Аз раҳми модари ғармӣ то зулми фарзанди данғарагӣ

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №5

Нома аз Рашт (деҳаи Тагоба)пас аз тамошои «Минбари муҳоҷир» №365

Ин нома аз Ноҳияи Рашт (ҷ/Тагоба) ба дасти мо расида, ин нома пас аз тамошои барномаи «Минбари муҳоҷир» №365 навишта шудааст. Нависанда худро корманди мақомоти қудратӣ муаррифӣ мекунад ва бо исрор мехоҳад овози мардум ба гӯши «кар»-и мақомот расад. Дар матн аз фишорҳои пайвастаи раисони ҷамоату маҳалла, ҳамдастии «амният» бо гумоштаҳои маҳаллӣ, «аблава» ва пулталабӣ, латукӯби ҷавонон, тарсондан бо талоқ ва «қасам», рӯйхатбандиҳои сиёҳ, бозии нангини мансабдорон бо номус ва обрӯи мардум, ҳамчунин аз бесалоҳиятии мақомоти тафтишотӣ ва нобаробарии оддитарин ҳуқуқҳо нома нигошта шудааст. Муаллиф далелҳои мушаххаси ҷолиберо меорад, аммо-ба хотири амнияти худ ва дигарон- хостааст номи баъзе ҷойҳо ва афрод пӯшида монад. Ин як додномаи ошкор аст бар зидди зулмҳо ва риёкориҳо; хоҳиши хело самимӣ: «садои маро алоҳида нашр кунед, то ҳақиқат аз байн наравад».

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту, бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Шумо рӯзро шаб ва шабро рӯз карда, дарди дили мардуми мазлуми Тоҷикистонро ба гӯши кари ин мақомоти хунхори Раҳмон мерасонед. Офарин бар шумо! Худованд раҳмату мағфиратро насиб гардонад падари шуморо ва ҷойгоҳашро яке аз боғҳои ҷаннатул-фирдавс кунад.

Мехоҳам, кам ҳам бошад, шунидаҳои худро ба шумо бигӯям, то ба воситаи шумо ба гӯши кари мақомот бирасад. Ман худам корманди ҳамин «макомот» ҳастам. Моҷарое, ки мегӯям, моҳи сентябр рух дод: бародаре бо се рафиқи дигараш-ки ҳама аз минтақаи «03» буданд-маро даъват кард ба маракае дар ноҳияи Рашт, ҷамоати Тагоба (қишлоқашро иҷозат диҳед махфӣ бимонад). Рафтем; меҳмонҳо омаданд, маросим гузашт, ҳама пароканда шуданд. Мо бо худаш мондем.

Онҳо пурсиданд: «Ин бародар кист?» Гуфт: «Худист, безарар, аз худамон.» Маро бо ҳамсинфон ва дӯстонаш шинос кард. Сухбат гарм шуд. Яке гуфт: «Вазъ он қадар вазнин шудааст, ки дигар диламон намешавад ҳатто бо бародар гап занем» Ман пурсидем: «Барои чӣ?» Гуфт: «Ин ҷо гап бояд ҳаминҷо монад- ба Худо таваккал, ман ҳайронам: чаро мардуми дараи мо ин қадар тарсу ва буздил шуданд? Агар ҳар кадоми мо ин сухбатро берун барад ва ба мақомот расонад, бигзор баранд манро суд кунанд- фардо дар назди Худо аз онҳо шикоят мекунам»

Гуфтам: «Хотирҷамъ бошед. Агар аз ман ҳарос доред, мехезам ба утоқи дигар меравам-шумо худакӣ, якҷо калон шудаед, гапи худатонро занед» Гуфтанд: «Не, бародар, ту намозхонӣ-бовар дорем, ин сухан ҳамин ҷо мемонад.» Сипас, яке аз пирони нишаста аз рӯзгори ҷанги шаҳрвандӣ нақл кард: «Светҳои дараи моро як-як мекуштанд; шабона ба оғил медаромаданд, гову гӯсфандҳои мардумро медуздиданд. Баъзеҳо ҳатто ду мотосикли «Урал» меоварданд: гӯсфандро мисли одам мешинонданд, каска ба сараш монда, мебурданд. Мардуми деҳот ҳамдигарро гумроҳ карда, «фалонӣ буд» мегуфтанд -хабар ба гӯши ҳамон дуздон расид. Онҳо одамони кордида буданд: як шлагбаум бо тираки рост сохтанд. Як шаб, вақте аз қишлоқи Порвог гӯсфанде, ки қади гов буд, мебурданд ё дурустараш медуздиданд, дар бозгашт дар шлагбауми аввалин мотосиклро қапиданд; дуюмаш фирор карду рафт, ронандаи  мотосикли «Урал»ро заданд ва дар қишлоқи деҳаи Хилмонӣ дар чинор бастанд. Субҳ, сардори вақт-Шералӣ Хайруллоев (ки баъдтар вазири мудофиъа шуд)-омад. Дар ҳузури мардум гуфтем: аз дасти гурӯҳи дузду ғоратгар халос шудем.Ҳама ин корро аҳсану офарин гуфтем. Кор хомӯш шуд-зеро ҳама фикри ҳимояти якдигарро дар маҳал доштанд.»

Пас аз ин қисса, гуфтанд: «Мо «Ислоҳ»-ро, барномаҳояшро бо барандагии Муҳаммадиқболи Садриддин тамошо мекунем.» Яке аз чаҳор-панҷ ҷавоне, ки нишаста буданд, мехост барояд, гуфт: «Мо ягон чиз нашунидем.» Бародареро, ки дар паҳлӯям нишаста буд, нигоҳ доштам: «Бишин, бо ту гап дорам.»

Соҳибмаҷлис идома дод: «Дар барнома, мардум аз раисони маҳалла ва раисони ҷамоат шикоят мекунанд. Ба ҳамин одам (яъне ба шумо) бигӯед: ин раисҳо хафа нашаванд. Онҳо хуб медонанд, вақти ин ҷо зиндагонӣ мекунанд; медонанд, ҳукумат, ки иваз шуд, мепартоянду мераванд-мисли кӯчманчиҳо. Шумо мардуме, ки аз чунин раисон менолед, биёед аҳволи деҳаи Тагобаро бинед: мардум аз дасти ҳамин раисон ва бузҳои қишлоқ нафаси озод кашида наметавонанд чаро чизе наменависед?.»

Баъд гуфтанд: «Ҳамин одаме, ки дар бораи Қаноатшо Лоиқов навишта буд ба Ислоҳ, чаро ҳозир чизе дар мавриди ин раисҳои феълӣ чизе намегӯяд? Шахсе дар мавриди Қаноатшо Лоиқов ҳақиқату рост навиштаам гуфта буд. Мо ончиро дидем ҳамонро мегуем Қаноатшо Лоиқзода Паҳлавон буд. Мошинашро манъ мекард, аҳвол мепурсид, камбизоатҳоро дастгирӣ мекард-аз хӯроку пӯшок то роҳкиро. То даме ки раиси ҷамоат буд ва то расидан ба раиси ноҳия, на як участковӣ ва на як «КГБ-и дилёб» ё ҷуръат намекард бидуни иҷозати Лоиқшо биёяд ва мардуми дараро «тафтиш» кунад. Дар ҳама мусибатҳои деҳот шарик буд; рӯзи тӯю мотам, вақте светро гирён мекард, хизмати ҳалол мекард. Мардуми деҳот бояд инро донанд. Олим ҳам аз ҳамин деҳот буд. Дар вақти директорӣ дар совхоз чӣ кор кард? Тамоми фермаҳои говро, сенажу, ангарҳо, швеллеру турбаҳои дар ҳар як қишлоқ бударо ба фоидаи шахсӣ фурӯхт-он замон хона дар Душанбе 800 доллар буд, вале дар деҳаҳои мо 4500 доллар мефурӯхтанд. Агар баҳогузорӣ кунем: аз Сайдало Хайрулло, «Ҳоким Давлат», Набиев Олимҷон…, Қаноатшо хизмати калон кардааст; «Ҳоким Давлат» на зарар дод, на фоида-чун дар вазифа наистод, чаро инҳоро намегуянд?»

Ҳол рӯ ба ин аст, ки вақте дар деҳа кае «форадшон» свет аст, кае форадашон светро мекушанд; вале дар Навобод 24 соат свет ҳаст. Пештар мегӯфтанд «барои девонахона», ҳоло бошад «бо гвардия куш шудааст». Аз дасти сарбозу афсарони ҳамин гвардия дар Навобод духтари ҳалол намондааст. Раиси ҷамоати мо, ки пеш мисли саймакорон ба бизнеси гов машғул буд, ҳоло мардумро тарсонда мегардад: «Ман тағаи начайлики тувалетҳои Ҷаноб ҳастам: ҳар куҷое Ҷаноб равад, бе иҷозати тағаи ман ба  тувалети дигаре ҷуз онеки муайянаш мекунад намебаранд.» Дар давраҳои худ ва «круг», фахр ҳам мекардаст: «Тувалетҳо «вибр» доранд-аз Ҷопон оварда мешаванд, кондитсионер доранд!» Худи Ҷаноб  ҷойҳои сарди cалқинро бе ниҳоят дӯст медорад, мисли гов паат мехурад корш туалети бо роҳат рафтан аст. Агар тувалет, масалан, тарафи Шаҳритуз бошаду дар Н.Рашт монанд дар ҳол мефаҳмад , шиками ҷаноб аз як мошин зиёдтар ахлот мебарад, ҳама вақт  аз сари тувалет сар мекунад… Барои ҳамин «гапи тағаи ман» дар гӯзар аст. Дигар тағаи ман дар корҳои сохтмонии ин оила нозир аст, ҳамаро «машварат» медиҳад. Хулоса, тамоми мақомоту мардумро ронда, «зин задаву савор» шудагиянд.

Дар дараи мо ҳоло дуздиву сирқат чунон зиёд аст, ки ҷавонони синни 19 то 40–50 ҳама дар Русияанд. Бо боварӣ мегӯем: монанди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ-инҳо дар Навободанд ва бо «макомоти» Навобод ҳамкорӣ доранд. Раисони маҳалла бошад, зодаи ҳамин диёранд- чӣ раиси ҷамоат ва чӣ раиси маҳалла. Акнун муқоиса кунед: дар дигар минтақаҳо, ки худӣ бошанд, чӣ кор мекунанд? Ин раисон, ба нафъи шахсӣ, донишҷӯёне, ки барои алафдаравӣ ва таъминоти гову мол меоянд, ба «ҳашар» даъват мекунанд; ки «не» гуфт, ба «чёрный список» меафтад. Дар сурати дуздӣ-«начайлики уголовник» Розыск (аз Навобод), ҷияни Сайдло Хайруллоев, номаш Бахтиёр аст, онҳоро мебарад, чунон мезанад, ки хара дар пода иқадар намезанад. Мегӯяд: «Ба гардан гир!» Гирифт — тамом, «доля»-и калон мегиранд; нагирифт -«раиси маҳалла» мегӯяд: «Ку, ба сару рӯяшон бимол!» Бахтиёр худаш гуфтааст: солҳои дароз орзуи ҷавонҳои Таговаро доштам, ки биёраму бишканам- чунки онҳо аспҳои падари маро намегузоштанд «буза» партояд; ҷавонҳои дараро бояд шикаст, зеро дар 14 ҷамоати Н.Рашт дар ҳама навъи варзиш фаъоланд. Хулоса: як даст боло мекунам-«раиси маҳалла» имзо мекунад, «участковый» меорад, ман ҳаму коре мехоҳам ва «форадам» ҳамон корро мекунам. Тағаи ман Сайдало Хайруллоев агар ба пенсия ҳам рафта бошад, ҳозир ҳам ҳамин шиками Ҷаноб аз тағаи ман «машварат» мепурсад. Дар ҷойи кор нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ манъ аст вале ман менӯшам; бисёр рӯз маст меоям развод; барои пуштибони ман «начайлики милиса» мебинад аммо ҳичим намегуяд, то «падвадид» нашавам, «гурда» ҳам намекунад аз ман пурсад чаро маст меоӣ. Ҳозир вақт дорам: ман бояд ин дараро ҷавонҳояшро  духашон ё руҳияяшонро сахт бишканам!

Дар вақти «аблава» имсол: «куръапартой» карданд. Аз хоҷагӣ касе гӯё «куръа гирифт», бояд писараш ба хизмат мерафт; ба Амният 10 000 сомонӣ доданд (бо пуштибонии ҳамин раиси ҷамоат) ва халос шуданд-писарашон ҳамин ҷо монд. Вале онҳое, ки нон барои хӯрдан надоштанд ва нав ба Русия рафта буданд, ҳамин раиси ҷамоат «списка»-ашонро ба «КГБ»-куратори дараи Тагова дод. Ба падарошон гуфт: «Агар ҳозир ба писарат занг намезанӣ ва бароят як соат вақт- билетро нишон намети. Баъди латукӯб шуданат, зану фарзанди майдаатро таҷовуз мекунем!» Ин «Амниятӣ» дӯст ё хеши як амнияти дигар аст- ҳамон «Амниятие,ки шуъбаи терроризми»-и ноҳияро раис аст. Мегӯянд: «Маро куштанд, шикастанд.» Гуфтам: «Агар намирам, Ҷанобро мебинаму шикоят мекунам.» Гуфт: «Ман зани Ҷанобро фалон мекунам!» Медонед, мо гармиҳоро барои чӣ бад мебинем? Барои он ки ин Ҷаноб-очаи канчикаш-айнан аз ҳамин Ғарм, аз дараи Тагова аст. Фикр мекунед, танҳо бар сари шумо зулм аст? Бар сари мо нест? Ман худам безорам аз ин ҷаноби хунхор: ӯ моро мефармояд-мо бояд «не» гӯем.

Вақте кор кардан мешавад аз шумо ва мардум ҳозир Русия пул коркуни мераванд вале  Русия мо Ғарм аст. Мо нону намак, меҳмоннавозии гармӣҳоро хӯрда, медонем, ки мардумаш меҳмоннавоз ва бузург аст. Лекин вақте аз боло «команда» мешавад, ки «он ки модараш аз ин ватан аст, қасди ӯро аз шумо хешу табори очаш мегирем»-кай мешавад, ки ин Раҳмонов равад ва дасти мо аз хуни шумо ғармиҳо халос шавад? Аз зулми шумо мо худмон хаста шудагием вале чикор кунем шумо ғармиҳо зулмпарвар ва мардакбарин пула метен.

Гап бисёр аст-бисёраш аз ёдам рафт. Чуноне шумо назарсанҷӣ мегузаронед, дар назарсанҷие ман намудам аз ин мардум қадри  Қаноатшо Лоиқзода баланд будааст. Боқӣ дар амони Худо. Ҳамин тавр нависед, ки ҷои зисти бародарро ошкор накунед- мумкин аст дигарон аз ман гурезанд, зеро мо чанд нафар будем.

Агар ягон расонае бошаду мо тавонем гапамонро ба  «Ҷаноб» расонда бошем ва росту равшан бинависем, мегӯем: мо мефахрем, ки аз як деҳае ҳастем, ки то ҳол бо 10–12 хоҷагӣ зиндагонӣ мекунад, вале аз ҳамин ҷо модаре писаре таваллуд кард, ки президент шуд. Эй ҷаноб, ба хотири арвоҳи модарат пуштибони мо бош, на ин ки мақомотат бо қаҳру ғазаб ба мо-ғармиву таговачиён — биафтад. Илтимос, ба ёди мо бирас. Ин чӣ ҳол аст? Ҳол надорем.

Имрӯз агар касе дар соли 2000 як «шаппотӣ» зада бошад, мебаранд ба ноҳия, дар раёсат «издеваться» мекунанд, 10–15 ҳазор сомонияшро мегиранд; дар кабинет маҳкам мекунанд. Яке мепурсад: «Гапзан куҷост?»-ҷавоб медиҳанд: «Аз ватани гов аст.» — «О-о-о, пас 15 ҳазор ҳастай бгу!»

Охир, ҷаноб, худат мегуӣ «террористу экстремист». Мо ҳайронем. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳи Резвон ин ҷо буд: шабона меомаданд, фарёд мезаданд; модаронамон берун мешуданд, мегуфтанд: «Холачон, як пораи нон!» — модаронамон мегуфтанд: «6–9 фарзанд дорам, надорам!» Онҳо мегуфтанд: «Майлаш, холачон, каме картошка биёр.» Ту имрӯз ҳаминҳоро «террорист» меномӣ ва тамоми тоҷикро террорист нишон медиҳӣ? Онҳо метавонистанд ба оғили ҳар кадоми мо дароянд, гову гӯсфандро бубаранд, хӯранд, аспҳоро савор шаванд. Ҳоло бошад, чизу чора пули раис: 30% ба худ, 70% ба «кормандони давлат». Маслиҳати мо ба ту-чунон ки мақомотат мегӯед-натавонистӣ кор куни, мақомот ҳам аз ту монда шудаанд. Бас кун-ба шодӣ рав, пулҳои ҷамъкардаатро бихӯр ва бихоб; бигзор мусалмоне биёяд ин Тоҷикистонро обод кунад. Агар 100 сол ҳам умр бинӣ, охир мемирӣ-фикр кун, гуноҳҳоят аз қабр берун меоянд.

Раиси ҷамоате, ки як замон гов мехарид, ба Ленский район мебурд, мефурӯхт, рӯзаш мегузашт-ҳоло аз пули «аблава» ва росту дуруғи мардумфурӯшӣ дар деҳааш хонаи дуошёнаи хиштпухта дорад, мошини «иномарка»-и баланд савор аст. Як замон «Опели» соли 1993 дошт; имрӯз «кару фарш» мебинӣ — «президент»-и ноҳия гӯӣ. Бовар накунанд-биёянд аз рӯи инсоф таҳқиқ кунанд. Лекин чӣ? Гуфтани гап осон нест: хона ба хона мегарданд, ба занат қасам медиҳанд, ки «ту гуфтӣ, ту навиштӣ!» -барои ҳамин касе намехоҳад бинависад. Намедонем чӣ кунем, ба кӣ бигӯем. Эй Аллоҳ, ба доди ин мардуми мазлум бирас!

Агар омаданду тафтиш карданд, ҳамин раиси қишлоқро барои «баёноти бардурӯғ» бурданду ҷавонҳоро Бахтиёри хунхор шикаст-мувофиқи қонун ҷавобгар кунанд. Мо медонем: баъди иваз шудани ҳукумат-ё шояд рӯзе худи ҳукумат барои боз ҷалби мардум ҳукм барорад-ки бо ин бузҳои шаҳриву кӯчагӣ, деҳотиву мактабӣ чӣ бояд кард. Ба ин ҳукумат бовар нест: имрӯз «дӯсти ман», пагоҳ «дӯсти хирс». Он замон вой бар ҳоли ин бузҳо! Ва вой бар ҳоли он фермаи гов, ки падарат «шахсӣ» кардаӣ-туро даруни он меандозанд, ҳолатро мебинӣ чӣ мешавад. Ҳоло тавон дорӣ-даврон гардон!

Ҳазрат, савол: онҳо мегӯянд «бинависед», баъд гумон мекунанд; ба зан қасам медиҳанд. Қасам нахӯрди — милиса/КГБ мебарад, «қапат» месӯзад; қасам хӯрди — занат талоқ мешавад. Ҳаминаш чӣ хел мешавад?

Ҳоло ҳоли мо чунин аст: мебаранд «барои проверка» — мефаҳманд, ки ҳамин одам бо шумо алоқа дорад ё не. Номри шуморо дар «контакти» ӯ ворид карда, «сохранит» мекунанд; аз номи соҳибаш менависанд. Агар шумо дар давоми 1–3 шабонарӯз ҷавоб додед -тамом: соҳиби телефон «мурда». Агар ҷавоб надодед-ҷаримаи сабук менависанду ҷавобашро «медиҳанд».

Боқӣ-дар амони Худо. Номи қишлоқ ва баъзе шахсиятҳоро барои амният махфӣ гузоштем. Мақсад на тӯҳмат, балки расонидани дарди мардум аст. Худо ҳақро болои ботил ғолиб гардонад. Бовар кунед домулло ман хуб суҳбат кардам ва бачаҳои дигаре бо мо буданд бовар дорам пас аз ин нома ҳатман менависанд аз Ғарм.

Share This Article