Хонандаи гиромӣ ин матлабе,ки мехоҳем тақдими шумо намоем як чакомае аз додарони домоди Нуриддин Раҳмонов мебошад. Ин оила ин кишварро миёни худ тақсим карда ҳар коре хоҳанд анҷом медиҳанд. Домод боши тамом,на танҳо худат бародаронат бесавод ҳам бошанд барояшон бо як занги телефон диплом медиҳанд ва вазифаҳояшон пешо пеш омода аст. Охир ин давлатдорӣ аст магар? Қабл аз рафтан ба асли матлаб, Худоро шукр мегӯям,ки Раҳмонов чанд духтари дигар надорад ва Нуриддини акааш ҳам чанд духтари дигар надошт. Ҳоло боз бадбахтии дигар ба кишвар ин набераҳои инҳо шуда истодаанду оқибати ин миллат ва мардум ба хайр бошад.
Салимҷон Салимзода ё Ҷобиров Салимҷон ё Бобоҷон Ҷобиров
Қаҳрамони манфии имрӯзаи “Ислоҳ” Салимҷон Салимзода аст. Пештар фамилияаш Ҷобиров буд. Капитани милитсия аст, дар назар аст,то авохири моҳи июн рутбаи майорро бидиҳанд ва алакаи гуфтааст маро метавонед майор гуфтан гиред янгаам ваъда карданд. Ӯ соли 1992 таваллуд шудааст, Академияи милитсияи Вазорати дохилиро “хатм” кардааст. Яъне бо як занги телефони янгааш, ки ҳамсари бародараш ҳаст ин академияро бе дониши казоӣ “ сарпастона хатм” кардааст. Ҳамкурсонашро пурсидем ,ҳама механданд ва суханоне гуфтаанд,ки лоиқ ба зикрашонро намебинем. Чун,ки ӯ бародари домоди Нуриддин Раҳмонов аст. Ҳоло сардори БДА-ГАИ-и шаҳри Норак аст. Ин одам писари Ҳоким Ҷобиров, қудои Нуриддин Раҳмонов аст. Нуриддин, ки соли 2017 мурд, бародари тракторчии Эмомалӣ Раҳмонов аст. То омадани Эмомалӣ Раҳмонов тракторист буд вале охирҳои умраш мултимиллионер шуд. Аз Норак, то Данғара ҳама куҳу пуштаҳояшро шахсӣ карда буд ва симхор ҳам кашида буд. То мурданаш отделкадри сабтином нашудаи Эмомалӣ Раҳмонов буд. Ҳар мақому вазифаро бо нархе мехост қимат мегузошту пулро мегирифту додараш он вазифаро ба он шахсе Нуриддин муаррифӣ мекард менишонд. Фарқ надошт ӯ дониш ва савод дорад, мутахассис ҳаст ё не , пул дошта бошад шуд.
Ҳоким Ҷобиров падарашон аст. Сафар Ҷобирзода домоди Нуриддин Раҳмонов мебошад. Ҳоло сардори Агентии мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе аст, чунки домоди акаи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Яке аз коррупсионерҳои забардаст ва моҳире мебошад, ки дар мавридаш маълумотҳои хубе расидааст. Боз ин домодҳо, ки ҳама ҳаёташон аз пушти занҳояшон ҳаст зани дуввум ва севвум ҳам доранд ва боз ба амалҳои фаҳшу фуҷур ҳам даст мезананд. Албатта ин ҳама аз пулмастии онҳост, ки дигар намедонанд чикор кунанд. Дар фурсати муносиб нисбати ин ҷонвар ҳам матлаби хубе тақдиматон менамоем.
Ва, аммо Салимҷон Салимзода аввал участковый кор кардагӣ, баъд уголовный розыск. Баъдан ҳамчун инспектори ГАИ ,чанд муддат начальник тех отдели ГАИ республика ва ниҳоят охирҳои моҳи май 2021 тавассути акааш дар курсии сардории БДА дар Норак нишаст.
Агар ба ман бовар намекунед аз сокинони Норак, аз таксистони ин шаҳр пурсед,чи гуна инсони паст буданашро ба шумо мегуянд .
Омадан баробар дар шаҳри Норак зулмро сар кард. Барои «результат» нишон додан ҳамаро ҷарима ва ҳатто мошинҳояшонро бурда маҳкам кард. Мардуме, ки аз таксӣ рузгорашонро пеш мебурданд аз як нола нон ҳам монданд. Вай ин корро дар вақти кор дар Душанбе ҳам мекард.
“Ҳар касе саҳван қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекард, аз ҷумла таксистонро бо мошини шахсии худ таъқиб карда пул меканд. Ҳайратовараш ин аст ки вай ҳамагӣ 29 сол дорад аммо сардори БДА шуд. Ҳатто ба ӯ ваъда додаанд, рузҳои наздик рутбаи майорӣ медиҳанд.800 сомонӣ маоши моҳона дорад, аммо мошини Тойота -Камрии сиёҳи 30.000 долларӣ зери рояш аст.”
Рӯз то бегоҳ дар гостиницаи Норак ва кораш бо духтарони ҷавон айшу нушу истироҳат аст. Ба гуфти худаш к….йӣ. Харҷи якрузаи ин одам баробар ба ду -се ҳазор сомонӣ мебошад. Аммо бовар кунед калааш аз савод холӣ,ноли нол,номашро навишта наметавонад, дар куҷо имзо гузоштанро дар протокол ё санад намедонад. Ҳатто пулро ҳисоб карда наметавонад. Якбор ба ӯ се ҳазор сомонӣ додам ва аз ман пурсид 3000 ҳазор чандто нол дорад? Тамоман дар таъаҷҷуб мемонад инсон,ки чунин шахс раиси БДА шудааст. Марҳамат агар натарсанд аз ВКД як комисия ташкил кунед рафта санҷеду хулосаатонро бароред.
Сафар Ҷобиров домоди Нуриддин Раҳмонов
Ҷобиров Сафар Ҳокимович, домоди Нуриддин Раҳмонов соли таваллудаш 1988, хатмкардаи Донишгоҳи Миллии Точикистон, сардори Агентии мубориза бо коррупсия дар Душанбе .Пештар Сардори шӯъбаи грантҳои бебозгашт дар коррупсия ва дар мақомоти корҳои дохила кор кардааст Падари Сафар яъне Ҳоким қудои Нуриддин Рахмонов, соҳиби сементбозор воқеъ дар поёни бозори Корвон ва чандин «точка»-нуқтаҳои савдо дар бозори Корвон доранд
“Ҷобиров Сафар ҳамроҳи духтари Нуриддин Рахмонов дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар як курс дар факултети ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекарданд .Оилаи Ҷобировҳо як оилаи камбағал буд. Дар маҳаллаи 65-и Душанбе хона доштанд. Сафар духтари Нуриддин Раҳмонов Рухсора Раҳмоноваро дӯст медорад ва ошиқ мешавад ва ба хонаи онҳо ба Данғара дар фасли зимистон хосгорӣ меравад.”
Сафарро чандин маротиба писарони Нуриддин Раҳмонов Фазлиддин ва Тоҷиддин латукуб,карда аз Данғара бо ҳамон мошини Нексия, ки омада пеш мекунанд. Аммо падари Сафар бо Нуриддин Раҳмонов ба як тавофуқ расида ҳарду розӣ мешаванд, ки фарзандони худро хонадор кунанд.
Ҳоким хонаи дар маҳаллаи 65 бударо фурухта туйи писарашро мегузаронад ,ва бехонаву дар мемонад ва дар квартира зиндагӣ мекунад. Сипас қудояш ба ӯ аз заминҳои поёни бозори Корвон зиёда аз 20 га ҷудо карда медиҳад. Ҳоким ин заминҳоро ҳуҷҷатгузорӣ карда ба мардум мефурӯшад ва дар хамонҷо як НФС ва бозори семент месозад. Ин бозор то ҳол фаъолият карда истодааст,ки онро Бахтиёр бародари Сафар Ҷобиров роҳбарӣ мекунад
“Ҳамин тавр мурғи ба Сафар ҳамхона шуда мурғи на танҳо бахт, ҳамчунин мурғи мансаби ӯ ҳам мешавад ва зина ба зина ба мансабҳои баландтар роҳ меёбад. Албатта на танҳо худаш балке бародарон ва падару наздиконаш. ”
Сафар доро ва соҳиби хонаҳои боҳашамат дар Душанбе ва Кулоб мешавад. Дар назди сафорати Амрико дар ш Душанбе ва маҳаллаи 65 дар маркази пойтахт хонаҳои истиқоматӣ месозаду мехарад. Дар колхози Россияи ноҳияи Рудакӣ чанд котеджи бо ҳашамате ҳам мебардорад.
Бародари хурдии Сафар чуноне гуфтем Салимҷон Салимзода, сардори БДА-и Норак таъин шуда аст.Насаби пешинаашро,ки Ҷобиров буд ба Салимзода иваз кард. Вақте ӯ сардори тех отдели ГАИ-и ҷумҳурӣ буд, ҳамчун намоянда ба Ҳисор фиристоданд. Кори ҳамешагии ӯ дар Ҳисор ин буд. Саҳар мерафт ба ҷои кораш ва пулҳои рузи гузашта ҷамъшударо-пули техосмотру прававу балову бадтарро ба ҷайбаш мезаду пас мегашт ба Душанбе. Ӯ дар мошинҳои рангобаранг аз ҷумла Ренҷ Ровер, Тойота Камри, Ланд крузер, ки нархи онҳо на камтар аз 40.000 доллар меистад, катагӣ карда мегашт. Ӯ як хусусият дорад. Тамоми мошинҳои худро сиёҳшишаи 100% ба ибораи дигар «напавал» мекунад,(яъне шишаи пеши мошинро ҳам сиёҳ мекунанд) ки тибқи қонунгузории кишвар ҳаштуним ҳазор сомонӣ ҷарима дорад, мегардад. Кори ин капитани имрӯзу майёри ояндаи 29 сола арусбозӣ ва Варзобу Норак айшу нуш бо духтарҳои 18-19сола. Ғариву зинокорӣ кори ҳамешагии ӯ мебошад .Вай муътоди таблеткаҳои экстазӣ ва психотропикӣ “Лирика” аст. Яъне доруҳои мадҳушкунандаи синтетикӣ истеъмол мекунад. Сахт муътод ё зависимост дорад. Чандин маротиба ба садама дучор шудааст аммо ба ӯ сабақ намешавад, ягон касро гӯш намекунад. Дар мошинашаҳояш сигналҳои махсус часпонда шудааст ва ҳар гоҳ, ки хоҳад касеро, ки хоҳад дар кадом вақте ки хоҳад болояш фишор ва таҳдид меорад. Сафар бародари Салимҷон соҳиби ду фарзанд мебошад :як духтару як писар. Номи писараш Юсуф аст ва худи Салимҷон низ соҳиби ду фарзанд буда дар ҳар як кунҷи шаҳр хона дорад.
Бахтиёр Ҷобирови курпача фурӯш Сардори гурӯҳи зудамали ВКД ҳам шуд:
Бахтиёри бародари калонии Сафар соҳиби се фарзанд мебошад. Вай пештар дар бозори Корвон курпачафурӯш буд. Пас аз домоди Нуриддин Раҳмонов шудани бародараш ӯро «начальник спецназ»-и Кулоб таъин карданд. Баъдан дар чанд шуъбаҳои милитсия кор кардааст ва ҳоло ҳам кор мекунад. Ягон маълумоти олӣ надорад ва дипломи академияи милесаро барояш туҳфа кардаанд. Ба ин тариқ ин ашхос, ки ҳамагӣ соҳиби қудрат дар ҳар гуна соҳаи давлатианд чи коре форадашон ҳамонро мекунанд. Аммо ҳоло гап- гап аст ки Сафари домоди Нуриддин Раҳмонов дуюму сеюмдараҷа шудааст ва зудӣ ӯро бояд «убрат» кунанд ва ба ҷояш нафари худи Оила, ки якумдараҷа ба ҳисоб меравад ,онҳоро гузоранд. Ҳангоме иллати ин корро пурсидем. Посух чунин буд: Набераҳо калон шуда истодаанд,дигар домодҳо куҳна шудаанд ва вақташон тамом,салоҳияташон ба поён расид.
Ин полковники 33 сола соли 2017 ба ҳабсу зиндони ҳабдаҳ корманди Агентии мубориза бо коррупсия,ки дар гирифтани пора ва ғайриқонуни нигоҳ доштани тиллову пули зиёд муттаҳам шуданд даст дошт. Ва ин нафарон рафтанд кунҷи зиндон. Албатта ин нафароне рафтанд бегуноҳ набуданд. Вале ӯ он замон фикр намекард,ки рузе ба сари ӯ низ чунин ҳодиса меояд
Инҷо баъзе аз аз нафаронеро,ки маҳз ӯ ҳабс кардааст, номбар мекунам:
ДАВЛАТБЕК ХАЙРЗОДА ХАЙРОВ, собиқ муовини Директори Агентии мубориза бо коррупсия
Қосим Саидзода, собиқ сардори Агентии мубориза бо коррупсия дар Душанбе
Ҷамолиддин Муҳаммадзода
Фируз Холмуродзода, сардори Раёсати тафтишоти Агентии мазкур
Фахриддин Бозоров – ҷонишини сардори Раёсати тафтишот
Умед Камолов – сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткорӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Агентии мазкур, писари С.Камолов,раиси пешини КДАМ
Амиршо Султонзода – сардори шӯъба дар Агентии мазкур ва ҷияни вакили собиқи Маҷлиси Намондагон Саодат Амиршоева
Сафаралӣ Ҳомидзода – ҷонишини собиқи сардори Агентии мубориза бо коррупсия дар в.Хатлон,
Фирдавс Ниёзбадалов – муфаттиши Агентии мубориза бо коррупсия, домоди Амирқул Азимов, собиқ Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон
Дар ин гирудор тамоми кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткорӣ дар системаи судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Агентии мубориза бо коррупсия аз кор ронда шуданд ба истиснои Сафар Ҷобирзода домоди Нуриддини бародари Эмомалӣ Раҳмонов. Баракс дар айни ҷӯши ин ҳодиса ӯ дар кор мақоми баландтареро касб намуд.
Ба гуфти худи Салимҷон Салимзода имкон дорад ӯро «начальники ГАИ» дар тамоми ҷумҳурӣ таъин кунанд .Чун тағааш вазнин аст. Бояд инро зикр намоем,ки Салимҷон Салимзода бародари Сафар Ҷобирзода домоди Нуриддин аст. Аммо Салимҷон Салимзодаро Бобоҷон ҳам мегӯянд ва инҳо насабҳои худро иваз мекунанд ва ин барои онҳо муҳим аст.
“Бовар кунед ӯ ба монанди як талбанда -гадо аст. Яке аз бародарон аз Норак вақте ки дар як ошхона нишаста будем нақл карду гуфт ин Салимҷон мисли як талбанда будааст. Гуфтааст, ки раведу барои ман дар як дача шароити истироҳат тайёр кунед ,равед мевагӣ биёред, Кока кола биёред, пиво биёред ва ғайраву ҳоказо. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро шарм намекунад ва чунин чизҳоро металабад?? Шумо чи хидмае кардаед ба ин мардум ба ҷуз аз дуздӣ? Чаро чунин фармонҳо медиҳед? Мо ба монанди шумо мардумро ғорат намекунем. Меҳнати ҳалол дорем, заҳмат мекашем, бо арақи ҷабин кор мекунем.”
Бародарон ва хоҳароне, ки имруз ин номаи маро мехонед ва мешунавед! Шояд шумо то имрӯз нисбати ин ашхос чизеро нашунидаед, огоҳ бошед, инҳо ҳамон нафаронеанд, ки фарзандони мову Шуморо таҷовуз ва ҳар коре,ки мехоҳанд мекунанд. Бовар кунед,ки ин оила ҳеҷ вақт серӣ надорад. Шояд шиками инҳо сер бошад, аммо чашми инҳо гуруснааст, серӣ надорад. Инҳоянд,ки 3 миллион мардуми мо дар мулки ғарибӣ мусофиранду сарсон, инҳоянд, ки имрӯзҳо ҳазорон -ҳазор ҷавони ҷонбаркафи миллат ва мардуми кишварамонро зиндонӣ кардаанд, инҳоянд ки дар чунин мошинҳову дар ресторанҳои гаронарзиш ва дачаҳо айшу ишрат мекунанд ва миллати тоҷик аз гуруснагӣ мемиранд.
Замоне ,ки мардуми шарифи Ворух ва мардуми азизи ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ рӯзҳои сахтеро пасисар мекунанд , инҳо дар фикри онанд, ки фардо дар куҷо бояд истироҳат кунанд
Инҳо сабабгори онанд, ки миллати мо дар Русия хору залил шуд, инҳо сабабгори онанд, ки духтари тоҷик имрӯз аз чорчубаи инсонгарӣ берун баромад! Бедор шав, эй миллати азизам !
Бетараф набошед,ки ҳар ҳодисае, ки болои ин мардум оварданд, болои ҳар яки мову шумо ин хоҳад омад.
На камтар аз 3 нафар дар Русия фарзандони мову шумо дар як руз қурбон мешавад! Бас кунед чоплусиро, бас кунед лаганбардориро! То ба кай дар хоби ғафлат мемонед?
Хитоби ман ба мардуми азизам ин аст. Ман нафаре ҳастам,ки дар дохили ин гурӯҳ ҳастам ва бо ду чашми сарам ҳар рӯз дида истодаам,ки ба чи корҳое инҳо қодиранду даст мезананд:
Аллоҳи бузург мегӯяд: Ҳар қавме,ки намехоҳад худашро ислоҳ кунад мо он қавмро ислоҳ намекунем
Пас, биёед ҳадди ақал дифоъ аз номуси худ карда наметавонем, дифоъ аз Раҳмонов накунем. Ҳар яки мо медонем, ки Раҳмонов дузд, роҳзан, қотил ва таҷовузгар мебошад.Шоистаи марди мусалмон ва тоҷик нест, лаганбардориву чоплусӣ.
“Инро ҳам бояд таъкид намоям,ки Сафар Ҷобирзода дар айбдоркунии Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон низ даст дорад. Парвандаи ӯро ӯ пеш бурдааст. Роҳбарони бемористони бузургтарини мамлакат «Истиқлол»-ро аз даҳони худи ӯ шунидам, ки гуфт «хдм трмашон кадм, комеш путат мекна лингош ай ҳаво мия». Бо ана ҳамин шиорхо ин оила ва наздикону бародарони домодҳои ин оила зиндагӣ мекунанд.”
Дорухонаи «Мадад» чандин соҳибкоронро ба қавли русҳо “кришават» мекунад .Яке аз ин соҳибкорон Абдусаттор , агар хато накунам дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, собиқ Куйбишев ва ноҳияи Ёвон бо бизнеси орд машғул аст. Дорухонаи «Мадад» чандин соҳибкорро ба қавли русҳо «кришават» мекунад. Ин дорухона таҳти «криша»-и ҳамин Сафар аст. Ин нафари ордфурӯш, ки як вақтҳо даъво мекард модараш бо модари Э. Раҳмонов апаву хоҳаранд ,дар назди Сафар ба монанди ғулом рафтор мекунад.
Ps: Акнун хонандаи гиромӣ фаҳмидед,ки як духтари ин оиларо гирифтан чӣ қадар мусибат болои ин миллат меоваранд. Ҳамин ки домод шудед дигар бародари курпачафурӯши домод сардори гурӯҳи зудамал мешавад. Бародари дигараш,ки номашро навишта наметавонад раиси БДА мешавад ва нохонда дипломаш медиҳанд,чунки ӯ бародари домоди акаи Раҳмонов аст. Акнун фикр кунед,ки домодҳои худаш ва бародарону наздикони онҳо дар кишвар чӣ гӯна тохту тоз ва таҷовузу ғорат доранд.
Ин нома аз наздикони ин доира ба “Ислоҳ” расид ва иллаташ ҳам дилашон ба ин миллат сухтани ин афрод аст,ки намехоҳанд мардумашонро чунин таҳқир шуда бубинанд. Норакиёни гиромӣ пас аз нашри матлаб ҳар ҷинояте аз Салимзода Салимҷон дидед ба “Ислоҳ” фиристед, то аз зулму ситамаш кам намоем. Инчунин аз дигар афроди ин оила ҳам донед фиристед,то тақдими мардуми кишвар намоем.