Ассалому алейкум Муҳаммадиқболи Садриддин сармуҳаррири пойгоҳи овозадори “Ислоҳ.нет”!
Мо барномаҳои шуморо доим тамошо мекунем ва аз шумо миннат дорем, чунки Шумо ҳамон масълаҳоеро таҳлил карда мебароед, ки имрӯз воқеъан ҳам ниёз ба ислоҳшавӣ доранд. Мо сокинони Кулоб қариб,ки ҳама дарду ранҷ ва мусибатҳои худро дар барномаҳои шумо мебинем. Зеро Тоҷикистон тақрибан ҳама ноҳияҳояш ҳамдард ва як мусиббат доранд,ки ба шумо маълум аст.
Мактаб ва маориф яке аз соҳаҳои бисёр муҳим ва ояндасоз барои давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад ва имрӯзҳо дар тамоми расонаҳои хабарӣ аз таърифу тавсифи дурӯғини мактабу маориф сухан меравад, вале чаро касе аз ҳолу аҳволи воқеъии мактабу маориф чизе намегуяд?. Барои ҳамин мо як гурӯҳ сокинони ш. Кӯлоб тасмим гирифтем, ки дар бораи ҳолу аҳволи ҳақиқии имрӯза мактабу мактаббачагон номае навишта ба “ISLOH” ирсол намоем, чунки рӯз то рӯз кудакону наврасон аз илму маърифат дур шуда ба корҳои ношоиста даст зада истодаанд. Агар мо имрӯз фикри онҳоро накунему ба ҳоли худашон гузорем, пас ояндаи онҳо чи мешавад? Албатта, ки боз ҳам бадтар мешаваду хубтар не.
Ҳоло ҳаминро бояд бигӯем, ки аксарият наврасони мо чунон рафтору кирдор ва гуфтори бадахлоқонае доранд, ки касро дар ҳайрат мемонад ва ба фикри мо сабаби асосии то чунин ҳад омада расидани кӯдакону наврасон дар он аст ки воқеъан ҳам дар мактабҳои миёна сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳолоти хеле бад қарор дорад. Ба хонандагон баъзе устодоне дарс мегӯянд, ки дар асл худашон ба таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд. Ҳамагон хуб медонанд, ки аксарияти омӯзгорон ва махсусан директорони мактабҳои миёна майзада ва ҳатто чунон масту мағруре ҳастанд, ки касе аз онҳо сухани хуш нашунида ва рафтори хуберо надидааст, пас кӯдакон аз инхел инсонҳо чи гуна дарси адаб мегирад, дар ҳоле ,ки чун ҷинояткор муомила мекунанд бо кӯдаке, ки бояд худи онҳо тарбияташ кунанд.
Ҳоло мо барои исботи ин гуфтаҳо аҳволи мактаби раками 11-и ш. Кӯлобро бароятон таҳлил менамоем, ки фарзандони худи мо дар инҷо таҳсил мекунанд ва мо низ аз ҳолу аҳволи ҳаррӯзаи ин муассиса хуб огоҳем ва ба ҷон расидаем гӯем ҳам хато намекунем. Чунки масрафи як моҳаи хонандагони ин муассиса аз масрафи як моҳаи хонандагони литсейю гимназияҳо дида зиёдтар асту камтар не. Дар ин муассиса ҳаррӯз пул ҷамъкунӣ аст, як рӯз пули моҳона, як рӯзи дигар пули ошхона, рӯзи дигар пули ҳочатхона, пул барои журналу газета ва рӯзнома, пул барои билети консерт ва ё кино, пул барои муаллима, пул барои таъмири мактаб ва дигару дигарҳо гуфта хулас зуд-зуд бо ҳар баҳона пул ҷамъ мекунанд ва кай дарси ҳалол мехонанд маълум нест. Фарзандони мо ҳар рӯз ду ё се дарс хонда ба хона меоянд ва вақте аз онҳо пурсон мешавем, ки чаро инқадар барвақт ҷавоб шудед, мегуянд, ки фалон-фалон муаллимонамон набуданд ва ё мегӯянд, ки моро фалон муаллим ҷавоб дод то ки рафта дар хонааш кор кунем ва ё ин ки рафта дар Шоҳроҳ ё мактаб рӯзро бо шанбегӣ (суботник) гузаронем.
Дар ин муассиса чунон бетартибие ҳаст, ки хонандагон ва муаллимон кайе, ки хоҳанд ва чи хеле, ки хоҳанд ҳамон хел ба дарс меоянд ва кайе, ки хоҳанд аз дарс баромада мераванд ва мо худ шоҳидем, ки дар вақти дарсӣ теъдоди зиёди хонандагон дар пушти мактаб ва гирду атрофи он ва инчунин дар толорҳои саққобозии маҳалла гӯруҳ-гӯруҳ ҷамъ шуда, ба нағмаву бозӣ ва ба ҳарзагӯию ҷангу ҷанҷол машғуланд ва касе онҳоро пурсу суроғ намекунад, ки дар куҷоянду чи кор мекунанд. Бовар кунед, то ҳатто дар ин мактаб хонандагон ошкор карда шуданд, ки дар як сол як бор ҳам ба мактаб наомадаанд. Онҳо мегӯянд, ки нархи як рӯз ба дарс наомадан аз 3 то 5 сомониро дарбар мегирад ва мо онро ба роҳбари синф медиҳему чи хеле, ки хоҳем ҳамон хел гаштан мегирем. Яъне, хонанда ба устод пора медиҳаду устод ба директор. Директор бошад, бинед чи кор мекунад, ба Раёсати маориф ва ба дигар мақомотҳои назоратии ҳукуматӣ аз ҷумла ба милитсия, ба прокурор, ба телевизиону рӯзноманигорон ва ғайраҳо, инчунин ба намояндагони шӯъбаи ноболиғони корҳои дохилӣ низ пул медиҳад, то ки номи мактабро сиёҳ накунанд ва ҳамин тавр ба чашми аҳли ҷомеа хок пошида аз фоидаи ба даст омада кайфу сафо карда мегарданд. Шояд дар дигар мактабҳо низ айнан чунин аҳвол ва ё аз ин ҳам бадтараш бошад, вале мо он чиро мегӯем, ки худ дидаему шунидаем ва далелу ҳуҷҷат низ дорем.
“Акнун мо мехоҳем, чанд сухане дар бораи роҳбари муассисаи зикршуда Шомуродов Саймурод бигуем, то ки шояд ягон мақомоте пайдо шавад, ки парвандаи ӯро тагу рӯ кунаду худашро аз сари мардум дур, чунки сабабгори асосии ба чунин ҳолу аҳвол афтидани муассиса худи ӯ мебошад. Ӯ ҳаст, ки пулро аз муаллимону хонандагон талбида шиками назоратчиёнро пур ва чашмашонро бо пул кур мекунад.”
Чуноне, ки худи хонандагон ва омӯзгорон мегуянд, мо ҳеҷ гуна комиссия ва ё санҷишгареро намебинем, чунки онҳоро директор рост ба утоқи кориаш бурда ва ё баъзеҳояшонро ҳатто аз роҳ гардонида бурда дар ягон тарабхона меҳмондорӣ мекунад, то ки онҳо наоянду аз ҳолу аҳволи муассиса хабардор нашаванд. Мегӯянд, ки ӯ ба онҳо чунон зиёфате медиҳад, ки онҳо масту сархуш шуда ба куҷо омадану чаро омаданашонро фаромуш мекунанд ва доляашонро низ гирифта баромада мераванд. Баъдан директор он харҷу сарфи кардаашро чанд баробар зиёд аз муаллимон ҷамъ карда мегирад, ва боз ба омӯзгорон таъна карда мегӯяд, ки ман ин ҳамаро ба хотири шумо мекунам, чунки шумо ягон ҳуҷҷати дуруст надоред ва сар то по пур аз хатогӣ ҳастед, вале дар асл ӯ ин ҳамаро на барои муассиса, балки танҳо барои худаш, яъне барои аз ин вазифа на рафтану аз ҳисоби хонандагону муаллимон кайфу сафо карда гаштанаш мекунад. Охир ӯ ҳамагӣ 750 сомонӣ маош мегирад, вале харҷу сарфаш барои кайфу сафо ва хушомад задани болобудагиҳо ба хотири аз вазифа нарафтан ҳазорон ҳазорро ташкил медиҳад.
” Ӯ ҳама вақт чи дар вақти кор ва чи берун аз кор масту аласт мегардад ва ҳамагон ӯро чун директори “алкаш” мешиносанд.”
Дар Раёсати маориф бошад ӯро халтаи мағзу мавиз меноманд, чунки аз қаровул саркарда то мудири Раёсат ҳоло суханаш аз даҳонаш баромадааст ё набаромадааст, ки кораш буд ва киссааш аз ҳисоби ин одам пур мешавад. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки ҳама корҳои ӯро хуб медонанд, вале ба ӯ чизе намегуянд. Ҳам боз ӯ ҳамсинфи Раҳмонзода Абдуҷаббор-ёрдамчии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа мебошад ва муддати ҳашт сол мешавад, ки дар ин муассиса зулму ситам мекунад ва ҳама, аз кормандони техникӣ саркарда та устодону муовинон ва ҳатто хонандагон низ аз ӯ безор шудаанд, чунки ӯ бо касе муомилаи хуб надорад. “Нонро хурда дар намакдон туф мекунад”. Дар муассиса ӯ тавре рафтор мекунад, ки ин муассисаи шахсиаш бошад ва бо кормандону устодон бо чунон суханони қабеҳ ва бо қаҳру ғазаб муомила мекунад, ки гӯё онҳо дар назди ӯ ғулом ва ё муттаҳам бошанду маошашонро давлат нею ӯ аз киссаи худаш медода бошад.
Хуллас, дар ин муддати ҳашт соле, ки ӯ роҳбар аст, дар муассиса ягон дигаргуние нашудааст, мактаб ҳамон мактабе ҳаст, ки даҳ соли пеш буд. Вале ӯ барои ободии муассиса гуфта аз хонандагон ва муаллимон пули моҳона ҷамъ мекунад ва пули ҷамъшуда куҷо мешавад, касе намедонад. Ба ғайр аз ин ӯ боз аз муаллимон доля мегирад, яъне вақте ки муаллим маошашро мегирад ҳатман бояд, ки 50 ё 100 сомонӣ бурда доляи ӯро диҳад, вагарна аҳволаш бад мешавад.
“Чи тавре ки устодони муассиса мегӯянд аз вақте ки ӯ директор шудааст, мо пули иттифоқи касабаро надидаем, чунки ӯ маблағи онро низ гирифта ба кисааш мезанад. Дигар роҳи пул коркунии ӯ чунин аст ки вақте охири соли хониш мешавад, аксарият устодон ва коргаронро ба қавле “чап” мегирад, яъне ба онҳо фишор меорад ва маҷбур мекунад, ки рафта аризаатро навис, чунки ту аз ӯҳдаи кор намебароӣ. Вале, дар асл медонед ӯ барои чи ин корро мекунад? Барои он ки онҳо ариза навишта қаҳр карда баромада раванду пули рухсатии меҳнатиашон ба ӯ монад ва инчунин дар ҷои онҳо боз дигар касро пулашро гирифта бо кор қабул кунад. Ӯ чандин сол шуд, ки аз ин усул самаранок истифода мебарад.”
Роҳҳои даромади асосии ӯ дар ин муассиса ин бо ҳар баҳона пул ҷамъ кардан аз хонандагон ва омӯзгорон, пули моҳонаи хонандагону омӯзгорон, пули таъмири мактаб, пули иттифоқи касаба, фиреби молия, гирифтани маблағи аз 1000 то 2000 ҳазор барои ба кор қабул кардан ё гирифтани соати дарсии бисёр, гирифтани маблағи калон аз омӯзгорон барои дараҷаҳои тахассусӣ, ҷамъ кардани пул барои аскар (пули солдат), ӯ барои гузаронидани чорабиниҳои умуми мактабӣ низ аз хонандагон пора гирифта баъд иҷозаи гузаронидани чорабиниро медиҳад. Инчунин ӯ бо роҳи фурӯхтани ангишту ҳезуми мактаб низ пул ба даст меорад ва ҳоло бошад ба фурӯхтани арчаву чинорҳои матаб машғул аст. Кӣ медонад, шояд ба наздикӣ ба фурӯхтани қисмате аз заминҳои мактаб низ шуруъ кунад.
“Боз як роҳи даромади калони дигар дар мактаб ин фурӯхтани китобҳои дарсӣ мебошад, яъне дар мактабҳо вазорати маориф нархи яксолаи китобро муайян мекунад, вале директор бошад нархи худашро мемонад, ва китобдори мактаб бошад нархи худро ва баъдан ба он боз роҳбарони синфҳо низ нарх илова мекунанд.”
Дигар кирдори ғайриинсононаи ӯ ин аст ки ӯ бо хонандагон чунон муносибати дағалона ва дашномҳои қабеҳ карда онҳоро чунон лату куб мекунад, ки онҳо дар пояшон дигар рост истода наметавонанд ва аз забони худаш шунидаем, ки мегуфт як хонандаро чунон бисёр задам, ки шимашро тар кард, ӯ дар вақти шиканҷа додан ба хонанда чунон бераҳму гумроҳе мешавад, ки то ҳатто ба муаллимон мегӯяд, ки дасту пойи ӯро қапед ман ӯро таҷовуз кардан мехоҳам. Бинед, ки мо фарзандонамонро ба дасти киҳо бовар карда месупорем.
“Ва дар инҷо мо боқимонда кирдорҳои ҷиноии ӯро бар дӯши мақомоте мегузорем, ки шояд омада корҳои ӯро таҳлилу тафтиш ва азназаргузаронӣ кунанд. Мо бовари дорем, ки ин алкаши чалласавод ягон ҳуҷҷати дуруст надорад, чунки кораш факат бо ҳиллаву найранг пул ҷамъ кардану рафта дар тарабхонаи “Кенҷа” бо духтарҳо дилхушӣ карданасту халос. Кадом вақте ки аз назди он тарабхона гузарӣ мебинӣ, ки ӯ масту беҳуш бо раққосаҳои онҷо маишат ва рақсу бозӣ карда истодааст.”
Тавре, ки хонандагон ва устодон мегуянд, ӯ боре ҳам ба дарсҳо надаромада аз аҳволи хонандагон хабар нагирифтааст, боре ҳам ӯ дар қатори саҳар ё нисфирӯзии мактаб истода бо хонандагон сӯҳбат накардааст, ва ҳатто боре журналҳо ва ё конспекти муаллимонро аз назар нагузаронидааст. Ба ҳамин наздикиҳо маҷлиси умумии падару модарон дар мактаб шуда гузашт, аслан маҷлис барои зудтар ҷамъ кардани пули таъмири мактаб буду халос ва маҷлисро ҷонишинонаш гузарониданд. Вақте ки мо аз онҳо пурсидем, ки диретор худаш дар куҷост, якеаш мегуфт, ки дар маҷлиси ҳукумат аст, дигараш бошад мегуфт, ки дар ҳамин ҷост, вале мо бисёр хуб медонистем, ки ӯ дар куҷост. Ӯ дар ягон маҷлиси падару модарон иштирок накардааст, чунки ӯ ақлу саводи дар назди мардум баромада суханронӣ карданро надорад ва барои ҳамин чи чорабине, ки дар мактаб мешавад ӯ баҳонаи маҷлис карда гурехта меравад.
Ва ҳоло мо аз фурсати муносиб истифода бурда мехоҳем дар бораи як муаллимаи ин муассиса бигӯем, ки ӯро ҳамагон бо лақаби “кондуктор ё пулчинаки мактаб” мешиносанд ва ӯ аз ҳисоби ин корҳояш соҳиби ифтихорномаи Раёсати маорифи ш. Кӯлоб низ шудааст.
“Ин кондуктор муаллима Ҷӯраева Фарангез мебошад. Номбурда то ҳадде маккору ҳиллагар аст, ки агар ҳама яксомонӣ биёред гӯянд ӯ ба хонандагон 10-сомонӣ биёред мегӯяд. Рӯзе нест, ки ӯ аз хонандагон бо ягон баҳона пул ҷамъ накунад. Ӯ барои ҳар як ҷашну идҳо, ва ҳатто барои зодрӯзи ҳар як аъзои оилааш аз хонандагон маҷбурӣ пул ҷамъ мекунад, ва ҳатто фармон медихад, ки барои ман фалон тӯхфа ё куртаи қимматбаҳоро харида биёред, вагарна бо шумо дигар хел муносибат мекунам. Ӯ хонандагонро аз дарсҳо пеш мекунад, ки рафта аз куҷое, ки меёбӣ намеёбӣ пули гуфтаи маро биёр. Кӯдакон аз тарси он ки ин муаллима онҳоро лату куб мекунад, гиря мекунанд, ки мо дигар ба мактаб намеравем, то шумо агар чизи мехостаи муаллимаро ба мо надиҳед.”
Чандин падару модарон нияти рафта дар мактаб шарманда кардани ӯро доранд. Ӯ ба хонандагон мегуфтааст, ки шавҳарам ва бародарам дар амният кор мекунанд ва ман аз касе наметарсам доляи директорро низ аз мехостааш зиёдтар медиҳам, касе дар куҷое, ки мехоҳад шикоят кардан бигирад. Ӯ дар идҳои Соли нав ё Наврӯзӣ ва ё ягон ҷашну идҳои дигар аз хонандагон маҷбурӣ пул ҷамъ мекунад ва дар хонаи худаш ташкилӣ карда ва боз мефармояд, ки ҳар як кадоматон фалон ё фалон хӯрокро пухта гирифта биёред. Худи ҳамин сол ӯ барои гузаронидани Наврӯзии имсола дар мактаб аз хонандагон 20 сомонӣ ва аз баъзе ҳояшон аз ин ҳам зиёдтар пул ҷамъ карда гирифт, вале наврӯзӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳал гузаронида шуд ва ин маблағи ҷамъшуда ба ӯ ва директори мактабу муовини тарбиявиаш монд. Инчунин онҳо дар наврӯзӣ барои чунин корҳои хубашон сипосномаи мудири Раёсати маорифи ш. Кӯлобро низ соҳиб шуданд.
Ана ин аст, бародарон ҳолу аҳволи воқеъии “мактабу маориф” дар ҷомеаи мо.
ИСЛОҲ : Матлаби баъдии мо дар мавриди мактаби №31 Ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кулоб деҳаи Мирапок аст. Дар мавриди бедогариҳои директори ин мактаб Тавуров Қаландар мебошад. Маълумотҳои бештаре дар ин маврид дошта бошед фиристед, то матлаб комилтар гардад. Шикоятҳои худро фиристед, то тезтар мақомот аз онҳо огоҳ гарданд.
Ps: Хитоб ба раёсати маорифи шаҳри Кулоб Ҳакимзода Қадамшоҳ!
“Ислоҳ” пас аз нашри ин матлаб ду ҳафта интизор мешавем барои беҳбудёфтани вазъи ин мактаб. Агар дар давоми ду ҳафта ин ҳолат тағйир наёбад ва ин ғоратгарон ба ҷавобгарӣ ва аз мақомҳояшон сабукдуш нагарданд, то мардум нафаси сабук кашанд,барномаҳои муфассали дигаре аз худи раёсати маорифи шаҳри Кулоб шурӯъ менамоем ҷаноби Ҳакимзода. Фикр накунед,ки ин директор Шомуродов Саймурод ҳамсинфи Абдуҷаббор Раҳмонов аст. Мо хуб медонем Шомуродов чи гуна ба ин мақом расидааст ва пуштибонаш кӣ ҳаст. Чораҳои қатъӣ ва зарурӣ нисбаташ қабул карда шаванд.
“Ислоҳ” маълумотҳои шикоятӣ аз мардум ба мо расида аз аксари муассисаҳои таълимие,ки тобеъи раёсати маорифи Кулоб мебошанд дар даст дорем. Масалан : Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар тобеияти худ 74 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат,ки дар коррупсия ғутаваранд, 2 интернат, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 1 фароғатгоҳи «Шарора», 12 муассисаи таҳсилоти то мактабӣ (аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти хусусии то мактабии «Меҳрона», «Миҷгона» ва муассисаи то мактабии навбунёд дар маҳаллаи М. Ҳакимов (собиқ заводи пахта)) дорад. Дар ихтиёри мо аз 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 19 адади он вуҷуд дорад. Раёсати маорифи Кулоб вазъияти тоқатфарсо ва коррупсиониро ҳаллу фасл нанамояд,интизори ифшокориҳои ҷиддӣ дар ин самт бошед! Мо гуфтем ва шумо шунидед.