Бо хукзӯрӣ  кори давлат пеш намеравад ё бо зури силоҳ кай кас давлатмард мегардад?!

Ислоҳ нет

Кори он тифли шарархӯй, ки оташбозист,

Кош донад, ки киро сӯхта ё месӯзад.

Садри Сарир

Баргирифта аз Намунаи адабиёти тоҷик.  С. Айнӣ.

Ин давлатдорӣ аз аморати манғитии Бухоро, ки тӯли 100 сол аст танқиду нафринаш мекунанд, ҳанӯз дар 32 соли аввали барпоияш шикаста ва корношоям шуда аст.

Масалан, дар Ёддоштҳои Айнӣ ҷилди як сафҳаи  50-57 омада, ки мардуми тоҷики  Шофирком аз амири Бухоро Абдулаҳадхон тақозо мекунанд, ки бо маблағи худашон барои онон рӯди наве бикобад, чун рӯди қаблиро ҳамон сол рег пахш карда буд.

«Амир ба чор ҳокими туман – ба қозиву раису амлокдору миршаби Шофирком фармон фиристодааст, ки сар шуда кори рӯдинавбарориро ба анҷом расонанд».

Хуласи калом, ин 4 ҳокими фурсатталаб ба ҷои кумаку роҳнамоии мардуми мусибатзада, ҷамъоҷамъ бо худ 200 нафар гирди ҳам омада, бо худ аспу улоғҳошонро ҳам овардаву тамоми рӯз дар ёбон хайма зада ба рафти кор назорат мекарданд.

Рӯзе падари Сайриддин Айнӣ ба онҷо, ки хонаи падарарусаш воқеъ буд, хабаргирӣ рафта, аз шуримурии 4 ҳокиму 196 думраваконашон огоҳ гардида, рост ба дасти додарарӯсаш- тағои Айнӣ аризаи шикоят аз номи «инсоне, ки дар Шопурком на замин дораду на ба оби он ниёз» нигошта, ба суроғаи амир, дар рӯзи ҷумъа, дар масҷиди ҷомеъ ирсол мекунад.

Аҷобати ин ду давлатдорӣ- Аморату Пешводавлатӣ дар он аст, ки на амир, на вазир, на амин, на ҳокиму на шаҳрдорию на ягон мақомдораш «адреси муайян» надоштанду надоранд, ки

миллат ё  раъият арзу додашонро ба суроғаи дақиқи онон ирсол карда, посухашро дар вақти муайян бигиранд. Яке амир асту дар масҷиду дар тую дар наврӯзу наврӯзгоҳ доди мардумро мешунаваду медиҳад. (Барои показухаву худнамоӣ, ки ҳарчи бештар шаҳрвандон ё раъият бо чашми сар бубинанд, ки амиру пешвои ҷаноби олӣ то чӣ ҳад мардумпарваранд, вагарна дар идораҳояшон , тули солҳои мадид аризаҳову шикоятномаҳои миллат рӯиҳамрафта мехобиду амир пайи рақсу суруду кунҷунбонӣ ва пайи «дуогирӣ» аз раъият, ки дастаҷамъӣ думравону чилимбардорону косалесони даргоҳи амиру пешво, пас аз хатми ҳар ҷашну сур ва рақсу базму масхарабозӣ (бо номи давлатдорӣ), мегуфтанд: Ҳазрат ҷаҳонгир шавад! Ва он ҳама арзу додхоҳӣ ба гӯши касе намерасиду оқубат ин навъи давлатдориро, ҳанӯз 100 сол пеш дидем фарҷомаш чӣ шуд.

Ин аризаи падари Айнӣ ба ҳар ҳол кори худро кард. 4 ҳокиму 196 тайёрхӯраш, ки давоми 6 моҳи расо, ба зарби қувваи фуқаро, ҳамагӣ 4 км рӯд канда буданду аз субҳ то бегоҳ корашон гуспандкушӣ ё ошпазию кабобхорӣ  аз ҳисоби мардум буд, бо фармони амир сабукдӯш гашта, ба ҷояшон қозӣ  Абдулвоҳид Садри Сарири балхиро таъйин мекунад, ки дар як муддати кӯтоҳ он рӯдро ба ҷои лозима, бидуни хароҷоту вилхарҷӣ бурда мерасонад.

Айнӣ мегӯяд: «Ҳамин қадар шунидам, ки амир чор ҳокими Шофиркомро, ки то ҳол дар ҳашар роҳбарӣ мекардаанд, аз мансабашон бекор карда, молу мулкашонро ярғу (мусодира) намудааст».

Ва он байте, ки дар боло зикраш рафт, гӯё дар васфи Рустами Эмомалӣ гуфта шуда аст:

Кори он тифли шарархӯй, ки оташбозист.

Оре, ҳар бозореро инҳо зери чашм бигиранд, ин ҳама сол

бо «оташбозӣ» харобу валангор намуда заҳмати 10-солаи тоҷиронро дуду ғубор месозанд! Шахсан маро дукони боарзишамро чапа карда, пас аз 4 сол, ҳамагӣ 2000$  бароям доданду мушкилоти моддиям аз дасти мустақими ҳамин хонадон оғоз гашт. Боз дидам, ки зери видеои «Бозор оинаи ҳар миллат аст…» хокшапҳову нассосҳо шарҳ гузошта, ки «Ба ҳама тоҷирон дар ивази дуконашон дукон доданд». Шумо кистед? Мегӯед, ки мардакен биёен да Ватан гап занен. Иҷа ободияй. Иҷа озодияй». Биёед, бозор дарвозаҳои 5,6,7, секторҳои 10,11,12,13 ва ғ, баъд мебинед, ки «ба ҳама тоҷирон дукон доданд» чӣ маъно дорад! Боз бо русӣ ҳам шарҳҳои аҷибғарибе ҳам мекоред, ки  ба кӣ бозори ободу зебо намефорад? Ҳама чиз дар бозорҳо ҳаст. Чӣ ин қадар шикоят доред?».

Дуконҳоямонро раиси собиқ Оев Аҳрори Валӣ ғасб карданӣ буд, ҳақиқатро гуфтем (на бечораноливу шикоят кардем), Аҳрори Валиро бо язнаи тупояш,  Баҳриддини ҳалолагар аз кор ронданд! Мунтазир шудем, ки ин серёзний человек (хуса) чӣ мекунад? Чаҳор сол задний ход заду ғорат карду ягона дастовардаш ин шуд, ки пули чеку иҷорапулии моҳонаро, бидуни машварат бо соҳибкорон, якуякбора гарон кард! Вақте ба чекчини шикамбора гуфтам: «барои чӣ бе маслиҳату фаҳмидани фикру андешаи соҳибкорон иҷорапулиро гарон кард Раис? Гуфт: ту киӣ ,ки бо ай т мепрсан. Чанде гуфтм споридан гирен. Гапа бин…. соҳибкорора бо мепрсидиян…»

Чӣ шуда аст ин давлатрононро? Кистанд инҳо, ки на моро мефаҳманду на мо мефаҳмемашон? Имрӯз, ҳама қонуну тартиботу инсонгариро задагию пушти по задаед, вале мерасад рӯзе, ки ин вайронаатонро ба ҷои  шумо дигарон тармиму ислоҳ мекунанд…

Апарати шалақаи давлатдорӣ, бо 3 чарх то каю то куҷо пеш меравад? То нокуҷо…. Шумо бошед ҳамон масали «гушти хару дандони саг»-ро ба худ касб мекунед.

Чаро ин ҳама зулму ситам? Чаро дар вайронии дигарон ободии хешро меҷӯед?!

Чунки шумо на мазмуни давлату на мазмуни раъиятпарварию на салоҳияту дарки ҳокимиятмандиро мефаҳмед. Ба пилаҳои душвори давлатдорию сиёсатмадорӣ худро то ба курсиву риёсатҳо нарасонидаанд. Бо зури силоҳ кай кас давлатмард мегардад?!

Кудатогарон аз лиҳози низомӣ ҳарчанд нерӯманд ҳам бошанд, аз диди роҳбарӣ, кордонӣ, таконбахшӣ ба умури идорӣ оҷизанд. Доди мардумро шунидану ба додашон расиданро «западло» дониста, дар лаббайк гуфтан ба ниёзҳову ҳуқуқи мардум, худро «шикастхӯрда» мешуморед!

Гарданшаханд ин гунаҳо…

Якраванд…

Вале  ин навъи чашмпӯшию хукзурӣ коре аз кори ин давлатдориро пеш намебарад, баракс давлату миллатро ба чолиш мекашаду ба чолаи нобудӣ роҳнамуд месозад!

Агар бо ин услуб давлате пойдор мемонд, ҳоло Бухорои Шариф сари по буд! Нашуд, ки нашуд! Фурӯ пошид. Амир рамид! Он чӣ гуфтам, ки дар Аморати Бухоро бо як аризаи марди «номаълум»-ё амир 4 ҳокиму 196 думравашро аз кор дафъ карду ислоҳи кори ободониро ба як тан қозии балхии кордон супорид, ишорат ба он аст, ки он давлатдорӣ аз ин давлатдории «хирадмандона» солимтар буда аст! Бо он ҳама беқонунияш, ки ба он машҳури олам буд. Вале, сар аз соли 2020 то инак 2024, ба дарозои 4 сол, аниқтараш ба тули 1464 рӯзи Худо, ҳанӯзам рӯи мушкилоту сари мардуми бозори Корвон кулоҳгузорӣ доред!

Агарчи аморати Бухоро сар аз амири 9-уми он рӯ ба уфули ахлоқию номусию маънавию моддӣ гароид, ин давлататон, ки қонунмеҳвараш мехонед, ҳанӯз аз «амири якум» пояҳои бақояш рӯи истибдод мутазалзил гашта аст. Мисли зилзилаҳои паёмайи ин кӯҳистони ақабмондатарин кишвар дар Осиёи миёна, ҳар рӯз арзиши асъори миллию доллар дар ҳоли тазалзулу «зилзила»-анд.

Ҳеч раванде дар ин диёр пойдору рӯи по нест; на қонуне ҷористу на иқтисоде равон, на амнияте батамому на тамомии арзӣ барҷо.

Ҳама чиз, гӯё мисли регҳои равони кавирҳои бебаракат, дар ҳоли анбоштани ҳама ободиҳост….

Вақте оид ба мушкилоти ин бозор ҳар боре сухан равад, як даста пулису убопиву амниятиву ҳатто раиси бозору нозиронашро Худо дод- меоянду нисфе аз бозориёну бозориёни кӯчагиро зери  фишор қарор медиҳанд. Куҷо дидаед ин навъи давлатдориро? Як нафар мегӯяд: ислоҳ кунед ҷазирбодатонро мебароранд!

Меоянд пулисҳои муғулчурдаву прокурору дигар давлаткавданҳову аз як лав, тамоми колоҳои бечора майдафурӯшҳои ҷодаиро «протоколу санаду акт» намуда, ними борашонро ба идораҳояшон бурда, байни ҳам тақсим мекунанду колоҳои занонаро барои зану духтаронашон «туҳфа» мебаранд! Талхакаф мекунанд бечора тарсидатоҷиронро! Мекананд тамоми дукону дукончаҳои лаби ҷодаҳои берун аз бозори Корвон+ -ро вале ҷуръате надоранд, ки мушкилоти асосӣ- дуконҳои ғасбшудаи соҳибкорон аз ҷониби Раиси Корвонро ба «ҳолати аввала»-аш, тибқи талаботи қонун, баргардонанд.

Омаданду канданд танӯри самбӯсафурӯшро. Заданду чаппа карданд буткаи райҳониро. (приправфурӯшро).

Канданд соябонҳои хурдафурӯшони камбизоатро! Аз ҳама муҳимаш, ин ҳама дукону дукончаҳову кӯчабозориҳоро кӣ, сароғоз,  инҷо оварду ҷой карду иҷозат дод? Магарам худи ҳамин учаскавойҳо (нозирон) ва дигар масъулони шаҳрдорӣ!

Боз, вақте шаҳрванде аз мушкилоти худ дар дохили бозори Корвон+ лаб во кунад, ин беъурзагон 18-20 нафар ҷамъу тӯп шуда, галстукҳо дар гарданҳо кашол, костюмҳо дар тан аз шикамборагӣ намеғунҷад, омадаву аз як лав, тамоми он дуконакҳои самти ҷодаи 7-ахтарро мӯҳргузорӣ мекунанд! Чаро? Чунки, Муҳаммадиқболи Садриддин гузориш таҳия карда, ки дуконҳои корвониёнро баргардонед! Ва ин ҷамоаи пусидамағзи дипломхаридаи ғоибонахондаи вазифахарида, гӯиё доранд «камбудҳои ҷойдошта»-ро рейд гузаронда, ислоҳ доранд!

Мардум дар бало!

Аз ин ислоҳоти муфсидини тардомани нотавон харро ханда мегирду буза бозӣ! Гӯё мардум мушоҳида мекунанд, ки ин давлатсозон доранд корҳое анҷом медиҳанд. Бекор нестанд. Пайи ғамхории миллатанд. Аммо, мебинам, ки ҳатто аз гузоришҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам ба нафъи худ, ба гуфти тоҷирони он дуконҳои ҷодаӣ: «қумба  гирифта» пул кор доранд! Қисса аз инҷо шурӯъ гашт; вақте нигоштаи «Бозор оинаи ҳар миллат аст ё ҷои алик-малик», нашр гашт,  фардош як пода (бубахшед пода ҳайвоноти муфиданд) кормандон тамоми сохторҳо вориди кӯчаву бозорҳои ин минтақа гашта, вала дар дохили бозор, ки даргоҳи тоҷирон аст, танҳо чун мусичаҳакҳои думканда, каллакашаке чанд карданду думи ин бору он борро қапида, яку ду боракҳои арабихатро аксу сурати дуздакӣ гирифта, ба ҳамин доираи «ислоҳот»-ашон маҳдуд гашту рафтанд аз пайи кору борашон!

Вале, инак даҳҳо рӯз аст, ки мисли заҳрпечак ба ҳамон дуконҳои берун аз Корвон часпидаанд.

Ҳамагӣ он дуконҳоро мӯҳр заданду ҳамагӣ он тоҷирон якҷоя маблағ (қумба) ҷамъ карданду бурданду ба Началник отдели ин ноҳия супурда, дубора ба соҳибкорӣ идома доданд.

Бар илова, ҳамагиро ҷаримаи «давлатӣ» ҳам карданд!

Ҳаминро мо аз шумо дархост карда будем? Ин буд мушкилоти мо? Шуморо кӣ гуфт, ки рафта он дукондоронро ғорат кунеду рафта дар бачаҳакои болотон гузориш диҳед, ки оре «я гала мушкилот» пайдо кардем аз «Корвон». Кудомин Корвон? Корвон инҷост. Дар самти офтобшин, эй адиргардон! Агарчӣ ҳам шарқу ғарбу шимолу ҷанубро ҳам, мисли дасти чапатонро аз ростатон фарқ кардан натавонед, вале аз аҳди говбониятон огоҳед, ки офтоб аз кадом тараф мебарояду ба кадом тараф медарояд!

Шумо дар самти шарқ галагов кардед (на танзиму ислоҳот), мо бошем дар самти ғарби ин бозор бо мушкилоту бо раиси проблематичний даст ба гиребонем!

Ҳамин ҳам додхоҳӣ шуд? Ҳамин ҳам давлатдорӣ?

Як ду сухан оид ба худамон: Монополияи корвониён. Румоли Фирдавс Quality , Дабур, Ар-риҳоб, Қурон, Шейк, Дастмолакҳои намнок, Ӯребчаҳои туркӣ  ва ғ. Дар ҳоле ки Хадамоти Антимонополия (зидд инҳисори) назди ҳукумати ҶТ вазифаи аввалиндараҷааш ин- пешгирӣ аз инҳисор ё монополияи ҳама гуна молу колост, вале худи ҳамин мақомот, додгоҳ, додгустарӣ, КДАМ ҳама роҳҳоро барои инҳисори коло барои тоҷирон муҳаё ва қонунан роҳнамоӣ мекунанд. Ва, агар ду тоҷири гушначашм як навъи колоро, ки бозоргузар буда бошаду хоҳиши монополияи онро дошта бошанд, ба бозӣ дароварда, дар ҳар ҷаласаи додгоҳие якеро «баранда» эълон карда, пас аз хатми ҷаласа, он кормандоне, ки дигар тарафро кришават (соягӣ) мекунанду «бозанда» гаштаастро шерак мекунанд, ки фалон миқдор пул бидеҳ, ҷаласаи навбатӣ ту монополисти ин коло мешавӣ. Ака, шанста ай даст нате! Ту қади ҳаму конкурент пул надорӣ? Ва ин шерак ё шрек бурда боз пул медиҳаду боз ҷаласа пайи ҷаласа. Ин ду «гов»-ро то бениҳоят медӯшанду медӯшанд. Барои мисол, ҳамин Бренди Ал-риҳоби атриёти арабиро ду-тан аз тоҷирони Корвон солҳо қабл, ба дарозои солҳои мадид ҷаласабозӣ карданду дар ниҳоят Саидумаров Назаралӣ «бой дод»-у Ҳоҷӣ Ҳасан баранда ва то ҳол ин атриёт зери монополияи ӯ қарор дорад! Бубинед, Ҳоҷӣ. Ва ҳама ӯро бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳасани монополист» мешиносанд. 24 соат дар дасташ як тасбеҳаки рақамӣ «зикр» мекунад!

Дар ҳоле ки паёмбари Ислом (с)  мефармояд:  المحتکر ملعون

Монополист малъун аст. Ин гуна «малъунҳо» рӯз ба рӯз дар тиҷорат зиёд шудан доранд. Яке ӯзбек бренди рӯймоли «Firdaws Quality»-и истеҳсоли Туркияро дар инҳисор дораду дудигар як хонуми ӯзбек, Ҳанифа бренди духиҳои овозадори «Шейк»-ро аз банк садҳо ҳазор доллар қарз гирифта, монополия кард. Седигар  Назаралӣ Қуръони Карим, китоби муқаддаси мусулмонони оламро дар Тоҷикистон ба инҳисор кашиду як камаз Қурони воридкардаи як бародари афғонистониро забт карда, бо нархи воридгаштааш «харид»-у дуои он тоҷики афғонистониро ҳам гирифт, ки мегуфт: «Худо лаънаташ кунад. Худо баракаташ надиҳад. Дар қиёмат гиребонгирашам, дига».

Бар илова, бояд гуфт, ки Кумитаи дин ва  муфтӣ Саидмукаррам чандин сол шуд талош доранд, ки «Бренд»-и Қуръони Президентиро, ки дар Покистон чоп мешавад, монополияи худ кунанду ин фархориҳои Корвон+ ва Саховат сари «китобҳои исломӣ» ҷарру баҳс байни худ дорандро аз сари роҳ бардоранд. Ва чунин ҳам шуд; соле қабл аз ин ду оилаи «қуръонфурӯш», сари як разборкаи хонумонсӯз, 3 тан аз пушти ин разбор вориди зиндон гашт. Оне, ки аз Корвон буд, Юсуф ном дошта, барои фурӯши Қуръон ва тафсири «Анворул Қуръон» ҳукми зиндон гирифт. Чунки доляи бачаҳои мусулмони болоиро, ба гумонам,  надод….

Ва он Далери ношиносе омаду бренди овозадори » Пастаи Эпимедумӣ»-ро, ки истеҳсоли Туркия астро монополия кард.

Хуш омадӣ, Далер,  ба дӯзахи монополистҳои Корвон!

Ин Далераки шикамбора, сароғоз, бо дастае бас бешумори кормандони тамоми ниҳодҳо (гӯё ҳероинкобӣ омада бошанд)  вориди Корвон+ шуданду якояки дуконҳоро чапа-роста карданд, ки «Эпимедумная паста» ёбанду мусодира кунанд. Ҳаркӣ ҳушёрӣ кард, ончӣ дошт пинҳон кард, ҳаркӣ ғофил монд, ғофилгир шуд. Аз Корвон+ ҳарчӣ миқдор ёфтанд бор карданду бурданд. Пасон рафтанд ба бозори Саховат, дар онҷо аз ҳоҷӣ Абдуллову ҳамкоронаш ҳамагӣ ин маҳсулотро ғасб карда бурданд. Ва ҳатто рафтанду аз хӯрдафурӯшони «Мадраса»-и Саидмукаррам (оид ба шуримурии Саидмукаррам дар ин мағозаҳо ва доляаш рӯи ҳар дукон, пасон хоҳам гуфт), ҳарчӣ ёфтанд тасарруф карданду бо худ бурданд ба «ҷаримагоҳ»!

Ҳичкӣ надонист, ки ин пастаи малъун чаро ба ин фаврият «ҳаром» гашт!

Даҳҳо тоҷири гирифтафурӯш аз паси ин пастаи наҳс мусодираи амвол гашта, сар аз 10.000 сомонӣ то ба 70000 сомонӣ ҷаримабандии давлатӣ ва «ғайридавлатӣ» шуданд! Дар ин миён, аз ҳама бештар Сайидумаров Назаралӣ ва бародараш Муҳаммадисҳоқи «валӣ»  дӯшида шуданд. Ҳамагӣ, пастаҳояшон, ба миқдори 4000 дона мусодира гашта, пасон бо дигар конол (ба василаи Далер) сертификатсия шуда,  ба нафъи «давлат»?, ба фурӯш гузошта шуд.

Ҳоло Далерак, бо шиками даму ду лунҷи ифритияш ҳар рӯз ароба-ароба Эпимедӣ оварда, ба ҳамон тоҷироне, ки бо маслиҳати пешакӣ бо мақомотҳои фурсатталаб, бидуни огаҳӣ, омада эпимедумиҳошонро талаву тороҷ кардаву ҳар якро ҷарима баста буданд, кору бор дорад!

Ин яке Далер бешараф аст в-он дигар тоҷироне, ки бо ӯ ҳамкорӣ доранд!

Ниҳоди Зиддиинҳисори куҷоро назорат мекунад?  Ҳеҷҷоро! Вазифаи ин ниҳод аз чӣ

иборат аст? Чаро монополия дар ҳоли рушд аст? Кӣ сабабгори ин ҳама зулму зулумот аст?

На-ме-до-нам…Ва сертификати ин коло зери сертификати ширкати «Исмоил-фарма» қайди давлатӣ шуда аст. Исмоилро мешиносед,  мусулмонон? Намозхонон? Ҳоҷиён? Ононе ки даъвои «тиҷорати ҳалол» «суннати паёмбар»-ро доред?

Куҷо доред меравед? Чӣ доред мекунед?

Ин роҳ, ки меравед ба Туркистон аст! Як сабаб; асоситарин омили баланд гаштани нархҳо дар бозор, яке агар нархи гарону ноустувори роҳкирои Карго (торобарӣ) бошад, дигаре монополияи давлатист!

(Оид ба тарзи кору бори бачаҳакои соҳибкор ҳам, дар оянда, ба тафсил хоҳам нигошт).

Масалан, вақте ҳама, озодона духиҳои бренди «Шейк»-ро импорт менамуданд, рақобати бозорӣ буланд буду нархи он то ба 43 сомонӣ уфт кард. Духие, ки дар оғоз 100 сомонӣ нарх дошт, то ба сатҳи 43 сомонӣ нархаш паст фаромад. Аммо, вақте хонуми ӯзбак, Ҳанифа онро монополия кард, якбора нархаш, дубора то ба 65-70 сомонӣ боло рафт.

Ин Ҳанифа дважди монополист аст. Сароғоз Туркия назди ҳамхунони туркамани аламанаш рафта, ҳамаро ружду ҳамвор кард, ба ин маъно, ки туркаконро розӣ карда, ки пас аз ин ба ягон тоҷик, ҳатто як дона «Шейк» нафурӯшанд; пасон туркакон бо мо тиҷоратро пурра қатъ карданд.

Бубинед, дар кишвари тоҷикон як ӯзбак корҳое мекунад, ки сад тоҷик дар Ӯзбакистон ҳуқуқи кардани онро надорад. Дар кишвари худамон моро чумо кардаанд. Дар охирин пойгоҳи тоҷикон як зан меояду ҳамагӣ тоҷиронро аз фурӯши «Шейк» пурра маҳрум мекунаду ҳатто туркакон, (ҳамон гунае, ки ба Вазорати Мудофиаамон паҳподҳои «Байрактар»-ро тӯл доданду тӯл доданду дар фарҷом ҷангро қирқизҳо баранда гаштанду дар даруни масҷид даҳҳо тоҷикро шаҳид карданд),  ба мо  нафурӯхтанд! Ба ҳамин минвол, дар сатҳи тиҷорат, барои як «ҳамхунашон» тамоман бо тоҷикон тиҷорати Шейкро қатъ карданд!

Ин чӣ гуна давлатмадорию миллатдӯстдорияст?

Ҳукумати ҶТ ё пурра ҳамон атриётро ба хокаш роҳ надиҳад. Ё ин бренди туркиро, агар он қадар зарурӣ бошад, аз чанголи Ҳанифа озод кунаду ба шаҳрвандони тоҷик нишон диҳад, ки чуноне, ки дар Русия русҳо, дар Ҳиҷоз арабҳо, дар Исроил ҷуҳудон, дар Қирғизия қирғизҳо, дар Ӯзбакистон узбекҳо гапи аввалро мезананд, инҷо- дар Тоҷикистон тоҷикон гапи аввалу охирро бояд бизананд!

Аммо дар масъалаи монополия бошад рӯи турку тоҷик баробар сиёҳ аст. Ҳарду шаҳрванданд. Ҳарду барои сабуктар гаштани бори дигар шаҳрвандон бояд хидмату тиҷорат кунанд, на барои нафъи шахсӣ миллатро, бо гаронфурӯшию инҳисор ҳол табоҳ кунанд. Вақти он аст, ки ниҳоди Зидинҳисорӣ даст ба кор шавад. Ин ба нафъи миллат аст. Бигиред, ин ҳама ғӯлу занҷирро аз дасту гардани колоҳои монополишуда озод кунед.

Ва «Пастаи эпимедӣ» ҳам ҳамин гуна, дар натиҷаи рақобат аз 120 сомонӣ то ба 37 сомонӣ уфули нарх карду пас аз монополияи он ба 75-80 сомнӣ боло рафт!

Дар ин кор «ғамхории бевоситаи ниҳодҳои давлатӣ»  ба мушоҳида мерасад. Ана, ҳамин гуна барои некӯаҳволии миллат бояд «хидмат» кард!

Барои ҳарчӣ бештар сарватманд гаштани як беваи шаттоҳе ба номи Ҳанифаву як шикамбораи бадрӯе ба номи Далеру як ҳоҷии худобехабаре ба номи Ҳасан. Ва дигар ҳар ӯзбаку тоҷике, ки малъунтинат бошад, аз уребчаҳо сар карда то ба атру сигору санги мазор, ҳарчиро ёфтанд, ки бозоргир аст, монополия мекунанд. Муҳаммад  (с) ҳарчӣ мегӯяд, инҳо «Алҳамдулиллаҳ» мусулмонанд- ку….

Ҳаббатул мулуку руғани мӯрча ва «хатар»-и он ба давлатдории подшоҳӣ.

Аммо, дар ин миён тоҷирони хуберо ҳам бо «ёфтани баъзе ашёи майда-чуйда»  сахт дӯшидаанд.

Масалан, дар табиат, аниқтараш дар кавирҳои беҳосили Ҳиҷоз алафе мерӯяду ғура мебандаду онро барои тоза кардани бадан аз токсинҳову барои тахфифи вазн истеъмол мекунанд. Ин донаи «сунатӣ»-ро ҳаббатул-мулук, ё ба русӣ «королевская семечка» меноманду дар тибб машҳур аст.

Замоне ҳукумати Э. Шарипович ким-чӣ фикре карду тибқи ким-кадом меъёрҳои байналмилалӣ ба кормандони пулису нозирони роҳ супориш дод, ки кормандони,  (ба таъбири он подполковнике, ки нозири роҳро душном дода, мегуфт: «зани и яксаду чылкилоҳара г…») 140-килоҳа, агар дар давоми 10 рӯз ба меъёрҳои кормандӣ худро «мутобиқ» накунанд, аз кор хориҷ мегарданд, ин «шоҳдона» машҳур гашт. Меомаданд даста- даста кормандон, мехариданд шоҳдона! Мезаданд ду-се дона, мегаштанд шикамдард. Мешиштанд 24 соат дар хона, аниқтараш дар ҳоҷатхона…. мешуданд харобу «идоравӣ», ба талабот «ҷавобгӯ». Аз ин кормандони КДАМ хабардор шуда ворез шуданд ба Корвон+. Мекофтанд дона- дона «шоҳдона», ба гуфти худашон:  «ҳабата малмалук». Ва мутаассифона ё хушбахтона ёфтанд, як ҳазор дона шоҳдона аз Ҳоҷимуроду бурдандаш ба идора. Гуфтанд ин заҳру зуқумро овардаӣ аз кадом хона? Куштании мардумона? Заданд ду-се шапотӣ дар бари гардану пешона. Шабҳо хоб медид пас аз он рӯзаш «шоҳдона».

Гуфтанд: ин заҳрасту бурданд ба ташхисхона. Санҷиданд ташхисгарон ҳаряк дона дар санҷишхона. Баромад тозадона. На заҳру на зақуму на маргдона. Ҳама тозаи ҷонона. Аммо, зиён дид Ҳоҷимурод дар ин миёна. Ҷӯшидандаш амниятиҳои ҳомии тоҷикхона- гирифтанд аз ӯ доллар ба миқдори 70 дона! 70×100=7000$. Дар ҳеҷ кишваре накунанд ин  ситам ба ин гуна барои як ду дона шоҳдона! Пасаш омад корманди Генсел — Холов Кӯчаку гуфт: нафурӯшед равғани мӯрча. Ва сахт аз гиребони Сорбони тоҷир гирифту буғӣ кард: ин руғанҳо бас «зарарнок»-анд!

Канду гирифт 4000 сомонӣ, бо қонунӣ раҳмонӣ! Вале, то ҳол кас надида, ки ин руғани мӯрча киро куштаву куҷо кушта? Аммо инки 4000 сомониро дар киса зад Кӯчак, далелест бар нокасии ин фучаку пучак! Мегзарем ба «Монталин».

Як замоне дар Тоҷикистон монталин капсула бозоргир шуд. Ҳама аз он барои таскини дардҳо истеъмол мекарданд. Ин хабар то ба Генселу КДАМУ УБОПУ ПРОКУРАТУРА ҳам рафта расид.

Омаданду дукон ба дукон монталино мекофтанд. Мекофтанду меёфтанду намеёфтанд.

Ҳар рӯз Амниятиҳо Корвон+ монталинковӣ меомаданд.

Ва саркори ин колоро ҳам ёфтанду бурданду рӯзҳои мадид оид ба «бехатарии саломатии шаҳрвандон», «ҳимоя аз тандурустии аҳолии Тоҷикистон», «зарари Монталин ба шаҳрвандон» дикта хонданд. Вале, дар асл,  ҳар як корманди буғумдард аз зиёд рӯи курсӣ бекор нишастан, ҳамон шабу рӯз ва ҳоло ҳам доранд Монталин мехӯранд.

Мехӯранд, ки аз дард намиранд.

Вале ин қиссаҳои «зарарнок» реша дар манфиати Оила дорад. Ба ин маънои оддӣ, мисли 2×2=4 ҳамагӣ кормандону бозоргонону огаҳон медонанд, ки бозори фурӯши маводи доруворӣ дар Тоҷикистони «биҳиштосо» зери монополияи духтару писари Раҳмонов асту ҳеч нафаре ҳақ надорад, ҳатто як покет дорувориро аз хориҷа, ҳатто барои табобати хеш «қочоқ» ворид кунад. Онҳоро дар фурудгоҳ ғасб мекунанд. Барои ин далелҳо аз бемороне, ки дар Ҳиндустону Русияву Чину Исроил ҷароҳӣ шуда ба ватан баргаштаанд, шунидаам.

Кумитаи амният, зидиинҳисор, зидифасод, вазорати тандурустӣ, аниқтараш бехатарии озуқаворӣ ва Генсел, УБОП, пулиси минтақавӣ, ҳамагӣ дар хидмати «бехатарии иқтисоди аҳли Оила»-анд. Ва дар фикри кисаи даридаи худ. На парвои саломатии шаҳрвандон, на бехатарии ҳаёти ононро доранд. Парво ҳам надоранд, ки дар дохилу хориҷи кишвар чӣ миқдор аҳолӣ аз шаробу бангу ҳероину дигар маводҳои заҳрогин мемиранд ё кушта мешаванд.

Хоки Тоҷикистон мурдапарвар аст. Мурдаву зиндаи беқадри тоҷик, кай қадр дошт?

Ин ҳама даву пари ин ҳама мақомотиён дар растабозорҳо баҳри ҳифзу ҳимояи «бозори

пуравҷи тиҷорат»-и Хоҷаи Олияшон буду бас.

Бурданд монталинфурушонрову канданд пулу пайсаашонрову «гургтавба»-ашон доданд, ки то умр боқист ба тиҷорати аҳли авлод «қӯш» намешаванду «лезит» намекунанд.

Доруву даво мехоҳӣ пеши авлод рав, хар, хӯр, намур! Огаҳон огаҳанд, ки ин корро амир Абдулаҳад дар Бухоро мекард: барои амир ғуломону чокарону навкарону сагходимонаш ҳамеша бузу уштуру гову говмешу барраву гуспанд ба расми туҳфа «ширинкор» мефиристоданду қассобони амир дар дарбори ҳумоёнӣ кушта, дар кунҷе аз он Қасри наҳс Абдулаҳадхон пайи гуштфурӯшӣ, тӯли рӯз машғул буд.

Агар дар бозор килои гушт 10 танга мебуд, чоплусони амир рафта, аз пешвояшон гуштҳои бадсифатро бо нархи 15-20 танга мехариданд, то худро ширин карда бошанд, ки «бо амиранд»«тиҷораташ»-ро дастгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ Ленин мегуфт: «ҳар гоҳе тоҷирон сари давлат оянд, онон аз ғами миллат дида ғами тиҷораташонро бештар мехӯранд!».

Аз ин рӯ, ин ҳама мақомоти салоҳиятдор монои ҳамон кашталҳоеанд, ки ҳамеша дар фикри «чӣ гуна шод кардани табъи амир»,  дар Бухоро буданду парвои раъияту давлату саломативу рушди онро надоштанд. Чун ақлашон ба ин чизҳо намерасад, ва-гар расад ҳам, ба нафъашон нест ғами «почакандаҳо»-ро хӯрдан! Ин андаке аз намунаи «фаъолият»-и мақомоти кишвардорӣ (на тоҷирозорӣ) буд. Кӣ медонад, ки дар ин кишвари 10 миллиона, боз чӣ «қаҳрамониҳое» ба номи «бехатарӣ» ва «саломатӣ»-и миллат мекунанду бою бойтару фарбеҳу чоқтар мешаванд. Як назари бо тааммул ба пайкараи аҳолӣ кунед мебинед, ки миллат чӣ

ҷулҳундипӯш гаштаву чи соқаҳо харобу чи баданҳо лоғаранд! Ҳаққи инҳоро мақомотиҳое, ки қасами хидмати содиқона ба давлату миллатро хӯрдаанд, ба ноҳақ, тули солҳо мехӯранд. Танҳо ба нисфи қасамашон содиқанд: ба давлат содиқона, вале ба миллат хоинона хидмат мекунанд!

Ҳарҷо, ки расад пойи аспи қатаған

На мурда кафан ёбаду на зинда ватан.

Ёд доред, касоне, ки солҳои командирсолорӣ дар пойтахти мо зистаанд ин ҳодисаҳоро дидаанд, ки боевикҳои саҳроӣ омада аз бозорҳо, бо мили туфангу силоҳ ҳарчиро лозим доштанд, аз тоҷирон ғасб мекарданд. Гапзанша- як тир дар пешонӣ! Ҳоло ҳам идомаи ҳамон сиёсати турктозӣ. Фарқ танҳо дар ин ҷост, ки дигар дар китфҳо туфанг ҳамоил надоранд. Аммо ба номи қонун любой гапзанша — як протоколу як акт дар пешонӣ! Кори хирс тамом! Ҳамин ҳодисоти 32 соли охири кишвари тоҷикон- Тоҷикистон маро ба ёди рӯзгороне мебарад, ки халифаи Аббосӣ Муътасим Биллоҳ, ки модараш канизи турк буду ба тағоҳояш- атрок тамоми умури низомиро супурда, имом Ҳанбалро то дами марг истинтоқу таъзиб мекарданд, якатозӣ мекард. Ин ҳама қалуғу қатағану туркнажодоне, ки умури низомию сиёсии моро дар қабза гирифтаанд, бозмондагони ҳамон атроке мебуда, ки ҳазор сол қабл дар Бағдод мардуми он шаҳрро ба дод оварда буданд. Дар тамоми бозору ҷодаҳо тоҷирону аҳли зиммаву муҳаммадиро ошкоро ғорат  мекарданд. Ба духтарон дастдарозӣ мекарданд. Бачабозӣ дар байнашон, дар казармаҳояшон ривоҷ медошт. Касе дар пойтахти хилофат аз шарри он саҳронавардон дар амну осоиш набуд. Аз дасти касе ҳам коре дар баробари он ҳама тегинҳо (бардаҳо) барнамеомад, ба ҷуз Муътасим, ки ниматуркзода буду хӯю хислати турктозию ғорату чаповулу яғмогарӣ дар хунаш ҷорӣ буда.

Кор аз ҳад гузашт. Бағдодиён қиём карданд. Халифа ақаб зад. Тамоми туркзодаҳояшро бурда дар як казармаи (Ал-қоидаи)  фарох, чун сагҳои ваҳшӣ ҷамъу ҷӯр карду миллат аз шаррашон эмин гашт! Аммо, вале, лекин Э. Ш. Раҳмонов то кунун, тули 32 сол натавонист он кореро, ки халифа Муътасим Биллоҳ бо атроки ваҳшисифату даррандахӯяш кард, бикунаду шаҳрвандони ин кишвар дами осуда зананд.

КДАМиён ПАЙИ ҒОРАТ

УБОПиён ПАЙИ ТОРОҶ

ПУЛИСАКУ МАЪЛЕСАКУ УЧАСКОВОЙҲО ПАЙИ СИЁҲКОРӢ

НИЗОМИЁН ПАЙИ ТИҶОРАТУ АСКАРФУРӮШӢ

ҲУКУМАТИЁН ПАЙИ ЗАМИНФУРӮШИЮ ТАЛЛАВУ ТОРОҶ

Халифапешвои муқаддасу муъазҳаму муҳтарам пайи кору бори оилавии худ…

Ва, имрӯз, ки тамоми кӯчаҳои Пойтахтамонро Эмомалӣ ва Шавкати Мирзиёи ҳамтояш пур аз пайкараҳои Ҷомию Навоӣ кардаанд, бехабар аз онанд, ки Ҷомӣ инҳоро чунин васф карда аст:

Он шунидасти, ки турке васфи ҷаннат чун шунид,

Гуфт бо воиз, ки он ҷо ғорату тороҷ ҳаст?!

Гуфт: «Не». Гуфто: «Батар бошад зӣ дӯзах он биҳишт,

К-андар ӯ кӯтаҳ бувад аз ғорату тороҷ даст!».

Ғорат дар генаи инҳо, тули ҳазорсолаҳо нуҳуфта аст. Ҳар боре дасташон ба қудрату давлат  расид, турктозию ғорату тороҷ мекунанд!

Дар зоҳир тамоми кӯшишу талоши ин ҳукумати ноӯҳдабарои ҷомонда барои пешбурди технологияи рақамӣ нигаронида шуда аст. Вале дар асл, ҳатто давлатҳои африқоию кишвари ҳамсоя — Афғонистон, дар масъалаи сайберӣ, иттилоотӣ,  хадамоти интернетӣ, алоқаи рақамӣ, моҳвораӣ ва пеш аз ҳама, контроли маблағи он ва сифати хадамоти он ба миллату пастбурди нархи хидматрасониҳои интернетӣ, аз Тоҷикистон чандин гом доранд ба пеш мегузоранд!

Дар мо бошад рӯз то рӯз нархи интернету сифати он рӯ  ба гаронию вайронист.

Омилаш ҳамон Бек Сабур, аз бозмондаҳои насли қӯрбошиҳоест, ки давлати зебову фарохи Бухороро бо ландаҳӯриву корношоямиву зарпарастии худу авлодбозияшон ба табоҳӣ кашонида, саранҷом пора- пора карда будаанд….

Ин одам, аслан як қассоб аст, охир. Як касе, ки дар сатҳи як талабаи мактабрав китоб мехонад. Аз суҳбаташ маълум, ки умре дар полезҳои колхози умри ҷавониро, ба ҷои илмомӯзӣ, ба гуфти худаш:   «в детстве, мы собирали картошки. Туда сюда пригали. За ишаком ходили…. так было весело… так было хорошо» Тоҷикон миллати ҳакиманд. Аз ин рӯ, дар гузашта ҳаркиро, ки ноӯҳдабаро буда мегуфтаанд: дига ном наёфтен, ки буза Абдукарим номиден? Ва, суол ба Пешво: дигар кадр «дар кисаатон» набуд, ки Бек Сабури қассобро рӯи курсии вазорати алоқа шинонидед? Танҳо, нагӯед, ки дипломи соҳаи технологияи коммуникатсиониро дорад ё технократияро риоя кардаед, чунки ин инсон на дипломи соҳаи технологӣ дорад, на ақли модарзодӣ. Дар кишварҳои демократӣ, ки шумо, ҳатто ҳизбатон ҳам ин вожаро «Ҳизби Халқӣ- Демократӣ» дар худ дорад, кор чунин нест, бар илова, иддао доред, ки ҳар мутахассисро дар натиҷаи эълони рақобат ба вазифа таъйин мекунед, магар Бек Сабур дар ин соҳа аз ҳама «умнитар» баромад? Барои онки «внутрений» маълумотро «ҳалл» мекунад?!

Коре ба шахсияташ надорем, ки як чунин «кадрҳои ҷангалӣ» дар ин ҳукумат моломал гашта аст.

Суханамон рӯи тахассусмандии ӯ меравад, ки балоро дар ин соҳа намефаҳмад. Аз ҳамин рӯст ва аз дигар ҷиҳати «амниятӣ», ки тӯли 1 соли ахир, дар бозори Корвон (дар ҳарду самт) он қадар интернету мавҷи онро, огоҳона задаед, ки ҳатто дигар намешавад, ки бо ин интернет транзаксия ба роҳ монду ҳангоми хариду фурӯш барномаҳои «Алиф-мобӣ» ва  «Душанбе-Ситӣ»-ро, ки якеаш аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбешаҳр асту дигараш аз кадом як духтари дигарашро  ба кор даровард. Борҳо мешавад, ки вақти харидору фурӯшанда сари «мавҷковӣ» дар ин сӯ, он сӯ барҳадар мераваду аз мавҷи Бек Сабур хабаре нест. Савдо «фасх» мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон, дар «Биҳишти рӯи замину дар амнтарин Пойтахт»-и руи замин, дар бозори марказии «Корвон» мавҷи интернет аз 25-30 килобит/сония боло намеравад.

Ман, ки табиатан мусиқидӯстдорам, чандест, ки аз ин оромиш, бо сабаби пастии интернет маҳрумам. Тоҷирон ҳангоми бекорӣ ё видео тамошо мекунанд ё ахбор мебинанд ё ягон саргардонии дигар доранд. Вале, имрӯз ба ҷои Интернет, чун аҳди Сталин рӯи ҳар бурҷу бораи бозорҳо системаи ратсионӣ- радиоиро насб кардаву ба гӯши шаҳрвандон «лапша вешит» мекунанд. Магар инҷо конслагер аст? 

Чаро дар маркази шаҳр интернетро дидаву дониста мавҷашро «мезананд»?

Аз чӣ меҳаросед? Аз онки тоҷикон ахборот мебинанд?

Бинанд, баъд чӣ?

Охир давлат сензураро манъ карда аст — ку.

Магар «задани мавҷи интернет» дар манотиқи муайян худ сензура нест? Ҳаст.

Боби 2. Моддаи 30

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Барои истифода аз воситаҳои ахбор, имрӯз ниёз ба интернети баландсуръат аст!

Бги, интернета балансуръат кун дар ин минтақа, патинкаҳот при лой, оқои Бек!

Бги дега! Проблемаи охрана ё худ «муҳофизон». Чуноне қаблан гуфта будем, ҶДММ Корвон+ ҳамчун ниҳоди ҳуқуқӣ уҳдадор аст, ки минтақаи зери тасарруфашро, ки худро соҳибмулки он мешуморад, бо об, барқ, бехатарӣ таъмин намуда дар тозагӣ ва оромишӣ он масъул бошад.

Маблағи ин хадамотро аз фонди худ пардохт намояд. Вале, чуноне дидем, худро дар назди ягон ниҳоду хадамот масъул намедонад. Ҳатто ба ҳамон бечора фаррошон як тин намедиҳанд, ки сахттарин корро мекунанд. Дар як моҳ, бечораҳо аз сари ҳар дукон 8 сомонию 10 сомонӣ, бо гарданкаҷӣ, худ ҷамъ мекунанд!

Ин бозори мост ё аз ту, Раис?!

Ҳама маблағҳои шартномавиро ба гардани тоҷирон мезанад. Барзиёд маблағ меғундорад. Назди иҷоранишинонаш гузориш оид ба масрафи миқдори маблағи  шартнома бо хадамоти ҳифозату бехатарӣ ва дигар ниҳодҳо, намедиҳад.

Ҳарчӣ қадаре хост меғундорад. Ҳарчӣ қадаре хост мепардозад. Боқимондааш дар кисаи мутасаддиёни муфтхӯр. Ростӣ, ҳоли зори муҳофизони ин бозорро ҳамагӣ тоҷирон медонанд. Медонанд, ки маблағи моҳонаи онон на ба либосашон мерасаду на ба палосашон, вале аз бекорӣ кадукорӣ!

Билфарз, дар бозори Корвон+ 4500 ё 5000 тоҷир бошад (миқдори аниқашро Раис бояд донад)-у ҳар моҳ аз якоякашон ба миқдори 40 сомонӣ барои «ахранапулӣ» ҷамъ кунанд, ки мекунанд, миқдори умумии ин маблағ мешавад: 5000×40=200.000 сомонӣ. (Ду сад ҳазор сомонӣ).

Ва, агар ба ширкати муҳофизатие, ки ҳифозати ин бозорро ба тарзи 24-соатӣ ба ӯҳда дораду 50 корманд дар 2 баста кор мефармояд, ба ҳар 50 нафар ҳам 2000 сомонӣ маош диҳад мешавад:

50×2000=100.000 сомонӣ. (Гумон намекунам, ки онон 50 тан ҳам бошанд, ба ҳар ҳол)

Ниме аз ин маблағ, ки (- +) 100.000 сомонист, ба қаъри кисаи бозоркомҳо меравад. Дар ҳоле ки, чи гунае қаблан зикр кардем, бояд ҶДММ КОРВОН+ худ маблағи шартномаҳои зарурияшро супорад. Чунки бозор бозори ӯст -ку. Уҳдадориҳо ба зиммаи Раис аст на «иҷоранишинон».

Ё не?

Шартнома бо ин ниҳод чунин аст: «Иҷрогар» ҶДММ «КОРВОН МУҲОФИЗ».

Суроға, ш. Душанбе, кӯчаи Даври ҷанубӣ, 3. Директор  Саидов З. Н. Мушкили аз ҳама безеби ин муҳофизини аз кӯчагирдоварда дар он аст, ки натанҳо бо харидорон,  ҳатто бо тоҷироне, ки рӯзашон аз ҳисоби инҳо мегузарад,  бадгуфторию дағалӣ мекунанд. Тибқи реҷаи тартибдодаи Раёсат аз соати 7:00 то 16:00  соҳибкорон ҳуқуқи тиҷоратро доранд. Аз соати 15:00 шурӯъ даромад ба ин ҷо манъ аст. Аз соати 16:00 то 18:00 ба мошинҳои боркаш иҷозат аст, ки бидуни пардохти як сомонӣ, колоҳои зарурии тоҷиронро ворид кунанд.

Вале, сагсифатии ин ҷамои «бечорамуҳофизон» ҳамин, ки ақрабаки соат ба 15:00 расид, оғоз меёбад. Ҳаркиро хостанд аз пушти дар, агарчӣ борҳояш дар дохил монда бошад ҳам, меронанду бадлафзиву дӯғу пуписа мекунанд. Аз шаҳрвандон ришва гирифта дохил мекунанд. Зарур шуд, кашталҳо «каштал ба каштал» мешаванд!

Аз соати 16:00 дигар тоҷирон ҳам аз бинӣ боло гап задан наметавонанд. Ака, иҷа хира наша. Бра ай дарвозаи якум фақат дро. Т соҳибкорӣ, тоҷирӣ кие бошӣ, мада фарқ нест. Бисёр дод наза, ки ҳози мезанм пачақт мекнм.

Намедрой, бги дара қлф кн! Брорш. Бро ай иҷа! Намедрой, чхел фаҳмидӣ?!

Ҳе, ака ай 10-ум дарвоза 1 -ум равм, барои дромадан?

Ҳо. Мерай.

Ҳамин аст дигар системае, ки бо пули худамон бар алайҳи худамон сохтаанд!

Арабҳо мегӯянд: сагатро фарбеҳ кун, поятро мегазад.

Носири Хусрав мегуфт: аз мост, ки бар мост!

Дуюм кори бадашон ин аст, ки ҳар тоҷире хоҳад, пас аз интиҳои рузи корӣ дар бозор монда, масалан дуконашро барои рӯзи фардо омода кунад,  ё борҳояшро оварда ҷоба ҷо кунад, ҳатман бояд рафта аз сармуҳосиб як варақаке, ки қаблан мӯҳру имзо аз номи Раёсат дар он дарҷ гашта астро ба маблағи 10 сомонӣ «брон» кунаду оварда, ба якояки муҳофизин, ки қаторак саф кашидаанд, ки касеро ёбанд, ки «иҷозатнома» надораду як чизашро канда, пасон дафъ шаванд, нишон диҳад. Пас аз он ҳамон реҷаи маъмулии иҷозати бепули то соати 18:00 -и худро ба даст оварад.

Аҷибаш инки, ҳамон дарвозаи 1-уми паҳлӯи «Пожарка» ҷои сердаромади муҳофизону сарваронашон буда. Ҳар мошине ворид гашт, то 10 сомонӣ 20 сомонӣ напардозад, иҷозати вуруд надорад. Худам чанде пеш маҷбур шудам 10 сомонӣ бипардозам, дар ҳоле ки 20 сомонӣ талаб мекард. Пас, муҳофизон ҳам аз ҳамон вазифадорони давлатӣ ҳеч камӣ дар амалкарду ғорат надоранд.

Ҳар мансабхаре омада мансабро вақте баҳо монда мехарад, ки барояш «отчет» диҳанд, ки агарчи маоши ин вазифа, масалан 3000 сомонӣ бошад ҳам, он «даромад» дорад! Даромаду мазмуни фалсафии он реша дар давлати Аморати Бухорои мо дошту дорад.

Вазифаи бо маоши 3000-сомонаро мехаранд бо 20 ҳазор доллар. Бонуси ин маоши 3000-а ҳаст, сари ҳар моҳ 10 ё 20 ҳазор доллар!

Ҳам маош мегирӣ. Ҳам стажи корӣ касб мекунӣ. Ҳам бо кору бори бачаҳакои боло дар шуримурӣ ва обулойи маблағу пулшӯӣ ошно гашта, ҳам «даромад» ба даст меорию ҳам фукт чухт, гапт да любой ҷо мегзарад, ҳам зани дуюму севвум мегирию ҳам дар маъракаҳо бологузару ҳам эътимод ба нафсат меравад боло!

Чуноне худи Раҳмонов мегӯяд: пеш чӣ доштен, ҳозӣ чӣ? Эй, шукрона намекнен?! И карру фарра мебинӣ….

Ҳамин гуна корҳо дар Корвон дар ҳоли  рухдодан асту сақаи касеро ғам нест.

Мошин дро 20 сомонӣ

Ароба 10 сомонӣ

Иҷозатнома 10 сомонӣ. Вале, вақте боре хостам бисанҷам, ки ҳамон иҷозатнома чӣ рангу раҳмон доранд, сарамнияти бозор гуфт, додар иҷозатнома пиҷозатнома гуфтанӣ гап нест. Бра ай дари якум бе проблема борота дрор. Ахраникора бгу кори хтона кнен.

Вале бори дуюм як охраник омад, ки ту ай боло ҳам иҷозат дошта бошӣ, да иҷа иҷозатнома нишон те. Гуфтам: кори хта кн. Гуфт, ҳолӣ бин. Точката печат мезанм.

-Печат зан.

-Ало, сардор, иҷада беиҷозатай бо гапгардонӣ дора.

-Кияй? Кадом дарвоза? 6-ум дарвоза. Сектори 12. Қатори 2-юм.

-Эй, дафша ай пешуш. Ӯ иҷозат дора. Зуд иҷа биё

Ва ман иҷозатномае даркор надоштам, чун он аслан ғайриқонунист. Роҳи осони пулканист.

Тоҷирони муҳтарам, дигар «иҷозатнома» нахареду  доля ба инҳо надиҳед. Чунки худи сарамниятии Корвон+ гуфт: ихелӣ гап нест. Иҷозатнома гуфтанӣ гап нест. То соати 18:00 бра кору борота дидан гир.  Барори кор. Баҳриддини халтабадаст ва навомадагони пайравӣ ӯ. Ё худ ҷӯгӣ рафту ҷӯгӣ омад. Тоҷирони муҳтарами бозори Корвон+, ёдатон ҳаст вақте Оев Аҳрор инҷо раёсат дошт, як язна дошт-  Баҳриддин? Ҳамон аблаҳ ҳар рӯз аз саҳар то бегоҳ як телефон дар дасташ дум-думи тоҷирону хурдафурӯшон мегашт, якеро ришашро акс мегирифту дигареро сатрашро ва он ҷодафурӯшонро ҳеч баҳона наёфта, аз себу ангуру хурмову нашпотию лимуву нону карамашон як-то, ду-тоӣ мусодира намуда, дар даст як селофан ҳамаро рӯи ҳам ҷамъ карда, мебурду бо зану кӯдакаш мехӯрд. Ӯ бо ҳама ҳамоқаташ, бо додарарӯсаш Оев рафту гуму гӯр шуд.

Бало ба пасаш, ҳоло як татум риш ҳам гузошта, муллочоптовранг шуда гашта аст….

Аммо, чӣ шуда ин низомро, ки ба гуфти сафири Русияи тазорӣ дар аҳди Аҳмади Дониш: Ҷаноби Аҳмад, ин давлати шуморо чӣ бало зада, ки ҳар боре як сафир Ҷаноби Олӣ мефиристад, баъдинааш аз пешинааш аблаҳу нодонтар аст?! Оре, ҳоло ҷои Баҳриддини ғулпайкару ғулсифатро, айнан мисли ӯ, бал аз ӯ кавдантар пур карда аст. Дар тан куртаи кабуд. Шикам барозида. Қад чун дев ёзида. Бо ин ҳама нерӯву дасту бозуи Рустамона, боз ҳам кулбори гадоӣ дар каф, аз дукон ба дукон як-та, як-та: собун, шампун, духӣ, влажний салфетка, хамираи дандоншӯӣ ва дигар ниёзҳои мубрами рӯзгори худу оилаашро бо чунин услуб мегираду дар борхалтааш чун ҷӯгиён меандозад: созӣ, брат.

-Соз.

-Хдо соз бошӣ.

— и чияй?

-и собун.

— ака, чансмай?

-фалон сомонӣ

— барои мо чӣ?

-12 -ай, 10 гир

— додар, ростӣ, ҳозӣ ягон см надорм,  Ба Хдо, баъд плша метм, мешава-мешава.Тамом гирифт рафт. Дига на пайш ҳаст на ҳайдарш. Боз чанде пас миёд. Такрори қисса. Такрори зиндагии шармовар. Нозеб барои як марди тоҷик!

Боз аз «мард будану нар будан» мелофанд….

Мутаассифона, Баҳриддини ландаҳур девонаи ба кори худ ҳушёр гурги танҳогард буд.

Ин нозирони нав 2 тан, якҷо мегарданд. Ҳама ҷо… ҷуфт….

Халат пӯшед. Ғалат пӯшед.

Ё чаро амнияту убопиёну прокуратура халатсанҷӣ меоянд, на ғалатсанҷӣ.

Кор надоранд нозирон. Кор надоранд ҳозирон. Кор надоранд убопиёну амниятмардон. Кор надоранд муҳофизон. Дар зоҳир гӯё касе ба касе дар ин кишвари Оҳуроӣ коре надоранд, ки орзуи ширини Афлотуну Ғаззолӣ буда, ки «Мадинаи Фозила»-ро хаёлпардозӣ кардаанд, дар дарозои таърих. Ва боз ягона орзуи ширини мо- демократияхоҳон низ як чунин давлатест, ки касе ба касе кор надошта бошад.

Ва шоир гуфта:

Ватан онҷо, ки озораш набошад

Касеро бар касе кораш набошад.

Аммо, ҳамин қадар гуфтему мегӯем, ки мо шаҳрвандони комилҳуқуқи ҶТ аз рӯзи аз модаронамон ба дунё омадан, то ба дами маргу нобудӣ озодона ба дунё омада, ҳуқуқи озодона зистану интихоби озодро дорем, вале на. Инҳо бояд ба ҷои мо тасмим бигиранд. Юниформҳои дар зершуурашон аз аҳди Шӯравӣ боқимондаро, беҷикҳои малъуни конслагерҳои аҳди Ҳитлерро оварда, ба танамон иҷборан мечаспонанд. Вале, ҳадафи ягонаашон, пеш аз ҳама,  пул кор кардан, сониян худнамоист, ки гӯё доранд «корҳое, навигариҳое» анҷом медиҳанд. Бекор нестанд. Ва, ҳамин, ки селаи мақомдорон вориди ин «конслагер» шуданд, нозирону муҳофизону масъулони бозор, зуд-зуд, ҳаккастзанон, шагаткунон, раста-раста мегарданду чун ҷорчиёни Бухорои Шариф, фашшост зада, меаранд: халатта пӯш! Зуд кн. Бачаҳои боло дромадагиян! Зуд кн. Мода гап нараса!

Оғоёне, ки имрӯз рӯи курсиҳои прокуратура, аминият, убопу УУР тулонӣ барнишастаед, магар дар Бозори Корвон+ чӣ кор мекунед ин ҳама?

Инҷо соҳиб дорад. Раис дорад. Реҷаи корӣ дорад. Низомнома дорад. Соати корӣ дорад. Тартибу интизом дора. 11 кабинети барҳаво, ҳамагӣ пур-пури саркорон.

Шумо боз чӣ мекунед инҷо? Гаштак? Чойгардак? ХАБАРГИРӢ? Зиёрат? Сафар андар ватан? Сафари корӣ? Тартибот? Танзимот? Аҳволпурсӣ? Назорат?

Чӣ?

Халатсанҷӣ? Ғалатсанҷӣ?

Проверка, ба гуфти худҳотон?

Доляситонӣ? «Мавводкобӣ»?

Не! Ҳичӣ. Бозори бедарвоза. Тоҷирони рӯ ба раҳми Худо.

Бас аст, дар ниҳоят. Дигар наоед. Касе шуморо инҷо мунтазир нест.

Ман он наям, ки яксара тадбири мамлакат,

Таслими ҳарзагарди қазову қадар кунам.

Ҳар падидаву раванде, ҳарчанде тулонӣ бошад ҳам, рӯзе фарҷом дорад, чун умри одам, ҳар муштзӯрие ҳам интиҳо дорад…

Ҳар ончӣ мекунӣ, бикун, эй душмани қавӣ

Ман чун, агар, қавӣ шудам, аз ту батар кунам?!

Ягон чизи мусулмонӣ дорӣ?

Имрӯзҳо дар растабозорҳо,  Фирдавси Раисаку Хидмати нозиру 2-3 думравонашон гаштаву «чизи мусулмонӣ» мекобанд. Ҳама шалвору ҷелакфурӯшонро дуконҳошонро муҳргузорӣ кардаву ҷаримабандӣ доранд. Ҷойнамозу тасбеҳу Қуръоне дигар боқӣ намонд. Омаданду моли «мусулмонӣ» ҷустуҷӯ доранд. Ҳамин Фирдавсе, ки ин қадар тоҷиронро ба дод оварда аст, имрӯз бо фуки чухт пайи «тафтиш» аст! Ана ислоҳоту мана қарор! Ба гӯши хар азону ба гӯши кар карнай!

Суҳбат бо  Ятимов. Гумон доштам, ки худат одами аҳли фаҳмӣ. Ҳам дар масоили атеизм ва ҳам ислому радикализм огоҳӣ дорию мақолаҳои «илмӣ»-ятро хондаам. Инки мунтахаботи осор ҳам дорӣ, огоҳам. Вале наход то ин ҳад мақоми зери тасаллутатро дар чашми мардум касифу кавдану нофаҳму аблаҳ ба намоиш гузорӣ? Ин амалкардҳо ба сатҳи амали як инсони «академӣ», аҳли илм, маърифат, хирад, огаҳӣ, амниятӣ, созгор нест. (Ҳамин услуби калимаҳои пайравро қаторак карданро аз шумо омӯхтаам. Хубу бадашро ҳоло намедонам). Наход дар олами материя, чуноне, ки шумо мегӯед, ягон  материяе «исломӣ», «ҷуҳудӣ», «тарсоӣ», «заратуштӣ» буда бошад? Наход собуну шампуну атру хамираи дандон «мусулмонӣ» бошад? Ва аслан, ҳамин мафҳуми «мусулмонӣ» аз дидгоҳи илмии  шумо ба чӣ мафҳуму зуҳурот итлоқ мешавад? Мусулмонӣ чист?

Колои мусулмонӣ, либоси мусулмонӣ, хӯроки мусулмонӣ, пули муслмонӣ…. шояд ақле ҳам «мусулмонӣ» бошад?

Ман намедонам. Аҳли ин қарору қонун нестам. Вале инсоне, ки мағзаш зери категорияи донишандешӣ  мефикрад, ин гуна набояд рафтор дошта бошад. Ин рафтори хирадмандонаву оқилона нест.

Амалкарди инсоне буда метавонад, ки ғайриоқилона андеша ронаду ҷоҳилона қарор барораду аблаҳона пайи иҷрояш кушад… Материя, чуноне медонед, қабл аз падидаҳое чун кешу мазҳабу ҳатто хирад арзи ҳастӣ карда аст.  Материя қадим, ки бошад бигзор ҳамчун материя тасниф шаваду зери бору овори «мусулмонӣ» воридаш насозед. Бигзор материя материя ва муҷаррад боқӣ монад.

Пешниҳод: мағозаи 169 ро харида бароям диҳед. Чунки ин фитнаро шумо барангехтед, ба василаи Муҳсини занмиҷоз дар байни соҳибкорон тухми нифоқ коридед. Туҳмату баду бадроҳа гуфта, балво барпо кардед, вале чуноне мегӯянд: ҷангеро, ки қудрати хотимаашро надорӣ, оғоз накун.

Шумо бесаводони мактабнахондаи ғоибхон (заошники) мебинам нотавонтар аз онед, ки тувалетеро роҳбарӣ кунед, чӣ расад ба шаҳрдорию бозордорию вазифаҳои қудратӣ-интизомӣ!

Агар хоҳед, ки раунди 4 -уми ин гиребонгирӣ хотима ёбаду ман ҳам қаламамро дар дигар самт равона кунам, пешниҳодро бипазиред.

Медонам, ки бо ин майдондорӣ коратон ба ҷое намерасад, ҳамон гуна, ки Ғаффор Седой мегуфт: ман аз тиру туфангу ҷанг наметарсам, вале ҳамин ки назди микрофону майдони иттилоотӣ қарор бигирам, пойҳоям меларзанд. Пешниҳоди ман ҳамчун як шаҳрванде, ки аз дасти шумову ҳомиёни мақомдоратон, ки вазифаи аввалиндараҷаашон ҳимоят аз якояки шаҳрвандони ҶТ аст, на ҳимояи дуконҳои ғоратию ғасбкардаи шумо, ин аст: шумо сар аз соли 2020, аз замоне, ки дуконамро дар дарвозаи 6-и Корвон+ чапа кардаву сарсонам кардед, ба ҷои дастгирию кумак, дар РКҶҶ ВКД бо дасисаи двоишники дипломхарида (Олимов Муҳсин ва Олимович Саид, ки гумон доштам ҳамсояҳои хубамонанд), барои руйпӯш кардани кирдори ҷиноятӣ ва ғайриқонуниятон, маро ғайриқонунӣ, берун аз доираи салоҳиятатон, бо як занги телефонӣ, ки гӯё ман «ба хориҷа бо касе алоқа карда бошаму ниёз ба тафтиши телефонам доред», аз хонаам дар 7-ум км Душанбе, дастгир ва бидуни ягон огоҳӣ ба душному шиканҷаам пардохтеду пасон, он кудаки мактабнахондаатон, ки даҳонаш бӯи ширу кунаш бӯи сиба мекард, бароям тарзи навиштани «забонхат оид ба шиканҷа нашудан»-ро дикта мекарду ҷумлаҳои бесаводона ва калимаҳои хатояшро аз пеши худ ислоҳ мекардам, ки фардо барои торих шуда нагӯед, ки ман- Исоев Суҳайлӣ Ҳабибович, фарзанди пулиси собиқ ва обигармии «аризабози ручкабакиса «шиканҷанома»-ро пурғалат менигоштаам! Вой бар ҳоли ин ниҳод, ки кӯдакистони деҳаи мо аз он як сару гардан дар ахлоқу инсонияту тоҷикият болотар аст.

Боз ришханд мезадед чун хукҳои парвоӣ, ки ман чаро «мн» мегӯям! Решаи маҳалгароиро ман дар ниҳону ниҳодатону дар косахонаи мағзпарешатон дидаам!

Боз он Ҳоҷӣ Аминатон пуписа мекард, ки «ина, ҳами мардак (ишора мекард ба акси Сарвари Фронти Халқӣ), рафт дар Афғонистон қатӣ пешвотон даст дод мардак барин, ҳамара бахшидем. Бо, чӣ ҳамӣ шумо мардуми ай Файзобод усу, да дилтон ким-чӣ хел бадбинӣ нисбат ба ҳами ҷанобу давлат дорен?! Ягон кас да қади раҳ боротона гирифтай? Амнияттона халалдор кадай? Дуконотона, ҳолӣ метиян. Чапа намекнан, бозсозӣ, ободӣ мекнан…

Аллоҳ ризқа мета, медонӣ?

-ҳо…

Да Қуръон ҳамӣ гап ҳаст, медонӣ да кадом сура?

-не…

-да сураи Нисо..

-хуб… мерам мебинм.

Ҳоҷӣ Амин, надонистӣ бо кӣ оид ба Қуръон дорӣ гап мезанӣ. Намедонистӣ, ки ман киям, падарам кӣ аст. Ҳамин, ки занмиҷоз Муҳсинатон ба гуфтӣ худаш «любойша я мебарм так-так мекнм, сокша меҷафм, миёнша мешканем, агар ҳичӣ нашид, званим боло мерава», мехост маро алови чашм бигирад? Маро шиканед? Ба василаи ман званияш боло равад?

На, ҷанобон,  кӯдакони кӯдакистони ба номи РКҶҶ, роҳ ғалат рафтед. Шумо суроғаро ғалат кардаед!

Ба дигар намуди «махлуқ»  случайно сар ба сар шудед!

Хирси хуфтаро бедор кардаед!

  Пешниҳод: ман тоҷири дукони 130-и Сектори 12-и бозори Корвон+ дар натиҷаи амалкарди хашини шумо ҳам садамаи равонӣ ва ҳам моддӣ дидаам, ки тибқи ниме аз моддаҳои Сарқонун, дар пешгоҳи қонун, якоякатон ҷавобгаред! Бояд аз шоҳ то гадо ба доираи қонун баргардем. Бас аст анархияву манархияву «ҷанги ҳама бар зиддӣ ҳама» эълонкардаи «ғолибони ҷанги шаҳрвандӣ»!

Шумо, нисбат ба ман, шаҳрванди комилҳуқуқи ҶТ моддаҳои 5, 8, 10, 11, 12, 13, 30, 31, 32, 35, 36, 40, 42-ро дағалона поймол кардаед. Махсусан моддаҳои 32-ро Раиси собиқ, Оев Аҳрор ва ҳозираи Корвон+ Раҳмонов Т. Қ.  поймол кардаанд. Моддаи 5-ро бошад командаи ҳақири Шоҳрухи Фаттоҳ поймол кардаанд. Моддаи 36-и қонуни Асосиро судяи суди н. Шоҳмансури ш. Душанбе, Исозода Баҳром Чилахон бо бешармӣ, нисбат ба ман, нодида гирифт, ки қаблан арз карда будам.

Моддаи 42-ро ҳам, ҳамагӣ аз Сардори давлат ба дигар мансабдорони «сохти конститутсионипараст» ба пуррагӣ поймол кардаед! Боз дам аз риояи бечунучарои қонун нисбат ба шаҳрвандони ҶТ, ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, моликияти шахсӣ, ирзу номус, ҳуввияту ҳайсият, дороию манзил, дахлнопазирии ҳаёти шахсию ҷамъиятӣ мезанед?

Пешниҳод: Олимов Муҳсинро аз вазифааш, ки Раёсати УУР-ро дар назди шаҳрвандон бадному «кунтехона» муаррифӣ кард, аз вазифа, фавран озод кунед.

Ман дар мағз -мағзи вуҷудам, нисбат ба касби пуршарафи падарам эҳтиром дорам.

Ин ниҳодҳои ҳифзи миллати тоҷик набояд ҳизхонаи ҳизалакон бошад! Ҳазлу масхарахонаву сирк ҳам набояд бошад. Агар ӯро аз ин симат нарондед, пас оид ба тамоми амалкардҳои чандинсолаи Муҳсин, падараш ва амакаш, ки собиқ ҷинояткардаи озодгаштаи дубора ба мансаб баргашта асту дигар масоили оилавӣ (маҳрамона) маълумот пешниҳод хоҳам кард.

Тардоманон ҳамаро тардоман мапиндоред!

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо

Чӣ олимҳо шавад ҷоҳил, чӣ ҳоҷиён шавад расво…!

Мебинед, огоҳ шудед, ки дар байни шаҳрвандон киҳо ба ҷои оромишу дӯстию сулҳу сафову оромиш, фитнаву буғзу кинаву душманӣ мекоранд?

Кадом ниҳодҳо оромиши ҷамъиятро халалдор мекунанд?

Кадом мансабдорони бесалоҳияти «салоҳиятдор» ба ҷои ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба онон таҳоҷум ба роҳ меандозанд?

Ҷамъиятро ба дудастагию низоъ мекашонанд? Ба решаи ин миллат теша мезананд?

Шумо пиратед ё намояндаи давлати ҳуқуқбунёд?

Наберагони Чингизед ё аз табори ориёву дудмони овозадору некноми Сомониён?

Шумо кистед, ҳаюлоҳо?!

Пешниҳоди ниҳоӣ:

Ман, қаблан дар сафи аввали ин раста дукон харида будаму онҷо одат доштам. Ва 1 метр боқимондаи дуконам то ҳол аз ҷониби раиси Корвон+ ғасб шуда, ба шаҳрванд Самӣ фурӯхта шуда аст.

Аз ин рӯ, тибқи талаботи моддаи 32-и Сарқонуни ҶТ «Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад»-ро рӯёнда ба ман пардохт намоед!

Пешниҳодам барои хотимаи ин даъво ин аст, ки дукони 169-и ин растаро, ки аз ҳамсояам Фарҳод мебошад, харида бар ивази он ҳама амалкарди ғайриқонуниятон ҳамчун ҷуброн ба ман вогузор кунед, то ба ҷои собиқам интиқол ёбаму чуноне гуфтам, пайи дигар корам бошам.

Акаи Фарҳод, ки дар натиҷаи боз як амалкарди «сиёсати хирадмандона ва дастгирии соҳибкорони хӯрду миёна» аз ҷониби шумо, аз ҷойнамозфурӯшӣ даст кашид, дуконашро қасди фурӯш дорад.

Ҳамон гунае, ки аз ҳисоби ҳазорон дукони тоҷирон- шаҳрвандони ҶТ, шумо тули ин 4 сол миллионҳо доллар манфиат дидед, ман ин дафъа аз шумо, дукони 2×2 талаб дорам! (Аз дукони ман бошад тули 4 сол аст, ки ба тариқи иҷорасупорӣ ба Самӣ, зиёда аз 200.000 сомонӣ ё бештар пули нақд ба ҷайб даровардаед!)

Дуконашро бихаред, на бо нархи «давлатии масхарагӣ», балки он миқдор, ки арзиши бозорӣ дорад, бипардозедаш: ҳам ӯ сари пирӣ биосояд, ҳам мо ба ҷои хеш баргардем.

Аз шаҳрвандоне, ки бо сабабҳое берун аз ин марзу буми аҷдодии ҳамагиямон қарор доранд, бо як виқору ҳавобаландӣ дархост мекунед, ки биёед мард бошед, дар дохил аз ҳуқуқи худ бигӯед; дар Тоҷикистон ҳуқуқи ҳичкӣ поймол нашуда аст. Ҳама аз зиндагӣ розӣ. Фақат ҳамин шумо «хоино» ба сари ҳукумат, аз дур, «санги маломат» мезанену «туҳмат» дар ҳаққи раҳбари давлату мансабдорони «фарзонаи миллат» мекунед!

Ина…..

Ҳамин гӯю ҳамин майдон.

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,

Агар рубаҳ далер афтод, ки шер аст.

Шояд шумо ҳам аз ин пас, ба ҷои рубоҳӣ далерию шерӣ кунед?!

Кӣ медонад…

Чу шерон шер бинанд, шерӣ кунанд.

Миёни палангон далерӣ кунанд.

Чу бузинагон гирди ҳам омаданд,

Ба шаҳват биғутанду серӣ кунанд.

Share This Article