Ибни Ҳазм амири уламои Андалус

Ислоҳ нет

Ибни Ҳазм амири уламои Андалус

Насаб ва зодгоҳи ӯ

Алӣ ибни Аҳмад ибни Саъид ибни Ҳазм ибни Ғолиб ибни Солеҳ ибни Халаф ибни Маъдон ибни Сафён ибни Язид, кунияааш Абумуҳаммад, машҳур ба Ибни Ҳазм дар ҷониби шарқии шаҳри Қуртуба дар Андалус (Испанияи кунунӣ) ба дунё омадааст. Бобояшро Язидӣ мегуфтан, зеро ӯ мавлои амир Язид ибни Абусуфён ибни Ҳарби Амавӣ (раз), яъне бародари Муъовия (раз) буданд. Дар таърих маъруф ба Язди хайр аст, ноиби амирулмуъминин Абуҳафс дар Димишқ буданд. Бобояш Халаф ибни Маъдон аз аввалинҳое буд,ки ба Андалус дохил гашт ба малики он сарзамин,ки он вақт Абдурраҳмон ибни Муъовия ибни Ҳишом буд, аз ин сабаб бобяшро дохилӣ мегӯянд. Дар 30-юми моҳи рамазони соли 384 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 7 ноябри соли 994 мелодӣ дар Қуртуба ба дунё омадааст. Вилодати ӯ дар он шаб баъд аз фаҷр ва қабл аз тулуъи офтоб будааст.

Падарбузургаш аз диёри форс ба Андалус сафар мекунад ва форсизабон буд. Аз рӯзи нозил шудан ба он ҷо соҳиби шаъну шараф мегарданд, то ҷое, ки дар бораи оилаи онҳо гуфтанд: «Бану Ҳазм ҷавонмардони соҳиби илму соҳибадаб ва соҳибмаҷду соҳибкорам ҳастанд. Эшон дарси илму ҷоҳ ҳастанд». Ибни Ҳазм бо илми худ соҳиби шӯҳрати беандоза шуд. Бо вуҷуди ин ки хонаводаи ӯ соҳиби шаън дар вазорати ҳукумати Андалус буд, худи ӯ ба мансаби вазорат муддате нишаста буд. Ӯро дар таърих ба номи вазири сиёсии бани Умая ҳам ном мебаранд. Вале ӯ ҳамаро канор гузошт ва дар ниҳоят ӯ шарафу саломатӣ ва иззатро дар бозгашт ба сӯи илм дид. Пас бо илм ба қуллаи мурод расид ва номаш дар таърих ҳамчун имоме дар фиқҳ ва соҳибкитоб, муаррих, шоъир, олим ба риҷоли ҳадис, файласуф, олими мантиқ ва яке аз уламои машҳури зоҳирӣ ба ҳисоб меравад.

Ибни Ҳазм аз сиёсат ва фазои олудаи он ба осмони илм ва осудагии он омад ва омезиш бо мардум ба сӯи унс бо китобҳо майл намуд ва дар ҳузури китоб анисеро ёфт, ки шакке дар он нест ва дӯстеро ёфт, ки шакке дар дӯстии он нест. Ӯ ҳар китоберо, ки меёфт онро мутолиъа менамуд ва мутолеъоти ӯ қавӣ буд.

Нашъати ӯ.

Падараш дар тарбияи ӯ аҳамияти ҷиддӣ медод. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, то дар фазои пурнозу неъмат Ибни Ҳазм тарбия ва нашуънамои қавӣ ёбад ва аз муроқабату мулоҳизаи майлу итиҷоҳоти ӯ ҳеҷ гоҳ ғофил намемонд. Ин буд, ки Ибни Ҳазм дар хурдсолӣ Қуръони каримро ҳифз намуд ва аҳкому одоб,таҷвид ва қиссаву ахбори онро хуб омухт. Инчунин китобатро омӯхта машқи хат намуд, то ҳусни хаташ хуб шавад ва ашъори зиёдеро ҳифз кард.

Ҳангоме, ки Ибни Ҳазм ҷавони нерӯманд шуд падараш ба суҳбати марди парҳезкор ва соҳибахлоқ бо номи шайх Абулҳусейн ибни Алии Фосӣ бурд ва ин мард Ибни Ҳазмро ба маҷлиси уламову шайхҳо мебурд, то аз илми эшон ба андозаи тавоноияш истифода барад. Шайх ва рафтору кирдори ӯ ба Ибни Ҳазми ҷавон писанд омад ва аз он мутаассир шуд ва ин амр боис шуд, ки роҳи сукут дар ҳавову ҳавас ва шаҳватро аз хурдӣ ба рӯи ин ҷавон баст, зеро пешвои солеҳ бештар аз мавъизаву пандҳои қавлӣ нафсро роҳнамоӣ мекунад ва ба он таъсир мерасонад. Чун шайх Абдулҳусайни Форсӣ дар дар роҳи ҳаҷ вафот мекунад, Ибни Ҳазм ба сӯи дигар шайхҳои фозил ва
донишманд рӯй меорад ва аз илми эшон ва ахлоқи онҳо баҳра мегирад. Ӯ ҳадисро назди Аҳмад ибни Ҷасур (р) ва Ҳамадонӣ дарс мегирад ва аз онҳо ривоят мекунад.

Пас ҳангоме, ки баъзе изтироботи сиёсӣ дар Қуртуба рӯи медиҳад ва фитна воқеъ мешаваду падараш мансаби вазоратро аз даст медиҳад, ҳаёти пурнозу неъмати Ибни Ҳазм ба машаққат табдил меёбад. Бинобар ин хонаводаи эшон маҷбур ба тарки қасрҳояшон мешаванд ва боз шарқи Андалус ба ғарби он ҳиҷрат мекунанд. Ибни Ҳазм дар он айём ҳамагӣ понздаҳ сол дошт. Чун фитнаву бесарусомониҳо идома пайдо мекунанд онҳо маҷбур ба тарки Қуртуба мешаванд ва дар ибтдои моҳи муҳаррами соли 404 ҳиҷрӣ роҳ сӯи шаҳри «Ал-миря» мегиранд. Ин меҳнату машаққат таъсири бузурге дар нафси Ибни Ҳазм мегузорад ва шояд ин сабақи зарурие буд барояш, то қуввати нафсии ӯ комилтар шаваду салобаташ шаддидтар. Зери неъмати доимию мутлақ дар нафси инсон гоҳо таровату шодобиеро меорад, ки ҷиддиятро аз байн мебарад ва бо ҳаёт ва талхию ширинии он бо шикасту рези он машғул намешавад.

Ҳаёти Ибни Ҳазм ба пуррагӣ омехта, бо талхию ширинӣ ва бо сахтию машаққат ва неъмату фарохӣ буд.

Дар Балансия.

Ибни Ҳазмро дар шаҳри «Миря» боздошт ва ҳабс намуданд. Баъд аз он дар аввали соли 408 ҳиҷрӣ ба шаҳри «Балансия» интиқол ёфт. Дар аввали ҳаёти илмиаш Ибни Ҳазм ба таври куллӣ ба диросати фиқҳ машғул нашуда буд, балки ҳадиси набавии шариф, улуми Қуръон, адаб, наҳв луғат ва баъзе улуми ақлӣ ва фалсафиро меомӯхт.

Рӯзе аз рӯзҳо Ибни Ҳазм ба маҷлиси уламо дар «Балансия» дохил мешавад, ки мазҳаби имом Молик (р)-ро меомӯхтанд. Инро шунида, тааҷҷуб намуд. Баъд аз он Ибни Ҳазм масъалаи фиқҳиеро аз ҳозирин пурсид, то ҷавоб диҳанд. Баъзе аз эшон бо «Сухрия», яъне тамасхур ва камшуморӣ ба ӯ гуфтанд: Ин аз тахассуси шумо нест! Ибни Ҳазм аз маҷлис бархоста, ба хонааш бармегардад ва моҳҳои дарозу бешумор ба диросати фиқҳ машғул мешавад ва ба он аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, то андозае, ки бидуни тақлиди касе ғайр аз саҳоба худаш соҳиби рой мегардад. Ибни Ҳазм мазҳаби Молик (р)-ро меомӯзад, китоби «Муваттаъ»-ро назди Абдуллоҳ ибни Даҳун мехонад ва баъд аз он мутолиъоти фиқҳиро назди ӯ ва дигар уламо идома медиҳад. Аз ҷумла Абдуллоҳ Аздӣ машҳур ба Ибнул-фарзӣ, қозии Балансия мазҳаби шофеъиро низ омӯхт ва аз тариқи он мазҳаби ироқиҳоро омӯхт. Баъд аз он фиқҳи маъсур ва ғайри онро мутолеа намуда, аз худ намуд. Лекин рӯҳи ӯ намехост дар доираи мазҳаби ягона боқӣ монад ва аз он убур нанамояд, биноан мазҳаби зоҳириро омӯхт, ки дар он шайхаш «Довуди исфаҳонӣ» шогирди имом Шофеъӣ (раҳ) ба чанг задан танҳо ба нусус даъват менамояд.

Ин мазҳаб барои ибни Ҳазм писанд омад, зеро он фикри инсонро озод мегузорад ва ба мазҳабҳои машҳур пойбанд намешавад, балки ба нусус ва осор пойбанд мемонад.
Аз зумраи устодони Ибни Ҳазм, ки наздашон мазҳаби зоҳирро омӯхт олими зоҳид Масъуд ибни Сулаймон ибни Муфлит мебошад. Баъд аз ин Ибни Ҳазм ба маҷлиси уламои Балансия рафта, ба таври аҳсан бо эшон мунозира мекард ва ба онҳо мегуфт: «ман пайравӣ аз ҳақ мекунам ва иҷтиҳод намуда, ба ягон мазҳаб побанд намешавам».

Интиқоли Ибни Ҳазм аз «Қуртуба» ба «Миря» ва «Балансия», баъд аз он ба Қайравону Шотиба ва дигар шаҳрҳои Мағриб, ки ӯ ба он ҷо сафар намуд ва бо уламои онҳо омехту радду бадали илму маърифат намуд, дар таквини шахсияти ақлии ӯ асари бузурге гузошт.

Мунозара бо шориҳи китоби «Муваттаъ»и Имом Молик.

Ибни Ҳазм дар хонадони иззатманду соҳиби ҷоҳу мол нашъунамо ёфт. Ӯ аз хонадони худ фахр мекард ва худро иззатманд мешуморид, ки илмро на ба хотири молу ҷоҳ, балки ба хотири дарёфти нур ва ҳақиқат талаб намудааст. Дар ин мавзуъ Ибни Ҳазм бо Абдулволиди Бозӣ, шориҳи Муваттаъи имом Молик (р) мунозара кардааст. Бозӣ гуфтааст: ман аз шумо дар талаби илм боҳимматтар ҳастам, зеро шумо дар ҳоли дороию тавонгарӣ онро талаб намудӣ, аммо ман дар ҳоли нодорию тангдастӣ.

Пас Ибни Ҳазм дар посух мегӯяд: ин сухан далел бар зидди шумост на ба фоидааст, зеро шумо дар он ҳол талаби илм намудед ба умеде, ки ҳолатон ба ман баробар шавад ва аз тангдастӣ бароед. Аммо ман дар ҳоле талаб кардам, ки шумо огоҳед. Пас ман танҳо ба хотири боло бурдани қадри имомон дар дунё ва охират илмро талаб намудам.

Бозгашт ба Қуртуба.

Аз вақти оғоз шудани бесарусомониҳо дар Қуртуба дар соли 399 ҳиҷрӣ хонаводаи Ибни Ҳазм дар изтироб буд ва мақоми муайяне надошт. Ин ҳолатро Ибни Ҳазм чунин васф намудааст: «дар ҳақиқат зеҳни ман ноорому хотирам парешон аст аз ин ҳоле, ки мо гирифтори онем, аз дурии диёру тарки ватан, дигаргуншавии замону мусибатҳои султон, дигаргуншавии бародарону фасоди аҳвол, табдили айёму аз
байн рафтани фарохӣ, қатъ шудани касбу кори падару аҷдоду ғарибӣ дар шаҳрҳо, аз байн рафтани молу ҷоҳу фикру андеша дар ҳифзи аҳлу авлод, навмед шудан аз бозгашт ва ватану интизори тақдир будан, Худованд моро аз ҷумлаи шикояткунандагон нагардонад, магар ба даргоҳи худаш ва ҳоли маро ба беҳтар аз оне, ки будем баргардонад ва он чи бароямон боқӣ мондааст бештар аз онест, ки аз мо гирифтааст ва нозу неъмати намудааш беҳисоб асту шукри он нотамом.
Ҳамаи ин атои ӯст ва ҳеҷ ҳукме барои мо нисбати худи мо нест. Мо аз Ў ҳастем ва бозгаштамон ба сӯи Ӯст. Ва ҳар орият баргардонда ба ориятдиҳанда аст. Шукру сипосу ситоиш танҳо Ӯрост дар аввалу охир ва дар ибтидову интиҳост». Ибни Ҳазм ҳамеша орзӯи баргаштан ба Қуртубаро дошт, ба диёре, ки он ҷо ба воя расидааст. Ин орзӯи ӯ баъд аз шаш сол ҷомаи амал мепӯшад. Ӯ дар соли 409-ҳиҷрӣ ба Қуртуба бармегардад.
Ибни Ҳазм оромию суханро авло дониста, ба таври куллӣ рӯ ба илм меорад ва аз сиёсату вазорат, ки муддате ӯро ба худ ҷалб намуда буду ба сабаби он аз ватан берун ва ҳабс гардид, ба пуррагӣ даст мешӯяд.

Ибни Ҳазм рӯ ба илм меорад, паногоҳе, ки дар ҳини сахтиҳо ӯро дар оғӯши худ ҷой медод, мисли пешин ба ин фазо баргашта, ба омӯзишу баҳс ва китобату ҳифзи аҳодис ва омӯзиши фиқҳ ва муноқишаву дифоъ аз имом дар он чӣ яҳуду насоро даъво мекунанд, пардохт. Афкои худро гоҳо бо мунозара ва гоҳо бо қалам ва аҳёнан бо мактубу рисолаҳо нашр мекард.
Мусибати бузург.

Ибни Ҳазм бо омӯзишу нашри афкори худ дар ҳар минтақае, ки мерафт машғул мешуд. Ӯ ба шаҳрҳои Қуртуба, Шотиба, Миря, Балансия ва Муюриқа сафар мекарду меомӯхт ва меомӯзонад ва ҷавононро бо афкору баёни худ Муюриқа пайравони зиёде касб намуд, ба андозае, ки он ҷо бо фикри худ сайтара пайдо намуд ва аҳли он ҷо пайравӣ ӯ гардиданд, магар ин ки фақеҳони мухолифи ӯ дар фикр зидди вай бархоста, султонро ба муқобили ӯ қарор доданд. Дар натиҷа шадидтарин уқубати нафсӣ барои як олими бузург болои ӯ нозил намуданд, ки он сӯзонидани китобҳои ӯст. Ин шадидтарин мусибат барои вай ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҳолат ҳуҷҷату далел ба кор нарафт, балки нақши асосиро теъдоди нафарон бозид. Ҳама ончӣ навишта буд аз рисолаҳо ва китобҳо онҳоро оташ заданд ва худи ӯ ин ҳолатро бузургтарин муҷозот дар ҳаёташ гуфтааст.
Ибни Ҳазм аз Муюриқе хориҷ шуда, илмаш дар сина, побанд ба он чи эътиқоду имон дорад ба чунин хулоса омад, таҷрибаи зиёде аз сар гузаронида талхию ширинии ҳаётро чашидааст ва эҳсос намуд, ки ӯ аллакай ба дараҷае расидааст, ки мусибату балоҳо ба ҳар андозае, ки бузург бошанд ба ӯ таъсире нахоҳанд расонид.

Ӯ ба касоне, ки бо ӯ душманӣ доранд ва китобҳояшро сӯзониданд мегуфт, ки агарчи қоғазпораҳоеро сӯзонидед он чи дар синаи ман аст боқист. Ҳар ҷо, ки по мениҳам он бо мол аст. Ва ҳеҷ молу ҳеҷ чиз монеъи Ибни Ҳазм аз роҳаш намешуд.

Олими фақеҳ.

Барои илм Ибни Ҳазм ва забону қалами буррои ӯ Андалус танг шуда буд. Ва ё аниқтараш амирони он тоқати бардошти вуҷуди ӯро надоштанд. Синаи уламои Андалус ва касоне, ки эшонро пуштибонӣ менамуд танг шуда буд, зеро гурӯҳи фуқаҳо барои худ уфуқи маҳдуде гузошта буданд ва гумон доштанд, ки ҳақ аз он таҷовуз намекунад ва ҳар ки аз он ҳад мегузарад ӯ «тариқ», яъне аз ҳақ хориҷ шудааст, ҳар қадар, ки аз масодири улёи шариъат дошта бошад.

Баъзе амирон аз вуҷуди Ибни Ҳазм дар ҳарос буданд, зеро ӯ собиқ ба иморат робита дошт ва аз оилаи соҳиби маконату молу ҷоҳ буд. Илова бар ин ӯ олими фақеҳ буд, ки ҳақиқатро мегуфт ва байни амиру фақир фарқ намегузошт ва ҳар чи мегуфт байни омма эълон менамуд. Ҳамаи ин ӯро дар назари амирон ва уламои дарбори ташвишзо вонамуд мекард. Пас ба чунин хулоса омаданд, ки ӯро ва афкору илми ӯро ҳабс ва худи ӯро ба тангно бояд қарор дод, то ба ғайраш нагузарад.
Ӯро ҳамеша ба танг меоварданд, то охируламр ба шаҳраки хурде, ки он ҷо хонаводааш пеш аз рафтан ба Қуртуба сукунат дошт, баргашта, ба мансаби вазорат менишинад. Ибни Ҳазм ба деҳаи хонаводааааш «Минт Лешам» тобеъи «Лаунба» аз иқлими «Лабла» омада, тамоми вақташро ба омӯхтан ва омӯзонидани илм, ки дар он роҳату осоиштагиро меёфт, сарф мекунад. Ва толибилмони хурдсол назди ӯ омада, фиқҳу ҳадис меомӯзанд ва муҳаббати ӯ дар дилашон ҷой мегирад.
Ибни Ҳазм аз ҳама чиз зуҳд меварзид, магар илм. Ӯ аз мутолеа ва таълиф лаҳзае даст накашид. Ин буд, ки барои насли оянда муаллафоти қиммату арзишманди ӯ дастрас гардиданд. Гарчанде касоне, ки Ибни Ҳазмро аз Қуртуба берун карданд ва садди роҳи ӯ дар нашри илм мешуданд мехостанд, ки шуълаи нури илм дар синаи ӯ боқӣ монад ва ба мардум нарасад, лекин иродаи Илоҳӣ мухолифи иродаи онҳо буда, ки тоифаеро барои маҷлиси илмии ӯ ихтиёр намуд ва эшон баъд аз ӯ илмашро нашр намуданд. Пас таърих зикри он фуқаҳо ва касонеро, ки муъоризи ӯ буданд аз байн бурд ва номи Ибни Ҳазм чун ситораи дурахшон на танҳо байни уламои муслимин, балки байни уламои башарият боқӣ монд.

Бо вуҷуде, ки Ибни Ҳазм молу ҷоҳ мерос бурда, ба мансаби вазорат расид, ҳамаи он дар байни амвоҷи таърих нопадид гашт ва танҳо номи «олим» боқӣ монд, ки монанди нӯре торикиҳои таърихро рахна намуда, рӯшноӣ медиҳад.

Сифот ва малакаву дониши ӯ.

Сифот ва малакаи як олими амалкунанда аввалиндараҷа барои талаби илм ба ҳисоб меравад ва он калидест, ки дари маърифатро мекушояд ва зарфест, ки аз он нури илм медурахшад. Худованд ба Ибни Ҳазм сифотеро ато намуда буд, ки тавассути он нури маърифатро соҳиб гардида, дар рӯшноӣ рисолати худро адо намуд. Ҳамаи сифоту мавоҳибаш ӯро олиме гардонид, ки баҳсҳову китобҳои ӯ ба наслҳои баъдӣ расиданд. Ӯ лавн ё ранги хоси худро дар фикри исломӣ дошт, ки аз дигарон фарқ дошт ва касе бо ӯ мушоракат надошт. Муҳимтарини ин сифот ва малакаҳои ӯ ба таври зайл ҳастанд:

Ҳофизаи пурқувват.

Ибни Ҳазм ҳофизаи пурқуввате дошт, ки тавонист ҳама абвоби илмро аз бар кунад. Дар ҳақиқат ин ҳофизаи қавист, ки бо олиму донишманд имконият медиҳад, то ба он чи мутолеа мекунад, сайтара ё иҳотаи фикрӣ ҳосил кунад. Ба тавре, ки рабт байни аввали он чи мутолиъа мекунад ва охири он ва байни аҷзои он барпо намояд. Пас агар ба тартибу тансиқ бошад байни онҳо тавофуқе ҳосил мекунад, вагарна танофур ва номувофиқати онро баён медорад. Худованд ба Ибни Ҳазм ҳофизаи пурзарфияте ато намуда буд. Ӯ аҳодиси Паёмбар (с)-ро ҳифз намуда, масодири онро тартиб дод. Дар ин соҳа ӯ ба мартабаи ҳофизони бузург расид ва аз осори тобеъин ва саҳоба ва фиқҳи эшон ба андозае иттилоъ дошт, ки ягона дар замонаш ба ҳисоб мерафт. Ӯ сироти уламои аввалинро ҳифз намуда буд ва улуми аз худ намудаашро бо як тартиби хоси худ ба эшон рабт медод. Муосирини ӯ ва муаррихине, ки аз ӯ навиштаанд, аз қувваи ҳофизаи ӯ дар ҳайрат монданд.

Ҳозирҷавобии ӯ.

Ин хислаташ ӯро дар ҳозир намудани маълумот дар вақти ҳоҷат ба он ва бо суръат ҷавоб додан дар ҳоли зарурат ба ӯ ёрӣ мерасонад. Ӯ бо чунин хислаташ дар мунозараву муноқишаҳо бар мухолифони худ ҳамеша ғолиб меомад ва касе ба ӯ намерасид.

Қуввати тааммул ва андешаи амиқ.

Ибни Ҳазм ба зоҳири ашё иктифо намекард, балки ба умқи ҳақоиқи он ғутта мезад, то аз моварои он хабар ёбад. Ӯ тарки мусаббибот намекард, то бо асбобу асрори он шинос намешуд. Ҳамаи ин дар пажӯҳишу таҳқиқоти шахсияти ӯ равшан гардидааст.

Имони қавӣ.

Ибни Ҳазм имони комил дошт, ки танҳо Худованд аст, ки ҳамаи ин сифот ва малакаро ба ӯ ато намудааст. Ва шукри он бар вай воҷиб аст ва он шукр аз роҳи адо намудани ҳаққи он неъмат аст ва ӯ бовар дошт, ки агар ҳаққи ин неъматро адо нанамоянд ё ба он мағрур шавад ин куфрони неъмат хоҳад буд. Ибни Ҳазм касонеро, ки ба мавоҳибу сифоти худ мағрур мешаванд сахт маломат намуда, мегӯяд: «агар ба илми худ иъҷоб дорию фахр мекунӣ, пас дониста бош, ки шумо дар он ҳеҷ хӯеву хислате надоред ва он атову бахшише аз Худост, ки бар шумо арзонӣ дошта, пас онро бо чизе муқобала макун, ки муҷиби ғазаби Ӯ таъоло гардад. Шояд дар он сурат ба иллате шуморо гирфтор мекунад, ки ба таври имтиҳон ҳамаи онро фаромӯш мекунед.

Абдулмолик ибни Тариф маро хабар дод ӯ аз аҳли илм ва заковат ва эътидоли аҳвол ва соҳиби ҳофизаи пурқуввате буда, ки ҳеҷ сухане намешунид, магар дар ҳоли зарурат онро ба ёд оварда метавонист. Як маротиба савори киштие рӯи баҳр шудааст ва дар натиҷаи қарор гирифтан ба тарсу ваҳми шадид дар ҳофизааш халали ҷиддие ворид шуда, ки он тавоноии пешинаашро аз байн бурдааст. Ва худи ман бо иллате гирифтор шудам ва баъд аз шифоёбӣ дарк намудам, ки бисёри он чи ҳифз намудаам аз байн рафта, пас аз чанд сол боз ба ҳоли пешин омадам. Огоҳ бош, ки бисёре аз ашхосе, ки бар талаби илм ҳарис ҳастанд ва дар қироату дарс ҷаҳду кӯшиш мекунад баъд аз он аз илм чизе ҳосил намекунанд. Пас эй соҳибилм огоҳ бошу бидон, ки агар танҳо ба саъю талош ва ҷаҳду кӯшиш мешуд, (яъне ҳусули илм) ҳар оина, ғайр аз шумо болотар аз мартабаи шумо хоҳанд буд. Пас ба дурустӣ ин бахшишу атое аз Худованд аст. Пас чӣ ҷои аҷаб аст ин ҷо. Ин ҷои тавозуъ ва фурӯтанӣ ва талаби бештари неъмат ва паноҳ бурдан аз гирифта шудани он аст».

Сабру таҳаммул ва нерӯмандиву чобукӣ.

Ибни Ҳазм дар талаби илм ва таҳсили он саъю талоши зиёде ба харҷ дода, ба пуррагӣ худро ба он бахшид ва лаҳзае аз ҳаёташро дар ғайри он сарф накард. Зеро ӯ дарк намуд, ки роҳи наҷот танҳо ҳамин аст ва илова бар ин он роҳи Худованд аст. Шахсе, ки барои ризои Худо талаби илм намояд ба мақсадаш хоҳад расид ва он муқаддастарин ҳадаф аст ва ба василаи он Худованд бахту комёбии дунёро барои ӯ насиб мекунад.

Бинобар ин Ибни Ҳазм аз хурдсолӣ ба талаби илм танҳо барои Худо сайъ намуда буд на ғайр аз Ӯ таъоло. Бинобар ҷаҳду талоши зиёде дар он намуд ва дар талаби он сабр намуда, тамоми масоибро таҳаммул кард. Ҳангоме, ки китобҳои ӯро оташ заданд, то садди роҳаш шаванд, ӯ беш аз пеш ба илм рӯ овард, он чи дар сина дошт рӯи коғаз овард. Ҳамаи ин ба хотирест, ки иродаи ӯ ҳусули илм ва наздики ҷӯстан ба Худо аз роҳи баёни ҳақиқат буд. Биноан ӯ мегӯяд: «лаззати олим ба илмаш, лаззати муҷтаҳид бо иҷтиҳодаш ба хотири ризои Худо бузургтар аст аз лаззати хӯранда ба хӯроккаш ва нӯшанда ба нӯшокиаш ва касбкунанда бо касбаш ва бозингар бо бозиаш ва амркунанда бо амраш».

Дар ҳақиқат Ибни Ҳазм лаззати илими росих, ҳокими фурӯмоя ва муҷтаҳиди мутлақро ба хотири ризои Худо дарёфта буд. Баъд аз он қарор медиҳад, ки ӯ бо талаби илмаш на рифъати қадру манзалат, балки иҷтиҳод ба хотири ризои Худо ва талаби охирати абадӣ на дунёи фониро қасд намудааст ӯ мегӯяд: чун дар нафси ман ин илми рафеъ истиқрор ёфт ва он сирри аҷиб бароям кашф шуд ва Худованд ин хазина ва ганҷи бузургро барои фикри ман равшан сохт, аз роҳе ҷустуҷӯ намудам, ки маро ба хақиқат расонаду он дуро аз ман дур насозад, ки ин матлуб арзишманд аст. Пас онро наёфтам, магар дар таваҷҷӯҳ ба сӯи Худованди азза ва ҷалл аз роҳи амал намудан барои охират.

Ихлос.

Шахсе, ки талаби илми дин мекунад ихлос барои ӯ лозим аст ва таваҷҷӯҳ ба сӯи Худо намудан дар талаби илм бузургтар аст . Ибни Ҳазм чунин буд. Ихлоси Ибни Ҳазм ба дини Илоҳӣ ва талаби илм аз манбаъи аввалаш ӯро ба даъват намудани мардум ба муътақадоташ водошт. Ин ҷо ӯ ба ҷуз ризои Худо ба ризое касе аҳамият намедод. Ӯ аз шиддати ихлосаш байни нафси худ ва байни худписандӣ ва мағрур шудан бо илм фосила мегузошт. Ӯ худписандиро офати ихлос, офати рой ва офати ахлоқи фазила мепиндошт ва ҳар инсонро ба андоза намудани хатояш қабл аз андоза намудани савобаш даъват мекард. Ӯ мегуфт: агар андешаву тадбират туро ба шигифт овард, пас дар лағзишҳои худ фикр кун ва дар ҳар як андешаву тадбир, ки онро дуруст пиндоштаӣ пас бар хилофи пиндорат берун омадӣ ва ғайри шумо дуруст буду шумо ғалат, агар шумо чунон намудед, дар камтарин ҳолат хатои шумо бо савобат, яъне дурустӣ баробар мебошад. Пас на бар зарари шумо хоҳад буд на ба фоидаат. Ғолибан ин аст, ки хатои шумо бештар аз савобат хоҳад буд. Ҳоли ҳамаи мардум баъд аз анбиё чунин аст.

Ибни Ҳазм бар ин бовар буд, ки ихлос шиори ҳакимон аст, ононе, ки ба фазилат чанг мезананд ва ҳақиқати ашёро талаб мекунанд. Ӯ чунин қарор медиҳад, ки омаи мардум саломат нахоҳад монд, магар ҳар вақте ихлос варзанд ва ихлоси эшон зоҳир шавад. Бинобар ин мегӯяд: бипӯш, то поктинат шинохта шавӣ ва аз мавсуф шудан бо доҳӣ ё нобиға будан худро нигоҳ дор, пас касоне, ки худро аз шумо ҳифозат мекунанд зиёд мегарданд, ҳатто шояд ин бароятон зараровар анҷом ёбад ва шояд шуморо аз байн барад. Ҳамин гуна мебинем, ки ин олими ботаҷриба чӣ тавр дар талаби ҳақ, дар дини Худованд ва барои мардум ихлос меварзад ва нифоқ намеварзад ва фиреб намекунад. Ӯ бар ин бовар аст, ки ихлос ба ҳақиқат ва итминони мардум мерасанд ва Худованд дар мадади мухлисин аст. Ихлос нури ҳикмат ва роҳи ҳидоят аст ва ҳеҷ кас ба роҳи рост намерасад, агар Худованд қалбашро ба нури ихлос мунаввар нагардонида бошад.

Дӯст доштани мардум.

Ибни Ҳазм ба хушрафторӣ намудан бо мардум ва унс гирифтан бо онҳо ва адами мухолифат бо онҳо даъват мекард, албатта дар он чизе, ки зарари дунявӣ ё ухравӣ надошта бошад. Суҳбатҳои ӯ бо уламои асраш ва табодули номаҳо бо эшон далели муҳаббату дӯстию бародарист, ки худ нишонаи он аст, ки ӯ мардест, ки бо мардум унс мегирад бо онҳо бо нармӣ омезиш пайдо мекунад. Ӯ мегӯяд: аз мухолифати ҳамнишин ва муъоразаи аҳли замонат дар он чизе, ки дар дунёву охират туро зарар надорад барҳазар бош, бо вуҷуде, ки кам бошад, зеро шумо аз он озору душманӣ фоида намебаред ва шояд он мунҷар ба зарари бузурге шавад бе ба даст овардани ягон манфиат аст. Агар роҳе ҷуз ба ғазаб овардани банда ё ба ғазаб овардани Худо набошад, пас мардумро ба ғазаб гурезон кун ва Парвардигорро ба ғазаб наор ва ҳақро гурезон макун.
Эҳсоси дуруст ва нерӯи шафқат.

Худованд ба Ибни Ҳазм миннат намуд, ки илова бар он чи ба ӯ арзонӣ намуда буд эҳсоси дуруст ва нерӯи отифаву шафқат ато карда буд, ки бешак аз сабаби завқи фаннии баланди ӯ дар наср ва шеър ба ҳисоб мерафт. Ибни Ҳазм эҳсоси қавӣ ва отифаи фаровон дошт. Ва отифаи қавӣ ҳар гоҳ, ки ҳамроҳ бо ақли идрокунанда ва хулқ комил шавад назари содиқ ва идроки мушобеҳ ва илҳом ва мушоракати виҷдони байни ӯ ва байни мардумро ҳосил мекунад, ки ӯро қодир ба идроки нафсҳои эшон мегардонад ва ба ҳамин шакл соҳиби фаросати дурусте мешавад, ки умқи нафсҳоро ба суръати баланд ва эҳсоси пурқувват дарк мекунад.

Вафо.

Илова бар сифоти нафсие, ки Аллоҳ ба Ибни Ҳазм насиб намуда буд, эшон сифоти хулқие низ доштанд, ки ӯро ба сӯи корҳои бузург савқ медоданд. Дар ҳақиқат боризтарини ин сифоти ӯ вафо буд. Вафодорӣ ҷавҳари нафси ӯ буд. Ӯ бо рафиқонаш, бо устодонаш, бо ҳар касе, ки робита дошт, ҳатто бо ҷимодот вафодор буд!! Ӯ шахсонеро, ки ба Қуртуба мерафтанд аз ҳавлии худ ва ҳоли он мепурсид. Ӯ дар ин бора мегӯяд: Инро аз рӯи мадҳ намегӯям, лекин ба адаби Худованд чанг мезанам.

Сухани Худо: Ва савганд ба шаб, чун бипӯшад (бо торикии худ аторфро), ки Парвардигорат туро тарк накарда ва душман ҳам нагирифтааст.
(Сураи Зуҳо оёти 2-3)

Худованд ба андозае маро соҳиби вафо намуда, ки бо ҳар касе, ки робита дорам вафодорам ва бадгуии ҳар касро, гарчанде як лаҳза ҳам бошад таҳаммул намекунам ва Худоро бо ин ояташ шукру сипос мегӯям ва аз Ӯ таъоло талаби зиёдат мекунам. Ҳеҷ чизе вазнинтар аз узр бароям нест. Савганд мехӯрам, ки ҳаргиз дар ғами озори касе набудаам, гарчанде, ки назди ман гунаҳкори бузург аст. Бо ин ҳолатҳо хеле зиёд рӯ ба рӯ шудам ва ҳамеша бадиро ба некӣ посух мегуфтам ва Худоро барои ин шукр мегӯям.

Иззати нафс бе таккабуру ғурур

Ибни Ҳазм илова бар сифоти вафо сифати иззатманде ба нафс дошт. Нафси худро ҳаргиз баланд ва ё паст намекард. Иътизоз ба нафс нисбати ӯ аз маъданаш ба ҳисоб мерафт. Ӯ нафси худро гиромӣ медошт, зеро ӯ дар байни қавмаш иззатманд ба воя расида буд ва ҳаводиси рӯзгор ҷуз сафову озодагӣ барои вай чизе зиёд нанамуд. Ӯ заифу хору залил нагардид. Душманони ӯ тавонистанд ӯро бадарға намуда, ба ҳабс андозанд, лекин аз иззати нафси ӯ заррае коста натавонистанд. Ӯ талхию ширинии ҳаётро чашида, лаззати айш ӯро мунҳариф насохт ва на талхии он ӯро бо хорию зиллат набурд, балки дар ҳама ҳолатҳо иззатманд буд ва ҳоҷаташро аз касе талаб наменамуд.

Ин табиату хулқу хӯи Ибни Ҳазм ва ахлоқу сифоту мавоҳиби ӯ буд, ки ҳамаи онҳо ба таври мустақим соҳиби худро ба сӯи илму дониш савқ медиҳад. Ва аз шаъни ин сифот аст, ки соҳибашро дар ҳоли муҳайё будани муршиди солеҳ ва фазои илми муносиб, олими некӯкору маҷид гардонад ва самараи неке ҳосил гардад. Ҳамаи ин барои Ибни Ҳазм дуруст меояд.
Илми ибни Ҳазм ва санои уламо бар ӯ.

Таърих пеш аз Ибни Ҳазм олимеро нашинохта буд, ки монанди ӯ байни улуми гуногун ҷамъ намуда бошад, ӯ котиби адиб аст ва дар илмҳои мантиқу фалсафа низ ба таври амиқ ғутавор шудааст. Ӯ дар илми таърих низ пажӯҳишҳо намуда, ҳақиқатро нигоштааст ва ба ҳамин шакл ӯ муаррихи соҳиби дидгоҳи амиқ низ ҳаст. Илова бар ҳамаи ин ӯ муҳаддиси бузургест, ки ҳадисҳои парокандаро гирд овардааст ва уламо бузургии ӯ ва ҳофиза ва маърифати ӯро нисбати таърихи риҷол ва аҳволи эшон сабт намудаанд. Ӯ фақеҳест, ки илми зоҳирро аз нав эҳё намуда, умум ва шумули онро ба ҳукмҳои ҳадисҳое, ки байни мардум ҷорӣ мешавад новобаста аз тағйир ёфтани замон баён намудааст. Ӯ соҳиби мавсуъаи фиқҳои машҳур дар фиқҳи зоҳирист бо номи «Ал-Муҳалло» ва дигар мусанафот.

Ӯ инчунин илова бар ин олим ба миллатҳову фирқаҳои ғайри исломист ва олим ба вуҷуди рад бар ғайри мусалмонҳост ва доно бар фарқ байни мазоҳиби гуногун аст. Ӯ бо ин фирқаҳо ва мазоҳибу динҳои ғайриисломӣ ба таври озоду сареҳ муноқаша мекунад ва сухани ҳеҷ олимеро, бо вуҷуди мартабааш аҳамият намедод агар он мухолифи зоҳири китоб ва суннат бошад. Ӯ бо ин рафтораш ба мардум баён намуданист, ки дар илми ақоид танҳо он чиро, ки зоҳиру равшан аст, қасд намудааст.

Ӯ бо файласуфҳо низ муноқиша карда, ҳуҷҷатҳои эшонро беасос намуда, ақоиди ботилро бо далелҳои мантиқӣ баён медорад. Ҳамин тавр Ибни Ҳазм дар ҳамаи майдонҳои улуми исломӣ ҳамчун олиму ориф ҳунарнамоӣ карда, он чиро ҳақ дарёфтааст қабул намуда ва он чиро ботил шуморида ба шиддат рад намудааст ва сабабҳоро ба асбоб ва натоиҷро ба муқаддимот ва аҳволро ба ғояҳои он бо ибораҳои сареҳу ошкору возеҳ рад намудааст. Касе аз муосиринаш ин манзалатро барои Ибни Ҳазм инкор нанамудааст ё аз ғайри мухолифонаш. Ҳама ба вусъати илм ва пур таълифу пажӯҳишҳои зиёди ӯ иттифоқ намудаанд.

Саъиди андалусӣ дар таърихи худ гуфтааст.

Касе аз аҳли Андалус монанди Ибни Ҳазм дар улуми исломӣ моҳир ва ҷомеъ набуд. Ӯ дар илми лисону шеъру балоғат ва сияру ахбор низ маҳорати бузург дошт… Писараш Фазл маро хабар кард, ки аз таълифоти падараш, ки бо хатти худ навиштааст, зиёда аз чорсад муҷаллад китоб гирд овардааст.
Имом Ғазолӣ менигорад.

Дар мавзуъи « Асмоуллоҳ» китобе ёфтам, ки муаллифаш Абумуҳаммад ибни Ҳазм будааст. Он далолат бар бузургии ҳифз ва зеҳни буррои ӯ мекард. Абдулвоҳиди Марокишӣ дар китоби худ «ал-Муҳзаб» мегӯяд: Ӯ, яъне Ибни Ҳазм мусаннафоти зиёде ҷалилул-қадр ва шарифул-қасд дар усули фиқҳ ва фуруъи он дорад. Бисёре аз уламои Андалус шунидам, ки теъдоди таснифоти ӯ дар фиқҳу ҳадису усул ва шинохти фирқаҳо ва ғайра аз чорсад муҷаллад зиёдтар аст, ки тақрибан ҳаштод ҳазор варақро дар бар мегирад. Ин чизест, ки қабл аз Ибни Ҳазм дар муддати ислом аз касе ҷуз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ надида будем. Ӯдар ислом аз ҳама зиёд таълиф кардааст.

Таълифоти Ибни Ҳазм

Мехостам номҳои китобҳо ё таълифоти эшонро дарҷ намоям. Вале рости ончунон зиёд буданд, ки дигар ба зикри кӯтоҳ онҳоро инҷо наменависам.Онро бо ин сухан ба поён мерасонам уламо ба ин натиҷа расидаанд, ки Ибни Ҳазм 400 муҷаллад китоб дар 80,000 ҳазор варақ ё сафҳа навиштааст. Яъне дар ҳар рӯзи умрашон беш аз 60 саҳифа менавишта будаанд.

Вафоти амири Уламои Андалус.

Ибни Ҳазм дар ҳақиқат олими Андалус шуда буд. Агар номи Андалус зикр мешуд албатта номи ӯ низ дар радифаш зикр мешуд ва ҳар вақт номи Андалус назди уламо зикр мешуд исми Ибни Ҳазм пеш аз он баён мешуд.

Ин аср дар Андалус асри шукуфоиву тараққиёти илм ба ҳисоб мерафт. Амирон худ аз зумраи уламо буданд ва агар аз зумраи уламо намебуд кӯшиш менамуд, то хонааш мисли китобхона пур аз китоб бошад ва ӯ аз ин ифтихор мекард ва қасрашро ба он зиннат медод. Пеш аз аср Ибни Ҳазм илми Шарқ бо илми Ғарб бо ҳам як ҷо шуда буд. Уламо гурӯҳ-гурӯҳ ба Андалус меомаданд, дар ҳоле, ки китобҳояшон пештар аз худашон вориди китобхонаҳои Андалус мешуд. Уламои Андалус бошад ба Шарқ рафта, аз он ҷо илму маърифат меомӯхтанд.
Амири уламои Андалус Ибни Ҳазм тамоми ҳаёти худро ба мубориза бар зидди нафс ва зиннати ҳаёт ва бо ҷиҳод бар зулму ҷаҳл сарф намуд. Пеш аз видоъ гуфтан бо ин ҳаёт ӯ рӯ ба саҳро овард дар ҳоле, ки бар нафси худ ва бар зулму ҷаҳл ғолиб омада буд. Амири уламои Андалус дар таърихи бисту ҳаштуми моҳи шаъбони соли 456-ҳиҷрӣ дар сини 72 солагӣ вафот намуда, сарвати илмии бузурге аз худ ба мерос гузошт, ки дар фаровони намунаи масал шудааст. Пас ҳеҷ ҷои аҷаб нест, ки баъд аз гузашти сад сол мебинем, ки яке аз шоҳони Андалус ҳангоми гузаштан аз назди оромгоҳи Ибни Ҳазм назди он истода мегӯяд: ҳамаи уламо бар Ибни Ҳазм аёл ҳастанд.

Share This Article