Ин навиштаи маро ба ҷуз аз Шумо касеву ҷойе чоп намекунад. Чунки дар инҷо ҷинояти давлатӣ дар ҳоли анҷомёбӣ аст ва агар Шумо сару садо баланд накунед, ин инки Исфара ба анклав-бурунбум бадал мешавад, балки ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки онро бифурӯшанд.
Як рафиқи қирғиз дорам. Аз Бодканд аст. Дар ҳайати комиссияи таъйини марз аъзо мебошад. Мо, солҳо боз ҳамдигарро мешиносем. Вай баъзе «гап»-ҳоро гуфт. Мухтасари суҳбати вай ин аст ки ҷониби Қирғизистон аз пешравиии корҳо хеле ҳам розӣ ва қаноатманд аст. Ин рафиқи қирғизам гуфт, ки Раҳмонов ба қирғизҳо ончиро, ки мехоҳанд, дода аст.
Муроҷиати ман ба шумо ва сомонаи шумо ба он хотир аст ки ин матлабро дар расонаҳои дохилӣ чоп намекунанд ва азбаски алъон “Ислоҳ” ба як газетаи бисёр ҳам ҷиддӣ ва таъсиргузори электронӣ бадал шуда ва садҳо ҳазор ҳамватан мутолиааш мекунанд ба шумо ирсол намудам. Мо бояд бо пеши роҳ ва нияту нақшаҳои шуму касиф ва палиди Эмомалӣ Раҳмоновро бигирем.
Дар урфият мегуянд, ки гузаштаро фаромуш накун, вай омузгори оянда аст. Ё инки агар надонӣ, ки девор барои чи сохта шудааст, ҳеҷ гоҳ маслиҳати вайрон кардани онро надеҳ.
Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва мавқеи ҷамоатҳо ҳамчун «ҷамоат-органи комилҳуқуқ дар ҳудуди худ мебошад» аз байн рафт.
Сарнавишти мардуми ин хитта аз Ватани кучакамон ба дасти онҳое гузашт, ки дар мулоқотҳои сарҳадӣ ва паритетная комиссия ширкат меварзанд, аммо тамоман аз таърих ва гузашта бехабаранд ва бо супоришҳои махсус ба нафъи ҳамсоя кор мекунанд ва талабҳои бе асоси онҳоро шодбош мегуянд. Дасту пои роҳбарони ҷамоатҳо (соҳибони асосиву аслии ин замин) баставу ҳуқуқи ҳимояи ҳудуду қаламрави худро надоранд. Танҳо супоришҳои нақшаи обуна, андоз, даъват ба сафи артиши миллиро иҷро мекунанду халос.
Инҷо як ду нуктаро мехоҳам аз гузашта ёдовар шавам. Қирғизҳо, ки намояндаи худро дар Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ- Кумитаи маркази Ҳизби коммунисти Иттифоқи шуравӣ доштанд, дашту куҳҳоро номаълум аммо пайваста ба ҳудуди худ медароварданд. Ба толеъи онҳо, бинобар ғайриимкон будани ҷамъоварии андоз аз куҳу дашт ва ё шояд бо дахолати роҳбарияти собиқ РСС Қирғизистон, ки узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди шӯравӣ буд, барои чанд муддат андоз аз байн меравад ва қирғизҳо соҳиби дашту куҳу адирҳое мешаванд, ки асосан ба Тоҷикистон, ба ҳудуди Ворух ва Чоркуҳ тааллуқ доштанд.
Дар муноқишаҳои аввалаи солҳои 1989 -и асри гузашта, ки байни тоҷикон ва қиргизҳо ба вуқуъ пайваста, зиёда аз 300 га аз заминҳои Воруху Чоркуҳ бо кумаки як зумра роҳбарони сатҳи гуногуни кишварамон ба қирғизҳо инъом гардида буд. Ҳамон солҳои муноқиша собиқ президенти Қирғизистон академик Аскар Акаев бо мактуби кушода ба аҳолии маҳаллаҳои қирғизнишини ҳамсарҳади Тоҷикистон муроҷиат карда мегуяд, ки барои пешгирии идомаи муноқишаҳо бо соҳибони аслии заминҳои мавзеъ, яъне тоҷикон, шумоён ҳамагӣ куч баста ба Ош ва Бишкек баргардед, бо замин ва хона таъмин мекунем. Чунки 60-70 оилаи қирғиз ба заминҳои аҷдодии тоҷикон дастдарозӣ карда наметавонанд.
Лекин мақомоҳои қудратӣ ва амниятии Исфара мардуми маҳалли тоҷиконро бо азият гирифтор карданд. Ин хабари хушҳолкунанда ба роҳбарияти қирғиз расид. Ва, онҳо аз вазъу ҳол илҳом ва неру гирифта ҳамаи қирғизҳоро шароит фароҳам карданд, ки дар ин маҳалҳо маскун бишаванд ва онҳоро бо дотатсияҳо ба заминҳо баргардониданд ва то имрӯз ба онҳо кумакҳои пулию молӣ дода мешвад
Боиси зикр аст, ки солҳои 60-и асри гузашта баҳри азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ҳудуди Бодканд ва атрофи он қарор қабул мешавад. Бинобар он бояд тавассути канал аз рӯдхонаи Исфара об оварда кули калоне дар наздикии Бодканд сохта шавад. Сохтмони канал ба санади якҷояи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва бо дарҷи онки қисмати канали ҳудуди Тоҷикистонро худи тоҷикону ҳудуди Қирғизистонро худи қирғизҳо бояд бунёд созанд ба имзо мерасад. Азбаски канал, ки аз ҳудуди Чоркуҳ ва Сурх мегузарад,тибқи санад қисмати болоии дашту куҳҳои ин ҳудудҳо низ обёрӣ бо оби он мешуд.
Корҳои сохтмонӣ оғоз мешавад. Ҳудуди асосии самти канал дар заминҳои тоҷикон, ки ҷойгир буд, масъулияту заҳмат ба души онҳо меафтад. Дар сохтмони канал шумораи зиёди сокинони Чоркуҳ ва Сурх ҳамчун ронанда ва механизатор заҳмат кашидаанд. Корҳои дастӣ бошад аз тарафи собиқ маҳбусҳои (зекҳо) тоҷик ба иҷро расидааст.
Прораби (сардори дастаи сохтмончиён) сохтмонӣ аз тарафи Қирғизистон, як русзабон буд. Боре вазъияти таъминоти хурокаи кормандони канал ба душворӣ ру ба ру мешавад ва ин прораб ба раиси исполкоми онвақтаи шаҳри Исфара, ки сокини Чоркуҳ буд, муроҷиат карда мегуяд, ки агар як муддат коргаронро бо хурока таъмин кунад аз оби канал дар ҳудуди Чоркуҳ ва Сурх 20 труба (лула)-и обгузар насб мекунад, ки муаммои оби мардум ҳал мешавад. Лекин раиси исполком розигӣ намедихад ва бо хурока таъмин намекунад. Ин амали «Шермард»-и баландпояи исполкоми шаҳри Исфара боис мешавад, ки «об дар кузаву мардум ташналаб» бигарданд. Канал аз поёнкуҳи ҳудуди Чоркуҳ ва Сурх мегузарад. Ҳамаи пулҳо, саддҳои ҳимоявӣ аз селроҳаҳо ҳангоми боришот ҳамасола аз сел хисороти калон мебинад. Ва аз ин офатҳои табиӣ на худи канал, балки сокинон ва маҳалҳои аҳолинишини Чоркуҳ ва Сурх зиён мебинанд.
Акнун бояд чизеро хотиррасон кунем, ки барои чи ин канали худи мардуми тоҷик сохта ва ба қирғизҳо пешкаш карда «хати» сарҳад шуд. Ҳол онки аз канал 20 км болотар ва дарунтар, дар қабати куҳ чарогоҳи тобистонаи совхози Иттифоқи Чоркуҳ,имруза кооперативи истеҳсолию тухмипарварии Чоркуҳ ҷойгир буд. Ин канал боис шуд, ки оби дарёи Исфара кам, заминҳои Навгилем, Кулканд ва Чилгази заҳзада ва беҳосил гардад.
Пас, аз пошхурии Иттиҳод ва соҳибистиқлолии қирғизҳо дар муддати кутоҳ Бодканди қирғиз, ки наздик 16 ҳазор аҳолӣ дошт ба вилоят табдил меёбаду шаҳри Шуроби тоҷикон- куҳантарин шаҳри саноатии кишвар, яке аз дигар мавзеъҳоои ҳамсарҳад бо қирғизҳо ба посёлка табдил меёбад, ки аҳолии 12 ҳазорнафара тарки он ҷой мекунанду имрӯз мақоми он муаллақ мондааст.
Яке аз проблемаи асосии ин посёлка об аст ки аз Ворух ибтидо гирифта, қисмати асосии лулаҳо аз ҳудуди қирғизҳо гузашта, обро асосан онҳо мегирифтанд. Бо тақозои замон лулаҳои сатҳи болоии оби Шуроб фарсуда мешаванд ва ба иллати наомадани об ба ҳудуди маҳаллаҳои Самарқандак, Паски ариқ, Оқсой ва Оқтатир қирғизҳо ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат мекунанд, ки агар тавассути ҷамоати Сурх аз мавзеъи маъруф ба тангии Сурх, (ки яке аз шохаҳои пайвасткунандаи роҳ байни тоҷикону қирғизҳо баъди пости Гулситон аст) роҳи болои гузаргоҳ (эстакадная дорога) тавассути пул то мавзеъи Шуристони Сурх, ҳамсоямавзеъ ба Паски ариқ иҷозат диҳанд, он гоҳ масъалаи оби маҳаллаҳои қирғизнишин аз кули Ботканд ҳал гардида, ба лулаи беобгаштаи Шуроб халал намерасонанд. Инчунин ин роҳ Боткандро бо Исфанаи Қирғизистон пайваста мебоист роҳи Хуҷанд-Исфараро кутоҳ мекард. Аз бари болои пул бо воситаи лулаҳо ба Самарқандак қирғизҳо об мегузарониданд, ки қисмати аҳолии Сурх низ бо об таъмин мешуд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои омухтани ин пешниҳоди онҳо гуруҳи кории босалоҳиятро таҳти сарварии собиқ Сарвазир Оқилов Оқил ба Исфара раҳсипор мекунад. Оқилов, ки шахси собиқадор ва дурандеш буд, ду -се маротиба ба Исфара омада фикри умумро омухт ва роҳи мазкурро аҳамияти стратегӣ дошта ҳисобид, ки бо ин васила Шуроб, Ворух ва Чоркуҳ аз бунбасти ҷуғрофӣ ва анклав халос мешуд. Ин масъала барои Исфара ҳалли мушкилоти марзӣ мебуд.
Аммо дар ин васат масъалаи тиҷорати «Тоҷирон» ва баъдан “Фароз” пеш омада бисёр ҳам ҷиддӣ ва калон шуда буд ва ин «масъалаи ҳаётӣ ва мубраму муҳимми давлатӣ» аз тақдири талхи сокинони Чоркуҳ Сурх ва Ворухи Исфара болотар истод. Касе коре карда наметавонист. Махсусан, пас аз бардошта шудани андози иловагӣ аз сузишвории нафтӣ барои Қирғизистон аз тарафи Русия сузишвории беандоза вориди ин кишвар мешавад. Аз сабаби шумори ками техника ва талаботи зиёд ба он ҳам қирғизҳо ва ҳам тоҷикҳо- «шустрякои Фароз»,он замон ширкати овозадори бо ном «Тоҷирон» Чоркуҳро хостанд ба базаи нафтӣ табдил диҳанд. Роҳи ҳалли масъаларо бояд ёфт. Ин муаммои тиҷорати домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов боис гардид, ки протоколҳои Сарвазир ба имзо расонида коғази одӣ шуду халос.
Ба хотири рушду ривоҷи тиҷорати Фарози домоди Раҳмонов роҳи «нақшавӣ-тиҷоратӣ»- и болозикр гуиё «талаботи» қирғизҳо бошад, самташро дигар ва қад- қади канали «Дустӣ», ки онро баъдтар қирғизҳо Торткул номгузорӣ карданд тасдиқ гардида, оғоз ва боиси мусибатҳо шуд. Гуё барои корвони мошинҳои бензинкашони 40 тоннагии фирмаи «Тоҷирон» ва баъдтар «Фароз» тавассути эстакадаи Сурх ҳаракат ва убур душворӣ овардаст. Ба ин минвол сарҳади Чоркуҳ то канали Дустӣ кутоҳ шуд. Яъне канал ва 5 метраи роҳи ҳаётиву мамотии ҳудуди Чоркуҳ ба қирғизҳо гузашт. Ҳангоми сохтмони роҳи мазкур, ки аз мавзеъи Сомониёни Чоркуҳ мегузарад, дар мавзеи Майский, Сомониёни имрузаи Чоркуҳ, то буриши роҳи Ворух 279 метр роҳи дохилии Чоркуҳ мансуб меёфт ва арзиш ва аҳамияти муҳиму стратегӣ дошт ва шояд раддияи ба амал омадани баҳсҳои марзӣ буд, аммо аз тарафи собиқ вазири нақлиёт Ашуров ба қирғизҳо «инъом» гардид. Баъдан ин шахс соҳиби «Ордени дустӣ» ва сафири Тоҷикистон дар Туркманистон гардида буд.
Ва ҳамин тавр Ворух анклав ва Чоркуҳ бунбасти географӣ, канали Дустӣ Торткул шуд. Роҳи байналмиллалии Исфара -Ворух роҳи дараҷаи 2 шуд. Қарабоши Чорқишлоқро, ки оромгоҳи гузаштагони онҳо дар он ҷост, қирғизҳо соҳиб шуданд. Билохира маҳз бо «кумаки» ширкати «Тоҷирон» ва баъдан “Фароз” ва таъсиррасонии онҳо ба ҳукумат ва сохтору идораҳо ҷиҳати сохтмони роҳи қади канал барои рушди тиҷорати худ, тавонистанд мусибати сарҳадиро ба сари мардум оранд ва боиси қурбониҳо гардад, ки анклав ва бунбаст аз он маншаъ мегирад.
Худ қазоват кунед. Аз мост,ки бар мост.
Дар яке аз муноқишаҳо як пойгоҳи фуруши маводди сухт-заправкаи қирғиз дар ҳудуди Сурхро, ки бо нисфи арзиши сузишвории “Фароз” моро бо сузишворӣ таъмин мекард, пешакӣ бо қирғизҳо забон як карда аввал соҳибонашро ба ҷои бехавф кучонида бо чархболи ҳарбии Тоҷикистон ба хок яксон карданд, то тоҷикон бензини гарони Фарозро харанд на арзони қирғизиро. Аз ин заправка бар изофаи сокинони гирду атроф ҳамчунин аз Конибодому Нов ва Ашт ҳам баъзе савдогарҳо, ки ҳоло тоҷир меномем омада соляркаву бензин мегирифтанд. Баъдтар, баъд аз онки ин заправкаро ба хоку туроб бадал карданд, ба қирғизҳо барои ин талафоти молӣ ҷуброн пардохтанд, албатта ҷуброн аз ҳисоби ноҳия буд.
Воқеан ҳамаи ҷангҳо бо зарар зиёни ҷониву моли мардум анҷомиданд. Дар паси ин ҳама ҷонҳои аздастдода ва манозили сухт масъалаи ҳифзи тиҷорати шахсони алоҳида меистод. Ҳамаи заправкаҳои қирғизҳои дар қаламрави вилояти Суғд буда, ки бо нархи арзон сузишворӣ мефурухтанд ба хок яксон шуданд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар паси ин ҳама “Фароз” меистод. Яъне гур сузаду дег ҷушад.
Ҳамин «хизмати хугона»-и “Фароз” имкон дод, ҳамаи харитаҳои сарҳадӣ бекор гардида қирғизҳо дастболо ва соҳибҳурмат гарданду муноқишаҳо ташкил ва боиси ғурамарг гардидани ҷавонони тоҷик шавад.
Ҳарчанд гуруҳҳои кории зиёде вазъияти сарҳадро аз Душанбе омада меомухтанд, аммо амалан «супоришҳо»-и бар муқобили манфиати мардуми маҳалли тоҷикон равонашударо дар Исфара муҳрбандӣ мегардад, ки баръало буд.
Дар қатори зарарҳои руҳиву ҷисмонии кашидаи мардум зиёфатороиҳои маҷбуриву ҳангомадор ба қирғизҳо барои мардуми Исфара болои сухта намакоб буд.
То имрӯз дӯстии сатҳи болоии ду кишвар дар симои кормандони амният, милиса ва дигар сохторҳои қудратӣ, хусусан сарҳадбонон оид ба тиҷорат ногустанӣ ва дар авҷ, вале мардуми одӣ агар бензин ё сиёҳолуро (чернослив) аз қирғиз харад моддаи контрабандист мезананду суд мекунанду ҷарима.
Дар охир бояд ҳаминро қайд намуд, ки бештари моҷарову мунозиъаҳои сарҳадӣ аз тарафи роҳбарияти Тоҷикистон ташкил гардида, мақсади асосӣ эҷод ва ҷо кардани ваҳму тарс дар дилу дидаи мардуми Чоркуҳ ва Сурху Ворух аст. То ки ин мардони ҷасур яке парчами коваи оҳангариро боло накунанд.
Ҳифзу ҳимояти тиҷорати оила аз такдири зиёда аз 100 ҳазор саканаи ин се русто авлавият дорад. Аммо каме мардум нафаси сабук кашад, итминон меравад, ки роҳи Ворух баста шавад.
Дар ин авохир барои ҳалли баҳсу даъвои марзӣ корҳое сурат гирифта истодааст, ки касро сахт ба ташвиш мегузорад. Ин ҳам бошад пинҳонкорӣ ва махфиёна ҳал кардани масъала аст.
Магар иштирок надоштани роҳбарияти шаҳри Исфара, рустоҳои Сурх, Чоркуҳ ва Ворух дар кори комиссияи байниҳукуматӣ ба пиндори «муҳтарам» иштирокдорони вохуриҳо чи маъно дорад?
Пинҳону махфӣ кардани муҳтавои асноди марзӣ бо Қирғизистон, имзои «Протоколи 44»,ки гуфта мешавад усулан роҳ барои ҳалли муноқишаҳои марзии миёни ду давлатро ҳамвор кардааст ва бахусус, сукути мутлақу мармузи васоити ахбори умум ва ҷомеаи мадании Қирғизистон, ки ғайритабиӣ аст, аз як пешомади фоҷиабор ва пурхатаре дарак медиҳад. Ба баёни дигар, замин ва қаламрави Исфара, деҳаҳои нангу номусу миллатсоз ва пуршарафи миллати тоҷик ба асбоби тиҷорати Раҳмонов ва манфиатҳои оилаи вай бадал шудааст.
Ман боз чи гуфтан мехоҳам? Инро гуфтаниам, ки дар Исфара одамони сарватманд ва корхонаҳои хурду миёна дар қиёс бо бақия навоҳии қисмати шимоли кишвар бештар аст. Бештари афроди тоҷир ва ғании Исфара сокинони Чоркуҳ, Ворух ва Сурханд. Ин мардум таърихан бо тиҷорат сарукор доштанд ва ҳануз аз даврони шуравӣ дар тамоми нуқоти Русия, Туркманистону Қазоқистон ва Узбакистон хушкмева ва мавизу мағз савдо мекарданд ва ин анъана ҳоло низ идома дорад,балки бештар шудааст ва то ба Аврупо ҳам содирот карда истодаанд.
Вале яке аз махсусиятҳои хос ва фарқкунандаи ин мардум ин аст ки онҳо ҳамвора бо дину ойини худ содиқ ва пойбанд будаанд. Мутадаййин
Вақте ҲНИТ дар авоили солҳои навад сандаи фаъолияти расмӣ ба даст овард, танҳо дар Чоркуҳ 10000 узвияти онро пазируфт. Ҳамон замон буд, ки талхаи сардамдорони вақт кафида буд. Дар ин марзи мардхез ислом ва ҲНИТ ҷойгоҳи болову баланд дорад.
Аз чанд ҷиҳат аст ки Раҳмонов Исфараро таҳти назорати шадиди худ гирифтааст ва бо мардуми он танаффур дорад.
Ҳамин таҷрибаи бастани дари масоҷид, қатъи неруи барқ ба хонаводаҳо барои «облава» овардани падару модарҳо аз Русия ва дар милисахона бандӣ кардани онҳо ва бозгардони фарзандони муҳоҷири онҳо аввал дар Чоркуҳ ва Ворух татбиқ шуд.
Солҳост, ки сардорони шуъбаи милиса ва амнияти Исфара аз зодагони ҳаммаҳалҳои Раҳмонов таъйин мешаванд-«бачаҳакои боло». Ва Раҳмоналӣ Амиров, Шамсулло Маҳмудов, Фаттоҳ Саидов (кали Фаттоҳи отаи Шоҳрух Саид), ки аввали раиси ноҳия дуввуми сардори милиса ва саввуми чандин сол сардори 6-ой отдели Исфара буданд, қири мардони Исфараро бароварданд.
Корхонаи кимиёвӣ ва тавлиди спирти Низомхон Ҷураевро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалаӣ Раҳмонов бо зӯрӣ кашида гирифт. Ва барои ин кор беш аз 30 нафар исфарагӣ ба зиндон кашонида шуд, ба шумули Низомхон Ҷураев.
Осоишгоҳи овозадори Зумратро Зоир Соҳибов-домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов кашида гирифт ва ҳоло моли хусусии вай шудааст ва ба гуфтаи огоҳон то дарбону қаравули охранники ин осоишгоҳ аз «бачаҳакои боло» оварда шудаанд ва сардори ин осоишгоҳ чанд сол аст ки амалан раиси Исфара мебошад ва дар тамоми умури ин шаҳр ва бавижа тағйироту таъйиноти кадрӣ ҳарфи охирро мезанад.
Чанд амбори ин осоишгоҳ ҳоло «хранилишии» наркотикаи Зоири домоди Раҳмонов аст ки мегуянд бо муҳофизони мусаллаҳ 24 соат бонӣ карда мешавад ва на шабу на рӯз қувваи барқи ин амбор қатъ мешавад.
Чандин адад чойхона ва тарабхонаҳои Исфараро бастанд ва барои фаъолияти дубора фуруши арақро пешшарт гузошт. Соҳибони ин чойхонаву тарабхонаҳо, ки бо ин васила чархи зиндагии худро тоб медоданд, аз баҳри манбаъи таъминоти рӯзгорашон баромаданд, арақфуруширо напазирфутанд.
Дар ҳамин Исфара дар тамоми КПП-гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамагӣ «бачаҳакои боло»-ва одамони Шамсулло Соҳибову Зоир «кор» ва контрол мекунанд. Шамсулло, раиси ширкати «Фароз», Шамсулло Соҳибови шавҳари Рухшона-духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир мебошад. Зоир шавҳари Фируза духтари калонии Раҳмонов ва падари Исмоили дастбахайр аст.
Имрӯз сокинони Чоркуҳ бо шуъбаи зиёда аз 70 нафараи милитсия, КДАМ ва ГАИ-и алоҳида, дар ҳолати бардагӣ ва ғуломӣ умр ба сар мебаранд. Ворух низ ҳамчунин ҷомаи кулфат ба бар, моҳияти ҳаёти қишлоқро фаромуш кардааст. Лаззати ҳаёти ширини қишлоқ заҳр дар ком шудааст, ки ҳатто дар даруни замини колхоз мототсиклсаворонро ҷарима мекунанд. Кор то ба ҷое расида, ки соҳиби асосии қишлоқ раиси ҷамоати он, дар назди дари амният навбат мепояд то ба ҳузур пазиранд. Ҳол онки тамоми мақомоте, ки дар ҳудуди ҷамоат воқеъанд дар тобеъият ва зери фармони раиси ҷамоат бояд кор ва фаъолият баранд. Ҷамоат ҳукумат дар маҳал аст. Аммо ҳоло ҷамоат ба шуъбачаи милисаву амният бадал шудааст. Ва дар ин шуъбаи 70 нафараи милиса аксариятро бачаҳакои боло ташкил медиҳанд. Ва, боз даҳшату ваҳшати ин омадаҳо он аст ки ҳамагӣ бо масҷиду намозу рӯза ва дар маҷмуъ бо ислом сахт нафрат ва хусумат доранд.
Дар тамоми Тоҷикистон барои як ҷамоат шуъбаи алҳидаи милисаву амният бо ин қадар корманд вуҷуд надорад ва худи ҳамин факт аз муносибат ва нафрати беандоза шадиди Раҳмонов ба чоркуҳиҳоро далолат медиҳад.
Ба назар мерасад, ки гуфтаҳои Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба Қамчибек Тошиев, ки баъди имзои Протоколи 44 эълон кард, “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”, беҷиҳат нест ва мисле, ки ин рӯзноманигор чизеро медонад ва бо зикри ҳамин як ҷумлаи пурбору пурмаъно аз қавли Қамчибек Тошиев ва воқеияти ҳалли баҳси сарҳадиро гуфтааст.
Ҳоло мефаҳмем, ки чаро Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи хос аз ҳукумат тақозо кард, ки ҷузъиёти асноди марзӣ бо Қирғизистонро ошкор созад.
Фурухтани замин ба Хитойро ҳукумати Тоҷикистон дастоварди дипломатӣ унвон кард аммо раиси ҲНИТ устод Муҳиддин Кабирӣ онро хиёнат номида гуфта буд: “ин як амалиёти пинҳон, ғайриконститутсионӣ ва хиёнаткоронае буд, ки Эмомалӣ Раҳмон худаш анҷом дод ва миллати тоҷик танҳо дар лаҳзаи охир аз он огоҳ шуд, ки дигар коре аз дасти касе намеомад.”
Ҳоло ба назар мерасад, ки иллати пинҳонкориаш ҳамин бошад. Мардумро дар баробари амали иҷрошуда қарор медиҳад. Бахусус вақте расонаҳо ва матбуоти Қирғизистон ба таври мармуз ин масъаларо бозтоб намедиҳад, шубҳаҳо дар мавриди онки Раҳмонов ин хиттаро мавриди муомила қарор додааст.
Ман дар фароварди навиштаам як сирро бароятон мекушоям. Ман коргари ҳукумати маҳаллиам. Шумо борҳо бо ному фамилияам маро дар барномаҳоятон ва махсусан «Номаҳо аз ноҳияҳо» танқид кардед. Бигзор, маро боз ҳам интиқод кунед, барои онки ба «облава» кумак мекунам, барои онки масҷиду масҷидравҳоро азият мекунам, барои онки аз мардум барои ҳар иду маросиму ташрифи ҷанобу дигару дигараш, барои обуна, барои сарбозхарӣ пул ҷамъ мекунам, ҳақ доред. Аммо, мутмаин бошед, ки ман неву ҷои ман дигар кас ҳам буд ин корҳоро мекард. Агар накунад ҳоло вайро муқобили сиёсати Пешвои миллат, тарафдори мухолифҳо гуфта зиндонӣ мекунанд. Беҳтар ин аст ки аслан бо инҳо наздикӣ накунед ва ҳамкор нашавед. Ҳоло ман роҳи бозгашт кофта истодаам, ки аз ин тудаи номарди фикру зикрашон фақат пул чи гуна ҷудо шавам.
Аммо дар мавриди суҳбатҳои ин ҳамкори қирғизам, ки гуфт территорияҳоятонро доданд ва шумо акнун зери ҳимояти Қирғизистон қарор мегиред, фикр мекунаму баданам ба сузиш даромадааст.
Ана, барои чи дар ҳайати комиссияҳои марзӣ аз мақомоти маҳаллӣ касеро шомил накардаанд ва ана барои чи тамоми асноду созишҳо пинҳонӣ ва дур аз чашми ҷомеа нигоҳ дошта мешавад.
Ин қирғизи ҳамкорам гуфт, ки ба муҷарради эълони хатти марз аломат ва нишонгузорӣ дар он қисматҳо таҳти ҳимояти сарбозу артиши ҳарду ҷониб сурат мегирад ва имкону маҷол барои эътироз боқӣ гузошта намешавад.
Шояд ин ҳукумат даҳ сол ё панҷ ё соли дигар аз байн биравад, Дақиқ аст,к и меравад. Аммо Раҳмонов ҳеҷ меандешида бошад, ки магар мешавад барои манфиати муваққатӣ хоку марзи кишварро ба савдо зад? Ҳатто агар даромади аз ин марз миллионӣ бошад, аммо пул аст, ҳамагӣ пул аст, сарф ва тамом мешавад, вале магар хоку заминро мешавад пас гирифт? Замину хоки ватан модар аст, мешавад, ки модарро моя ва моли муомила қарор дод:
Ин хоки ватан, ки мушкбез аст,
Мафруш, ки модари азиз аст.
Мафруш замин, ки хор гардӣ,
Берузиву беқарор гардӣ.