Донишгоҳи Исломӣ ё филиали КГБ?

Ислоҳ нет

Сияҳаков Саидҷалол Шашаевич  кист?

Сияҳаков Саидҷалол дар таърихи 30 марти соли 1954 таваллуд шудааст. Ҷои истиқоматаш ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Тахти сангин, деҳаи Гулистон мебошад. Тибқи маълумоти ба мо расида, ӯ тағйири ному насаб кардааст. Чун дар мақомоти қудратӣ на онқадар собиқаи зиёди корӣ дорад, аз ин ҷиҳат айни ҳол ном насаби аслии ӯро муайян карда натавонистам. Вале ӯ дар ҳақиқат аз амниятиҳои давраи шӯравӣ аст. Солҳои қабл ӯ ҳамчун разведчик дар дохили ИНОТ (Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон) кор кардааст. Мисли дигар муҳоҷирон ба Афғонистон гуё «муҳоҷир» ҳам шудааст. Ба ИНОТ ҳам хеле хиёнат кардааст. Хеле маълумот ба КГБи онвақта ва КГБ-и Руссия фиристодааст. Аз КГБ-и Руссия ифтихорнома ҳам дорад.

Тибқи маълумоти аз дӯстони Раёсати «Т» яъне Раёсати терроризм (дар КДАМ номҳои раёсатҳоро бо номи ҳарфи аввалашон ном мегиранд) ба ман расида, Сияҳаков Саидҷалол Шашаевич баъди бознишаста шуданаш, ҳамчун деҳқон дар Қишлоқашон кор мекардааст. Тибқи дастури СС.Ятимов  ӯро охирҳои моҳи майи соли 2018 аз ҳамон заминҳои қишлоқ барои супориши махсус яъне назорат аз болои ректори Донишкада Асомуддинзода Тоҷиддин ба Донишкадаи исломӣ махсӯс гардониданд. Ӯро Қаблан ба КДАМ оварда, мақсад ва муҳтавои супоришро фаҳмониданд.

Ҳақиқати ҳол ин аст, ки муаллим яъне СС. Ятимов дар давраҳои сафири Тоҷикистон дар Эрон буданаш аз ҷониби Хадамоти иттилооти Эрон зархарид шудабудааст. Ва аз ин ҳисоб ҳар сол садҳо ҳазор доллар ба суратҳисобҳои ӯ дар Англия ва Швейтсария рехта мешавад. Ба хотири идеологияи онҳоро пеш бурдан, маҳз аз давраи раиси КДАМ шудани ӯ масъалаи терроризмро нисбат додан ба салафиҳо, таблиғиҳо ва тибқи моддаҳои марбут ба терроризму экстремизм шакл гирифт. Чун ҳар сол ба Хадамоти иттилооти Эрон аз натиҷаи корҳои худ яъне чиқадар «салафиҳо» «таблиғиҳо» ва дар умум қишри огоҳи ҷомеъаро таҳти моддаи 307 равонаи зиндон кардааст ва инчунин аз авзоъи ҳукумат тавассути манбаъҳои худ маълумот медиҳад ва ҳаққи махсуси  худро мегирад. Раванди дӯстии Тоҷикистону  Эрон босуръат идома дошт то замоне, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон байни мардум маҳбубияти зиёд касб кард ва бақои ҳукумати Эмомалӣ Шарипович зери хатар монд. Бинобар сабаби пуштибонӣ ва дастгирӣ кардани Эрон аз Ҳизби наҳзати исломӣ ин муносибатҳои дӯстона идома наёфт ва аз ҷониби Эрон ба суратҳисобҳои  СС. Ятимов маблағ ирсол нагардида, баръакс  таҳдидҳое ҳам шудааст. Бинобар ин СС. Ятимов дар ивази интиқом аз ин кор сари Ректори Донишкадаи исломӣ- Асомуддинзода Тоҷиддин, ки таҳсилкардаи Донишгоҳи байналмилалии «Ҷомеъату-л-Мустафо»-и шаҳри Қуми Эрон буда, соли 2015 дар ин мансаб таъин шуда буд, қаҳру ғазаби худро рехт, ки мебоист тибқи дастуроти Хадамоти иттилооти Эрон ӯро нигоҳубин мекард.

Барои ҳамин ӯ соли 2018 Сияҳков Саидҷалолро ба ин донишкада фиристод. Тибқи маълумоти дӯстон аз Раёсати «Т» Сияҳков Саидҷалолро сардори шуъба Шамсиев Нозим ҳамроҳи куратор назди Асомуддинзода дароварда шинос карда гуфтанд, ки ӯ бояд фавран сардори шуъбаи кадрҳо таъин карда шавад. Сардори кунунӣ ба вазифаи пасттар гузаронида шуда, дар корҳои Сияҳаков Саидҷалол  кӯмак намояд. Асомуддинзода Тоҷиддин ба дидани сару рӯй ва ришу муйлаби дарози Сияҳаков Саидҷалол  дар ҳайрат афтода дар аввал гумон кардааст, падари кадом як донишҷӯе барои писараш омадааст. Вале ҳангоми шунидани ин хабар дар ҳайрат афтодааст.

Баъд аз мақоми сардори шуъбаи кадрҳо барканор шудани Лолаев Тоҷиддин ба ҷои ӯ корманди ҳамон донишкада Наботзода Насимро таъин карда буданд. Наботзода собиқ Донишгоҳи исломӣ ба номи Имом Тирмизӣ ва Донишгоҳи миллиро хатм намуда, ҳамчун сармутахассис дар шуъбаи кадрҳо кор мекардааст. Сардори нав баъди барканории Лолаев Тоҷиддин мебоист аз тарафи Раёсати «Т». фиристода мешуд. Чун шахсе муайян ва фиристода нашуд, ба дархости Асомуддинзода Тоҷиддин Наботзода Насим ба ин вазифа таъин карда шуд. Муносибати ӯ бо кормандону донишҷӯён хеле хуб буда, тибқи маълумоти расида, ӯ мутахассиси хуби компютерӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ будааст. Тамоми матни қарору фармонҳоро ӯ омода карда, хуб месанҷидааст. Асомуддинзода Тоҷиддин ҳам ягон пешниҳоду дархостҳоро бе имзои ӯ қабул намекардааст.

Аз ҳамин сабаб Асомуддинзода Тоҷиддин ба Сияҳаков Саидҷалол  гуфтааст, ки ин бачаро аз даст доданӣ нест, агар ӯро ба вазифаи поинтар гузаронад, ӯ корро бас мекунад. Тамоми корҳои донишкадаро ҳамин бача анҷом медиҳад. Зиёда аз ин муносибаташ бо ҳама хуб аст ва солҳои зиёд дар инҷо кор мекунад ва ҳамаро медонад. Вале агар Сияҳаков Саидҷалол ҳам компютерро мисли ӯ хуб донад, илова бар ин ба ҳуҷҷатгузорӣ расидагӣ карда тавонад, марҳамат.

Асомуддинзода Сияҳаков Саидҷалолро розӣ кунонидааст, ки ғайр аз вазифаи сардори шуъбаи кадрҳо, кадом вазифаеро хоҳад интихоб кунад. Сияҳаков Саидҷалол  худаш ба КДАМ омада, воқеаро баён доштааст ва бо мувофиқаи Ректор ӯро ба ду вазифа:  мушовири ректор оид ба масъалаҳои тарбиявӣ (аъне  назорат аз сарулибос ва ришу сатр) ва ҳуқуқшиноси шуъбаи кадрҳо таъин кардаанд, ҳарчанд ӯ тамоман маълумоти ҳқуқшиносӣ надорад.

Сияҳаков Саидҷалол тамоми қудрату тавонии худро барои бештар ба даст овардани маълумоти беобрукунанда нисбати Асомуддинзода Тоҷиддин ректори собиқ ба харҷ медод. Круги одамони наздик, одамони боварӣ ва шахсони рафтуомадкундагони назди Асомуддинзодаро руйхат кардааст. Тибқи маслиҳати пешакӣ бо КДАМ барои шикастани пару боли Асомуддинзода ва муайян кардани шахсони обрӯманд ва пуштибони ӯ ба инобат гирифта шуда, нақшаи СС. Ятимов танида шуд. Дар аввал пеш аз фиристодани Сияҳаков Саидҷалол ба Асомуддинзода хуб маҷол додаанд, то шахсони наздики худро ба вазифаҳои идоракунанда таъин намояд.

Ҳамкорони мо мегӯянд, ки Сияҳаков Саидҷалол  аз рӯзи аввали кораш маълумотфиристиро аз парвандаҳои раёсати донишкада сар кард. Ӯ инчунин равиши маккоронаеро ба кор мебурдааст. Масалан ба назди шумо меояду мегӯяд «фалони нисбати хдт ҳархел гапҳо мега, ҳаму хдш чихели одамай, ба фикрм уқа одами хуб нест.» Сипас қаҳру ғазаби шумо, ки омад ва шумо ҳам нисбати он одам ягон гап гӯед, маълумотро гирифта даррав рафта айнан ҳамин гапро ба он кас мегуяд ва нисбати шумо маълумот ҷамъоварӣ мекунад. Вале ин усули ҳамаи мо амниятиҳо аст. Амниятиҳои собиқ ӯро ҳамчун як хоин медонанд ва тамоми авлоду нажодашро дашномҳои болохонадор мекунанд. Мегӯянд ӯ на танҳо хоин балки дукуна ва шайтон аст.

Наботзода Насим ӯро тамоман ба ҳуҷҷатҳо ва фармонҳои  асосӣ наздик шудан намемондааст, бинобар ин ӯ барои Сияҳаков Саидҷалол  як дарди сар ва помех будааст. Зеро ӯ ҳамчун зердасти Наботзода кор мекардааст ва чун Наботзода фаҳмидааст, ки Сияҳаков Саидҷалол аз бахилӣ нисбати ӯ ҳам хеле дандон тез кардааст, тахминан охирҳои соли 2019-2020 «ин донишкада пештар мадраса буд, холо бузхона шидаст» гуфта корро бас карда тибқи маълумот ба Швейтсария ё Канада рафтааст, ҳарчанд, ба шиносҳояш мегуфтааст, ки дар Русия аст. Дӯстони мо аз донишкада мегуянд, баъди рафтани Наботзода аҳволи кормандону донишҷӯён вазнинтар шуд. Зеро ӯ бисёр вақт аз мо пуштибонӣ мекард ва сахтгир набуд. Ба ҷои ӯ собиқ корманди амният Ҷомадов Хайридин ба ин вазифа таъин гардид. Кори Ҷомадов фақат дар чорабиниҳо иштирок кардани кормандону донишҷӯён буд ва моҳияти кори сардориро тамоман намефаҳмад. Мушаххасоташ дар поён зикр мешавад.

Тибқи нақли дӯстон аз Раёсати «Т» ва раёсати тафтишот шахсони наздик ба Асомуддинзода, ки дар Донишкада мавқеъҳои худро ишғол намудаанд, инҳо буданд:

Сатторов Суҳроб-ёрдамчии ректор

Самиев Наҷмуддин-сардори маркази тестӣ

Аҳёев Абдусамад –декани факултет

Ғуломов Муҳсин-ҷонишини декани факултет

Шахсони номбаршуда бо истифода аз мавқеи худ ба порахуриву ришвагирӣ машғул шуда, Асомуддинзодаро хуб беобрӯ карданд.

Масалан ҳамин Сатторов Суҳроб-ёрдамчии ректор аксари донишҷӯёнеро, ки мехостанд ба дигар донишгоҳҳо интиқол ёбанд, ё аз шуъбаи рӯзона ба шуъбаи ғоибона ё аз як факултет ба факултети дигар гузаранд, доляи худашро гирифта, баъд барои розигӣ назди Ректор медаровардааст. Дар мошини худаш доим либосҳои милисагӣ овезон, худашро корманди ВКД нишон медодааст, то кормандони БДА ӯро дар роҳ манъ накунанд. Ва ин боз бисёр мисолҳои дигар ҳам ҳаст. Баъди ду соли корӣ ӯ дар ҷамъяти Ҳилоли Аҳмар ба кор гузашт. Сатторов Суҳроб таҳсилкардаи донишггоҳи Ҷомеату-л-мустафои Қуми Эрон буда тарғибгари мазҳаби шиа аст, ва ҳанафиҳоро сахт бад мебинад.

Самиев Наҷмуддин аз ронанда ба сардори маркази тестӣ гузаронида шудааст, ки дигар маълум. Барои рейтинги донишҷӯёнро ҳал кардан фақат аз онҳо доля мекандааст. Тибқи маълумоти баъзе донишҷӯён ҳамон «Мулло АБДУЛВОСИТ ҲОҶИЕВ»-и шаҳристонӣ, ки дар барномаи минбари муҳоҷир бо Шумо баҳс дошт,  аз шогирдони ҳамин Самиев Наҷмуддин будааст. Ӯ доим ба Самиев Наҷмуддин ва декани факултет Аҳёев Абдусамад зиёфатҳо ташкил карда мегаштааст ва аслан дар дарсҳо иштирок намекардааст. Ҳамкурсонаш мегуянд ӯ сардори синф вале тамоман чалласавод буд. Имтиҳоноти даврӣ ва охирисолиаш бо пуштибонии Аҳёев ва Самиев гузаронида мешуд. Гузашта аз ин Ҳоҷиев Абдувосит пайваста аз ҳолати ҳамкурсонаш ба куратори онвақта маълумот медодааст. Он ҳам чи риштае? Донишҷӯи ихтисоси «улуми Қуръонӣ». Яъне, маълумот оиди дар назди кӣ таҳсил кардани ҳамкурсаш, фикру назараш оиди ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифонро фаҳмида даррав ба куратор хабар медодааст. Ӯ писари Мулло Абдусамад Ҳоҷиеви шаҳристонӣ буда, падараш ҳам ба ҳамкорони мо дар ноҳияи Шаҳристон хеле маълумот фиристодааст. Ин шахсоне, ки ба Ҳоҷиев Абдулвосит минбари пайғамбарро додаанд, ҳангоми таъин намудани ӯ ба ин вазифа бо куҷояшон фикр мекарданд, номаълум. Умумӣ карда гӯем, аз буз буз мебарояд.

Дар ёд доред Холдоров Шокирро? Мудири бахши дин, ки дар масҷид одамонро дашном дода гуфта буд, ки «масҷидро маҳкам кунед, набошад, то муллотона фалон мекунам.» Ана ҳамин ҳайвони бешох ҳамчун маълумоти дуюм дар Донишкадаи исломӣ ба курси сеюми қисми ғоибонаи факултети филологияи Шарқ дохил шуда буд. Ӯро ҳам маҳз ҳамин Самиев Н. ва Рамзулло- муовини Карим Раҳим ба истилоҳ «нигоҳубин-яъне кришават» мекарданд. Холдоров Шокир медонист, ки дар тамоми ҷумҳурӣ аз рангаш безоранд. Аз ин сабаб бо худ кормандони УБОП-ро ҳамчун таға бурда пеши Карим Раҳим рафтаанд, то ӯро барои иштирок накарданаш хориҷ накунанд. Дар ин миён Холдоров Ш. тамоман дар дарс иштирок намекардааст ва бо додани пора ба Самиев ва Рамзулло ва онҳо бошанд, ба куратори ҳамонвақта Турсунов Исмат ва сипас Абдуллоев Хусрав доля дода, рейтингҳои ӯро бомуваффақият гузаронидаанд. Чи расвоие. Рамзулло худ таҳсилкардаи давлатҳои исломӣ аст ва то ба мансаби муовини декан таъин шуданаш омӯзгори хеле хуб ҳам будааст. Вале ба маҳзи расидан ба ин вазифача тамоман одами дигар шуда мондааст. Барои тамоми корҳо, махсусан барои справка аз 5 то 10 сомонӣ ва барои варақаи хатми диплом аз 15 то 50 сомонӣ мегирад. Гузаронидани рейтингҳои донишҷӯён ва пешниҳод накардан ба хориҷ ин як офати дигар. Аз духтарон ягон туҳфа ва аз писарон маблағ мегирифтааст. Чунон шикамаш дам шудааст, ки донишҷӯён байни худ масхара мекардаанд, ки «Устод Рамзулло 7-моҳа ҳомилааст. Дигараш мегуяд, не нуҳмоҳа. Ё дигараш мегӯяд муҳим нест чандмоҳа аст, муҳим аз кӣ? Аз Карим Раҳим ё аз Сияҳаков Саидҷалол ?».

Баъди нашри барномаи Карим Раҳим, ки дар онҷо номи ӯ ҳам буд, мегуфтааст, «блаааа ин туҳмата бин, ки и хабарои дуруға ба ино мерасонда боша?»

Сияҳаков Саидҷалол баъди мавқеи худро пайдо кардан ва  муайян кардани шахсиятҳо ба амал гузашт ва пояҳои курсии Асомуддинзодаро ба хоидан сар кард.

Самиев Наҷмиддин, ки масъули қабули донишҷӯён будааст, ҳамроҳи Аҳёев Абдусамад, Сатторов Суҳроб ва нафари дигар бо номи Абдулмаҷид бо роҳи сохтакорӣ ва тамаъҷӯӣ аз номи СС. Ятимов мактуби Қалбакӣ омода намуда, дар он 20 ё 25 нафар довталабонро дар ивази аз 1500 то 2000 долларӣ ба курси якуми донишгоҳ қабул карданд. Дар ин кор Раёсати «Т» саҳми худро дошт. Онҳо ин корро барои ҳабс кардани Асомуддинзода тарҳрезӣ карда буданд. Сияҳаков Саидҷалол  ҳар рӯз дар камин буд, то фармони қабули донишҷӯён содир шавад. Ин кор то моҳи феврали соли 2019 идома ёфтааст. Чун фармони Қабул содир шудааст, Сияҳаков Саидҷалол ба КДАМ хабар дод ва кормандони мо рафта аснодро баррасӣ намуданд ва се корманди ин муассисаро Самиев Н. сардори маркази тестӣ, Аҳёев А. декани факултет ва Сино -сардори Қисми хоҷагиро ба ҳабс кашиданд. Тибқи суҳбати дӯстони раёсати «Т» дар ин миён Сияҳаков Саидҷалол бо ҳамкории проректор оид ба тарбия Умаров Искандаршо ва Матинов Холиддин- –он вақт мудири бахши ҷавонон- пайваста аз ҳар лаҳзаи донишкада ва аз фикру мулоҳизаҳои кормандону донишҷӯён оид ба ин ҳолат маълумот мефиристодаанд.

Кормандони Раёсати терроризм ва раёсати тафтишот дар навбати худ ин донишҷӯёнро ба КДАМ оварда бо онҳо суҳбат гузаронида дар аввал онҳоро ҳамчун шарик ё организатори ҷиноят фишор дода, баъдан боз 1000-2000 доллари онҳоро канда, онҳоро дар парванда ҳамчун шоҳид ва ҷабрдида гузарониданд. Аз Самиев, Аҳёев  ва Сино бошад, аз 5 то 30ҳазор долларӣ канда тибқи қонуни афв аз сари суд озод карданд. Аз Сатторов Суҳроб, ки бародараш Абдулҳаким корманди баландрутбаи ВКД аст, бо миёнҷигарӣ ва додани пора дар ҳеҷ ҷое ном набурданд. Вале тибқи маълумоти дигар Сатторов Суҳроб дар ин кор бо КДАМ аз аввал ҳамкорӣ мекард.

СС. Ятимов ки пайти муносиб ёфт, бар зидди Асомуддинзода Тоҷиддин бар асоси ду модда: берун рафтан аз ваколатҳои мансабӣ ва тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Аммо бо дахолати шахсони наздик ба Президент парвандаро пӯшонданд ва худи Пешво СС. Ятимовро гушмол додааст. Ятимов аз кор сахт асабонӣ шуд ва роҳи дигар пеш гирифт.

        Аз қавли ду нафар аз кормандони Донишкада, тахминан моҳҳои апрели соли 2019 яке аз шахсони наздики Асомуддинзода бо номи Ғуломов Муҳсинро, ки тарбиядидаи худи Асомуддинзода будааст ва ҳамчун ҷонишини декан оид ба тарбия кор мекард, кормандони Раёсати терроризм бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир карданд. Ин кор ҳам тарҳрезишуда буд. Ба ин тариқ,ки ду нафар аз донишҷӯёнро аз факултети филологияи Шарқ яъне факултети Карим Раҳим ба факултети илмҳои исломӣ назди Ғуломов Муҳсин таҷрибаомӯз гузоштанд. Ин ду нафар қаблан ба КДАМ оварда шуда, онҳоро бо дашному ҳақорат ва ҳатто шиканҷа розӣ кунонданд, ки ба Ғуломов пул дода марҳилаи таҷрибаомӯзиро амалан нагузаранд. Онҳо ин корро карданд ва ҳангоми додани пул Ғуломов дастгир шуд. Ғулмовро се рӯз дар КДАМ боздошт намуда, дар онҷо ба ӯ пешниҳод карданд, ки маҳбас намешавад, ба шарте, ки дар Донишкада чашму гуши онҳо мешавад ва бо Сияҳаков Саидҷалол ва Ҷомадов Хайриддин ҳамкорӣ намуда пайваста маълумот мефиристад. Махсусан оиди Асомуддинзода Тоҷиддин

    Ҷомадов Хайриддин Амрохонович таҳсилкардаи «Школа»-и КДАМ мебошад. Ӯро баъди ҳабси бародараш аз КДАМ ронданд, вале ҳамчун хабаркашак истифода мебаранд. Бародараш Ҷомадов Нурхон Амрохонович соли таваллудаш 1991 дар таърихи 26.02.2018 бо қарори Суди ноҳияи И.Сомонӣ бо моддаи 302, Қисми 3, яъне узвият дар гурӯҳи тундрави ДИИШ ба муддати 6 сол маҳбас   шуда, дар ошуби зиндони «Кирпичний» шаби 19 май соли 2019 бо фармони  ҳамин роҳбарони КДАМ кушта шудааст. Ҷомадовро аввал барои назорат аз корҳои проректор Сафаров Лутфулло фиристода будаанд. Сипас ӯро ба шуъбаи кадрҳо гузаронданд, то ҳамаи парвандаҳо дар дасташ бошад ва ҳоло ӯ аз соли 2020 сардори шуъбаи кадрҳо мебошад. Соли 2019 бо яке аз донишҷӯдухтарони донишкада (хубтар мешавад номашонро нагиред, зеро ҳоло шавҳар карданд номаш …, ва сипас бо яке аз кормандони он номаш О (ин духтар ҳам хабаркаши мо буд) муносибати маҳрамона дошт. Донишҷӯён баъзан ӯро яъне Ҷомадов Хайриддинро Ҷомадонов Хайринисо мегӯянд. Кораш дар донишкада фақат сиёҳкунӣ ва ба КДАМ маълумот фиристӣ мебошад. Аз уҳдаи ягон кор намебарояд ва тамоман савод надорад.

   Нафари дигаре, ки Асомуддинзода Тоҷиддин ӯро бисёр дастгирӣ мекардааст, ин корманди шуъбаи таълим Тоҷиддинов Зиёвиддин мебошад. Тоҷиддинов таҳсилкардаи Донишгоҳи ал-Азҳари Миср ва Донишгоҳи миллӣ мебошад. Қади ӯ хеле паст буда, кормандон ӯро «мндқча» мегуфтаанд. Азбаски доим дар гирду атрофи Сияҳаков Саидҷалол ва Ҷомадов Хайриддин аст, донишҷӯён ӯро «шағолча» меноманд. Шояд манзур ҳамон шағолчаи мултфилми Маугли бошад. Тоҷиддинов Зиёвиддин тамоман намоз намехонад. Ба нақл аз ҳамкорони мо ба уҳдаи ӯ дар донишкада ду вазифаи асосӣ гузоштаанд. Аввал хабарҳо аз Асомуддинзода Тоҷиддин, дуюм наздик шудан ба Сунатуллои Кабир ва маълумот фиристодан аз рӯи ӯ. Сунатуллои Кабир дар аввал ёрдамчии проректор будааст. Ӯ аслан аз ноҳияи Ҷ. Румӣ мебошад. Падар ва амакҳояш одамони бой ва маъруф мебошанд. Амакаш Ҳоҷи Алӣ заводи пахта дорад, падараш раиси ҷамоат шуда кор мекард. Ғайр аз ин онҳо кам кам ба фурӯши маводи мухаддир сарукор доштаанд. Аз ҳамин ҷиҳат вазифаи Тоҷиддинов Зивиддин ин  наздик шудан ба Сунатуллои Кабир  ва ошкор кардани даромадҳои ӯ буд. Бо ӯ дӯстии наздик доштааст, якҷоя идораи букмекерӣ, футбол ва дигар макону ҷойҳо мерафтааанд. Чунон хабаркаш будааст, ки ҳатто аз пушти дарҳои ҳамкорон рафта гуш меандохтааст. Чандин бор аз ӯ эрод гирифтаанд, ки ин корашро накунад, аммо… бовар кунед, ҳамкоронаш мегӯянд, ки «шайтон дар пеши ҳамин мндқча шогирди двоишникш бдагияй». Ӯ соли 2016 ё 2017 аз рухсатии меҳнатӣ рафтани сардори шуъбаи таълим истифода бурда, аз тамоми донишҷӯёне, ки аз як факултет ба факултети дигар ва аз рӯзона ба ғоибона гузаштаанд, пора гирифта, ҳамаи онро бори аъзоёни комиссия кардааст, ки «бе додани ҳақи хизмат коратон буд намешавад» гуфта ҳамаи он маблағхоро ба кисаи худ задааст. Дар ҳоле, ки аъзоёни комиссия ғайр аз Самиеву Аҳёев дигар касе аз ин кор хабар надоштааст.

   Нафари дигари наздик ба Асомуддинзода Тоҷиддин ин декани факултети илмҳои исломӣ Аҳёев Абдусамад Каримович мебошад. Ин доимгушна тасодуфан ва бо иштибоҳи калон аз ҷониби худи Асомуддинзода Тоҷиддин ба ин вазифа таъин шудааст. Тамоман хату савод надоштааст.  Бо додани 25000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ тавассути  наздикони ректор ба куратори КДАМ ба ин вазифа тасдиқ гардиааст. Дар муддати деканиаш пайваста аз донишҷӯён бо ҳар баҳона пул талаб мекардааст. Донишҷӯёне, ки аз додани пул саркашӣ мекардаанд, барои хориҷ шудан аз донишкада  номнавис карда, дар стенди коридор овезон мекардааст, то донишҷӯён худашон барои додани пул ва ҳал кардани проблема ба наздаш биёянд. Аксарияти вақт ғизои чошти ӯро донишҷӯён меоварданд, ё ӯро ба ба ягон тарабхона зиёфатхурӣ мебурдаанд ва мушкилашон ба ин тариқ ҳал мешудааст. Барои муттаҳам кардани куратор ба онҳо доля медодааст ва гоҳо ба КДАМ молҳои конселярӣ меовард. Бинобар ин касеро дигар писанд намекард. Аз рӯи нақли кормандон ҳангоми дарс доданаш агар ягон донишҷӯ ягон калима арабӣ мепурсидааст, ӯро сарзаниш намуд мегуфтааст, савол додан манъ аст. Баъди воқеаи мактуби қалбакии аз номи СС. Ятимов сохташуда ба ӯ ва Самиев Наҷмуддин бо шарти додани пули калон ва баёнот додан нисбати Асомуддинзода ҷавоб доданд. Ҳамин тавр паяш аз донишкада канда шуд. Донишҷӯён ҳам мегуфтаанд алҳамду лиллоҳ, ки дафъ шуд. Дар муддати тафтишот варақаи шахсии парвандааш, ки дар он мушаххасоти корманд навишта мешавад, номашро ба ҷои Абдусамад «АбдусЕамад» навиштааст. Воқеан вақте дӯстон аз раёсати «Т» нусхаи парвандаашро нишон доданд, то шикамдард шудан хандидем.

Яке аз хабаркашҳои муҳим ин Ҷамолов Шарофиддин аст. Бовар кунед бародари азиз агар манфуртарин шахси донишкада ҳамин аст, гуем хато намекунем. Чун дуруғ, шайтансифатӣ, ғарӣ, порагирӣ ва подставакунӣ дар ҳамин одам дида мешавад. Хатмкардаи ҳамин донишкада буда, аз аҳволу дидаву шунидаҳояш ҳар рӯз маълумот медиҳад. Аз болои бисёре аз кормандону донишҷӯён бо туҳмати ифротӣ будан маълумот додааст, ҳатто баъзе аз он кормандону донишҷӯён аз «шарофати» ҳамин Шарофиддин кунҷи маҳбас рафтанд. Солҳои охир ҳамчун ронандаи ректор кор мекунад. Қадам ба қадам оиди рафтор, гуфтор ва чизҳои шунидааш аз Асомуддинзода Тоҷиддин ба Сияҳаков Саидҷалол ё ба куратор хабар медодааст. Ӯро ба хотири аз номи бачаҳои КДАМ гап заданаш чандин бор дафъ карданӣ шуданд, вале боз ҳам қасами садоқат ба ёд оварда содиқии худро ба КДАМ исбот карданӣ шудааст.  Ҳатто назди кормандон фахр мекардааст, ки «ма ҳами амниятиҳода ҳайрон мешам. Ҳами қадар маълумоте, ки нисбати ҳамин таҳсилкардаҳои покистонӣ навиштм ҳолиям ино гаштестан». Ба нақли кормандон қаблан дар ҳарду факултети донишкада дар вазифаи ҷонишини декан оид ба тарбия ва танзимгар кор кардааст. Духтарон чандин бор аз болояш шикоят карда будаанд. Ягон ҷураҳояшро оварда духтаронро нишон медодаст (мисли мамарозаҳо). Ё худаш духтаронро гап мепартофтааст. Пайваста аз донишҷуён пора гирифта онҳоро дар санҷишу рейтингҳояшон кумак мекардааст.

Тахминан солҳои 2015-16 дар маҳаллаи 103 дар як масҷид имомхатиб ҳам будааст. Аммо баъзан шабҳо ӯро бо як духтари дигар дар кучаҳои шаҳр даст ба дасту нул ба нул дидаанд. Яқинан ҳамсараш набудааст. Чун зану фарзандонаш дар ноҳияи Қумсангир дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Чанд муддат пас маълум гардид, ки ин духтар таҳсилкунандаи қисми ғоибонаи ҳамин донишкада будааст. Номи он зан Розияи Бухорӣ, аз Данғара буда, қаблан аз шавҳараш ҷудо шудааст.

Ҷамолов аз ҷониби раёсати «Т» сахт муваззаф гардидааст, ки тамоми дидаву донистаҳояшро нисбати Асомуддинзода Тоҷиддин  фавран ё ба куратор ё ба Сияҳаков Саидҷалол ҳамон руз доклад кунад. Ӯ гузориш додааст, ки Асомуддинзода котибаи қабулгоҳаш Наҷотова Фотимаро ба занӣ гирифтааст. Оиди хабардор шудани ҳамсари якуми Асомуддинзода Тоҷиддин ба донишкада рафтану ҷанҷол бардоштанашро ҳам  хабар додааст. Вай ҳатто бо мошини хизматии ректор ҳамин Наҷотова Фотимаро ба зодгоҳаш ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бурдааст. Чун ҳадафаш аз Наҷотова Фотима  танҳо маълумот гирифтан аст мебурдааст.

Ҳоло айнан ҳамин хабаркашиҳояшро нисбати ректори дигари Донишкада, ки баъди барканории Асомуддинзода Тоҷиддин таъин гардидааст, анҷом дода истодааст. Тамоман дигаронро аҳамият намедиҳад, худашро болои донишҷӯён зур мегирад ва бисёр вақт таҳдид мекунад, ки хориҷатон мекунам ва амсоли ин бисёр корҳои фасоду ноҳамвор дорад.

Хуллас ҳамаи ин бузҳо бо касофатии паи қадами шуми Сияҳаков Саидҷалол аз болои мардум, чи муаллиму чи донишҷӯ маълумот нависта ба КДАМ ирсол мекунанд. Дигар дар ин донишкада на ба домуллояш боварӣ мондаасту на ба оммияш. Ҳама аз болои ҳамдигар бузӣ мекунанд. Маҷлисҳои раёсати донишкада, ки аввали ҳар ҳафта бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва деканҳо гузаронида мешавад, аз тарафи чанд нафар сабти овозӣ шуда ирсол мешаванд. Ректори кунунии Донишкада Зокирзода Нусратулло Мелик баъди ба ин Донишкада таъин шуданаш дар аввал хаёл намуда будааст, ки повишени омадааст. Аммо баъди огоҳ шудан аз вазъи кунунии он садҳо бор пушаймон шудааст. Чун медонад, Сияҳаков Саидҷалол ва бузичаҳои вай ҳар қадами ӯро ҳам пайгирӣ ва доклад мекунанд. Баъзе вақт мефаҳмад, ки Сияҳаков Саидҷалол бо бузичаҳояш ҳар киро хоҳанд сиёҳу сафед мекунанд, бо ду дасташ сарашро медораду коре карда наметавонад. Проректори таълим Сафаров низ ҳоло дигар Сафарови пешина нест, балки аз ҳар қадами мондааш метарсад ва бисёр вақт бинобар сабаби касалии қанд бемор мешавад. Карим Раҳим бошад, аллакай худро дар ҷои ӯ тасаввур мекунад. Чун бинобар сабаби бад дидани Сафаров мехоҳад зуд ҷояшро бигирад ва як қадам ба курсии ректорӣ наздиктар шавад, ҳарчанд аз дасташ хоки хунук намеояд ва саводи минималӣ надорад. Проректор оид ба илм Қурбонов бошад, тамоман ягон ролро иҷро намекунад вай танҳо дар кабинеташ ҳамон чор кори дипломии копияшударо тафтиш карда мешинад. Гоҳ-гоҳ донишҷӯёнро дар даромадгоҳ ва маҷлисҳо насиҳат мекунаду халос. Проректор оид ба тарбия Умаров Искандаршо бо вуҷуди худаш бузу мошенник будан қадди ҷонаш аз Сияҳаков Саидҷалол у Ҷомадов метарсад.

Тамоми касоне, ки дар вазифаҳои ҳатто хурдтарин мисли фаррош ё мудири кафедра ё сардори ягон бахшу шуъба бе ғалбери Сияҳаков Саидҷалол у КДАМ тасдиқ ва ба кор қабул ё гузаронида намешавад. Махсусан кормандон чунон тамаллуқкор шудаанд, ки нафасашонро бе иҷозати онҳо дар ин даргоҳ намекашанд. Онҳо тамоман парвои сифати таълиму тарбия надоранд. Дар маълумотномаҳояшон фақат танқиди фикри манфӣ доштанашон нисбати таълиму тарбияи ин донишкада менависанд. Дӯстон аз донишкада мегӯянд теъдоди донишҷӯёни донишкада то ба инҷо омадани Лолаев ва Сияҳаков Саидҷалол аз ду ҳазор зиёд буд. Ғайр аз ин гимназияи исломӣ бо теъдоди зиёда аз якунимҳазор талаба, ки ҳама шартнома месупориданд, фаъолият дошт. Бо қадами шуми ин амниятиҳо гимназия барҳам хурд ва ҳар сол нақшаи қабули ин муассиса камтар шуда, ҳар сол ихтисори кормандон бинобар сабаби кам ворид шудани шартномаи донишҷӯён такрор меёбад.

Ҳоло ин бузичаҳои Сияҳаков Саидҷалол қариб ҳар рӯз аз болои якдигар маълумот дода истодаанд, чун дигар аз болои ҳама мардум навиштаанд ва акнун мисли каждум худро аз даруни худ хурда истодаанд ва намедонанд, ки Сияҳаков Саидҷалол  аз як тараф истода ҳамаи моро уничтожат дорад.

Супермашенник «Мулло Авдраҳим»

Дар ин қисмат агар дар мавриди Карим Раҳим таджикистан нагуем матлаб комил намегардад. Мехоҳем поёнии ин матлабро бо корномаҳои сиёҳи Мулло Авдраҳим чуноне худаш номашро менависад ҳусни хотима диҳем.

Баъди нашри Қисми якуми барномаи Карим Раҳим ва ду барномаи дигаре дар “Ислоҳ” махсӯси ӯ доштед, аз рӯи  нақли кормандон геморояш сахттар шудааст. Фишори хунаш ҳам. Аз хашму ғазаб ҷои шиштанашро намеёбад.

Дар маҷлису машваратҳои донишкада суханаш фақат дар бораи сиёҳ кардани шумо ва дигар мухолифон аст. Тамоман парвои сифати таълимро надорад. Фақат таблиғ мекунад, ки ба баромадҳояш лайк монанду ба дигарон нашр кунанд ва дар зери барномаҳои шумо суханони таҳқиромез нависанд. Боз шарм надошта назди Шайх Саъдӣ рафтаву бо ӯ суҳбат карда хандида  мегуфтааст, ки ин хавориҷ аз Худо наметарсанд, маро туҳмат мекунанд, гӯё туро ман ба амният фурӯхта бошам.

    Дар баромадаш дар бораи Эшони Довудхон гап мезанад. Гӯё Довудхон ва бародаронаш баъди падараш ӯро гуш мекардаанд. Вале ҳақиқат ин аст ки Эшони Довудхон ва бародаронаш аз ҳафт пушти ояндаи Карим Раҳим безоранд. Довудхон хуб медонад, ки ин Авдраҳим аз пушташ хела шикоят ба КДАМ-у ВКД навиштааст. Айни ҳол ӯ бо Сияҳаков Саидҷалол ва Ҷомадов Х. (яъне ҳамин хабаркашҳои амният) дар ҷустуҷуи нафароне ҳастанд, ки ба шумо аз дохил маълумот мефиристад. Ҳамаро як ба як обсуждат доран, ки кӣ бошанд ин одамон?

Дӯстони мо аз Донишкада мегӯянд дуруст аст, ки проректор Сафаров Лутфуллоро бад мебинад, зеро Сафаров Лутфулло ӯро як шайтон ва ноуҳдабаро медонад.  Аз рӯи ахбори расида ӯ боре бо сардори шуъбаи кадрҳо, Наботзода Насим саҳар пеш аз оғози кор, ки кормандон дар назди дарвозаи донишгоҳ ҷамъ шуда суҳбат мекунанд, муноқиша кардааст. Ин хабарро Сияҳаков Саидҷалол ҳам тасдиқ кардааст. Аз рӯи нақли кормандон Карим Рахим ба Наботзода гуфтааст, ки «т Қати Сафаров Лутфулло бахили друнсияҳен. Наботзода Насим гуфтааст: ай куҷо фаҳмидӣ, ки друни мо сияҳай? Карим Раҳим гуфтааст, ки «Сафаров дар маҷлисҳо мара ҳар гап мега т пуштии мара намегирӣ, т сардори шуъбаи кадрӣ, бояд пуштии кормандота бгирӣ». Насим гуфтааст: «ма ҳеҷ кас нестм, ки ба пштибонии ма эҳтиёҷ дошта бошӣ. Баъд ма патхалим нестм. Сафаров Лутфулло чизет мега, рост мега. «Се карат ҳафта»  дар устал бмону кор кн. То кая маърака ба маърака мегардӣ, проблемаҳота сари муовинот мезани! (байни ҷавонон ҳамин гап маъруф буд, се карат ҳафт-21, яъне заднитса)

– ма тра қати Сафаров Лутфулло ихел намемонм, ҳоли мебинен гуфта таҳдид кардааст, Карим Р».

Наботзода Насим  гуфтааст: «медонм чи кор мекнӣ, ҳозир меброй ба Ятимуфа занг мезанӣ, бо хавар мекашӣ, ки мара ҳар гап меган. Некӣ Ятимов не, агар Созмони милали муттаҳид, ки занг бзанӣ, бо мегумт, ки хтам як бесаводи муовинотам».

Кормандон, ки ягон бор надида будан, ки ягон кас бо Карим Раҳим ин тавр разбор кунад, хуб тамошо карданд, баъд Сияҳаков Саидҷалол  Сайдҷалол онҳоро халос кардааст.

Дар мавриди меҳмонони арабӣ ва тарҷумонии писараш гуфтед, воқеан дуруст гуфтаед. Кормандон мегӯянд, ки ҳатто дар ҳамон рӯзҳои ташрифи меҳмонон дар утоқи ректор писараш хеле дуруғ тарҷума кардааст. Ҳатто яке аз кормандон, ки таҳсилкардаи кишварҳои арабӣ будааст, садо баланд кардааст, ки «о ин аз дуруғ тарҷума дорад, ин араб тамоман дигар чиз мега, и дигар чиз тарҷума дорад».

Ҳамаи кормандон медонанд, ки Карим Раҳим чандин кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба КДАМ ва ВКД бо туҳмати салафиву ихвонӣ фурухтааст. Баъди оне ки дар барнома гуфтед Шохрухро Шорих мегӯяд, қариб тар кунад. Чун фаҳмидааст, ки бо круги Рустам шухӣ кардан «кунша медрона». Кормандон тасдиқ кардаанд, ки чунин гап мегуфт. Писараш Иноят ҳоло дар Донишкада кор намекардааст. Ҳоло кораш фақат ташвиқу таблиғи худаш. Дар тамоми чорабиниҳои донишкада даъват мекунад, ки: «Ана биёен ҳамакаса якҷоя шему барои ҳимояи пешвои миллат ва ватанмон зидди и хоинои миллат мубориза барем». Дар маҷлисҳову шуъбаҳо ва дар алоҳидагӣ баъзеро бо илтимос ва баъзеро бо кинояи амниятиҳо ба мубориза зиди шумо даъват мекардааст. Вале ҳама медонад, ки худаш як пук асту гапҳояш пуч.

Баъди нашри наваори дигари шумо дар бораи Заставаи 12-ум мегуфтааст. И як тухматай. Ма пешвои миллата ай ҳаму аввал эҳтиром мекардм. Карим Раҳим, аллакай худро дар ҷои Сафаров  Лутфулло тасаввур мекунад. Чун бинобар сабаби бад дидани Сафаров мехоҳад зуд ҷояшро бигирад ва як қадам ба курсии ректорӣ наздиктар шавад, ҳарҷанд аз дасташ хоки хунук намеояд ва саводи минималӣ надорад.

Дар маҷлисҳои раёсат доим дурӯғ меғӯяд, ки мо ин қадар маблағи шартномара ҷамъоварӣ кардем, ину он кардем, вале ҳамаи аъзоёни маҷлис медонанд, ки ин афсонаи куҳнашуда аст, вале чизе гуфта наметавонанд. Дар маҷлисҳои донишкадавӣ бошад, боз мавзуъ ҳамон Афғонистону ҳамон Кабириву ҳамон солҳои 92. Бовар кунед агар ҳамин Кабириву солҳои 92 намебуд, ин беақл гапи гуфтан намедошт, гунг мешид. Худашро рафиқи наздики Аҳмадшоҳ Масъуд мегуяд. Гуё Аҳмадшоҳи Масъуд аз ӯ баъзан вақт маслиҳат мепурсидааст. Дар маҷлисҳо ҳамин ки гап аз Афғонистон рафт, курсҳои болои ва кормандон сармекунанд: Ана бо афсонаи бузаки ҷингилапо.  Як сирки таёр аст, ин пирхар

Домулло саломат бошед, ҳатман маълумотҳои дигари ҷолиб ба мо расид аз  «Т» ва агентҳои назоратии мо ҳатман ба шумо онҳоро мефиристем.

Ps: Ин нома хонандаи гиромӣ бароятон фаҳмо шуд,ки аз кадом ниҳоди қудратӣ ирсол шудааст ва ниёз ба шарҳу тафсил нест. “Ислоҳ” ҳеҷ тасарруфе тағйире изофае дар ҳеҷ куҷои ин матлаби ирсол шуда накардааст. Ягона коре мо анҷом додем ҳарфҳои навишт бо шрифти дигар буд онро тағйир ва тақдими шумо хонандаи гиромӣ намудем.

Share This Article