Бахшиши ғайримунтазира ва бесобиқа

Ислоҳ нет

Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон сахт интизор буданд, ки ба муносибати 30 солагии қабули Қонуни асосӣ қонуни афв дар моҳи ноябри соли 2024 қабул хоҳад шуд. Аммо Раҳмонов ин қонуни асосиро қабул накард. Дар ҳоле, ки ҳадди ақал дар бист соли ахир ҳар се сол қонуни афв қабул мекард ва афви охири қабулшуда ҳам дар соли 2021 буд ва бемалол метавонист, ки дар 2024 қабул кунад. Аммо накард. Чунки дар зиндонҳо афроди зидди сиёсатҳои Раҳмонов ва онҳо, ки то уфтодан дар зиндон намоз намехонданд, намозхон шуданд, зиёд шудааст.

Барои ҳамин фармони афви Раҳмонов, ки чанд рӯзи пеш содир шуд ғайриинтизор буд ва дар ҳақиқат собиқа надорад.

              Чаро Раҳмонов бахшиш кард?

 Имзои фармони бахшиши Раҳмонов, агарчи баъди файсалаи баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон сурат гирифт ба он муртабит нест. Имзои ин фармон баъди анҷоми сафари вай ба Маскав сурат гирифт. Матбуоти русӣ навишт, ки дар ин сафар масъалаи Рустам ва интиқоли қудрат аз падар ба писар ҳал шудааст ва гуё Путин ризоият додааст, ки Раҳмонов нақшааш дар бораи овардани Рустамро ба иҷро дароварад.     

 Раҳмонов бо ин бахшиш хурсандиашро ошкор кард ва пинҳон надошт, ки Путин ба овардани Рустам, ки мухолифат дошт, розӣ шуд. Ва аз Маскав ба Душанбе расидан замон фармони бахшишро имзо кард.

  Вале ин бахшиш ҳам шомили ҳоли онҳое, ки зиндониҳои сиёсӣ маҳсуб мешаванд нахоҳад шуд. Дар ҳоле, ки тибқи урф ва риволи мулк ва давлатдорӣ раҳбари як давлат бояд ҳарифону рақибони сиёсиашро бибахшад то бар ҷойгоҳ ва азаматаш биафзояд ва рақибонаш ҳам забони кутоҳ дар баробараш дошта бошанд. Аммо Раҳмонов ин корро дар ҳеҷ ҳолат нахоҳад кард, чунки худи вай дар баробари ҳарифонаш масалан Маҳмадрузи Искандаров, Зайд Саидов ва амсоли инҳо забонкутоҳ аст.

Бахшиши Раҳмонов аломат ва нишонаи хушҳоливу хурсандиву ризоияти вай аз натиҷаи сафараш ба Маскав аст.

      Чаро Раҳмонов Наврузро махсус таъкид кард?

Дар фармонаш тазаккур кард ва ин бахшишро ба Навруз  пайванд дод барои онки вақту замон барои изҳори хурсандиаш дер нашавад. Вале чун Навруз дар даруни моҳи мубораки барои мо мусалмонҳо Рамазон омад, онро махсус тазаккур кард ва нишон дод ва таъкид ва тасдиқ кард, ки вай бо ислому мусалмониву моҳи мубораки он на фақат рабту пайванд ва дилбастагӣ надорад, балки муқобили он аст ва ба он нафрат меварзад.

Масалан Раҳмонов метавонист ин бахшишро то чанд рӯзи дигар дертар содир кунад, масалан дар моҳи апрел. Аммо махсус дар рамазон ва бо таъкиди онки ба муносибати Навруз аст уқда, душманӣ, танаффур, бадбинӣ, хусумату хушунати даруниву қалбиаш бо исломро зоҳир кард. Раҳмонов мехоҳад бигуяд, ки вай исломро бад мебинад. Барои вай Навруз ва рақсу бозӣ авлотар ва афзалтар аст.

 Бубинед шуруъ аз Сафармурод Ниёзов то Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва ҳоло Сердар ҳамасола аз салоҳияти конститутсионии худ истифода карда бандиҳоро бахшиш мекунанд. Ва ин бахшиш бештари сол ба муносибати фарорасии шаби лайлатулқадр ва иди сайиди фитр ва ё иди Азҳо-Қурбон ду иди асосии қуръонии мусалмонҳо сурат гирифтааст. Ахиран Сардор Бердимуҳаммадов барои имсоли шаби лайлатулқадри моҳи мубораки Рамазон эълони бахшиш кард. Вва ин фармонро рузи 21.03 и имсол имзо кард ва беш аз 350 нафар ба озодӣ баромаданд.

Ҳамин тавр Шавкат Мирзиёев ҳам ҳатмани ҳатман ба муносибати ин ду иди бузурги исломӣ фармони бахшиш ва афв имзо мекунад.

Масалан  9 апрели соли 2024 ба муносибати иди рамазон- «Рамазон-байрам» 426 зиндониро бахшид.

Чаро Раҳмонов аз онки барои мисол дар моҳи муборак ё дар иди Қурбон бахшида бошад намекунад. Дар моҳи муборак аммо Наврузро тарҷеҳ дод.

Мо, инро чи гуна бифаҳмем? Бале, барои Раҳмонов Навруз аввал ва афзал аст. Ин на ба он аст ки вай ошиқу шефтаи таъриху гузаштаи ин миллат аст, ин на бо маъно аст ки Навруз иди мардуми аст, ин ба он маъно аст ки аз Ислом ҳазар мекунад, парҳез мекунад.

Метавонист бигуяд, ки ба муносибати ин моҳи муборак, ба муносибати даҳаи ахир  аммо нагуфт ва намегуяд. Маълум аст ки рӯза ҳам намедорад.

Ин рақси дастафшониву ишкамбаҷумбониву қошпарониву думбатакониашро бинед. Мусафеди 70уандсола шармаш на аз Худо ва на аз банда меояд. Минбарро таваҷҷуҳ кунед фақат худаш ва Рустам. Ин чмои раиси нави Маҷлисро даронҷо роҳ надоданд. Қаблан Убайдуллоев ва Зуҳурову сарвазир ҳам онҷо буданд. Аммо ин бор фақат худаш ва Рустам. Маънодор аст. Агар диққат дода бошед аз қизиқи рақс бо думбаи 100 кг курсиро зад ва Рустам онро бе роҳ карду дурбин дар ҳол ба саҳна гардонида шуд. Ин пирбузбалаи аҳмақ ҳаргиз одам нашуд,ки нашуд ва шудани ҳам нест.

Аммо ин шо Аллоҳ ба ин орзу ва ҳавасҳояш нахоҳад расид.

Чаро Раҳмонов дар даруни моҳи мубораки рамазон, моҳи хос ва вижа барои мусалмонони олам бар Навруз тарҷеҳ медиҳад?  Ин дар худ паём дорад?  Ин нигоҳи Раҳмонов ин заҳри Раҳмонов аст ба  ислому мусалмонӣ ва мусалмонон.

Раҳмонов бо ин мардуми мусулмон мушкил дорад.

Чаро Раҳмонов бо ин мардуми мусулмон кори як номусулмонро мекунад? Ин чи гуна раиси як давлати мусулмоншин аст? Бале ҳамин Раҳмонов.

Чаро раиси ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо дину оини худ мушкил надоранд. Чаро онҳо наметарсанд? Чаро Раҳмонов метарсад?

Кутоҳи гап. Раҳмонов аз мо-исломиҳо метарсад ва метарсад, ки боз ҳаминҳо фукашро ба замин хоҳанд шакид. Ин шо Аллоҳ ин бор дигар хел хоҳад шуд.

Мо, намедонем, ки Раҳмонов киҳоро мавриди бахшиш қарор дод. Бахшидан, бахшиш кардан истисноан дар ваколати сардори давлат ва дар Тоҷикистон Презиент аст. Онро номбаном татбиқ мекунад. Ин афв нест. Афв бар тибқи қонун қабул ва бар асоси моддаҳои воридшуда ба он татбиқ мешавад. Аммо бахшиш, ки гуфтем ҳуқуқи истисноӣ аст ба афроди алоҳида аст.

Аммо на хабаре аз раҳоии хабарнигорони зиндонӣ, на хабаре аз раҳоии зиндониҳои сиёсӣ ба мо расидааст. Ин дар ҳоле аст ки аз тамоми зиндонҳо, аз ҷумла усиленний (пурзур) строгий ( сахт) ва обший (умумӣ) маҳкумшудаҳо раҳо шудаанд.

Пас, ин бахшиши вай фақат як навъ фиреб аст, ки гуё афв кард.

Share This Article