(бахши севвум)
Миллати беномус чоплус мешавад. Мо ба танҳоӣ наметавонем пеши роҳи чоплусию маддоҳиро бигирем, дар ҳоле ки худи миллат бад-он шавқманд бошад. То кай муборизон, мухолифони сиёсии Раҳмонов кӯшиши инро хоҳанд кард, ки дар ду ҷабҳа: бар зидди манмании Раҳмонову думравонаш ва тамаллуқи маддоҳони манфиатхоҳ қад алам кунанд? Миллате, ки худ ба табиаташ ин гуна рафтор «созгор» бошад, кӯшиши ҳеч мухолифу равшангаре имкон надорад ӯро аз ин варта наҷот диҳад. Агар нафаре метавонист миллати тоҷикро дар гузашта аз чоплусию тамаллуқу рақсу кунҷунбонӣ дар мазҳари Подшоҳ боз дорад, ҳамоно Аллома Аҳмади Дониш буд, ки мутаассифона касе ба гапаш ҷуз чанд тан равшанфикрон гӯш фаро надод. Дуруст аст, ки болшевикҳо ин тахту ишратгаҳи ҷаллодону дарбору саропардаи «ҷаноби оли»-ро вожгун сохтанд, вале хулқу атвору рафтору ақлонияти ҳазорсолаи маддоҳию чокарии як миллатро наметавон бад-ин соддагӣ маҳв кард. Балки миллати тоҷик дар аҳди Шӯравӣ ба ҷои Олимхон Сталинро «вожд» қарор доду пас аз барҳамхӯрии СССР, инак, ҳамагӣ аз Раҳмонови говбон ҷаноби олию пешвои муқаддас сохта аст. Талоши мо баҳри ислоҳи ин қавм идомаи ҳамон талоши номуваффақи Мусову Ҳорун мар қавми яҳудро мемонад! Миллате худ ислоҳ шудан нахоҳад, зӯри беҳудаи мо – миёни мо мешиканад!
Панди 98: Тухм ба ҳаром андозед, то фарзандони шумо плагиатору муллои дарборию муфтӣ Мукарраму муқарраби султон бошанд!
Имрӯз тоҷик ба ҷои решаи ин ситаму ситамкорону ситамкадаи Раҳмониро бихӯшконад, зораву таваллову ошнобозӣ мекунад, то духтараш, писараш, худаш ё ҳамсараш бо ҳар роҳу воситаи ҳарому ҳалоле дар яке аз шохаҳои ин режими тоҷиккушу золим ҷойпой ёбаду пасон шавад : як ҳайвони дигар аз ҳайвоноти даштгарди бераҳму мунофиқ!
Қабули дипломи эътимод баландтарин қуллаи тамаллуқу хиффат буд, ки ҳам низомӣ, ҳам сипоҳӣ, ҳам амниятӣ ва ҳам мардонӣ сиёсӣ, (агар инҳоро чунин номидан ҷоиз бошад ва инҳо, воқеан, мардони ин маёдин бошанд), ба он тан доданд.
Ва ба ёд овар он ҳангомеро, ки мардони номарде рӯи минбари хушомадгӯӣ, назди анбуҳ ва нигоҳи инсонҳо рост истода шаванду аз падарқусуре бо номи Эмомалӣ Раҳмонов тамҷиду санову ситоиш ба бор оваранд; ки ҳон, миллат, бубинед, ки ин хоҷаи аълои мо ҳам ҳакимасту ҳам наҷибу ҳам ҳабибу ҳам маҳбубу ҳам тавонову ъазиму ҳам роҳнамову роҳбар!
Ва андар ин хитобаҳо, аслан онон ба усули «дар гуфтам, девор, гӯш кун» амал мекунанд!! Гӯиё андар пояи дор қарор доранду охирин суханони ҳасратолуду тарсони худро, канда- канда баён медоранд!
Оғози каломашон чунин аст:
— Ҷаноби олӣ, Роғун фарзанди шумо буд, ҳаст, мемонад!
— Ҷаноби олӣ, шумо чизе бигӯед!
— Не, ҳоло, ҷаноби олӣ, хонадоршавира вақташ наомадаст.
— Ҷаноби олӣ, иҷозат диҳед, китфонатонро бибӯсам.
Ва ҳамин ҷо буд, ки иҷозати аҳриман мар бӯсидани ду шонаи Аждизаҳҳокро ба ёдам расид! Ёдам омад, ки Аҳриманҳои ин аср ҳам, ки бас суханвару чарбзабону моямоланду аз ким-куҷое аз аъмоқи ҷомеаи ин миллати ғафлатзада пайдо гаштаву Заҳҳокҳоро он гуна мафтуну худшефта мекунанд, ки лашкаре аз инсу ҷин тавони кардани инро надоранд!! Ва он зани нобакору мардони нобакоре амсолашон рӯи минбарҳои имомуш-шаётини золлу музилли ҳақир биллоҳил ъазим, падид омадаву на танҳо бо нияти лесиши костюми Раҳмонуф минбардорӣ мекунанл, балки бо ин услуби «духтарам гуфтам, арус, шунав» ҳамзамон мағзи карахту лапари ин миллтатро пур аз морони заҳҳокии мағзисархор мекунанд! Бо хушсуханию саҳнаороию хӯшомадгӯияшон айни кореро мекунанд, ки Аҳриман он замоне ки бӯса бар китфони Заҳҳок зада буд, карда буд!!
Ва ин дигаре – вазири ВКД омада, баҳри хурӯши бозори манқуртон китобе менигорад бо номи «Дар фазилати Пешво», ки намоди олие аз тамаллуқу хушзабонию моямолию русиёҳигарист, ки ба гуфти он хушгӯи ванҷӣ: дурӯғ гаме, рӯсиёҳигарӣ кунаме!!
Шарм намедоранд ин бозмондаҳои Аҳриман, ки ҳар боре фурсат дасташон диҳад, аз рӯи минбари хитобаву нутқу сухан ва ба василаи илму ҳунару фан як сақати бепадареро бар порчае аз қудсият иртиқо медиҳанд! Барояшон на имон, на мантиқ, на баҳои торих, на тақдири имрӯзу фардои ҳамвандону шаҳрвандон заррае аҳамият надорад! Имрӯзашон, бигзор, ободу осуда бошад! Бигзор, чанд сақату ҳаромие, ки занҳошон аз ҳар роҳе ба номашон сақат зодаанд, дар сояи тамаллуқу хӯшомадгӯии падар мар-Раҳмоновро, осудаву хурраму серупур бошанду миллат дар кӯи гадоию оворагию хиффату хорӣ, дар мулки русу арабу аҷам овораи сад диёр бошанд!! Муҳим шикамашон серу гӯши ҳақиқаташон кар бошад!!
Ва ин хушомадгӯ натанҳо паҳлӯи Раҳмонпарастӣ дораду бас, бал, бар иловаи пешвоситоӣ, зимнан, худнамоӣ ҳам дорад! Сурхзабонӣ, сухандонӣ, пешвопарастӣ, доҳипарастӣ, ҳамадонтарошӣ, ҳаматавонситоӣ, нокасу нотавону вомондаву говбонеро бад-ин водии хаёлангезу шӯроваре аз буландиҳои тахайюл иртиқо додан, санъатест аз худреклама дар байни дигар мутамаллиққин, тамаллуқкорон, хушомадгӯён, маддоҳон, шаттоҳон, лесакони дурӯя ва он гуна, ки Қуръони азимушшаън баён медорад: «шаётинал инси вал ҷинни юҳӣ баъзуҳум ила баъзин зухруфал қавли ғуруро! Ва лав шоа раббука мо фаъалуҳ!»
وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا شَيَاطِينَ الْإِنسِ وَالْجِنِّ يُوحِي بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ زُخْرُفَ الْقَوْلِ غُرُورًا ۚ وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُ ۖ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ
[الجزء: ٨ | الأنعام | الآية: ١١٢]
Инҳо шайтоннасақони душмани ҳақиқату имонанд, ки ба гӯши ҳамдигар суханони пурзарқубарқе ворез мекунанд. Ва-гар Худо мехост, чунин намекарданд! Вале то замоне ба ҳолашон гузор, то кистии худро ошкор созанд!
Ва ба таъбири диннӣ: «Имомушшаётин» чун як ҳизи олӣ, аз ин ҳама тумтароқҳои болохонадору аз ин ҳама ситоишҳои дастабиринҷӣ он қадар ба ваҷду шодии кӯдакона меояд, ки ду чашми бадмуру берӯҳу хилмини қайовараш, гарданбалонгазии варамидааш чун ҳамон Заҳҳоки бӯсахӯрда, медурахшад! Вале миллати тоҷик ва ононе, ки аз ҳар фурсати муносиб истифода карда, бар чурдаи бенури Раҳмонов ҳолае аз фароинсонӣ насбу овезон мекунанд, намедонанд, ки ин ҳама таърифу тамҷиди беасос, ин ҳама суханбофии бардурӯғ, ин ҳама маҷду санои дур аз ҳақиқат бар ҳаёти имрӯзу фардои миллат чӣ қадар зиёновар хоҳад буд. Он қадар зишт аст, миллати тоҷик ба ҷои он ки кӯри ба қудратрасидаро роҳнамоию иршод кунад, ба ҷои ба дасташ додани асои кӯрбар, қабзаи ханҷар дода аст, ки ҳам ба худу ҳам ба атрофиён дорад ҷароҳат мезанад!
Оре, Раҳмонови кӯртинату кӯртабиату кӯрдил аслан кӯре буд, ки замоне бо фонуси дигарон, бо гирифтан аз бозуву шонаи дигарон; лангон-лангон вориди арсаи сиёсат гашт. Вале кунун, ки бояд роҳнамоӣ ва иршод мегашт, (чун ҳидояти гумроҳон кори дастаҷамъии як миллати фарҳехта аст), ҳамон гуна ки дар ҳадис омада, ки “ад-дину насиҳатун…
«الدين النصيحة». قلنا: لمن؟ قال: «لله، ولكتابه، ولرسوله، ولأئمة المسلمين وعامتهم«.
Ва идома, баръакси ин иршод, ин кӯрдилро бо суханони ҳавоикунанда умре ҳай бале кардему имрӯз балои ҷони ҳар якамон гашта аст! Чуноне мегуянд: «Тентакро ҳайбале кушта аст». Пас миллати тоҷик ба фармудаи паёмбар на, балки ба кеши Аҳриман рафтор дорад; чун Аҳриман буд, ки Заҳҳокро сархӯр кард! Миллати тоҷик, алалхусус чоплусонаш Раҳмоновро, сад дар сад, бо дурӯғбофию таъзиму курнишаш, ба бероҳа бурда аст!
Шояд ҳамин аҳволи нагунбори нагунбахтоне аз аҷдоди моро Ҳофизи Шерозӣ дида буд, ки ин абётро суруда буд:
Чу дар даст аст рӯде хӯш, бизан мутриб суруде хуш
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем!
Сабо хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем!
Сухандонию хушхонӣ намеарзанд дар Шероз
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулки дигар андозем!
Бале, дар Шероз тамаллуқро нахариданд, биё Тоҷикистон; Раҳмонов шефтаи суханони пуку беасоси бардурӯғ аст!
Ва ё ба таъбири Носири Хусрав:
Ба илму ба гавҳар кунӣ мидҳат онро,
Ки моя-ст мар ҷаҳлу бадгавҳариро!
Ба назм андар орӣ дурӯғе тамаъро,
Дурӯғ аст сармояи мар кофариро!
Ман онам, ки дар пойи хугон нарезам,
Мар ин қимматӣ дурри лафзи дариро!
Шояд, агар қасди Ҳофиз аз сухандонию хушхониро мо чоплусию тамаллуқи дарбориён донем, пас ин маддоҳони арсаи фасоду ақлрубоёнро наметавон пеши роҳашонро гирифт! Инҳо агар Раҳмонов мурд, фардояш бути дигаре аз мансабнишинони аблаҳ тарошидаву агар дар Душанбе нашуд, ба мулки дигар хоҳанд рафт, ва шиорашон аст: «сари зулфи ту нашуд, сари зулфи дигаре!». Ва бо ҳар роҳу василае мекӯшанд, ки агар дарборе набошад, онро оҳиста -оҳиста созмон диҳанд.
Масалан, Низом Қосим, як лесаки муаддаби дигар, ҳангоме соли 2019 пайкараи Деваштичро дар Ғончӣ тарошиданду гузоштанд, ҳай тофту бофту дар васати тамҷиди Деваштич Раҳмонови ғосиби Ҳукумати Муросои Миллиро «Деваштичи даврон» номид!! Дар ҳоле ки агар нерӯҳои Мухолифин «араби хонагӣ» буданд, Фронти Раҳмонову Сангаку Файзак «муғули хонагӣ» буданд, ки на баҳри наҷоти меҳан, балки баҳри ғасбу қатлу тороҷи миллат, аз ҷониби русу…, ташкилу созмондиҳӣ шуда буданд! Ва-гар соли 1992 ҳангоми муҳосираи Душанбе нерӯҳои тоҷикӣ буздилона фирор накарда, чун дигар шаҳрҳои қаҳрамон пойдорӣ мекарданду юриши Сангакро чун юриши ҳамтояш — Сафаралӣ Кенҷаев хунсо мекарданд, имрӯз на Раҳмонови «асосгузору наҷотдиҳанда»-е доштему на ин қадар селае аз лесакону моямолону на ин ҳоли табоҳ! Дар торих забт ҳам мешуд, ки гуруҳи муташаккили ҷиноие аз самти Ҷанубу Шимол хостанд пойтахтро забт кунанд, вале дар баробари пойдории ҷавонмардони тоҷик шикаст хӯрда, саркардаҳои ин гурӯҳи ҷиноятпеша: Раҳмонов Э. Ш., Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Маҳмуд Худойбердиев, Ёқуб Салимов, Абдулмаҷид Достиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигарон дастгир ва муҳокима шуда, равонаи зиндон шуданд! Вале чун оташро бо оташ накӯбидӣ, аз варои он деве қаҳрамону пешвои миллат хоҳад шуд, ки замоне баҳри қатлашон омада буд! Қотилу ғосибу мутаъаддӣ ва саркардаи гурӯҳи хоини зархариди русу муғул мешавад, «Деваштичи замон»-у намояндагони Ҳукумати Муросои миллии қонунӣ мешаванд: араби хонагӣ. Ва қисмате аз маддоҳии он шеъри Низоми Қосим:
Гузашт аз разми ту асри зиёде,
Ки размат дар Ватан такрор омад,
Ба рағмаш бо ҳамон оини дерин
Зи нав аъробии бисёр омад;
На аз саҳрои сӯзону на аз дур,
Ҳама ногаҳ расид аз хонаи мо,
Ҳамоно хонагӣ аъроб мехост
Шикастан шонаву кошонаи мо;
Ҳамоно хонагӣ аъроб мехост,
Ки даҳҳо аср Меҳанро барад пас,
Фиканда мардро бар ҳабси ҷаҳлаш,
Ба сатри зулматаш занро барад пас;
Ҳамон Деваштичи Меҳан шуд эҳё,
Ба рағми хасми Меҳан боз бархост,
Баҳои азму размашро бибин худ,
Ки нангу номи Меҳан боз барҷост!
Ва чун нек бингарем ҳамин «араби хонагӣ» ва ҷаҳлпарокану ақаббару миллатозору занозор ҳамоно худи сардори Фронти Тоҷиккуш Э. Ш. Раҳмонов асту бас! Вале дар паси ниқоби мадҳу санову тамаллуқ шуда: «Қаҳрамони Тоҷикистону пешвои тоҷикон!!»
Ва аз кадом нангу номи Меҳан мелофад, ки тоҷик имрӯз чуркаву Ҷумшуду Равшану гастарбайтеру овораву роҳрӯбу дарбадару фақиру беҳуқуқу террористу пешмаргаву интиҳорию тарсуву беқадру дар рӯйхати сиёҳи Интерпол аст!? Ҳамин аст ному нангу қадру манзалати тоҷику Тоҷикистон, ки фақиртарин, диктатортарин, ноозодтарин, ноадолаттарин режим дар миқёси олам аст, ки дар он ҳуқуқи зан — поймол, ҳуқуқи шаҳрвандӣ – поймол, ҳуқуқи озодии баён – поймол, озодандешию гуногунфикрию бисёрҳизбӣ – саркӯб ва диктатура пойбарҷост!?
Ба валлоҳ, агар ҳатто авлиётарин шахсро ин қадар сол, ин миқдор лесаку чоплусу ҳарзагӯву шайтоннасақе, ки медонанд ҳарчи мегӯянд дар васфи Раҳмонов ҳарзаву жожу патёрае беш нест, мелесиданд, кайҳо аз ҷодаи савоб бадар мерафту инсон будани хешро ҳам фаромӯш мекарад! Дӯстон, Раҳмонов, ки имрӯз аз вуҷуди палидаш дигарон ранҷ мекашанд, маҳсули таърифу санову тамаллуқу моямолии гурӯҳи шаҳрвандонест, ки пеш аз ҳама аз худ зиёиву сардамдору фарҳехтаву элита тарошидаанд, ин ҷамоъаи фарти харон он қадар бо рангу риё Раҳмонови чиркаки говбони оғули Данғараро покопок лесидаанд, ки саг олаташро тӯли торихи сагият ин гуна налесида аст!
Инашро бубинед чӣ мегӯяд:
Тоҷикистон!
«Меҳани ман, Фарҳоди сисолаи зӯрманду пилтани ман!
Ба теша занҷири кинаю бухл баркандӣ, боз поратар кун. Дили кӯҳи адовати адӯ бишкофтӣ, чашмаи меҳр ҷорӣ гашт, обшорон шуд. Насибат тоҷу тахти Истиқлол шуд. Пирӯзият зи раҳму имон, Эмомалӣ Раҳмон шуд.»
Латофат Кенҷаева.
Бо назокати шоиронаву хонумона Пешвояшро бо меҳру ҳавас сутӯда аст. Корам ба ишқварзии занони дарборию саропардагии кунунӣ нест, ки Пешвои ҳамешаҷовидро аз шавҳаронашон бештар навозиш мекунанд, вале чун гуфта: Пирӯзият зи раҳму имон, Эмомалӣ Раҳмон шуд.
Мепурсам: шумо, хонум, аз кадом раҳму имон доред сухан мегӯед? Ҳамон «раҳм»-е, ки сари 150-200 ҳазор тифлу зану навҷавону пиру барноро хӯрд? Ҳамон «имон»-е, ки то имрӯз бар зидди имони як миллати мусулмон бераҳмона, ошкоро ҷанги тамомайёр эълон карда аст? Ҳамон рамҳе, ки ба касе; ба зани ҳомилаву тифли ширхорадор раҳм накарду бурда зиндонияш кард?! Ҳамон раҳме, ки мусафедоне чун Қиёмиддини Ғозию Шайх Темуру Махдуми Абдусаттору,бобои Қурбони Маннон,Ҷалолиддини Маҳмуду, Мавлави Муҳаммадалӣ амсолашонро дар зиндон бархеро сар буриду бархеро кушт кунун зиндонҳои «раҳимона»-аш пур аз мӯсафедони бегуноҳ аст? Ҳамон раҳме, ки дорунадори сарватмандони як миллатро ғасби рейдерӣ карду дигар ҷуз оилаи наҳсаш дар ин сарзамин касе нони басерию ҳолу рӯзу амнияту хотири ҷамъу дили беғам надорад? Амнияти вуҷудӣ надорад? Ё шумо аз ҳамон раҳме сухан мегӯед, ки Раҳмонов ба Шаҳбоз Раҷабзода – кавалери духтари шавҳардораш кард? Ё ҳамон раҳме, ки ба Беги Танбур кард, ки як саду анд миллион қарзи ҳатмии давлатияшро, ки ҳатман бояд ба давлату миллат мепардохт, ҳотамона аз номи миллат бахшид? Иҷозати миллату парлумони хасакаияшро дар ин амри миллӣ – қарзи миллию давлатӣ пурсид? Ҳамон раҳмате, ки Раҳмонов ба авлоду бастагонаш дорад, ки ҳамагиро аз пардохти пули барқ, пули андоз, пардохтҳои воридотию содироти гумрукӣ озоду муоф карда аст? Аз ҳамон раҳму эмоне доред мелофед, ки шоҳроҳи ягонаи Шимоли кишварро пулакӣ кардаву ба духтари ғараш бахшида аст?! Гӯиё Вилояти Суғд кишвари бегона аст, ки аз марҳамату раҳми пешвои муаззам ба тоҷикони Данғарагӣ «боҷу хироҷу ҷизя» мепардозад!
Мо ку раҳмате ҷуз лаънату бадкорию бадсиголӣ ва тороҷи миллати хеш аз ин авлоди наҳси ҷанговари дузд надидаем! Шарм бидоред!! Раҳмату имон яке сифати Аллоҳ ва дигаре эътиқод ба Аллоҳ аст, ки натанҳо Раҳмонов онро дар тинати палидаш надошту надорад, балки модарғарашу падарчақурашу ҳамсари хоинаашу тамоми авлоду зуррияи палидаш бад-ин ду арзиши олӣ бегонаанд. Заррае имон надорад аҳли ин хонадон! Ба кӯчаи имону раҳмат модари ғару падари номаълуму духтарону писарони фоҳишаву худаш умре нагзаштаагд! Бераҳмӣ ва беимонӣ оини деринаи ин хонадони малъуни палиди касофати торихи навини тоҷикон аст! Ана ин аст воқеияте, ки онро бо пардае аз дуруғу тазвиру калимабозию ибҳому ғулув аз миллати ғафлатзада умре шумо, ҷамоати лесакони муосир, латтапеч кардаед! Аз як хар сарвари раҳмдилу имондор сохтаед. Ва чун сухан сари харият рафт, бояд шеъри Эраҷ Мирзоро баротон биёварам, то худ харгалла будани хешро бо сархари олиятон бишноседу миллат шуморо ҳам шиносад, ки қисме нархару қисман мочахаре беш нестед!
Агарчи дар таърихи назми тоҷику форс «мунозира» санъати ошност, ба мисли «Мунозира бо Худо»-и Носири Хисрав, вале Эраҷ Мирзо дар шеъраш «Мунозира бо Хар» шуморо дар нигар дорад! Пас, биё бихонем:
Рӯзе ба раҳе мара гузар буд,
Хобида ба раҳ ҷаноби хар буд.
Аз хар ту нагӯ, ки чун гуҳар буд,
Чун соҳиби донишу ҳунар буд.
Гуфтам: «Ҷаноб, дар чӣ ҳолӣ?»
Фармуд: «Ки вазъ бошад олӣ!»
Гуфтам: «Ки биё, харӣ раҳо кун,
Одам шаву баъд аз ин сафо кун!»
Гуфто: « Ки бирав маро раҳо кун,
Захми тани хешро даво кун.
На зулм ба дигаре намӯдем,
На аҳли риёву макр будем.
Розӣ чу ба ризқи хеш будем,
Аз суфраи кас нон нарубудем.
Дидӣ ту харе кушад хареро?
Ё он ки барад зи тан сареро?!
Дидӣ ту харе, ки камфурӯшад?
Ё баҳри фиреби халқ кӯшад?!
Дидӣ ту харе, ки ришвахор аст?
Ё бар хари дигаре савор аст?!
Дидӣ ту харе шикаста паймон?
Ё он ки зи дигаре барад нон?!»
Дидам, суханаш ҳама матин аст,
Фармудаи ӯ ҳама яқин аст.
Гуфтам: «Ки зи одамӣ сарӣ ту,
Ҳарчанд ба диди мо харӣ ту!»
Бинишастаму орзу намудам,
Бар холиқи хеш рӯ намудам:
«Эй кош, ки қонуни харият
Ҷорӣ бишавад ба одамият!»
Ана ин гуна бояд бар ҳукуматдорҳо ошкоро гӯшзад кард, ки шумо на онед, ки як гурӯҳи песу махаву хокшапҳову думравҳои бешарафатон васфатон мекунанд, балки баракс, шумо як мушти нотавону бекораву дармондаед, ки бояд зудтар аз руи ин ҳама мансабу курсиҳо барандохта шавед, то миллат аз ин ҳама шумии шумову бадовардаҳои шумо раҳоиш дошта бошад! Ва Ҳофиз вақте гуфт:
Тавқи заррин ҳама бар гардани Хар мебинам. Шуморо дар назар дошт!
Бубинед, Зеварбону Рауфӣ чӣ мегӯяд:
«Ҳукумати кишвар, тамоми мансабдорон, аз хурдтарин симат то худи раисҷумҳур, бояд фаромӯш накунанд, онҳое, ки ҳоло талош доред «хоин» ҷилва диҳед, василаи бозиҳои сиёсиятон қарор доданиед, дар асл ҳамонҳое ҳастанд, ки бештар аз шумо дилашон барои миллату меҳанашон месӯзад. Ободии ҳар як хонаводаи тоҷик ободии Тоҷикистон аст». Ва…
«Эй шумое, ки зиндагии пурзарқу барқатон чашмҳоятонро бар машаққатҳои мардум кӯр карда, ба хотир оваред, ҳеч одаме аз зиндагии хуб фирор нахоҳад кард. Агар имрӯз Тоҷикистонро тарк мекунанд ба он маънӣ нест, ки Тоҷикистон бад аст ё онҳо ватанашонро дӯст надоранд. Иллати аслӣ ин ҷост, ки шумо, як идда беурзаи мансабдор натавонистаед, вазифаатонро дуруст анҷом диҳед, то мардум дар рифоҳ зиндагӣ кунанд».
Воқеан, шумо нотавон ва пайравонатон ҷоҳилтар аз шумост! Шабу рӯз бар алайҳи ашхосе, ки ҳақиқатҳоро мебинанду бармало мекунанд, ононро мешиносанду муаррифӣ мекунанд, ҷабҳаи ҷаҳолат кушодаву ононро душном дода, бар алйҳи бастагонашон дар Тоҷикистон ситам раво мебинед. Муҳоҷирону фирориёну дар хориҷбудагони равшанзамирро «хоин, ватангадо, бекафан, кӯрнамак, хоҷаи хориҷидор, бо доллар фурӯхташудагон, муздурону агентҳои кишварҳои ба ҳама маълуми даруни нохунак, нотавонбин, иғвогару фитнаангез, нокасу кӯрдилоне, ки ин ҳама ободиҳои авлоди Раҳмону думравонашро намебинанд» ва амсоли ин ҳамоқатгуфторҳо барчасп мезанед! Вале ҳеч омода нашудед, ки худро ислоҳ кунед. Иқрор нашудед, ки шумоед, ки нотавонеду заъфу нотавониятонро бо маддоҳию калимабозӣ ва саҳнасозиҳои дилбазан умре пардапӯш доред! Вале миллат чун оина кажу костиҳои шуморо мебинаду ба чашми нотавонбинатон менамоёнад, вале ба ҷои ислоҳи гиребони кажу почаи даридаатон, санг бар оинаи миллат мезанеду худро дар кажнамои чоплусон басо олуфтаву ороста дидан мехоҳед!
Ҳамин гуна буду ҳаст, ки тоҷикон мегуфтанд: «савораро кай ғами пиёда?». «Шикамсерро кай парвои гурусна аст?».
Ин ҳукумату бодовардагонаш гушнамасту гушнагадои абадгушнаи абадҷоҳили туппой буданду боқӣ монданд. Аз инҳо дигар умеди беҳбудию беҳрӯзии худу фарзандонатонро мунтазир мабошед. Буду шуди инҳо, тавону имкону потенсиали мағзии ин «кӯрони торих» ҳамин аст, ки то кунун ба намоиш гузоштаанд! Ба гуфти Раҳмонов: «дар кисаам дигар кадр намонд!». Тамоми авлоди туппой, хешони қашшоқ, қудоҳои говақл ва ҳамтаборони супераҳмақашро оварду шаҳрнишину тоҷири ватанию соҳибкору соҳибмансаб кард, вале дида шуд, ки аз дасташон г… наомад! Ҷуз ғорати гурӯҳӣ ва таҷовузи гурӯҳӣ баҳри ин миллату ватан кореро аз пеш набурданд! Боз шариъатзадаҳои дузду ғар аз миллат талаб доранд, ки «шукронаи ана ҳамин ватани биҳиштосо кунед». Биҳиште, ки дар он на барқ, на гармӣ, на ғизои кофӣ, на оромиш, на озодӣ, на ихтироот, на пешрафт, на ҳамдигарфаҳмӣ, на имконот, на баробарӣ, на бародарист! Худоё, гар «биҳишт» ин аст, дӯзах чӣ дорад, ки ин «биҳишти Раҳмоновӣ» надорад?!
Акнун, бояд оқилони ин миллат – аз Зарафшон то Бадахшон даст ба дасти ҳамдигар дода, ба ҷои якдигаркӯбӣ ба гуфтугӯи умумимиллӣ нишаста, аз сиёсати маддоҳию интизорӣ (сабри беасос) даст бардошта, ихтилофоти шахсию гурӯҳию ҷаҳонбинию мазҳабию сиёсиро як тараф гузошта, ин миллату ин кишаарро аз варати сохтаи Раҳмоновҳо наҷот диҳанд! Агар накарданд, аз ҳамин барзаговону думравону кунлесонашон ҳеч фарқе надоранд; чи онҳо мулло, чи олим, чи журналист, чи сиёсатмадор, чи тоҷир, чи муҳоҷиру чи ҳар касе ҳам бошанд!
Вале миллат, ба таъбири Муъмин Қаноат дигар зирраку огаҳу бедор нест. Сафи пайравони сиёсати; «э, хап кн. Чӣ сари бебалота да бало мемонӣ? Туда чӣ даркорай ҳамӣ проблема?» зиёд шудан дораду тамошобинони филмҳои ҳиндӣ имрӯз ба ҳаёти имрӯзаи тоҷикӣ интиқол ёфтаанд. Ҳукумату ҳукуматиҳо пасттарин рафтору бадтарин амалкардро дар ҳаққи ҳар як шаҳрванд, аланан, анҷом медиҳанду ҳама сангпушт-тоҷикон тоқиро чуқур кашида, ба таги чашм чун аруси таги чодар ба қазияи ҳаммилатонаш назорагар гаштаанд! Ин вируси тарсу бетарафию беамалӣ дар ДНК-и ин миллат аз обову аҷдодашон омадаву худашон, дар ин асри озодиҳову огаҳиҳо ва талошҳои умумиҷаҳонӣ мехоҳанд аз роҳи гузаштагони чумояшон рафтан гиранд! Раги номусу мардию озодандешияшон намепараду миллаашон ҳам хам намехӯрад, ки ҳатто харону сагону бӯзинагон ҳам то бад-ин ҳад ба тақдири ҳамнавъонашон бетафовут нестанд.
Ва инак тӯли 33 сол аст, ки хуб ҳамаамон дарк кардаем, ки ҳар қадар дар баробари беадолатӣ, зулм ва истибдод сукут кардӣ, ҳамон андоза шиддати он афзоиш хоҳад ёфт. Агар медонистам, ки сукути ман ҳам дар баробари сукути миллатам рӯзгори моро аз бад ба самти беҳӣ меорад, он қадар сукуту сабри пассивӣ мекардам, ки Раҳмонову режимиёнаш аз сукутам дилгир мешуданд, вале чун дарк кардаам, ки ҳар як овози баландкардаам дар баробари кохи истибдод бадани фартути ин низомро ба ларзиш меораду чоплусони доимо санохонашро ба сардаргумӣ меорад, ва шояд баъзеҳошонро аз ин роҳи каҷ мегардонад, садоямро ҳар рӯз баланду баландтар кардан мегирам, то инки мерсад рӯзе ки аз якҷоя баланд дод задани мо ин Режим фурӯ мерезаду садои чоплусоне ҳам сокит хоҳад гашт. Садои чоплусон имрӯз барои он баланд мешавд, ки садои ҳақиқати миллат бо сиёсати ғалати «эй хап кн, чо менӣ гап мезанӣ?» хомуш аст!! «эй хап, ки кадӣ чорае накадӣ» ин ҳукумати мору каннагонаш хунатро якҷо мемаканду хору зорат мекунанд! Пас, савоб он аст, ки 10 миллион тоҷикистонӣ ҳама якҷо садо баланд кунанд! Чӣ коре мекунанд, намекунад, бояд ин миллат ба забон дароянд, то ин режими яка махавҳои шайтоннасақ сукуту суқут кунад! Вақте шумо сукут мекунед, ҳатто сагтарин, беъурзатарин, нокастарин, чумотарин аъзои ин режим ҳарчи хоҳад ба шумо раво мебинад, вале чун аз тарафи шумо камтарин таҳаррук, аксуламал, вокуниш, садо ва эътироз ба амал омад, онҳо дарҷо даст аз ин ҳама зулму ситам хоҳанд бардошт.
Ин гуфтаро торихи башарият исбот карда, ки пас аз ҳар шӯриши муваффақу ҳатто номуваффақе золимтарин диктаторон дигар бад-он ҳолати таъаррӯзи собиқ бар нагаштаанд; пас аз хезиши Ғӯраку Деваштич арабҳо даст аз ҷизягирӣ бардоштанд; пас аз шӯриши Маҳмуди Торобӣ муғулону Ялавоч даст аз ситам бардоштанд; пас аз шӯриши Восеъ манғитиён дигар андози сесоларо аз баҳраш гузаштанд; пас аз хезиши Ходими Ҷамолак – Бисолеҳа таззориён аз баҳри аскаргирии иҷборӣ гузаштанду ин хезиш ҳам сабаби ниҳояти Ҷ1Ҷ ва ҳам фарҷоми зудҳангоми оилаи Романовҳо шуд; пас аз хезиши ҷавонони тоҷик алайҳи тағйири симкортҳо ва қайди дубораи он Раҳмонови золим дигар кунашро он қадар қисонд, ки дигар садояш набаромад!! Шумо танҳо садо баланд кунед, золимон ҳам як мушт тарсуеанд, ки аз сукути мо далер гаштаанд, то тадриҷан ҳарчи дилашон хостан дорад, амалӣ доранд!
Поёни бахши севвум, идома дорад бо «Ислоҳ» бошед!