«Фабрика ва ё ҳамон фермаи ҷавоб» шакл ва равиши кори худро тағйир дода аст. Яке ду моҳи ахир бо ҷалби мақомоти давлатӣ дар навоҳӣ ситодҳои муқовимат бар алайҳи «Ислоҳ»-ро ташкил кардааст. Феълан ин ситодҳо дар дастгоҳҳои ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф созмондеҳӣ шудаанд. Як бахши бузурге дар «Дастгоҳи иҷрояи президент ва Додситонии кулл ҳам амал мекунанд». Мо, ҳоло роҷеъ ноҳияи Шаҳристон, ки умдатан узбакзабон аст ва чанд гоҳи ахир сокинони он, муаллимҳо ва табибон дар барномаҳои онлайнии мо ширкат мекунанд, матлабе таҳия кардаем. Ин матлаб мебоист дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» мерафт, вале азбаски перомуни муҳтавои он гуфтаҳо зиёд шуданд, лозим донистем, ки бо шарҳу тавзеҳе онро алоҳида мунташир намоем.

Ислоҳ нет

                                  «Мобилизатсия»!!!

               алайҳи «Ислоҳ.ТВ» дар Шаҳристон  

    Қарор аст муаллимони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳристон бар зидди «Ислоҳ» суҳбат карда ва дар барномаҳои онлайнии мо ширкат кунанд. Онҳо тавре бояд суҳбат намоянд, ки Муҳаммадиқболро ошуфта ва ба ғазаб оваранд. Ҳадафи асосӣ камранг ва беарзишу бетаъсир сохтани мухолифин ва баракс таърифу тавсифи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Мақомот аз афзоиши рейтинг-эътибори сиёсиву иҷтимоии масъули Ислоҳ ба шиддат нигарон шуда эҳсоси хавфу хатар карда истодаанд.

Манбаъи “Ислоҳ” аз КДАМи марказӣ : Аз тарафи ҳукумати ноҳияи Шаҳристон супориш шудааст, ки дар санаи 6 сентябр омӯзгорони МТМУ№ 9 дар «Ислоҳ.ТВ» (3 омӯзгор) баромад карда дар бораи ободиву озодии ватан сухани худро баён кунад: «Дар ин мубориза директори муассиса иштирок доранд, бояд, ки дигар муаллимон аз директор омузад. Дирктори муассиса Худоёрова». Албатта номҳои ду нафараш назди мо маҳфӯз аст бо тамоми мушаххасот ва шахсияташон. Ҳангоми баромадашон пардабардорӣ хоҳем кард.

 Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Ҳоло иллати ҳуҷуми бархе аз омӯзгорону табибон ва шахсиятҳои алоҳидаи ноҳияи Шаҳристон ба барномаи «Минбари муҳоҷир»«Ислоҳ.ТВ» саддарсад дақиқ ва рӯшан шуд. Ҳукумати ин ноҳия як ситод ташкил кардааст.

   Гуфта мешавад, ки ин ситод пилотӣ (пилотний проект) будааст ва агар муваффақ бишавад таҷриба ва кори онро дар навоҳии дигари ҷумҳурӣ ба роҳ мемонанд. Ин барномаи пилотӣ аз бюҷети ҷумҳурӣ хароҷот талаб намекунад. Кормандони он бо маоши вазифавие, ки доранд онро иҷро мекунанд. Дуруст аст ки дар Айнӣ ва Зафаробод ҳам айни ин барнома дар ҳоли иҷро аст аммо Шаҳристон ба унвони улгу ва намуна бояд истифода бишавад. Барои иҷрои ин кор як нафар аз бахши идеологии ҳукумати ноҳия-бахши робита бо ҷомеа ва як нафар аз шуъбаи маориф аз кори рӯзмараашон ҷудо шуда ба ҳамин кори ташили ситоди зидди “Ислоҳ” ва Муҳаммадиқбол масъул ва маъмур шудаанд. Умедашон ин аст ки кори «Фабрика ва ё фермаи ҷавоб»-ро минбаъд ҳамин ситод анҷом медиҳад.

Акнун маълум мешавад, ки чаро нависандаҳои ферма дар ин авохир камфаъолият шудаанд.

Ва, ҳоло дар бораи вазъияти яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Шаҳристон, матлаберо аз қавли як сокини ин ноҳия пешкашатон мекунем:

   «Ба мактаби №9 мебоист вазири маорифи Тоҷикистон меомад. Моро соати 5-и субҳ фарёд карданд. Муаллим ва муаллимаҳо гирду атроф, дохил, саҳнаи мактабро тозаву озода карданд, рӯфтанд, об зада ташрифи қудуми ҷаноби вазирро мунтазир истоданд.

Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд омад. Ӯ омад, аммо як сомонӣ ёрдам накард. Баракс, барои вай гусфанд куштем.100 сомонӣ аз ҳамаи омӯзгорон пул ҷамъ карданд. Пеши вай дастурхон кушодаву аз кадом ҷойҳое катҳоро оварданд.

  Раҷаббой Аҳмадзода ваъда карда буд, ки доскаи электронӣ туҳфа мекунд. Аммо ҳатто каробкаашро наовард.

 Қофлонбой бо як намуд мошинҳое омад, ки хиёл кардем мошин неву самолёт аст.  Мошинҳое, ки аз хона калон. Бо телехҳояш омад. Фаромаду як ин тарафу он тарафашро нигоҳ карду «ҳа сохтисоден мӣ,сохтан гитон гуфт» ва бо ҳамин тамом, тарафи ҷойи «ташкилӣ» хурданиба рафт.

  Вале дар Фейсбук дидам, ки навишта истодаанд Раҷаббой ба муассисаи таълими № 9 Шаҳристон омад ва барои ин муассиса ин қадар сомонӣ ҷудо кард. Ин навиштаҳо комилан дурӯғ аст ва ин дурӯғгӯҳо дуруғро ба мардум нишон дода истодаанд. Дар сомонаи раиси вилоят гуфта шудааст, ки барои бунёди ин мактаб 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки « бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорону сокинон бунёди синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дошта сохта мешавад.»

  Аммо, ин дурӯғи маҳз аст.

Бинобар маълумоте, ки мо дорем,аз тарафи ҳукумати ноҳия барои сохтмони ин мактаб дар аввал 500 ва дуюмбора 50 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо он сумҳо ба мо нарасид. Ба ин суву ба он су мекашанду дар охир дирам карда меоранд. Маълум не, ки ин роҳбар аст ё кадом раҳзану дузд. Муҳосиби мактаб мегуяд, ин қадар хурда истодааст, ки дар гуфтан дуруст намеояд. Инҳо ин қадар мехуранд. Фақат ишкамҳояшон калон шуда истодааст. Ягон рӯз ишкамҳояшон мекафад.

 Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳияи Шаҳристон, Маликов, сардори Раёсати молия дуздони асосианд. Мо намедонем ин пулҳо куҷо рафта истодааст.

 Бинои мактаби мо куҳна буд. 20синфхонаро вайрон карда дар ҷои он 10 синфхонаи нав сохта истодаанд. Ин 20 синфхона вақти шуравӣ сохта шуда буд. Сохти тарҳи бино ба шакли ҳарфи «Т» буд. Ин «Т»-ро кала ва як почаашро вайрон кардем. Яъне  20 синфхона бо ҳашари мардум тахриб гардид. Аз даруни ин 20 синфхона масолеҳи сохтмонии зиёд, махсусан тахтаҳои зиёд баромад. Ҳамаи тахтаҳо дар ҳолати корӣ қарор доштанд, чунки тахтаҳои «российский» буданд. Мо гуфтем, ки ин ҳама тахтаҳоро истифода мебарему хеле муассиса харҷаш камтар мешавд. Чунки зарурати хариди тахта барои фарш ва боми мактаб намемонад, чунки бисёр буд. Баҳузур мерасид. Мо мардҳо ҳамаи тахтаҳоро ҷудо кардаем. Тахта шифер, хишт ва хокро ҷудо карда мондем.

Аммо раиси ноҳия, ҷамоат, директори мактаб ин ҳамаро фурӯхта тамом карданд. Мактаби пешина калон буд. Масолеҳи сохтмонии беруномада аз мактаби пешина ки ҳамааш маҳсулоти шуравӣ буд сифати хуб дошт, агарчи  куҳна буд вале истифода бурда мешуд. Тахтаҳои аз СССР монда дар асл  ягон зарра айб надоштанд. Тахтаҳои боқувват ва паҳнбару ғафс буданд. Ҳамаашро фурухтанд. Директор ҳама чизро фурухта тамом кард. Мактабро 100% аз ҳисоби мардум сохта истодааст. Ҳоло боз аз ҳар оила 1000 сомонӣ ҷамъ карданд. Муҳоҷирони кории дар Русия бударо ҳам руихат карда аз зар кадоми онҳо 2000 сомонӣ гирифтанд. 

Як кори дигари дар ин мактаб воқеъафторо бароятон мегуям.

Подвал-таҳхонаи мактабро муаллимаҳо сохтанд. Дар ягон давлати дунё ин кор нашудааст. Занҳо муаллимаҳои мактаб подвалро канда хоку регашро бо занбару ароба бароварда сутунҳои сементиву арматурро ҷо карда сохтанд. Бепул, ройгон.

Албатта занҳо кор мекунанд. Аммо зани омузгор дар куҷо подвали мактаб сохтааст? Ин чи давлат аст? Агар давлат як муассиса сохта натавонад, барои  чи омада мактаби мардумро вайрон кард? Бигзор, куҳна ҳам буд, меистод. Дар Данғара пул ёфта чандин донишгоҳу коллеҷҳоро сохта тавонист, чаро як мактаби одиро ба мо сохта намедиҳад? Бояд мактабро давлат созад. Аммо гуфтанием, ки агар ёрӣ карда натавонистӣ зиён ҳам нарасон.

  Аз ин тараф мебиёянду мехуранд аз он тараф мебиёянду мехуранд. То кай мехуред? То кай мардумро ин қадар азоб медиҳад?

Бародар, ман ин маълумотҳоро фиристодам ки ҳақиқати ҳол ошкор шавад. Ва ин дуруғчиҳо баромада дурӯғ-дурӯғ таъриф накунанд

  Ман дар ҳамин мактаб муаллим ҳастам. Журнал пулакӣ-35 сомонӣ. Аз талабаҳо ҷамъ мекунем. Сари талаба 2 сомонӣ. Пул барои суғурта ҷамъ карда мешавад. Роҳбарони синф аз талабаҳо пул ҷамъ мекунанд: таъмири синф, таъмири мактаб, фалончӣ- 20 сомонӣ фалончӣ 5,10 сомонӣ ва ғайра. Руихат доранд роҳбаони синфҳо. Аз ҳама нороҳаткунанда ва нафратовар ин ҷамъоварии пули китоб аст. Ягон китоб бепул нест. Китобҳоро ба хонанда иҷора медиҳем. Як китоб то се сол ба иҷора дода мешавад. Баъди се сол ройгон аст. Аммо ин хел нест. Китобҳое ҳаст, ки шалақи шалақанд ва аз се сол зиёд истифода шудаанд. Аммо ҳамонҳо ҳам пулакӣ-1 сомонӣ. Боз такрор мекунам, ки ягон китоб бепул нест. Аз хонандаҳо соле нест, ки 25 ё 30 сомонӣ барои обуна нагиранд. Таъмири мактаб мешавад, намешавад, ҳатман пул мегиранд-40 сомонӣ. Ягон нафар аз телевизиони вилоят ояд 5 сомонӣ, аз телевизиони республика ояд 10 сомонӣ, ягон артист меояду консерт мекунад: даҳ сомонӣ. Ҳақонӣ мардум монда шудаанд. Хонандаро мехезонӣ, мегуяд пулам нест. Намедонӣ чи кор кунӣ. Падару модараш надорад. Баъзеҳо чор- панҷ бачаи мактабхон дорад, кор нест. Ё падар ё модар дар муҳоҷират. Пул фиристад медиҳанд, нафиристад додан наметавонад. Боз ятиму нимятим ҳо ҳастанд. Бояд эҳтиёт бошӣ. Аммо ин тавр нест. Барои бӯр пул ҷамъ мекунем. Маҷбур мекунанд: моро директор, директорро мудири маориф, мудирро раиси ноҳия ва расиро аз боло. Аз шуъбаи маориф занг задан мегиранд: канӣ пули китоб, канӣ пули суғурта, канӣ пули ….

   Яке аз омӯзгорони ноҳия аз «Минбари муҳоҷир» мегуфт хуроки хонандаҳо аз тарафи давлат дода мешавад. Аз тарафи давлат ягон чи намедиҳанд. Аз падару модар пул ҷамъ мекунад, пули орд, пули нон, пули картошка, сабзиву пиёз, пули повур. Аз деҳаҳо металабанд. Хонандаҳоро водор месозем, ки10 килоӣ сабзӣ, пиёз, картошка биоваранд. Ана ин аст аст аҳвол, мана ин аст ободӣ.

   Дар деҳаамон мо пул надорем. Пулро вақти шуравӣ сохта буданд, сел гирифту бурд. 30 сол мешавад пул надорем. Ин чи тараққиву ин чи ободӣ аст, ки бархе аз чоплусон баромада гап мезананд.

Ҳоло, мо муаллимҳоро маҷбур карда истодаанд, ки бо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» иштирок карда дар бораи ободӣ гап занем, таъриф кунем.

200 адад страпил буд. Ин 200 ададро гирифта бурданд. Мо мактабро бо ҳашар сохта истодаем. 200то тахтаро бурда 63 то гашта оварданд. Боқиашро дуздиданд. Раиси ноҳия тахтаҳоро дуздид. Боз пул ҷамъ карда харидем.

 Раиси КГБ  Кенҷаев Дилшод маҷлис карду гуфт, ки агар бо Муҳаммадиқбол гап мезанетон подвал мефарорам. Чаро подвал мефарорад, подвал чи хел ҷой аст, мо намедонем.

Дар «Минбари муҳоҷир» чанд шаҳристонӣ, асосан муаллимҳо, гап заданд. Бовар кунед, ки  ягонтои онҳо бо хоҳиши худ гап задагӣ нестанд. Маҷбур кардагӣ ҳамаашонро ва боз дар наздашон меистанду гапашон нишон метиянд,ки инхел гу онхел гу. Агар диққат диҳед садоҳоро худатон мешунавед чашмонашон ҳатто ба сӯйи он барашон будагиҳо мегардад борҳо.  

Беш аз бист кас дар барномаҳои «Минбари муҳоҷир» суҳбат кард. Аммо, ба худо қасам ягонтои онҳо ҳарфи ростро нагуфтанд. Ҳақиқатро, воқеиятро пинҳон доштанд. Балки дуруғи рӯирост гуфтанд. Мутаассифона одамҳо то ба ин ҳад тарсончак шудаанд. Одамони калонсол баромада дуруғ гуфта истоданд. Чунки онҳоро маҷбур карда истодаанд. Ҳар касеро ягон ҷойи сустиашро ёфта бо он таҳдид мекунанд. Яке чанд сотих бештар замин дорад, яке як дукон ё чойхона дорад, яке фарзандаш ба сини даъвати аскарӣ расидааст.

Ҳамин ҳодисаи дар деҳаи Лакат рух додаро бинед, ки чи тобишҳое дода истодаанд.

Магар ҳукумат, магар органи давлатӣ, магар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин гапро мегуяд?

Духтар бо он ҷавон мегаштааст ва барои онки он ҷавонро биқапанд духтарро приманка кардаанд. Ин кор на аз лиҳози қонун ва на аз лиҳози ахлоқ иҷозат аст.

Ин шеваи кори милиса не, ин кори дуздону авбошону дигарҳо ҳаст. Давлат ҳамин хел кор мекунад? Обруву иззат ва эътибору ҳайсияти шаҳрванд ва худи давлат куҷо меравад?

Дар деҳаи мо бист хоҷагӣ аз як крани хурд об мегиранд, таъмин карда наметавонад. Як соат об медиҳад. Мо лалмӣ шудем .Ин куҷояш пешравӣ аст? Об фақат барои хурдан нест, ҷомашуӣ ҳаст, оббозӣ ҳаст. Об надорем. Ин чи ободӣ аст,ин чи пешравӣ, ин чи истиқлол аст. Мо шароити минималии зиндагӣ  надорем. 

    Ман шахсан худам аз вуҷуди шабакаи «Ислоҳ» як моҳ пештар дарак ёфтам. Хурсанд шудам, ки одамони ҳақгӯ ҳоло ҳастанд, дунё холӣ нест. Ман дар бораи шумо ба тамоми шиносҳоям гуфтам. Ҳозир ҳама бо хонаводаҳо тамошо мекунем. Ин муаллимҳои бечораро маҷбур мекунанд, ки таъриф кунанд.

  Моро дуруя карда истодаанд, дуруғгу карда истодаанд. Бо яке аз ин омузгорҳо суҳбат кардам. Гуфт напурс: Ман аз Ислоҳу Муҳаммадиқбол дарак надоштам. Маҷбур карда бурданд. Баъди барнома боз маро дашном карданд, ки гап зада натавонистӣ, чи ба тарафи мо нигоҳ кардӣ, бояд ба камера нигоҳ карда гап мезадӣ. Акнун худам ҳар барномаи Ислоҳро тамошо мекунам, худо умрашро дароз кунад. Ҳамаи гапҳояш рост аст. Ҳаёту ҳақиқатро, кӣ будани ин ҳукумат ва Раҳмоновро мефаҳмед.

Аммо, баъзе аз омузгорон метарсанд, ки бинанд. Мегуянд,ки мабодое нақападамон.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин нафаре, ки дар барномаи «Минбари муҳоҷир» баромада гап зад дар бахши идеологияи ҳукумати Шаҳристон кор мекунад. Ҳар рӯз мисли мушу каламуш аз пайи шумо аст: кӣ мебинад, кӣ даромада аст, кӣ гапҳоро мебарорад. Тамоми баромадҳои омузгорони Шаҳристонро ҳамин бача ташкил карда истодааст. Баъзе аз ин омузгорҳо тамоман интернет ва Ютубро намефаҳманд намедонанд.Ҳамин Авлиёқулов Уктам,ки дар барномаатон гап зад, маълум буд,ки чизеро намефаҳмид. Шумо савол додед, ки ба чи хел Ютуб  дохил мешавӣ, чизе ҷавоб дода натавонист.

 Ҳоло он бачаи бахши идеология санаи баромади муаллимҳоро пешакӣ  таъин карда аст.

«Дар ҳар мактаб бояд се, чор омузгор пешакӣ омода шавад. Фалон мактаб дар фалон рӯз ва фалончиҳо бояд гап зананд. Фалончиҳо бояд пеши ман оянд дар ҳамон рӯз. Ман таъин мекунам, мефаҳмонам, ту даромада Муҳаммадиқбол қатӣ гап мезанӣ. Чизе гуяд ҳам тоқат мекунӣ, ба ғазаб намеоӣ,ҳ ақорат намекунӣ».

Ба муаллимҳо ана ҳамин хел условия монда истодааст: «Агар сарпечӣ кардӣ маошата намегирӣ, маошат гардонида мешад. Ин супориш аз боло. Дар ягон ҷо арзу шикоят карда наметавонӣ. Инро худи Ҷаноб гуфтагӣ».

Он омӯзгорони бечора аз кадом қишлоқ омада ними шаб пеши вай мешинанд, ё дар ҳукумат ё дар маориф. Уктам Авлиёқулов дар бинои маориф бо шумо гап зада буд. Ҳамон банери пушти Авлиёқулов дар бинои маориф аст, ҳама шинохт.

Хулоса, бародар Муҳаммадиқбол вазири маориф ба деҳаи мо наомад. Мо соати панҷуним рафта будем.

 Ҷаноби вазир дар Шаҳристон як истироҳатгоҳе ҳаст, ки дар  миёни мардум бо номи «чехиски» маъурф аст. Онҷо Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Озода ва камтар дигар тараф Амонулло Ҳукумов дачаҳо доранд. Ман намедонаму аммо одамҳое, ки сафар кардаву дидаанд гуфтанд, ки вақте онҷо мефароӣ, гумон мекунеӣ, ки Швейцария омада бошӣ. Беҳуда ҷаноб Тоҷикистон биҳишти рӯи замин намегуяд. Вазири маориф ба ҳамон дачаҳо рафтаву истироҳат кардааст. Омадани ӯ ба мактаби мо «отказ» шудааст.

Мардум умедвор буд, ки як бор вазир омада аҳволро бинад, аз тарафи давлат ёрдам расонад. Ягон чизи зарурӣ ба мактаб туҳфа кунд ё инки маблағ ҷудо кунад, хуллас ягон фоидааш расад. Аммо фаҳмидем,ки барои вай «дамгирӣ» аз мактаб муҳимтар будааст.  

P.S

Ду рӯзи пеш мудирони мактаб ва муовинини онҳо оид ба таълим ва тарбияро таъҷилан ба ҳукумати ноҳия барои маҷлис даъват карданд. Мераванд. Масъала ва мавзуъ якто: «Ислоҳ», «Минбари муҳоҷир» ва Муҳаммадиқболи Садриддин.

Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳия гап мезанад, дасту пояш меларзад, сухан аз даҳонаш гум мешавад. «Инҳо ҳамааш дуруғ мегуянд. Инҳо душманони Пешвои моянд. Инҳо хоинонанд. Бовар накунед, Инҳо террористанд». Тамоми ду соат зиёд гапи задигаиш ҳамин мазмун дошт.

  Сардори амният Кенҷаев Дилшод гап зад: «Мо, меёбем, ки кӣ бо Муҳаммадиқбол «связ» дорад, гапҳоро ба вай мерасонад. Ягон кас бо шумо связ накунад. Шумо гуед,ки ҳама чиз хуб аст, ҳама чиз олӣ аст. Ҷаноби Олиро таъриф кунед. Ободиҳоро гуед».

 Сардори амният директорҳоро хезонду гуфт, ки шумо бояд талабаҳо, муаллимҳо ва мардумро противи Муҳаммадиқбол кунед, Домкомҳоро фаҳмонед, ки дар маҳалҳо ба мардум фаҳмонанд, ки Муҳаммадиҷбол Ислоҳ инҳо террористанд, тамошо накунанд. Бо мардум суҳбат гузаронед.

Бародар Муҳаммадиқбол! Бахудо қасам рост мегуям. То ҳамин як моҳ, якуним моҳи пеш мардуми деҳаи мо аслан шуморо намедониистанд, намешинохтанд. Касе намедонист, касе намешинохтатон.Аммо имрӯз дар мактаб ҳама мешносад, Талабҳо дар бораи Ислоҳ ва шумо гап мезананд. Дар забони ҳама  Шаҳристониҳо «Ислоҳ.ТВ» ва «Минбари муҳоҷир» ва номи Шумо.

 Ман дар бораи муллоҳо ва имомхатиб Абдувосит баъдтар менависам. Аммо як чизро фаҳмед, ки ин муллоҳоро амният шин гуяд мешинад, рав гуяд мераванд, хоб рав гуяд, дар вақти мавъизаашон бошад ҳам, дар сари минбари масҷид бошанд ҳам, чашмонашонро мепушонанд, «хоб» мераванд. Аммо ҷавонҳо аз дидани «Ислоҳ» чашмашон бедор шуд,

тамошо карда истодаанд. Бовар кунед,соати 8 маҷлис сар шуду соати 13.00 тамом шуд.

Раиси ноҳия гуфт,ки Муҳаммадиқбол айб ва камбудӣ наёфта истодааст дар бораи пули формаи мактабу буру журнал гап зада истодааст. Проблемаи буру журнал проблемаи калон нест. Аммо амният таҳдид кард, ки мо меёбем одамони бо «Ислоҳ» робита ва маълумотҳоро мерасонидаро. Гуфт, ки касе бо Муҳаммадиқбол алоқа дорад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Аз як чети дунё ин қадар тарсонидед инҳоя  пеши ваёба биёен чи?

Share This Article