Чанд ҳадисе дар бораи фазилати Қуръони карим

Ислоҳ нет

Чанд ҳадисе дар бораи фазилати Қуръони карим

1.) Усмон ибни Аффон (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро омӯзад ва ба дигарон таълим диҳад». 
(Бухорӣ ва Муслим)

2.) Абӯмусои Ашъарӣ мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Қуръон ҳуҷҷате аст ба нафъи ту ё ҳуҷате аст алайҳи ту» (агар онро тилловат намоӣ, ба он амал кунӣ ҳуҷҷате ба нафъи ту хоҳад буд, дар ғайри ин сурат ҳуҷҷате алайҳи ту хоҳад буд).
(Имом Муслим)

3.) Модари муъминон Оиша (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Касе, ки дар хондани Қуръон маҳорат дорад рӯзи қиёмат манзалате монанди манзалати фариштагони бузургвор ва некӯкор хоҳад дошт, ва касе, ки бо гирифтани забон ва сустӣ онро тиловат намояд, ду подош дорад».
(Бухорӣ ва Муслим)

4.) Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки: «Паёмбар (с) фармудаанд: «Худованд ба василаи ин китоб миллатҳоеро боло мебарад ва милатҳои дигареро ба зиллату хорӣ мекашонад».
(Имом Муслим)

5.) Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе, як ҳарфе аз китоби илоҳиро тиловат намояд, як некӣ барояш навишта мешавад, ки он некӣ даҳ баробар аҷру савоб дорад. Ман намегӯям: «الف لام ميم» ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф, ва мим як ҳарфи дигар аст».
(Имом Тирмизӣ)

6.) Абӯсаиди Худрӣ (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳамеша бо ёди Худованди Мутаол бош ва Қуръонро тиловат кун, зеро бо тиловати Қуръон рӯҳат дар осмон ва зикрат дар рӯи замин ба шумор меравад».
(Имом Аҳмад)

7.) Ибни Масъуд (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «ҳар касе дӯст дорад, ки муҳаббаташ нисбат ба Худованд ва паёмбараш (с) зиёда гардад, Қуръонро аз мусҳаф тиловат намояд.» (яъне бо нигоҳ кардан аз рӯи Қуръон тиловат намояд).
(Байҳақӣ)

8.) Ибни Умар (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Ғибта хӯрдан фақат бар ду нафар ҷоиз аст: 
1. Шахсе, ки Худованд бар ӯ Қуръон иноят намудааст ва ӯ Қуръонро шабу рӯз тиловат менамояд. 
2. Шахсе, ки Худованд ба ӯ мол иноят фармудаанд ва ӯ молашро шабу рӯз садақа менамояд». 
(Бухорӣ ва Муслим)

9.) Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Чӣ қадар бад аст барои касе, ки мегӯяд: фалон ва фалон оятро фаромӯш кардам, балки фаромӯш гардонида шудаанд. Қуръонро зиёд тиловат кунед, зеро Қуръон зудтар аз фарор кардани шутур аз синаи мардум мегурезад».
(Бухорӣ ва Муслим)

10.) Абӯмусои Ашъарӣ мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Муъмине, ки Қуръонро мехонад ва ба он амал мекунад монанди гулобе аст, ки таъми хуб ва ҳам бӯӣ хӯш дорад. Ва муъмине, ки Қуръонро намехонад,вале ба он амал мекунад монанди хурмое аст, ки таъмаш ширин аст, вале бӯй надорад. Ва мисоли мунофиқе, ки Қуръонро мехонад, монанди райҳон аст, ки бӯяш хӯш, вале таъмаш талх аст. Ва мисоли мунофиқе, ки Қуръонро намехонад монанди ҳанзала ҳаст, ки таъмаш талх ва ҳам бӯйи нохуб дорад».
(Бухорӣ ва Муслим)

11.) Ҷундаб (раз) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Қуръон бихонед, то замоне, ки дилҳои шумо бар он инфоқ доранд ва ҳар гоҳ дар он ихтилоф намудед равед» Ё ин,ки «то замоне, ки ҳузури қалб доред, Қуръон тиловат намоед, аммо ҳангоме, ки ҳузури қалб надоред ва фикратон пароканда гардид онро тарк намоед».
(Бухорӣ ва Муслим)

12.) Абӯҳурайра (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «ҳар гоҳ гурӯҳе аз мардум дар яке аз хонаҳои Худо (масҷидҳо) ҷамъ шаванд ва китоби илоҳиро тиловат кунанд ва онро барои якдигар бихонанд, оромиш барои онон нозил мешавад ва фариштагон онҳоро иҳота мекунанд ва Худованд ононро назди фариштагон ёд менамояд».
(Имом Муслим)

13.) Абдуллоҳ ибни Умар (раз) мегӯяд: Паёмбар (с) фармудаанд: «Рӯза ва Қуръон барои банда шафоат мекунад. Рӯза мегӯяд: Павардигоро! Ман ӯро рӯзҳо аз хӯрдану нўшидан манъ кардам, пас шафоъатамро дар мавриди ӯ қабул намо. Ин ҷост, ки шафоати онҳо пазирӯфта мешавад».
(Имом Аҳмад ва Табаронӣ)

14.) Бурайда (раз) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе,ки Қуръон хонад ва ёд бигирад ва ба он амал намояд, рӯзи қиёмат бар сари падар ва мо дараҷоте аз нур мегузоранд, ки нуре монади нури хуршед дорад. Ҳамчунин либосҳое ба онҳо пӯшонида мешавад, ки аз ҳамаи дунё арзиши бештар доранд. Онон мегӯянд: Ба сабаби чӣ амале ин либосҳоро ба тани мо намуданд? Ҷавоб медиҳанд: ба сабаи инки фарзанди шумо Қуръонро фаро гирифтааст».
(Ҳокими Нишопурӣ)

15.) Умар ибни Хаттоб (раз) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳамоно ин Қуръон бар ҳафт ваҷҳ нозил шудааст, пас бо ҳар қироате, ки барои шумо осонтар аст онро хонед».
(Бухорӣ ва Муслим)

Share This Article