Аз хизмат то хиёнат: «қиссаи зиндагии Ғафуров Фахриддин дар даврони Раҳмонуфиён»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №7

Номае, ки ба «Ислоҳ» расид, яке аз пурдардтарин ва ҳамзамон пурифшотарин гувоҳиҳост аз фоҷиаҳои давраи салтанати хонаводаи Раҳмон ва ҳаммаслаконаш. Дар он сарнавишти як шахси бообрӯ ва шахсияти шинохта- Ғафуров Фахриддин-бо тафсилоти ҷонгудоз ва айни воқеият нақл мешавад.

Марҳум Ғафуров Фахриддин, ки дар ноҳияи А. Ҷомӣ ва тамоми Хатлон ҳамчун шахси саховатманд, марди ободкор ва дастгиркунандаи ятимону камбағалон машҳур буд, ба дасти гурӯҳҳои мансабдорони фосид, додситонҳои порагир ва «домодони хонаводаи пешво» ба доми туҳмат ва фишору шантаж афтод.

Нукоти ҷолибу такондиҳандаи нома:

 • Зайнулло бо лақаби «тарбузфурӯш», домоди хонаводаи Соҳибовҳо, бо зӯрӣ мехост соҳиби дарёи Оби Шӯр ва экскаваторҳои шахсӣ гардад.

 • Фишорҳо ва латукӯб аз тарафи кормандони УУР, ки ҳатто таҳдид ба овардани ҳамсараш ба подвал карданд.

 • Дар зиндон ва СИЗО марҳумро пайваста бо баҳонаи «саҳмия» маҷбур мекарданд: 3 000 доллар, 2 000 доллар, 20 000 сомонӣ, 5 000 сомонӣ ва ҳатто 25 000 доллар, ки бо ваъдаи озодӣ гирифта шуда, вале ӯро ҳамоно ба 17 сол маҳкум карданд.

 • Шантажи Зубайдзода, муовини Мансур Умаров, ки бо дасти холӣ мехост бо баёноти бардурӯғ аз оилаи Ғафуров пул канда гирад.

 • Фахриддин Ғафуров дар зиндон ҳам барои дигарон кор мекард-парник месохт, ба зиндон ободонӣ мекард.

 • Дар гузашта садҳо ятимро хатна тӯй карда буд, роҳу пулу масҷид сохта буд, ба мардум барқ ройгон медод.

 • Бо вуҷуди ин ҳама хизматҳо, ӯро бо як укол аз байн бурданд-кушторе пинҳонӣ ва бе ҷавобгӯӣ.

Ин нома гувоҳест бар он ки дар Тоҷикистон на ободкорӣ ва саховат, балки қудрату доля, фишору пора меъёр шудааст. Хидматчиёни ҳақиқӣ ба давлат ва миллат саркӯб мешаванд, вале мансабталошон ва харомхӯрон ба қудрат мерасанд.

Оғози моҷарои талх

Соли 2022, моҳи ноябр ё октябр, Зайнулло бо лақаби тарбузфурӯш, ки домоди хонаводаи Соҳибовҳо мебошад, бар сари шафёрои экваторҳое, ки дар дарёи Оби Шӯри ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият мекарданд, омад ва гуфт:

– «Тез, ҳаматон соҳиби аслии экскваторонро фарёд кунед!»

Он вақт марҳум Ғафуров Фахриддин сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Ӯ меояд ва бо Зайнулло во мехӯрад. Аз Зайнулло мепурсад:

– «Ту чӣ мехоҳӣ?»

Зайнулло ҷавоб медиҳад:

– «Ин дарёро ман харидаам».

Ғафуров Фахриддин мегӯяд:

– «Чӣ хел харидӣ? Ин дарё давлатӣ аст!»

Телохранителҳои Зайнулло ба марҳум зӯрӣ мекунанд ва мегӯянд:

– «Ин домоди хонаводаи Пешво аст. Ту худат кистӣ – раиси об будаӣ?»

Онҳо механданд))).

Ғафуров Фахриддин ба Зайнулло мегӯяд:

– «Вақте ман бо Гулов Ёрмахмад кор мекардам, ту як тарбузфурӯш дар Қурғонтеппа будӣ. Фаромӯш накун – имрӯз бо зӯрӣ мекунӣ».

Ӯ ба хона баргашта, сахт зиқ мешавад ва мегӯяд:

– «Акнун инҳо боз аз пушти ман мешаванд»,-зеро Зайнулло медонист, ки Ғафуров Фахриддин заводи пахта дошт. Гарчанде он ба номи бародараш сабт шуда буд, вале аслан моли марҳум буд. Соли 2012 ӯ ҷонишини аввали раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйин шуда буд ва ба ҳамин хотир онро ба номи бародараш карда буд.

Чанд рӯз пас боз телохранителҳои Зайнулло ба марҳум занг мезананд, мегӯянд:

– «Биё, шеф туро дидан мехоҳад».

Ӯ меравад назди офисаш дар Қурғонтеппа. Зайнуллои домод ба марҳум мегӯяд:

– «Ту бисёр инсони кордон ҳастӣ. Биё барои ман кор кун, ман ба ту вазифа медиҳам».

Ғафуров Фахриддин, албатта, бовар намекунад, чунки Зайнулло дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозор ва заводи пахтаи Сайчаъфар Ҷобиров-ро гирифта буд. Сайчаъфар домоди Гулов Ёрмахмад ва дӯсти марҳум буд.

Пас аз он ки Ғафуров Фахриддин ба шартҳои Зайнулло розӣ намешавад, ӯ бо зӯрӣ ду экскватори марҳумро мегирад ва маҷбур мекунад, ки дутои дигараш ҳам ба Зайнулло андоз супоранд. Дар маҷмӯъ марҳум чор экскватор дошт. Дутояшро гирифт ва дутои дигарро барои «показуха» намегирад, то мардум бубинанд, ки гӯё Ғафуров Фахриддин низ ба ӯ андоз медиҳад.

Сари ҳар як экскватор тақрибан ҳазор доллар пора мегирифт. Пас аз чанд моҳ ҳама экскваторҳоро тамоман гирифтанд, чунки дигар касе ин қадар пора дода наметавонист.

Ҳоло дар он ҷо-дар Оби Шӯри ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ -ғайр аз экскваторҳои Зайнуллои домод, дигар ягон экскватор кор намекунад. Ба дигарон ҳам иҷозат намедиҳанд, ҳатто агар бо ароба кум бигирад. Мардум намедонанд, чӣ кор кунанд.

Соли 2023, рӯзи 2-юми феврал, марҳум Ғафуров Фахриддин-ро аз Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ду нафар аз УУР мебаранд. Мегӯянд:

– «Шоҳрух туро даъват дорад».

Ӯ бо онҳо меравад. Дар УУР, сардори шӯъбаи солҳои пеш, Сулҳиддин Шарифзода, ӯро дида мегӯяд:

– «Ту худат кистӣ, ки бо гардан мебардорӣ ба Зайнулло?»

Се каси золим Ғафуров Фахриддинро латукӯб мекунанд ва мегӯянд:

– «Ту соли 2000 ҷиноят содир кардаӣ».

Ӯро ба қувваи барқ мебанданд. Ночор розӣ мешавад. Ҳатто таҳдид мекунанд:

– «Агар ба гардан намегирӣ, меравем занатро меорем ва дар таҳхона меҳмон мекунем…».

Ин ҳама таҳқирҳо нисбат ба як инсоне, ки солҳои зиёд дасти хайр дошт.

Баъд аз чанд вақт ӯро ба СИЗО мебаранд. Дар СИЗО ба ӯ мегӯянд:

-«Раис, ту одамӣ, пул дорӣ, завод дорӣ. Бояд саҳм гузорӣ -3 ҳазор доллар барои «ободии» СИЗО.»

Ғафуров Фахриддин ночор розӣ мешавад. Ба ӯ телефон медиҳанд, то ба наздиконаш занг занад. Ӯ мегуяд: «3 ҳазор доллар биёред назди СИЗО», ва наздиконаш пулро мебаранду медиҳанд.

Чанд моҳ пас замначальники СИЗО-и шаҳр ба ӯ мегӯяд:

-«Раис, ту касалии қанд дорӣ. Мехоҳӣ туро ба «больничка» интиқол диҳем?»

Фахриддин Ғафуров розӣ мешавад, зеро қанд ва бемории дил дошт. Замначальник мегӯяд:

-«2 000 доллар дигар бояд доля диҳӣ.»

Боз наздиконаш 2 000 доллар мебаранд.

Соли 2023, моҳи июн, марҳум Ғафуров Фахриддин-ро бо тӯҳмат ба 17 сол зиндон маҳкум мекунанд.

Вақте ӯро аз СИЗО ба «больничка» интиқол медиҳанд, он ҷо як моҳ мехобад. Рӯзе Нуриддин Раҳмон меояд ва мегӯяд:- «Раис, ту бояд 20 ҳазор сомонӣ доля диҳи ва 5 моҳи дигар дар ин ҷо мемонӣ. Агар не-ба Хуҷанд, ба «строгий режим», интиқол мешавӣ.

Фахриддин Ғафуров бемор буд-ночор розӣ мешавад.

Ду ҳафта пас начальники больничка мегӯяд:

-«Фахриддин, омода бош. Як ҳафта пас шеф Мансур Умаров меояд. Бояд 5 ҳазор сомонӣ «дастгирӣ» кунӣ. Дастархонро оро диҳем барои шеф.»

Фахриддин Ғафуров аз ночорӣ боз розӣ мешавад.

Се моҳ пас ӯро ба зиндони рақами 1 (шаҳри Ваҳдат) интиқол медиҳанд. Ба назди ӯ Самандар аз прокуратураи генералӣ меояд (ӯ он вақт муовини Фирӯз Бобохон буд) ва мегӯяд:

-«Маро падарам Анвар назди ту фиристод. Ту рафиқи падарам ҳастӣ, як вақтҳо якҷо дар тиҷорати пахта будед. Ман куратори тамоми турмаҳои ТҶК ҳастам. Ака, 25 ҳазор доллар деҳ-аз суд озодат мекунем.»

Наздикони Фахриддин Ғафуров ба Самандар 25 ҳазор доллар медиҳанд, аммо ӯро ҳамоно ба 17 сол зиндон маҳкум мекунанд. Вақте наздикон мепурсанд: «Чаро пулро гирифтӣ, вале 17 сол шуд?» — Самандар таҳдид мекунад:- «Агар ба касе чизе гуфтед, ман Фахриддин Ғафуровро ба «критий режим» мефиристам ва аз онҷо зинда намебарояд»

Онҳо метарсанд, зеро Самандар он вақт аз тарафи прокуратураи генералӣ куратори ҳамаи зиндонҳо буд.

Дар зиндони №1 (Ваҳдат) Фахриддин Ғафуров ду парник месозад: аз дару тиреза то салафан ва мехчаҳояшро писараш мехарад ва ба зиндон меорад-ҳама аз ҳисоби худашон. Боз чанд моҳ ҳам нагузашта, Фахриддин Зубайдзода-муовини Мансур Умаров-ба зиндон меояд, ӯро фарёд мезанад ва мепурсад:

-«Ту 5 рӯз пеш мулоқоти 3-рӯза бо ҳамсарат доштӣ?»

-«Бале, доштем», — мегӯяд Фахриддин.

Зубайдзода аз телефони худ сурат нишон медиҳад: дастархони пур-моҳӣ ва дигар хурданиҳо. Мегӯяд:

-«Ин дастархони шумо буд.»

Валлоҳ, ин дурғ буд ва шантаж. Ӯ медонист, ки Фахриддин Ғафуров марди сарватманд аст ва мехост аз ӯ пул канад. Фахриддин қабул намекунад:

— «Ин дастархони мо набуд. Ҳеҷ кадоме аз оилаи ман телефон дароварда набуд.»

Зубайдзода аз ӯ бо зӯр баёнот мегирад ва меравад.

Ду рӯз пас Зубайдзода ба писари Фахриддин занг мезанад (он вақт писараш аз Америка омада буд). Писар ба УИД меравад ва дар кабинети Зубайдзода мулоқот мекунанд. Зубайдзода мегӯяд:

— «Шумо телефон дароварда будед дар зиндон.»

Писар ҷавоб медиҳад:

-«Чӣ хел ман телефон дароварда будам? Рӯзи мулоқоти кӯтоҳмуддати 3-рӯза, ман ба фармони падарам ба Қурғонтеппа рафта будам-аз қафои супоридани «налог»-и заводи пахтаамон. Ман дар зиндон набудам.»

Зубайдзода таҳдид мекунад:

-«Ту бояд баёнот нависӣ, ки: «Бале, модарам телефон дароварда буд». Мо як протоколи оддӣ мекунем, чизе ба падаратон намегӯем.»

Писари Фахриддин, ки бо савод буд, мефаҳмад, ки Зубайдзода мехоҳад ӯро ба баёноти бардурӯғ водорад-то баъдтар шантажи тайёр дошта бошад. Ӯ намемонад:

-«Ҳеҷ кадоме аз хонаводаи мо ба дохил телефон надароварда буд — НЕ. Чӣ хел телефон дарорем, вақте дар зиндони рақами 1 назди даромадгоҳ начальник охрана, чаҳор сарбози дигар ва як зан-охрана занҳоро кофтукоб мекунанд?»

Зубайдзода ҷавобе пайдо намекунад. Ду рӯз пас боз ба зиндони №1 меояд ва боз таҳдид мекунад:

-«Тайёр шав ба «Критий Қурғантеппа»- 2 сол туро онҷо нигоҳ мекунам. Ман ин корро ба дигар муовинони УИД гуфтам- ҳама ба ман бовар доранд. 2 500 доллар деҳ-ин гап «тишина» мешавад.»

Фахриддин Ғафуров розӣ намешавад. Пас аз чанд соат ӯ сактаи дил-ро аз сар мегузаронад.

Муовини начальники турма ба писараш занг мезанад:

-«Падартон аҳволашон бад аст.»

Писар дарҳол аз берун- аз Қараболо-як духтури шиносашро меорад. Духтур ӯро мебинад: аҳвол хеле бад будааст. Писар сахт ба ғазаб меояд, ба як рафиқи худ дар Америка занг мезанад, қазияро нақл мекунад ва хоҳиш мекунад, ки рафиқаш ба падараш нақл кунад. Падари рафиқаш-генерал-лейтенант дар як ниҳод буд. Баъд аз чанд соат ба писар занг мезананд:

-«Бирав, падарам туро дар кабинет интизор аст.»

Писар меравад, генерал қабул мекунад. Писар ҳодисаҳоро нақл мекунад:

— «Дар ҳамон зиндон, аз парник то рекламаҳои «президента» ва ҳайкалҳо-ҳама чиз аз мост.»

-«Ин Зубайдзода медонад, ки падари ман одамии сарватманд аст, аз ҳамин хотир шантаж мекунад…»

Генерал дарҳол корро орому тинҷ мекунад. Чанд рӯз пас боз Зубайдзода ба зиндон меояд, назди Фахриддин меравад:

— «Ҳама чиз тинҷ шуд», — мегӯяд. Каме суҳбат карда, дар охир боз мегуяд:

«Бачата дар берун БГУ-и мо (маъно: “Багош”-у “гурӯҳ”-у дархостҳояш)-ақалан 400 доллар диҳад. Медонем, ки бачаат дар Америка мехона ва кор мекунад. Бигӯ дастгирӣ кунад -ман дар зиндон дигар ҳар хел хизмат мекунам…»

Як рӯз пас аз ин, як шахси наздики Зубайдзода ба писари Фахриддин занг мезанад:

— «Шеф номерота дод-бояд 400 доллар диҳӣ.»

Писари Фахриддин ҳушёр буд-зангро дар телефонаш сабт мекунад ва ҷавоб медиҳад:

— «Агар боз як бор назди падари ман биёед ва пул пурсед, ҳамин сабтро ба амният мефиристам.»

Онҳо сахт метарсанд ва дарҳол телефонро қатъ мекунанд.

Бовар кунед, вақте Ғафуров Фахриддин-ро аз УУР ба ИВС бурданд, агар аҳволашро медидед, гиряатон меомад. Дар ҳоле ки як умр ба давлату миллат хизмат карда буд. Аммо Шоҳрухи «голубойзода» (тавҳин, чунон ки дар матн омадааст) гуфт:

— «Агар мо ва шумо як дарахт нашинонем, Ватанро кӣ обод мекунад?»

Ҳол он ки худи Фахриддин Ғафуров дар шоҳроҳи Душанбе–Қурғонтеппа, мазори болои Уяли садҳо дарахт шинонда буд. Дар шаҳри Ҳисор, ки замин дошт, то ҳол назди ҳамон заминҳо дарахтҳои шинондаи ӯ мева медиҳанд, мардум мехӯранд. Он заминҳоро ҳам давлат гирифт.

Агар ин «сагбачаи Шоҳрухи голубойзода» ватанпарвар мебуд, ҳеҷ вақт як марди босаводу саховатмандро ба хотири “звани”-и генералиаш зиндонӣ намекард. Пас аз тӯҳмат ба Фахриддин Ғафуров, бо фосилаи як ҳафта, ҳамон «голубойзода» генерал шуд.

Савол: чаро, масалан, Музаффар Ашуриён солҳои 2009–2010 ятимонро хатна тӯй намекард? Чаро наврӯзҳои калонро Фахриддин Ғафуров мекард? Чаро Умед Каримзода, муовини якуми прокурори генералӣ, ки аз Уяли аст, намекард? Чаро ин лаънатиҳо бидуни хизмат дар вазифаҳои калон омаданд, аммо онҳое, ки хизмат карданд, бо тӯҳмати бардурӯғ ба зиндон рафтанд?

Марҳум дар солҳои 2017–2021, вақте раиси мелиоратсияи ноҳияи А. Ҷомӣ буд, ду бор ҷои аввал-ро дар вилояти Хатлон гирифт. Ба ӯ ду бор туҳфа доданд — валлоҳ, ягонтоашро ба хонааш наовард: як телевизорро ба коргараш дод, як «холадилник»-ро ба коргари дигараш.

Вақти зиндон буданаш ба чанд хоҷагӣ телефон карда, рақамҳояшонро ёфта, занг зад, зеро аз он хоҷагиҳои пахта тақрибан 31 ҳазор доллар қарздор буданд- то ҳол касе пулро барнагардонд. Як коргари дастгоҳ, Абдулло (аз Уяли), аз Фахриддин 45 ҳазор доллар қарз гирифт барои раиси ноҳияи Хуросон шуданаш (соли 2014), аммо президент Исмати Дӯлина-ро раиси ноҳияи Хуросон гузошт. Абдулло аз ин маблағ 25 ҳазор доллар-ро дар Уяли чанд мағозаи хозмаг сохт ва боқимондаашро гуфт: «Раис, баъдтар бармегардонам», вале бо баҳона барнагардонд. Ҳанӯз чанд дӯсти дигараш аз ӯ пулҳои калон қарздоранд — барнагардондаанд; дар охир бармегардонанд, иншоаллоҳ. Боз чанд техникаи дигари Фахриддин ҳам дар дасти мардум аст: трактор, тележка, экскаватор, автокар ва комбайн….

Онҳо бо Раҷаби Кош одамонашонро ба Уяли равон мекунанд; дар дохили завод бо одамони Фахриддин ҷанг мекунанд; милиса меояд, мардумро ҷудо мекунанд, ва ниҳоят Рачаби Кош соҳиби заводи пахтаи Уяли мешавад. Ду-се сол кор мекунад ва заводро бо бародараш ба ҳолати бад меорад — ҳоло завод мисли мусорхона шудааст. Бисёре аз заминҳояшро Раҷаби Кош ба замини «назидаи ҳавлигӣ» табдил дода фурӯхтааст. Ҳол он ки вақте Фахриддин ин заводро гирифт, барои солҳои аввали кориаш дар ҳамин завод зиёда аз 170 ятим-ро хатнатӯй карда буд ва ҳамсояаш дар Душанбе, сароянда Муродбек Насриддин-ро ҳам барои сарояндагӣ оварда буд, то дили ятимонро шод кунад.

Музаффар Ашуров Фахриддинро бисёр истифода карда буд-валлоҳ, солҳои 2011–2012 пайваста занг мезад ва ҳар гуна кӯмак мепурсид. Ҳатто соли 2015 занг зада гуфтааст:

— «Илтимос, ба хонаи ман арча равон кун- меҳмонон аз дастгоҳ меоянд, бинанд, ки мо марди ободкорем».

Додари гадояш, Хуршед Ашуров (домоди Ҳуҷа Командир, ҳоло раиси экологияи Рӯдакӣ), замини пахта дорад; пахтаҳои сорти 3-и худашонро ба заводи Фахриддин меоварданд, дар он ҷо ба сорти 1 қабул мекарданд. Ҳатто Лексус 470-и Фахриддинро ҳамин Хуршед гоҳ-гоҳ мебурд.

Аммо рӯзе, ки Фахриддин зиндонӣ шуд, Ашуриён вазири адлия буд, кудояш-раиси Суди Олӣ. Ин номардҳо, як бор ҳам аз ҳоли Фахриддин пурсон нашуданд. Парвиз, писари Ашуриён, чанд бор назди Фахриддин омада пул мепурсид.

Хуршед Ашуров — раиси экологияи Рӯдакӣ, бо чияни Ҳуҷа Командир хонадор аст. Вақте Фахриддин аз солҳои 2010 сар карда “пулдор” шуд, Ашуриён пайваста ба ӯ занг мезад; аммо чун Фахриддин зиндонӣ шуд-ӯ вазир шуд ва номардӣ кард.

Солҳои 2006, вақте Фахриддин заводи пахта сохт, дар назди завод барои замини «назидаи ҳавлгӣ» замин гирифт, аммо соли 2012–2016 сертификат кард ва ҳоҷагии деҳқонии “Сомониён Рустам”-ро ба номи бародараш кард. Ҳоло он заминҳоро Шамс-аз набудани Фахриддин истифода бурда — бо прокурори А. Ҷомӣ — Комилзода Камолиддин — фурӯхта истодааст. Ду сол пеш ин корро бо Раҳимзода Сафаралӣ (раиси пешини А. Ҷомӣ) мекард; чун ӯро аз вазифа гирифтанд, Шамс худро ба прокурор часпонд, то ҷиноятҳояш ошкор нашавад. Заминҳо дар номи дигар одамон ҳастанд, аммо Шамс бо дастгирии прокурор бе мушкил заминҳоро мефурӯшад.

Боз як хоҷагии Фахриддин: соли 2007 бо раиси ҳамонвақтаи А. Ҷомӣ — Умедҳуҷаи Зоир (ҳамкурсаш) — 42 гектар «Ҳоҷагии деҳқонии “Маяк”» (ки 26-то замини «назди ҳавлгӣ»-худи Умедҳуҷаи Зоир карда буд) — ба Фахриддин дода шуд. Фахриддин зиёда аз 20-то аз ҳамон заминҳоро ба коргарони заводи худаш ҳадя кард, чун онҳо дар сохтани заводаш ба ӯ кумак карда буданд (ҳар яке 10 сотихӣ).

Фахриддин Ғафуровро дар зиндон куштанд-бо укол. Аниқ намедонем кори дасти кӣ буд:

 • шояд душманонаш, зеро марҳум молу мулки зиёд дошт, вале ба номи дигарон бовар карда гузошта буд — ва вақте зиндон шуд, ҳамон «эътимодбарандагон» намехостанд ӯ озод шавад;

 • ё кори дасти одамони Зайнулло: ду нафар назди Фахриддин Ғафуров омада, аз номи Зайнулло гуфтанд: «Мо бояд заводатро истифода кунем». Марҳум розӣ нашуд — онҳо сахт ба ғазаб омаданд…

Хизматҳои Фахриддин Ғафуров:

 • 5–6 сол ДАСТГИРИИ тими футболи Уяли — бо пулу либос;

 • 10 сол мардуми деҳаи Будиёнро дар зимистон бепул барқ медод;

 • Соли 2008 зиёда аз 200 ятим-ро хатнатӯй кард (Наврӯз — Нусрат Бетурсӣ низ дар назди Фахриддин буд);

 • Солҳои 2011–2012 зиёда аз 170 ятим-ро дар назди заводи Уяли хатнатӯй кард, бо ҳадяҳояшон тақдим кард;

 • Соли 2014, вақте муовини якуми раиси ноҳияи А. Ҷомӣ буд, зиёда аз 200 ятим-ро хатнатӯй кард-то имрӯз дар таърихи ноҳия ягон мансабдори давлатӣ чунин кор накардааст;

 • дар кӯчааш аввалин кас буд, ки об овард;

 • роҳи Будиён–Навобод-ро таъмир кард;

 • 3 ҳамсинфаш-ро хонадор кард;

 • чандин студент-и уялиро, ки дар шаҳр мехонданд, бо пул ёрӣ дод;

 • хатиби Уяли-ро Ҳаҷ равон кард;

 • тирезаҳои масҷид-ро иваз кард;

 • ба чандин гӯштингири деҳа пул дод (худ дар ҷавонӣ бо «вольная борьба» машқ мекард);

 • ҳар сол пеш аз Соли нав коргарони заводашро ғайр аз ойликашон бо орд, равған ва ёрӣ таъмин мекард;

 • ба 3 ҳамсинфаш мошин харид барои зиндагиашон;

• зиёда аз 100 ҳазор доллар ба мардум қарз дода буд — бисёраш барнагашт; вақте аз зиндон ба чантояаш занг зад, ду нафар қарзҳояшонро баргардонданд, аммо дигаронаш — не. Марҳум мегуфт:

— «Дар қиёмат ҳатман мегирам.»

Ғафуров Фахриддин — писари Ғафуров Шамсиддин аст. Падараш пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ мудири маориф дар ноҳияи Хуросон буд, модараш муалима буданд.

Ps: Хонандаи «Ислоҳ», хуб: ин қиссаи Ғафуров Фахриддин аст, ки дар хидмати мардум буд ва ба мардум хидмат кард. Аз дасти Зайнуллои домоди хонаводаи Раҳмонов ба чунин мусибатҳо гирифтор шуд ва бо туҳмат зиндонӣ карда, дар онҷо ҳар чи тавонистанд, аз ӯ пул канданд ва ғораташ карданд ва бо сӯзандору дар ниҳоят ба қатл расониданд. Борҳо гуфтам ва боз ҳам мегӯям, ки ниҳояти хидмат ба ин режим дар ин гуна ҳолат мурдан аст. Агар даҳ нафар чунин пулдороне, ки ҳоло дар хидмати Раҳмонов ҳастанд, албатта чӣ дар дохил ва хориҷ дар мубориза саҳми худро мегузоштанд, бовар кунед, ки ин миллат хеле пештар аз ин ҷинояткор ва оилааш наҷот меёфт. Аммо ҳоло ҳам интизори раҳм ва шафқат аз ӯ ва оилаи касифаш ҳастанд. Ҳоло ҳам дер нашудааст, ҳоло ҳам вақт доред, то аз тороҷ шуданатон пешгирӣ кунед. Пас аз гирифтор шуданатон дигар чизе шуморо наҷот намедиҳад. Мард шудан лозим; мардона зистан ва мурдан-ин шараф аст.

Share This Article