Оё Тоҷикистон «ВАТАН»и мо ҳам ҳаст ё не?

Ислоҳ нет

Хонандаи боҳуш ва закии Ислоҳ! Ин нома, ки ҳоло хоҳед хонд, як номаи дар назари аввал одӣ ва бидуни нақду баррасӣ менамояд. Аммо, муаллифи он, ки яке аз донишмандони хушноми мосту мо, бо мулоҳизаҳои ба ҳамаамон маълум аз бурдани номаш худдорӣ мекунем, ин вожаи бар ҳар як фарди соҳибватан муътабар ва азизро шарҳу тавзеҳ кардааст, ончунон бо дард нигоштааст, ки дили касро хунчакон мекунад. Дар ҳақиқат се даҳсола аст ки ватани мо он рисолат ва он миссияи воқеъии худро ба соҳибватанон адо карда наметавонад. Ва, мо, ки дар ҳоли фирору ғурбат ва паноҳандагӣ ба сар мебарем, беш аз ҳар каси дигар пазмони ватан ҳастем, ватане, ки агарчи аҷнабиҳо аз мо гирифтанду ба як мушт бебасари бешарафи беномус доданд ва ин тудаи сифла ин ватанро ба маъмани калоғону зоғон бадал кардаанд.

Танҳо роҳ ва чора барои ватанро аз нав ба маснаду минбари воқеиаш баргардонидан ин тағйир ва вожгунсозии ин низоми ғайримиллӣ аст. Ин навишта чун хело муассир буд дар “номаҳо аз ноҳияҳо..” онро ҷой надодему як матлаби алоҳидаро барои он ихтисос додем. Ва, ҳоло бифармоед, ки ин донишманди муҳтарами мо ватани мову шуморо чи гуна тасвир ва мунъакис кардааст:

(Ватан чист?)

Хеле зиёд ба чашму гӯши мо мерасад, ки давлатдорон аз соддагӣ ва камогаҳии мардум истифода бурда, давлат ва ҳукумати шахсии худашонро бо номи ватан – модар, дар чашми миллати ғофил ҳамчун яке аз муқаддасоти имонии онҳо нишон медиҳанд. Онқадар ватан – модар гуфта, ҷоғу ҷор мезананд, ки аз ҳавои даҳони онҳо осмони софи ватан абриву тира гардидааст. Шабакаҳои телевизионӣ, радио, мактабҳо, донишгоҳҳо ва тамоми муассисаву корхонаҳои давлатӣ баробар дар як саф истода, “ВАТАН” мегӯянд, онгуна ватан мегӯянд, ки гӯё чӣ будани ватанро медониста бошанд. Аммо сад афсус, ки онҳо аз мафҳуми ватан фарсахҳо дуранд. Яке мегӯяд: “Бигзор гадо бошам, аммо дар кишвари хеш бошам”. Дигаре мегӯяд:

“Тоҷикистон аз ту ман сарват намехоҳам, ту барои ман ватан ҳастӣ, бас аст, Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст”.

Дигаре дод мезанад: “Ҷонамро барои ватан фидо мекунам”,  “Ватанро бояд обод кард”,  “Аз ватан набояд гурехт”. “Ҳеҷ кишвари дигар барои мову шумо ватан буда наметавонад” ва садҳову ҳазорҳо шиорҳои ба ин монандро бар забон меоранд. Аммо оё ин гуфтаҳо ҳақиқате доранд? Оё ҳама тоҷикон чӣ будани ватанро ҳамингуна мефаҳманд? Ва оё мафҳуми ҳақиқии ватан чунин аст? Бовар кунед, баъзан аз дурӯғгӯии зиёд ҳатто заррае ҳам шарму ҳаё надошта, калимаи ватанро шарҳу таъвили аҷибу ғарибе мекунанд. Як нафар ба ном устоде маънои ватанро чунин шарҳ медиҳад, ки гӯё ватан аз пайвандаки (ва) инчунин калимаи тан яъне тани инсон иборат бошад, ҳол он ки ин калима аз асли арабии (ватана – ятину- ватнан ё ватанан) гирифта шуда, маънои ҷои зист, қароргоҳ ва зодгоҳ ва ҳатто шахсе дар маконе зиндагонӣ мекунаду онҷо ба дунё наомада бошад ҳам онҷоро ватан мегуянд.

Албатта, дар фаҳми маъно ва ҳақиқати давлат ва ватан ҳамагон яксон нестанд, боз ҳастанд нафароне, ки афкори мухолиф бар орои зикргардидаро доранд.

Банда ҳамчун унвондори илмҳои таърих ва сиёсат ва бо таҷрибаи бештар аз даҳсола дар зинаҳои гуногуни сиёсиву идории давлатӣ, мехоҳам пеш аз он, ки бимирам каме ҳам бошад, ҳақиқатро бар гӯши миллати азизам бирасонам ва чи будани ватанро аз нигоҳи ҳақиқатҳои воқеии имрӯза барояшон ошкор созам.

Миллати азизам! Ба хусус ҷавонони то чилсола, ки шумо муҳаррик ва нерӯи воқеии пешбарандаи ин ватан ҳастед, дар ин замони тақаддуми технологӣ, набояд шумо аз мафоҳими оддитарини сиёсӣ ғофил бошед, набояд, ки шуморо бо шиорҳои зебои дар асл дурӯғ фиреб бидиҳанд. Ҳақиқати чӣ будани ватан ва давлатро шумо бояд хуб дарк намоед ва фиреби дурӯғҳои ҳокимони ғосибро нахуред. Ҳар кадоме аз шумо дӯстдори ҳақиқат бошад, пас сухани моро то ба охир пайгирӣ намояд.

Ватан чист? (аз нигоҳи адолат)

Пеш аз ҳама, бояд як қоидаи ҳаётан муҳим ва умумиеро бароятон бигӯям, то ки дар мушкилот тавонед аз он истифода баред. Бузургон мегӯянд: “Зарур бошад раво бошад” ё ин ки “Дар зарурат равост”. Яъне ин қоида бар мо онро мефаҳмонад, ки дар ҳаёт тақрибан ягон қонуни шахшуда ва тағйирнаёбандае нест, балки тамоми қонунҳо вобаста аз вазъу ҳоли одамон тағйир меёбанд. Аммо мутаассифона инро на ҳамагон мефаҳманд. Албатта мо дар инҷо қонун гуфта конститутсияро дар назар надорем, балки қонунҳои нонавиштаи ҳаёт мисли “Барои ватан бояд ҷон дод”-ро дар назар дорем.

Ҳоло мафҳуми ватанро аз нигоҳи ду ҳолат бароятон мефаҳмонем ва дарки онро бар худи шумо ҳавола менамоем.

Дар тӯли таърих одамон аслан ватан гуфта, он ҷоеро дар назар доштанд, ки дар замини он кулбае бино мекарданд, аз оби он ройгон истифода мебурданд, дар заминаш ройгон кишт мекарданд, аз сарватҳояш ройгон баҳра мебардоштанд ва агар он ҷойро тарк менамуданд, дар дигар ҷойҳо имкони аз гуруснагиву ташнагӣ мурданашон буд ва ё ҳадди ақал дар азобу машаққат банд мемонаданд. Чунки дар дигар ҷойҳо обу хоки ройгон ва ҳамқабилагони якдил надоштанд, ки онҳоро дар ҳолатҳои бад муҳофизат намоянд. Аз ҳамин сабаб онҳо ватани худро зиёд дӯст медоштанд ва ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки аз он берун раванд ва бар касе ҳам иҷозат намедоданд, ки ватани онҳоро аз худ кунад. Онҳо ба хотири ҳифзи ояндаи худ ва зану фарзандонашон бо хун ва ҷони худ заминашонро ҳимоят мекарданд. 

Ҳамин тавр дар замони муосир инсонҳо дар фаҳми давлатдориву сиёсӣ ба он зинаҳое расиданд, ки чӣ будани ватан ва вазифаҳои ҷонии давлатро хеле хуб муайян кардаанд. Сиёсатмадорони муосир дар кишварҳои озоду пешрафта, вазифаҳои муҳимтарини давлатро дар се чиз мебинанд ва онҳо бо як овоз мегӯянд:

“Давлат бояд мардумашро ройгон таълим диҳад, табобат кунад ва ҳифз намояд”. Агар хуб диққат кунед, ин мафҳум бар фаҳми соҳибватанони дар боло зикршуда, хеле наздик аст. Дар ҳақиқат давлат (ватан) ҳадди ақал бояд чунин бошад. Имрӯз агар бар кишварҳо нигоҳ афканем мебинем, ки зиёде аз онҳо дар асоси ин қавонин амал карда истодаанд. Шумо боре ба кишварҳои Аврупо, кишварҳои халиҷ, мисли Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувейт, Баҳрайн, бар ИМА, Конодо ва ғайраҳо бингаред, ки чигуна аҳолии маҳаллии он ҷойҳо хуб ва ба роҳат зиндагӣ доранд. Тақрибан дар тамоми онҳо таълими миёнаву олӣ ройгон аст, табобат ройгон аст, ҳатто давлат ба аҳолияш хонаҳо ва барои бекорон маблағ ҷудо мекунад. Ва ба ин восита мардумашонро аз гуруснагиву бесарпаноҳӣ ҳифз менамоянд. Агар як амрикоӣ ё аврупоӣ, ё як қатариву иморотӣ дар ҳар гӯшаву канори олам, ки бошанд, ҳуқуқҳои онҳо риоя карда мешаванд ва ҳеҷ халқу мақомоти кишвари дигаре нисбати онҳо таҳқире карда наметавонад, чунки давлатҳояшон онҳоро ҳимоят менамоянд. Ин мардум ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишварашон соҳиби эҳтиром ва шарофату каромати одамиянд. Бо шиносномаҳои онҳо тақрибан ба ҳама кишварҳои олам сафар кардан мумкин аст. Аз тамоми гӯшаю канори дунё одамон орзу мекунанд, ки ба давлатҳои онҳо рафата, хидматгору мардикор шаванд. Аммо ба ҳамин орзуи бадашон ҳам расида наметавонанд. Дар бораи он давлатҳои озод зиёд гуфтан намехоҳам, чунки ҳолати хуби онҳо бар аксари шумо маълум аст. Ин ҳақиқатест, ки инкорнопазир аст. Ҳатто Русияе, ки аср аз Аврупову Амрико ақаб мондааст, бо ҳар роҳу воситае мардуми худашро хушбахт медорад. Дар онҷо маош барои зиндагӣ басандааст, ба оилаҳо ҳаргуна кӯмакҳои пулӣ карда мешавад, ки дар як моҳ аз 7/8 то ба 40/50 ҳазор рубл мерасад.

Яъне ин ҳамон мафҳуми мусбати давлат ё ватан – модар мебошад, ки дар ҳаёти ин мардумон мушоҳида мешавад. Албатта ҳар касе, ки чунин ватан дошта бошад, бар ӯ зарур аст, ки барои ҳифзи чунин ватан ҷон бидиҳад ва ингуна ватан дар ҳақиқат модар аст. Чунки модар тифли заифу нотавонро мешӯяд, мехушконад, ҳангоми гуруснагӣ шир медиҳад, аз ҳаргуна хатарҳо ҳимояташ менамояд ва агар давлате мисли модар бо шаҳрвандонаш чунин рафтор намояд, пас дар ҳақиқат он ватану давлат, модар мебошад. 

Ватан чист? (аз нигоҳи ҳокимони золим)

Дар гузашта, агар гурӯҳе аз бегонагон ба зӯрӣ сарзаминеро ишғол карда, ба мардуми онҷо зулм мекарданд, онҳоро ғосибон ё ба истилоҳи таърихӣ истилогарон меномиданд. Ва саҳфаҳои таърихи тоҷикон пур аз калимаи истилогарону аъмоли зишти онҳо бар зидди тоҷикон аст. Ба ғайр аз арабҳо, ки онҳо на истилогар, балки расонандагони дини мубини Ислом бар мардуми ҷаҳон аз ҷумла тоҷикон буданд. Дар тамоми давраҳои таърихӣ мардуми ҷасури тоҷик қаҳрамонона бар муқобили истилогарон ё забтгарон мубориза мебурданд, то ки ба озодӣ бирасанд. Аммо мутаассифона намедонам бар ақлу фаҳми имрӯзаи мо тоҷикон чи шуда бошад, ки бар як ғосиби истилогар унвони пешвоӣ додем?!

Ҳайрон нашавед, аз рӯи мафҳуми муосири сиёсӣ; ҳар давлате, ки мардумашро ройгон таълим надиҳад, ройгон табобат накунад ва ройгон ҳифзу ҳимоят насозад, балки баракс бар сари мардуми маҳаллӣ зулму ҷабр намояд, пас бе ҳеҷ гуна шубҳае он кишвар аз тарафи истилогароне ғасб карда шудааст.

Бовар кунед!

Шиорҳои сохтаву бофта ватан – модар буда наметавонанд.

Бедор шавед!

Он хоке, ки дар он ашки  модарон маҷбуран резонида шавад, он ватан – модар нест!

Ба худ оед!

Сарзамине, ки зиндонҳояш пур аз падарони бегуноҳ бошад, ватан – модар нест!

Ақлро ба кор баред!

Давлате, ки дини мардумро поймол кардааст, бедавлатӣ аст, ватан – модар нест!

Кишваре, ки номуси духтарҳоро бо коғази ташноб баробар сохтааст ватан – модар нест!

Ватане, ки фарзандонаш парешону дарбадаранд, зери дашному таҳқиранд, ҳеҷ гоҳ модар нест! Зиндон ватан – модар нест! Таҳқиру дашном ватан – модар нест! Гуруснагии бепоён ватан – модар нест!  Гиряи модарон ватан – модар нест!  Хории ҷавонмардон ватан – модар нест! Ҳукумати ғосибон ватан – модар нест! Ин ҳама фиреби мардум аст ба номи муқаддаси ватан – модар!

Аз рӯи огоҳӣ ва таҷрибаи кории худ бар шумо мегӯям, ки дар зинаҳои баланди ҳукумат, аз ҷумла дар миёни оилаи ҳукмрон ватанро тамоман дигар чиз мефаҳманд. Ватан барои онҳо на модар аст на муқаддаст аст, балки як сарзамини муваққатан аз тарафи онҳо ғасбшудае аст, ки бояд ҳарчи зудтар ва ҳарчи бештар аз онҷо сарватҳояшро бидузданд. Онҳо дар маҷлисҳои хурди оилавии худ мегӯянд: “И замини, Тоҷикистона мо ба сад ҳиллаву зури гирифтагием, и ай падармо мерос намондай, ва и гарантия надора, ки то охира ай хдмо боша, барои ҳами чанқа ки метонен бе овоз ай худ кнен, тиллову доллар када ай иҷа берун брорен, главное ай дилу нияти мо мардум бохабар нашава, то ҷое ки бтонем ятарафашон мекнем неки ҳама кор охир дора, барои ҳами ҳуштона да сартон бгирен”.

Яъне шахсан худи Президент ва оилааш ба давлату муқаддас будани Тоҷикистон бовар надоранд ва тамоми суханҳои ширине, ки дар васфи ватан мегӯянд, танҳо барои фиреб кардани халқ аст. Халқ барои онҳо як воситаи даромадгирияшон асту бас, онҳо нисбати халқи тоҷик ба ҳеҷгуна эҳтироме қоил нестанд.

Вақте ки миллат ғофилу ноогоҳ бошад, ҳеҷ гоҳ аз ин асрор огоҳ нахоҳад гашт, эй миллати азиз шумо аз ғофилон набошед, боре чашм боз кунед.

Ба фикри шумо ватан – модар ҳамон аст, ки як нафар президент ва фарзандаш раиси пойтахт аст?

Ё онест, ки падар президенту духтараш раиси дастгоҳ аст?

Оё давлат ҳамон аст, ки падар президент, писар раиси пойтахт, президенти федератсияи футбол, духтар раиси дастгоҳ, духтар сафири Бритонё, набера президенти ҷудо, бародарзан раиси Ориёнбонк, домодҳо ғасбгари тиҷоратҳои мардум ва ва ва ғайраҳо бошанд? Қудоҳо вазиру Прокурори генералӣ?

Ё ба фикри шумо давлат ва ватан – модар онест, ки мардумаш бадбахту сарсахт муҳоҷири меҳнатии навъи бадтарин бошанд?

Оё давлат ҳамон аст, ки муҳоҷиронаш бо бадтарин анвоъ таҳқиру дашном ва ҳатто кушта ва террорист эълон мешаванд?

Оё давлат ҳамон аст, ки дар даҳони шаҳрвандаш пешоб карда асбоби резиниро мезананд? Чашмашро аз ҳадақа берун мекашанд, гушашро мебуранду ба даҳонаш меандозанд?

Ё онест, ки мақъади ҷавононаш аз тарафи пулис урён кардашуда, ба навор гирифта мешавад?

Албатта, ки ҳеҷ кадоме аз инҳо ватан – модар буда наметавонанд.

ВАТАН он аст, ки ҷавононаш дар дохили он сарсабзу сарбаланд бошанд, онҳо дар он ҷой ояндаи рӯшане дошта бошанд, худро дар амн дида, бо қадамҳои устувор ба пеш ҳаракат намоянд. На онест, ки ҷавононаш бо тӯҳматҳои салафиву халафӣ, хоину мухолиф ва ҳазорон тамғаҳои дигари беасос равонаи зиндон гарданд, ба иҷбор хидмати сарбозӣ ҷалб бишаванд, изни намоз дар масҷидро надошта бошанд, то ки ҷой барои Исмоилҷон холӣ шавад.

Ватан он аст, ки дар он ҳаргиз ашки модаронро нахоҳед дид, балки модарон дар он хурсанду хандонанд.

Ватан он аст, ки дар фикри мардуми худ бошад, на он ки мардонаш ғуломи рус, ҷавононаш дар ҳолати изтиробу ҳайронӣ намедонанд, ки чи кор бояд кунанд ва боз ба кадом давлате ба ғуломӣ бираванд.

Ватан он аст, ки духтарони мусулмонаш дар он соҳиби иффат ва обрӯ бошанд, на онест, ки духтаронашро сарватмандон ва мансабдорон ба воситаи маблағ ҳамчун коғази ташноб истифода карда, дар кӯчаҳои пойтахт раҳояшон намоянд.

Ватан он аст, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонаш овоз баланд намояд, на онест, ки шаҳрвандонашро мисли саг бизананду бикушанд, ва он парвое надошта бошад.

Ватан он аст, ки барои роҳбарӣ ва пешбарияш нафарони арзандаи миллат интхоб карда шаванд, на онест, ки як оилаи ғосиб бо падару писару духтарону наберагон ҳама мансабҳои калидии онро ғасбу истисмор кунанд.

Ватан ҷоест, ки дар он тамоми озодиҳои инсон арҷ гузошта шавад, на он аст, ки дину имон ва шарофату каромати одамӣ зери пой карда шавад.

Бовар кунед! Ватан ин чаҳор нафар дузуд роҳзан нест, ватан чаҳор корманди гуруснаи БДА, чаҳор табиби бераҳм, чаҳор милисаву амниятиву суду прокурорҳои бехудо нест.

Ба Худо қасам ватан он нест, ки дар он тағадорҳо одам ҳисобида шаванду қадри  бетағаҳо аз қадри хар ҳам поёнтар бошад.

Ватан он аст, ки дар он озодиву ободӣ бошад, дар он амнияти хосу ом баробар ва таъмин бошад, дар он хандаи зану кӯдакон бошад, хурсандии волидон бошад, сериву роҳати ҳамагон бошад. Пас мо баҳри дарёфти чунин ватане мекӯшем.

Ин гуфтаҳо танҳо ишора ва фактҳое мебошанд, ки бояд ҷавонони огоҳ болои он хуб бияндешанд ва ба доми ҳокимони золим наяфтанд. Ин гуфтаҳо на дарсе буданд, на панде, на насиҳате, балки тазаккуре буд то шумо ақлро ба кор гиред.

Хулоса ҳар гоҳ, ки Тоҷикистон шуморо ройгон ҳифзу ҳимоят намояд, табобат намояд, таълим диҳад ва шумо серу шод бошед, он ватани шумост ва он модари шумост, баҳри ҳифзаш кӯшиш намоед, барои ҳифзаш ҷон диҳед. Аммо ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷои ҳифзу ҳимоят, болоятон зулму ноадолатӣ ҷорист, ба ҷои табобат, беморатон месозанд, бояд серу шод бошед, аммо гурснаву сарсонед. Пас огоҳ бошед, ки инҷо чи гапе ҳаст, инҷо чи ҳиллае пинҳон аст, инҷо чи норӯшаниест, ки каме аз онҳоро дар боло бароятон гуфтем. Пас тибқи ҳамон қоидаи боло (Дар зарурат равост) ҳоло шумо ногузир ҳастед, ки дар чунин ватан хизмат накунед ва барояш ҷонатонро дареғ надоред.

Илтимос аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои ватани Эмомалӣ ҷонатонро фидо насозед, илтимос ба хотири давлати Рустаму Озодаву Исмоил хизмат карда, ҷонатонро дар хатар нагзоред. Шумо ҷон медиҳед, то ки Рустаму Озода орому осоишта зиндагӣ намоянд. Шумо ғуломи русҳо гаштаед, то ки Исмоил дар дачаҳои миллионӣ бо арӯсҳои зебову нозанин кайфу сафо намояд. Ашки модарони шумо мерезад, то ки ханда дар лабони Азизмоҳ ҳувайдо бошад. Пас ин чигуна ватан аст?! Бовар кунед ҳоло ин ватан ватани шумо нест, танҳо ватани онҳо аст ва кӯшиш намоед, ки ин ватан ватани шумо ҳам бишавад, кӯшиш кунед, ки сарватҳои ин ватан насиби шумо ҳам гардад, кӯшиш намоед, ки дигар муҳоҷири дарбадар набошеду мисли Исмоил дар Тоҷикистон соҳиби дачаву мошинҳои хуб гардед.

Ва бидонед, ки ин ба осонӣ ба даст намеояд, барои соҳиби ватан гардидан ҷаҳду талош ва худогоҳӣ хело зарур аст.

Share This Article