Аз гумоштагӣ то ба пешвоӣ, ҳафт хиёнати бузург

Ислоҳ нет

Аз ҳамон қадами аввал, аз ҳамон соатҳои нахустини омадан ба саҳнаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмонов бо хиёнат ба миллат, бо хиёнат ба ватан, бо хиёнат ба мардум ва давлати навпои тоҷик тавонист худро дар қудрат ҳифз кунад. Як нигоҳе гузаро ба гузаштаи 28 солаи ҳукумати вай кофист,ки бори дигар мутмаин бишавем бар ивази фурӯхтани манофеи миллӣ, истиқлолияти давлат, дину оини аҷдодӣ, нангу номуси ватандорӣ ва қатлу куштори нисфе аз халқи тоҷик бо дастони артиши кишварҳои аҷнабӣ ӯ барои худ давлат ва ҳокимият сохт. Ӯ аз ҳамон оғоз як гумошта ва дастнишондаи кишвар ва хоҷагони хориҷӣ буд ва то ба имрӯз бо ҳамин нақшу мақом ифои вазифа мекунад.

Нахустин хиёнати Эмомалӣ Раҳмонов  ин буд ки ӯ бо дастони кишварҳои хориҷӣ ба қудрат расид. Русия ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмонро бо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ таъмин карданд ва ӯ ба маҳзи таъминоти онҳо қудратро гирифт. Бо ба сари ҳокимият омадан ба Узбекистон аз номи ҳукумати Тоҷикистон иҷозат дод, ки водии Қаротегин ва мардуми ғармиро нобуд кунад. Чархбол ва ҳавопаймоҳои Узбекистон аз Самарқанду Бухоро ба ҳаво мехестанд ва деҳоти Ғармро-мардуми тоҷикро бомбаборон мекарданд. Раҳмон бо дастони узбекҳо халқи тоҷики куҳистонро қир кард.  Даюсӣ ва бешарафиву беномусии Раҳмонов бо ин тамом нашуда буд. Вай тавассути сарбозу афсарони марзбонии Русия халқи аз тарси ҷон дар марзҳо ҷамъшударо тирборон кард ва онҳо ночор шуданд, ки ба Афғонистон гурезанд. Раҳмонов ҳеҷ гоҳ намехост ки ин гурезаҳо баргарданд. Шиори вай ин буд, ки обову бобоятон рафтанд, шумо ҳам раведу Афғонистонро обод кунед. Қатли омм ва генотсиди халқи тоҷик аз тарафи Раҳмонов-арӯсак ва гумоштаи кишварҳои хориҷӣ ҳамчун ҷинояти ҷангӣ як рӯз не як рӯз пурсида хоҳад шуд ва овардани нерӯҳои кишварҳои хориҷӣ ба муқобили халқи тоҷик ба унвони далели раднопазир дар делои ҷинояти ҷангии ӯ сабт шудааст. Ин дурӯғи маҳз аст, ки Раҳмонов сулҳу сабот овардааст. Раҳмонов бо тахаллуси қумандон Аликсей дар сафи Фронти халқӣ ҷангидааст ва худи вай шахсан садҳо нафарро куштааст. Ба гуфтаи Лукашенко беш аз 500 .000 тоҷики “исломист”-ро Раҳмонов куштааст. Вай дар ҳалқаи артиши Узбакистон ва савори тонкҳои артиши 201-и Русия вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст. Инро Путин ҳам гуфта буд, ки Раҳмонов Калашникови русӣ дар китф ба Душанбе даромад.

 

Хиёнати дуввуми Раҳмонов аз байн бурдан тавофуқоти Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Рӯзе дур нест,ки Раҳмонов барои ин хиёнаташ дар назди халқи тоҷик ва додгоҳ ҳатман посух хоҳад дод. Сулҳу созиш дар Тоҷикистон бар ивази ҷони даҳҳо ҳазор ба даст омада буд. Раҳмонов ин ҳамаро мункир шуд ва инкор кард. Санади ҳамдигарбахшӣ, ки худаш зери он имзо гузошта буд, мегуфт ҳар касе аз ҷанги шаҳрвандӣ барои аҳдофи сиёсиаш ва ё бадном кардани тарафи дигар истифода мекунад лаънати Худо ва мардум бар ӯ бод. Аммо Раҳмонов бо истифода аз қудрат ва шабакаҳои телевизионӣ ва радио як тарафи сулҳро ҳамвора бадгӯӣ ва муттаҳам хонда бо ҳамин худро лаънаткардаи Худо  ва халқ сохт. Вай номардона ва ноҷавонмардона зери қавли худ зад. Ба аҳдаш вафо накард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дигарбора мамнӯъ кард, ҳизбе, ки тарафи дигари Сулҳи миллӣ буд. Хиёнат ба сулҳу оштии миллӣ, хиёнат ба хуни ҳазорҳо шаҳиди дар ин роҳ қурбоншуда ва хиёнат ба орзуву ормони халқи Тоҷикистон аст.

 

Хиёнати саввуми Раҳмонов ин беарзиш ва беқурб кардани Қонуни асосии Тоҷикистон аст. Раҳмонов ин қонунро ба як санади “фалшивка” табдил дод. Ҳар гоҳе хост онро фақат барои онки худро дар курсии ҳокимият бимонад ва бидорад иваз кард. Моддаи марбут ба муҳлаҳти президентии ин қонун ба як қаҳбаи хиёбонӣ монанд шуд ва ҳар вақте Раҳмонов хост онро дар зери ӯ мутобиқ карданд. Як навбати 7 солӣ, сипас ду навбати ҳафтсолӣ ва ниҳоятан якумрӣ ва беохир. Бо онки ҳукуматро барои то охири умраш дар ихтиёраш гӯиё гирифтааст аммо азбаски ҷиноят ва ҷурмаш беҳисоб мебошад бо қабули як қонуни дигари сунъие бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат барои худ ва аъзои хонаводаи худ ҳуқуқи то ба охир дахлнопазири додан ба ин маъно аст ки ӯ саропо як ҷинояткори тамомаёр аст. Қонуни асосии ҳеҷ яке аз кишварҳои олам ва аз ҷумла шӯравии пешин ба ин ҳад беобрӯ ва бемантиқ нест, ки аз они Тоҷикистон бошад. Амалан ин таҳқиру тавҳини миллат ва халқи тоҷик аст ва бидуни тардид барои ин хиёнаташ ҳам ҷавоб хоҳад гуфт. Ин як хиёнати бузург аст ки ҳақу ҳуқуқи худашро Раҳмонов дар баробари халқи тоҷик боло бурд ва худро бартар (беохир ва бемаҳдуд) эълон кард.

Хиёнати чоруми Раҳмонов ба миллат ва халқу давлати тоҷик ин фурӯхтани хоки кишвар ба Хитой аст.1158 километри мураббаъ аз қаламрави сарзамини моро  ӯ бар ивази пул ба Хитой фурӯхт. Раҳмонов бо фурӯхтани замини ин мулки камзамин на танҳо хиёнат, ҷиноят содир кард. Вай савганди худро ба унвони президент, вай уҳдадории худро дар баробари Қонуни асосӣ, ки “тамомияти арзии кишвар”-ро ҳифз хоҳад кард, шикаст. Ӯ барои ин ҷинояташ ҳам ҳамчун хоини давлат ҷавоб хоҳад дод. Дар идомаи ин хиёнаташ ӯ тамоми конҳои тилло ва нуқраи кишвар, хуни ҷигари куҳҳоро бар ивази пули ночиз ба хитоиҳо фурӯхт. Ҳоло дар Мурғоб афсару сарбозони Хитойро ҷой додааст. Аз рӯи маълумотҳои расида ҳоло дар Хитой фабрикаи шоҳибофӣ ва чанд хонаву дар дорад.

 

Хиёнати панҷуми Раҳмонов дар ихтиёри қавму авлод ва аъзои хонаводааш вогузоштани идораи давлат аст. Раҳмонов мансаб ва мақомҳои муҳим ва рӯғании мамлакатро ба хешу таборонаш на барои он медиҳад, ки ба мардум хидмат кунанд. Ӯ ин мансабу мақомҳоро барои он медиҳад, ки онҳо “зиндагии “ худро дуруст кунанд. Яъне бидузданд аз ҷайби мардум. Раҳмонов худ дуздӣ ва ғоратгариро ташвиқ ва ҳидоят мекунад. Ӯ мансабу мақомҳои давлатиро мефурӯшад. Худаш дар дуздӣ шарик аст ва ҳукуматро аз боло то ба пойин дар дуздӣ шарик кардааст. Раҳмонов  то ҳамин имрӯз бо халқи тоҷик ҳисоб накардааст. Раҳмонов халқи тоҷикро одам намешуморад. Раҳмонов халқи тоҷикро гала ва рама меҳисобад. Барои ҳамин дар тамоми вазифа ва мансабҳои давлатӣ данғарагиву фархорӣ ва домоду ҷияну бачаву духтарҳои худашро нишондааст. Раҳмонов халқи тоҷикро ғорат карда истодааст. Раҳмонову домодҳояш Тоҷикистонро ба мисли як корхонаи хусусӣ истифода бурда исодаанд. Як тонна керосини авиатсионӣ дар Қирғизистон 500 доллар, дар Тоҷикистон 1500, як дақиқаи занги мобил ва ё нархи интернет байни ин ду кишвар даҳ баробар фарқ мекунад. Дар Қирғизистон роҳи пулакӣ вуҷуд надорад. Чунки ҳам керосин дар дасти домодаш аст ва интернет ҳам дар дасти домоди дигариаш ва роҳи пулакӣ ҳам дар дасти домоди дигараш. Раҳмонов бо қавму қабилаи гушнааш дорад хонаи халқи тоҷикро ғорат мекунад. Ҳатто аз пули интиқолмедодаи муҳоҷирон фоида гирифта истодаанд. “Оператсияҳо”-и миллион миллион долларӣ,ки дар ягон гӯшаи дунё вуҷуд надорад. Масалан танҳо аз чопи китоби “Тоҷикон” 7 миллион доллар даромад мегирад. Ҳамин чанд рӯзи пеш расонаҳо аз боздошти 176 кило ҳеройин ва анвои дигари мухаддирот дар қатори  Тоҷикистон дар Узбакистон навиштанд. Бар пояи маълумоти расида ин маводди мухаддир муталлиқ ба Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов будааст. Дигар кӣ метавонад дар вагони қатори Тоҷикистон ва он ҳам дар ду се вагон “тайник” бисозад?

 

 

Хиёнати шашуми Раҳмонов ин коррупсияро дар сатҳи давлат баровардан ва ҳимоят кардан аз он аст. Раҳмонов Тоҷикистонро ба дуздхона мубаддал кардааст. Озода Раҳмон алоҳида кришават мекунад, Рустам алоҳида, Маҳмадзоир алоҳида ва худаш алоҳида. Прокурор пора мегирад, милиса пора мегирад, суд пора мегирад, кгб пора мегирад, налог пора мегирад, коррупсия пора мегирад, раиси вилоят, раиси ноҳия, раиси ҷамоат, заминсоз…хулоса тамоми Тоҷикистон пора мегирад. Аммо Порахӯри калон дузди дуздон худи Раҳмонов аст.

 

  Ва,ниҳоят хиёнати ҳафтуми Раҳмонов дар баробари миллати мусалмони тоҷик  ҷабҳагирии ӯ бар зидди дину оини ин миллат ва ин мардум аст. Раҳмонов бо дину оини ислом мушкил дорад. Масҷиду мадорисро баст, омӯзиши диниро манъ кард, муллоҳоро зиндон ва аҳли уламоро аз минбарҳо пойин овард. Ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд, ки дар масиҷд дискоклуб ташкил кунӣ. Раҳмонов ин корро кард. Муқобили сатру ҳиҷоб ҷанг эълон кард. Раҳмонов бо ислом ва мусалмонони Тоҷикистон нафрат дорад. Инҷо ба уламои дине,ки дар дохили кишвар қарор доранд хитоб мехоҳам кунам,ки хомӯшии шумо дар муқобили Раҳмонов, шуморо дар ин дунё хор ва ҳақир,дар охират бароятон чи ҷойгоҳе муҳайё шудааст худатон хуб медонед. Ӯ ба шумо ҳаргиз раҳм намекунад,шуморо истифода мекунад дар бақои қудрати золимонааш ва боз мисли Домулло Сироҷиддин боздошту зиндонӣ мекунад. Наход боз ҳам аз Аллоҳ ва мардуми мусалмони кишвар шарм накунед ва аз ӯ ҳимоят кунед. Агар маро зиндон кунад,ба шаҳодат расонад бароям ин шараф аст. Чун аз ӯ ва дору дастааш ҳаргиз наҳаросидаам вале шуморо пас аз хидмат ба ӯ зиндон кунад медонед,ки рӯсиёҳ ва шармандаи ҳарду олам мешавед? Фикр мекунед номҳои шуморо аз фарзандону наздиконатон шурӯъ,то пайравонатон чӣ гӯна ёд мекунанд? Як муллои шуҷоъ ва ҳомии дини ислом? Ё як муллои дарбориеки пас аз истифода қурбонатон кард? Ҳоло ҳам бошад биандешед ва ақалан аз ӯ ҳимоят накунед,ки вақте ин миллат бар ин золим ва динситез ғолиб омад ба шумо он сухани Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ро,ки ҳангоми фатҳи Макка гуфта буданд бигӯянд:

 “اذهبوا فأنتم الطلقاء”

“Изҳабу фа антуму тулақоъ” ақалан ҳамин андешаро якборак ҳам кунед. Ин миллат ба алайҳи Чингиз,Болшевикҳо пирӯз гаштаанд ва бар алайҳи бақоёи ин ду ҳам ин шо Аллоҳ пирӯз хоҳанд шуд.

Домуллоҳои гиромӣ ба ин суханони Аллоҳ диққат диҳед.  Шаънуннузули ин оёт дар мавриди ғазваи Уҳуд аст ҳангоме,ки 70 нафар аз Асҳоби Муҳаммад (саллоҳу алайҳи васаллам) шаҳид шуданд мебошад. Бори дигар ба тафсири Ибни Касир ва ончи Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) гуфтааст онро бихонеду таъаммул намоед. Ин суханон ҳамчун тазаккур бароятон аст ва борҳо ин оятҳоро хондаед:

 

إِن يَمْسَسْكُمْ قَرْحٌ فَقَدْ مَسَّ الْقَوْمَ قَرْحٌ مِّثْلُهُ ۚ وَتِلْكَ الْأَيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيْنَ النَّاسِ وَلِيَعْلَمَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَيَتَّخِذَ مِنكُمْ شُهَدَاءَ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ الظَّالِمِينَ

 [الجزء: ٤ | آل عمران ٣ | الآية: ١٤٠]

“Агар бар шумо захме расид, ба он қавм низ ҳамчунон захме расидааст. Ва ин рӯзгор аст, ки ҳар дам онро бар муроди касе мегардонем, то Худо касонеро, ки имон овардаанд, бишиносад ва аз шумо шоҳидон гирад. Ва Худо ситамкоронро дӯст надорад”.

(Сураи Оли Имрон, ояти 140)

 

Як оят пас чунин мегӯяд:

 

أَمْ حَسِبْتُمْ أَن تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَعْلَمِ اللَّهُ الَّذِينَ جَاهَدُوا مِنكُمْ وَيَعْلَمَ الصَّابِرِينَ

 [الجزء: ٤ | آل عمران ٣ | الآية: ١٤٢]

 

“Оё гумон доред, ки ба биҳишт хоҳед рафт ва ҳол он ки ҳанӯз Худо маълум накардааст, ки аз миёни шумо чӣ касоне ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне сабр мекунанд?”

(Сураи Оли Имрон, ояти 142)

Имрӯз ин гумоштаи аҷнабён худро ба пешво табдилдода рӯзи Президентро ҷашн мегирад. Президенте, ки роҳи охири ӯ роҳи тамоми худкома ва диктоторуҳои олам аст. Диктотуре, ки тамоми ин муддат танҳо бо хиёнат ва фурӯшофурӯш ва зулму истибдод, қатлу зиндонкунии ин миллат ва халқи Худо ҳукумат кардааст….

Share This Article