Бастани ҲНИТ, Раҳмоновро рӯсиёҳи олам кард

Ислоҳ нет

Имрӯз аз мамнуъ эълом кардани ҲНИТ дақиқан шашсол мегузарад. Оё ин мамнуият ба режими Раҳмонов беҳбудие, пешравие аз буҳронҳои дохилӣ ва хориҷӣ ӯро раҳонид?  Ҳукумати ҳамашулу оламшумулияте барояш бахшид. Ё баракс русвотару дучори буҳронҳое,ки аслан дар гушаи хаёлаш набуд ҳукумати “оилашумул”-ашро дучор кард?

Шаш сол пеш,29 сентябри соли 2015 Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дуввумин ҳизби пурҷамъият ва танҳо ҳизби расмии динӣ дар саросари шӯравии собиқро баст ва ин ташкилоти умдаи сиёсиро бо иттиҳоми дурӯғин террористӣ эълон кард. Аммо, ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст ҳеҷ яке аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаи ва давлатҳои дунё, ин пешниҳод ва дархости ҳукумати Тоҷикистонро, ки ҲНИТро террористӣ бишиносанд, пазируфта нашуд. Баракс, Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз ташаккулҳои умдаи таркибӣ дар ҳайати ПМТ-Паймони миллии Тоҷикистон -як эътилофи ҳизб ва ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон мебошад, ки дар кишварҳои Урупо таъсис ёфта ва алайҳи режими Эмомалаӣ Раҳмонов, як диктотуре, ки сӣ сол мешавад, қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистонро қабза кардааст, муборизаро роҳандозӣ кардааст.

“Созмони милали муттаҳид-бузургтарин марҷаъ ва минбару ташкилоти  ҷаҳонӣ дар ҷаласа ва ҳамоишҳои худ раҳбарияти дар табъиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро даъват ва минҳайси як субъекти асосии сиёсати Тоҷикистон, ки пойгоҳи иҷтимоии қавӣ дорад, бо он ҳисоб мекунад.”

Бо гузашти моҳҳову солҳо беш аз пеш рӯшантар ва ошкортар мешавад, ки дар ҳақиқат ба пойи ҲНИТ тӯҳмат баста шудааст. Ва, ин ташкилоти сиёсӣ кадом иртиботе бо ба ном ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири мудофиаи Тоҷикистон) надорад. Зеро то ҳамин ҳоло ҳукумати Раҳмонови диктатор натавонистааст, исбот кунад, ки кадом ошӯбе буд ва ҲНИТ дар он ширкат кардааст. Ҳеҷ мадраку ҳеҷ далеле  ироа надодааст. Аз ҳамин ҷо аст ки аз феҳристи афроди таҳти пайгарди ИНТЕРПОЛ-пулиси байналмилал исми роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ лағв гардид ва мақомоти урупоӣ бо сароҳат эълон карданд, ки ончки режими Раҳмонов барои боздошту дастгир кардани афроди ин ҳизб мустанад кардааст, онҳоро қонеъ намекунад.

Дуруст аст, ки Раҳмонов 13 нафар аз аъзои Риёсати олии ҲНИТро бо тӯҳмати мушорикат дар ба ном табаддулоти давлатӣ ба давраҳои тӯлонӣ, аз ҷумла ҳабси абад маҳкум ба зиндон кардааст. Аммо на дар дохил ва на дар хориҷ касе бовар накард ва созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат мисли Амрико аз Тоҷикистон борҳо талаб карданд, ки онҳо бегуноҳанд  ва озодашон кунад.

   “Раҳмонов, бо ин вуҷуд ки 30 сол аст дар қудрат мебошад, ҳамоно тарсу ҳарос аз ҲНИТ дорад. Чун дар воқеъ аз ҲНИТ зиёд мушти обдор хӯрдааст ва медонад, ки ин ташкилот ба чи корҳое қодир аст(манзур муштҳои обдори сиёсӣ ва далоили воқеии раднопазир) Аз ин ҷиҳат аст, ки ҳатто аъзои 70 ва 80-солаи онро маҳкум ба зиндон кардааст.”

Агар Шумо ҳади ақал як соли ахири қабл аз мамнӯъ эълон кардани ҲНИТро пеши назар оваред, бори дигар мутмаин мешавед, ки ӯро бо тӯҳмат ва бӯҳтон аз арсаи сиёсати расмӣ берун карданд.

Бастани созмонҳои ибтидоии ҳизб, водор кардани аъзои он барои навиштани аризаи дасткашӣ аз узвият, наворҳои бадномкунанда алайҳи роҳбарияти он, нахуст оташ задани масҷид ва сипас бастани масҷиди ҳизб, чопхона, нашрия, даъватҳои мукаррари вазорати адлия барои довталабона бастани ҲНИТаз тарафи худи ҳизб, мониаи ошкоро барои баргузории Анҷуман ва ниҳоят бастани қароргоҳи он аз намунаи фишорҳое буданд, ки дар як соли ахир болои ҲНИТ оварда шуд. Тамоми расонаҳо ва ҳатто  руҳониҳо ва имомхатибони масҷид дар ин як сол барои бадном кардани ҲНИТ истифода шуданд. Вале ҲНИТ мисли як бурси бисёрҳазорсола, мисли сади искандар, тамкин ва ҳайбату виқори худро аз даст надод. Кори худро дар чаҳорчӯби қонун идома дод.

  “Режим ва бахусус  худи Раҳмонов аз ин ҳама сабру тамкини ҲНИТ бештар ошуфта ва олуғда мешуд ва дигар даст ба чораи «крайни» зад ва ҳамин барномаи ба ном табаддулоти давлатиро  сохту онро ба пои ҳизб баст ва бо ҳамин роҳ ӯро аз бозӣ берун кард. Дар тамоми дунё ҷор зад, ки вай тавонист аз табаддулоти давлатӣ, ки онро ҲНИТ ва дар пушти он Эрон ҷой дорад, ҷилавгирӣ кард ва тӯли ин ҳама шаш сол бо харҷи миллионҳои мардум алайҳи ҲНИТ мубориза кард, то бадном кунад.”

Бархе аз мубаллиғони Раҳмонов, номашонро намегирам, аммо худатон хуб мешиносед, ба таҳқири роҳбарияти ҲНИТ пардохту гуфт, ки идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заиф аст. Агар ин гурӯҳ заиф буд, чаро онро аз арса баровард? Агар ин гурӯҳ заиф буд, чи даркор буд ин ҳама зиндонсозиҳо, ин ҳама парвандасозиҳо ва ин ҳама фермаи ҷавобу ғайраву ғайра? Протоколи 32/20 чи лозим буд? Чаро ҳамин ҳоло ҳам даст аз таъқибу ҷустуҷуву киллер заказкарданҳо барнамедоред?  Ин гурӯҳи заиф, агар коре аз дасташ сохта нест, чаро муқобили ман ҳаррӯз парвандаи навбанав мефиристед? Дар телевизионҳои давлатӣ барои бадномсозии ман барнома месозед? Кор ба ҳадде кашид, ки дар нашрияҳо ва сомонаҳои донишгоҳҳо муқобили ҲНИТ нашри матолиби пур аз бӯҳтонро ба роҳ мондед, устодони макотиби олӣ ва миёна ва ҳатто донишҷӯёнро ҷалб кардед. Сомонаҳои ноҳияҳо ва вилоятҳо пур аз туҳматномаҳо алайҳи ҲНИТ ва мо аст. Агар гурӯҳ заиф набуду нерӯманд буд чи кор мекардед?

“Ин ҳама айбу иттиҳому таъна заданҳои шумо  ба ҳадде «примитив» аст, ки худатон ба худатон бовар надоштанатонро ҳар лаҳза ифшо мекунад. Ҳамин мисоли одиаш ин аст ки дар барномаҳои  «Ислоҳ.тв» гӯиё тарафдорони Раҳмонов вориди баҳсу мунозира шудан мехоҳанд, аммо аз онки медонанд, тарафгирӣ ва ё тарафдорӣ аз Раҳмонов онҳоро байни мардум шарманда мекунад, рӯйи худро намоён намекунанд.”

Вале тарафдорони ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ баракс. Чунки тарафдорӣ аз Раҳмонов ва режими оилавии вай воқеӣ нест, аз рӯи ноилоҷӣ ва маҷбурӣ аст. Агар Раҳмонов ва ҳукумаи “Оилашумул”и ӯ ҳақ мебуд ва дар хидмати ин мардум мебуд ҳаргиз аз пушти парда суҳбат намекарданд. Афроде аз ин режим ҳимоят мекунанд бо чеҳраи худашон ҳангоме шахсияти онҳоро таҳқиқ мекунем як мушт сифла ва афроди маҷбур ва бо диктаи мақомоти амниятӣ мебошанд, ки аз маҷбурӣ аз ин режим ҳимоят мекунанд. Ин худ аз чӣ мегуяду аз чӣ шаҳодат медиҳад?

Бо бастан ва мамнӯъ эълон намудани ҲНИТ Раҳмонов чанд ҳадафро дунбол мекард. Ҳадафи асосии Раҳмонов ин буд, ки саҳнаро аз рақиби билқувва, ки беш аз пеш дар қалбу руҳи мардум нуфуз пайдо мекунад ва шумори тарафдоронаш зиёд шудан дорад, холӣ бикунад. Вай саҳнаро танҳо барои худ не, балки барои ҳокимияти хонаводагӣ  бояд холӣ мекард. Барои ин кор аз қувва ва нерӯи мақомоти амниятиву интизомӣ истифода кард. ВКД, КДАМ, Прокуратураи Генералӣ ва Суди Олии Тоҷикистонро барои иҷрои ин ҳадафи шумаш мавриди сӯиистифода қарор дод. Вай аз ҲНИТ тарсу ҳарос дошт, ки ба сенарияи овардани Рустам ба ҷойи худаш ва худашро ҳар навъе карда дар арши қудрат нигоҳ доштан, метавонад мухолифат кунад. Раҳмонов руҳияи мардумро хуб медонисту шинохтааст, ки зиди ӯст ва танҳое нерӯе, ки халқ ба он бовар мекунад ва ҳамроҳаш ва дар канораш бархоҳад хост ва ба ин сенарияҳо не мегӯяд, ин ҲНИТ буда метавонад. Барои ҳамин қабл аз анҷом ва иҷроӣ кардани ин ҳадафи зиддимилливу зиддимардумиву зиддиватанӣ ҲНИТро баст.

“Ҳадафи дигар Раҳмонов, ин ғорат ва дуздии Тоҷикистон ва дороиҳои он аст, ки барои иҷрои ин ҳадаф ҳам ӯ ҲНИТро монеа медонист. Раҳмонов Тоҷикистон ва давлати онро ба ҳайси совхози Ленини Данғара, ки раисаш буд, истифода карда истодааст. Фарқ танҳо дар ин аст  ки инҷо масштаб васеъ аст, майдони ғорату дуздӣ фарохтар. Аз ин сабаб аст, ки тамоми аҳлу авлодашро дар сари ҳокимият овардааст ва ҳаммаҳаллу ҳамшаҳриҳояшро ба сари вазоратҳо, то дузданду дузданду дузданд, аммо вайро, хонаводаашро посбонӣ ва ҳимоят кунанд, чунки ин ӯ аст, ки онҳоро ба ҳукумат овардаву пулу молдор ва соҳимансаб кардааст.”

Раҳмонов ҲНИТро барои он набастааст, ки кадом ҷурме, кадом амали хилоф анҷом дода бошад. Раҳмонов ҲНИТро барои он баст, ки ҳокимиятро яккатозӣ кунад ва кишварро ғорат кунад. Барои он ҲНИТро баст, ки дар дили мардум тарсу ҳарос бештар ҷой бигирад ва касе ва ё гурӯҳу ҳизбе бар муқобили мардум сар набардорад, эътироз ва тазоҳурот-митинг ташкил накунад.

Аммо, ин Аллоҳи  бузург аст, ки боз қудрати худро намоён мекунад, агарчи Раҳмонов ҳамчун як муртад ва тоғут намегаравад ва имон намеоварад. Манзури мо ин аст, ки ҳоло дар сарҳадоти Тоҷикистон ва дар ҳамсоягии он нерӯе омад, ки барои тамоми барномаҳои Раҳмонов, бахусус барномаи вогузории қудрат ба дасти Рустам, мушкил эҷод хоҳад кард. Тамоми доду фарёди Раҳмонов бар муқобили Толибон ва гӯиё пуштибонии вай аз Панҷшер маншаъ ва реша дар ҳамин барномаи валиаҳд дорад, вагарна Раҳмонов, ҳеҷ гоҳ, такрор мекунам, ҳеҷ гоҳ на дар қиссаи Аҳмади Масъуд асту на дар ғами тоҷикони он сӯи Ому, ки ин мавзӯи матлаби дигар аст.

  “Кори Худоро бубинед, ки тамоми омодагиҳои Раҳмонов, ки мехост дар самити ахири Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе ҲНИТро барои листи созмонҳои террористӣ шомил кунад, ба сифр баробар  ва нақше бар об шуд. На Путин омад, на Си Ҷин Пин.”

Аммо ҲНИТ ҳамоно созмони муътабари дохиливу ҷаҳонӣ аст ва ҳамин ҳоло ҳам Раҳмонов аз вай сахт ҳарос дорад. Вагарна  афви бахшида ба 30-солагиро тавре таҳия ва татбиқ намекард, ки шомили ҳоли ҳеҷ яке аз наҳзатии зиндонӣ намешавад…..

Он чизеро, ки дар табиати ин мардум аст, аз даруни ин мардум рӯидааст ва ҳамвора мардум аз он эҳсоси қаноат ва роҳат мекунанд, ва он ҳамоне аст, ки умед ва ормони мардум аст, баста ва мамнӯъ намешавад, агарчи онро Суди олӣ ҳам мамнӯъ эълон карда бошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки қабл аз ин  ҳам бо қарори Суди Олӣ ҲНИТро баста буданд вале ҳамин Суди олӣ буд, ки қарори баста кардани ҲНИТро лағв карда буд. Ин шо Аллоҳ ҲНИТ ба ватани азиз бо сари баландтар аз он баргашти соли 1997 бармегардад. Кишвари азизамонро ба қуллаҳои умед ва гулгулшукуфоӣ бо мардуми кишвар якҷо месозад,на мисли Раҳмонов ва оилаи ӯ месузаду худаш ва оилааш аз оташи он гарм мешавад.

Дар охир аз Аллоҳ таманнои онро мекунем,ки ҳама зиндониёни бегуноҳи РО ҲНИТ ,ки дар зиндонҳои режим қарор доранд озод мешаванд. Озодӣ на ин аст, ки озодии ҷисми  ва берун аз як хонаи зерзаминӣ бошад. Балке муқовимат ва сабру таҳаммули ин зиндониён бо азму иродаи қавие,ки доранд ало рағми он,ки дар кунҷи миллаҳои зиндон ҳам  қарор доранд, ҳама мазлумони берун аз зиндонро,ки аз он зиндон будаҳо кам фарқияте мекунад руҳияи истиқомат дар ин масирро қувват мебахшанд. Мо агарчи дар зиндон қарор надорем вале ҳар сонияи ҳаёти шуморо дар берун эҳсос мекунем ва қалбану руҳан бо шумо қарор дорем. Муборизаи мо дар берун аз иродаи қавии шумо,истиқомати хастанопазири шумо маншаъ мегираду ин роҳро ҳаргиз холӣ нахоҳем гузошт. Аҷри шумо назди Холиқатон ҳаст ва муборизаи мо баҳри озодии ҳам шумо қаҳрамонони дохили миллаҳои зиндон ва ҳам ҳама мазлумини дохили кишвар аз зулму шиканҷаи Раҳмонов ва дору дастаи ҷиноятпешаи ӯст. Аллоҳ роҳбарони ин муқовимат Устод Кабирӣ ва ҳама РО ин ҳизбро дар ин масир дар ҳифзу амони худаш нигоҳ дорад,то талошҳои шабонарӯзии ҳама мухолифони ин режим ба мақсуди худ ,ки он озодии миллат ва мардум аст ба ҳадафҳои поки худ расем омин….

Share This Article