз супермаркети вокзал  майда- чайда харида ба дачаҳои амакаш бурда корҳои ҳаром анҷом медиҳад. Боз оварда ба назди вокзали Норак ба таксиҳои Душанбе мешинонад, пулашро медиҳад ва равонашон мекунад.

Акнун, ки тобистон аст ин корҳои ҳаромро ҳаррӯз идома медиҳад. Ва дар пеши вокзали Норак  бо ҳамроҳи ҷураҳояш, ки фарзандони мансабдорон ва наркобизнесҳо мебошад, суҳбат карда меистанд. Бисёр вақт бегоҳ ин корҳоро анҷом медиҳанд.

Масалан мегуянд, ки ман имрӯз як духтарро фалонҷо бурдам, фалонаш кардам, дар ҳоле, ки аз ончо модарону хоҳарон мегузаранду магазин медароянд. Аммо барои инҳо айбу шарм тамоман нест.

   Фарзанди Сайдуллоев Наҷмидин бошад таъриф карда мегуяд, ки «мошини ма девона мерава –лексусум, дигараш боша мерседесашро таъриф мекунад. Дар як чи ҳайрон ҳастем, ки барои чи коркунои прокуратураву  суд бо бангиву дузду наркобизнес рафиқанд. Коркуни мақомоти ҳуқуқро мебинӣ бо наркобизнесу дузду бангӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гуфтаву хандида истодааст. Дар ҳоле, ки медонанд, инҳо ҷинояткоранд. Бангу доруҳои наркотически мефурӯшанд.

 Аммо ин ҳама пулу мол аз роҳи дуздиву ғорати давлату миллат  аст. Вақте ҷиянҳои раиси Норак ҷиноят содир мекунанд, ягон касро зананд, угрожат кунанд, касе ҳатто участковий чизе гуфта наметавоанд. Боз ба тарафи одамҳои озору азият додаашон беҳаёёона ва бешармона тамасхур карда мегуянд, таға дорӣ чи ғам дорӣ. Яъне ман таға дорам, ту кӣ дорӣ, мегуянд.

  Маорифи шаҳри Норак бошад беҳад дар дараҷаи паст қарор дорад. Хонандагони мактабҳои Норак бесавод шудаанд, чунки тамоман назорат нест. Ҳар ҳафтае дар ҳукумат, шуъбаи маорифу мактабҳо маҷлисҳо баргузор карда падару модаронро таъкид карда истодаанд, ки фарзандҳоятонро назорат кунед, бетарбия шудаанд, аз дарсҳо мегурезанд, муаллимонро гуш намекунанд.

 Рӯзи дарозро фарзандҳо дар дачаҳо, дискотека ва калянбарҳо мегузаронанд. Мо дигар тавони назорат карданро надорем. Дар роҳу гузарҳо, пеши домҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ  ҷавонон ба ҷангу занозанӣ машғул ҳастанд. Ҳатто имомони масҷидҳоро даъват карда истодаанд, ки ҷавонҳоро насиҳат кунанд.

Чанд вақт пеш як фарзанди наркобизнес, ки талабаи мактаб аст чанд нафарро бо кордча зад. Аммо ҳеҷ кас ҳеҷ чиз нагуфт. Ин фарзанди наркобизнес, ки хонанда аст боз ба мошинҳои қимат мегардад, аз ҷумла Мерсу БМВ ва дигару дигар. Ин наркобизнес аз қишлоқи Тутқавул аст, номаш Рашид мебошад. Рашид як- ду сол пеш чи проблемае карду гурехта Дубай рафта буд.

Дар инҷо проблемаашро пул дода ҳал карда баъд омад. Ҳоло дар ҳаминҷо бо мошини Х5 сафед  гашта истодааст. Мошин ку барои инҳо ранги бозича аст, иваз кардан мегиранд. Агар фарзандони як камбағали оддӣ ягон кор кунад дарав масъулияти падару модар гуфта ҷаримаву танбеҳаш медиханд. Дар ҳоле, ки бисёри ҷавонҳоро бангиву алкаш кардагианд.

  Дар мактабҳои Норак хонандагони босавод низ бисёр ҳастанд. Ва ин хонандагон дар озмунҳои  шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳурӣ  ва байналмилалӣ иштирок карда ба ҷойҳои  намоён сазовор мешаванд. Ва номи Тоҷикистони азизамонро баланд мебардоранд. Амо инҳоро ҳукумати Норак ва маориф бо мукофотпулиҳо сазовор намегардонад. Фақат як порча коғази ночизе, ки ифтихорномаву сипоснома ном доранд медиҳанду тамом. Дар ҳоле, ки аз буҷаи давлат барои ин гуна хонандагон пулу туҳфаҳо ҷудо мешавад. Ва ин раиси шаҳр Асозода Дилшод аз ҳамин пули хонандагони болаёқат низ медузад. Боре худам шоҳид будам, ки вақте як духтар дар олимпиада ҷои аввалро гирифт Асозода Дилшод ба дасташ як конверт дод, ки дар дарунаш пул буд

Баъд аз рафтани мардум аз маҷлисе, ки хонандагонро мукофот доданд, ин духтарро фарёд карда конверташро пас гирифта ба дасташ 150 сомонию як  дарзмоли 50 сомона дод. Хонандагон беҳад руҳафтода мешаванд, вақте ин гуна ноадолатиҳоро мебинанд.

 Аммо шумо руҳафтода нашаведу хонед. Ҳатман он рӯзе фаро мерасад, ки ҳукумати мардумиву давлат шуморо қадрдонӣ мекунад. Ва давлатҳое ҳастанд, ки дар илму дониш, технология  пешрафта ҳастанд ба мисли Сингапур, Малайзия Нидерландияву Фаронсаву Олмону Ҷопон ва мо низ кушиш карда ватани азизи худро, ки Тоҷикистон ном дорад ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардонем. Аммо бе шак пас аз рафтани Раҳмонов бо оила ва ин шайкаи дузду ғоратгараш. Чунки инҳо худашон намехоҳанд ҷавонон бо савод ва малакаҳои илму донишро аслан  намехоҳанд сайқал диҳанд.

Неругохи барқи обии шаҳри Норак ба номи Турсун Улҷабоев аст. Бародар Муҳаммадиқбол! Вақте шумо дар як барномаатон дар бораи мансабдорони ин ГЭС ва дуздиву ҳаромхуриву корҳои ғайриқонуниашон гуфтед мардум ба шумо ҳазорҳо аҳсант гуфтанд. Дар куҷое менишастӣ гап аз ГЭС ва барномаи шумо мерафт. Мардуми Норак  мегуфтанд, ки ҳакикати ҳол баромад. Ва гумонашон ин буд, ки ин ғоратгарон аз директор сар када то сармуҳандисон ва Сайдуллоев Наҷмиддин ба ҷавобгарӣ кашида мешаванду аз озоди маҳруму паси панҷара мераванд. Дар ҳоле, ки ҷиноятҳояшон бениҳоят бисёр аст. Аммо як омада мақомоти тафтишотӣ пулҳояшонро канда гирифтанду тамом.  

Мисол:сармуҳандиси неругоҳи Норак Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, ки уро Миша низ мегуянд, маошаш зиёди зиёд 15.000 сомонӣ мебошад. Аммо ин қадар хона, дача, мошинҳои гаронқимат аз куҷо, ба кадом пул, пули падараш ё пули меҳнати худаш?

Албатта, ки инҷо руирост коррупсия порахурӣ, дуздӣ, суистифода аз мансаби давлатӣ аст. Пас, бояд ҷавоб гуяд, якҷо бо фарзандони падараш ва худи падарашу амакҳояш. Зеро падараш дар неругоҳи Роғун дар мансаби руғанӣ буд ва амакаш раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва бародаронаш  дар мақомоти судию ҳуқуқӣ. Ва як бародари аҳмақу кавдани  дигараш бошад дар неругоҳи Бойғозӣ кор мекунад. Инҳоро дар шаҳри Норак бо номи Шамсулоевҳо  низ мешиносанд ва машҳуранд. Ва мо кормандони ҳукумати Ш. Норак аз имрӯз ба шумо мегуем,ки нагуед, ки амакам ширкати «Барқи тоҷик» ва бародаронам дар макомоти судию ҳуқуқӣ кор мекунанд ва шиносҳо баландмақом дорем ва моро касе чизе намегӯяд.  Ин мардум дар хунатон ташнаанд. Пагоҳ давлати мардумӣ, ки омад ҳамаатон дар назди ин миллати ранҷдида ҷавоб хоҳед дод.

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ва рақибаш Сайдулоев Наҷмиддин, ки дар бахши хоҷагидорӣ дар неругоҳ ҳаваси директоршавӣ доранд, тамоми роҳро истифода бурда истоданд, ки директори ГЭС-и Норакшаванд ва ин аблаҳи мусафеди пирсоли дармаед Шоҳидинов Фазлиддин Таваккалович аз мансаби директори  рафтанӣ нест. Амо вақт нишон медиҳад, ки баъди рафтани ин кӣ директори ГЭСи номдори Тоҷикистон Маҳмадамин ё Наҷмиддин ё каси дигар мешуда бошад.

Маҳмадамин Мамадсаидзода дар ҳама ҷойҳои кабинетҳо камера мондагӣ аст.   Коргаре маъқулаш нашавад дар назди директор Шоҳидинов Фазлиддин Таваккалович сиёҳ карда аз кор мегирад. Камераҳоро барои бехатарии неругоҳ не барои чи хел поастава кардану издиватсия кардану шарманда кардан мондагӣ аст. Маъқул нашуд ба одамоне, ки ба камераҳо сару кор доранд, фармон медиҳад, ки «бра фалонқодар камера мон». Агар ба ягон кори таъҷилӣ ягон кабинет меравӣ ё берун наҳор ё чоштхурӣ, ҳатто ҳоҷатхона меравӣ дарав меояду мепурсад, ки куҷо будӣ, чаро рафтӣ ва ҳамин тавр безор мекунанд. Охир ин чигуна роҳбарӣ аст. Безор шудем аз ин гуна роҳбарию кори давлатӣ. Коргарони оддиро намегузоранд, ки бо як шавқу ҳавас кор кунанд.

 Охир, то камера кардаву коргарҳоро танбеҳи беасос додан дар маҷлисгоҳ  ҷамъ шаведу бо калонҳоятон маслиҳат кунед, ки чи хел кунем автобусҳои неругоҳ, ки аз давраи СССР мондагиянд бо автобусҳои ҳозиразамон иваз карда мардуми коргар равуояш роҳаттар шавад. Ва хориҷиҳо, ки дар неругоҳ кор мекунанд дар ҳолатон наханданд. Вақте автобусҳои куҳна ҳаракат мекунанд, чунон ба ҳаво дуд сар медиҳанд, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Ақалан ягонто як адад аз моликияти дуздидатонро ҳар як кадомат фурӯшед ва ба неругоҳ автобусҳои нав биёред чи мешавад? Ин ба директору муовину сармуҳандисҳо ва Сайдуллоев Наҷмидин дахл дорад. То замоне, ки ба Тайота ландкрузери последний модели бо номери “1000 PN01” гу ва Лексуси “1994CY01” ва Тайота прадои “4005AO01” ва дигар маъркаҳо бо ҳамроҳии фарзандону набераву бародаронатон мегардед.

Сайдуллоев Наҷмиддин, ки дар неругоҳи Норак кор мекунад ва ҳар он молу маҳсулоте, ки мебарояду медарояд ба неругоҳ ҳамааш ба ҳамин вобаста аст, бе иҷозати вай ягон асбобу техникаву маҳсулоти сузишворӣ бурда ё дароварда намешавад.

  Аз он рузе, ки дар борааш дар канали Ислоҳ. тв гуфтед барои дуздиву ҳаромхуриву корҳои ғайриқонуниаш яке якбора касали қандаш боло рафт. Ва дар куҷое, ки ҳозир мешудаст, дар круги худашон, дар ягон маҷлис ё ягон маърака ва чорабинӣ мегуфтааст: «очашона фалон кунам, бо мара дар Ислоҳ. тв айбома гуфтиян. Охи ина мара ҳиҷка ҳичи нагуфт бефойдай гуфтагиҳошон, ма пул дорум одамои зур дорм, ҳақи ҳамаша метиям мутаҳам кардагӣ ҳастам тамоми суду пракрору амнияту милисара ва кришаи ма ин Хуршеди карупсия мебошад, ки бо Ҷаноб робитаи хело хуб дорад. Бо мошини мара нишон додиян, даркоршава пага  ролс роес закас мекнм миёранма, кӣ мара ячи мега, ҳиҷкас.”

 Сайдуллоев Наҷмиддин пеш аз онки президент барои кушодашави агрегати аввал ба неругоҳ ояд ҳамаҷои ГЭС-ро ҳарому ҳалол гуё таъмир карда маблағро «списат» карду ба ҷайбаш зад. Баъд рафтани президент ҳама ончизе ки таъмир кард, ба вайроншавӣ рӯ овард. Чунки кадом таъмире набуд, як омодасозии дурӯғин, як косметикаи фалшивий буд.

 Сайдуллоев Наҷмиддин айни замон, ки чархаҳои неругоҳро бо тамоми таҷҳизоташ нав карда истодаанд, бо суиистифода аз мақому мансаби давлатӣ бо ҳар васила дуздӣ карда истодааст. Ҳам аз он пуле, ки барои навсозӣ ҷудо мешавад ва ҳам аз ин қадар тоннаҳо оҳану мед,ки кандаву дар ҷояш нав оварда истодаанд. Албатта, агар инҷо назорат бошад, ин садҳо тонна оҳану мед, ки ҳоло кандаву фурӯхта шуда истодааст, бояд маблағи он барои неругоҳ сарф карда шавад. Вале ҳайҳот ин тавр нест. Миллионҳо сомониро Сайдуллоев Наҷмиддин дар ҷайбаш зада истодааст. Рости гап торумор карда истодааст. Ин ҳолатро ҳама коргарони оддӣ медонанд ва дида истодаанд. Сайдуллоев ҷиҳати табобат ба чандин давлатҳои пешрафта сафар кард, муолиҷа кард

  Аммо натиҷа надод. Зеро ҳама луқмааш ҳаром ва аз пули дуздӣ мебошад. Хеле лоғар шудааст. Ӯро дар тамоми Норак аз руи %-диҳиаш ҳама мешиносад. Ҳатто дар баъзе мавридҳо мансабдорон низ аз ӯ бо фоизи хело баланд, қарз мегиранд. Агар 1000доллар қарз гирӣ 100 доллар % медиҳӣ. Ин фақат як мақомдори неругоҳ аст ки ба чунин ҷинояти рибохури даст мезанад.

   Сайдулоев Наҷмиддин дар 170.000 ҳазор доллар 2 мошини воҳимаи Тайотаву Лексус  заказ карда оварданаш. Яктоаш Лексусҳои сиёҳи модели нав буд. Рақами давлатиаш “1994CY01”,ки ба  писарҷонаш дод ва мошини баланди воҳимаашро, ки Тойота-Ландкрузер, рақами давлатиаш “1000PN01”аст, худаш гирифт.

 Вақте ба неругоҳ ба кор меояд, мошинашро мебинӣ, мегӯӣ вазир ё ягон баланд мақоми болоии давлат аст. Аммо як мансабдори маъмулии неругоҳ мебошад. Хонааш низ хело муҳташаму бодабдаба аст. Шумо фаромӯш накунед, ки ин ҳама савлату давлату каттагӣ аз ҳисоби пули халқ ва давлат аст.

  Ва рузе ҷавоб хоҳед дод. Аммо як нуктаро бояд бигӯям. Ҳоло тарс инҳоро хело фаро гирифтааст. Дар даруни ГЭС, дар беруни ГЭС ҳатто аз дарвозаи ГЭС берун сурати знак запрещен задагианд. Яъне суратгирӣ дар ҳудуди неругоҳ қатъиян манъ аст. Коргарҳоро маҷбур доранд, ки телефонҳои чормағзшиканак гиранд. Инҳо тамоман дар фикри пешравии ин давлату миллат нестанд. Фақат барои манфиати худу фарзандонашон кор карда истодаанд.

     Тарҷумаи ҳоли раиси дузду ғоратгари  Норак

Асозода Дилшод Азизмурод-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак.7 июни соли 1983 дар шаҳри Норак дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси мутахассис оид ба иқтисодиёти ҷаҳон ва соли 2010 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

   Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 2005 дар Маркази инкишофи ҷамъиятии «Парастор» ба ҳайси муҳосиб-иқтисодчӣ оғоз намуда сипас солҳои 2006-2007адои вазифаҳои муҳандис –заминсози КДФ «Барқ-замин»-и шаҳри Норак,солҳои 2007-2010 сармутахассиси бахши ислоҳоти иқтисодӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо,солҳои 2010-2011 мудири бахш оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак,моҳҳои феврал-апрели соли 2011 мутахассиси маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳри Норак,солҳои 2011-2014 сармутахасси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак, солҳои 2014-2020 дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Норак фаъолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2020 то инҷониб вазифаи раиси шаҳри Норакро бар уҳда дорад ва то имрӯз Норакро бо шиддат ғорат ва тороҷ дорад.

Поёни бахши дуввум, идома дорад…..

.

Share This Article