Чаро Паёмбар (с) се маротиб мардреро барои адои дубораи намоз баргардонд?
عن أبي هريرة رضي الله عنه: { أن رجلاً دخل المسجد ورسول الله جالس فيه فرد عليه السلام، ثم قال له: ارجع فصل فإنك لم تصل. فرجع فصلى كما صلى، ثم جاء فسلم علي النبي فرد عليه السلام ثم قال: ارجع فصل فإنك لم تصل، فرجع فصلى كما صلى، ثم جاء فسلم على النبي فرد عليه السلام، وقال: ارجع فصل فإنك لم تصل ثلاث مرات، فقال في الثالثة: والذي بعثك بالحق يا رسول الله ما أحسن غيره فعلمني. فقال : إذا قمت إلى الصلاة فكبر، ثم اقرأ ما تيسر معك من القرآن، ثم اركع حتى تطمئن راكعاً، ثم ارفع حتى تعتدل قائماً، ثم اسجد حتى تطمئن ساجداً، ثم اجلس حتى تطمئن جالساً، ثم اسجد حتى تطمئن ساجداً، وافعل ذلك في صلاتك كلها.
Аз Абуҳурайра (раз) ривоят аст, ки марде дохили масҷид шуд ва Расули Акрам (с) дохили масҷид нишаста буданд. Он мард салом дод ва Паёмбар (с) посухи саломашро дода ба ӯ гуфт: бозгард ва намозе, ки хонди онро дубора бихон. Он мард бозгашт ва тавре ки пеш аз ин гузошта буд бо ҳамон тарз намоз гузорид. Пас дубора омад ва салом дод, сипас Расули Акрам (с) гуфтанд: бозгард ва дубора намозатро бихон. Он мард бозгашт ва бо ҳамон тарзи қаблӣ намоз гузорид. Сипас баргашт ва салом дод. Расули Акрам (с) ҷавоби саломашро доданд ва боз гуфтанд: бозгард, намозатро аз нав бихон, ки се маротиб намозро адо накардӣ. Пас ин мард дар дафъаи саввум гуфт: Ба он Аллоҳе, ки шуморо фиристода ба ҳақ эй Расули Аллоҳ, ман ба ҳамон тарзе, ки адо намудам шеваи дигаре аз намоз хонданро намедонам.
Пас Расули Акрам (с) фармуданд: “Ҳангоме, ки барои намоз бархостед такбир бигӯ (Аллоҳу акбар, яъне такбири таҳрима), пас аз он он чи аз Қуръон (Фотиҳа ва зами сура аст манзурашон) медонӣ бихон, пас аз он рукуъ кун ва дар ҳолати рукуат ором бош. Пас аз он аз рукуъ баланд шав ва ором бош то инки истодаӣ. Пас аз он саҷда кун ва дар саҷдаат ором бош. Пас аз саҷда (аввал) нишастӣ ором биншин. Пас аз он саҷда кун ва дар саҷдаат ором бош. Дар ҳама (ракаатҳои) намозат ин корро анҷом деҳ”. (Ҳадиси Мутафақун алайҳ)
Шарҳи ҳадис.
Расули Акрам (с) барои ин мард ва барои мо, ки ин ҳадисро мехонем адо кардани намозро меомӯзонанд. Тавре ки моро омӯзонидааст бо ҳамон тарз намозамонро адо намоем, ба таҳқиқ мо намозамонро накӯ анҷом додаем . Агар дар ин камиву кӯтоҳие намоем, пас бидонем, ки мо намозамонро адо накардаем.
Ончи дар ҳадиси боло омад, Расули Акрам (с) дар масҷид нишаста буданд марде дохили масҷид гашт ва бар он Ҳазрат (с) салом доданд ва он Ҳазрат (с) ҳам саломи ӯро ҷавоб доданд. Ду ракат намоз гузоштанд аҳли илм мегӯянд он ду ракат намози нафл буд ва ё ду ракат таҳияи масҷид. Он мард дар оромиш, яъне истодани дар рукуъ ва ё пас аз рукуъ ва ё саҷда ва ё нишастани миёни ду саҷда, ки бояд миёни ду саҷда намозгузор оромона нишинад. (ин мусибат моро зиёд доман гир аст, аслан нишастани миёни ду саҷдаро аҳамият намедиҳем, ҳатто дар намозҳои ҷамоъатҳоямон. Аллоҳу акбари имомро мешунавем ва пас аз 2 сония Аллоҳу акбари саҷдаи дуввумро мешунавем. Аслан ин ҳадис барои мо гуфта шудааст, то оромиш ва тумаънинаро риоят ва аҳамияти хосса диҳем.) Пас аз он саҷдаи дуввумашро бояд оромона саҷда кунад. Ин намозгузориро Расули Акрам (с) нигоҳ мекарданд. Вақте аз намоз фориғ мешуд ва мехост бо он Ҳазрат (с) биншинад, вале Расули Акрам дубора ӯро ба адои намоз амр мекарданд. Дубора намозатро адо кун, ки ту намозе нахондаӣ. Ҳатман мушкил дар ором нагирифтанашон дар аснои намоз будааст. Се маротиб адо карданд, вале боз ҳам мартабаи чаҳорум барояш гуфтанд: бозгард ва намозатро адо кун, зеро намозе нагузоштаӣ. Хонандаи гиромӣ, дар ин масъла аҳамият медиҳем ва ё то ба ҳол додаем?
Дар мазҳаби мо, Ҳанафӣ, дар мавриди ором гирифтани намозгузор пас аз он ки аз рукуъ мехезем ва қоматро рост мекунем чунин омада:
وخالف الحنفية في فرضيتها بل قالوا : إن الرفع من الركوع والطمأنينة والاعتدال من واجبات الصلاة لا من فرائضها . بحيث لو تركها المصلي لا تبطل صلاته ولكنه يأثم إثما صغيرا
Се мазҳаби Аҳли суннат иттифоқ карданд, ки фарз аст ҳангоме, ки аз рукуъ намозгузор рост мешавад қабл аз ба саҷда рафтанаш. Бояд мисле, ки дар қиём буд, ором бигирад.
Аммо мазҳаби Ҳанафӣ чунин мегӯяд: рост истодан пас аз рукуъ ва ором гирифтан дар он аз воҷиботи намоз аст, вале фарз нест. Агар намозгузор онро тарк кунад, яъне ором нагирад намозаш ботил намегардад,вале гунаҳгор мегардад ва он намозгузор муртакиби гуноҳи сағира мешавад.
Инчунин нишастан пас аз саҷда ва ором гирифтан назди се мазҳаби аҳли суннат, яъне ҷумҳури уламои аҳли суннат фарз аст. Мазҳаби Ҳанафӣ дар ин ҷо ба танҳоӣ, ба воҷиб будани он қоиланд.
Мазҳаби Ҳанафӣ ором гирифтан пас аз рукуъ ва саҷдаро воҷиб гуфта, ба миқдори ҳадди ақал як тасбеҳ ором гирифтан ё тумаънинаро медонанд. Ба андозае, ки фарқ миёни ба саҷда рафтан ҳангоме, ки аз рукуъ намозгузор мехезад ва ё пас аз саҷдаи авал мешинад ва ба саҷдаи дуввум меравад муайян бошад ва шохису фарқкунанда бошанд.
Мушахасан ҳолати тумаънина ё ором гирифтанро баён медорам.
Назди ҷумҳури мазоҳиби “Аҳли Суннат” он фарз аст тавре ки дар боло гуфтам.Ором гирифтан, яъне тавре бошад, ки ҳама аъзои бадани инсон ҳангоме, ки аз рукуъ мехезад рост шавад ва шитоб накунад. Агар дар ҳолати аз рукуъ истодан шахс ончи омадааст онро гӯяд ҳатман оромӣ ва эътидол сурат мегирад ва он чунин аст.
Рифоъа ибни Рофеъӣ Алзурақӣ чунин ривоят мекунанд: Аз пушти сари Расули Акрам (с) намоз мегузоштем ва ҳангоме, ки сарашро аз рукуъ бардоштанд чунин гуфтанд: “Самиъаллоҳу лиман ҳамида” Як мард, ки аз пушти сари он Ҳазрат (с) буд чунин гуфт:” Раббано ва лакал ҳамд ҳамдан касиран тайибан муборакан фиҳ” Ҳангоме, ки аз намоз фориғ шуданд гуфтанд: кӣ буд он шахс, ки чунин гуфт? Он мард гуфт: Ман.
Расули Акрам (с) гуфтанд: Ман сиву чанд малоикаро дидам, ки дар навиштани он калима” мехостанд пешдастӣ намоянд.
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Бухорӣ)
Ин ҳадис далолати возеҳ ва ошкор барои пас аз рукуъ боло шудани намозгузор ва ба Аллоҳ таҳмид ва санои зебо гуфтан аст. Ин ба оромӣ гуфта шавад боварии комил дорам тумаънина ва оромӣ дар намоз пас аз боло шудан аз рукуъ мебошад.
Дар мавриди тумаънина ва ё ором гирифтан миёни ду саҷда.
Агар миёни ду саҷда намозгузор ончи дар суннати саҳеҳа омадааст гуфта шавад оромиш ҳатман ба ҷо меояд.
( اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي ، وَارْحَمْنِي ، وَاجْبُرْنِي ، وَاهْدِنِي ، وَارْزُقْنِي ) رواه الترمذي
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ривоят мекунанд, ки Расули Акрам (с) дар миёни ду саҷда чунин мегуфтанд: Аллоҳумағфирли варҳамни ваҷбурни ваҳдйни варзуқни”
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Тирмизӣ)
Маънои дуои миёни ду саҷда.
Калимаҳои кам ва осон, ки маъниҳои олӣ доранд:
Аллоҳуммағфирли: Савол ё пурсиш аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло, ки он бахшиш, яъне нобудкунанди гуноҳон ва он гуноҳонро аз дигарон пӯшонад ва пинҳон дорад.
Варҳамни: Аз Аллоҳ талаби раҳм намудан, ки он шомили ҳама хайру некӣ мисли неъмат ва эмин нигоҳ доштан аз ҳар бадие. Шахсе аз Аллоҳ талаби раҳмат кунад, пас ӯ ба ҳама ончи мехоҳад мерасад.
Ваҷбурни: Аз Аллоҳ талаб кардан аст, ки оне, ки садди ҳоҷҷати ман аст онро рафъ ва ончи аз ман гирифта шудааст аз хайр онро ба ман баргардон. Ё дар иваз ба ҷои он беҳтарашро ато кун.
Ҷаббор яке аз номҳои Аллоҳ аст ва танҳо Ӯст, ки шикаста хотиру парешону мазлумеро маъво ва қувват медиҳад. Фақиру нодорро сармоядор мекунад ва ҳама мушкилро осон мегардонад.
Ваҳдини: Эй Аллоҳ маро ба роҳи рост ҳидоят ва раҳнамун соз, ки он ба суди ман бошад. Маро сарват ато кун, то ба он ба
хушбахтии дунё ва охират мушарраф гардам. Ҳидоят ду навъ аст: акввал ҳидояти илм ва баён; дуввум ҳидояти тавфиқ ва рушд, ки банда онҳоро аз Аллоҳ талаб мекунад.
Варзуқни: Эй Аллоҳ маро ризқ ато кун, ки ғайр аз Ту аз дигарон бениёз бошам, зеро шахсе ризқи ҳалол барояш дода шавад онро барои зану фарзанд ва ниёзмандон медиҳад ва бо он боз қарибтар ба даргоҳи Ту мегардад.
Дар охир як ҳадиси дигаре аз Ҳузайфа ибни Ямон (раз) соҳиби сирри Расули Акрам (с)-ро меорам, то хатари ором нагирифтан ва тумаънинаи пас аз рукуъ ва саҷдаро донеду огоҳ шавед.
Абувойл (раз) мегӯяд: Ҳузайфа (раз) мардеро диданд, ки рукуъ ва саҷдаашро ҳангоми намоз ба тарзи комилу ором иҷро намекунад. Вақте ки он мард аз намоз фориғ гашт Ҳузайфа (раз) ба ӯ гуфт: “Мо саллайт”, яъне намоз нагузоштаӣ.
Инчунин гуфт: Агар бо чунин равиш (чунин намозе мегузорӣ онро идома диҳӣ) ва (бо ин равиш) бимирӣ ба ғайри суннати Расули Акрам (с) мурдаӣ. (ривояти Бухорӣ)
Пас хонандаи гиромӣ, намозро ба зудӣ адо кардан муҳим нест. Аз тезу зуд хондани намоз худдорӣ кунед ва оромишро дар аснои гузоштани намоз риоя намоед.
Дар ҳадиси дигар аз Расули Акрам (с) омада: “Мардоне ҳастанд, ки шаст сол намоз мегузоранд. Дар ҳоле намозашон қабули даргоҳи Илоҳӣ қарор намегирад. Шояд рукуашро ба ҷо меорад, вале саҷдаашро ба ҷо намеорад. Ё саҷдаашро ба ҷо меорад ва рукуашро ба ҷо намеорад”.
Агар дидӣ дар зиндагиат сахтиҳо ва машаққатҳо зиёд шуд бидон, ки:
Аввал: ин имтиҳони Илоҳист ва туро озмоиш мекунад.
Дуввум: вақте тӯлонӣ шуд, пас бидон намози хуб намегузорӣ”
Дар фарҷом аз Аллоҳ талабу таманно дорам, ки намозамонро бо он равише, ки пешво ва қудваи неки мо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (салаллоҳу алайҳи васаллам ) адо кардаанд, адо намоем.