Дар Темурмалик ё Совети пешина чи гапу хабар ?

Ислоҳ нет

Чанд номаи шикоятӣ

(бахши аввал )

Ба унвонии “Ислоҳ” чанд номаи шикоятӣ аз чанд сокинони ноҳияи Темурмалик расидааст. Номаҳоро дар шакле ба мо расидаанд бо таҳрир вале бе тасарруф дар мазмуни онҳо тақдими шумо менамоем. Умед аст мақомдорони ноҳияи Темурмалик инҳоро ба инобат мегиранд ва ислоҳашон мекунанд ва аз хашми мардуми ба сутӯҳ омада раҳо меёбанд.

Бозори раиси налоги Тоҷикистон

 Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зодаи деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик( Совети собиқ) дар тамомшавии маркази ноҳия як бозор бино карда ва мардумро маҷбуран аз бозоре, ки дар маркази ноҳия воқеъ аст ба онҷо бурда истодааст. Бозори маркази ноҳия аз они «Тоҷикматлубот» аст. Вале савдогарони он тайи ин солҳо ҳар кадоме нуқтаҳои савдои худро аз ҳисоби худ тармиму обод карда буданд, навесҳо рост карданд, роҳравҳоро ҳамвору ружд карданд. Ҳозир Давлатзода ба воситаи милисаҳо тоҷирону соҳибкорони бозорро ба зӯрӣ ба бозори худаш бурда истодааст. Мардум аз бозори маркази ноҳия бо ду-се сомонӣ ба хонаҳояшон мерафтанд, ҳоло аз бозори раиси налог, то хонаҳояшон 10 то 15 сомонӣ танҳо аз як тараф харҷи роҳ мекунанд. Мардум бо ҷангу ҷангҷол боз ба бозори пешина омадаанд, аммо ду моҳ мешавад, ки кашокаш идома дорад. Нусратулло Давлатзода дар он мавзеъе, ки бозор рост кардааст, боз ошхона, корхонаи ордбарорӣ ва заводи шебен сохтааст.

“Мо сад дарсад розӣ мебудем агар ин корхонаҳо кор мекарданд ва ба нафъи сокинон мебуд. Маоши ин корхонаҳо аслан ҳеҷ аст ва чӣ амалкунанд ва ё накунанд ба мардум ҳеҷ нафъе надоранд. Нусратулло Давлатзода,ки зодаи ин ноҳия аст ҳеҷ хидмате барои зодгоҳаш накардааст. Танҳо барои худаш ва наздиконаш кардааст ва кораш пулҷамъ кардан асту тамом. Агар хидмате мекард ҳаргиз вазъияти вахимтарин дар ин ноҳияи якзамон овозадор танинандоз намебуд.”

Оқил-маняки сардори КДАМ-и ноҳия

 Ҳоло дар Темурмалик сардори КДАМ-и ноҳия, як ҷавони қадбаланди сип-сиёҳ, ки падараш ҳам корманди амният мебошад, қири духтарҳи ноҳяро бароварда истодааст.  Ин сардори амният духтари ноболиғи Мурод-қаравули мактаби№1-ро, ки як одами камбағал аст, таҷовуз кард. Духтар дар синфи 9 мехонад. Номи ин духтар Гулафшон аст. Вай дар бозор дуздӣ карда ба даст меафтад.

” Сардори амният бо як милиса, ки дар бахши кор бо ноболиғон кор мекард ва дар  деҳаи Кокобод иҷоранишин буд, рафиқӣ дошт. Сардори амният зани милисаи рафиқашро ҳам таҷовуз кард. Милиса бохабар шуд, занашро талоқ дод.”

Айни замон сардори амният, номаш Оқил аст ва писари воломақомҳои амният буда , соли таваллудаш 1988 фақат толибаҳои мактабҳоро фиреб мекунад. Бар ивази сум чанд нафари онҳоро таҷовуз карда аст ва ададашон хело зиёд аст. Боз аз байни духтарҳо барои худаш «мамарозаҳо» ёфта ва онҳоро мегуяд, ки “ягон дугонаатро туғрӣ кун , барои ту чизе бифорад харида медиҳам”.

Як вақт як наварӯсро дар бемористон мебинад, маъқулаш мешавад. Шавҳари ин наварӯс дар Русия мардикорӣ рафта будааст. Ин духтар аз деҳаи Танобчӣ аст. Як руз ҷавонҳои Танобчӣ ӯро мепоянд. Вақте ки раиси амният аз хонаи ин духтар мебарояд, ӯро мурданивор мезананд, дасташ мешиканад. Чанд моҳ дасташ бастагӣ, дар гипс буд. Бисёр мехост, ки бачаҳоро ёфта қасос гирад. Аммо шаб ва торик, ки буд, касеро нашинохтааст.( номи ин зан ва номи шавҳараш дар ислоҳ ҳаст вале бо далоили ахлоқӣ онҳоро нашр наменамоем)

Аммо ин шармандагӣ ҳам сабаб нашуд. ки вай ислоҳ шавад. Як бачаи дигарро як ҷо бо милисаҳо «подставит» мекунад. Ба модари ин бача мегӯяд, ки бачаатро «мебарорам» вале ту бояд бо ман ҳамхоба шавӣ. Модар барои бачааш шуда розӣ мешавад.( номи ин зан ва писараш дар ислоҳ ҳаст, боз ҳам бо далоили ахлоқи онҳоро нашр намекунем)

Як духтари синфи 9 арӯсаш буд. Ба вай мегӯяд, ки дугонаатро ба ҷураи ман «туғрӣ» кун. Ҷӯрааш комиссари ҳарбии ноҳия аст-военком, номаш Беҳрӯз Ҳафизов, аз кучаи Салим Чалмати маркази ноҳия. Писари Аловиддин Ҳафизов аст. Тағои Беҳрӯз телехи Маҳмуд Худойбердӣ буд. Вайро дар таги подъезди хонааш он солҳо парронида кушта буданд. Ҳозир сардори амният ва военкоми ноҳия корашон фақат духтарбозӣ, агарчи ҳардуяшон зану фарзанд доранд. Директори мактаби №1 Шӯҳрат Файзов, медонад, ки духтарҳои мактабашро ҳамин хел мекунанд, аммо хапу хомӯш аст. Худи ҳамин директор «буз»-и амният аст.

Духтаре бо номи Шоира 16сол дошт. Синфи 9 мехонд. Падараш Мурод, бо лақаби Муроди чапан. Дар кӯчаи Салим Чалмат зиндагӣ мекунад. Оқили амният ин духтарро дуздида ба амният бурда 2 моҳ истифода мебарад. Модари духтар ба Телевизони Тоҷикистон омада эълон пахш мекунад, ки духтараш нопадид шудааст. Баъди ин хабар Оқили сардори КДАМ-и ноҳия, писари генерал,ки ҳаст ва медонад пуштибони қавӣ дорад дар мақомоти амниятӣ ин духтарро ба кормандони милитсия медиҳад. Кормандони милитсия чанд рӯзи дигар истифода мебаранд, баъд оварда ба падараш мегӯянд аз дискотекаи Данғара ёфтем.

Оқил ба милисаҳо гуфтааст, ки ба падараш расонед, ки дискотекаи Данғара аз они Сомони Эмомалӣ аст ва ин духтарро ӯ ба Сомони Эмомалӣ бурда буд. Аммо ин дурӯғи маҳз мебошад. Чунки бачаҳои Темурмалик дар Данғара кор мекунанд ва донишҷӯ низ ҳастанд. Мардони фосиқаш ҳар шаб ба дискоклуби Данғара мераванд. Аммо ягон бор ин духтарро дар онҷо надидаанд.

“Бояд инро низ зикр намоем, ки дар Данғара як макони дилхушие бо номи “Живой музика” будааст, ки он аз Сомони Эмомалӣ будааст. Тибқи иттилоъе расида ба “Ислоҳ” дар ин макон духтарон аз ҳар манотиқи кишвар барои истифода оварда мешудаанд. Раиси ин макон духтарони нима бараҳнаро ба саҳна даъват мекардааст ва вақте ҳар шахсе кадом духтаре писандаш меомадааст онро ба меҳмонхонаи махсуси оила,ки Сомон онҷоро писандида будааст мебурдаанду бо он духтар ҳамхоба шуда ба ӯ чанд суме медодаасту ҷавобаш медодааст.  Инчунин Сомони Эмомалӣ ба ин макон тез тез меомадааст ва дар онҷо ба ҳама иштироккунандагонаш пул медодааст. Тамоми шароит барои иштироккунандагонаш муҳайё намуда будааст Сомони Эмомалӣ. Чунин макони дилхуши дар Қурғонтеппа ҳам доштаанд ва дар хидмати ин оила будааст он ҳам. ЯК зане дар ин “Живой музика” кор мекардааст ,ки ӯро мамароза мегуфтаанд ва ӯ духтарҳоро нарх мегузоштааст ва вазифаи дигари ин зан дастёри Озода Раҳмон будааст. Вақте пурсидам дар чӣ коре дастёраш будааст? Гуфт ман намедонам инашро дар чӣ коре вале робитаи мустақим бо Озода дорад ва дар кадом корҳое Озодаро дастёрӣ мекардааст. Ҳам бачаҳои “Пешво” ва домоду хешу табори “Пешво” ро бо духтарон таъмин мекардааст ва ҳам дастёри Озода Раҳмон ҳам будааст.”

Хулоса  меравем суроғи асли қазияи худамон дар ноҳияи Темуурмалик сурат гирифта,он духтарро сардори амният ва сипас милисаҳову коркунони ҳукумат дастбадаст гардонида мегаштаанд.Ин духтар ҳозир бероҳа шудагӣ аст. Падару модарашро дигар гӯш намекунад. Бо ин дурӯғҳо танҳо падару модари духтарро тарсу фиреб додаанд,ки агар шикоят карди дар дасти Сомони Эмомалӣ меғалтен ва як кард  духтартона. Агар Сомон хост кадом духтареро набояд уда отказ куна ягон духтар дар Тоҷикистон.

“Боз як духтари дигар бо номи Гулафшон соли тавалудаш 2001 мебошад.”

Ин духтар аз гушнагӣ дуздӣ мекунад ва ба даст меафтад. Кормандони милитсия вайро чанд рӯз манъ карда таҷовуз мекунанд. Падараш шикоят мекунад. Як милисаи восеъгӣ ӯро мегирад ва соҳиби як духтар мешаванд. Гулафшон бисёр духтари зебо буд. Сардори амният аз пасаш шуда ин духтарро фиреб дода дасти зӯр мекунад. Вақте ин милиса ба кор мерафт, Оқили амният омада бо зани вай ҳамхоба мешуд. Рафтуомади сардори амният ба ин хонаро чанд бор ҳамсояҳо мебинанд. Бачаҳои онҷо ба ин милиса мегӯянд, ки Оқил фақат пеши занат меояд, ака ту намефаҳми инҷо даюсӣ шудестаи хай бфаҳм охир дигар шарт нест ҳамаша бгемат. Милиса ночор занашро сар медиҳад.

Милисаҳои ҳақимардумхӯри ноҳия

Кормандони милисаи ноҳия бисёр ҳам чашмгушнаву ҳарис ҳастанд. Онҳоро сардорашон иҷозат додааст, ки аз ҳисоби мардум худашонро сер кунанд. Рӯзҳои бозор ба савдогарон зулм карда маҷбурӣ аз онҳо пул меситонанд. Аз магазинҳо қарз мегиранду барнамегардонанд.

“Тамоми магазинҳои назди «отдели милиса» дод мегӯянду безор шудагианд аз милисаҳо. Мегӯянд, ки муфлисамон карда истодаанд. Махсусан савдогарони универмаг, ки дар қарибии «отдел» ҷойгир аанд, бисёр ҳам ҳоли хароб доранд. Мегуянд, ки аз дасти ин милисаҳо маҷбур мешавем, ки дигар савдоро қатъ кунем. Яке аз фурӯшандаҳои универмаг Алихон Қувватов ном дорад. Дар вақти шӯравӣ муаллим буд. Ҳоло ошпази беҳтарини ноҳия аст. Вай як дӯкон дорад. Дар дохили дӯконаш ошхона ҳам дорад. Милисаҳо меоянду «завтрак», «обед» ва «ужин» мекунанд ва аз дӯконаш харид ҳам мекунанд. Ҳамаи инҳоро насия мегиранд, бо ваъдаи онки моҳона шуд, бармегардонанд. Аммо вақти маошгирӣ мешавад дари  «отдел» меравад, қарзҳояшонро намедиҳанд.”

Мисли муаллими Алихон бисёр фурӯшандаҳо ҳастанд, ки милисаҳо онҳоро фиреб додаанд. Масалан Обиддин, ки Обт мегӯяндаш. Дар универмаг савдо мекунад, нафари дигар Фараҳманд, дар беруни универмаг дукон дорад. Сайфуллоҳ, дар бари дорухонаи Иброҳим дукон дорад. Аз инҳо ҳам бисёр қарз гирифтаву барнамегардонанд. Аз худи Иброҳими аптекачӣ ҳам қарзи бисёр доранд. Писари Иброҳим Мунис-сароянда аст. Бовар кунед ин милесаҳо дар ҷонамон задаанд. Вазири корҳои дохилӣ ҷамъ кун ин милесаҳои гурусната. Маошшона зиёд кун ,то пули зиндагишона ,хурокшона дода тавонанд. Охир мо барои милесаҳои ту кор намекунем,мо ҳам зиндагонӣ дорем,зану фарзанд,падару модар дорем. Агар пул надорен ҷавобшон бтен монен мо зиндагони кунем дар ноҳия. Раиси милесаи ноҳия бошад тамоман гузаронидагӣ аст. Агар ин корҳо ислоҳ нашаванд ҳама корҳои раиси милесаи ноҳияро ба Ислоҳ мерасонем.

Раиси ноҳия Аминзода Фотеҳи Файзулло ноҳияи Ҷайҳунро ғораткарда ба ноҳияи мо омаданд ва аслан се сол аст ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба вазъияти вахими мо намекунад. Амнияти ноҳия таҷовуз дорад занону духтарони моро, касе чизе намегуяд. Сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалик, полковники милитсия Қаноатзода Исматшо бо  милесаҳояш моро ғорат доранд, охир ин чӣ гӯна давлатдори аст мо намедонем дар куҷо зиндагонӣ дорем ва соҳибе надорем.  

Ба Темурмалик кай об меомада бошад? 

Ноҳияи Темурмалик ҳатто маркази ноҳия аз об танқисӣ мекашад. Деҳаҳои гирду атроф , хусусан деҳаи Ҷорубқул 5 тонна обро сесад сомонӣ мехаранд. Аммо дарёи Сурхоб ба даруни ноҳия мегузарад. Аз дарё то маркази ноҳия 500 метр аст. Муҳаррикҳои обкашӣ (моторҳои водокачка)-ро  гоҳо дар ҳафта, гоҳо як рӯз пас таъмир мекунанд. Аммо1 соат меояду тамом. Фарсуда шудагианд. Тез -тез вайрон мешавад. Гоҳо мешавад, ки як моҳ беоб мемонанд. Мардум бо хару фляг об мекашонанд. Деҳаи Кокобод тамоман об надорад. Об ба воситаи хар кашонида мешавад.

Раиси ноҳияи Темурмалик ҷаноби Аминзода Фотеҳи Файзулло хуб медонад,ки дар ноҳияи Темурмалик ҳама роҳҳояш валангораст, купрукош валангор ҳаст, борон камтар сел буборад об ба даруни хонаҳои мардум медарояд. 30сол мешавад ҳоли мардм хамин аст.  Як чанд моҳ пеш борон хамаги 30дақиқа борид ба хонахои мардм даромад навораш дар ютуб ҳаст ва ҳама аз он огоҳанд.  Боз як мактаби нав сохтагиянд ба гуфти худашон, Рахмонов омад кушод ин мактабро, талабахо нодаромада аз падвалаш об баромада истодааст як тарафи фундаменташ шиштагӣ аст, ревизиёр омад хамаша дид чихел садамавӣ аст. Аммо маблаға ғафс ҷуқиданд, сума гирифт рафт.  Рахмонф омад  дар санаторияи Ҳоҷӣ Имом аракои қимата зад рафт, кай парво дорад ин мардум дар кадом ҳолат ҳастанд ва вазъиятшон чихел аст.

“Дар мавриди ҳамин директори  мактаби раками 1 ҳаминро мегуем,ки  Аллоҳ шоҳид аст бе андоза одами тачовузкор аст.  Толибаҳои болоии мактабро рӯймолҳошона аз саршон мегира суханҳои куфри хакораташон мекунад. Раиси амният Оқили моняк ба директори мактаб Файзов Шуҳрат мегуяд духтарои тенҷша ҷудо кун ма кайе гуфтм омодашон кун омада” мебармшон.

Раҳмонов парчами сохтаатро ба Душанбе бубар, ба мо об бидеҳ

Дар ноҳияи мо Темурмалик  нишон ва  майдони фтбол сохтагиянд вале Валоҳи қасам об надорад район ҳама халқ шикоят доранд,ки мода чи даркор ҳамун нишону,стадиони рост кардагии шумо мода об тиен,масалаи бе обии моро ҳал кунед.  Акун худатон хулосаатонро бароред дар ҷое,ки парчам сохтаанд 300 метр болотар аз он мардум бе обанд. Охир ин парчами шумо барои мо чӣ лозим аст. Мо парчама дидем аз хонаҳомон ташнагимон мешиканад? Эмомалӣ Раҳмонов мода парчами ту лозим нест. Ин парчама канда бубар дар пеши хонаи худат зан, мода масалаи обмона ҳал кун. Ҳамун бачаи Ҷорубқулӣ хуб гуфта фаҳмонидат, ки аз вақте омаданат ба қудрат на об дорему ,на роҳи хуб.  Медонед ҷое, ки парчама сохтанд хонаҳои мардум буд онҷо. Мардумро бо фиреб,ки хонатон метем ,заминтон метием. Дар як хона се оилагӣ зиндагонӣ мекард. Хезониданд ва парчама сохтанд ягон чиз надоданд ба онҳо. Охир наход шумо ,то ин дараҷа мардумро зулм кунед!.

Поёни бахши аввали шикоятҳои сокинони ноҳияи Темурмалик. Идома дорад….

Агар шумо ҳам ҳар шикояте доред аз мақомоти ноҳияи Темурмалик онҳоро навишта фиристед. Танҳо бо ному насаб ва рутба ҷой кори мақомдор. Мо омодаем шикояти шуморо нашр намоем. Умед дорем дигар Эмомали Раҳмонов дар таъини кадрҳо перепутат накунад…

Share This Article