(бахши аввал)
Чун шиновар нестӣ, по бар лаби дарё манеҳ…
Мо зери таъсири афкору гуфтору рафтори хеш асирему муборизи воқеӣ намешавем ва ин ҳамаро се дард аст, ки илми равоншиносӣ чунин тавсиф кардааст. Се сабаби психологие, ки моро даступобаста дар баробари зулму ситам нигоҳ дошта аст:
А. Ҷанбаи фикрӣ набояд бо мустабид ҷадал (разбор) кард, чунки ин ба кору зиндагии мо таъсири бад мерасонад.
Б. Ҷанбаи идрокӣ ҳаминки бо ситамкорон рӯ ба рӯ шудему садояшонро шунидем дар мо осори тарсу ларзиш падид меояд, чунки дар оила тарсуву гапшунав тарбияамон кардаанд.
В. Ҷанбаи рафторӣ (аз сарбасаршавӣ худро дур мегирем. Аз мубориза «насиҳат»-и волидонамону муҳити зистамон манъамон мекунанд)
Яъне дар сатҳи андеша метарсем.
Дар сатҳи дарку шуъур меларзем.
Дар сатҳи рӯёрӯӣ худро канор мегирем.
Дараҷаи олии буздилию тарсуии мост.
Ин тарси фарогир аст – На танҳо бо диктатор, балки миллати тоҷик бо мудир, сарвар, роҳбар, пулис, раис, ҳоким ва ҳаркӣ аз ӯ боломансабтар асту сарватмандтар ин мафкураи дунӣ-ро иттихоз мекунад, ки аз таълимоти хонаводагӣ сарчашма мегирад.
Аз сатҳи оила бояд падарсолорӣ бародару кеҳтарсолорӣ ва модарсолориро яксӯ гузошт: писар асири волидон, келин асири хушдоману наздикони шавҳар аст.
Талаба асири муаллим. Донишҷӯ асири устод асту бояд маршировка равад. Кормандон асири роҳбарон ва тамоми кишвар асири як нарсаг аст.
То рӯзе ки мо санъати рӯёрӯӣ (мувоҷаҳа)-ро наомӯзему ба он дар зиндагӣ рафтор накунем, ҳатман ашхоси султагаро бар рӯи ҳуқуқу озозиҳову амволу шахсияти мо дастдарозӣ мекунанд. Хусусан, дар қаринаи ҷомеаи ақабмондаи тоҷик, ки як каме соддадилу беозорат ёбанд, озорат медиҳанд, ҳуқуқу озодиҳоятро салб мекунанд. Аз ту сӯистифодаи моливу маънавӣ, мекунанд. Ва то рӯзе ҷавоби зишту хашину кӯбандашон надиҳӣ, аз шоҳи худхонда то гадои почаканда ба сарат дод мезананд!
Масали габоронае ҳам доранд: соддаро ёфтӣ, на…ӣ, уболаш мегирадат!
Дар кадомин дину меъёрҳои ахлоқӣ ин харматали тоҷикона меғунҷад?
Масалҳову таъбирҳои як миллат кистии ӯву ҷаҳонбинии аҷдодонашро ошкор месозад.
Як каме андеша кунед, ки ин «оя»-и кадом миллати «фарҳехтаи таърих» буда метавонад?!
Чунки миллтаи тоҷик табиатан миллати зурпарасти заъифозор буда аст, мутаассифона!
Ҷое зураш нарасад гиря, ҷое қудраташ кифоя бошад, зулм мекунад!
Вой агар гушнагадое шабе султон бишавад!
Миллати тоҷик, мутаассифона ҷуз забони зуру талху туруш забони нармеро намешносад. Нармишро «соддагӣ» гумон дорад!
Хубӣ чу аз ҳад бигзарад, ҷоҳил гумони бад кунад!
Табиати як миллатро то наомӯзем, ки сарваронашон ҳам аз доираи маҳдуди ҳамин менталитетанд бо онҳо чӣ гуна сарукор доштанамонрову бо кадом забони фаҳмо боҳошон сухан гуфтану гузаронданро намеёбем.
Барои ба сатҳи шуурмандӣ расонидани говҳои давлатманду миллати ғуломандеша, бояд ононро таълими психологӣ дод. Психоаналитикҳо намерасанд…
Ҳеч илме ҷомеаи тоҷикро бедор кардан наметавонад ба ҷуз омӯзиши мақулаҳои психологӣ оид ба адами тарс, баромадан аз доираи ҳарос ва омӯзиши рӯёрӯӣ бо ҳама анвоъи зӯргӯӣ.
Аммо, афсус, миллати тоҷик бебандубории стихиявиро аз амалкарди бардавоми муназзам, ва муштзӯриро аз нерӯмандии идорашаванда бештар дӯст медорад.
Ба эҳсосот зуд дода мешавад, хубро аз бад худ ташхис дода наметавонад. Аз ҳамин заъфи равонию ахлоқии ӯ Режими кунунӣ истифодаи олӣ дорад.
Тарсу сукуту сархамию адами рӯёрӯӣ метавонад дар дарозмуддат ба одати фикрию рафторӣ мубаддал гардад. Дар ин ҳолат сифати дигари равоншиносӣ ба миллат вогир мешавад, ки душахсиятӣ ё нифоқ аст.
Ин ҳолат ба бетарафӣ мунҷар шуда, дар фарҷом инсонҳоро масъулиятгурез месозад, ки қавми Мусо аз ин ҷамоа буда, ки гуфтанд:
قَالُوا يَا مُوسَىٰ إِنَّا لَن نَّدْخُلَهَا أَبَدًا مَّا دَامُوا فِيهَا ۖ فَاذْهَبْ أَنتَ وَرَبُّكَ فَقَاتِلَا إِنَّا هَاهُنَا قَاعِدُونَ
Гуфтанд; «Эй Мӯсо, то вақте ки пурзӯрҳо дар он ҷоянд, ҳаргиз бад-он шаҳр дохил нахоҳем шуд. Мо ин ҷо менишинем, ту ва Парвардигорат бираведу биҷангед!».(Сураи Моида, ояти 24)
Туву Худоят рав кору бора «ҳалл» кунед, мо ҳамиҷа «ждат»-тон мекнем.То вақте Раҳмонов бо СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода бо Юсуф Раҳмону Шермуҳаммади Шоҳиёну Бузмаков онҷоянд мо метарсем равем. Шумо равед онҳоро хориҷ кунед,то мо баргардем!
Ҳар рӯз садҳо паёмак ба унвони мо мерасад тақрибан ба ҳамин мазмун:
«Ҳазрат кай чапаш мекунед?»
« Охир кай мераведу ҷони моро аз ин золим халос мекунед? Хаста шудем, зану фарзандомона ёд кардем»
« Охир ба гап намешавад ин пирхарро ягон кор кардан даркори ҳазрат»
« Чанд рӯз аст дар сарам як фикр омадаст домулло мегуям бо ин муборизае бурда истодаед ин говкаларо чапа кардан намешавад. Охир тарафдорҳотона ҷамъ кунед рӯзша эълон кунед мардум хезанд чапаш мекунанд баъд мо меравем ватан»
Аллоҳ шоҳид аст дақиқан ба ҳамин мазмуну маъно паёмҳои зиёд мерасанд,ки дақиқан мазмуни ҳамон оят ва сухани қавми Мусо (а) аст, ки имрӯз мардуми мо мегуянд.
Ҳоло ҳам ин бемории яҳудиён ба тоҷикон сироят карда, ки ҳама бояд коре кунад, ба ҷуз тоҷик, ки «ждат» дорад, ки дигарон озодаш кунанд!
Миллату мардум, зану марду пиру барно ба ду буъд ҷудо гашта, дар ботин дигар ҷаҳонбинию ақлонияту боварҳоро пазируфта, дар зоҳир, дар ҷомеа, дар баробари зулму ситаму нобаробарию ноадолатиҳои замон, сукути мурдаворе кардаву гӯё дар забон аз ин ҳама «розӣ» будаву «шукрона» ҳам мекунад, ки Худо аз ин бад накунад. Дар ботин сахт «нороз» аст.
Таъбири Худо аз ин бад накунад, худ гӯёи ин воқеияти талх аст, ки воқеан вазъият «бад» асту аз ин «бадтар» нашуданашро таманно дорад.
Агарки нек буд аҳвол бояд мегӯфтанд: Худо аз ин беҳтар кунад!
Аз Фиръавн пурсиданд, ки аз кай «Фиръавн» шудӣ?
Гуфт: аз он рӯзе, ки касе нагуфт «Ту Худо нестӣ»!
Ҳамин гуна, тоҷикон, ки аксаран дар аҳди Шӯроӣ ғуломхӯ ба воя расидаанд, ҳар гоҳе, ки диданд касе аз онҳо заифтар ё сокиттар аст, ҳатман сараш дод мезананд. Ман инро борҳо дар таҷрибаам, дар Пойтахтамон санҷидаам. Баъд аз чанд дақиқаи ҷарру баҳсу «воҳимаву гапгузаронӣ» дид, ки дар чашмонаш нигариставу наларзидаву устувор дар гапаш ҷавоб медиҳӣ, «пасс» медиҳад. Ҳатто кормандони мақомот ҳам аз ин навъи махлуқотанд. Ҳамагӣ тарсӯи заифшахсиятанд. Агар тарсу набуданд ҳоло, лоақал як кудатое мекарданд, вале тарсуҳо аз хоҷаашон дир – дир ларзидаву он ҳама таҳқиреро, ки аз раҳбарон тӯли рӯзу маҳу сол мешунаванд, қасдашонро аз заифон бароварда мекунанд.
Аз ин хотир, мунтазири кудатои низомӣ, аз дохил нашавед ҳам, мешавад.
Эмомалӣ ҳам, ҳар боре, аз қирғизу узбаку русу чиниҳо шикаст хӯрад, омада қаҳрашро рӯи миллаташ холӣ мекунад.
Ҳамон гуна ки мардони тоҷик қаҳрашонро рӯи атфолашон холӣ мекунанд, аз ин рӯст, ки кӯдакони тоҷик тарсончак бузург мешаванд!
Мисли зане, ки дар баробари бадгуфториҳои шаҳвараш ҷавоби радду сазовору саривақтӣ доданро надониста, пасон қаҳру иноди худро сари тифлонаш мерезад. Ҳокимони таҳқиршудаи мо ҳам ҳамин корро мекунанд. – ҳар пагоҳон сардоронашон зану духтаронашонро ном гирифта душномашон мекунанду умре худро таҳқиршудаи бечора эҳсос мекунанд!
Сабаби асосии тӯли сол Пешвои уқдавӣ кунҷунбонӣ карданаш дар шикастҳои дипломатӣ, низомӣ ва иқтисодиест, ки аз ҳамсояҳо дида асту мехоҳад бо кунҷунбонию рақсу суруд он халаъи равониро пур кунад, вале пур намешавад!
Куҷост Генерале, ки дар тӯли хидмати давлатияш борҳо аз ҷониби роҳбарият таҳқиру душном нашнида бошад? Вале қарори интиқомаш аз пешвои таҳқиргарашро надидаем!
Ё вазирон ё раисони ВКД-ю КДАМ-у дигар ниҳодҳо ки шармандавор дар назди дурбинҳо чун ғуломон мехезонадашон хоҷаашону таҳқирашон карда, баду бадроҳаашон мегӯяду ин ҳама рӯи шахсияташон уқддаи «таҳқир» – ро месабзонаду умре бо алами Мусоро аз Исо гирифтан, ба зердастону заифон метозанд.
Вале ҳазор бор ҳам ба заифон ситам кунанд, ҷуброни он аламеро, ки хоҷаашон дар кунашон чӯб задаастро намебарорад.
Ин бемории равонӣ то ҳол дар усули «дедовшина»-и армияи пашшазадаи роллтонхӯри Шарипович, аз аҳди Шӯравӣ пойбарҷост! Дареғ….
Аз ин рӯст, ки дар чеҳраи сардамдорони таҳқиргаштаамон боре фараҳу иззати нафсу ғурури мардонагиро намебинему ҳамеша як навъ саркашолу ғамноканду аз дохил «мақҳур»! Аз ҳамин сабабу омилҳо сар мезад ҳама намуди террори диктаторону яккатозон дар дарозои торих. Аз Юлий Сезер гирифта то ба Нодиршоҳи Афшор, ки аз дасти ғуломони таҳқиргаштаашон ханҷар мехӯрдаанд. Маҳатма Гандӣ ҳам қурбони ҳамин амалкарди худ шуд. Раҳмон Набиеву Кенҷаев ҳам нисбат ба Навҷувонов айнан ҳамин ғалатро карда, дар ТВ намоиш дода, сари худро ба бод доданд!
Вале ҳоло СС.Ятимови таҳқиршудаву Рамазони таҳқиргаштаву дигаронаш ҳатто иҷозат надоранд, ки назди хоҷаашон бо силоҳ ворид шаванд.
Раҳмонов хуб медонад, ки вақте «дипломи эътимод»-ро дар дасти ғуломони дарборияш доду ҳамагиро назди худаш сархам гузошту пуштнокӣ – пуштнокӣ аз наздаш; чун занони сароӣ баргашт карданду чун бардагон бо гардани каж саф кашиданд, инҳо таҳқиршуда худро шинохта буданд.
Э.Раҳмонов ва дигар мустабидон барои шикастани ҳайсияту ғуруру шахсияти даврубариҳояшон аз ин услуби психологӣ кор гирифтаанд, ки дигар дар хобашон ҳам худро ҷуз як бардаи ҷинсии таҳқиршуда болотар фикр накунанд.
Касоне, ки назди хоҷа таъзим мекунанд имкон надоранд, ки аз ҷиҳати равонӣ курсияшро тамаъ кунанд!
Чаро ин корро, масалан, раиси апарати Президент – Озода ё Шаҳрдор – Рустам накарданд?
Чунки, Эмомалӣ намехоҳад, ки онон худро таҳқиршуда ҳисобидаву иззати нафсашон поймол ва шахсияташон тазъиф шуда, гирифтори бемории «уқдаи худкамбинӣ» гарданд!
Вале дигаронро чунин поймолу таҳқиру таҷовузи психологӣ кард!
СС. Ятимов? Ҳоло ҳам худатро мардак мешуморӣ?
Раҳимзода – Ҷек Чан? Ҳоло ҳам аз дузде, ки солҳо қабл наздат дир-дир меларзиду имрӯз чунгуракат монд, дилхунӣ?
Мақомдорони дигар – зану мард аз ракм истодан то ҳол ранҷ мебаред?
Ранҷ мебаред, ки занону кӯдаконатон дар ин ҳоли шармандаворе, ки мисли онки як «дух»-ро дембелҳо чумошник мекунанду аз дасташ коре намеояд, гирифтори «уқдаи таҳқир» гаштаед?
Ҳолатон аз ин бадтар бошад!
Ятимов, агар ба шахсияти худ ҳамчун ҷавонмард арзиш қоил будӣ, бояд ҷавоби ин ҳамаро медодӣ. Ба ҷои Андарзнома навиштан, бештар китобҳои психологӣ ва инқилобӣ мехондӣ.
Инқилоб, пеш аз ҳама, дар мағзҳо пайдо шуда, пасон дар кӯчаҳо ба амал оварда мешавад.
Инқилоб танҳо кори дасти мардуми оддӣ нест, балки як Генералу як раиси ниҳоди қудратии ҷавонмарди баномус ҳам метавонад, бо як ҷуръати камназиру як ҷасорати ҳайратовари беназир дар таърих, хоҷаи таҳқиргарашро ба зонӯ шинонад!
Инро «ба зонӯ шинонии муаллим мар устодаш»-ро метавон ном дод!
Шуморо «муаллим» меноманд, дар кудатои низомӣ ҳам «муаллимӣ»-и худро нишон медодед, мо дастгириятон мекардем!
Наход, шумо ҳам ин қадар тарсу бошед, ай мардоне, ки шабу рӯз бо силоҳ мехобеду умре дар олами таҷассусу ҳарбу зарб обутоб ёфтаед?!
Дуввумин зарбаи ин сархамӣ дар малаи омми «борзиҳои ҳукуматӣ» дар он буд, ки дар зершуури миллат ҷо шавад, ки вақте СС.Ятимову Раҳимзодаву Юсуфаки мурғи посухта ва Шералии соҳибуссайфу силаҳшӯр, бо ин ҳама мақоми баланд, сар хам мекунанду кунҳо кашол, шумо миллати почаканда, ҳатман, бояд, аз инҳо ҳам сархамтар бизиед!
Дар гуфтам – девор, гӯш кун! – гуфтаанд тоҷикон!
Дар дигар кишварҳо судяву генералу вазирон ба миллат дарси нотарсию устуворию ҷасорату рӯёрӯӣ меомӯзонанд, аммо дар мо – ин ҳамагӣ дарси сархамию пазириши саркашолию чорғовакистиро, дар намунаи силаҳшӯрон, ёдамон медиҳанд.
Шумо бардаед. Озодагонро бошад ё куштаанд ё зиндон карда, ё аз кишвар рондаанд!
Гуфтам, ки вақте Эмомалиро дигарон чорғовак мемонанд, омада аламашро аз сагонаш мегирад. Вақте Эмомалӣ аз хатои назди Путин чнграк истоданаш огоҳаш карданд, омаду қонуни сатру таъзими пешворо тасвиб кард, то нишон диҳад, ки агарчи дигарон маро дунг мондаанд, ман шуморо, лоақал, дунгу чунгурак мемонам. Ақалан ҳаминро метонам ку!
Ин аст уқдаи худкамбинӣ ва уқдаи гиреҳхӯрдаи нотавонӣ дар зеҳнияти раҳбаронамон, ки алами худро аз зердастон мегиранд! Аммо таскин намеёбанд!
Ва ин «шикасти пешво» ва таҳқир шуданаш аз боло то ба сатҳи муаллимону талабагон таъсир расонда, қаввитар бар заифтар таъаррузи психологӣ ва зӯроварии ҷисмӣ раво медоранд ! Хушунати оилавӣ – муъзали асили ҷомеаи кунуниямон ҳам дар ҳамин беморӣ ва падидаи номатлубе, ки аз равони пареши Пешвои таҳқиршуда сар мезананд, реша дорад.
Ва мо бояд аз давраи кӯдакӣ то дами марг ба ҳаммилатонамон улгӯ шуда, ба ҷои дарси «сархамӣ» ё «э чо мекнӣ сарта дар бало мемонӣ», додан, дарси рӯёрӯӣ ва гуфтани «на»-ро биомӯзонем!
Ҳар зӯргӯеро бо 3 услуб, ки паёмбарамон омухта будамон, дар ҷояш шинонем:
Бо даст
Бо сухан
Бо бадбинию нафрати ботинӣ. (На мунофиқона кӯрниш наздаш)
Вале дар ҷомеаи ҳолоии мо дигар бо дил бад дидан бас аст. Коршоям нест. Бо дасту забон бояд амал кард. Эмомалиро дузд гуфту дуздиҳояшро бозпас хосту гирифт. Ҳар як мақомдори золимро ифшо карду бо даст аз мансаб дафъ кард.
«Изои муъмин ҳаром аст» шомили ҳоли ин мунофиқин нест! Муъминро азият ҳаром аст, на дузду мардумозорро, балки бояд ба насиҳати Саъдӣ гӯш дод:
Зи мурғи бад пару бол канда беҳ!
Тамоми асрорашро боло бароварду радди маъракаашон кард. Инҳо аз таҳқири пешво хафа намешаванд, чун одат кардаанд. Инҳо аз «шармандагӣ» метарсанд. Чунки шахсиятҳои заиф барои худ «шахсиятсозӣ» мекунанду вақте дигарон он «паланги қоғази»-ро бармало кард, худ ба худ об мешаванду ба хоку туроб мубаддал мешаванд.
Тилисми зӯргӯияшон шикаста, ҷодуи «қудраташон» фано мешавад!
Ба миллат ин нерӯяшро бояд кашф карду омӯзонд!
Инсонҳои оддӣ мисли роботанд ҳарчӣ барномарезӣ шаванд ба он ба тарзи автоматикӣ амал мекунанд.
Мо бояд дар мағзи ҷавонони ин миллату мардум «барнома»-и мубориза бар ситамгоронро ниҳодина ва ё «установка» кунем.
Онҳо худ ба тарзи худкор амалҳое анҷом медиҳанд, ки куни ҳокимони тарсуи таҳқиршударо медаронанду аз пусташон ба ҷои парчами баландтарин «доира» месозанд!
Инсонҳо аз ҷиҳати фикрӣ он амалеро думболагирӣ мекунанд, ки оид ба онҳо бештарини вақт фикр мекунанд ва дар натиҷаи ин фикр он рафтореро анҷом медиҳанд, ки ба андешидан рӯи он тамаркузу одат карда бошанд.
Эмомалӣ ин мақулаи психологиро коркард кардаву амалӣ кард- ҷавононро барномаи «рақсу суруд» «установка» карду ҳамагӣ ҷавонони мо имрӯз ба тарзи мудовиму худкор, дар бадтарин ҳолот ҳам кун меҷунбонанд.
Ин далели муҳкамест ба он чи гуфтам. Ҳазинае даркор нест.
Танҳо тибқи омӯзаҳои аҳди Шуравӣ «такрори чизе/падидае/сухане/назарияе, агарчӣ хато ҳам бошад, дар ниҳоят пазируфта мешавад», амалӣ бояд шавад.
Яъне, бештар дар мағзи ҷавонон пешвои дузд, таҳқиршуда, ҳаромӣ, қотил, манфур, номардумӣ, ки воқеан, асолатан, чунин астро ҷой доду онро 24 соат такрор ба такрор дар замири нохудогоҳи ситамдидагон ниҳодина кард.
Он гоҳ, миллат худ ба зидди «пешвои ғамхору меҳрубон» на, балки бар зидди диктатори палиду дузду ҳаромию ғоратгару зиногару фосиду нотавону қотилу фосиду мардумозор қиём хоҳанд кард!!
Тросҳои муҳками тилисми дурӯғи «пешвои муаззам» дар мағзҳо тор-тор канда шуда, ба ҷояш як ифрити падарсаги модарғари малъуни русиёҳ ҷилванамоӣ мекунад!
Паёмбар пеш аз инки бутҳои моддиву физикиро шиканад, ҷойгоҳи бутҳоро тӯли 20 соли мадид дар мағзҳои бутпарастон шикаста буд.
Эмомалӣ буте гашта дар мағзҳо, ки дарҳамкӯбиданаш «убол» мешуда аст.
Падаре гашта, ки барканорияш ҷоиз нест
Пешвои муъаззаме гашта, ки истеъфояш умуман ҷоиз нест!
Ана ҳамин Раҳмонбутро бояд дар афкору азҳони ҷавонон шикаст, то ин Бутхона фурӯ резад!
إِنْ هِيَ إِلَّا أَسْمَاءٌ سَمَّيْتُمُوهَا أَنتُمْ وَآبَاؤُكُم مَّا أَنزَلَ اللَّهُ بِهَا مِن سُلْطَانٍ ۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَمَا تَهْوَى الْأَنفُسُ ۖ وَلَقَدْ جَاءَهُم مِّن رَّبِّهِمُ الْهُدَىٰ
[الجزء: ٢٧ | النجم ٥٣ | الآية: ٢٣]
«Ин бутҳо чизе нестанд ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон аз рӯи ҳавову ҳаваси ботилатон ба онҳо додаед. Ва Аллоҳ таъоло ҳеҷ далеле барои тасдиқи даъвои шумо нафиристодааст.
Танҳо он мушрикон аз паи гумону нафси хеш мераванд ва ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ бар забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳнамоияшон кардаанд, пас ба онҳо фоидае накард.» (Сураи Наҷм, ояти 23)
Эмомбутак ҳам имрӯз ба ҷои «худо» алъаёзу биллоҳтакя зада аст, аз ин ҷойгоҳи дурӯғин бояд дафъаш кард – дар мағзҳо! Сураи Наҷм, ояи 23.
Эмомалӣ даъвои «ҳаматавонӣ» дорад, вале дар асл «никто», аст ҳамон гуна, ки мушрикин бутҳоро «статуси худоӣ» медоданд, вале «исм» буданду «мусаммо» на, яъне воқеият ва сифоти худовандӣ дар онон вуҷуд надошт. Чун сангу чӯби воқеие беш набудаанд, ки дар хусусашон афсонаву газоф бофтаанд. Ҳамон гуна ки имрӯз харбонеро Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат Ҷаноби олӣ, қаҳрамони Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтаанд!
Инро мегӯянд: даъво ва иддаъои хушку холӣ, ки аслан ҳақиқат надорад.
Эмомалӣ ҳам як шахсияти тухолии пӯшолии пӯки беасолату бешахсиятест, ки аз ӯ исман «худои ҳамадону ҳаматавон» сохтаанд!
Мо бояд аз ҳолати илюзия ва инзиво ба воқеият ва аз давраи тӯлонии «гипнози 32»-сола ба худ оем!
Ба худ ки омада бошед дигар натарсед. Дигар ки натарсидед, омодаи ҳаракат бошед. Омода ки шудед, таппак дуд мекунад! Кӯрдуд ва ана он вақт ҷони ҳамаамон халос мешаваду озод мегардем.
Биё, хонандаи азиз як ду нуктаи торихӣ барот ёдоварӣ кунам.
Ин барои таҳқири касе нест, балки барои он аст,то бидонем ки дар «бут» шудани Раҳмонов ҳатто мухолифинаш ҳам нақш доранд.
Ҳамаи сарварони аҳзоби сиёсӣ, лоақал, боре аз Эмомалӣ «шахси ботаҷриба, сиёсатдида» ва ғайра дар мусоҳибаҳошон гуфтаанд, ки ин дар зершуури мардум беасар намонда.
Диққат: ҳеч сухане дар олам нест, ки нафареро мутақоъид насохта бошад. Ҳеч сухане дар коинот ба боди ҳаво нахоҳад рафт: « гӯше пайдо мешавад, ки онро хоҳад шунид; онро радд ё қабул хоҳад кард!»
Аз ин рӯ, нозири ҳар сухани хеш бошед!
Ҷаъфарзода гуфта: «Эмомалиро миллат дӯст медораду интихоб карда аст ҳақ дорад президенти абадӣ бошад». (Манипулятсияи калидвожаи «маҳбубият»)
Ғаффорзода гуфта: «Эмомалӣ шахси бузург асту ман ҳам бузарг. Танҳо бузургии ман дар он зоҳир мешавад, ки дар баробари шахси бузург худро номзад мондаам». (Манипулятсияи калидвожаи «азамати пешво»).
Муҳиддин Кабирӣ гуфта: «Эмомалӣ аз ман бештар дар сиёсати амалию давлатдорӣ таҷриба дорад». (Манипулятсияи калидвожаи «таҷрубадорӣ»).
Додоҷон гуфта: «Эмомалӣ аз Наҳзат беҳтар асту Қаҳрамону Сарфармондеҳи ман аст». (Манипулятсияи калидвожаҳои «бартарият», «қаҳрамоният» ва «сипоҳият»).
Оре, мо ва «бузургон»-амон ҳамин бутакро тарошидему бузургу бузургтар кардему имрӯз асираш гаштаем!
Нест тоҷике, ки боре ин бутакро «худо» нахонда бошад, то инки фаросаташ расида бошад, ки ин як бути кункандае беш нест, ки аз саргини говҳои оғули Данғара, 32 сол қабл тарошидаандаш!
Ва ҳар як мухолифи аз таъсири мақулаҳои сиёсӣ рӯи равони ҷавонон бехабарро суханрониҳояшро таҳлил кунӣ, ин гуна «шоҳгутфору шоҳкориҳо»-ро фаровон хоҳед пайдо кард.
Фусусу дареғо, ки «худкарадро даво нест»!
Мо муборизаро «отала» фаҳмидаем, ҷое шитталааш кардаему ҷое сахташ, дар ҳоле ки ин «рақси гиждала» аст, на мубориза. Муборизаро аз паёмбарони улулазм, аз револютсионерони воқеӣ, аз сарварони мардумие чун Алия Изатбековичи Боснӣ ва Имон де Валераи Ирландӣ омӯхт, ки худро як лаҳза ҳам дар баробари душмани басо ваҳшию хуношомашон, дар ҳалокатбортарин ҳолот «бо суханбозӣ ширин» накардаанд!
Як рӯй, як рой, як роҳ ва як сухан доштаанд: суқути истибдоду золим!
Ин аст таъсири «суханҳои ширин»-е, ки барои «маслиҳати рӯзгор» замоне мезанем!, – мухолифинамон дарбадару овораанд аз натиҷааи он суханонамон.
Дар ҳоле ки аз ростӣ Алия президенти Боснияву Гертсеговина ва Имон де Валера президенти Ирландия шуда, ин ду кишвар ба истиқлоли воқеӣ расиданд! Мо бошем аз кажгуфторӣ ба кажию костӣ суқут кардаему боз ҳам аз ростӣ кам мегӯем.
Равед, зиндагии инҳоро омӯзед. Зиндагии Мусои Имрону Яъқуббеки бадавлатро хонеду пайравӣ кунед, чо мекунед байни худ ғавғо кардаву рӯи нармкурсиҳо «ҳизби канаба» ё «ҳизби креслонишинон» дуруст кардаву нишастаед!? Ё ҳизбу созмонҳое танҳо як вохурӣ бо як муовини вазиру сафири кишварею дипломати як кишвари ғарбӣ ё депутати фалон ҳизби маъруфи аврупоӣ.
Ҳамин Имон де Валера дар баробари яке аз закитаринҳои торих – Винстон Леонард Черчилл, сарвазири минбаъдаи муқтадири вақти Инглистон ва яке аз ғолибони минбаъдаи Ҷ2Ҷ истод шуда буду ғолиб шуд!
Дар баробари давлате ғолиб шуд, ки боризтарин сиёсатмадори он Черчилл вақте рӯи қабре катибаи: «бузургтарин сиёсатмадор ва инсони наҷиб»-ро хонд, пурсид: дар ин қабр ду кас хобидаанд?
Яъне, дар олами сиёсат на ҳамеша «кӯлчаву ҳавло» тайёр аст, балки палидиҳо ҳам палидон дар он меофаранду туро хоҳанд олуд!
Соли 1922 Ирландия ба озодӣ даст ёфт, вале аз онҷо ки Шотландия мисли Имон де Валера надошт, то ҳол дар ҳайати Британия боқист.
Бароям дигар аҳамият надорад ки кадом шахсиятҳо чӣ иддаоҳои забонии барроқе доранд, асосаш ин аст, ки дар амалкарди рӯзмарраашон чӣ натиҷаву талошҳоро мебинем!
Асос амал аст на гуфтор!
Танҳо як Шодӣ Шабдолов ошкоро, нотарсида хитоб ба харзода карда буд: «Бо як бол парвоз крдан хоҳед, паридан гиред. Мебинем то куҷо мепаред, роҳи сафед ба шумо»!
Ва Муҳаммадбоқир ҳатто қабл аз маргаш ҳам қабул накард «сиёсатбозию калимабозӣ»-рову гуфт: «Не, ин тавр дигар намешавад»!
Оре, то вақте ҳақиқатро напазирӣ сухани ҳаққро гуфтан наметавонӣ. Ва он ҳақиқат имрӯз ин аст, ки ин диктатор дигар набояд, зери ҳеч вазъияте, агарчӣ аз сарамон тилло ҳам бипошад, боқӣ монад! Бояд дафъ шавад!
Компромисс надорад ин ҳолат. Аммо надорад. Роҳи севвум наборад: «ё ӯ ё мо!»
«Дигар ин хел намешавад»-ро қавме маънояшро мефаҳмад, ки мустақиман золимро золим донаду як қадам даст ба сӯяш дароз накунад – на барои таслим, на барои хушомад, на барои гуфтугӯ. Маргро пазируфтан, баъзан, беҳтар аз хории абадист.
Ва роҳравони роҳи ҳақиқат задний ход надоранд – ё Зоғ ё Разоғ надоранд; «ё озодӣ, ё озодӣ, ё озодист» шиорашон!
Муранд ҳам ба озодӣ, ғалаба ҳам кунанд, ба озодӣ расидаанд! Мемиранду таслим намешаванд!
Сукути дигарон, таслими дигарон, курниши дигарон барошон намунаи ибрат намешавад.
«Не, дигар ин хел намешаванд», гуфта, ҳатто ба сӯи марги хеш гом мебардоранд! Оҳ, Муҳаммадбоқир, Муҳаммадбоқир!! Кош, як зарраи шуҷоату фаросататаро роҳбарои аҳзобу гурӯҳҳои сиёсии мухолифамон Медоштанд!
Мутаассифона, аксарияти мо гирифтори бемории «фалаҷи таҳлилӣ» гаштаем (Analysis Paralysis), ки он қадар мешинему сари мушкилот фикр мекунем, ки ҷое барои амал карданамон боқӣ намемонаду дар ин «шикаст»-и кунуниямон, аз як лав, ҳама, ба ҷуз худамонро гунаҳкор меҳисобему лаъну шатму баду бадроҳа гуфтан мегирем.
Ду навъи муборизон ҳастанд-
А. Касоне, ки аз дохил қувват мегиранд;
Б. Касоне, ки лаҳзаиянду аз берун таъсир мепазиранд;
Барои қисмати якум чунин падидаҳои ботинӣ хосанд:
А. Катализаторҳои дохилӣ
Б. Хоҳиш
В. Ҳавсалаи кор кардан
Г. Нашъатпазирӣ аз амалкарди худ (аз он чи ки мекунанд, на тарсу ҳарос , балки фахр доранд)
Ҳамаи инҳо аз «огоҳии мағзӣ» ё агар таппакгуна гӯем (аз зиракии сиёсӣ) сарчашма мегиранд. Ва онкӣ ғофил аст, мубориз намешавад. Шояд чоплуси хуб шавад. Абдуллоҳи Роҳнамову Атои Мирхоҷа мешавад, вале Муҳаммадбоқиру Далери Эмомалӣ ва Фаромуз Иргашеву Иззат Амон намешавад!
Яъне, ин гурӯҳ огоҳона дар ин ҷода ба самти ҳадафи аниқ гомҳои устувор мебардорад. Аз чизеву таҳдидеву паёмадеву ҳатто марге намеҳаросад!
Фосилаи байни тарсуиву нотарсӣ дар интихоби роҳ аст, на дар психикаи инсонҳо.
Роҳе надошта бошӣ дар ҳаёт куҷо ҳам меравӣ?!
Дар қисмати дуюм ҳамонҳое ворид мешаванд, ки як сару каллаашон дар олами сиёсат падид омадаву он қадар нопадид мешванд, ки танҳо вақти мурдан, ҳангоми «ташйиъи ҷанозаи муъмин» аз худ «хабар» медиҳанд.
Ин гурӯҳро метавон ба човандозони тасодуфие монанд кард, ки дар гармии «қӯрра» як ба ваҷд омада асп метозанду пас аз хурдани як-ду дарраи обдор, тарки аспу асптозӣ мекунанду ҳам худу ҳам човандозиро шарманда месозанд.
Пасон човандозонро «чапандоз» ҳам меномаду мегардад.
Ин гурӯҳ зери таъсири «катализаторҳои берунӣ», ки дар мағзи пӯкашон, муваққатан моддаи дофамин падид овардаву «маст»-ашон мекунаду ҳаминки таъсири катализаторҳои беруна (авомили таъсиргузори ғайрихудӣ) дар эшон хомӯш гашт, он қадар дар тарсу ҳарос меафтанд, ки аз кори кардаашон пушаймон мешаванд.
Ин ҳолати рӯҳию равонии як инсони нохудогоҳи беҳадаф ё дорандаи ҳадафи зудгузар аст….
Баъд мешинанду ину ону ону инро айбдор карда, худро назди касоне, ки аз онон сари тарс доранд, ширин кардан мегиранд.
Инҳо барои мубориза зода нашудаанд. Зарфиятҳои як муборизи модарзодро надоранд.
Баъзан ки фишор рӯи аъсобашон зӯр овард, даст ба тамошои филмҳои порно, ё даст ба шаробу нашъа ва ё ғарқа дар тамошои занҷирафилмҳои туркию русӣ зада, худро аз олами веқеӣ канор кашидаву дар олами виртуалӣ – хаёлӣ ё дар фейсбук ғарқ мекунанд.
Ҳолати аскарҳои тарсончак ҳам дар ҷангҳои бенизом ҳамин гуна аст; ё мекушанд, ё таъзибу таҷовуз мекунанд, ё маводи мухаддиру шароб мезананд. Ин ҳама амалкардҳо танҳо барои таскини ваҳшату тарсу дарду ғамест, ки рӯи аъсоби заифашон фишор меоварад. Инҳо мардони набард набудаанд, инҳоро иҷборан вориди ин корзор кардаанд….
Боз такрор мекунам, зарфиятҳо барои бардошти азияту душвориҳои ин роҳи тулонӣ ононро сахт хаста мекунаду бекорию беҳадафию адами машғулият сари мақсадҳои кӯтаҳзамону дарозмуддат, нерӯву оромишашонро барҳадар медиҳад
Қаблан гуфта будам, ки дар вуҷули ҳарякамон нисбати муайяне аз тарс вуҷуд дорад, ки барои бақои вуҷуди физиологиямон дар мавридҳои таҳдиди хатар, хидмат мекунад. Вале ин тарс дар ақлонияти тоҷикон, имрӯз, 99-9% и мағзашонро фаро гирифтаву мисли таракану тортанаку жукҳое, ки ҳуҷраи беодамеро моломол мекунанд, ақлҳои ғафлатзадаро фаро гирифтаву фишор меоваранд.
Дар мағзи ҳаряки мо ду «термометр» амал мекунад:
А. Тарс
Б. Огаҳӣ
Кадоме аз ин падидаҳо бар дигаре ғолиб ояд, инсонҳоро ё ба самти огаҳӣ, ё ба ғафлату тарсуӣ роҳнамоӣ мекунад, ки мутаасссифона имрӯзҳо термометри тоҷикон ишора ба сатҳи болои падидаи тарси бемавқеъ дорад!
Акнун, аз як миллати тарсончаки ноогаҳ чиро интизор шавем?!
Онҳоро бояд аввал аз лонаи тарс ба долони огаҳӣ расонд, онгаҳ худашон боварам кунед пайи амал хоҳанд шуд.
Тарс танбалӣ ва танбалӣ «роҳатиҷонталабӣ» меофараду танпарварон ё дар ғафлат монда, ё худро ба ғафлат мезананд!
Ин гунаҳоро чиву мубориза чӣ?
Як тика нон – роҳати ҷон!
Даҳони пӯшида – сад тилло
Шикам сер бошад – гӯши дониш кар бошад
Арбоб- занад ба сад боб!
Ва амсоли ҳамин ҳамоқатгуфторҳое, ки тӯли асрҳо аҷдодашон офаридаву ба завқи ғулом ибни ғуломон чарбила аст!
Ҳам намедонанд ҳақиқату роҳи озодӣ куҷосту ҳам намехоҳанд бидонанд. Ва ҳам касонеро, ки ба онон роҳнамоӣ кардан хоҳанд, «насиҳат» мекунанд, ки аз роҳат баргард! Биё, ба кошонаи ғуломӣ! Озод нашав, ғулом ибни ғулом!
Дигар чӣ мемонад барошон ҷуз шаҳвату сарват?
Қуръон ин гунаҳоро «қирадата вал ханозира» бӯзинаву хукон номида, ки бӯзина намоди шаҳвати шикам асту хук намоди шаҳвати фарҷ.
Ғулом, ки заҷри бардагӣ мекашад, худро танҳо дар оғуши зану сарват мепартояд, то лаҳзае ба оромиш расад. На зану на сарват барояш ҳадафи олӣ нестанд, балки василаи оромиши козибанду бас!
Лоиқ ин байтро ҳамчун равоншинос гуфта, на чун шоири ҳарзагуфтор:
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурӯ,
Дигаре гуфт: биё, маҳваши симинзақанам.
Яъне, зан (шаҳват) ва сарват манбаъҳои фаъъоле аз ишбоъи дофамин барои мағз маҳсуб меёбанд. Ин ду гурезгоҳест барои панаҳбурдан аз ҳақиқати ҳол ба он барои муваққатзамоне, ки рӯзе ҳардуро азат гирифтанд, аз норасоии дофамин дир-дир ларзида, аз тарсу ҳасрат қолаб тиҳӣ хоҳӣ кард.
Ҳоло мардони тоҷик муборизаи асосӣ ва ҷиҳоди акбарашон шуда: зану зарпарастӣ!
Ҳарчи бештар зан мегиранд то ҳарчи бештар оид ба «фарҷ» фикр кунанд, на оид ба «фараҷ» аз асорат. Аз асорати диктатор ба асорати занҳо паноҳ мебаранд. Биъсаттолибу вал матлуб!
Ба гуфти Ҳаҷҷоҷи Сақафӣ: «Аз ноф поёни занон саҷдагоҳашон гаштаву хору залил гаштаанд».
Ва чун дигаронашон рӯзе, ё рӯи фарҷ, ё рӯи дирҳаму динори анбоштаашон кушта хоҳанд шуд!
Зану сарват дар дарозои торих аз даст ба даст мегардад , ғами меросатонро нахӯред, зару занпарастон – соҳибонашон пайдо мешаванд. Мисли зани 18-солаи Мирзо Ҷага ҳатман зани дигаре хоҳанд шуд! Мисли щамсарони садҳои дигар,ки ҳамаатон хуб мешиноседашону зани дигаре шудаанду аслан дар фикри он бузургмардони баруманд нестанд!
Алӣ ибни Абутолиб (р) гӯристон мерафту мегуфт: «Эй хуфтагон, аз шумо чӣ хабар?»
Ман баротон хабари ин дунёро овардаам: «ҳамсаронатон шавҳар карданд, меросатонро меросбарон бурданд, дороиҳоятон тарака шуд, аз ёдҳо рафтаед. Дар ин дунё бо шумо чунин кардаанд, бигӯед дар онҷо Худованд бо шумо чӣ муомила кард?!»
Хабари он дунё назди шумост. Ин дунёро хабарашро гуфтаматон»!
Мағзи сари инсонҳо ба миқдори зиёди дофамин ниёз дорад, ки мардони мубориз онро аз ҳаяҷони ҳар як ғалабаҳои навбатияшон дар баробари золимону ситамгорон ба худ таъмин мекунанд, зансифатони тарсу бошанд, ягона роҳи таъмини ин моддаи мағзиро аз «шаҳват ва шумориши пул» дастрас мекунанд!
Инсонҳои серташвишу ҷиддӣ кам ниёзманди ахзи дофамин аз занҳо мегарданд, чунки миқдори аз меъёр барзиёди онро аз мубориза бо золимону ситамкорон ба даст меоранд!
Аз ин рӯст, ки аксарияти ғуломгаштагони расиярави гастарбайтери таҳқиршудаи низоми Путину Раҳмон дар ҶТ ва ФР ё бешумор зан мегиранд, то мағзи таҳқиршудаи дофаминхоҳи худро аз таги нофи занон ба худ таъмин намоянд, ё бештар ба зино машғул мешаванд. Ва ҳатто занҳои таҳқиршудаи тоҷик ҳам имрӯзҳо бешумор шӯй мекунанд. Бисёрзанӣ (полигамия) муд буд, ҳоло бисёршавҳарӣ (полиандрия) ва издивоҷи сафед (арусбозию кавалербозӣ) ривоҷ дорад.
Ҳамаи ин зуҳурот реша дар камбуди «озодӣ» ва адами ахзи дофамин аз ҷомеаи озод, дорад!
Марду зани озод ҳатто аз алоқаа бо ҳам ҳаловат намебаранд!
Ва дар Қуръон роҳи дигари таъмини ин моддаро тазмин дода аст, ки он ҳам дар натиҷаи мубориза ба каф меояд.
Мехоҳед аъсобатон роҳат кунад ? – мубориза баред!
Мехоҳед дилҳотон оромиш ёбад ? – мубориза баред!
Мехоҳед аз бемориҳои равонию дилтангӣ раҳо шавед ? – мубориза баред!
Мехоҳед «кайф» кунед ? – мубориза баред!
Ҳамон гуна ки шабу рӯз дар фикри лаззатҳо ҳастед, аз он бештар, бо ҳар василаи мумкин бар зидди диктатор ва режимаш, ки рӯи аъсобатон шабу рӯз, ба василаи қонун, ситам, дастбурди амвол, таҳқири ҳайсиятатон, пой гузошта фишор меоварад, мубориза баред!
Дар майдони мубориза оромиш меёбед, вагарна ҳазор агар зану шӯй бигиреду дуо кунеду сокит нишинед, ҳоли равонию вазъияти оилавиятон баду бадтар мешаваду нек не!
Роҳи наҷот – Мубориза!
Ин таълимоти қуронист, на сухани ман! Ояи 57-и Сураи Юнус ҳаминро тасдиқ мекунад!
يا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَتْكُم مَّوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَشِفَاءٌ لِّمَا فِي الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ
Эй мардум, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омад, ки шуморо аз азоби Аллоҳ бим медиҳад ва он Қуръон аст, ки дорои ахлоқ ва аъмоли шоистаи шумо аст ва дар он шифоест барои он беморие, ки дар дил доред (аз нодонӣ, шакку шубҳа ва ширк) ва роҳнамоиву раҳматест барои мӯъминон.) Сураи Юнус , ояти 57)
Илми равоншиносӣ инро тасдиқ мекунад!
Ва баъзеҳо ки ситамгоронро «хоида» наметавонанд, барои таскини мағзҳои худ «инсонҳои мубориз ва муваффақ»-ро мегазанду мехоянд . Гӯё доранд ба навъе «мубориза» мебаранд, вале муборизаи мунофиқона аъсобро боз ҳам алағдатар мекунад, чунки ин гуна «мубориза» ба ҳасад, бухл, кина ва нафрату қассосхоҳии беасос мунҷар мегардад, ки дар ниҳояти роҳ соҳибашро хоҳад кушт! Аз он наметавон «роҳат» кард.
Акнун, сабаби ин ҳама тозиши шикастхӯрадаҳои таҳқиршудаи имрӯз инрову фардо онро газанда маълум гашт – дардашон норасоии дофамин барои мағзҳои мақҳурашон асту бас.
Поёни қисмати аввал. Идома дорад…