Чоплусону моямолони «ҷаноби олӣ»

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

Дар бахши аввал,  дар ҳамоҳангӣ бо «100 панд»-и Убайди Зоконӣ, ки гӯё низоми дарборӣ ва ҳолати маддоҳию моямолию дурӯғбофии тарафдорони ин режими иблисиро ба боди танқиду истеҳзо гирифта аст, то ба ҷое расидем, ки тарафдорони ин режим ё муханнасанд, ё ҳиз, ё номард, ё номусулмону мунофиқ, ё динро ба арзиши дираме чанд фурӯхтаву аз баҳри мардию Худову арзишҳои инсонӣ гузаштаанд! Ва онон, ки чунин накардаанд, ё зиндонӣ, ё қатл ё бадарға шудаанд!

Чоплусӣ барои он лозимаи ду тараф аст, ки чоплус он чизеро, ки хоҷааш дар шахсияти худ надорад ё амалеро, ки аслан анҷом надодааст, ё аз чизе ки дар асл дигаргуна асту онро дар малаи омм бо чарбзабонӣ воруна нишон медиҳад, то аз мамдӯҳаш шахсият бисозад, хатари пайомади  фаҳмишеро, ки агар миллат ба дарки он расанд, каппаи хоҷа дуд мекунад, аз сараш дур ва ба бероҳа мебарад. Ва дар навбати худ хоҷа, ки аз ин пияри чоплусонаш дар нигари мардум аз «гург» ба «кабутари сулҳ» мубаддал мешавад, ба хокзанҳо инъом хоҳад дод. Дар ин бозори гапфурӯшӣ ҳам чоплусу ҳам чоплусишаванда суди муштарак доранд. Чоплусон бо колои худ – сухан ва хоҷаи дузди рӯсияҳ бо молу сарвате, ки аз шаҳрвандон дуздида аст, ҳамдигарро мадад мерасонанд. Дар ҳар кишваре, ҷомеъае, ҳизбе, гурӯҳе, оилаеву ҳатто раставу бозоре дидед, ки якеро дигарон мадҳу сано мехонанд, бояд донед, ки дар ин васат як ҳақиқате воруна дигаргӯна ва сарпуш рӯяш гузошта шуда аст. Вагарна, инсони ҳалолкор, шахсиятдор, доманпок, тавоно, нерӯманд, мардумӣ ва  инсони арзандаро миллат худ кистияшро хоҳад шинохту қадр кард. Ба шахсиятсозии дурӯғин танҳо нотавонон, дуздон, ҳаннотон, шарлатанҳо, дарозумрони руи курсӣ, ғосибон, оккупантҳо, ҳақхорҳо ниёзманданд, аммо аз роҳи чоплусӣ, маддоҳӣ, дуруғбофӣ, мардумфиребӣ, пияр, шахсиятсозии бардурӯғ, дигаргӯнсозии воқеиятҳо, вожгунсозии ҳақоиқ ва рафторҳои нокарда, наметавон барои торих, барои оянда, барои ободӣ, барои саодатмандии як миллат, ки тобеи иродаи як шахси бешахсияти коғазист, коре кард. Ҳаминки ин хӯса бимурд, сарнагун шуд, кушта шуд, дафъ шуд, барандохта шуд, зиндонӣ шуд, истеъфо дод, гурехт, бадарға шуд, тамоми он кохи дар лаби рӯдсохтаи маддоҳону шаттоҳонаш, ба якбора нагунбахт фурӯ хоҳад рехт!! Ин ҳама дурӯғ, ин ҳама шайтанат, ин ҳама моямолӣ, ин ҳама шахсиятсозӣ, ин ҳама пропаганда, ин ҳама дигарсиёҳкунӣ, ин ҳама ҷонкании чоплусу ҳашароти макандаву лесаку шулику макакҳову каннаҳо, танҳо барои «обод сохтан»-и ҳаёти шахсӣ, баровардасозии манфиатҳои шахсӣ, ва дар сояи ин дурӯғи заволёбанда баҳри худу фарзандон зиндагии шоиставу гуворо аз ҳисоби фиреби боқимонда аъзои як ҷомеа, ғорати миллати ғофил, дастбурд ба дороию ҳаёташон аст, ки гуноҳаш аз кардаҳои раҳмонов бештар асту камтар не!

Ҳолати лесакҳои режимҳои суқуткардаро якоякатон дидаед, ки пас аз нобудии худовандгори олияшон, ҳамагӣ – он  ҳама дурӯғҳои бофтаашон, сарватҳои ғундоштаву дуздидаашон, обруҳои хасакияшон, дороиҳои манқулу ғайриманқули дар сояи «фитнаи аъзам» гирдовардаашону курсиҳои таги куну мошинҳои қатор – қаторашон балои сарашон гашта аст. Насиб намекунад моли миллат, моли дуздӣ, он ҳам дар сояи сиёҳи мустабидде, ки ҳам Худову ҳам халқи Худо лаънаташон карда бошанд! Танҳо малъун аз паси малъун мераваду дузд – аз паси дузд. Ва чоплус, ки худ як инсони бас хатарноки зараровар дар ҳар як ҷомеа аст, аз паси тирану золиму хунхорон саф мекашад! Ҳар зулму истибдоде мустабид анҷом дод, онро чоплус аст, ки дар назараш «кори олӣ» нишон медиҳад. Золимро дар раҳи зулмаш рӯҳия мебахшад. Ба идомаи ҳолати статус-кво рӯҳбаланд месозад. Чоплусонанд, ки намегузоранд ҳақоиқ он гуна ки ҳаст гуфта шавад!  Худашон дар ин роҳи ситам саф мекашанд, касе ононро маҷбур ба ин кор намекунад! Чоплусон ҳамситами золимонанд! Аз зулми хоҷаашон хушнуду розиянд!  Ва гуноҳи маддоҳу чоплусу косалес баробари ситоишу сонохондашудаву хоҷаву пешвову диктатораш аст!

Имрӯз Раҳмоновро касоне мадҳу сано хонда, дар васфаш ғазалу чакомаву қасидаву ҷилд- ҷилд китоб менигрранд, мерасад рӯзе, ки ин лакаи нангу доғи ъорро аз сафҳаи рӯзгорашон абадан нахоҳанд тавонист пок карду зудуд. Он рӯз дигар дар баробари миллати ситамдида, ки дар амри ситамашон ҳам пешвову ҳам пасвоҳои чоплусаш ҳамдаст будаанд,  узре нахоҳанд дошт!

Абдуллои Роҳнамо, пас аз суқути ин режим узре наовар, ки маро, агар намелесидем, чунину чунон мекарданд! Магар имрӯз Раҳмонов 10 миллион тоҷику тоҷикистониро чунину чунон накарда истодаасту як ту фақат ҷонат азиз аст?! Гар мекарданат бас сабуктарат мебуд! Ато Мирхоҷа, Фарҳод Раҳимӣ, Саъдӣ Маҳдӣ, Давлат Сафар… ва  ҳазорони дигар.. Шумо гумон бурдаед,  ки ин бозори ситам, ин дастурхони шоҳонаи аз дуздӣ ташкилкардаи хоҷаи говбони олиятон абадисту пас аз ӯ ин ҳафтхони Рустамию Ҳотамонаро гунги Рустам бароятон имтидод хоҳад доду парвои миллати асиру балорасидаву хунҷигарро ҳам надоред!? Пас, шумову хоҷаатон баробар ва якҷо душмани ин миллатед! Тарафдории шумо аз зулми золим ва айни адолат номидани он, худ бозгӯи душмани миллат буданатон аст! Касе шуморо ҷуз нафси бадатон бад-ин зулми муштарак иҷбор накарда аст. Шумо ҳамон магасҳои наҷосатхоред, ки чун бӯи наҷосат ба димоғи ҳаромхори одаткардаатон, дар ҳар ҷое расад, бад-он самт дар парвоз хоҳед буд. Вале мо пас аз  дарҳам кӯбидани ин дарбори навин, ин кохи зулм, ин қасри сиёҳи заҳҳоки тоҷик, ҳатман, он ботлохи бӯгин ва ин дастархони ситами рангини нангину ин ҳама луқмаву устухонҳои нимхойдаи сагҳои муғулро аз пешатон гирифта, ин ҳама ишратгаҳи шумову хоҷагони ҷаллодатонро хушку зеру забар мекунем. Дар ҳукумати баъдин ҳеч касе аз ин роҳрави махавҳо, косалесон, кунбӯҳо, чоплусон, лесакҳо имкони ба долонҳои ҷаноби барзагови олӣ расиданро нахоҳад дошт;  он рӯзгор на дарборе ҳасту на ҳарамсарову на саропардаву на мардону занони сароӣ , на сумбулоғову на тортуқу на рақсу суруду кунҷунбонӣ, на касе муаззаму мӯҳтараму асосгузору пешвову фароқонун хоҳад буд! – Низоми моямолӣ ва касби моямолон ва бозори мадҳу санову аз ин роҳ зиндагии хештанро чархондан касод хоҳад буд!  Ҳама кас дар ҷои худаш гузошта, дар дараҷаи тавонаш барои ин миллату кишвар хидмат хоҳад карду ҳеҷ куҷои касеро парвои мадҳу санои шумо нахоҳад буд! Агар саное мехонед, мадҳе доред, гуфтори зебову дилнишине доред, дар васфи танҳо миллату ватан хоҳед суроид, ки дар ин васат на ватан президент маъно дораду на миллат оилаи президент фаҳмида мешавад ва на ҳатто қасри заҳҳоки морон «қасри миллат» хонда мешаад. Ин қаср ҳамчун намоди зулму ситаму миллаттозӣ, ва дар бадтарин ҳолат, ки миллат хуни дил мехӯрду ҷон медоду оилаи наҳси Раҳмонов худу писару дахтараш қасрнишин буданд, ба ҳайси ибратгоҳи ин миллат, ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд, ки дигар корманде, орзуи қасрнишинию президенте дубора ҳаваси пешвошавиро надошта бошад!! Бигзор, ин қасри миллат ба хонаи истиқоматии камбизоаттарин шаҳрвандони ин миллат, ки аз пули онҳо сохта шуда аст, мубаддал ва тақсиму тавзиъ карда шавад. Чун, ҳар касе пас аз раҳмоновҳо: падар, писар ва духтар  қасрнишини ин касофаткадаҳо шавад, диктатору авлодбози навбатӣ ва дур аз миллат хоҳад буд!  Ва президенти мардумии минбаъда, кабинети корӣ дошта бошад, на қасри мӯҳташами тиллоӣ!

Вақте ин ҳама ислоҳот вориди ин кишвари балозада шуд, дигар решаи чоплусон, маддоҳон, моялесон, чилимбардорон, лесакҳо, мунофиқини чарбзабон барои абад хушк хоҳад шуду  ин сафҳаи нангини кишвардории навини мо барои абад баста хоҳад шуд!

Аз он ба пас мулло – муллоӣ, амниятӣ пайи амнияти миллату давлат, пулис пайи танзими тартибот, духтур пайи шифобахшӣ, донишҷӯ пайи хониш, варзишкор пайи фатҳи қуллаҳои нав ба нав хоҳад шуду барои муваффақиятҳояш президент ӯро табрик мекунаду сано мехонад, на инки ӯ омада назди як дузд, як гурӯҳбоз, як муфтхурӣ ҳатата дастҳо пеши бар санохонӣ кунад! Агар зарурате ба рақсу хушнудсозии миллат бошад, ононе, ки худро «ходими миллат» муаррифӣ карда, аз ҳисоби ин миллат маош мегиранд, рафта барои миллат мерақсанд, кафкӯбӣ мекунанд, хона месозанд, дарахт мешинонанд, на дар назди камера чун раҳмону гунги галӯяш, бо либосҳои гаронарзиш дар тан маймунбозӣ,  балки ҳамроҳи миллат, дур аз дурбини камера, дур аз популистӣ мераванду заҳмат мекашанд, то нони хӯрдаашон ҳалол ва бо ризоияти миллат бошад! Ва ин қадар подаи пулисҳо чун мӯру малах лаб-лаби ҷодаҳо, чун қатори турнаҳо баҳри монеъа шудан байни онону интихобкунандагонашон, турнақатору арғамчинвор тор намекашанд!!

 Пасон, миллат хидматҳои ононро дида, бад-онҳо  сано не, балки раҳмат мегӯяд! Ва гар аз раҳмат бештар талаб кард, ин ҳумоюндимоғро ҳам дари кунаш як шаттаи дастаҷамъии миллӣ зада, аз паси раҳмонови «ҳумоюнлиқо»-и  чингизчурда равонаи дарак хоҳад кард!  Ана баъд…. Мебинем-ку кадом говбони дигар орзуи пешвоию дарборсозию дорбозию морбозию маймунбозию аз худ абармардсозиро хоҳад кард?!

В-он гоҳ ин моддаро вориди сарқонун хоҳем кард: «чоплусӣ манъ аст. Нафаре, ки нафари дигарро бардурӯғ тавсифи бардурӯғ карда, барои исботи гуфтаҳояш дар назди маҳкама далел оварда наметавонад, ҳам таърифкунанда ва ҳам таърифшаванда маҳкум ба ҷазо хоҳанд буд».

Магар кӯреду надидед, ки дар аҳди шуми кунунӣ ноболиғон назди Раҳмонов чӣ гуна дастҳо пеши бар чун замони ғуломдории асрҳои миёна росту беҳаракат меистанд, ё кун меҷунбонанд, дар ҳоле ки дар Амрико, дар кохи сафед, дар бузургтарин абаркишвари олам писари Элон Маск дар назди доналд трамп бини кофта, бозӣ карда мегашту трампи миллиардер,  сарватмандтарин марди ИМА, аз онҷо ки «пешвои муаззам» несту, акнун, пас аз фарҷоми ин чаҳорсола ҳукуматравоияш асло чун раҳмонову путин, то дами марг, дигар,  орзуи ҳокимияти сиёсиро нахоҳад кард, чизе ҳатто ба як кудак гуфтан наметавонист, чун дар Амрико «раъият» гуфтанӣ гап несту онҷо чун мо «гуспандони ҷаноби олӣ» намезиянд, балки шаҳрвандон, ё худ citizens зиндагӣ доранд, ки намегзоранд касе чун Раҳмонов омада, тӯли умр, чун барзагов хушку тарашонро оилавӣ «лапу лес» кунанду онҳо шукронаи ана ҳамин шароити асафборро карда, бар илова, назди ин куҳнаҷунуби абадгушнаи абадносерам рақсу кунҷунбонӣ кунанд – чоплусону қаламкашонаш маддоҳӣ кунанд! Балки онҷо шаҳрвандон – интихобкунандагон, мухолифон, ҷомеаи шаҳрвандии зиндаву зарангу ҳӯшманд ҳар қадами баҷову беҷои сарвари давлаташонро назорати 24-соата мекунанд! Ҳамон гуна ки дар Тоҷикистон айни ин корро болои мардум КДАМ амалӣ дорад!! Ҳар таҳарруку амалкарду кунишу вокунишу гуфтаву хоставу талаберо зери назорати шадид қарор дода аст! Дар ҳоле ки бояд чунин як назорати фарогир болои сарвари давлат ҷорӣ бошад, то ҳар қадамашро санҷида, ҳар амалашро дониста, ҳар нақшаашро бо ройзанию ҷомаашро бо маслиҳат пора карда, пояшро чени курпаи қонун дароз кунад!

 Ҷони амрикоиҳо ҳам ширин аст, вале агар зарурат пеш ояд, барои озодӣ, адолат, зиндагии шоистаашон ҷонҳои амрикоии азизи хешро фидои ин арзишҳои волои инсонии худу бастагонашон хоҳанд кард. Вале, гӯё,  аз ҳама ҷони ширин ҳамин ҷони миллати гадову гушнагадову нимколасеру нодору чумову гастарбйтере чун ҳаммилатони мо бошад;  ҳамин қадар эҳтиёт мекунанд,  то дами мурдан ғулом бошанд, вале  ба миттингу шӯришу хезиш набароянду сухани ҳақро, ки дар баробари як золим гуфтанаш ба ҳар мусалмону ғайримусалмони ин миллат  ҷиҳоди акбару фарз гашта аст, дареғ доранд! 

Охир, то имрӯз, ана ҳамин ман ҳам, ки оид ба ин ҳақиқат лаб баста будам, на миллат ва на худи дуздҳои ҳақимардумхор, ки саркардаашон сардори фронти ҳаққимардумхор – Э. Ш. Р. Аст чизе намегуфт; чизе «намедонист», ё  аслан чизе шунидан намехост;  ё гумон мебурд, ки воқеан вақте ин селае аз лесакҳо лес-лес доранд, боқимонда – миллат  сокитанд, шояд сукути арусон аломати ризо гуфтаанд рост бошаду  аз  барзагови олӣ розӣ бошанд! Вале, кунун дарк кардам, ки агар ба умеди 10 миллион шаҳрванди сокити диёрам шавам, ҳақиқат ногуфта хоҳад монд. Ман бояд бигӯям! Ман бояд исён кунам! Ман бояд аз ситам рӯй гардонам! Ман бояд дигаронро ба сухан во дорам! Ман бояд миссияам ё рисолатамро ба анҷом расонам! Ман бояд роҳнамои ин миллат алайҳи истибдоди мустабидду чоплусонаш бошам! Ману ту мо нашаваем, танҳоем.

 Пас, биёед аз сафи бешарафон, бетарафон, чоплусон, дурӯяҳо, зулмпарастон, кажназарон, кӯрони торих, ҳақиқатворунасозон, махавҳо, динфурӯшон ва мусокушони фиръавнпараст баромада, дар сафи адолатҷӯён, роҳравони роҳи озодӣ ва якрӯҳои ростгӯи зулмситез, баҳри ояндаи миллати хеш, ворид шавем!

Ин аст роҳи ҳақиқат, адолат, озодӣ ва миллатдӯстдорӣ!

Панди 57. Бар ваъдаи мастон, (сармастони ҳукумат), ишваи занакон, аҳди фоҳишагон ва хӯшомади канагони киса умед мабандед.

Инҳо ҳам каннаанду ҳам кисабуранду ҳам фоҳишагони сиёсию ҳам фазлфурӯшу суханбозу ҳам ғарқаламоне, ки ҳамеша аз фоҳишаи сиёсии олие тамҷид мекунанд. Агар аҳли илм набошанд, боз ҳамон забонро ба кор мебаранд – мелесанд! Ё дастро ба кор медароранд – мемоланду хок мезананду бод медиҳанду ҳилҳилак меовезанд!

Панди 58. Бо устодону пешқадамону валиъаҳдону касоне, ки шуморо тохтаанд (ононе ки шуморо ба василаи сабзӣ рӯи курсӣ болонишин кардаанд) тавозӯъ воҷиб шуморед, то обрӯятон барбод наравад.

Ин чоплусон ҳам бо ҳар навъе муттаҳаманд, ки ин қадар тоза мелесанд! Вагарна чӣ зарурат аст аз як бадбахти миллатозори дузди гузаро ин ҳама сол тамҷиду таъриф кардан!? Инсоне, ки аз касе муттаҳам нест, касе ӯро маҷбуран чоплус кардан наметавонад! Ин бор бояд дар хусуси ин бояд ковиш кард, ки бо чӣ роҳе ҳар чоплусеро чоплус кардаанд ва сирраш чист? Шояд мисли Абдуллоҳи Роҳнамо гимназияашро ғасб кардаанду пасон чанд устухоне ба пешаш партофтаанд, то то дами марг иҷборан лесиш кунад? Ё мисли Алии чиркаки бехона, ҳуҷрае бе пул иҷорааш додаанд, то муғуллес кунад? Ё мисли Афзалшо Шодӣ раиси филармония давлатӣ кардаандаш, то аз лесиш ба «хӯрдан» гузарад? Ё мисли Нигина Амонқулова Раҳмонови хартаҷовузгар замоне дастбозияш карда аст, ки ҳар бор дар маҷлиси хари олӣ ва қамчуқоилаи фоҳишааш таннозию ғаммозию таронахонӣ кунад?

Ҳанӯз солҳои қаҳтию тозиши лашкари Қипчоқии Раҳмонов бар пойтахти тоҷикон, Ҳасан Ҳайдар ин сурудро мехонд:

Нафурӯшед зи ночорӣ яке виҷдонро,

Рӯзи одам ба обу лаби нон мегузарад!

Вале миллати ғуломақл омода аст, ки барои соҳиби  маблағу курсию шиками сер шудан, мисли имрӯзиёни мо аз баҳри обруву виҷдону озодию ҳатто духтару писаронашон ҳам гузаранд! «ба обу лаби нони ҳалол» дида шуд, ки зистан нахостаанд… Бештар хостаанд. Албатта, агар ба озодӣ мерасидем, бештар медоштем, вале чун ғуломон бештар талаб карданд, бояд бештар аз пештар чоплусию косалесии хоҷаи олӣ ва валинеъматашонро кунанд, то қути бештаре ба каф оранд!

Кӣ гуфт ин гуна нест?  Кӣ гуфт озодему қадру манзалату иззат дорем?!

Ҳазорон ҷавонро дар аскарию зиндону ғурбат бо дасисаи ССу КДАМ ва УУРи ВКД ва эмомшайтон мекушанду овози падару модаре баланд намешавад! Шӯриш намекунад! Даъво намекунад! Гӯиё гуспандеашро куштаанд! Ғуломона мегиряду садо намебарорад!

Духтарону дӯшизагонашонро бурда таҷовуз ва баъзан мекушанду падареву модаре садояш шунида намешавад. Гӯиё гусолааш, ё харашро хартаҷовузгарони тоҷиктаҷовузгар, таҷовузу қатл карда бошанд!! Боз, бар илова, вақте Раҳмонов барои ҳероини домоду набераву худашу гунгписараш бо Қирғизҳо вориди ҷанг мешавад, ҷавонони тоҷикро ба коми марг фиристода, ташрифи моялесро бо камерааш мефиристад, ки рафта ба модари мақтулон «дарси ватандорӣ» биомӯзу вақте буғзу алам гулӯгираш кард, бигу: хола, гиря накун! Гиря накун. Бачат дар роҳи ватан шаҳид шуд! Ва чӣ гуна шаҳид шуд, ки Раҳмонови малъун он хокеро, ки хуни он ҷавонон рӯяш барҳадар рехт, чун кунаш бедиранг ба Қирғиз фурӯхт! Писарон муфт мурданд! Во асафо, ҷавонон ҳайф шуданд!  Чоплусон онро «баҳри ҳимояи ватан» унвон доданд! Раҳмонов бар хоки поки ватан, ки ҷавонон баҳри он ҷон дода буданд, шошиду имрӯз  чоплусон онро «сулҳ» унвон дода, ҳай аз тагу тор, дастаҷамъӣ лесидан доранд. Ва сардору асосгузори ин лесолес лесаки олӣ СС. Ятимуфи муғул аст!

 Вале ин беобрӯҳо бар мардони озодаву шарифу пок танҳо ба ин хотир метозанду чун арӯсакҳои танноз алайҳашон ҷабҳа мегиранд, ки пешвояшонро ин шабу рӯзҳо сахт ба танг овардаанд!

Панди 61. Ҳар дағо, ки битавонед дар нарду қимор бикунед, то муқомири тамом гуфта шавед, савганд ба сеталоқ бихӯред, ки савганд дар қимор шаръӣ нест.

Оре, дар сиёсат ҳам то тавонед дастгиршудагонро «сеталоқа» қасами тоҷикӣ диҳеду дар аврупо ҳам сиёсатро ба ақди никоҳҳоятон муртабит созед, то сиёсатмадор буданатон ошкор шавад!

Яке пешво дар монда дар сиёсати хиштаки изори бонувону яке мухолифин даст аз талоқи бонувон барнадоштем!

Ва ҳар чи дурӯғе ёфтед дар назди хосу омму маҷлиси хушомадгӯӣ гуфтан гиред; ин ҳам дар шариат нест. Чун дар ҳадис омада, ки «ҳусу ъала вуҷуҳи алмаддоҳинат туроба»  ва шумо бошед мамдӯҳатонро аз доираи шариат болотар ва дар ҳолае аз қуддусият қарор додаед, ки дар чурдааш фарри эзадӣ, дар чеҳрааш нури яздонӣ ва дар каломаш маърифати луқмониро дарёфтаед. Аз ин рӯ, (дар асл барои луқмаҳои чандаш) гирдаш парвонавор чанбар задаед.

 Мусалламан, дар ҷомеаи тоҷикон – чи дар дохилу чи дар хориҷ – «бузургӣ»-и ҳар як шаҳрванди ин кишварро танҳо «аз даҳон»-и маддоҳонаш метавон пай бурд, вагарна чун Бӯалӣ бошию якчанд маддоҳ гирду барат гирд наорӣ, то «шери нару муҷоҳиду олиму сиёсатмадору соҳибкитобу соҳибкаромоту донишманд»-у қавру балоят баҳо надиҳанд, касе туро нахоҳад шинохту нахоҳад эътироф кард! Агар Раҳмонов ҳам ҳамин корро намекард, то кунун аҳаде пай намебурд, ки ин мардаки хуб «пешвои муаззаму мӯҳтараму ноҷии коиноту фарзанди фарзонаву яктои даврону назри яздону сояи шайтону вориси каёну аз насли сосону сомон»-у дар асл аз нутфаи чингизи ҳарому аз фарти харон аст!

Чун, агар назарияи фаргашти Дарвин рост бошад, танҳо ҷузъан дуруст аст. Ҳозир мефаҳмонам; одам аз одам падид омада, хар зи хар, гов аз гов ба ҷуз чоплусу маддоҳу моямолу лесаку санохону рӯсиёҳу чилимбардору лаганбардору тортуқгару чарбзабону кунбӯву дайюсони сиёсию рӯспиҳои олами сиёсату амсолашон, албатта аз бӯзина, падармаймунашон падид бояд омада бошанд;  чунки инсон, оқил, фарзона, озодмард, ориёӣ, мусулмон, боимон, ҳақиқатҷӯ, шаҳрванди комилҳуқуқ, марди воқеӣ, тоҷики асил, равшанфикр, ҳалолзода, падардорону бономусони ин миллат, аслан миён хам назди ҳаромие накардаву намекунанд!

Ҷон медиҳанду бад-ин роҳи шармовар, роҳи ҳайвонӣ (бубахшед, ҳатто ҳайвонот ҳам ба якдигар сар хам намекунанду тамаллуқ намезананд), роҳи разолати пешгирифтаи як мушт разил, номард, дайюсони мағзию каломӣ, тарсончак, дурӯя…( оҳ, агар хоҷагон медонистанд, ки ин ғуломонашон чун занҳояшон пас аз маргашон чӣ гуна куни дигар касро, ҳатто душманони имрӯзи эшонро хоҳанд бӯсид, аз фардо ҳамагиро аз гирдашон дафъ мекарданду пас аз нашнидани чандмоҳа санову дуруду зиндабошу абадибошҳо, ба табиати инсонии худ, лоақал, агар он дар тинати ҳароммургаштаашон мурда набошад, бар мегаштанду аз ҳолу ҳақиқати миллати ранҷӯрашон огоҳ мегаштанд), асло намерафтанд!

Бузаргтарин хиёнати ин маймунҳои «оламгашта»-и чопик дар он аст, ки байни ҳақиқати миллату дурӯғи дарбор умре ҳоил мешаванду бо дурӯғу лабхандҳои занонаи худу чарбзабонияшон миллатро дар нигари танги чингизии пешво «розӣ» ва пешвои бӯзинаи шаҳватпарсти пурхорро дар назари миллат, гӯиё «ғамхори миллат» ҷилвагар сохтаанд, вале ҳақиқат ин аст, ки на пешвои барза ва на барзгарон ба ин афсонаи бофтаи чоплусу лесакҳо асло бовар надоранд!! Аз онҷо ки пешво барзаи беарзиш асту ниёзманди ин тӯдаи касофату паразити таърих гашта аст, аммо миллати тоҷик асло ба саҳнасозию спектаклу нақшофариҳои морҳои рангаи айнакдори рӯи минбарҳо, ва ҳатто муллоҳои хушкалом низ кам бовар доранд.

Чаро?  — чунки бо гап намешвад, агарчи барроқтарину гӯшнавозтарини гапҳо ҳам бошад, шиками миллатеро сер кард;  танаашро пӯшонд;  хонаашро гарм кард; обашро пок кард;  роҳашро ружду ҳамвор кард;  кисаашро пур кард;  фарзандашро сер кард;  хонаашро пур аз хурданиҳои рангоранге чун хӯрданиҳои ҳафтхони Озода, Азизмо, Исмоил, Шоҳрих, Ҳоҷӣ Амон, Рамазони Ҳумайро, СС.Ятимови бугин, Бек Танбур, Бузмаков, Қунқуротов, Девонаев ва Нуриддин Ҷартиеву дигар ҳаромхорону гӯҳғелонакҳои дарборӣ кард!!

Ва аммо, чоплусон, ба валлоҳ, аслан барои беҳрӯзии миллат чоплусӣ намекунанд, балки танҳо барои ҷиғилдони ҳароми худу фарзандонашон назди золиму оқипадару ҳаромзодае дуқат мезананду чорғовак роҳ мераванд, бошад ки устухоне, (дар қадим ҳамёне), ба каф оваранд!! Пас, чи хоҷаву чи лесандагони бешуморашон ду рӯяи як сикааи тазвиранд, ки ба миллат якҷо баҳри тозиш созиш кардаанд!  Лесакон мегӯянд: ҷаноб, оли ҷаноб, ҳазрат, раис, пешво, шери нар, домулло, эшон, ҳумоюнӣ, аллома, ғозӣ, сарвар, меҳтар, роҳнамо, ҳамадон… агар шумо набошед мо нобуд мешавем; агар роҳнамоию хиради азалии шумо нубуд, моро касе намешинохту ҳизб, гурӯҳ, кишвар, забон, дин, фарҳанг, ҳастии мо маҳву порча-порчаву пора-пора мешуд! Мегӯянд: ман шуморо дар фалон ҷо дида, ба самтатон «бо меҳр» нигоҳ кардам, вале шумо маро «хит» накардед! Ҷанобо, сарваро! Шумо дирӯз ба хоби ман омадед! Дидам, ки дар сару танатон он гаронмоя либосҳои қимматӣ буду мани бандафақиру ҳақиру хоки роҳ (бояд гӯяд хокшап) ба дастони мубораку нӯрониятон об мерехтам!!

Шуморо ба яздон, агар ин гуна суханҳои гӯшнавозу «бомеҳру муҳаббату самимӣ»-ро на як бору ду бор, на як солу ду сол, на аз забони як касу ду кас шунидан гиред, он қадар худписанду шефтаву ошиқи «бузургию азамату ҳаматавонӣ»-и ҳазрати худ хоҳед шуд, ки Нартсис наздатон кӯдаке беш нахоҳад буду шумо «император»-и дарбори худу «круг»-и худ хоҳед шуд! Аниқтараш, асиру ғуломи маддоҳон хоҳед гашт, ки чашми ҳақиқатбину гӯши ҳақиқатшунаватон кӯру кар хоҳад гашт! Шумо масх шуда, табиати инсониятон мурда, одамхудои мулки хаёлоти воҳии худ хоҳед гашт! Масх мешавед – масх хуб диққат диҳед!

Панди 71. Шоҳидонро ба чарбзабонӣ ва хӯшомадгӯӣ аз роҳ бибаред.

Бале, дар Тоҷикистон ҳоло як системаи пирамидавии «ҳар к-ӯ аз ту болотар бувад, хокаш бизан»  амал мекунад. Ҳангоми рӯёрӯӣ бо заифтар ӯро поймолу таҳқир мекунанду ҳангоми бо тавонотар аз худашон мувоҷеҳ шудан, ба лес-лесу акаҷону расисҷону пешвоҷону роҳбарҷону ширинзабонӣ оғоз мекунанд!

Ба гуфти шоир: 

Хулқу хӯи тоҷиконро хуб фаҳмидам, ки чист;

Корашон афтад ғулому корат афтад, хоҷаанд!

Ҷомеъае, ки дар асоси тарсу нифоқу озу тамаъу тамаллуқ бино гашт, дар ҳама аҳвол ашхоси ин ҷомеаро ё «ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар» хоҳӣ чумо карду хариду фурӯхт!

Ин сиёсати нифоқ ҳоло аз рӯзе Раҳмонмунофиқи аъзам сари кор омада аст, дар ҳама ниҳодҳо ҷорию сорӣ аст!! Агар рӯзе хостед мазҳаби Раҳмонов ва пайравонашро аниқ бидонед, бидонед, ки ӯву пайравонаш на дар кеши исломӣ, на тарсоӣ, на буддоӣ, на зартуштиянд, балки мунофиқини холисанд, ки паёмбар васфашон карда: 

○ нишонаи мунофиқ се-то аст: агар сухане гуфт – дурӯғ гӯяд; агар ваъдае кард – ваъдахилофӣ кунад; агар амонате ба зиммааш гузошта шавад, бад-он хиёнат раво бинад!

Мисол: раҳмонов 33 сол дурӯғ гуфт, ки имсолу фардо сол барқатон медиҳам, вале надод; дурӯғ!(1)

Раҳмонов ваъда кард, ки барқатон афсона мешаваду дигар лимит намешавад, вале то кунун лимит сахттар шуду аз байн нарафт; ваъдахилофӣ!(2)

Раҳмонов бояд пас аз 2 навбати 4 солаи амонатдорӣ, бояд аз вазифа мерафт, вале то кунун кунаш рӯи курсӣ часпида аст:  ба амонати миллати тоҷик, бо тағйири борбори сарқонун хиёнат кард; хиёнат!(3)

Панди 73. Бо ҳазратону навмолуну фолгирону мурдашӯёну…

Давлатхӯрдагону бозмондагони хонадонҳои қадиму дигар фалакзадагон суҳбат мадоред!

Инҷо қасди мо навдавлатону навкисагону навмоямолону нодидагону гушнагадоҳоеанд, ки аз соли 1992 ба баъд нони басериро дидаанду аз болои туқуми харон рӯи курсии волгаву инак инномаркаву хонаҳои мураффаҳ ҷой гирифтаву имрӯз падардоронро ин бепадарон – бепадару хонадоронро – бехонаву  сарватдоронро – бесарвату  ватандоронро – беватан  кардаву дар манҷалобе аз нотавонию фасоду дуздию ғарӣ ғӯтидаву чун барзагови ба полези ҳамсоя воридгашта, ҳам мечаранду ҳам ъаррос мезананду  ҳам дум мешапанду ҳам дуҷуфталағат мепартоянд! Говҳои лоғаре, ки имрӯз кунашон равғану чарбӯ гирифтаву полези миллатро вайрон кардаанд!

Панди 84. Аз дайюсӣ ор мадоред, то рӯз бе ғаму шаб бе фикр тавонед зистан!

Пешвои дайюсони ин режими дайюс худи Раҳмонов аст, ки даёсатро расми тоҷикон карда аст! Магар ин миллат дайюс нест чист? Духтарони кист кун назди раҳмонов меҷунбонанду сина меларзонанду думба метобонанду арғушти гиждала мераванд?

Ай мардум, магар паёмбаратон нагуфта буд, ки бӯйи биҳишт ба машоми мардони дайюс нахоҳад расид!

Агар шумо дайюс нестед, пас чӣ гуна мегузоред то дӯшизагонатон назди як қотил, як занғар аз данғар, як оқи падари ҳизи занаш аз дигар мардон зоянда, назди чанд тан муғули беимони шамани амниятиву чанд қатағани хиштакҳароми модарбахато рақс мекунанду онон аз баданҳои нозук, аз адоҳои дилрабо, аз ларзиши пистонҳои сахту тангу тарангашон ба ваҷд омада, пас аз он духтарони шуморо баҳри таҷовузи дастаҷамъӣ вориди ҳаромхонаву тунбахонаҳошон мекунанду шумои дайюс назоратгаред?! Мегузоред, ки духтарони 17-18 солаатон назди як мунофиқи қотили таҷовузгари диктатори мардумоозори зинокори педифел бирақсанд?! Маъзурам доред ин ҳақиқати ҳоли имрӯзи мо ва шумост,ки ман ҳам аз шумоям ва шумо ҳам аз манед!

Чоплусӣ худ навъе аз даёсат аст; чун дайюсӣ дар адами ҳимояти зани хеш асту  маддоҳию чоплусӣ – моямолӣ  ба дастони хеш!! Ва шумо дайюси дукаратаед, худатон мояи пешвоятонро мемоледу мадҳу санояш мехонед,  то пасон духтаронатонро битозад!!

Поёни қисмати дуввум, давом дорад бо Ислоҳ бошед!.

Share This Article