(шикояти зани бародари Қаҳҳор Маҳкамов, собиқ Президенти Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон )
Ман- Маҳкамова Меҳринисо аз шаҳри Бустони вилояти Суғд, 12декабри 1951 ба дунё омадаам. Ҳоло дар шаҳри Бустон зиндагӣ дорам.
«МАН ЯГОНА ТОҶИКЕ ҲАСТАМ, КИ ДАР ЦНИЛОТ-И 1-УМ САРРАЁСАТИ ВАЗОРАТИ САНОАТИ МУДОФИАИ ИТТИФОҚИ ШУРАВӢ (ГЛАВНОЕ УПРАВЛЕНИЕ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОННОЙ ПРОМЫШЛЕННОСТИ СССР ) БО ҲУҶҶАТҲОИ МАХФИИ 9-ТО МУАССИСАИ МАХФИИ МУДОФИАВИИ ШУРАВӢ КОР ВА ФАЪОЛИЯТ БУРДААМ.»
18 адад кори ман шоистаи ҷоизаи намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи саноати атомии Иттифоқи Шуравӣ (ВДНХ-и атомной промышленности СССР) шудааст.
Азбаски ман зани бародари президенти 1-ми Ҷумҳурии Тоҷикистон (марҳум Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошам ва он кас маро духтарам мегуфтанду ҳурмат мекарданд, баъди вайронии Союз бар зидди оилаи ман «Махкамов теперь никто» гуён, муборизаи ашаддӣ бурда истодаанд. Аз соли 1997 ум бошад, барои бепул гирифтани хонаҳоямон ба шавҳарам Маҳкамов Абдуманнон 1.09.1951 сол 4 маротиба бар алайҳаш делои ҷиноятӣ кушоданд ҳар бор мегуфтанд,ки хонаатро деҳ мо делоро дар ҳол маҳкам мекунем, ба писарам 3 маротиба делои ҷиноятӣ кушоданд, ба духтарам 1 маротиба делои ҷиноятии сохта кушода, «хонаҳотона диҳед, баъд мо делоя руст мекунем» гуён таҳдид карданд, ки ман чанд маротиба бо мактуб ва як маротиба бо президенти диаспораи тоҷикон Каромат Шарипови марҳум аз Москва баромад карда, аз президентамон Эмомалӣ Раҳмонов мадад пурсида будам. Ин муроҷиатҳои ман дар таърихи 01.10.2015 сурат гирифта буд, ки дар интернет ҳаст. Лекин, афсус ҳеҷ натиҷа надод.
07.07.2007 қасди ҷони набераҳои 7-9 солаам карданд. Вақте рафтему арзу шикоят кардем прокурор гуфт : «накуштаанд-ку, вақте ки куштанд, баъд биёед» .
Соли 2013 ва 2014 маро ду маротиба подстава карданд, 6 маротиба қасди ҷонам карданд.
29.04.2013 раиси дастгоҳи шаҳрамон Мақсудов Мақсудҷон дар назди 6 нафар шоҳидон ба синаам сахт зада, » Аз ҳамин рӯз сар карда ҳар як секунд ҳаёти туро ба дузах табдил дода, тамошота мебинем!» гуфт. Ман «маро задагия Худо назанад, ман Худо нест мегуям, гуён, баромада рафтам»
Яъне ончунон зарбаи сахту осебвор ба ман зад, ки дигар аз сахти дард мазлумона ин гапро гуфтам, агар куфр ҳам бошад бояд ҳоли манро фаҳмед. Ин шикояти ман ба Худо буд.
Инро низ бояд гуям,ки дар иттиҳоди шуравӣ маро ба хотири бовар доштан ба Худо се маротиба виговар по портини линния дода буданд, аммо ман вуҷуди Худоро инкор накардаам.
«БАЪД, МАН 08.07.2014 БА МОСКВА, БА НАЗДИ ФАРЗАНДОНАМ БАРОИ ТАБОБАТ РАФТАМ. ЛЕКИН ЗАРБАИ БА СИНА ЗАДАГИАШОН ШИФО НАЁФТ ВА БА САРАТОНИ БАДСИФАТ МУБАДДАЛ ШУД ВА ОН СИНААМРО 16.08.2017 ҶАРРОҲӢ КАРДАМ. ТАБИБОН СИНААМРО БУРИДА ГИРИФТА ПАРТОФТАНД. БАЪДИ ҶАРРОҲӢ МАН 19.04.2019 АЗ МОСКВА БА ВАТАНАМ БАРГАШТАМ. ОНҲО ҲИСОБИ ДИГАРИ КОРРО ЁФТААНД. БАРОИ ДАР ҲОЛАТИ САДАМАВӢ ҚАРОР ДОДАН ВА БО ИН БАҲОНА КАШИДА ГИРИФТАНИ ХОНАҲОЯМ ДАР ТАГИ ТИРЕЗААМ, КИ МАН БАРОИ ВЕРАНДА КОФТА БУДАМ, ТРУБАИ КАНАЛИЗАТСИОНИРО КАФОНДААНД, КИ БА БУЮ ТАФИ ОН ТОҚАТ КАРДАН ИМКОННОПАЗИР БУД. ХОНАИ МАН ДАР КУЧАИ АҶИКУЛЛО БАРОТОВ 35 А ҲУҶРАИ 2 ,3 ВА 4 АЗОНИ МАН АСТ.»
Онҳо 4 тарафи онро деворпеч карда намемонанд, ки ман трубаҳоро нав карда дар Ватанам барои бо ҳавои тоза нафас кашидан, тирезаҳоямро кушода тавонам.
Аз аввали рӯзи омадагиам аз Москва, ҳамсояам , ки хеши зани бародари шавҳарам мебошанд, ба ҷои салом ба таҳдид кардан сар карданд: «Мо туро ба ПСИХУШКА хобонда, несту нобуд мекунем, писаратба боз уголовное дело кушода, набераҳоята мекушем…» гуён ҳар дафъа дӯғу пуписа мекарданд.
Ман 01.08.2019 Душанбе рафтам ва ба номи Президент ва 08.08.2019 ба номи Прокурори генералӣ ариза навишта мадад пурсида будам.
Шокирова Рухшона Абдумаҷидовна, ҷияни шавҳарам, сармуҳосиби поликлиникаи (КАТС)-и Бустон мебошад. Вай бо сардухтур Эмомзода Гулбаҳор ва якчанд корманди вазорати тандурустӣ, ки зиёда аз 15 сол давлатамонро ғорат мекунанд, баъди ба даст афтодан бо маслиҳати якдигарӣ барои аз ҳабс халос шудан, маро «шумо бояд ба қайди бемории саратон истед» гуён, даъват карда 20.09.2019 маро ба қайди бемориҳои руҳӣ мононда, бо мақсади ба худашон маълум, маро маҷбуран ба беморхонаи руҳӣ бистарӣ карданӣ шуданд. Лекин, натавонистанд.
«Кошмар» баъди ин сар шуд.
Як рӯз пеш аз суд, Шокирова Рухшона Абдумаҷидовна бо бародараш Маҳкамов Наим Абдумаҷидович ба наздам омада маро ба хонаашон бурданд. Дар пиёлаи чой чизе ба ман дода маро ба нотариус бурданд. Нотариуси калони Бустон-Баҳранова Сановбар Ю. «ба ин генеральная доверенность имзо кунед « гуён, ба ман «ваколатнома-и генералӣ ба номи Болтуев Музаффарро, ки пешакӣ тайёр карда будаанд, пешниҳод карданд. Ман «мурам ҳам ман ба ягон кас генеральный доверенность намедиҳам» гуфтам.
Маҳкамов Наим Абдумаҷидович гуфт: «вы не переживайте, у меня такие друзья, что любого сломают, один Спартак чего стоит, а его родственник -Мурод, любого может убить, что даже президент ничего не сможет сделать…»— гуфт, ки ман баъди як сол аз худи Спартак, ки ҳамсояи наздики Шокирова буда дар идораи коррупсияи вилоят вазифаи баланд доштааст, фаҳмидам Муроде, ки Наим Маҳкамов мегуяд — начальники охранаи президент хусури бародараш будааст. (Духтари Мурод ба писари Аҷикулло Баротов келин шуда будааст. Акнун диққат диҳед номи куча ба номи Аҷикулло Баротов гузошта шудааст яъне қудои Муроди телех)
Шокирова бошад, бо хешону бандаи хиёнаткораш аз номи онҳо истифода бурда, хиёнаткорӣ, дуздӣ ва ҷиноят болои ҷиноят содир карда, аз беҷазоии худ истифода бурда, боз озодона хиёнаткорӣ карда гаштааст.
Лекин, ман ба гапҳои онҳо гуш накарда, баромадам. Онҳо бошанд ҳама маро иҳота карда, рафтанӣ намонданд ва Шокирова Рухшона ҷияни шавҳарам (Шокиров Ҷура Раҳмонович хусури Рухшона собиқ ҳокими вилояти Суғд буданд) «Агар Музаффар Болтуев аферист бошад, дугонаам-Парвина Ҷабборова 500 доллар камтар диҳад ҳам, зато честная» гуён, маро, ки сарам чарх мезад, аз ду дастам дошта ба хонаи Ҷабборова Парвина, ки ӯ ҳам реелтери сиёҳ будааст, бурд. Шокирова Рухшона бо бародараш ва «шавҳари» хоҳараш Юлдошев Додоҷон дар хонаи дигар бе ҳуҷҷат ва бе иштироки ман пешакӣ савдо карда будаанд, гуё 10 000 доллар гирифта баромадан баъд Ҷабборова Парвина аз ман пурсид «соҳиби хона шумо мй? Ҳуҷҷати хонатона кай мефиристанд?». Ман » намедонам,кайе,ки фиристонанд, баъд мефурӯшам» гуфтам. Лекин ӯ гуфт: ин зана «баретон, ҳисобаша меёбем» .
«Баъд маро боз аз дастонам дошта ба реелтерхона бурда, бо фиребу найранг, бо таваллою зорӣ бо фарзандонашон қасам хурда, Шокирова Рухшона «кори шудагӣ шуд, ман хонатона фурӯхта, долларҳоя ба сомонӣ иваз кардам, баъди се ҳафта хонаамро ба залог монда, 40 000 доллар ба шумо медиҳам» ва Эмомзода Гулбаҳор «ман гарантия медиҳам,ки Рухшона баъди 3 ҳафта медиҳад, агар шумо ба ин имзо накунед, пулҳои моро ҳам қабул накарда, мо-5 касро 10- соли тюрма мекунанд» гуён, 10-12 кас дарро маҳкам карда, ба ман «Шартномаи пешпардохти хариду фурӯши квартира» ба Додохоҷаева Умриниссо.Ю –ро имзо кунонида гирифтанд, ки он ҳуҷҷат тамоман ғайриқонунӣ будааст.»
Мувофиқи он «созишнома», агар ман аз фурӯхтанӣ хонаам даст кашам, бояд 20 000 доллар баргардонида доданам даркор будааст ва агар Додохоҷаева Умриниссо.Ю даст кашад, аз 10 000 доллари додагиаш даст кашиданаш лозим будааст. Барои гирифтани маблағи боқимонда, ман бояд ба «шартномаи хариду фурӯши квартира» бо Додохоҷаева Умриниссо.Ю имзо бимонам.
Ва то баъди 8- рӯз фиристодани ҳуҷҷати хонаам аз тарафи шавҳарам, маро ҳар рӯз Ҷабборова Парвина ва Мирзобоев Шуҳрат. А 20 .000доллар диҳед гуфта таҳдид мекарданд.
Вақте ки ҳуҷҷати хонаро гирифтам, маро Ҷабборова Парвина бо Мирзобоев Шуҳрат ба нотариус бурданд ва нотариус ба ман «мувофиқи ин созишнома»-гуён ботантана «Шартномаи хариду фурӯши квартира»-ро ба Додохоҷаева Умриниссо.Ю хонда доданд ва ман онро бодиққат хонда, боз «барои чӣ хариду фурӯш тоҷикию квартира русӣ будааст, беҳтар аст ҳуҷра нависед, намешавад» гуфта ислоҳ карда, бо он «шартномаи хариду фурӯши квартира»-ро ба Додохоҷаев Умриниссо.Ю. имзо кардам.
Баъд нотариус «инаш нусха барои харидор, инаш барои архив, инаш барои МБТИ гуён, боз ба 3 ҳуҷҷати бланкааш якхела имзо кунонида гирифтанд, ки ман баъди 24.08.2020 аз дасти судя кашида гирифтан фаҳмидам, ки яке аз он санадҳо «Ваколатнома»-и генералӣ ба номи Ҷабборова Парвина.А.будааст, ки ба чашми одамон хок пошида, аввал гуё ба як хона, баъд дар давомаш ҳамаи молу амвол, чизу чора ва пулҳое, ки дар банк ба фоида ман гузоштагиро гирад, ба «ваколатномаи генералй» имзо кунонида мегирифтаанд.
Ва, агар қаллобиашон ошкор шавад, бо ёрдами бевоситаи суду прокурор, экспертиза карда маро ба психушка бистарӣ карда, нест мекардагӣ будаанд.
Баъди хонаамро фурӯхтанашон, аз 05.12.2019 .то 26.12.2019 12 маротиба соатҳои 1-2-шаб дари маро касе сахт-сахт кубида мегурехт.
Шокирова ваъда дод, ки пули хонаамро ҳамчун қарз через нотариус оформить мекунад. 5 маротиба фиреб карда наомад ва нотариус Баҳранова Сановбар «маслиҳат» дод ки «расписка нависонед, беҳтар. Барои он ки у «под следствия», барои ҳамин, прокуратура пулатонро руёнида медиҳад».
Дар вақти навиштани «расписка» муҳлати додани қарз аз 3 ҳафта то1,5 сол расид. Ва боз «илтимос, барои падару модарам инфаркт нашуданашон, қарзро 18 000 доллар менависему мондагй 10 000 доллара писарам Шокиров Азиз Рустамович аз Москва ба карточкаатон мегузаронад», гуен, боз фиреб кард. Ӯ бояд ҳар моҳ 1000долларӣ ба карточкаи ман пул бояд месупорид. Лекин, баъди 4 моҳ ман фаҳмидам, ки ӯ ҳатто дар фикри додани қарзаш нест. Барои ҳамин ба суд доданй шудам. Шокирова Рухшона » аз падари шавҳарам илтимос кунед, он кас шуморо ҳурмат мекунанд ва шояд хонаамонро ба залог монда, қарзамро диҳанд, гуфта маслиҳат дод. Падару модараш бо ман ҳамроҳ мерафтагӣ буданд, лекин, нахостанд.
Ва ман як худам рафтам. Хонаи падар шавҳари Рухшона- Шокиров (бывший ҳокими вилоят-Ҷура Шокиров, собиқ раиси вилояти Суғд ва собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон) овози телевизор баланд буд ва он кас бо отдияла то миёнашро руст карда, дар кресло менишаст ва маро ба диван ба ман наздиктар шинед гуфтанду сумкаамро холӣ ва тафтиш карданд.
Баъд аз онки ман ҳолати корро фаҳмонида, маслиҳат пурсам «Я тебя хочу, я тебя хочу!» гуён, протези синаамро сахт зер карда, тоб дода ба диван хобонданӣ шуданд. Ман,ки он касро марди пиру оқил гумон мекардам ва ҳатто дар хаёлам ҳам намеомад, ки ӯ то ин дараҷа ваҳшӣ ва ҳаром будааст. Ман ӯро тела дода, аз чанголаш халос шуда, ба назди дар омад баъд фаҳмидам, ки дар назди телевизор видеокамера будааст. Худоё, онҳо чӣ хел махлуқон будаанд, ки мани пиру дардмандро бо кадом мақсад ин кори ифлосро карданӣ шуда, боз бо видеокамера сабт карданӣ будаанд?! Бо кадом мақсад?! ( Дақиқан шантаж ва ё иръоб, чун ҳамеша кори доимии мақомоту мақомоти собиқи ин ҳукумат аст.)
Агар метавонистанд, ки ин корро анҷом диҳанд, маро шантаж мекарданд ва ё ба интернет гузошта, маро дар пиронсолиам фоҳиша нишон медоданд. Ин ҳодисаи нангин 16.04.2020 руй дода буд.
Баъд, ман 20.04 2020 ба суд ариза барои бекор кардани «шартномаи хариду фурӯши квартира»- бо ДодархоҷаевУмриниссо.Ю навиштам.Лекин раиси суд Ҷабборзода.Ҷ.Ҳ аризаамро баргардонд ва то аз Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ мактуб барои қабул кардани аризаам наомад, қабул накарданд.
Вақте ки 20.08.2020 аризаро қабул карданд, судя Ҳасанзода Ҷ.Ҳ.ба адвокатам- Шодиев Ихтиёр Донёрович. » агар аз аризаат ба ғайр аз Шокирова дигаронро гирифта напартоӣ, очета «аз ким куҷо»нишон медиҳам, гуён таҳдид кард ва адвокатам баъди ин таҳдидҳо, барои муҳофизати ман ягон ҳарфе нагуфтааст ва ҳар бор маро беҳад сахт озор медодагй шуд.
Азбаски дар «ваколатнома» ба адвокат формулировкаи «беҳуқуқи ваколатдиҳӣ ба шахси дигар дода шуд» навишта будааст, ман ҳуқуқи дигар адвокат гирифтанӣ надоштаам, барои ҳамин ба ҳар мақомоту идораҳо худам дастӣ аризаҳоямро менависам.
Азбаски ман маълумоти ҳуқуқшиносӣ надорам, аризаам равон ва соддаву фаҳмост.
Вақте ки ман 29.08.2020 ба прокурори шаҳри Бустон (собиқ Чкаловск) Абдулҳасаниён А.А.ариза навишта рафтам, он кас қабул накард ва ба охранник фармон дод, ки маро пеш кунад ва ӯ маро тела дод ва ман афтода, миёнам осеби сахт бардошт. Ман ёрии таъҷилиро даъват кардам прокурори Бустон Абдулҳасаниён А.А омада ба охранник «ин девона,ин дафъа биёяд, ман ба ту фармон медиҳам, ки бо дубинка зада нест кунӣ» ва ба тарафи ба духтурони «Ёрии таъҷилӣ» » ин девона, справка дорад, ӯро ба психболнитса бурда, якта уколча карда нест кунетон,то ки ман ӯро дигар набинам» гуфта, дуғ зад.
Азбаски, судя Хасанзода бо ҳар баҳона «Ваколатнома»-ро бекор кардан намехост, ман «маълумотномаеро, ки гуё дар вақти ба «Ваколатнома» имзо карданам, ман дар қайди бемориҳои руҳӣ будааму дар асоси ин ҳуҷҷат суд бояд он «ваколатнома»-ро бекор мекард, ба ӯ додам, он кас ба ҷои бекор кардани «ваколатнома, бо талаби Шокирова Рухшона «ҷаноби судя, биёед, экспертиза гуён, ӯро ба психболнитса мехобонем «а там все свои», якта уколча карда, нест мекунанд гуфт ва ҳеҷ кас гурашро ҳам намеёбад. И мы все будем в шоколаде» гуфтанаш, судя Ҳасанзода » Ха, хуб шудааст, Рухшонахон» гуфта рӯзи 05.08.2021 бо хурсандӣ таъинот баровард: «маҷбуран барои экспертиза ба беморхонаи руҳӣ равон карда шуда ҳама харҷи ба он вобаста ба гардани Маҳкамова Меҳринисо гузошта шавад» гуфт,ки ҳама чапакзанон ба рақс даромаданд. Ман «ин ҷо суд не , сирк будааст» гуфтам. Баъд судя гуфт: «агар наравӣ, дасту поятро баста, ба спецмошина бо 2 санитару 2-милиса бор карда, ба беморхонаи руҳӣ бурда дар кровать баста мемонем ва ту ҳамаи расходи машинаю бензину санитару милисаҳоро аз кисаат медиҳӣ!». Тавба, рақсу ханда авҷ гирифт!
Аз ҳамон рӯз сар карда,таҳдидҳо ҳам аз тарафи судя ва ҳам аз тарафи иштирокчиёни мурофиа ва падари Шокирова Рухшона- Маҳкамов Абдумаҷид ҳамешагӣ буд.
Дар бозори Бустон Эмомзода Гулбаҳор ва Мирзобоев Шуҳрат.А.маро дида » гуфтанд:
“ мардум, ин девонаро бинед, аз ӯ ҳушёр бошед, суд ӯро ба психушка таъин кардагӣ, ман ҳозир суди вилоятба занг зада,талаб мекунам, ки дасту пои ӯро баста, ба психушка тезтар хобонад!» гуён, дод заданд.
Шуҳрат Мирзобоев дар суд гуфта буд: “ҳоло истед шумо ман ҳаминхел мекунам,ки туя бозорба девона гуфта якто нон ҳам намефурӯшанд “
Ягон аризаи манро на суди шаҳру вилоят ва на суди олӣ, на прокурори шаҳру вилояту генералӣ ҳал кардан намехоҳанд. Борҳо ба президент навиштам, ягон хел беҳбудӣ нест.
Рӯзи 6 марти 2023 ман ба прокуратураи вилоят рафтам. Онҳо гуфтанд, ки» аризаатон аз Прокуратураи генералӣ ҳамин рӯз омад, шумо равен, прокурор хонда, шуморо даъват мекунад. Ба хона биёям, як мард омада «…шумо як худатон зиндагй мекунед мӣ, наметарсед мӣ? Барои ҳамроҳӣ квартирант намешинонед мӣ…?» гуён, пурсида рафт. Баъд,…бегоҳӣ аз бозор биёям, 5 нафар «ба мошин шинед, генерал шуморо интизор». Ман гуфтам: “охир соати 7 бегоҳ, шаби ид барои чӣ генерал маро ҳатман биёред мегуфтаанд, асосашро ба ман нишон диҳед, не бошад намеравам ». Баъд онҳо бо 3 мошин бо сардории подполковники милиция Бойматзода Далерчон ва Шарофатзода Манучеҳр ва дигарон омада, ба ман «…ин фармони Суди олӣ, шумо бояд ба назди генерал равед мегуфтанд. Дар ин ҳолат яке писарам-Равшан даромада омад ва ҳайрон шуда (азбаски, фарзандону набераҳоятро мекушем гуфта аз соли 1997 боз таҳдид мекунанд, ман ба писарам ин гапхоро нагуфта будам…) «Модар, ин чй гап?» гуён ба берун баромад, ки Манучеҳр ба Далерҷон «Мана, дидед, ӯро ҳатто писараш ҳам писанд накарда баромада рафт подеъзд. Биёед, даррав кулулапечон карда мебарем».
«Баъд писарам омада аз подполковник пурсид «мебахшед, ҳама ин одамҳои дар таги дар будагиҳо барои модари маро гирифта рафтан омадагӣ мӣ?….агар модарамро ба куҷое,ки бурдан лозим бошад, ман худам баъди иди Модарон мебарам ва худам мебиёрам.Не бошад, толко через мой труп» гуфтанаш баъд Далер гуфт «ин хел бошад, пагоҳ назди суд рафта, аз ӯ иҷозат гиред» гуён, баромада рафтанд.»
Пагоҳӣ ман ба прокуратураи вилоят рафта, ариза навиштам, ба УВД- вилоят рафтам. Муовини УВД-и вилоят маро ба назди муовини роҳбари милисаи Бустон Зубайдзода Ҷ фиристоданд. Он кас бо ман каме суҳбат карда, «биёед, ман шуморо ба назди генерал мебарам, дар берун интизор шавед, ман либосамро иваз кунам, мебароям» гуфтанд.
Ман ба беруни дар бароям, 6-7 нафар бо сардории Далер » ба мошин шинед, мо шуморо ба назди генерал мебарем! «гуён тела доданд. Ман ба мошин нишаста истода будам,ки Манучеҳр дар вақти поямро бардошта нишастанам, китфамро зер карда,ҳамчунон сахт бо зонуяш ба сони поям зад, ки то ҳол аз дарди ҷонгудозаш дилам беҳол мешавад. Баъзан дар вақти роҳ гаштан поям якбора бекор мешаваду мисле ба замин меуфтам.
Ман гуфтам «маро писарам худаш мебарад» гуям, «писарат худотон баретон гуфт, фаҳмидӣ, ту ба ҳеҷ кас даркор не…» гуфт. Ман ба писарам СМС фиристодам, ки маро маҷбурӣ бурда истодаанд ва вақте писарам занг зад, телефонро аз дастам шахси дар барам буда кашида гирифта ба Далер дод» Равшан-ако мо шуморо дар заправкаи Деҳмой интизор мешавем, биёед» гуфт. Лекин, баъди заправка тез машинаро ҳай карда рафт. Ман барои чӣ писарамро фиреб додед гуям, «хайр, як сайр карда меравад, мо туро курорти беҳтарин дар ҷаҳон мебарем. 5-6 сол отдых карда, мода раҳмат мегуен. Апа давраи шумо хуҷандиҳо тамом шуд дига, акнун навбати мо расидагияи» гуён то беморхона мазоҳумасхара карда рафтанд. Аммо вақте дар роҳ дилам беҳол шуд, обед ҳам гирифта доданд.
Вақте ки мо ба беморхонаи руҳии ноҳияи Рудакй (Куктош) омадем, ман оҳиста ба писарам занг зада, «мо расида омадем» гуям, «ман ҳозир ба Душанбе парида омадам, баъди 2 соат ба наздат меравам» гуфт. Лекин, ягон бор писарамро ба наздам нагузоштанд,то дарояд.
Худоё, он беморхона аз дузах ҳам бадтар будааст. Дар умрам ҳатто нашунидаам, ки беморон дар ин хел шароити вазнин боз ҳам зиндаанду намурдаанд. Дар он ҷо одамоне, ки тамоман сиҳатанду, барои хонаҳояшонро гирифтан ба он ҷо бурда партофтаанд, кам нестанд. Хурокеро, ки ба онҳо медиханд, саг ҳам намехурад: туалет, курпаҳо,зарфҳои хурок бисёр ифлос.
Дар байни 7 рӯз духтурон бо ман чандин бор суҳбат карданд ва 7 уми март консилиум (духтурҳо миёни худ барои шумо машварат карданд) гузаронида, ҳамагӣ қарор бароварданд,ки «гирифтори бемории руҳӣ намебошад» ва қобили амал аст, яъне комилан солиму бардам аст.
Албатта дар он вақте ки «не каждый в её солидном возрасте может так точно и ясно отвечать на вопросы и выразить свои мысли…» гуфтанд, ман бисёр хурсанд шудам.
Баъд, ҳамагӣ бо як овоз қарор қабул карданд, ки маро ҳатман худи ҳозир аз ҳисоби беморхона ба хонаам бурда расонанд ва доктори шуъба ба писарам занг зада «Равшанҷон, набиёед, мо худамон модаратонро ба хонаатон бурда, мерасонем» гуфтанд, лекин писарам гуфтанд: «, ман уже самолётба нишастам» .
Баъд писарам маро ба хона овард ва то ҳол ба муолиҷаҳо нигох накарда, манро дарди пою миён азоб медиҳад.
30.03.23 ман барои ҷавоби аризаамро гирифтан ба прокуратураи Бустон(Чкаловкс) рафтам, ки прокурор Абдулҳасаниён дағалона пешвоз гирифт. Баъд, муовинаш маслиҳат дод, ки аз суд талаб кунам то маводҳои заруриро ҷамъ карда барои оғоз кардани делои ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ дар ҳаҷми калон) прокуратура равон кунад.
Албатта, худи он рӯз ман ба суд ариза навиштам. Лекин, судя Раҳмониён ҳатто маро қабул накарда 07.04.23 боз аризаамро баргардониданд.
Ман боварии комил дорам, ки онҳо боз ягон баҳонаи нав ёфта, барои хонаҳоямро гирифтан аз ягон чиз ҳазар накарда ҷиноёти худро давом медиҳанд.
«Барои ҳамин, бо умеде,ки бо кумаки шумо арзи ман то гуши президентамон Эмомалй Раҳмон мерасад, аз Шумо эҳтиромона хохиш мекунам, ки роҳи пешниҳоди арзи маро ёфта, ба он кас дастрас кунед, то ки он кас донанд,ки кормандони боломақоми ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукумат аз боварии он кас истифода бурда ба чашмашон хок пошида, халқи ҷабрдидаамонро озор дода дуздию хиёнаткорӣ нисбати халқу ватанамон карда обруи президентамонро на танҳо дар назди халқамон, балки дар назди ҳама ҷаҳон резонида истодаанд.»
Ин, яке аз камтарин эпизодҳое буд, ки бар зидди оилаи ман аз апрели соли 2019 ба ин сӯ идома дорад.
Агар ман хиёнатҳои онҳоро аз соли 1997 сар карда нависам китоби 7ҷилда мешавад.
Қудрати худоро бинед, ки аз соли 1997 сар карда, барои хонаҳои оилаи маро бепул ва бо роҳи подстава- хиёнаткорӣ гирифтанашон 17 нафар вафот карданду як кас зиндон ва боз чанд кас бадбахт шуданд.
Лекин аз ин корҳо ба ман ба ғайр аз зиёни моддию маънавӣ ҳеҷ чиз нарасид.
Илтимос, ба оилаи ман дасти ёрӣ дароз кунед,ки мо дар ватани худамон, дар хонаҳои бо пули ҳалол, бо захми сузан ёфта харидагиамон озодона бо ҳавои тоза нафас кашида зиндагонии худро давом дихем. Инро ҳам бигӯям,ки маро худи прокурор назадааст. Бо фармони ӯ охранник зад .Онҳо кори ифлоси худро бо дасти дигарон мекунанд.
Чунин буд моҷарои гардонкарда ба сари ман Маҳкамова Меҳринисо, ҳамсари бародари аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳоло бубинем,ки Эмомалӣ Раҳмонов, Президенти Тоҷикистон ба ин нома чи тавр посух медиҳад ва ҳақро ба ҳақдор мерасонад ё хайр?
Дар охир аз Меҳриниссо Маҳкамова пурсидем оё шумо аз навиштани ин нома ба “Ислоҳ” наметарсед,ки боз бароятон мушкилоти бештаре меоранд?
Меҳриниссо Маҳкамова гуфтанд: “ ман бовар дорам,ки пас аз нашри ин нома ба доди ман президент Эмомалӣ Раҳмон мерасанд” Садои Меҳриниссо Маҳкамоваро дар барнома хоҳед шунид”