Э.Раҳмонов: «Ба хуҷандиҳо бовар карда намешавад, хоссатан мардуми шаҳраш»

Ислоҳ нет

Эмомалӣ Раҳмонов дар Хуҷанд  дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд  кӯдакистони  «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода дод. Хабаргузории  расмии   «Ховар»  дар як суратгузорише навиштааст, ки ин «муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 24 садяк замин қомат афрохта, барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Боғча аз ҷониби оилаи Асатуллоевҳо дар заминаи пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, бо тамоми шароити зарурии таълиму тарбия таъмин карда шудааст. Гуфта мешавад, ки  ин кудакистон аз 2 бинои 3 ошёна иборат буда, дорои 9 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад».

Сипас «Ховар» бо тамҷиду тавсифи ин кудакистон машғул шуда  навиштааст:   «бо тамоми таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин буда, роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона оро ёфтааст. Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ низ таъсис ёфтааст. Боғча ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад».

“Аммо тибқи маълумоте, ки ба дасти мо расидааст дар ин кудакистон натавонистаанд, ки хатти канализатсия бисозанд ва дар як тарафе аз саҳнаи он барои  туалету дигар ошғоли он як чуқуқрии чандметрае сохтаанд, ки ҳар моҳ бояд як мошини махсус омада  онро тоза кунад.”

Нуктае дигар, ки бидуни шак хабарнигори «Ховар» донад ҳам наменависад ин аст  ки  тамоми туҳфаҳоеро,ки «Пешво»  ба  кудакҳои ин муассиса тақдим кард, аз ҳисоби худи соҳиби ин боғча будааст  ва Пешво як дирам ҳам аз кисааш барои «бачаҳои хуҷандӣ»  харҷ накардааст.

 “Мову шумо хуб медонем, ки ифтитоҳи мабразу истгоҳу майдончаи варзишиву нонвохонаву сартарошхонаву кошонаи ҳусну аз ин даста таъсисот дар Тоҷикистонро ҳатмани ҳатман бояд Эмомалӣ Раҳмонов анҷом диҳад.Дар дасти ӯ то ҳамин бақарибиҳо қайчӣ буд ва барои ҳамин ӯро «откривашка» лақаб монда буданд, ҳоло бошад «пардабардорӣ» мекунад. Хуллас, ин як кори маъмулӣ аст ва намебоист ҷалби таваҷҷӯҳ мекард. Аммо ифтитоҳи ин боғча фарқ дорад.”

Дар дасти мо маълумоте расид, ки хеле ҳам ҳайратовар аст. На, гумон накунед, ки мо инҷо зери офтоби 50 градусӣ қариб 15 рӯз овардану машқу тамрин додани кӯдакҳоро дар назар дошта бошем.Барои Раҳмонов одамонаш фарқ надорад, ки ӯро кудак пешвоз мегирад ё духтарҳо, муҳим пешвоз гиранду онро дар телевизион нишон диҳанду вай воҳима карда гардад, ки ин нишонаи муҳаббат ва садоқат аст. Ҳеҷ падару модари беинсофу бераҳме розӣ намешавад, ки кудаки чор ё панҷ ва ё шашсолаашро соатҳои дароз зери офтоби сӯзон шеър ёд диҳанду рақс, ки барои Пешво бихонанд. Як нафаре,ки аз Душанбе оварда будаанд, машқ медодаст кудакҳоро.

Хулоса ,гап ин нест, дигар аст. Гап дар инҷо аст,ки Эмомалӣ Раҳмонов ҳар гоҳе ба Хуҷанд меомадааст, ба «охрана» ва «служба безопасности»-аш шахсан гардон ба гардон таъкид мекардааст, ки сахт ҳушёр бошанд:

  «Ман ба ин хуҷандиҳои бовар надорам. Инҳо ҳамаашон тарафдорони Абдуллоҷонов ва мухолифони мананд».

Ин кудакистони хусусӣ  дар фосилаи 150-200 аз маркази Хуҷанд, дар наздикии «Бозори Панҷшанбе» (ин бозорро ҳам Ҳасан Асадуллозодаи додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон тасарруф кард) дар гузари Ходими Ҷамолак, ки аз чандин куча иборат аст сохта шудааст. Маҳалли ин боғча солҳои шӯравӣ  як муассисае барои  табобат ва нигоҳубини кудакони  гирифтор ба дардҳои онкологӣ буд. Баъдан онро  ба корхонаи ободонии шаҳри Хуҷанд табдил доданд ва ҳар вақте маҷлису  ҷашнҳо мешуд дар онҷо шиору плакат меавиштанд ва омодагӣ медиданд

Ду-се рӯз қабл аз омадани Раҳмонов(12.06.2021) дар маҳаллаҳои Ҷура Зокир, Содирхон Ҳофиз, Гузари Охун ва инчунин гузари наздики Беморхонаи бачагонаи шаҳр афсарони милиса ва ходимни амният рехта буданд. Онҳо бо амниҳои ин маҳаллаҳо ҳавлӣ ба ҳавлӣ, квартира ба квартира даромада балони гази мардумро водор карданд, ки ба дигар ҷо баранд. Маҷбурӣ ва бо таҳдиду фишор ва ҳатто нишон доани аслиҳаи оташфишон. Гуфтанд, ки бибареду ба хонаҳои хешу таборонатон монед ва ё дар пушти бинои кӯдакистон, таминан дар  фосилаи 1 километр дуртар дар як амборе ҷамъ кунед. Калон меояд ва мо намехоҳем ягон “ЧП” шавад. Калон аз шумо боварӣ надорад, худатон нағз медонед барои чӣ.

  “Сокинони гузари Ходими Ҷамолак ва он гузарҳое дар боло исмҳояшонро бурдем ноилоҷ монданду балонҳои газашонро онҷо бурданд. Аз хонаи баъзеҳо ҳатто боклажка ва зарфҳои соляркаву керосинро ҳам маҷбур кардаанд, ки дигар ҷо бибаранд. Ва, ба ҷойи балони газу ин зарфҳо дар ҳар яке аз хонаҳои сокинони ин гузар як нафари амниятиҳоро мустақар кардаанд. Касе аз сокинони ин маҳалла агар норозигӣ кард, амини маҳалла, ки  як зан аст илтимос мекунад, ки гап назананд, «боз  ягон бало ба сарамон наёранд, тезтар биёяду зудтар гум шавад».

То омадан ду рӯз ва як рӯз пас аз рафтан бе балони газ буданд ва кудаконашонро надонистанд чихел бо хуроки гарм таъмин кунанд. Раҳмонов ҳар куҷо сафар кунад ба он мардум ҷуз зарар ҳеҷ фоидае намерасад.

Баъд аз онки омаду кудакистонро ифтитоҳ карду рафт мардум мераванду балонҳои гази худро пас меоваранд.

Раҳмонов ба хуҷандиҳо тамоман бовар намекардааст ва аз онҳо сахт метарсидааст. Гӯиё мегуфта бошад, ки «хуҷандиҳо боз зидди ӯ «покушине» ташкил мекунанд.

  “Ба хусус аз сокинони гузари Ходими Ҷамолак қаҳрамонзан Бибисолеҳамоҳ Қобилхоҷаева, ки дар июли соли 1916 бар зидди Императори Русия барои ҷалби иҷбории мардуми мусалмон ба ҷанг як шӯриш ташкил карда буд, ки он саросари Аморати Бухороро дар бар гирифта буд сахт метарсидааст, ки ин мардуми хунгарму ҷасур боз ягон кораш накунанд. Барои ҳамин ҳатто балонҳои гази онҳоро аз хонаҳояшон баровардаанд ва то омадану рафтанаш дар ҳар як ҳавлӣ яктоӣ амниятиро посбон мондаанд….”

Инчунин агар суханронии Раҳмоновро дар ин сафари охираш бо Мирзиёев дар қасри “Арбоб” дақиқан аз ҳамон макони наҳсе ба қудрат расид. Аввал Мирзиёевро таъриф кард,ки бечора сурх шуда монд. Баъдан мегуфт дидед коре дар чандин сол Каримов карда натавонист Мирзиёев онро анҷом дод,ки ин кори содда набуд. Чаро дақиқан ҳаминро якбор на худаш ва на дигар чоплусу маддоҳи Раҳмонов фикр намекунанд? Агар Раҳмонов аз қудрат равад афроде аз ин миллат меоянд,ки дар се чор сол аз ҳукумати 29 солаи ӯ хубтар метавонанд анҷом диҳанд. Инро мо не,ҷанобони чоплус,худи “пешво”ятон мегӯяд. Як бор ба гуфтаи ӯ кунед ва натиҷаашро бубинед.

Аммо ҳама чиз оғоз ва интиҳо дорад, Раҳмонов аз ин “Қасри Арбоб” ва аз Хуҷанд ба қудрат расид ва ин охирон маротибае буд, ки ба он ҳамчун президент ворид шуд ва суханронӣ намуд. Ҳатман шахсе аз Хуҷанд ӯро иваз мекунад ва ё марде аз Хуҷанд коре мекунад,ки интиҳои ин диктатор ба он мавқуф гузошта шудааст. Дар рафти суханронияш ончунон ба аҳли толор буда дуғу пуписа мекард,ки шармам омад аз он қарсак занҳо. Ҳангоме як гап мегуфт дар ҳол қарсакзанҳо аз мақомот ҳама мехестанду қарсак мезаданд.Аммо Раҳмонов ба ҷои арҷ гузорӣ ва қадрдони аз аҳли толор чӣ мегуфт? Раҳмат шинед,Раҳмат шинед.Ин раҳмат гӯфтан бо ваҷҳи накӯ набуд,худатон гуш кунед,то фаҳмед бо кадом шаклу лаҳне мегуфт.

Худо кунад ин охирон солҳои ҳукуматронии ин бехирад бошад ва мардуми кишвар аз чанголи ӯ ва оилааш наҷот ёбанд.

Share This Article