Э. Раҳмонов: «Дар вилояти Суғд бачаҳои Нуробод хостанд мана бикушанд?»

Ислоҳ нет

«Шумора обтон овардам, шумора раҳтон сохтам, мактабтон сохтам, духтурхонатон сохтам, ҳамиқа корора кардам. Дар ин шаҳрактон иқа ободӣ кардам ба шумо. Ман ба шумо чи кор кардам, ки шумо мана куштанӣ шудед. Дар вилояти Суғд бачаҳои Нуробод хостанд мана бикушанд, террор кунанд, ай тарафи мақомот дастгир шуданд».

Ин суханҳоро Раҳмонов рӯзи 11 сентябр дар Нуробод, дар ҷамъи мардум изҳор дошт. Ба гуфтаи Раҳмонов ин суиқасди нофарҷом ба ҷони вай рӯзи 9 сентябр, дар рӯзи ҷашни Истиқлолият дар Хуҷанд сурат гирифтааст.

 Мо, дар ин маврид беш аз ин чизе гуфта наметавонем, чун талошҳоямон ҷиҳати дарёфти маълумоти бештар феълан самар надод. Аммо, ҳамкорон ва дӯстоне, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо мо ҳастанд, ваъда карданд, ки сиҳат доштан ё надоштани ин хабарро дақиқ хоҳанд кард.

  Сухангӯйи пешини Раҳмонов доктори таърих Абдуфаттоҳ Шарифзода мегуфт, ки Раҳмонов завқи баргузорӣ ва ҷашнгирии рӯзи таваллудашро надорад. Танҳо дар ҳалқаи оила доир мекунад. Ҳалқаи оилаи Раҳмоновро мо медонем, ки чи қадар ҳаҷму ғунҷоишу масоҳату саршумор дорад: яъҷуҷу маъҷуҷ пеши ин «ҳалқа» камӣ мекунад. Хуб, бигзорем. Масоҳату масофаву саршумораш сару калаашро хурад.

 Аммо, инки рӯзи таваллудашро бо баҳонаи иди Рӯзи забони давлатӣ «давлатӣ» кард, худ баёнгари он аст ки 5 октябр дар саросари кишвар «ид» аст ва дар тақвим ҳам рангаш бо ранги идҳои дигар яксон шудааст.

Мо, ин бор тасмим гирифтем, ки дар рӯзи таваллуди Раҳмонов аз гузаштарӯзгори вай нақлу нақоил кунем ва «корҳо»-и кардаашро, ки пушти парда аст пеши саҳна оварем. Чун ба гуфтаи СС-и махуф (Саймумин Сатторович Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон) «Таърихи истиқлолият, таърихи навини давлатдории миллӣ − зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст» ва мо ҳам аз «зиндагинома»-и вай мегуем. Инҷо СС-и махуф ғалат накардааст. Аммо кизбу риёву шайтанат кор гирифтааст.

 Дуруст аст, ки зиндагиномаи Раҳмонов тавъам бо таърихи навин, пасошуравии Тоҷикистон аст. Аммо Раҳмонов дар амри ба даст овардани истиқлолият майдатарин нақш надорад. Баракс вай зидди истиқлолият ва тарафдории барқарории СССР буд. Аммо, ҳоло ин тарафи масъаларо гап намезанем. Чун «все таки ден раждени» дорад ва ҳам борҳо гуфтаем. Такрор нашавад беҳтар. Аз «зиндагинома»-аш мегуем. Ва гумон мекунем, беҳтарин ҳадя ва анъоми рӯзи таваллудаш мешавад. Ба ёди рӯзҳои ширину гуворои давраи гузаштааш меафтад ва дилаш барои дӯстони аз дунёрафтааш гум мезанад ва аз ҷумла барои Гулру Табарова, ки ҳамроҳаш суруди «Ҷону ҷигар»-ро мехонд ва низ бо номи Нуриддини тракторист ҳам рӯбарӯ мешавад:

              Соли 2002. Раҳмонов дар Кулоб

    Як бародар раиси шаҳри Кулоб буд. Раҳмонов барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ё Истиқлолият Кулоб меояд. Вайро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта аз онҷо ба бинои ҳукумати Кулоб меоянд. Раҳмонову раиси он вақтаи Кулоб Бобоҷон Мармарович барбабар аммо муовини раиси Кулоб як ё ду қадам бо фосила аз дунболи онҳо меояд.

Яке Раҳмонов дасти раиси Кулоб Бобоҷон Мармаровичро қапида ба тарафи худаш мекашад ва дар гушаш чизе мегуяд. Баъдтар дӯстон аз раиси Кулоб мепурсанд, ки Эмомалӣ дар гушат чи гуфт?

Бобоҷон Мармарович мегуяд,ки Раҳмонов дар бораи Мирзо Расулов гап зад. Мирзо Расулов муовини раиси Кулоб ва дар гузашта директори хлопзаводи шаҳри Кулоб буд.

Раҳмонов ин одамро мебинад ва аз раиси шаҳри Кулоб суол мекунад, ки «дар бари ту чи кор мекунад?»

 Раиси шаҳри Кулоб Бобоҷон Мармарович ҷавоб медиҳад, ки муовинам аст.

 Раҳмонов ба Бобоҷон Мармарович  мегуяд:  «праздника мегзаронем, баъди праздник ту и одама уволит мекунӣ, аз кор мегирӣ, чтоби ма набинамуш дар ягон кори ҳукуматӣ».

Баъд мераванд ҷашни Истиқлолиятро мегузаронанду меоянд. Раиси шаҳр Мирзо Расуловро фарёд мекунад.

«Мега, ки ҷаноб мара амитарӣ гуфт. И чи гапай? Ма ира (манзураш Раҳмонов) нафамидум»?

Мирзо Расулов аввал як ду дашноми сахт Раҳмоновро мекунад ва мегуяд:  «э.. ман ме…ом  ира»

 Ва ҳикоят мекунад, ки он солҳо, ки директори заводи пахта буд (Расулов директори хлопзаводи калонтарини вилояти Кулоб буд ва ҳама районҳо ба вай подчинатса мекарданд) Раҳмонов аз Данғара пахта меорад, чун директори совхоз буд.

Тележкаҳои пури пахтаи Раҳмонов дар роҳ хароб мешаванд ва ё соляркаашон тамом мешавад, ки назди директори заводи пахта, яъне ҳамин Мирзо Расулов даромада кумак мепурсад. Мирзо Расулов кори вайро баробар мекунад.

Пахтаи овардаи Раҳмонов чорумсорт будааст ва боз тар. Тарафи Мирзо Расулов мегуяд:  «ҳами пахтаи мара қабул кун, ма ин қадар сума бигиву пахтаи мара якум сорт қабул кун( Раҳмонов аст дигар аз ҳамон солҳо дузд ва қаллоб буд) ».

Мирзо Расулов мегуяд: «ман пахтаи тура қабул намекунам итарӣ».

Боз Раҳмонов зорию тавалло карда мегуяд: «ин сума бигиву кора буд ку»

Мегуяд намекунам: «пахтата чорум сорт, через сушилка мегирам» мегуяд. Хулоса, пахтаро через сушилка қоқ карда гарду чангашро гирифта сипас завод роҳӣ мекунад ва мегуяд, ки «ана через уҷа меграмуш». Хулоса, мегирад аммо бо сифати худи пахта, ки паст будааст.

Расулов мегуяд, ки «ҳамаи гап ҳамин, дигар ӯро (Раҳмоновро) ягон бор надидаам».

 Маълум мешавад, ки кина дар дилаш мондааст ва ба раиси Кулоб Бобоҷон Мармарович, ки дар гузашта боевики Фронти халқӣ (командири разведгруппа дар Регар) буд беҳтараш худам аризаи рафтан аз корро бинависам ва ҳамин тавр Мирзо Расуловро аз кор снимат мекунанд. Ин ҳодиса солҳои 2001ё 2002 руй дода буд. Раҳмонов хуб ин ҳолатро ба ёд дорад ҳаргиз наметавонад инкор кунад, ки ин корро накарда аст. Қасд гирифтан ва ниқор гирифтан одати ҳамешагии ӯ буд ва боқӣ мемонад.

                              Раҳмонов дар Варзоб
Солҳои 2006 Раҳмонов акнун аз қумандонҳои Фронти халқӣ ва қумандонҳои оппозитсия озод шуда гоҳ- гоҳе ба дачаи навсохтаи ҳукуматӣ, ки дар Пуғузи Варзоб аст якҷо бо рафиқонаш.

-Сафар Шералӣ бо лақаби Эзорсурхак (аз Данғара- қишлоқи Булёни поён) муовини вазири молияи онвақта.

Рамазонов Кароматулло бо лақаби Каромати сиёҳ (аз Данғара муовини раиси Тоҷикматлубот ).

– Амиршо Миралиев, раиси вилояти Хатлон бо лақаби Қунғузи сиёҳ (аз Данғара).

– Ҳукуматов, сардори хозчасти Дастгоҳи иҷрояи Президент (аз Данғара)  ин ҳама якҷо ҷамъ шуда ҳофизони дарборӣ Парда Қосимро ва Давлатманд Холов даъват карда арақи   бисёр оварда масту аласт мешуданду дар назди басейни дачаи Пуғуз отдих мекарданд.
Ҳамон рӯз, баъди арақхурии зиёд дар назди басейни дачаи Пуғузи Варзоб бо рафиқонаш нишаста арақ мехурданд. Раҳмонов руи кровати пластмасии пляжный дароз кашида анекдотҳову шухиҳои Каромати Сиёҳро, ки ҳамаро механдонд, гуш мекард. Ҳамин вақт Сафар Шералӣ, ки бисёр маст буд шухиомез ба Каромати сиёҳ мегуяд:  «зурут фақат ба ма мераса. Ку унаву колхозники гузида хов бдагира ягон прикол ку, фалонат мекуна. Ай у колхозник метарсӣ. У аку Президентай ҳичи намегуй, фақат ёфти мора прикол мекунӣ, гуфта ба тарафи Раҳмонов ишора мекунад». 

 Раҳмонов, ки баъди арақхурӣ мисли хуки ёбои нав акнун ба пушт зада дам мегирифт, таги трусӣ, ки Каромати Сиёҳ оҳиста -оҳиста рафта аз поҳояш сахт гирифта кашола карда «дар ……. калхозник, иҷа ховкунӣ омадагиӣ, бхе нй иқа овбозӣ ку ка» . гуфта уро бо ҳамон кровати пластмасии сафед ба оби басейни дача мепартояд. Аз ин ҳолат ҳамаи ҷураҳои президент дар шок меафтанд. Фикр мекунанд, ки Раҳмоновро қаҳраш карда Каромати Сиёҳро ягон гапи сахт мегуяд. Аммо аз об бо ёрдами охранаҳояш Бахтиёри барзагов ва Муроди усатий баромада тарафи Каромати Сиёҳ хандида мегуяд «эээ фалонии.., қариб ов хурда мемурдумее, даф шаве ба қилиқои безебут. Брезен арақа, ки ҳалқум қоқ шид,ташна мондем». Раҳмонов бояд дигар фаҳмад, ки ба мо ин маълумотҳо аз куҷо мерасанд?

                  Раҳмонов ва Манижа Давлатова

Данғара. Моҳи сентябри соли 2004. Туйи Исломиддини писари Нуриддини тракторист. Артисти туй Манижа Давлатова буд. Ҳама задагӣ масту аласт. Эмомалӣ Раҳмонов ба Манижа гап мепартояд ва пешниҳоди ҳамхобагӣ мекунад. Манижа посухи рад медиҳад. Раҳмонов сахт дар қаҳру ғазаб мешавад. Чунки он вақтҳо, ки замони авҷи шуҳрати Манижа буд овозаҳое шуда буд, ки гуё вай бо Мирзо ҷага, Саидшо Шамол ва Боими наркобарон бар ивази пулҳои калон «дустӣ» мекардааст. Ҳар вақте Раҳмонов пиён мешудааст, ба вай сахт алам мекардааст, ки як ҳофиза бо ким-кадомҳо мегаштаасту аммо хоҳиши манро, ки Президент ҳастам не гуфт.

 Асадулло Раҳмонов (Сумбулоғо), раиси Кумитаи телевизион ва радиоро супориш медиҳад, ки  «дигар ма я минут Манижа Давлатоваро дар телевизор ва радио ва ё дар консертхои давлатӣ набинум хонданша!!» То ба имрӯз дигар дар ягон шабакаҳои телевизионӣ Манижа Давлатова нахондааст! Ва мегуянд, ки Президент ҳар вакт мегуфтааст: «ма овози Манижара суд кадагиюм. Ин беваи …. дига овозуш бояд наброя»!
                                                

Э.Раҳмонов ҳеҷ моликияте  надорад,то закоти молашро диҳад

    Дар соли 2000 дар яке аз нишастҳои пас аз ҷашнӣ Раҳмонов, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

 Ҷиҳати таҷлил аз Рӯзи ваҳдат тарафҳои ҷангу сулҳи тоҷикон, Раҳмонов, устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода якҷо менишинанд.

  Дар аснои суҳбат Раҳмонов аз устоди марҳум Саийд Абдуллоҳи Нурӣ суол мепурсад, ки бобии домулло закоти молатро аз чанд сум медиҳӣ.

Устод посух медиҳад, ки имсол ҳисоб кардам аз 28 ҳазор доллар закоти моламро додам. Яъне 700 доллар шуда буд.

Сипас Раҳмонов аз устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҳам ин суолро мепурсад.

Устод Тураҷонзода посух медиҳад, ки аз ҳисоби ҳамон заводи пахтае, ки худатон дода будед закоти моламро баровардам. Даромад ва ҳама ончи ҳаст албатта пеши шумо маълум аст ва моликият ва тиҷорати дигаре ғайр аз ин завод надорам.

Сипас устодон ба Раҳмонов суоломез нигариста мепурсанд,ки худат чи қадар закоти молатро баровардӣ?

Э. Раҳмонов ҷавоб медиҳад,ки ман ҳиҷчи надорам,ки закот диҳам. Ин хонаву мошинҳою бустонсарову ҳама чизе,ки мебинед аз они давлат аст ва ман шахсан ҳеҷ моликияте надорам,ки аз он закоти моламро диҳам))))

                 Раҳмонов ва Гулру Табарова 

 Баъди ноком шудан аз муҳаббати Манижа Давлатова Раҳмонов ба раиси онвақтаи телевизон ва радио Асадулло Раҳмонов (Сумбулоғо) супориш медиҳад: «ягон ҳофизаи дига биёвен, ки ай Кулоб боша, ки мада не нагуя кулобим форидестай». Чанд вақт пас Сумбулоғо Эмомтапакро бо Гулру Табарова шинос мекунад. Гулру он қадар овози хуш надошт, амо базебак буд. Дар муддати кутоҳ ситораи ТВ-ҳо ва консертҳо мешаваду  яку якбора соҳиби хона ва соҳиби мошин ва аруси Президент буданашро руирост ба ҳама мегуфт!

Нуктаи аз ҳама ҷолиби ин қисса, ки ҳоло идомааш медиҳем ин аст ки Асадуллои Сумбулоғо худаш низ бо Гулру шпили вили мекардааст.  Гулру дигар бо ин робитаи танго танг бо ӯ Асадуллоро забокутоҳ карда ҳарчизеро ки мехост, дилаш мекашид, тавассути Сумбулоғо иҷро мекард.
Марҳум Нуриддини тракторист дар ишқи овозхон Саидаи Сироҷиддини калаларзонак месухт. Ҳар вақте Саида суруди «Ана гулбоғи ба боғ»-ро мехонд ва вақте ба байти  «Ана сузонад агар»  мерасид, Нуридин ключҳойи тракторро аз дасташ меафтонд ва худро мисли Мугамбо ба замин партофта ба ваҷд меомаду ба Зайнуллойи кали зард мегуфт «биёвуш, биёвуш ҳами ҳофизара биёруш пеши ма, девонам кад». Ва Саидаро чун аруси пинҳонӣ истифода мебурд ва Саида аз вай ду бача дорад.  Албатта дар ин маврид дар барномаҳои  семейка маълумоти муфассал дода будем.


  Раҳмонов ҳам, ки он солҳо ва ҳоло ҳам ҳамеша раққосаҳо ва ҳофизаҳоро тамошо мекард. Як бегоҳӣ дар ташкилии дар дачаи Алимардонов, ки бисёр задагӣ буд ва онҷо як телевизиони калон (домашний кинотеатр) буд яке Гулру Табароваро дида ба мисли кинофилми ҳиндӣ «Зуби Зуби», (Мугамбо ҳофизаеро мебинаду ба бандитҳояш супориш медиҳад, ки дуздида биёред) Раҳмонов ҳам супориш медиҳад, ки «любой ценой кофта биёред ҳами хофизара».  
Ҳамин тавр айнан чун филми ҳиндии «Танцуй,Танцуй» Эмомтапак Гулру Табароваро, ки аз минтақаи Кулоб аст, оварда шпили вили  карда буду дигар ҳамеша бо вай ишқварзӣ мекард. Як суруди Гулру Табароваро Эмомтапак сахт дӯст медоштааст. Ҳатто дар вақти танҳоӣ бо Гулру мегуфтааст, ки «ҳаму сурудта бхон кайф кунем» ва бо ин ҳофиза ин сурудро, чи хеле бо марҳум Парда Қосим «Тоҷикистон аз манӣ»-ро мехонд, якҷо мехондаанд.  
Ин суруди Гулру Табарова, ки ба Раҳмонов сахт маъқул будааст, «Ҷону ҷигар», ном дорад ва дар вақтҳои якҷоя буданашон бо хоҳиши Раҳмонов Гулру Табарова баланд-баланд мехондаасту Раҳмонов дар ҳавои овозхонии вай мисли раққосаҳо рақс мекардааст. Ин сурудро қариб сад бор монда якҷоя бо ин ҳофиза гуш мекардаанду ба Гулру мегуфтааст, ки «як бор ҳаму гапа бугу». Баъдан Гулру мувофиқи талаби Раҳмонов ба вай  мегуфтааст, ки «Наку бо ма ҷангу ситезааа, Ай ҷигарот бррезаа». Аз ин суханҳо Раҳмонов, ки сахт маст ва «кайфош транг» мешудааст, дринг- дринг дар ҷояш мепаридааст.

 Ин ҳолатҳоро Гулру дида дар назди чанд дугонааш гуфтабудаст: «ҳами одам Президенти як давлат шидай паҳҳҳ, ранги мегуй нав ай психбалница грехтагӣ боша. Наход дига одам наёфтиян ҳами девонара президент мондиян. Аз ин ҳазор бор ҳамин Асадуллои раиси телевизион инсони хубтарай», нақл мекардааст ба дугонаҳояш Гулру Табарова!! Аммо мегуфтааст Гулру «хушру мебалъад».
Баъди он ки Гулру Табарова ва Раҳмонов ЛМ-Лайливу Маҷнун шуданд, Раҳмонов бо Гулру барои сабти клипҳо ба Дубай мерафта аст.

  Гулру он қадар талант ва ё овози нотакроре надошт,аммо дигар ӯро реклама ва сурудҳояшро клип карда ба ҳама консертҳо ва маҳфилхо даъват мекарданд, ки мабодо дар назди Президент моро яке таъриф мекунад. Вазирҳо ба ин ҳофиза дигар хушомад мезаданд
                  Раҳмонов ва Амитабх Бачан
Тахминан солҳои 1995 Раҳмонов, ки нав Президент шуда буд ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома мекард, самолёт заказ карда ба Ҳиндустон сафар мекунад. Мақсади асосии Раҳмонов бо Амитабх Бачан (Виҷай аз кинофилми «Мест и закон» ) вохурдан ва якчанд минут видео кардан ва бо ӯ сурат гирифтан будааст. Аммо Амитабх Бачан Эмомалӣ Раҳмоновро қабул намекунад. Мегуяд ман ин шахсро намешиносам ва бо ӯ ягон шартнома ё ки ягон маслиҳат барои мулоқот накардаам. Агар мехоҳад бо ман вохурад пешакӣ номнавис кунад ва пешакӣ ба менеҷерони ман бигуяд, ки мақсади вохурияш чист? Ягон сенария дорад ё ки ягон ролро ба ман пешниҳод мекунад? Ба мисли дигарон дар навбат номнавис кунанд. Баъди як сол агар навбаташ омад, барои даҳ ё бист дақиқа ӯро қабул мекунам мегуяд актёри ҳиндӣ Амитабх Бачан. Ҳамин тавр Раҳмонов гушҳояш таги тоқӣ сархам гашта ба Тоҷикистон бармегардаду баъди як сол вақте навбати таъиншуда фаро мерасад омада  Амитабх Бачанро дида бо ӯ якчанд сурат мегирад ва ё селфӣ мекунад,ки аксҳояш ҳастанд!
                     Соли 2024. Раҳмонов ва Нуробод

    11сентябри соли ҷорӣ Раҳмонов ба навоҳии минтақаи Рашт сафари корӣ анҷом дод. Азбаски дар рӯзи аввали сентябр аз истиқболи кудакон-маршировка интиқод карда буд, кудакҳоро, ки аз нимаи дуввуми тобистон барои тамрини пешвозгириаш ба маршировка ҷалб карда буданд, набароврданд.

 Раҳмонов дар Нуробод маърузаашро хонд. Ва сипас қошу қавоқҳояшро гиронда бисёр ҳам недоволний яку якбора сар кард ба таҳдиду таҳқиру дуғзанӣ:

« Э,мардуми Нуробод, охир ма ба шумо чи гунаҳтон кардам, чи коратон кардам. Раҳатон сохтам, ай ҳама районе, ки аз бюҷет барош пули калон ҷудо шудагӣ ва ягон фоида надорад, райони шумо аст. Мана куштанӣ шудед дар Хуҷанд.

Дар Хуҷанд мора хабар доданд, мақомото қапидануш. Зодаи ҳамин Нуробод, дар рӯзи 9 сентябр, дар рӯзи истиқлолят, ду руз пеш»… 

Шоҳиди ин ҷаласа гуфт, ки болои мардум хеле наезжат кард. Таҳқири зиёд кард.

Сипас як муаллим аз дараи Ҳакимӣ баромада хеле таърифаш кард. Нисбаташ шеър хонд. Баъд бо дилаш мулоим шуд.

Гуфт: «Манам бачаи деҳқонум, хонаи хасӣ доштум, таги пом най партофтагӣ буду пустак партофтагӣ буду пури кайк буд».

 Ва боз ҳамон гапро гуфт, ки ман ба шумо чӣ бадӣ кардам: «Шумора обтон овардам, шумора раҳтон сохтам, мактабтон сохтам, духтурхонатон сохтам, ҳамиқа корора кардам. Дар ин шаҳрактон иқа ободӣ кардам ба шумо. Ман ба шумо чи кор кардам, ки шумо мана куштанӣ шудед. Дар вилояти Суғд бачаҳои Нуробод хостанд мана бикушанд, террор кунанд, ай тарафи мақомот дастгир шуданд».

Нафаре, ки ин маълумотҳоро  ироа кард гуфт, ки дар тамоми куҳу камари Нуробод милисаву сарбоз хобониданд. Ҳар як нафарро аз спетсконтрол гузарониданд.

Қавоқош дохтагӣ, недоволно, баъд ҳамин гапа гуфт.

Гуфт ман спетсиално омадам, ки қати шумо мардуми Нуробод суҳбат кунам. 

 Як хатиби Нурободро чухт кард, ку инҷа биё гуфт. Пурсид чанд сол хатибӣ?

  Гуфт 9 сол.

Пурсид, ки Қуръонро тафсир карда метонӣ, оятҳоро маънояшро медонӣ?

Гуфт кам-кам.

Пурсид чанд зан дорӣ?

Гуфт як зан дораму 9 кудак

Пурсид, дуруғ намегуӣ? Ва афзуд, ки агар буфаҳмам аз хатибӣ мепарӣ

Пурсид, ки барои чи именно мардуми шумо мераванд гуруҳҳои ифротӣ  дохил мешаванд: «раисҳои ҷамоатҳо бхезен аз ҷотон. Шуморо ҳамаи возможноста додагиюм чида кор намекунетон қати мардум? Ман ҷойнамозтона гирифтам? Ҳамаи воляра додагиам»

Он муллоро гуфт, ки чаро Қуръонро намефҳмед, маънои оятро намедонед.

Яке боз пурсид, ки «ман ба шумора кофирам»?

  Шумо сатр мегуед, сатр аз ислом нестай. Ин барои мо бегона аст: чизои миллӣ пушед чизои бегонаро напушед.

Ҳама сад фоиз ва гапҳои шумо аз рӯйи Қуръонанд гуфт имомхатиб. Ҳама шароитҳо муҳайё. Дар Тоҷикистон ягон вақт ин хел тинҷиву озодӣ набуд, чи коре мефорад мекунед, чор тарафатон қибла. Инами шумо ҳаҷҷи умра мерен и Ҳаҷ нест медонен?

Пас аз онки як духтарак,ки корманди Амонатбонк буд баромад карда гуфт,ки ман аз квотаи президентӣ донишгоҳ тамом кардам ва омадам ба ноҳия кор карда истодаам.

Дар ин сухан Раҳмонов ба ваҷд омада гуфт: Шумо мардуми Нуробод мардуми хубед вале бо дастонаш ишора ба тарафи Самсолиқ карда гуфт танҳо ҳамин мардумтон одамҳои хуб надоранд. Чунки аз Самсолиқ Домулло Амриддин, Мулло Абдуллоҳ қумондони саҳроӣ ва саду чанд муҷоҳид,ки аз Самсолиқ дар Афғонистон қарор дорандро дар назар дошт. Яъне пояҳои давлатдории ман аз инҳо дар заволу нобуди қарор мегирад.

Ва, хонанда ва ҳаводори муҳтарами Ислоҳ. Инҷо ин табрикномаамон ба муносибати рӯзи таваллуди Раҳмоновро ба анҷом мерасонем. Бовар дорем, ки чунин номаи табрикиро аз «зиндагинома»-и Раҳмонов касе ба ҷуз аз мо барояш ба унвони ҳадя ва анъом намефиристад. Каме ҳам бошад, Раҳмоновро дар ин рӯз ба ёди рӯзҳои гузаштааш кашондем. Хурсанд шуд ё ғамгин, кор надорем.

Аммо, агарчи рӯзи таваллудаш бошад ҳам наметавонем ин суолро аз вай напурсем, саволе, ки ҳамаамонро гиҷу гаранг кардааст, махсусан баъди майи соли 2016. Агар курсиро ба Рустам доданӣ набудаӣ, чаро Қонуни асосиро иваз кардӣ? Бархеҳо, ки аз Раҳмонов шинохти беҳтар доранд мегуянд, ки Раҳмонов то намурад вазифаро намедиҳад.Чунки ҳануз сер нашудааст.

 Вале, мисле, ки ҳоло шумори афроди дар қасди ҷонаш афтода зиёд шуда истодаанд. Бинобар охирин маълумоте, ки ба дасти мо расид Раҳмонов дар доираи сафарҳояш ба навоҳии кишвар қабл аз онки Данғара биравад ба Кулоб бояд мерафт. Гуё маълумотҳо расидааст, ки дар Кулоб баъзе мардуми норозӣ ба пешаш баромаданӣ будаанд ва ҳатто қасди ҷонаш-покушений ҳам карданӣ будаанд.

  Аҷаб! Дар Хуҷанд суиқасд карданӣ будаанд, дар Кулоб суиқасд карданӣ будаанд…шояд дар Душанбе фариштаҳо омин кунанд ва ё худаш ба ягон хулосаи даркорӣ меомада бошад?

Share This Article