Э. Раҳмонов спонсори давлати террористӣ

Ислоҳ нет

Раҳмонов ва аъзои Оилаи калони вай на фақат арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро таҳти контроли худ қарор додаанд, ҳамчунин низоми молиявӣ, бахусус системаи бонкии кишварро ҳам тасарруф ва дар итоати шахсии худ гирифтанд. Мо дар барномаҳои пешинаи худ гуфта будем, ки айни замон ҳама аъзои ин оила бонкҳои шахсии худ: Ориёнбонк, Спитаменбонк, Коммерсбонк, Тавҳидбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Душанбе-ситиро доранд.

Манбаъи муътамади «Ислоҳ» дар яке аз ниҳодҳои иқтисодии кишвар талош кардааст, маълум ва рушан созад, ки чи гуна Раҳмонов тавассути ин бонкҳо ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошида истодааст. Чунки шиори Раҳмонов ин аст: «Гур сӯзаду дег ҷӯшад»

Қисми 1. Таҳрим

24 феврали 2022 Русия ба Укроин ҳамла кард. Баъди ҳамлаи Русия давлатҳои гуногун нисбати Русия таҳримҳои сахтро ҷорӣ карданд. Ҳатто Русияро Порлумони Аврупо давлати террористӣ эълон кард.

Баъди ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбати Русия, импорти (яъне харидани маҳсулот берун аз давлат) маҳсулот аз Иттиҳоди Аврупою Амрико ба давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто Узбекистону Арманистон хело ва хело боло рафт. Ҳамчунон ҳаҷми савдои байнидавлатии миёни Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо Русия якчанд маротиба нисбат солҳои гузашта афзуд.

Расми 1.

Манбаъ: https://www.themoscowtimes.com/2024/09/16/should-the-west-sanction-russias-neighbors-in-central-asia-a86310

Давлатҳо ё он бонку шахсони алоҳида, ки қоидаҳои таҳримҳоро вайрон кардаанд, нисбати онҳо таҳримҳо ҷорӣ мекунанд. Мисол якчанд ширкатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистан ва ҳатто Тоҷикистон (Расми 2) шомили таҳримҳои дуюм дариҷаи шуданд, барои кумак ба Русия.

Таҳрими дуюмдараҷа чист?

Замоне, ки ширкат (бонк мисол) ё шахсони алоҳида ба гурехтан аз таҳрим ба Русия кумак карданд, он ширкат ё шахси алоҳида дучори таҳрими дуюмдараҷа мешавад. Аз тарафи мақомотҳои махсуси Амрико ё Иттиҳоди Аврупо.

Расми 2.

Маънбаъ: https://sanctionssearch.ofac.treas.gov/Details.aspx?id=46691

Чаро аз Тоҷикистон танҳо як нафар вороди таҳрими дуюмдараҷа шуд? Ҳоло он ки аз Узбекистон (Расми 3), Қазоқистон(Расми 4), Қирғизистон(Расми 5) даҳҳо ширкатҳо алакай дучори таҳрими дуюм дараҷа шудаанд.

Расми 3.

Расми 4.

Расми 5.

Чаро?

Ба ин савол дертар бармегардем.

Қисми 2 – «Бонки Байналмилалаи Тоҷикистон» (Международный Банк Таджикистана)

«Бонки Байналмилалии Тоҷикистон» – яке аз бонкҳоест, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ин бонки хусусӣ фаъолияти худро чуноне зикр мекунад: «хизматрасониҳои мо қарзҳо, пасандозҳо, интиқоли пул, пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ, амалиётҳои асъорӣ мебошанд.»

Бонки Миллии Тоҷикистон дар саҳифаи интернетии худ хабар медиҳад, ки ин бонк бонки хусусист. Саҳмиядорони ин бонки хусусӣ ҳам дар саҳифаи интернетии Бонки Миллӣ номбар шудаанд (Расми 6).

Расми 6.

(Маънба:https://nbt.tj/tj/banking_system/spisok_aktsionerov_bankov.php)

Ин бонки хусусӣ ҳам дар сомонааш нашр кардааст:

(Маънба:https://www.ibt.tj/about/shareholder/)

Бонки Миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сармояи оинномавии ин бонки хусусӣ баробар аст ба 341 816 000 сомонӣ, ки тақрибан муодили 32.2 миллион доллари aмрикоӣ мешавад.

Саволе ба миён меояд, ки кӣ дар Тоҷикистан беш аз 32 миллион доллари амрикоӣ дорад, барои ташкил кардани бонки хусусӣ?

Ҷавоб, албатта аҳли оилаи президенти Тоҷикистон, «муҳтарам Пешвои Миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат» Эмомали Раҳмонов мебошад.

Радио Озодӣ хабар медиҳад:

Саҳмдорони Бонки Байналмилалии ҶСП «Тоҷик Катеринг Сервис», ки 58,5% саҳмияҳо доранд ва шахсони воқеӣ – Холов Шералӣ (23,1%) ва Мирзоалиев Б. (18,5%) мебошанд. Аммо дар сомонаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ин бонк дар заминаи «Стандарт финанс» ташкил шудааст. Тибқи маълумоти махзани Кумитаи андоз, «Стандарт финанс» ширкати суғуртавии «Стандарт-Бима» ва ширкати лизингии «Стандарт Иҷора»-ро таъсис доданд. Молики ин ду ширкат Гулов Ҷамшед аст.

Гулов Ҷамшед бародари домоди президент Ашраф Гулов аст. Падари Гуловҳо Шералӣ Гул то соли 2013 вазири энергетика буд. Ӯро гунаҳкори асосии кризиси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон меноманд.

Худи Ҷамшед Гулов ҳоло ба ҳайси муовини раиси ширкати «Газпромнефт»-и Тоҷикистон кор мекунад. Гулов ба пули онҳо институти энергетикии Москваро «хатм» кардааст.”.

(Маънба: https://ozodandishon.org/2018/05/03/%d1%81%d0%b5%d0%bc%d0%b5%d0%b9%d0%bd%d1%8b%d0%b9-%d0%b1%d0%b0%d0%bd%d0%ba-%d0%ba%d0%be%d0%bc%d1%83-%d0%bf%d1%80%d0%b8%d0%bd%d0%b0%d0%b4%d0%bb%d0%b5%d0%b6%d0%b0%d1%82-%d1%82%d0%b0%d0%b4%d0%b6%d0%b8/)

Идома, ин бонки хусуси бонки «Halyk Bank Tajikistan»-po соҳиб мешавад, ки соли 2008 Бонки Миллии Тоҷикистон ба ин бонк рухсатнома барои фаъолияти бонки дода буд.

Диққат диҳед:

(Маънба: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20230926/kazahskii-bank-s-amerikanskimi-kornyami-nameren-otkrit-svoe-podrazdelenie-v-tadzhikistane)

Инвесторони Қазоқистон, ки дар соҳаи молия ва фаъолияти бонкӣ кор мекарданд, онҳо бозори бонкии Тоҷикистонро бесамар номиданд ва нахостанд дар ин бозори ташкил карда иштирок бикунанд.

(Манбаъ: https://rus.ozodi.org/a/32141423.html)

Ҳоло ин ки ҳамин бонки хусусии яке аз фарзандони оилаи Эмомалӣ Раҳмонов соли 2022, 92.5 миллион сомонӣ фоида ба даст оварданд.

(Маънба:https://rus.ozodi.org/a/32316831.html)

Фоидаи ин бонки яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмонов дар як сол 4 баробар зиёд шуд. Агар соли 2021 ин бонк 21 миллион сомонӣ фоида ба даст оварда бошанд, соли 2022 фоидаи ин бонк ба 92.5миллион сомонӣ расид.

(Манбаъ::https://asiaplustj.info/news/tajikistan/economic/20230403/tadzhikskie-banki-zavershili-2022-god-s-visokoi-pribilyu-kto-otlichilsya-bolshe-vseh)

Каме маълумот оиди саҳмдорони ин бонки хусусии «ОИЛА»-вӣ.

Чи тавре ки дар боло зикр кардем, яке аз саҳмдорони «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ЗАО «СКАЙ КЕЙТЕРИНГ» ё боз номи дигари ин ширкат «Таджик Кейтеринг Сервис» мебошад.

ЗАО «СКАЙ КЕЙТЕРИНГ» («Таджик Кейтеринг Сервис») – ҶСП «Sky Catering» дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ғизои дохили ҳавопайморо пешкаш мекунад.

Расми 7.

(Маънба:https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20210129/nbt-razreshil-kompanii-skai-keitering-rabotat-s-invalyutoi)

Нашрияи «Азия Плюс» хабар медиҳад, ки ба ин ширкат Бонки Миллии Тоҷикистон рухсати савдоро бо асъори хориҷӣ додааст. Инчунин «Азия Плюс» хабар медиҳад, ки ин ширкати оилаи Эмомалӣ Раҳмонов соҳиби ҷоизаҳо ҳам гаштааст. Барои хуракаҳои пастсифати ҳавопаймоҳои Тоҷикистон бошад, магар?.

Расми 8.

(Манбаъ:https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20150716/zao-tadzhik-keitering-servis-nagrazhdeno-premiei-international-star-leadership-quality)

Ҳамчунон нусхаи барномаи махсуси дастгирии Ҳукумати Тоҷикистонро дарёфтем. Дар он барномаи дастгирӣ гуфта шудааст, ки ширкати «Тоҷик Айр» ба ширкати домоди Эмомалӣ Раҳмонов беш аз 2 миллион сомонӣ қарздор ҳаст.

Расми 9.

(Маънба: http://portali-huquqi.tj/publicadliya/view_qonunhoview.php?showdetail=&asosi_id=21413)

Чуноне ки мебинем, раиси ҶСП «Скай Кейтеринг» Холов Шералӣ (100% саҳмия дорад), ҳоло ин ки ширкати ҶСП «Скай Кейтеринг» 77% саҳмияи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон»-ро дар даст дорад. Яъне мо метавонем гуфт, ки ин 100% аз они шавҳари яке аз духтарони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳаст.

Қисми 3 – Ёрдами бонкии оилаи Эмомалӣ Раҳмонов барои гурехтан аз таҳримҳо, ба Русия.

Бонки Байналмилалии Тоҷикистон ба Русия ва шаҳрвандони ӯ ёрии худро мерасонад, барои гурехтан аз таҳримҳо. Мухолифон аз вазорату департаментҳои махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо талаб дорад, то ки таҳрими дуюмдараҷа нисбати ин бонк ҷорӣ карда бишавад.

Бонки зикр шуда бо ВТБ- бонки Русия якҷоя кор мекунад. Чуноне ба мо маълум шуд, муштариёни ВТБ- бонки Русия транзаксияҳои худро, ки бо асъори хориҷист (мисол доллари амрикоӣ ё евро) тариқи корте, ки аз тарафи Бонки байналмилалии Тоҷикистон дода шудааст, иҷро мекунанд. Муштариёни бонки зикр шудаи Русия ҳатто ба Тоҷикистон наомада аз Русия он кортҳои дебитии худро мегиранд, ки ин худ дар асл вайрон кардани қонунҳои худи Тоҷикистон ҳам ҳаст. Мо ҳайронем, ки Бонки Миллии Тоҷикистон куҷоро нигоҳ мекарда бошад?.

Дар поён расми суҳбати яке аз муштариёни шаҳрванди Русия бо намояндаи Бонки Байналмилали Тоҷикистон.

Расми 10.

(Манбаъ: https://vc.ru/u/1860365-nikolay-lavrov/693467-tadzhikskii-ibt-bank-kak-ya-poteryal-100-tysyach-rublei)

Боз бештар намунаи кори ин бонк:

Расми 11.

Расми 12.

Расми 13.

Расми 14.

Дар расми 14 яке аз менеҷерҳоро мебинем, ки худ ёрӣ медиҳад барои кушодани корти ВИЗА ба шаҳрвандони Русия.

Агар хонандаи ин мақола боварӣ надошта бошад худ метавонад, ба манбаи зикршуда дохил шуда худ саволу ҷавоб бикунад бо менеҷерҳои ВТБ -бонки Русия, оиди кушодани корти ВИЗА.

Дар охир як навореро нишон медиҳем, ки онро блогерони Рус дар каналу сомонаҳои худ нишон медиҳанд.

Манбаъ: (аз дақиқаи 6:50 то 8:18): https://www.youtube.com/watch?v=knFjJJnz0AA

Хонандаи ин мақола худ қазоват бикунад ва суол бикунад аз Бонки Миллии Тоҷикистон, ки чаро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бонки оилаи Президент Эмомалӣ Раҳмонов вайрон мешавад?. Инчунин департаменту мақомот ва сафоратҳои давлатҳои ғарбӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон ва алалхусус аз худи Президент пурсанд, ки чаро бонки оилаи ӯ ба давлати зери таҳрими байналмиллӣ қароргирифтаи Русия ёрӣ мерасонад.

Ҳамчунин ба мо маълум шуд, ки якчанд шахсон бо пули Русия, тариқи ёрдами бонки оилаи Раҳмонов аз Дубаю дигар кишварҳо хонаҳо хариданд. Инчунин маълумотҳои дигаре низ дар даст дорем ва рӯяш корд орем,ки Оила ҳар маблағе аз кишвар ба даст меоваранд онҳоро ба бонкҳои офшорӣ ва ширкатҳои сохтаи худ бо номҳои афроди хориҷии подставной ирсол мекунанд. Аммо Э.Раҳмонов аз тоҷирон хоҳиш мекунад ба ватан баргардед ва дар кишвар сармоягузорӣ куне два обод кунед кишварро. Агар воқеан ободиро мехоҳад пас чаро оилаи худаш маблағҳое аз кишвар ба дасташон омадаро ба хориҷ таҳвил мекунанду дар дохил сармоягузорӣ намекунанд, то кишварро обод намоянд?. Ё ин ҷалби Э.Раҳмонов аз тоҷирон ва сармоягузорон ба хотири он аст,ки аз беру номада сармоягузори кунанд,ки Оила он пулҳоро мусодира карда гиранду ба хориҷ ирсол намоянд?

Share This Article