Нуршед Машрабов, раиси «Корвон»-бузургтарин бозори Тоҷикистон баъд аз онки бозорро навсозӣ кард, ба соҳибкорони қисмати дарвозаи №1-и ин фурӯшгоҳ нуқтаҳои тиҷоратиашонро дубора фурӯхта истодааст. Аммо баҳои ин ба истилоҳ «точкаҳо»-ро ба ҳадде гарон кардааст, ки ин соҳибкоронро миёншикан ва дар маърази муфлисшавӣ қарор додааст. Барои мисол Саъдӣ, як нафар соҳибкоре, ки дар ин қисмати бозор қисмҳои эҳтиётӣ мефурӯшад ва Шамсии телефонфурӯш ҷой хариданд. Саъдӣ 3 «точка» харид:-2 мағоза ба маблағи 66000$ ва 42000$ ва яктои дигар дар «перехошка»-роҳрави таги бино ба 70.000 доллар. Шамс Миров аз растаи фурӯши жалюза 2 метрро бар ивази 20. 000$ харид. Аммо ӯро кидат карданд. Ҷойи ба ӯ ваъдакардаро надоданд. Нафари дигар Баҳодур ном дорад, ки ӯро ҳам пули калонашро гирифта вале ҷойи ба ӯ ваъданамударо ба каси дигар доданд. Ҷойҳои наве, ки ба ин нафарон доданд, чунин арзиш надорад, яъне ҷойҳои «ходовой»-и бозор нестанд. Ин кори Нуршед кидати ошкорои ин соҳибкорон мебошад ва мақомоти марбута бояд ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд ва чилави ин бесомонӣ ва бебандубории «Корвон»-ро бигиранд. Чунки корд ба устухони соҳибкорон расидааст.
“Гап дар инҷо аст, ки чанд рӯзи пештар Нуршед Машрабов ба ин соҳибкорон гуфтааст, ки ин ҷойҳоро баъди сохтмони бозор аз дасти вай Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ аз дасти ӯ гирифтаанд. Аммо соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба ин гапҳои Нуршед Машрабов бовар намекунанд ва онро «ҳиллаи навбатӣ»-и вай мегӯянд.”
Ин соҳибкорон мегӯянд, ки агар ин суханон ҳақиқат надошта бошад фавран бояд ҷилави ин авбош гирифта шавад, то мақомдоронро дар назди мардум доғдор насозад. Чуноне, ки пас аз рафтани Маҳмасаид Убайдуллоев дар ҳамаҷошинаду хезад мегӯяд Убайдуллоев манро 1 500 000$ (якуним миллион доллар) кидат кардааст.
Ҳамчунин Нуршед дар ҳудуди дарвозаи№6, 35 нафар соҳибкорро «кидат» кард. Аз ин нафарон аз 2500$ то 47000$ гирифта вале то ба ҳоло ҷойҳояшонро надодааст. Ҳамчунин соҳибони хонаҳои пушти дарвозаи№7-ҷойи оптовийро, ки ваъда карда буд ба ҷойи хонаҳояшон мағоза медиҳад рӯирост ва бо як беҳаёии ошкоро «кидат» карда гуфтааст, ки «ман пули хонаҳоятонро додам, дигар назди ман наоед». Аз миёни ин ҳама нафарон1нафар – Махсуми Шамсуддин, хатиби масҷиди Корвон тавонист мағоза бигирад. Зеро Нуршед медонад, ки агар ба домулло надиҳад гапу калоча зиёд мешавад.
Ҳамчунин соҳибхонаҳои қафои дарвозаи№1- Корвон низ пулҳояшонро гирифта натавонистанд. Яке аз онҳо Музаффар мебошад. Вай дар масоҳати1500 квадрат мағоза дошт. Ба ӯ ҳамагӣ 280 000$ доданд, дар ҳоле, ки тибқи шартнома бояд боз дар масоҳати 700квадрат замин барои сохтмони мағоза медоданд.
Инашро ҳам гӯям, ки Музаффарро вақти чапа кардани мағозаҳо ва бонкаш, ки иборат аз18 мағоза ва 1 бинои 3-ошёна буд, зӯран бурда маҳкам карданд. Ин корро ҳамин Нуршед «ташкил» ва ӯро маҳкам кунонд. Нуршед Машрабов Музаффарро хеле ҳам бераҳмона азият дод. Вай Музаффарро «подставит» кард. Нуршед мебоист барои чаппаву хароб кардани ин ҳама иншоот аввал иҷозаи ҳукумати ноҳия ва боз қарори судро мегирифт ва сипас бо булдозерҳои худаш ин корро анҷом медод. Аммо Нуршед корро дигар тарз иҷро кард. Вай мисли рубоҳ ҳилаву макрро пеш гирифт. Ба воситаи Саидов Давлат, ҷияни Муроди телехи Эмомалӣ Раҳмонов ва муовини сардори милисаи ноҳия бо номи Айниддин булдозер ва дигар техникаҳои давлатиро овард. Мегӯяд, ки инҳо техникаҳои ман мебошанд ва бояд фавран чапа кунем.
“Музаффар муқобилият мекунад ва намемонад, ки булдозерҳо чапа кунанд. Аммо Нуршед бештар Музаффарро асабонӣ мекунад, то вай таодулашро аз даст диҳад. Камбуд ё минуси Музаффар ҳам ин буд, ки хеле зудранҷ ва сабук буд. Хуллас Музаффар тракторчиро мезанад. Сайидов Давлат ва Айниддин филфавр бо як дастаи милисаҳо омада Музаффарро дастгир намуда бурда маҳкам мекунанд. Ба қавли яке аз наздикони Музаффар танҳо бо додани 55000$ ӯро аз боздошт ва ҳабс озод мекунанд. Агар аз рӯи нархи имрӯза ҳисоб кунед 215 000$-1500 квадрат мағоза,380 квадрат хона ва7 сотих заминро, ки дар гардиши сари роҳ воқеъ буда ва бо камтарин нарх 2 000 000$ арзиш дошт бо маблағи 280 000$ ба зӯрӣ гирифт. Ин аст Нуршед Машрабов, ки ҳамаро гул мезанад ва аз ҳаво пул кор карда истодааст. “
Чунин нафаре, ки хонаи чандин касро сӯхта аст ва сӯхта истодааст, ҳоло вакили Маҷлиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт интихоб карданд. Вай ба курсии холишудаи Хуршед Мирзо, ки моҳи апрели имсол муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд, такя зад.
Хуршед Мирзои 37-сола аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, гуфта мешавад ва дар Федератсияи футболи Тоҷикистон солҳо боз муовини ӯст. Ин ҳамон Хуршеди Мирзо аст, ки ширкати «Авесто-групп» ба номи вай номнавис шудааст.
Абдураҳим Шоҳиён, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфтааст, ки номзадии Нуршед Машрабов барои вакилӣ бо тасмими ҳизб ва машварат бо ӯ пешбарӣ шудааст. Яъне ин ба ин маъност, ки ҲХДТ-и Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳамин гуна ҳақимардумхӯрону касифони дузди ғоратгар дастгирӣ мекунад. Як бор чаро ҲХДТ ро касе чизе намегӯяд? 24 соат ҲНИТ мегӯянд вале мо ҳеҷ ҷинояте надидаем аз ин ҳизб.
Аммо ҷиноятҳои Нуршед Машрабов бо ин тамом намешавад. Нуршед дар наркобизнес ҳам шарик аст. Як нафар одами Нуршедро чанд моҳи пеш бо 180 кг қапида буданд, ва он бори ҳамин Нуршед буд. Бо шунидани ин хабар Нуршедро «давлений» зад ва чанд вақт бистарӣ шуд.
“Ин ҳама воҳимаи онки Нуршед Машрабов як бизнесмени дасткушод ва эҳсонкор аст аз ана ҳамин гуна маблағҳои аз роҳи ҳаром, аз роҳи зӯриву фишор ба дастоварда мебошанд. Як вақт хеле ҳам воҳима карданд, ки Нуршед Машрабов бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд як матбаи замонавиро дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ барои беш аз ҳазор хонанда сохт ва дар расми ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмонов бо ҳамон қайчияш иштирок кард. Сарчашмаи маблағҳои Нуршед Машрабовро ҷустуҷӯ намоед, бо ин гуна мавридҳо зиёд вомехуред.”
Яке аз нафарони наздик ба Нуршед Абдураҳмон Машрапов мебошад. Ин нафар дар фурӯшу хариди тамоми ҷойҳои дарвозаи №1 ва дигар ҷойҳои «Корвон» нақши асосӣ дорад. Абдураҳмон Машрапов дар дохил бизнес-интересҳои худро дорад. Дар болои нархҳои таъинкардаи Нуршед боз «доля»-и худашро мемонад. Бузҳои ӯ дар бозор Мавлавӣ ва Сайфиддин -писархолаҳояш мебошанд. Мавлавӣ ва Сайфиддин акаву додаранд. Дар ҳудуди дарвозаи№1-и «Корвон» ба телефонфурӯшӣ машғуланд. Онҳо ҳам савдои яклухт- оптом доранд ва ҳам чаканафурӯшӣ мекунанд. Пишаки онҳоро касе ҳад надорад, ки пишт гӯяд. Дар қатори «бузҳо»-и Нуршед ҳамчунин ду нафари дигар-Наврӯз ва Баҳодур низ шомиланд ва ин ду нафар ҳам акаву додар мебошанд. Инҳо хабаркашҳои махфии Нуршеданд. Инҳо аз Кулоб мебошанд.
“Мавлавӣ ва Сайфиддин, ки дар боло аз онҳо ёдовар шудем, дар назди мардум Нуршедро танқид мекунанд, масалан мегӯянд, ки «пагоҳ дар он дунё барои ин ҳама ҷабру зулм чи ҷавоб медода бошад» аммо дар асл бузи Нуршеданд, дар асл суханчинӣ мекунанд. Ва, ҳамин ки ягон соҳибкор ё тоҷир ягон гапе гуфт, зуд бурда ба Нуршед мерасонанд. Барои бузиашон магазини бепулашон доданд.”
Мавлавӣ фамилияаш Сайфов асту фамилияи Наврӯз ва Баҳодур Ҳисориев мебошад ва аз Кӯлоб ба ин бозор омадаанд.
Нафари дигарТуйчӣ Зокиров -ронанда ва яке аз аҳмақтарин хабаркашҳои Нуршед мебошад, ки ҳамаро ҳамин сиёҳу сафед мекунад. Вай яке аз кормандони КДАМ дар ин бозор мебошад. Намедонем, ки Нуршед хабардор аст ки ронандааш корманди штатии КДАМ мебошад ё не?
Нафари дигар, ки мешавад гуфт саги бовафои Нуршед мебошад-Зоир Зокиров «охрана»-и даҳани дари Нуршед аст.
Парвиз Орипов ,яке дигар аз одамони Нуршед мебошад, ки лесаку хоямолу тамаллуқпеша аст ва кори вай тамоми 24 соати шабонарӯз «пропаганда»-и Нуршед мебошад ва дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ Нуршедро таърифу тавсиф мекунад. Хулоса мошини пропагандаи Нуршед аст. Як журналисти занро ҳам ҷалб кардаанд, ки кораш постнависиву ҷавобнависӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Гӯё барои Нуршед имиҷи мусбат месозанд.
Манбаъи дигар чунин менависад: Яке аз кормандони КДАМ, ки бо ман дӯстӣ дорад, чунин нақл кард, ки Туйчӣ бо Файзи бомбей рафиқӣ дорад. Файзи бомбей бошад бо Раҳими ғармӣ шиносоӣ доштааст ва Нуршед мехостааст, ки бо Раҳим ошноӣ пайдо кунад. Ва, барои ин кор ҳамин Файзи бомбейро истифода бурданӣ будааст. То Раҳим ёрӣ диҳад, ки Нуршед тиҷоратҳояшро ба Маскав кучонад. Мехостааст фирор кунад. Нуршед гуфтааст, ки «чунон манро бо Раҳими ғармӣ шинос кунед, ки ӯ хит накунад, ки ин кор бо хоҳиши ман сурат мегирад.”
“Хуллас, Нуршед ҳамин хел нақшаҳову орзуҳо доштааст, ки зери пӯсти Раҳим дарояд, то Раҳим барои баъзе иншоотҳояш сармоягузорӣ кунад. Бо як фарзияи оперативии КДАМ Нуршед як вақтҳо мехостааст, ки дар Душанбе «мягкий переворот» кунад, вале тираш ба нишон нарасидааст. Нуршед бо ВКД зӯр аст вале бо КДАМ сагу пишак. Аз ҳамин лиҳоз ӯ хело кадрҳои худашро ба КДАМ равон карда истодааст. Аз ин кор СС. Ятимов дарак дорад ва хуб медонад, ки ин мушбача корҳои паси пардагӣ бурда истодааст.”
Баъзе наворҳои тасвириву аудиоӣ ба КДАМ расидааст, ки Нуршед Ятимовро ҳарҷо- ҳарҷо дашном мекардааст. Вақте СС. Ятимов аз ин пай мебарад мехоҳад ӯро нобуд кунад. Аммо ӯро Шоҳрух ва Рустам «прикриват» ёпуштибони мекунанд. Лозими зикр аст, ки Убайдуллоев низ дар хуни Нуршед ташна аст. Зеро чуноне гуфтем, ҳарҷо-ҳарҷо, пас аз рафтани Убайдуллоев гап кардааст, ки «ӯ маро 1.5 миллион доллар «кидат» кардааст». «Кашелёк»-и Нуршед Нуриддини ҷиянаш. мебошад. Нуршед ҳоло қасди ба ҳукумат даромадан дорад ва сабаби барои ҳамин вакили маҷлиси ноҳиявӣ шуд. Хулоса, имрӯзҳо пару боли Нуршед чунон боло шудааст, ки худашро наъйзйбиллоҳ Худо намегӯяду бас.
Аммо дар чанд соли пештар ҳукумат нақшаи дигар дошт
Нақшаи ҳукумат чунин буд, ки бозори «Корвон»-ро аз қаламрави шаҳр ба берун барорад. Аммо Нуршед бо ҳар роҳу восита талош мекард, ки ин кор ба ақиб андохта шавад. То замоне Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Душанбе буд ба Нуршед иҷозат надод, ки «Корвон»-ро дигарбора бисозад. Чун мехостанд онро аз шаҳр ба дур бубаранд.
Пас вз рафтани Убайдуллоев Нуршед ба Рустами Эмомалӣ пешниҳоди тағйирот дар сохти «Корвон»-ро кард. Азбаски бо Рустам рафиқӣ дорад ба ӯ «зелёний светофор» дод. Баъд шуруъ кард ба чапаву роста кардани бозор ва аз дарвозаи №7 шурӯъ кард ва ҳатто манзилҳои истиқоматии одамони инҷоро ба замин яксон кард. Ба ними мардум пулҳои ночиз дод ва бо зуроварӣ хезонд ва ними дигарро бо ваъдаву фиреб хезонд. Тоҷирони дарвозаи №7 ,ки асосан «оптовикҳо» мебошанд ба вайрон кардани амборҳову нуқтаҳои савдояшон розӣ нашуданд. Аз болои Нуршед шикоят зиёд шуд. Нуршед онҳоро фиреб дода гуфт,ки « ман аз шумо барои ремонт пул мегирам, на барои чойҳоятон».Ва, ба ҳукумат ҳам чунин фаҳмонду ваъда дод. Аммо ҳамзамон «доля»-ро ба Рустам «ҷуқид». Баъд аз онки Нуршед ба фурӯши «точкаҳо» сар кард тоҷирону савдогарон ба Прокуратура , Суд, ВКД, КДАМ ва ҳукумати Душанбе навиштани шикоятро сар карданд. Нуршед, ки аз ин нақша миллионҳо доллар кор мекард, ҳамаро яксара харид.
“Ба вазири ВКД, раиси КДАМ, Прокурор, Суд, хулоса ба тамоми мақомот мағозаву дукон дод. Ҳатто ҳамин участковийи бозор Давлат Саидови ҷияни Муроди телех 2 точка дар дарвозаи №7 гирифт. Аз миёни онҳое, ки аз ин дарвоза «точка» хариданд, танҳо як зан пул надод. Чунки хело зани ҷангҷолӣ аст ва шавҳараш корманди КДАМ буд. Нуршед ӯро фарёд карда бепул мағоза медихад, то дамашро гираду мардумро ба шӯр нахезонад.”
Дар «Корвон» савдо дар дарвозаи аввал ва охири он бо ҷӯшу хурӯш пеш меравад, соҳибкорон, муштариён ва савдои хуб дорад. Соҳибкорони пулдор инҷо бисёртаранд. Нуршед тасмим гирифт кори тахрибу замонавӣ сохтан ва кабудизоркунии бозорро аз ҳамин тарафи бозор оғоз бахшад. Аз дарвозаи №1. Паси ин дарвоза 30 манзили истиқомати воқеъ буд. Тибқи баъзе маълумотҳо ин маҳалларо ба Раҳими ургутӣ ба 10 миллион доллар мефурӯшад. Гӯё дар хариди ин маҳалл Маҳмуди «домсоз» ҳам шарик мешавад. Аммо баъдан шурӯъ мешавад найрангу макру талбис, ки намунаашро дар мисоли Саъдии запчастфурӯш ва Музаффар зикр кардем.
Феълан нафаре ҳаст бо номи Ҳоҷӣ Саид, ки ронандаи дигари Нуршед мебошад. Вай хело одами бад аст. Бисёрии нафаронро маҳз ҳамин одам сиёҳу сафед мекунад. Ҷияни ин нафар Баҳоуддин ном дорад ва сардори «охрана»-и бозор мебошад ва хеле ришвахор ва қаллоб аст. Як бор пули тамоми кормандони «охрана»-и бозорро як моҳ дер медиҳад. Маълум мешавад, ки маоши моҳонаи «охранник»-ҳоро бизнес кардааст. Вай чанд бизнес, мошинбизнес, хонабизнес ва дуконҳои зиёди савдо ва 3 зан дорад. Ҳоҷӣ Саиди ронанда 2, Абдураҳмон Машрапов 2 ва худи Нуршед 3 зан доранд. Ҳамон нафаре, ки бо 180 кило маводди мухаддир ба даст афтид Шер ном дорад, ки қаблан диллери Нуршед буд. Иллати боздошташ ҳам ин буд, ки бо КДАМ мувофақа накардааст,яъне «доля»-ро надодааст. Ин хабар ба Раҳмонов мерасад. Нуршед 2 миллион доллар дода худро аз об хушк мебарорад.
«Криша»-и Нуршед Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Сайидов мебошанд. Инҳо нақша ва ҳадаф доранд, ки акаи Нуршедро, ки ба тозагӣ рутбаи генералӣ гирифт, дар оянда вазири корҳои дохилӣ монанд. Машрабзода Ҷамшед Хол – генерал-майори милитсия,ки 43 сола аст, Айни замон ҳамин Генерал Машрабзода Ҷамшед Холи акаи Нуршед маводди мухаддирро зиёд гузаронида истодааст. Ва ҳоло ба истилоҳ «гремет» дорад.
Яке аз занҳои Нуршед аз афғонҳои муқими Саудӣ мебошад, ки падари ин зан як афғони хеле пулдор аст. Нуршед медонад, ки чи кор кунад, муғамбир аст, барои ҳамин ин занро ба худ моил карда ва ба никоҳаш даровард. Ин занро ба он хотир гирифта буд, ки як вақт мехост «ҳуй» хурад. Чунки ҳолашро Убайдуллоев ва СС. Ятимов танг карда буданд. Баъди рӯи майдон омадани Рустаму Шоҳрух ҷонаш дамид.
Дар КДАМ маълумотҳое дар бораи «контакт»-ҳои Нуршед бо ҳукумати Узбакистон мавҷуд аст. Дар вақташ Хол Машраб-падари Нуршед заминҳои зиёди навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва худи Душанберо ба Узбакистон фурӯхта буд. Бар пояи ин маълумотҳо Нуршед бо Дилшод Иноятов, ҷияни Рустам Иноятов, ки то ба ҳамин наздикиҳо раиси СНБ ва аз мансабдорони пурнуфузтарини Узбакистон буд робиатҳои хуб дошт ва ҳоло ҳам бо вай ва одамони вай тиҷоратҳои муштарак дорад. Агарчи Рустам Иноятов аз ҳукумат рафта бошад ҳам аммо барои «клан»-и Шавкат Мирзиёев ҳоло ҳам таъсир дорад.
Нуршед Машрабов ва бобову бобокалони вай аз Афғонистон гуреза шуда ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо дар авоили рӯи кор омадани ҳокимияти шӯравӣ омада будаанд. Падар ва бобои Нуршед афғонҳои тоза мебошанд. Инҳо аз чекистҳои он замона будаанд. Бар ивази онки иҷозати иқомат ба Тоҷикистонро медиҳанд, талаб мекунанд, ки бо мақомоти амниятии онвақта ҳамкорӣ кунанд. «Доносчик» будаанд.
Вақтҳое ки Хол Машраб дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов кор мекард аз афроди наздиктарини Раҳмонов маҳсуб меёфт. Он вақт Раҳмонов инхел пулдор набуд. Аммо Хол Машраб баракс сумдор буд, чун раиси Кумитаи андози кишвар буд.
Мебоист, ки Нуршед Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмоновро ба занӣ мегирифт. Аммо, ба гуфтаи худи Нуршед вай Таҳминаро нагирифтааст, «зеро ӯ хело духтари безеб буд».Нуршед дар баъзе аз нишасту маҳфилҳо бо лофу истеҳзо мегуфтааст, ки худаш Таҳминаро нагирифт.
Нуршед Дубай зиёд мераваду меояд. Пеши ҳамон зани афғонаш. Вай гоҳ- гоҳе Ҳиндустон меравад. Ба назди кадом як ҷодугар ва соҳири он кишвар меравад.
Баъзе аз маълумотҳое,ки ба КДАМдар мавридиНуршед расида аст:
Як нафар ба бачаҳои КДАМ чунин гуфтааст: Нуршед Рустамро «хуронда» будааст.
Дар вақти бузкашӣ дар хурокаш андохтааст. Ин гап ба гӯши Шоҳрух мерасад. Нуршедро кашида сар медиҳад. Нуршед нолаву зора мекунад, қасам ба хонаву занаш мехурад, ки ҳеҷ коре накардааст. Шоҳрух раҳояш мекунад аммо Нуршедро кам-кам шум дида феълан бо вай соз нест.
“Як вақт Нуршед барои Рустам як аспи арабии 100 000$ тӯҳфа меоврад. Нуршед дар наъли ҳамон асп кадом як сеҳру ҷодуи ҳиндуӣ карда будааст. Ман инро шунида бовар накардам, аммо мегӯянд, ки рост аст.”
Нуршед арӯсҳои зиёд дорад. Яке аз онҳо Зарина Маҳмадиева аз 82 мкр аст ва 19 сол дорад. Мижгона 27 сола ва Зуҳро 22 сола мебошанд. Зӯҳро аз ноҳияи Рӯдкӣ мебошад. Ин чанд нафар, ки зикр кардем ба гуфтаи худаш аз «постоянкаҳояш» ҳастанд.
Нуршед Машрабов ба вазири корҳои дохилӣ барои мубориза бо терроризм, яъне барои муқобала бо ҲНИТ се миллион доллар додааст. Муаллим-яъне СС. Ятимов инро мефаҳмад ва ӯ ҳам як миллион доллар мегирад.
Мегӯянд, ки Зоир (домоди ҷаноб) қасамашро хӯрдагӣ аст. Озода бошад, дар ҳар куҷо, ки шинад, мегуфтааст, ки «и паат, гудак додари мара сарша тов додестай, ира даф кунен». Нуршед дар кадом нишасте мегӯяд, ки Шаҳбоз Озодаро к…..е кардагӣ аст. Ин гапро кадом савобгире аз байни худашон ба Озода расонида будааст,барои ҳамин Озода Нуршедро шум мебинад.
“Нуршед, чуноне пештар ҳам зикраш рафт ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар «Корвон» чанд магазин додагӣ аст. Ҳар семоҳа (квартал) то 100 000$ «доля» медиҳад. СС.Ятимов ҳам хапу дам «доля» мегирад. Пештар Заробов-вақте дар марказ кор мекард, (ҳоло сардори КДАМ-и Рашт) ҳамон оварда медод.”
Бо ин вуҷуд Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов Нуршедро сахт шум мебинанд, аммо азбаски дар паси Нуршед Рустам истодааст, коре карда наметавонанд.
Нуршед қасами Маҳмадсаид Убайдуллоевро хурдагӣ аст: «отама ҳаму кушт мара иқа ғамум дод». Нуршед ошкор ба Убайдуллоев «визов» дода истодааст.
Чуноне гуфтам Нуршед талош дорад, ки бародарашро вазири ВКД монанд. Инҳо худро кадрҳои Рустам меҳисобанд.
“Вале талбандаи бисёр ҳам гизалаи Нуршед, ин Давлат Сайидов-участковийи Корвон ва бачаи апаи Муроди телех аст. Мошини Прадои сиёҳ дорад. Номераш 6060 мебошад. Нуршед дар баъзе ҷойҳо гуфтааст,ки «и пааата Мурод нонш намедода боша и ика гишнаҳай».
Боз як нафари дигари талбандаи Нуршед, ки вай ҳам «мент» аст, Улуғбек ном дорад. Улуғбек дуздҳо ва тиллофурӯшҳои сари бозорро «нигоҳ» мекунад. Улуғбек ва Айниддин ду нафар милисаеанд, ки ба Давлат Саидов кор мекунанд.
Нуршед «до таво борзи» шудагиаст, ки раиси ноҳияи Фирдавсиро «иди на…уй мегӯяд. «Ман вақт надорам мара файрод наку дар маҷлисот» мегӯяд.
Ps: Таҳқиқот дар мавриди Нуршед Машрабов идома дорад. Ҳама тоҷирони бозори Корвон агар аз зулми Нуршед Машрабов шикояте доранд ба “Ислоҳ” нависед. Мо ҳама шикоятҳои шуморо расонаӣ хоҳем кард. Ҳарчи шумо тарсед ин зулм ба шумо рӯз ба рӯз бештар мегардад. “Ислоҳ” инъикос кунандаи ҳама дардҳо ва ранҷҳои шумо мебошад. Аз ин минбар истифода намоед,то бо он дардҳое доред варшикаста нагардед.