Академик М.Имомзода, вазири маориф ва илми ҶТ ё “муаллим ча-ча”  кист?  

Ислоҳ нет

   (бахши аввал )   

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо лақаби «Муаллими ча ча» соли 1999 декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ин таъинот роҳи ӯ ба нардбони мансабро ҳамвор кард.

Яке аз хислатҳои мутафовити муаллим ча-ча аз дигар деканҳо он  буд, ки бештар бо донишҷӯдухтарон «чақа» мешуд ва онҳоро «приглашат» мекард. Як вақте вай бо як духтари курси чаҳор бо номи Муътабар, ки узбактабор буд, ишқварзиро сар кард. Аз ин ишқи шӯрангези Имомзодаи декан ҳама огоҳ гардиданд. Чунки Муътабар доимо Имомзодаро «угражат» мекард. Бинобар нақли дугонаҳои наздики Муътабар Имомзода духтариашро мегирад ва як вақт Муътабар ҳомила  мешавад. Имомзода дарҳол дар маҳаллаи маъруф ба Профсоюзи пойтахт, дар наздикии бинои Прокуратураи генералӣ ба ӯ як чорхонагӣ харида ба як донишҷӯ ба шавҳар медиҳад.

  “Айни ҳол Муътабар аз Имомзода писар дорад ва таъминоташро ҳамакнун вазири маориф Имомзода бар уҳда дорад. Муътабар мутаваллиди соли 1976 аст.”

Дертар муаллим ча-ча бо Азиза аз Регар, ин ҳам узбечка аз факултети журналистика ё шарқшиносӣ, шинос мешавад. Падару модари Азиза камбизоат будаанд ва падараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштааст, то ки кор карда духтарашро бо обурӯ ба шавҳар диҳад. Аммо Азиза аз чашми Имомзода дур намемонад ва дар чангаш меафтад. Дили духтари камбағалро бо пул ёфта ишқварзиро шурӯъ мекунад. Азиза боз як дугонаи дигар дорад, аз Файзобод, номаш Саёҳат. Саёҳат Ҳукуматуллоева ба кадом тӯйе мерафтааст, ягон чизи арӯс гум мешудааст ё ба бозор медаромадааст, ҳатман ягон чиз дуздида дасти холӣ барнамегаштааст. Барои ҳамин Саёҳати дузд лақаб доштааст. Саёҳат мутаваллиди соли 1981 ва Азиза 1983 мебошанд. Саёҳат ҳамроҳи апааш зиндагӣ мекардааст. Баъдан апааш ӯро барои кадом дуздие дастгир карда аз хонааш пеш мекунад.

Ӯ бо Азиза дар як квартира зиндагӣ мекарданд. Вақте Азиза бо Имомзода робитаро шурӯъ мекунад Азиза бокира набудааст ва инро Имомзода пай намебарад. Саёҳат тамоми достони робитаи Азиза бо Имомзодаро ба як шиносаш дар Маскав ҳикоят мекунад. Нафаре, ки Саёҳат ба ӯ моҷароро қисса мекунад, муаллимаи Донишгоҳи русиву тоҷикӣ будааст. Бинобар нақли Саёҳат ба ин муаллима вақте онҳо дуто дар як хона зиндагӣ мекарданд, Азиза сару либоси дурусту ҳисобӣ надоштааст ва ҳатто бо таҳпӯшҳои кандаву дарида мегаштааст. Аммо баъде бо муаллими чача-Имомзода алоқаро шурӯъ кард, соҳиби пул мешавад. Саёҳат гуфтааст, ки баъд аз онки Азиза маъшуқаи Имомзода шуд дигар  маро намешинохт: «маро доим паст мезад, ҷанг мекард ва аз хона доим меронд». Маро қаҳрам кард ва рафта ба Имомова гуфтам, ки Азизара духтариша Шумо гирифтагӣ нестен, Азизара бачаи Асадулло Ғуломов бо як палтои «Лама» нодухтар кард.

  “Муаллими чача гуфтааст, ки рӯи Азизаро сиёҳ мекунад. Чунки Азиза назди вай «дӯхта» омада будааст. Муаллими чача гуфтааст, ки Азизаро ман бо аҳли оилааш мехуронам, аммо вай маро фиреб кардааст.” 

Баъдан Саёҳат ба Маскав меояд, аммо муаллим чача нисбати Азиза ҳеҷ коре намекунад, баръакс дар маҳаллаи маъруф ба «Танка» -и Душанбе ба Азиза хона харида ва дар онҷо бо вай ишқварзӣ мекардааст.

 “Аммо Азиза ба Имомзода худашро сахт мечаспонад. Ва дугонааш Саёҳати дуздро бо муаллим Фарҳод Раҳимов-айни ҳол президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон «шинос» мекунад. Муаллим Фарҳод Раҳимов як- ду маротиба бо Саёҳат вохурда аз Саёҳат худро дур мекашад. Баъдан Саёҳат дар ғазаб мешавад ва бо Азиза носоз шуда ба назди як дугонааш – духтари як одами номдор, рафта ӯро розӣ мекунонад, ки якҷо назди зани Имомзода, Имомзода Сафармо, судяи Суди олии иқтисодӣ бираванд. Ва, ӯ тамоми моҷарои  ишқварзии Имомов бо Азизаро ба занаш мегӯяд.”

Метавонанд мақомот рафта президенти академияи илмҳои ҶТ ро пурсанд ва ин масаларо комилан санҷанд.Инҷо гап гапи муносибати ду шахс намеравад. Инҷо гап сари вазорати маориф ва академияи илмҳо меравад. Медонед ин ду даргоҳи покро ба чӣ гӯна талвисҳо ва нопокиҳо мулаввас намуда истодаанд.

Сараввал дугонааш гуфтаст, ин кори хуб нест. Аммо баъдан ӯро бовар кунонидааст, ки Азиза аз кори кардаи ӯ қаноатманд мешавад. Чунки худи Азиза борҳо нақща мекашидааст, ки чи хел кунем зани муаллим омада ӯро бо ман қападу ба ин баҳона муаллим аз зиндагии вай дафъ шавад. Чунки аллакай хона ба номи Азиза номнавис шудааст ва Азиза кавалерҳои зиёд дошта аст. Мехостааст, ки аз муаллими чачаи «кали хунуки урод»  бо таъбири худаш халос ва  озод шавад.  Дугонаи мошиндори Азиза розӣ шуда ва онҳо якҷо ба бинои Суди Олии Иқтисодӣ мераванд. Аммо Саёҳатро воҳима зер мекунад ва натавонистааст назди зани муаллим ча-ча дарояд. Саёҳат аз дугонааш илтимос кардааст, ки «ту гапдон ҳастӣ, ман гап задан наметавонам, илтимос даро ва муносибати муаллим бо Азизаро гӯ ва бигӯ, ки айни ҳол ҳардуяш дар хонаи назди Танка якҷояанд». Ва худаш дар даруни мошин нишастааст.

“Дере нагузашта зани муаллими чача Имомзода Сафармо ба духтараш  Нилуфар занг зада мегӯяд, ки «тез биё, атата меқапем».  Ва аз сумкааш дору гирифта дар таги забонаш монда   гиря карда гуфтааст, ки «ман сағерадухтарам, наход муаллим ба ман хиёнат кунад. Муаллим ай куҷо ин қадар пул дорад, ай куҷо хона харидааст». Хуллас, ҳамроҳи духтараш мераванд ва муаллимро дар хона бо Азиза дастгир ва маҳшар ба по мекунанд. Ҳама ҳамсояҳо ҷамь мешаванд. Муаллим чача кадом як одами қадрдонашро равон мекунад, омада занашро мебаранд. Баъд худаш баромада меравад.”

Асли воқеъа чунин аст ки Саёҳати дузди дугонаи Азиза дар ҳақи Азиза хиёнат карда рафта ба зани Имомов будушуди корро ҳикоя мекунад. Аммо боз дилаш ором нагирифта ҳангоме Имомзода.М ректори Донишгоҳи славянӣ таъин мешавад ба қабули ӯ даромада ба муаллим мегӯяд, ки Азиза шуморо фиреб медиҳад, ӯ кавалерҳои зиёд дорад ва ном ба ном ба муаллим мегӯяд ва муаллим бошад дар як коғаз  менависад: Меҳроҷ, Иззат, Акбар ё Акмал (бачаҳои Асадуло Ғуломов). Муаллим таҳдид мекунад, ки мебинанд, чи корашон мекунам!

Баъди ин Саёҳат гурехта Русия меравад. Аз ин хиёнатҳои дугонааш Азиза бисёр андӯҳгин ва шикаста шуда, тамоман зиндагиашро тағир медиҳад. Азизае, ки борҳо нақшаи аз муаллим чача халос шудан дошт, баракс баъди  хабаркашии дугонааш Саёҳат тамоми кушиши худро барои ба даст овардани дили Имомзода.М ба харҷ медиҳад. Ниҳоят ӯ ба мақсади худ мерасад ва аз муаллим чача ҳомила мешавад. Муаллим баъди шунидани онки Азиза ҳомила аст ин дафъа ҳам мисли бори аввал, ки бо Муътабар анҷом дода буд Азизаро бо як ҷавони донишҷӯ тӯйи бодабдаба намуда ба шавҳар медиҳад. Баъди тӯй домодро ҷавоб дода худаш бо Азиза зиндагӣ мекунад ва соҳиби як духтар бо номи Нигина ва писаре бо номи Бобоҷон мешавад. Магар санҷидани ин ақди никоҳ барои мақомот мушкил аст ? Оё инро ошкор намудан ба “пешво” ягон зараре дорад ? Чаро ин ҳамаро медонанд мақомоти марбута вале боз ҳам ором нишастаанд?.

 “Имомзода нахустин ректори Донишгоҳи славянӣ мебошад ва порагирву ришвахориро маҳз ӯ дар инҷо бино ниҳодааст. Тамоми донишҷӯҳое, ки ба тариқи «бюҷетӣ» дохил мешуданд, баробар бо ҳаҷми маблағи стипендияи панҷсолаашон пора медоданд. Масалан агар як донишҷӯ дар панҷ сол 4 ҳазор доллар стипендия бигирад, чун ҳаҷми стипендияи ин донишгоҳ, ки таъминоташро Русия бар дӯш дорад, бештар аст, ҳамин миқдорро вақти дохилшавӣ ҳамчун пора пардохт мекардааст.”

Давоми қисса чунин аст. Чуноне гуфтем Азиза баъди хиёнати дугонааш Саёҳат зиндагиашро иваз карда соҳиби пулу моли зиёд мегардад. Хонаи калони чандинҳазордоллара харидорӣ мекунад. Аз салон мошини нав мехарад ва бар қасди зани Имомзода.М Сафармо Имомзода, ки судяи Суди олии иқтисодӣ буду ҳоло ҳам онҷост ба Суди Олии Тоҷикистон ба кор медарояд. Аммо аз ӯҳдаи кор намебарояд ва судя ҳам намешаваду корро дар Суди Олӣ бас мекунад ва аз ҳисоби Имомзода доим ба саёҳати хориҷа меравад. Аммо ба дилаш ҳеҷ чиз намеғунҷад. Чунки дугонааш Саёҳати дуздро ёд мекунад ва ба Маскав ба наздаш меравад ва бехабар аз он ки ҳама хиёнатҳоро ӯ барояш карда буд, ӯро зорию тавалло мекунад, ки баргашта ба Ватан биёяд: «ман ҷуз ту дигар бо ҳеҷ кас дугонагӣ карда наметавонам ва ба ҳеҷ кас бовар надорам» гуфта ба Ватан бармегардад.

Яке аз рӯзҳо Имомов- муаллими чача, ному насабашро иваз намуда Имомзода Муҳаммадюсуф ва ректори Донишгоҳи миллӣ таъин мешавад ва бо котибааш Зарина шинос шуда ишқварзӣ намуда ӯро ба занӣ мегирад.

Азиза аз ин кор огоҳ шуда ба Донишгоҳ рафта шӯру мағал бардошта бо Зарина рӯканиву мӯканӣ карда Зарина котибаро  аз кор пеш мекунад ва дарҳол Саёҳатро оварда дар ҷойи ӯ таъин мекунад ва муаллим ча-чаро мегӯяд: « срочно фармонша меброрӣ».

Айни ҳол Саёҳати дузд котибаи Имомзода Муҳаммадюсуф вазири маориф ва илми Тоҷикистон ё ҳамон муаллим чача мебошад.

Аммо Азиза лоф мезадаасту ифтихор мекардааст, ки «ман ҳамноми бонуи аввал Азизмо ҳастам ва мисли ӯ бойзан  мебошам».

Азиза ҳанӯз аз замони кори Имомзода дар вазифаи ректори Донишгоҳи славянӣ ба дохилкунии довталабҳо ва вазифафурӯшӣ сар карда ҳоло бошад вазорати маорифро дар зери дасташ қарор додааст.

Азиза дар пеши Танка, кучаи Шевченко- 114 хонаи 100 кв метрӣ дорад. Ҳоло бошад   назди Театри опера балет хонаи нав харидааст, ки 400кв.метр масоҳат дорад.

 “Яке аз наздикони хонаводаи Имомзода мегӯяд, ки Муҳаммадюсуф Имомзода аз солҳое, ки декан буд, пулдор будааст. Зеро вай бо тиҷорати «ханка»-як навъ маводди мухаддир машғул будааст  ва ҳоло ҳам бо ин кор машғул мебошад. Ман бовар накардам ва гуфтам ин гап сиҳат надорад. Аммо он манбаъе, ки ин гапро гуфт, гуфт, ки агар бигӯям, ки Муҳаммадюсуф Имомзода «борҳо»-и марҳум Ҷурабек Назриро «реализоват» мекард, чӣ хоҳӣ гуфт, якбора знукам гирифт ва дигар напурсидам.”

Дар тарҷумаи ҳоли Имомзода Муҳаммадюсуф гуфта мешавад, ки вай як писар ва се духтар дорад. Аммо ин вазири маориф, ки бо лақаби муаллими ча-ча мешиносандаш ду зан ва чор фарзанди ғайриникоҳӣ ҳам дорад. Як писар аз Муътабар як духтару як писар аз Азиза ва яктои дигар аз Зарина. Азизаро ҳама ҳақу ҳамсояҳо ва шиносони Имомзода ҳамчун зани Имомзода мешиносанд. Сафармо Имомзода, зани аввалаи Имомзода, ки насаби шавҳарашро гирифтааст, ба хотири вазифа ва мансаб ба ин ҳама аъмоли ғайриқонунии Имомзода тоқат мекунад. Як бародари Имомзода дар Прокуратура кор мекунад. Духтари калонии Имомзода Нилуфар ном дорад.

  “Имомзода бо оилаи якумаш зиндагӣ мекунад. Дар ҳаёташ боре ҳам шабро дар хонаи Азиза нагузаронидааст. Вай бо Азиза соҳиби ду фарзанд мебошад. Имомзода як писар аз зани судяаш дорад. Баҳром ном дорад. Герчик. Кам-кам касалӣ будааст. Азиза доимо худашро  таъриф мекардааст, ки худам барои муаллим бачаи солим таваллуд кардам.”

Саёҳат Ҳукматуллоева, котибаи Имомзода- ректори Донишгоҳи миллӣ буд. Ӯро Азиза аз Москва баргардонида овард ва чуноне гуфтем Заринаи котибаи ректорро зада -зада пеш карда Саёҳатро ба ҷояш таъин кард. Баъдан вақте Имомзода вазир таъин мешавад Саёҳатро бо худаш ба вазорат мебарад.

Имомзода инвалид мебошад. Панҷаҳои дасти росташ кор намекунанд. Ҳоло тамоми корҳои идориву дафтардории вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ҳамин ду нафар Азиза ва Саёҳат дар даст доранд. Тамоми дуздиҳое, ки дар вазорат мешавад низ таҳти назорати Азиза сурат мегирад. Имомзода дар дасти ин ду бева мисли бозича аст. Онҳо ҳарчизеро, ки хоҳанд ҳамон мешавад. Аз тақсимоти вазифаҳо гирифта то дохилшавии донишҷӯҳо.  Марҳамат ниҳодҳои зидди фасод рафта санҷед, агар чунин набошад расман раддия нависед ва ошкоро инкор кунед. Санҷидан магар мушкил аст бароятон ? Ба гуфти “пешво”: “ наметавонед кор карда ва насиҳатҳои маро фаромӯш кардед вазифаҳоро холӣ кунед!”

Поёни бахши аввал, идома дорад…

Мо хуб аз коррупсионер будани ҷаноби Имомзода ва ба дигар ҷиноятҳои вахимаш маълумотҳо дорем ва рӯяшон таҳқиқ ҳам дорем. Агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноятҳои вазири маориф ва ин ду аруси ӯ дар вазорати маориф бошед лутфан ба Ислоҳ нависед.

Ps: Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Имомзода 28.04.1959 дар ноҳияи Совет(Темурмалики имрӯза) ба дунё омадааст. Соли 1981 Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик тамом мекунад.

Фаъолияти кории ӯ ба ҳайси лаборант дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон шурӯъ шудааст.

Соли 1991 Имомзода нахуст ҳамчун омӯзгор ва сипас ба ҳайси дотсент дар кафедраи  назария ва адабиёти муосири форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1999 ӯ декани факултети филолгияи тоҷики ин донишгоҳ таъин мешавад. Аз соли  2004 то 2012 ба ҳайси ректори Донишгоҳи тоҷикиву русии Душанбе (славянӣ) кор кардааст. Аз соли 2012 то соли 2020 дар вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 2020 бо фармони президент ба вазифаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин мегардад. Оиладор.Соҳиби як писар ва се духтар мебошад.

Share This Article