Дар Лахш аз номи ҷияни «Пешво» ҳукумат доранд

Ислоҳ нет

Ин нома низ барои барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» омада буд. Мо дар бораи «қаҳрамон»-и ин нома қаблан ҳам матлабе ба нашр расонида ва наворашро ҳам пешниҳод карда будем. Ин бор ҳам онро чоп кардем. Барои онки дар саросари кишвар афроде мисли қаҳрамони ин нома кору зиндагӣ мекунанд, ки «одам»-и мақомотанд. Инҳо асосан посредник ҳастанд ва милисаву амнияту прокурор, ки аксарияти кулл аз «омадаҳо» ҳастанду фақат барои пулу мол кор мекунанд, ба онҳо бовар мекунанд ва инҳо ҳам мефурушанд ва ҳам мехаранд. Ба як ҳисоб ин гуна афрод ҳукумат ва ҳокимияти худро ташкил кардаанд, ки байни мақомот, аз раиси ҷамоат гирифта то раиси ноҳия ба шумули масъулони мақомоти амниятиву интизомӣ ва мардуми одӣ «кор» мекунанд. Ва ҷанбаъи даҳшатовараш ин аст ки ин афрод салоҳият, ваколат ва дасти ниҳоят дароз доранд. Ҳоло ба яке аз чунин нафарҳо шинос бишавед:

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Лахш бароятон нома менависам. Дар бораи раиси бозори ноҳияи Лахш Абдусаломов Сайнеъмон. Дар бораи ин нафар дар яке аз барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» матлабе чоп шуда навораш ҳам пахш гардида буд.

 Абдусаломов Сайнемон баъди  нашри он матлаб аз тарсу ҳаросу ғаму ғусса касали дил шуд ва Душанбе рафта оператсия карда дар дилаш батарея монд. Ин нафар пеш ҳамроҳи муҷоҳидон буд вале вақте дид, ки онҳо ҷойгоҳи худро аз даст доданд, ҳукуматро фиреб карда ба ҳукумат гузашт.

 Абсаломов Сайнемон (номаш дар паспорт ҳамин тавр аст) соҳиби 6 фарзанд аст:

1) Абдусаломова Гулрухсор, 

2) Абдусаломов Насим, лақабаш Бобоҷон, 

3) Абдусаломов Рустам, 

4) Абдусаломов Ҷамшед, 

5) Абдусаломова Парвина, 

6)Абдусаломов Сомон, 

Зани 1- Абдусаломова Раҷамо

Зани 2- Парӣ, Гулпарӣ, Парвина, яъне бо ҳамин се ном ӯро садо мезананд, ҳоло дар Русия аст:  

Зани 3, дар никоҳи каси дигар будааст ва гуё Сайнеъмон нодониста гирифтаву вале баъдан сар додааст. 

 Абдусаломов Сайнемон вақти ҷанги шаҳрвандӣ дар гумруки Лахш кор кардааст. Вақте фаҳмид, ки муҷоҳидон боқувватанд, зуд тарафи онҳо гузашт. Баъди чанд вақт ба тарафи ҳукумат мегузарад. Чанд маротиба ба марҳум Мирзо ҷага нома ҳам навишта пуштибонии худро аз вай эълон кардааст. Баъдан ҳарду ҷониб аз кӣ будани вай огоҳ мешаванд.

Вай гурехта дар деҳаи Янгишаҳри ҷамоати Янгишаҳр, дар хонаи Моҳистон Шерова дар дохили (чағора) чоҳ барои захираи картошкаи Ҷиргатол дар зери замин   баҷо шуда ба Душанбе дар дохили лингаҳои картошка дар болои мошини камаз гурехта рафтаст. 

Дар  Душанбе мегуфтааст, ки «мара вовчико сур кардан». Дар асл ,дар вақташ шахсан худат зиёд одамҳоро даъват кардӣ, ки муҷоҳид шавем. Ҳозир ришдорҳо ва ё муллоҳоро бинад дар риши онҳо дашном медиҳад.

 Аз Исломиддини Раҳмон ном мебарад.

Исломиддини писари Нуриддини бародари Эмомтапак. Ҳоло раиси Данғара аст. 

Исломиддини Рахмон, номатро ин аблаҳ истифода мебарад ва паст мекунад.

 Исломиддини Раҳмон хабардорат мекунем, ки сари роҳи ин аблаҳро бигир. Агар надонед ин Сайнемони 50% фоиза аз барои иҷрои корҳои ҳатто баду зишт ҳам аз шумо ном мебарад.  

Сиёсати пешгирифтаи бародари падари шумо-Эмомалӣ Раҳмоновро низ паст мезанад ва зада истодааст:

 1) Дар бозораш бародари худашро дар пеши чашми мардум зад. Аз Исломиддини Раҳмон ном бурда таҳдид кард, ки «гап занта фалон мекунам» ва бародарашро аз бозор пеш кард. Бародараш Абдусаломов Сайит мебошад. 

2)Писарони бародари худро низ аз бозораш боз аз номи ин он гап зада сур кард. Номи ин бародараш Абдусаломов Ғиёс аст. Писарони Абдусаломов Ғиёс, Раҳим,  Наим ва Навруз ном доранд.

Писари калони Абсаломов Сайнемон, Абдусаломов Насим лақабаш Бобоҷон ба хонаи дар район будаи Абдусаломов Навруз даромада Абдусаломов Наврузро лату куб кардаст.

3) Абсаломов Илёс ҳам бародараш аст. Ин бародараш ҳам дар бозори Сайнемон магазин дошт, пули магазинро ҳам пардохт кардагӣ аст. 

Аммо Абсаломов Сайнемон бо писари дуюмаш Абдусаломов Рустам дар дохили магазин Илёс Абсаломовро низ лату куб карда аз магазин рондаст.

4) Абдусаломов Фаёз ҳам бародараш аст. Фаёзро низ бо бачаи калониаш Насим бо лақаби Бобоҷон дар дохили магазинаш даромада лату куб кардааст. 

Фаёз ҳам пули магазинашро платит кадагӣ аст. Ин Сайнемони имон ва инсоф надорад ва барои пул ба тамоми  пастӣ даст мезанад. 

 Амакбачааш, Абдусаторов Давлат дар даруни район қонунӣ замин харид. Абсаломов Сайнемон Оқил Исоев, собиқ сардори амнияти ноҳияро фармуд, ки Давлатро чи хеле мехоҳӣ, азияташ деҳ то магазинашро насозад. Сайнемон ҳатто намемонад дигарҳо магазин созанд. Сардори амният хеле зад, аммо аз вазифа рафту натавонист. Абдусаторов Давлат магазинашро сохт. 

Писари калонии Сайнемон, ки гуфтем Насим асту лақабаш Бобоҷон аст, чанд зани шавҳардорро низ бераҳа кардааст. Писари 2-юми Абдусаломов Сайнемон Рустам мебошад. Рустам як ҳамдеҳаи худашро ба милитсия фурухт. Номи ин бача Шамшод аст. Падари Шамшод дар ноҳия магазини калон дорад. Вай Тохтомат ном дорад, бизнесмен аст, пулдор. Рустам аз момент истифода бурда Шамшодро ба милиса фурухт ва туҳмат кард, ки бо як духтар ту мегардӣ ва ӯро тарсонд, ки ба падарат мегуям ва делои ҷиноӣ мекушоянд. Бо роҳи шантаж як маротиба 20 000 сомонӣ ва боз 3 маротибаи дигар 10 000 сомонӣ ва ҷамъулҷамъ 50 000 сомониашро гирифтанд .

Бо Абдусаломов Рустам боз як милисаи дигар дар туҳмат кардани Шамшоди Тохтомат шарик аст. Вай додари ҳоҷӣ Макгрегор-Аброр Шомуродов, Аҳрор Шомуродов аст .

Рустам Абдусаломов ба Аҳрор машварат мекунад, ки уро подставит карда пулашро гирифтан даркор. Сипас Аҳрор «ташкил»-аш карда 20000 сомониашро мегиранд. Ин дар ҳоле аст ки акаи Аҳрорро ҳамин Абдусаломов Сайнемон фурухт ва зиндонаш кард.

 Ин Абдусаломов Сайнемон як дирам ҳам андози бозорро намесупорад. Аз номи ҷияни Эмомалӣ Раҳмон  гап зада гаштааст.

 Ку Юсуф Раҳмон, Прокурор генералӣ, ки назорати татбиқи қонунҳоро бар уҳад дорад? Шумо қудои Президент шудед, гапатон дар ҳама ҷо мегузарад, як гуруҳ фиристед то тафтиш кунанд. 

Андози Тандикул – оби лечебнии аз зери замин мебаромадагӣ оби ҷуш ба давлат намесупорад. Вале агар фаҳмид, ки фалони андоз насупоридааст, фавран ба мақомот занг зада дуруғу рост ахборот медиҳад. 

 Абдусаломов Сайнемон як писари амакашро низ подставит кардагӣ аст.

Писарамакаш Абдусаломов Ҳазратулло аст.

Подставаи Ҳазратуллоро Сайнемон бо ёрдами Оқил Исоев, сардори собиқи амният кардагӣ аст. Милиса ва прокурори ноҳияро сахт тарсонида дело кушода то суд равон карданд. Дар дасти мо маълумоте ҳаст, ки Сайнемон «ай киҷо истода ба кира занг зада ва куҷо рафта, чи коре карданаш, яъне ба кадом мақомдор занг зада  вохурӣ карда ба зиди Ҳазратулло нақша кашидааст».   

Абдусаломов Сайнемон боз сари як амакашро ҳам хурдагӣ аст. Ин одам Абдусаломов Хоҷаёр мебошад. Вай аз дунё рафт. Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ аз Душанбе бо мошини худаш наоварда, ба мошини одамкушҳо савор кард, ки ӯ аз ҳамон замон бе ному нишон шудааст.

 Ҳоҷӣ Макгрегор-Шомуродов Аброр, ки Ислоҳ дар борааш чоп ва навор карда буд. Ӯро низ Абдусаломов Сайнемон маълумот додааст. Омада бурдану зиндонаш карданд. 

Дарвоз Маҳмадовро низ Абдусаломов Сайнемон ба Оқил Исоев фурухт.

Дар ноҳия одами боақл ё пулдорро Сайнемон дар ҳол мефурушад. Ҳоло ба генерал

  Шоҳ Искандар қасди сахт дорад. Бар зидди вай одам тайёр карда аст. Шоҳ Искандар дар нохия бозор дорад, барои ҳамин ба вай Сайнемон душманӣ мекунад. Сайнеъмон ҳоло бар зидди Шоҳ Искандар компрамат таёр карда истодааст ва барои кадом ниҳоди давлатӣ онҳоро дода истодааст дар Лахш.

  Як нафар аз деҳаи Кушай аст, номаш Мавлон. Ин одам дар Америка кор мекунад. Хеле сарватманд ҳам ҳаст. 

Вай дар деҳаи Кушай магазини калон,автомойка ва таъмири шиномотаж сохт.

  Абсаломов Сайнемон ӯро чашми дидан накард ва ба мақомот фурухт. Мақомот ин одамро ҷаримаву ҷабри зиёд карданд. Ҳамаро маҳкам карду рафт ба Америка. 

 Як ҷияни террорист дорад, номаш Иззат, ки ҳоло дар зиндон аст. Ин Сурия рафта дар кадом гуруҳе ҳамроҳ шуд. Баргашта омад ба Русия ва онҷо ба дасти ФСБ ғалтид, баъд ба Тоҷикистон фиристоданд. 

Ин ҷиянаш аз ҷамоати деҳаи Янгишаҳр, аз деҳаи Ҷайлгани путокул мебошад. 

Ҷиянашро додарҳои Сайнемон ба Федератсияи Русия,ба Тотористон, ба шаҳри Қазон бурда ба одамҳояшон, яъне ҳамон гуруҳи Сурия ошно карданд. Сайнемон ва додарҳояш хуб медонанд, ки ба куҷо рафту бо кадом усул ба ДОИШ дохил шуд. 

Модари Иззат тирамоҳ ё замистон аз дунё гузашт. Ва Сайнемон ба хонаи модари Иззат рафта гапҳои ҳархела задааст. Барои мисол гуфтааст, ки ин ҳукумати золим писарашро зиндон кард ва модари Иззат аз ғаму ғусса мурд. Муроҷиати ман ба мақомоти интизомиву амниятии ноҳия чунин аст:

Шуморо хабар мекунем, ки агар бо Абсаломов Сайнемон ҳамкорӣ карда халқи бе гуноҳро туҳмат зада бе сабаб ё ягон чизро сабаб оварда сумашро мегиред ва ё делои ҷиноӣ мекушоед, тамоми сиратонро фош мекунем.

Агар аз Абдусаломов Сайнемон, гусфанд, мурғ, гов ё пулашро –пора мегиред, мо ҳатман хабар миёвем. 

То имруз шумо пулу пораҳои Сайнемони сурху сафедро хурда халқи бегуноҳро туҳмат карда гаштаед.  

Мо медонем, ки кадом мақомдоре аз Сайнемон чи гирифтааст. Пулашро гирифтеду одамҳои бегуноҳро азоб додед. Ҳоло ин бор нагуфтем, вале ҳоло хабар кардем дигар хабар намекунем, ҳатман мегуем. 

Савол ба Эмомалӣ Раҳмонов, шумо чи мегуед дар бораи ҳамин хел одамҳо? Сиёсати шуморо бо номи писари бародарат Нуриддини Раҳмон, Исломиддини Раҳмон паст мезанад. Ва ё ба шумо аслан мушкил надорад ин хел одамҳо, мисли Абдусаломов Сайнемони 50% а? Шуморо ин аблаҳ фиреб карда гаштааст. 

Ҳизби наҳзатии исломиро низ ҳамин тавр фиреб карда гашта буд. 

 Мо ба Муҳаммадиқболи Садриддин маълумотҳоро дар бораи ин одам равон кардем, чоп ва навор кард.

 Муҳаммадиқболи Садриддин метавонист чоп ва навор накунад. Мегуфт собиқ муҷоҳид аст. Аммо ҳақиқатро нашру навор кард.  

Ҳоло навбати шумо ҳизби халқи демократӣ ва  шахсан Эмомалӣ Раҳмонов. Бубинем шумо чи кор мекунед. Ва чи кор карда метавонед?

Share This Article