Чаро Иҷлосияи 16 ногузир буд?
Муқаддимаи кӯтоҳ
Ҳар қадар замон аз баргузории Иҷлосияи16-и Шурои Олии Тоҷикистон мегузарад, ба ҳамон андоза паёмадҳои фалокатбору фоҷиаомези он барои мардум, миллат ва ба вижа давлати тоза ба истиқлолрасидаи тоҷикон бештар намоён мешавад. Амалан ин иҷлосия истиқлоли давлатиро нобуд кард, Тоҷикистонро ба фарқ аз тамоми ҷамоҳири пешини шуравӣ дигарбора ба тобеияти Русия бозгардонд. Мубориза ва пайкори неруҳои нави сиёсӣ, озодандешону истиқлолхоҳони воқеии ин миллат тавассути як идда аз ҳамватанони бардахӯ ва ватанфурӯш ва бо зӯру қудрати Русия ва Узбакистон шикаста ва маҳор карда шуд.
“Имсол аз баргузории ин Иҷлосия сӣ сол пур мешавад. Он дар нимаи дуввуми ноябр ва авоили декабри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Ин иҷлосия агарчи изтирорӣ ва фавқулоддаву ғайринавбатӣ эълон нашуд, аммо он ҳам изтирорӣ ва ҳам фавқулодда буд. Дар маҳалли муқаррарӣ -бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир нашуд. Бинои иҷлосия аз тарафи хадамоти амниятии кишварҳои хориҷӣ: -Русия ва Узбакистон муҳофизат ва назорат мешуд.”
Ҳокимият дар кишварро нав кард. Ба ҳокимияти чанд даҳаи хуҷандиҳо хотима бахшид. Афроди комилан дигари ношинохта, номаълум ва ношоистаеро сари кор овард.
Иҷлосияи 16 ҷанги шаҳрвандиро то манотиқи шарқии кишвар-водии Қаротегин ва то сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон кашонд. Тоҷикистонро вориди ҷанги бародаркуш кард ва аз масири демократӣ комилан берун сохт.
” Ҳайфу дареғи ҳазорон- ҳазор ҷонҳои барҳадаррафта ва шуҳадои гулгункафан, ки барои як давлати озоду мардумсолор ва қонунмеҳвару боадолат, ҷони худро фидо карданд, вале имрӯз ин гурӯҳи ноошно ва ношинохта се даҳа аст қудратро қабза карда як низоми худкомаи диктотуриро дар кишвар ҷойгузин кардааст.”
Ин иҷлосия садҳо ҳазорро овораву гуреза кард, озодиҳои сиёсиву ақидаву баёнро аз байн бурд.
Имрӯз ҳар он чизе ки Раҳмонов ва доираҳои таблиғотии вай дар бораи ин Иҷлосия мегуянд, аз ин иҷлосия тавсифу тамҷид мекунанд, ба худи онҳо, ба Раҳмонов ва наздикони вай ва ба оилаи вай рабт мегирад ва сидқ мекунад. Зеро он дар воқеъ ба Раҳмонов ҳам ном ва ҳам нон дод. Вале ба халқи Тоҷикистон фалокат, бадбахтӣ, мусибат, фоҷиа, ҷанг, гурезагӣ, қашшоқӣ ва диктотура бор овард. Миллате, ки дар соҳати СССР-и пешин аз пешқадамтаринҳо ба ҳисоб мерафт 30 сол аст ки садояш дар гулуяш банд ва хафа шудааст.
Иҷлосия ва паёмадҳои фоҷиабори он ба таври мунсифона ва холисона таҳлилу тадқиқу баррасӣ нашудааст. Ин мақтаъи замонӣ суолу пурсишҳои фаровон ва иттифоқоти ношикофта ва розҳои ногуфта зиёд дорад. Аммо он ҳеҷ гоҳ «таърихӣ» ба унвони мусбати ин калима ва ҳеҷ гоҳ сарнавиштсоз набуд, дар асл он сарнавиштсӯз буд ва дар сафаҳоти таърихи ин миллат ва ватан сабт хоҳад шуд.
“Идораи «Ислоҳ.нет» тасмим гирифт силсилагуфтореро дар робита ба ин Иҷлосия, паҳлуҳои ногуфтаи он, суду зиёни он, дастҳои пушти саҳна ва суолоти дигари вобаста ба он ба нашр бирасонад. Мо кушиш мекунем,то он ҳад ва тавону имконоте,ки дар ихтиёр дорем ин мақтаъи фоҷиъа ва рукуду бадбахтии миллат ва ватанро таҳқиқ ва тақдиматон намоем.”
Чаро Иҷлосияи 16 ногузир буд?
(бахши аввал)
Иҷлосияи16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон баъд аз ним соли фаъолияти номуваффақи Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва баъд аз ду моҳи истеъфои раиси ҷумҳури мунтахаби кишвар баргузор шуд. Ин иҷлосия мебоист пештар доир мешуд, аммо истеъфои нобаҳангому иҷбории Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурӣ замони баргузории онро мавқуф гузошт.
Аммо гап дар сари он буд, ки ҳануз аз замони ташкилёбии Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар 11 майи соли 1992 ҳарду вилояти бузурги кишвар Ленинобод (Суғди имрӯза) ва Кулоби собиқ ва низ водии Ҳисор онро қабул накарданд, балки онро ғайриконстиутсионӣ ва табаддулоти давлатӣ номида муқобили он ба муборизаи мусаллаҳона бархостанд.
14 май, яъне дуруст як ҳафта пас аз ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар Хуҷанд иҷлосияи вилоятӣ бо ширкати вакилони вилоятиву ноҳиявӣ ва депутатҳои Шӯрои олии Тоҷикистон (зодагони ин вилоят) баргузор шуд. Ширкатдорони ин иҷлосия ҲММ-ро ғайриқонунӣ хонда талаб карданд, ки ҳеҷ яке аз қарору дастурҳои он иҷро карда нашавад ва ҳукумати то7 май аз нав барқарор карда шавад.
Нурулло Ҳувайдуллоев, депутати Шӯрои Олӣ ва Додситони кулли Тоҷикистон дар ин иҷлосия суханронӣ карда аз ҷумла баён дошт:
«дар ҷумҳурӣ табаддулоти давлатӣ рух дода ва ашхосе, ки бояд кайҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, ба сари ҳокимият омаданд. Ҳукумати Муросои Миллӣ ва Маҷлиси миллӣ бар хилофи талаботи Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошад ва бояд, ки касе аз вакилони мардумӣ аз вилояти Ленинобод дар кори маҷлиси миллӣ ширкат наварзанд». С.Кенҷаев.«Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ.1
Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар асоси тавофуқи намояндагони тазоҳургарон, неруҳои нави сиёсии Тоҷикистон ва раиси ҷумҳурии мунтахаби мардумӣ Раҳмон Набиев ташкил шуда ва комилан қонунӣ ва дар чаҳорчуби конститусия ташкил шуда буд. Аммо ҳузури неруҳои нави сиёсӣ дар қудратро ҳам элитаи ҳукмрон ва ҳам кишварҳои зинуфузе чун Русия ва Узбакистон таҳаммул накарданд. Аз ин ҷо буд, ки онҳо муваффақ шуданд, ки манотиқи ҷанубии кишвар:- вилояти Қурғонтеппа, бархе аз навоҳии вилояти Кулоб ва низ водии Ҳисорро ба майдони ҷангу даргирӣ бадал кунанд ва аҳолии осоишта ба хотири ҳифзи ҷон ногузир шуд, ки ба чаҳор тараф гуреза шавад. Дигар барои касе пушида набуд, ки Фронти халқӣ аз тарафи Русия ва Узбакистон ошкоро ва аз ҳар лиҳоз пуштибонӣ мешавад.
“Барои Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ вазъият сахт шуд. Узбакистони ҳамсоя роҳи оҳан ба самти Душанберо баст ва Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ амалан дар инзиво ва муҳосираи иқтисодӣ қарор гирифт.”
Ҳуҷуми Сафаралӣ Кенҷаев, спикери собиқи Шӯрои Олӣ дар 24 октябри соли 1992 аз тарафи водии Ҳисор, ки бо сарпарастии Узбакистони ҳамсоя сурат гирифт ба фаъолияи минбаъдаи Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ маҷол боқӣ нагузошт. Дуруст аст ки Кенҷаев дар ин ҳамла комёб набуд, яъне муваффақ ба барандохтани Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ нашуд, вале кафолат ва ваъдаи «бо хоҳиши худ» истеъфо кардани ҲММ ва даъвати Иҷлосия дар хориҷ аз Душанберо ба даст овард.
Илал ва авомил барои баргузории ин иҷлосия хеле зиёд ва ҷиддӣ буданд, вале ҳуҷуми С. Кенҷаев ин равандро суръат бахшид.
Абдумаҷид Достиев, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва раиси онвақти комиҷроияи ноҳияи Коммунистӣ (Кушониёни имрӯза) дар китобаш бо номи «Тоҷикистон –шикастанҳо ва бастанҳо» («Ирфон-2003) ёдовар мешавад, ки ба маҳзи мубориза ва талошҳои роҳбарияти Фронти халқӣ буд, ки Иҷлосияи 16 баргузор шуд:
«Албатта, руҳияи мо чунин аст ки ҳамин ,ки ба озодӣ расидем ,рӯзи тангӣ ё душвориямонро фаромӯш мекунем. Пеш аз ҳама хизматҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев, Сафаралӣ Кенҷаев, Файзулло Абдуллоев, Тағойхон Шукуров ва дигаронро бояд доимо қадршиносӣ кард, ки барои даъвати Иҷлосия истодагарӣ карданд».
Дар қисмати дигари ҳамин китоб ҷаноби А. Достиев таъкид мекунад, ки ин маҳз С. Кенҷаев буд, ки бо миёнравии фармондеҳи фирқаи 201-и Русия Акбаршо Искандаров, и.в раиси ҷумҳурӣ ва раиси онзамонаи Шӯрои Олии Тоҷикистонро водор кард, ки барои даъвати ин иҷлосия дигар диранг накунад ва ҳатто дар ин мулоқот миёни онҳо Созишнома барои баргузории иҷлосия ба имзо расид:
«С.1992.Тирамоҳ. Фронти халқии Тоҷикистон, ки ба он С.Кенҷаев, Сангак Сафаров ,Р.Абдураҳимов ва Файзулло Абдуллоев сардорӣ мекарданд, бо миёнравии командири дивизияи 201 Россия, генерал М.Ашуров, бо Ҳукумати А.Искандаров дар бораи даъвати Иҷлосияи Шӯрои Олӣ, истеъфои Ҳукумату Раёсати Шӯрои Олӣ ва чанд шартҳои дигар, Созишномаро ба имзо расониданд». «Тоҷикистон-шикастанҳо ва бастанҳо». (Душанбе «Ирфон».2003)
Инҷо бояд ба як нукта рушанӣ андохта шавад. Дар ҳамлаи С. Кенҷаев ба Душанбе Рустами Абдураҳим, ки кушта гардид, ширкат дошт. Вале Сангак Сафаров ширкат накард, балки муқобили ин ҳамла буд ва табъан, ки дар мулоқоти Кенҷаев, Искандаров ва Муҳриддин Ашуров ҳузур дошта наметавонист. Дар ҳар ҳол дар ин бора дар навиштаҳои баъдӣ муфассалтар хоҳем гуфт, ки чаро Сангак бо С. Кенҷаев чап шуда буд. Аммо ба маврид аст ки инҷо аз китоби дуввуми «Субҳи ситоракуш»– и шодравон Аслиддин Соҳибназаров иқтибосе биоварем:
«Рӯзе, ки С.Кенҷаев ба тасарруфи Душанбе қадам гузошт, Сангак, албатта бо тавсияи Русия, намехост бо дасти худ, чи тавре иброз кардем, С.Кенҷаев ё А. Абдуллоҷонов ва Р.Набиевро ба сари мансаби якум баргардонад ва худро шахси дуюм ҳисоб кунад».
Аммо Акбаршо Искандаров,иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ ва раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар он шабурӯзҳо, ки тавониста буд ҳуҷуми Кенҷаев ба Душанберо зада баргардонад, дар тамоми суҳбатҳояш бо расонаҳо ва маҳофили мухталиф исрор ва ё фишори Кенҷаев барои даъвати Иҷлосияи 16-ро такзиб мекунад:
“Ақидаи ман, ҳаммаслакони ман ва нафароне, ки он вақт узви раёсати Шӯрои олӣ буданд, ин аст, ки далели асосии баргузории ин иҷлосия вазъияти сиёсии онрӯзаи мамлакат буд. Ин андешаҳо, ки касе моро маҷбур карда бошад, ки ҳатмӣ бояд ҷаласа баргузор намоед, нодуруст аст. Албатта, пеш аз ин иҷлосия нишасте бо ширкати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алматӣ (инҷо дар асл Бишкек аст) доир шуда буд. Онҷо пешниҳоди Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон буд, ки мегуфт масъалаҳои дохилии худро як маротиба баррасӣ мекардед ва қароре қабул менамудед, ки аз вазъияти мавҷуда баромада шавад. Дар газетаи “Самак” чашмам ба матлабе афтод, ки гӯиё баргузории ин иҷлосия аз талабҳои Кенҷаев будааст ва гӯиё мо вақти вохӯрӣ бо ӯ қарор қабул кардаем, ки иҷлосия баргузор мегардад. Ман бо тамоми масъулият гуфта метавонам, ки ин гапҳо тамоман нодуруст аст. Аввал ин ки Кенҷаев ба Душанбе бо қувва ворид шуда буд ва ба воситаи қувва мехост, боз ба сари ҳокимият ояд. Аз ин хотир, вақте мо бо мусоидати дигарҳо бо ӯ вохӯрдем, масъалае, ки ӯ пешниҳод кард, ин буд, ки баргашта ба ҷойи худ, яъне ба вазифаи раиси Шӯрои олӣ ояд. Ман гуфтам, Шумо ҳуқуқшиносед ва худро ҳуқуқдон меҳисобед, мо Шуморо чи тавр раиси Шӯрои олӣ мемонем. Ин вазифа, ки интихобист ва депутатҳои Шӯрои олӣ метавонанд ин масъаларо муҳокима карда ва аз тариқи овоздиҳӣ раисро муайян мекунанд. Ҳоло ки Шумо бо одамони зиёди мусаллаҳ вориди Душанбе шудед, ки нафарони зиёд кушта шуд, чӣ тавр дар ин шароит сессия баргузор карда Шуморо раис интихоб мекунем. Ман бо Кенҷаев ягон мухолифат надоштам ва ин масъаларо ҳам бо ӯ бидуни кадом эҳсосот муҳокима кардем. Гуфт, ман ҳамаро ҷамъ мекунам (депутатҳоро), Шумо кор карда натавонистед, ман бояд раис шавам ва кор кунам. Вале ҳеҷ касро ҳам ҷамъ карда наметавонист. Аз ин ҷост, ки мо кадом маслиҳате ва қарордоде, ки иҷлосия баргузор шавад, бо ӯ надоштем ва танҳо сӯҳбате ҳам ки бо ӯ анҷом додем, ҳамин буд.»
Ин дар ҳолест, ки Абдумаҷид Достиев дар идомаи навиштааш дар бораи даъвати Иҷлосияи 16 ба тарафи мухолифин ҳам арзи сипос мекунад, ки бо дарки масъулият ба баргузории он мусоидат карданд:
«Инчунин хизматҳои ваколатдорон ё қазияҳалкунандагони ҷониби дигарро, ки бо онҳо роҳи ҳалли ин мушкилотро ҷустанд ва ба Созишномаи оид ба даъвати Иҷлосия имзо карданд ва тамоми чораҳоро андешиданд, ки он баргузор шавад, бояд фаромӯш нашаванд».
А. Достиев таъйид мекунад, ки миёни Искандаров ва Кенҷаев санаде барои даъвати Иҷлосияи 16 имзо шудааст.
Табъан, ки даъвати Иҷлосияи 16 дар он шабурӯзҳо ба манфиати Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ набуд. Дар ҳоле, ки Акбаршо Искандаров, баъди истеъфои маҷбурии Раҳмон Набиев аз мақоми раиси ҷумҳур, сарпараст ё ҳамон иҷрокунандаи ин мақом буд ва мантиқан мебоист вақтро тавре кашол медод, ки курсӣ ва мақом аз дасташ наравад. Аммо, ин ки русҳо, бале, махсусан русҳо муқобили ин ҳукумат вориди кор шуда ва Фронти халқӣ ва Сангак Сафаровро беш аз пеш мусаллаҳтар мекарданд, Акбаршо Искандаров ба унвони шахси аввали кишвар идомаи ин рӯёрӯиро аз ҳар каси дигар беҳтар мефаҳмид, ки бо чи натиҷа ба анҷом мерасад. Худи ҳамин факт, ки Искандаров ва Кенҷаев дар қароргоҳи 201-и Русия ташкили мулоқот карданд, паёми рушан ва яқини Русия ба Ҳукумати Мусолаҳаи Миллиро дошт.
Давлати Усмон, ноиби сарвазири Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ роҷеъ ба ин мақтаъи таърихӣ – даъвати Иҷлосияи 16 борҳо изҳори назар кардааст. Аммо дар ҳеҷ яке аз ин суҳбатҳо аз мавқеи Искандаров дар ин масъала ҷонибдорӣ накардааст. Маълум буд, ки даъвати Иҷлосияи 16 ва бурдани он ба Хуҷанд бар суди Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ тамом намешуд. Балки Искандаровро дар анҷоми амали як тарафа яъне бидуни маслиҳат ва машварат бо оппозитсион, ки ҳамакнун дар таркиби Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ ҳиссаеро ташкил мекарданд, муқассир меҳисобад:
«Албатта, заминаи дигар ин мувофиқати яктарафаи Акбаршо Искандаров дар қароргоҳи фирқаи 201-и Русия буд. Байни Акбаршо Искандаров ва Сафаралӣ Кенҷаев як санаде, ё ки ягон ҳуҷҷате имзо шуда буд, ки Акбаршо Искандаров ташкили иҷлосияи Хуҷандро дар онҷо ба уҳда гирифтааст ва розӣ шудааст».
Чуноне мутазаккир шудем Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, баъди истеъфои Раҳмон Набиев дар зери мили автомат дар фурудгоҳи Душанбе дар 7сентябр таҳти идораи Акбаршо Искандаров қарор гирифт. Искандаров, новобаста аз онки он замон хеле талош кард, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро бигирад, натавонист, чун дигар дар муқобили он Русия ва Узбакистон мавқеъ гирифта буданд. Аз сӯйи дигар вай кадри номенклатура ва парвардаи мактаби шӯравӣ буд ва имкон надошт, ки ба рағми дастуру нишондоди русҳо, мустақилона амал кунад, чун ҳамагӣ як сол аз истиқлоли давлатӣ мегузашт ва «кадр»-ҳои парвардаи шуравӣ ҳамоно гӯш ба фармони Кремл буданд.
Ҳамлаи Кенҷаев ба Душанбе ин нуктаро рушан карда буд, ки ҲММ тавони ҳифзу ҳимояти худро надорад. Балки сохторҳои он, то мақомоти қудратӣ ба ду тақсим шудаанд: тарафдорони Фронти халқӣ ва тарафдорони мухолифин, ки акнун талош мекарданд ҲММ ҳифз бишавад.
“Дар ҳар ҳол бо онки мавқеи ду кишвари зинуфуз болои Тоҷикистон-Русия ва Узбакистон маълум шуд, ки аз мухолифони ҲММ ҳимоят мекунанд, ин ҳукумат ва низ Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 12 ноябри соли 1992 ба ночор ба хатти истеъфои худ имзо гузоштанд. Дигар яқин шуд, ки баргузории Иҷлосияи навбатӣ ногузир аст. Ин иҷлосия бояд таклиф ва ё сарнавишти ҳукумати оянда, раиси ҷумҳурӣ, ки ғайриихтиёри худ истеъфо дода буд ва низ риёсати Шӯрои Олӣ ва низ ояндаи авзоъи сиёсӣ ва идомаи ҷанги бародаркушро маълум мекард.”
Аммо чаро Иҷлосияи 16 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, на мисли иҷлосияҳои қаблӣ дар Душанберо дар матлаби навбатӣ ба баррасӣ хоҳем гирифт….
Поёни бахши аввали силсила матолиби “30 солагии 16– умин иҷлосия ё ифлосия?” Бахши дуввуми мо “Чаро Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд баргузор шуд?” мебошад. Бо “Ислоҳ” бошед,то аз он ҳаводиси таърихӣ бештар огоҳ гардед…