Э.Раҳмонов фармон дод, ки Сулаймон Султонзода бештар пора гирад

(бахши чорум)

                     Фасодкориву ришватситонӣ аз тарафи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҳмоновро водор кард, ки бо як фармони хос барои фаъолияти ин ниҳод шарту шароити навро вазъ кунад. Ин чи фармон асту оё кадом самаре хоҳад дошт ва метавонад, ки боиси коҳишёбии фасоду ришват дар ин ниҳоди давлатӣ шавад, мусоидат хоҳад кардро дар анҷоми ин  навишта ба баррасӣ мегирем. Вале ҳоло боз аз Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва аъмоли ҷиноятии ӯ хоҳем гуфт.

Бо вуҷуди онки мо бо далелҳои раднопазир дар бораи кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ба давлату халқи Тоҷикистон зиёновари Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кадрҳои ин идора- Фирӯз Камолзода навишта ва дар “Ислоҳ.нет” ба нашр расонидем, ҳамоно вазъият иваз намешавад ва дар ҳайрат мондаем, ки чаро Фирӯз Камолзода то ба ҳол дар мақоми иҷрокунандаи вазифа кор мекунад? Наход дар Тоҷикистон ягон мақомоте набошад, ки омада санҷиш гузаронад ва бинад, ки Камолзода Фирӯз дар кадом асос то ба ҳол дар вазифаи иҷрокунандаи сардори Раёсати кадрҳо кор карда истодааст. Мутобиқи қонун ӯ 4 моҳ ҳақ дорад, ки иҷрокунанда бошад. Аммо Камолзода Фирӯз бо пуштибонии Султонзода зиёда аз як сол мешавад, ки бар хилофи қонун   дар мақоми иҷрокунанда кор карда истодааст. Ҳол он ки номзадии ӯ ду маротиба аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президент барои ин мақом рад гардид. Чунин ба назар мерасад, ки Султонзода Дастгоҳи иҷроияи президентро ба ду пули сиёҳ ҳам намегирад.

Баъди интишори навиштаҳои ба такрори мо тавассути “Ислоҳ.нет” дар бораи аъмоли ҷиноятии Фирӯз Камолзода  ӯ сахт асабонӣ шуда ҳаррӯз ба маҳалли кор масту сархуш меояд. Сулаймон Султонзода, мудири Агентӣ дарк кардааст, ки пас аз интихоботи президентӣ ӯро аниқ аз вазифа барканор мекунанд. Айни замон бо воситаи Фирӯз Камолзодаи “кошелек”-аш фурсатро ғанимат шуморида гирифтани пораро дучанд карда истодааст. Ронандаи Султонзода Файзалӣ ном дорад. Ӯро ҳам Султонзода аз Прокуратураи генералӣ ҳамроҳ  овардааст. Як ҷавони ришвагири бетарбияи бадахлоқе аст. Файзалӣ дар аксари парвандаҳо, аризаҳо аз номи Султонзода суиистифода карда дахолат мекунад. Дар Агентӣ аз ӯ ҳама мутанаффиранд, ӯро бад мебинанд. Агар корманд гапашро нагирад омада ба шефаш — Султонзода он кормандро сиёҳ мекунад. Султонзода бошад бе санҷиш он кормандро чап гирифта баъзеашонро ҳатто аз вазифаҳояшон гирифтааст. Инчунин Файзалӣ аз номи Султонзода ва бо такя ба ӯ кадом вақте хост ба утоқи кории кормандон даромада маблағ ё ҳаргуна супоришҳо медиҳад. Султонзода   Файзалиро дар қабулгоҳаш ба ҳайси котиб ҳам  мондааст. Ӯ тариқи телефони қабулгоҳи Султонзода ба Раёсату шӯъбаҳои минтақавию маҳалии Агентӣ занг зада ба ҳар кори онхо дахолат мекунад ва супориш ҳам медиҳад. Кас ҳайрон мешавад, ки Файзалӣ   қариб ҳар моҳ мошинҳои шахсиашро иваз мекунад ва ҳар карат мошинҳои қиматтар мехарад. Бовар кунед Султонзода нафаронеро, ки аз Прокуратура ҳамроҳи худ ба Агентӣ овардааст, ҳамаашон мисли гушнаҳоянд. Умуман дар фикри кор нестанд ва ҳамаашон танҳо барои худ маблағ кор карда гаштаанд ва обурӯи Агентиро резонида истодаанд. Бовар кунед аз ҳама беобрӯтарин, беқадртарин роҳбар дар Тоҷикистон ҳамин Султонзода мебошад. Ӯ на дар Агентии мубориза бо коррупсия обрӯ дорад, на дар байни дигар роҳбарон ва на дар байни мардум. Сабаб дар он аст ки ӯ таҷрибаи роҳбарӣ надошт ва тасодуфан аз сардории як Раёсати Прокуратураи Генералӣ яку якбора ба вазифаи роҳбари Агентии мубориза бо коррупсия таъин шуд. Як мақоли мардумӣ ҳаст,ки мегӯянд “нодида яке дид, ҷазир кард”. Ин Султонзода ҳамин хел шудааст. Яку якбора инқадар пулро дида ҳавоии бад шудааст.

Дар Агентии мубориза бо коррупсия муовинони директор, сардорони Сарраёсатҳо, Раёсатҳо ва шӯъбаҳо ҳама аз муносибатҳои хело хашину бади Султонзода безор шудаанд. Аз муовинон сар карда, то  дигар сардорон барои коре ба назди ӯ даромаданӣ шаванд, онҳоро ғам мегирад. Ӯ дар қабулгоҳ қасдан то як соат онҳоро манъу мунтазир карда баъдан қабул мекунад. Дар ҳоле, ки ҳама медонанд,ки ӯ дар утоқи кории худ бе кор нишастааст, аммо ин рафтори хашинро Султонзода ба худ як имиҷ ва сиёсати корӣ табдил кардааст. Гоҳо корҳои таъҷилӣ пеш мебарояд. Барои мисол ҳолате мешавад, ки як хизматчии давлатиро бо пора дастгир кардан зарур меояд. Аммо Султонзода, дар ҳоле, ки хуб медонад, амалиёти оператививу фаврӣ чӣ аст, кормандони худро қабул намекунад, то иҷозати ӯро гирифта он ришвахорро дастгир кунанд. Аз ин сабаб аст ки рӯз ба рӯз дар кишвар ришвагирӣ бисёр шуда истодааст. Вале Султонзода дар утоқи кории худ хоб карда гаштааст ва тамоман дар фикри беҳтар кардани кор нест. Ё имкони бо он порахур ва коррупсионер ҳамдастӣ дораду боздошти ӯро намехоҳад.

Султонзода умуман дар фикри кори давлат нест, танҳо барои кисаи худ кор карда истодааст. Шумо худ як таҳлил кунед, ки баъди таъини Султонзода, ки инак 3 солу 10 моҳ мешавад Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои фасодзада чандин зина пойинтар рафт? Ҳатто дар ҷумҳурӣ ҳам ин кори Султонзода бетаъсир намондааст. Дигар порагириву порадиҳӣ ба як кори маъмулӣ мубаддал шудааст ва куҷое ки нарави бе пора коратро буд намекунанд. То омадани Султонзода  ришваситонӣ дар ҷумҳурӣ то ин дараҷа набуд. Агентӣ Султонзодаро ба андозае дастдароз кард, ки падари нафақахӯрашро оварда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда сармуҳосиб таъин намуд. Аз рӯзе, ки писари Султонзода ба вазифаи Директори Агентӣ таъин ва падараш “главбух”-и як ниҳоди дигари давлатӣ шуд дар Данғара ҳамдеҳагони падари Султонзода ин кори ғайриодиро дида таассуф мехуранд, ки як марди одие, ки ба ҳама маъракаҳои ҳамсояҳо, ба ҳама мурдаю зинда меомад, ҳоло бошад саломи соз намекунад. Баъди нашри мақолаҳо дар сомонаи “Ислоҳ.нет” Султонзода мошинҳои гаронарзиши писаронашро иваз кард ва инак онҳо бо мошинҳои “Тайота кемри” мегарданд.

      Султонзода киҳоро ва чиро “кришават” мекунад?

Шамсуллозода Баҳроми Салом мутаваллиди декабри соли 1975, зодаи Данғара. Айни ҳол дар  Душанбе зиндагӣ мекунад. Оиладор соҳиби 2 писар. Ӯ сардори милитсияи фурудгоҳи ш.Хуҷанд аст. Пеш аз ин дар УБОП (6‑отдел) дар Душанбе дар бахши мубориза бо терроризми он ба ҳайси муовини сардор кор мекард. Шамсуллозода Баҳром  бародаре дорад бо номи Самад. Ин бародари калонии Шамсуллозода Баҳром аст. Самади Салом бо лақаби Самадчаи палвон  машҳур аст ва дар давраи ҷанги дохилӣ аз боевикҳои Фронти халқӣ буд. Самадчаи палвон язнаи Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коруппсия мебошад.”Криша”-и Шамсуллозода Баҳром ҳамин одам аст ва ба вазифаи ҳозирааш ҳам ба воситаи Сулаймон Султонзода соҳиб шудааст. Шамсуллозода Баҳром зуд-зуд   Сулаймон Султонзодаро хабар мегирад ва доляашро бурда медиҳад.

 

Бародари дуюми Шамсуллозода Баҳром Раҷаб ном дорад бо лақаби (Раҷаби Қозӣ). Ин лақабро ба вай Файзалӣ Саидов,аз қумандонҳои Фронти халқӣ дода аст. Ӯро дар Данғара ҳама мешиносад. Вай дар давраи ҷанг рэкет ва боевик буд. Шогирди Нуриддини бародари Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Раҷаби Қозӣ дар солҳои 1996–97 ба Қунғуротзода Фотеҳ ёрдам дода ӯро ба милитсия ба кор дароварда аст. Феълан Қунғуротзода Фотеҳ, генерал- майори милитсия ҳозир сардори РВКД дар нақлиёт (УВДТ) мебошад. Ин генерал баъд Шамсуллозода Баҳромро дар милитсия ба кор гирифта аст. Шамсуллозода. Б шогирди ҳамин генерал аст. То ҳозир ҳам ин генерал сардори  Шамсуллозода Баҳром мебошад. Зеро милитсияи фурудгоҳи Хуҷанд дар итоати Раёсати вазорати дохилӣ дар нақлиёт аст.

 

Бародари сеюми Шамсуллозода Баҳром  Музаффари Салом, собиқ раиси “Амонатбонк”-и вилояти Суғд аст. Хеле пулҳои давлатро ғорат карда аст, миллионер. Дар Исфара завод-корхонаи  переобработкаи нефт дошт, ки шахсӣ карда буд. Ҳоло онро фурӯхтааст. Ҳозир як чунин корхонаро дар Афғонистон кушодааст. Сабаби фурӯхтани заводи нефти Исфара ин буд, ки он вақт Фаттоҳ Саид, раиси Агентии мубориза бо коррупсия Комил, бародари хурдии Шамсуллозода Баҳромро дастгир кард. Комил Шамсуллозода як одамро бо тир зада маҷрӯҳ мекунад.

Баъди аз вазифа рафтани Фаттоҳ Саид ба ҷои ӯ Сулаймон Султонзода омад, ки хешу табори Баҳром мебошад. Шамсуллозода Баҳром бо раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин рафиқ ва ҳамшаҳр мебошад. Барои ҳамин ӯ бо раиси кумитаи замини ин ноҳия Сахиаллоҳ ба заминфурӯшии ғайриқонунӣ машғул мебошад. Сахиаллоҳро раиси шаҳр С.Сиҷоуддин як бор аз вазифа озод кард. Вай аз Исфара ба кумитаи замини ш.Бӯстон (Чкаловск) сардор таъйин шуд. Дертар Ш.Баҳром ба раиси ноҳия С.Сиҷоуддин гапзанон карда “доля”-ашро дода дубора ба вазифаи пешинааш- ба ш.Исфара ба кумитаи замин омад. Аз ҳамин ҷо аст ки ҳамаи корҳои мефармудаи Баҳромро Сахиаллоҳ иҷро мекунад. Дар минтақаи Навободи шахри Исфара заминҳои зиёдеро бо нархи гарон аз 4000 то 5000 $долларӣ сари ҳар як сотих ғайриқонунӣ фурӯхта истодааст. Хеле аз одамҳо,ки пул пардохт карда вале то ҳоло ҳуҷҷат надоранд, намедонанд ба куҷо шиква ва шикоят кунанд? Дар кори ҳуҷҷатсозии ин заминҳо Баҳромро як дӯсташ бо номи Ҷамшед ҳамроҳӣ мекунад. Аз он идда аз сокинони Исфара, ки солҳои пеш замин харидорӣ карда аммо натавониста буданд санади онро бигиранд пули калон гирифта ба раис С.Сиҷоуддин дода имзояшро мегирад. Шамсуллозода Баҳром, сардори шӯъбаи милисаи фурудгоҳи Хуҷанд дар тиҷорати маводи мухаддир ҳам роҳу услуби худро дорад. Ӯ одам-контейнерҳои худро  дорад, ки дар шикамҳояшон то 800 гр героинро “шпонка” карда ҷо ва ба Русия интиқол медиҳанд. Дар онҷо одам дорад, пешвоз мегирад ва фурӯхта медиҳад. Албатта, ки билети рафту баргашти ин одам-контейнерҳо аз ҳисоби фурудгоҳ ва ширкатҳои чиптафурӯшӣ аст.

 

Шамсуллозода Баҳром хуни коргарҳои фурудгоҳи ш.Хуҷандро хурда истода аст. Коргарони фурудгоҳ ба ӯ “доля” медиҳанд. Бархе аз ходимаҳои ин фурудгоҳ, чи духтар ва чи занони соҳиби фарзанду шавҳарро бо ягон камбудӣ қапида маҷбуран ба номуси онҳо расидааст, вале агар розӣ нашаванд, “дело” карда, тарсонида ба мақсадаш мерасад. Барои мисол чанд хонумҳои билетфурӯшро, ки камтар аз нарх боло фурӯхта бошанд ва харидорҳо шикоят карда бошанд ва ё ин ки ин корро худаш ташкил карда ба “нештатникҳояш” пул дода “подставит” карда меқапад ва бо ҳамин роҳ ба мақсадаш мерасад. Ҳамаи мақомотҳои дар фурудгоҳ кор мекардагӣ ҳар моҳ ба ӯ пул медиҳанд, “ставка” и махсӯси худро дорад, ҳатто то таксистҳо. Масалан коргарҳои гумрук (таможни) барои ҳар бори бидуни растаможка мебаровардаашон пул медиҳанд. Агар надиҳанд қапида делои ҷиноятӣ мекушояд. Ё ки кормандони марзбонӣ, ки аз мусофирон пора мегиранд, милисаҳо нақапанд гуфта ҳар моҳ ҳаққи ӯро оварда медиҳанд. Шамсуллозода Баҳром ба ин ҳама ҳукумати беҳадду марз дар фурудгоҳ бо пуштибонии Сулаймон Султонзода даст ёфтааст. Вай ошкоро пора мегирад ва аз касе ҳам заррае ибо намекунад. Чунки дилаш пур аст ки дар боло ӯро худи раиси Агентии мубориза бо коррупсия пуштионӣ мекунад.

Як нафари дигар, ки зери қаноти Сулаймон Султонзода ба ғорату яғмо ва гирифтани ришва машғул аст Ширинҷон Абдулҳаев мебошад. Абдулҳаев Ширинҷон аз ноҳияи Темурмалик, аз деҳаи Ҷайралии ҷамоати Танобчӣ- хазинадори Гвардияи миллӣ дар вилояти Хатлон аст. Вай бо хиёнат ба савганди хӯрдааш ба давлат ва раиси ҷумҳурӣ даст ба аъмоле мезанад, ки ба як нафар шахсе,ки ба бар либоси низомӣ кардааст аслан мувофиқ нест. Маълум нест, ки 4 хона сексия, як мошини Тойёта Прадо ва як Мерседесро аз кадом ҳисоб харидааст? Вай худро ҳамкурси Сулаймон Султонзода эълон карда ҳаққи аскарбачаҳоро дуздида истодааст. Ҳамчунин ӯ дар ҳама ҷо худро хусурбачаи Абдулфайёз Ҷалилов яке аз муҳофизони президент муаррифӣ мекунад. Гӯиё хешу таборӣ бо муҳофизи президент ва раиси Агентии мубориза бо коррупсия ба ӯ иҷзоат медиҳад, ки аз ҳаққу ҳуқуқи аскарбачаҳо бидуздад ва барои манфиати шахсиаш истифода кунад. Боз як амакбачаи Ширинҷон Абдулҳаев Абдусаттор Абдулҳаев ном дорад, ки хазинадори Донишгохи миллӣ ва аз нафарони наздик ба Маҳмадюсуф Имом, вазири маориф аст. Ин хазинадори Донишгоҳ ҳам дар дуздӣ аз амакбачааш монданӣ надорад. Дар як муддати кутоҳ дар шаҳр чанд хонаи сексия харида ва ҳоло дар Якум Советский як ҳавлии 3 ошёна сохта истодааст. Бо Нуршед, раиси бозори “Корвон”-бачаи Хол Машраб ҳамсоя шудааст.…

 

Мо кормандони Агентии мубориза бо коррупсия худамон шарм медорем, ки ин қадар фасод авҷ гирифтааст. Ҳоло мо фикр мекунем, ки Агентиро барҳам диханд, барои он ки аз фоидааш дида зарараш зиёд шудааст. Дар давраи роҳбарии Султонзода фурӯши замин ба як ҷараёни хатарноки иҷтимоӣ табдил шудааст ва бадтар аз ин масъулини замин чи дар ҷамоат ва чи дар болоҳо бар ивази ришва зуд аз ҷавобгарӣ халос ва ҳатто ба мақому вазифаашон барқарор мешаванд. Ин ҳолат на танҳо обрӯи Агентӣ,обрӯи давлатро ҳам сахт резонида истодааст. 90 % ҷиноятҳои Агентӣ дар ҷамоату шаҳрҳо вобаста ба замин мебошад. Мо 10ҳо ҳолатҳоеро шоҳид ҳастем, ки нисбати собиқ ҳамкорони Султонзода-кормандони прокуратура ариза оиди пора ворид мешавад аммо Султонзода рад карда намемонад, ки собиқ ҳамкоронаш дастгир шаванд. Тӯли солҳои фаъолияти Султонзода дар Агентӣ ягон корманди прокуратура бо пора ва умуман бо дигар ҷиноят аз ҷониби Агентӣ боздошт нашудааст. Дар ҳоле, ки пеш аз роҳбарии Султонзода дар як сол 100-ҳо корманди прокуратураро бо пора ва суиистифода аз мансаб  аз ҷониби Агентӣ боздошт мешуд. Аз ин фурсат истифода карда прокурорҳо озодона пора талаб карда истодаанд.То даме, ки дар Агентӣ ягон роҳбари  босавод, дасту дили покдор ва ба ватан содиқона хизмат мекарда роҳбар нашавад бо ин Султонзода сафи порагирон зиёд мешаваду кам не. Мо, ин навиштаҳоро дастаҷамъона омода карда ба шумо мефиристему пештар ҳам фиристода будем.

Аммо Султонзода як ҷавон, собиқ корманди Агентиро, ки аз Данғара мебошад мавриди шубҳа қарор дода, навиштаҳои моро бори ҳамон ҷавон карда ӯро оварда маҳкам кардааст. Мо ба  Султонзода гуфтанием, ки ин навиштаҳоро на як кас, балки мо як гурӯҳ кормандони феълии Агентӣ навишта ирсол карда истодаем ва ҳама кормандони Агентӣ медонанд, ки 100% дуруст мебошад. То вақте авзоъ ислоҳ нашавад боз ҳам ҷиноятҳои ногуфта ва нав ба нави Султонзодаро навишта ба сомонаи “Ислоҳ” равон кардан мегирем. Ҳамчунин ҷурму ҷиноёти Фирӯз Камолзода-“кошелек”-и Султонзодаро. Фирӯз Камолзода, ки маълум мешавад барои ӯ шуда ҳатто Дастгоҳи иҷроияи президентро Султонзода писанд намекунад, сеюм зан гирифтааст.

Зани сеюмаш ҳам як шаҳрванди қаторӣ не, судя аст. Камолзода тахминан якуним соли пеш Зӯҳроро, ки суд-иҷрочӣ шуда кор мекард, шинос шуда ба “гап” меғалтонад. Бо вай ҳамхоба шуда бакораташро мегирад. Ваъда медиҳад,ки барои судя шуданаш кӯмак мекунад. Зӯҳро Дилмуродова (Дилмуродзода Зуҳро) баъди хатми факултаи ҳуқуқшиноси байналхалқии Донишгоҳи миллӣ дар суди н. Синои шаҳри Душанбе дар вазифаи судииҷрочӣ ва котиби суд 7 ё 8 сол кор кардааст. Ҳоло дар вилояти Суғд судя шудааст. Маблағ ‑пораи вазифаи судя шудани Зӯҳроро  Камолзода Фирӯз додааст. Зӯҳро то ҳоло шавҳар надорад ва мешавад гуфт, ки Зӯҳро зани сеюми Камолзода Фирӯз аст ва ҳар вақте ки хохад рафта як ҳамхобагӣ карда меояд. Рости гап маълум нест ки никоҳ кардааст ё не? То имрӯз Зуҳро шавҳар накарда аст ва Фирӯз ҳар вақте Хуҷанд равад пеши ӯ меравад. Метавонем ӯро ҳамсари севвуми Фирӯз гӯем. Инро ҳама ҳамкурсон медонанд. Камолзода Фирӯз ҳар моҳе чанд маротиба ҳамкурсони худро дар Варзоб дар ҷойҳои истироҳатии кимат ташкилӣ ё ба истилоҳ хӯроки дӯстона медиҳад. Албатта, ин барои худнамоӣ ва нишон додани онки бубинед, ман сумдор ва вазифаи калон дорам.То омадан ба ин ниҳод Фирӯз хело нодору камбағал буд,ҳоло дигар як наҳангест тару хушкро фурӯ мебарад.

Хонандагони азиз,шумо хуб огоҳед, ки “Ислоҳ.нет” роҷеъ ба фаъолияти Агентии мубориза бо коррупсия матолиби зиёдеро мунташир кард. Ин феҳристи мухтасари матолиби мо дар тӯли чанд моҳи ахир аст: (се матлаб тақдим намудем ва ин матлаби чоруми мост)Ҳамин навиштаҳои мо буд, ки Раҳмонов водор шуд як чунин фармони нестандарҷаҳонро содир кунад.

Фармони Раҳмонов дар бораи шароити фаъолияти минбаъдаи Агентии мубориза бо коррупсия, ба пиндори мо як назарфиребии навбатии ӯ аст, ки бо ин васила мехоҳад бигӯяд, ки ӯ тарафдори мардуми ҷабрдида аст. Як нукта мусаллам аст ки Раҳмонов100% аз вазъи коррупсия ва ришавхории кормандони ин Агентӣ ва ба хусус роҳбарияти он бохабар аст. Вагарна ҳамчунин фармони кадушоҳона ва аблаҳонаро содир намекард. Гап дар инҷо аст ки ҳар се сол иваз кардани роҳбарияти ин ниҳод, ки мустақим ба худи Раҳмонов итоат мекунад, роҳи ҳал нест ва чизеро иваз намекунад. Аввал инки ин ниҳод бояд дар назди парлумон ҳисобот диҳад. Ва, вакилони парлумон ҳуқуқ дошта бошанд, ки фаъолияти онро баррасӣ ва бозрасӣ кунанд. Дигар ҳам ин аст дар ин ниҳод набояд хешу таборҳо ва мардуми танҳо як маҳал дар мақомоти калидӣ кор кунанд. Ҳоло агар барои мисол аз як Раёсат ба Раёсати дигар ва ё аз як Сарраёсат ба Сарраёсати дигар ва ҳамин тавр аз шӯъба ба шӯъбати дигар гузаронидани як корманд, магар метавонад пеши роҳи ришват ва фасодхорӣ дар ин ниҳодро бигирад? Дар ҳоле, ки худи раиси Агентӣ водор карда истодааст, ки барои ӯ кормандонаш бо чи роҳе набошад пул бидиҳанд? Вақте авзоъ чунин аст, пас корманд, масалан як муфаттиш ва ё як ваколатдори фаврӣ чи кор бояд кунад ва пулро аз куҷо бигирад? Раҳмонов хуб медонад, ки фасод дар кишвар ба таври густарда паҳн шудааст ва сабабашро ҳам медонад, ки дар пушти ин ҳама ҳолот ва мавориди коррупсия фарзандони худи ӯ Рустами Эмомалӣ, Озодаи Раҳмон ва ё наздикону ҳаммаҳалҳои худи Раҳмонов истодаанд. Аз ин хотир онро коҳиш дода наметавонад.

Ҳоло дар баробари Агентии мубориза бо коррупсия Палатаи ҳисоб ҳам айнан ҳамин салоҳият ва ваколати Агентиро иҷро мекунад. Пас, чи ҳоҷат аст ки як корро ду ниҳоди давлатӣ анҷом диҳад? Ин барҳадар кардани пули бюҷети кишвар нест?

Дар ҳар ҳолат ин фармон дасти раиси Агентиро барои фурӯши мансабҳои рӯғании ин идора бозтар кард ва ҳар се сол ӯ ин вазифаҳоро дақиқан, ки мефурӯшад. Барои ҳамин гуфтем,ки ин як фармони аблаҳона ва бесамар аст.

Поёни бахши чорум,идома дорад…

Ps: Таҳқиқоти Ислоҳ дар мавриди ин ниҳод идома дорад ва маълумотҳои зиёди дигаре ба мо расида истодаанд. Ҳар маълумоте дар мавриди ин ниҳоди коррупсионӣ дошта бошед онҳоро ирсол намоед. Ислоҳ додраси онҳое мебошад,ки дигар ҳеҷ додрасу фарёдрасе надоранд.

 

Total
27
Shares
Матолиби ҳамсон