Фармоишгарҳо ҳам маълум шуданд, «Красавчик»-ро русҳо чаро намедиҳанд?  

Ислоҳ нет

    Як нигоҳи кутоҳ ба ҳавлу ҳоли тафтишот ва ахбору маълумотҳое, ки вобаста ба қазияи Шуҳрат Исматуллоев мақомот «утечка» мекунанд, кофист, мутмаин бишавем, ки дар нопадидшавии ин муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов, ки дигар яқин аст зинда нест, худи Раҳмонов даст дорад, балки дастури «безарар» гардонӣ, куштани Шӯҳрат Исматуллоевро худи ӯ содир кардааст. Маълумоти дигаре, ки ба дасти мо расид, аз он мегуяд, ки куштори Шуҳрат Исматуллоевро Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозода бо ҳам нақша кашида ва ба иҷро даровардаанд. Дар навиштаҳои пешинаамон бо такя ба маълумотҳои расида аз тафтишот ва баъзе аз афроди огоҳ дар ин бора гуфта будем. Аз он ҷумла дар ин бора ҳам гуфта будем, ки ин куштор тавассути Шоҳрух Саидов, сардори УУР ва бачахони худи Эмомалӣ Раҳмонов ба анҷом расонида шудааст. Ин бор дар бораи муҷриёни амалиёти қатли Шуҳрат Исматуллоев намегӯем, мавод ҳоло дар дасти коркард аст. Аммо инки чаро Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозода Шӯҳратро ба куштан доданд, дастури куштанашро доданд, чи коре баде дар ҳақи онҳо анҷом дода будро инҷо мегӯем. Вале аввал як бори дигар аз худи Шӯҳрат ва масъулият ва мақоми вай ва кору вазифаи ӯ ва инки вай чи миссияеро адо мекард, то чи андоза фигура ва муҳраи муҳиму гаронарзише буд, то куҷо дар даруни ганҷ ва хазина ва дороиҳо, беҳтараш бигӯем дуздиҳои Ҳасан ва Раҳмонов даромада ва то чи ҳад сиру асрори онҳоро медонист, ёдовар мешавем ва худи шумо ҳам бар ин натиҷа мерасед, ки Дилшоди «красавчик» ва Рустам Ашӯров ва дигарҳо, ки дар нақши қотилони ин бонкир муаррифӣ ва шиносоӣ шудаанд, дар асл онҳо ин кушторо анҷом додаанд ва ё ин ҳама як бозие дигар аст, ҳамчуноне, ки қаблан низ чунин бозиҳои пурвоҳима ва пурҳангомаеро ташкил карда буданд, ки сохта ва ташкилӣ будани онҳо намоён буд. Масалан фирори 25 маҳбус дар тобистони соли 2010 аз зиндони шадиде, ки таҳти контроли сахти даҳҳо спетслужба аст ва ё баргузории «ошуб»-и ҳоҷӣ Ҳалим дар со ли 2015 ва ба дунбол қатъи фаъолияти расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Яъне аз ин гуна амалиётҳои комилан дуруғин, ки худашон ташкил карданду бори сари дигарҳо карданд.

Қазияи бар сари Шӯҳрат Исматуллоев омада, беҳтар аст бигӯем оварда низ кори худашон аст вале ончунон як дуруғи бузурге сохтаанду доранд идомааш медиҳанд, ки мардум бовар бикунад, ки Дилшоди красавчик ва ҳамроҳонаш Шӯҳрат Исматуллоевро барои ғасбу тасарруфи криптовалютаҳояш дуздидаанд ва ӯро куштанду рӯ ба фирор оварданд. Ҳамин тавр, хеле осону роҳат баромаданду рафтанд. Хуб, гуфтем, ки дар ин бора мегӯем, вале як каме поинтар. Ҳоло бори дигар аз худи Шӯҳрат бигӯем.

Шуҳрат чи гуна муҳраи калиде буд ?

    Шуҳрат Исматуллоев, ҳамчуноне дар навиштаҳои пешина гуфтем, яке аз кормандони калидии «Ориёнбонк» ва нафари муҳим барои Оила ба ҳисоб мерафт. Назорати маблағҳо ва дахлу харҷи ширкати «Барқи тоҷик», неругоҳи «Роғун», ширкати «Сомонайр», «Талко» ва «Тоҷиккабел», неругоҳи Норак, харидуфурӯши асъори хориҷӣ, конвертатсияи маблағҳои ширкату муассиса ва афроди алоҳида, ки бо ин корхонаҳо ҳамкорӣ мекунандро дар «Ориёнбонк» ҳамин Шуҳрат Исматуллоев идора ва контрол мекард. Барои конвертатсияи пул то 2% ҳақ мегирифт. 70% ба 30 маблағҳоро тақсим мекард. Яъне агар шумо ба 100.000 доллар барои ширкати «Барқи тоҷик» трансформатор меовардед, 70% онро ба таври нақд аз они худ мекард ва 30% онро ба шумо медод. Вале ин 100.000 шумо ба камияш 500.000 доллар нархгузорӣ мешуд ва шумо ҳам аз ин тарзи «муомила»100% розӣ мешудед, Ҳамин тавр барои онки ба ширкати “Барқи тоҷик” ё неругоҳи Роғун як таҷҳизотро аз хориҷа дастрас намоед ба ҳангоми интиқоли пул, ки сомониро ба доллар ё евро бадал мекунед 2% онро мегирифт. Гап дар сари он аст ки тамоми ҳисобҳои бонкии ин ширкату корхонаҳо, ки дар боло тазаккур додем, дар «Ориёнбонк» -анд ва ҳамаи маблағҳои онҳоро маҳз ҳамин Шуҳрат Исматуллоев мудирият, тақсим ва назорат мекардааст.

Иллати асосии афзоиши нархи проекти сотмони неругоҳи Роғун аз 4 миллирад то ба наздики 10 миллирад ва шояд то ба охир ба 15 миллиард доллар ҳам бирасад, маҳз ҳамин ба маротибаҳо зиёд нишон додан ва изофанависӣ аст.

Албатта, дар ин кор Шӯҳрат Исматуллоев танҳо набуд. Дар ин кор бо Шуҳрат ҳатман худи Ҳасан Асадуллозода, Давлаталӣ Сайидов, ки муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буд, Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллӣ ҳамроҳ будаанд, ки аммо ин ҳолат мавзӯъи як матлаб ва шояд чанд матлаби алоҳида аст, ки дар оянда интишор хоҳад шуд. Аммо, дар ҳамаи ин дуздиҳову ғорату тороҷҳо худи Раҳмонов Эмомалӣ дасти тамом доштааст. Ҳанӯз вақте ки аз бюҷети солонаи давлат ҳар сол барои сохтмони Роғун 220 миллион доллар болотар аз 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо мешаваду ин пулро минфин ба «Ориёнбонк» мегузаронад, Раҳмонов 10% ҳақи худро мегирифтааст ва ҳамин 10%-ро Шуҳрат Исматуллоев ба ҳисобҳои оффшории Раҳмонов перевод мекардааст. Шуҳрат ҳамчунин пулҳои фуруши неруи барқ ба Узбакистон ва Афғонистонро ҳам таҳти «назорат» дошта маҳз ӯ «доля»-ҳиссаи Пешвои муаззами миллатро мустақим ба суратҳисобҳои оффшориаш ба хориҷа мегузаронидааст. Чуноне тазаккураш рафт, суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов ва коду рамзи онҳоро дар хориҷа ҳамин Шӯҳрат контрол мекардааст.

   Гурбаи сиёҳ байни Ҳасану Шӯҳрат кай ва чаро гузашт?

 Дар тафтиш-ревизияи ахирини фаъолияти молиявии  «Ориёнбонк» ба маблағи 300 миллион доллар камомад, харҷи беасос ва ба ё забони фаҳмотар бигӯем, дуздӣ ошкор мешавад. Ин тафтиш кай ва бо иштироки чи касоне баргузор шудааст, номаълум. Вале як чиз мушаххас аст ки тафтиш таҳти раҳбарии Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ кор мекард, сурат гирифтааст. Бадтар аз ин, дар кори тафтиши молиявии фаъолияти «Ориёнбонк» мутахассис ё мутахассисоне аз як муассисаи байналмилалии аудитӣ низ ширкат доштааст ва маълумотҳо на фақат ба Раҳмонов, ҳамчунин ба дафтари марказии ин муассиса ҳам расидааст ва ҳоло ҳеҷ яке аз ширкатҳои аудити байналмилалӣ ҳозир нестанд, ки бо «Ориёнбонк» ҷиҳати тафтиши фаъолияти вай ҳамкорӣ кунанд.

  Албатта, ин 300 миллион доллари камомадро худи Ҳасан истифода кардааст ва барои мисол Шуҳрат ҳиҷ ҷуръате, ки як тини бонкро бидуни огоҳӣ ва муталеъ сохтан бигирад, надорад. Як манбаъи мо, ки феълан дар ҳайати комиссияи таҳқиқи қазияи Шӯҳрат Исматуллоев дар додситонӣ кор мекунад гуфт, ки масъалаи норасоӣ «нехватка»-и пул ҳанӯз аз 8-10 сол дар «Ориёнбонк» ба вуҷуд омада буд. Шералӣ Кабиров, ки он замон финансисти Ҳасан Асадуллозода буд, дар як ҷамъомад нохоста пукидааст, ки Ҳасан 150 миллион доллари бонкро ба корҳои шахсияш масраф кардааст ва ҳоло намедонем ин камомадро аз куҷо пӯшонем.

  Вале Ҳасан ба язнааш Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, ки ин пулро ман бо худат хурдаам, танҳо ман нестам, ки ин қадар пул харҷ карда бошам. (Бояд инро бигӯем, ки Ҳасан 70 бача дорад ва ҳоло як шуморе аз онҳо дар як детсад парвариш карда мешаванд ва бархеашон аллакай донишомӯзанд. Ҳамин тавр, гуфта мешавад, ки бачаҳои ҳаромӣ ва ё шояд никоҳии худи Раҳмонов (ба ҷуз аз зоидагиҳои Азизмои газетхонак) аз 40 нафар ҳам зиёд будаанд.) Ҳасан ба Раҳмонов мегуяд, ки бояд як роҳи чорае ҷуему аз ин проблема халос шавем.

 Ва ҳамин тавр язнаву додарарус роҳи халосиро дар «убрат» кардани Шӯҳрат Исматуллоев мебинанд, то ки бо ин васила ҳама чизро ба номи ӯ «свалит» ва «списат» кунанд. 

Аз тарафи дигар худи Шуҳрат ҳам барои як чунин қарори Раҳмонов «повод» дода будааст. Хариди самолёти шахсӣ ва маблағи он(92 миллион доллар) косаи сабри Раҳмоновро барои имзо гузоштани ин қарор лабрез кардааст. Мо, намедонем, ки ба чанд миллион, вале Шуҳрат Исматуллоев дар хариди самолёти хусусӣ ба Раҳмонов барои худаш ҳам кор кардааст.
Қабл аз ин ҳам Шӯҳрат Исматуллоев дар хариди самолётҳо барои ширкати «Сомонайр»-и Ҳасан Асадуллозода даҳҳо миллион доллар «кор» карда будааст. Аз чаҳор адад самолётҳои ахиран харидоришуда, ба камияш аз ҳар кадоме 16 миллиондолларӣ даромади соф доштааст. Вай дар аснод дигар рақамро нишон дода вале «фактически» бо нархи арзонтар харидорӣ мекардааст ва инро мегуфтаанд, ки «откат».

Шӯҳрат Исматуллоев ҳамчунин аз ҳисоби долларҳои нақдӣ, ки Ориёнбонк аз Бонки миллӣ мегирифт низ тавассути валютчикҳои шиносаш пули калон ба даст меовардааст. Афзун бар ин вай ба хеле аз тоҷирон аз ҳисоби пули шахсии худаш қарзи бо протсент медодааст. Ва, ин тоҷирон ҳам бо майли тамом аз вай қарз мегирифтаанд. Аз ҷумла ҳамин Қамар Азизови домсози ваҳдатӣ, ки акнун дар балои сахт дармондааст ва ба унвони узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дастгир шудааст. Дар ҳоле, ки аслан ҳиҷ дахлу рабте ба ин қазия надорад.

Зимнан, тамоми харҷу масраф ва даромаду оидоти «Сомонайр»-ро низ, ҳамчуноне гуфтем Шӯҳрат Исматуллоев бар уҳда дошт. Ба ҳисоби миёна Сомонайр ҳамарӯза 8 парвози рафту баргашт дорад ва ба ҳисоби камтарин 300 мусофирро дар ин 8 парвоз мекашонад, ки арзонтарин нархи чиптаи онҳо 300 долларӣ аст. Шумо ҳосили зарби ин 8 рейс бо 300 мусофир ва бо 300 доллар баҳои чиптаро муайян кунеду бинед, ки дар рӯз, сипас, моҳ ва ниҳоят солона дар «Сомонайр» Шуҳрат Исматуллоев чи миқдори маблағро контрол мекард? Бар изофа суратҳисобҳои вазорати мудофиа, умури дохила ҳам дар «Ориёнбонк» будааст. Метавон гуфт, ки 70 дар сади маблағҳои ширкату корхонаҳои асосии Тоҷикистон дар дасти «Ориёнбонк» қарор дорад ва ин маблағҳо чи тавр масраф ва обу лой мешаванд, дар ихтиёри Шӯҳрат Исматуллоев буд. Агар ба забони одиву содатар ва мардумӣ бигӯем Шӯҳрат Исматуллоев як инструменти дасти худи Ҳасан ва Раҳмонов барои дуздӣ, ғорат ва талаву тороҷи пули халқ ва давлат буд. Инки ӯ кадом бонкири муваффақ бошад, як дуруғи шохдор асту бас. Фақат инки хеле огоҳ ва вориди кор буд ва супоришу дастурҳоро саривақт ва тибқи қоида дуруст мекард. Шӯҳрат ғорату дуздӣ мекарду Ҳасан ва Раҳмоновро бой мекард, яъне ҷайби халқро бар суди Ҳасан ва Раҳмонов меафшонду холӣ мекард. Барои онки аз лабаш ба худаш ҳам мерасид. Ва, чуноне гуфтанд, ҳамин аз «лабаш расидан»-ҳо аз 200 миллион доллар ҳам гузаштааст ва Шуҳрат сокиту бесадо ба яке аз миллионерҳои Тоҷикистон бадал шудааст ва он ҳам дар таги фуки худи Раҳмонов. Дар ҳоле, ки Раҳмонов ҳиҷ гоҳ иҷозат надодааст, ки дар давру бари ӯ нафаре ҷудо аз оила ғанӣ ва бойи сахт бишавад. Чунин нафарро вай таҳаммул карда наметавонад ва накардааст. Чунин нафаронро, ки дар ҳузури вай маъруфу пулдор шудаанд ё зиндон кардааст, ё бо ин ё он васила куштааст ва ё ба ҳадде ҷафидаву макидааст, ки чизашон намонд ва ё тавре кардааст, ки ночор тарки ватан кунанд.

Инҷо чанд нафаре аз онҳоро ном мебарем: Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Султон Қувватов, устод Сайид Абдуллои Нурӣ, Маъруф Орифов (Орима) Зайд Саидов, Раҷабалӣ Одинаев (Умед-88) ва чандин нафари номдору пулдорро ё зиндонӣ кард ва ё заҳр доду кушт ва моликияти аксарияти инҳоро бар суди худу хонаводааш мусодира кард. Дороиҳои Абдуҳалим Назарзодаро ҳам байни ҳам тарака карданд. Аммо нафароне мисли Муродалӣ Алимардон, собиқ раиси Бонки миллӣ, Ҳаким Ҳусейнович Солиев, собиқ раиси Кумитаи андоз, Ҷамшед Зиёев, раиси «Тоҷпромбонк», Тоҷиддин Пиров, раиси «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба ҳадде ҷафиду ҷушиду такид ва мисли кана хуни танашонро макид, ки маслан ҳоло Муродалӣ Алимардон ҳатто пули барои хариди билет надорад ва ё Ҳаким Солиев ҳам ягон рӯзе ягон шиносаш ресторан даъват кунад , барояш ид аст. Исматулло Ҳаёеви писари Иззатулло Ҳаёев, раиси фирмаи ХИМА-ро ончунон шикасту леҳ карду дороиҳояшро кашиду гирифту ниҳоят худашро барои давраҳои тулонӣ равонаи зиндон кард, ки ҳатто наздиктарин афродаш аз бераҳмиву хунхории вай ангушти тааҷҷуб газиданд. Дар ҳамон филми туйи Рустам, ки ҳоло ҳам дар фазои маҷозӣ тоб мехурад, худаш бо даҳони худаш Иззатулло Ҳаёевро падар ва пири давлаташ эълон мекунад аммо писари ӯро на барои дуздиву ғорат, балки барои он зиндонӣ кард, ки қарзи гирифтаашро дода натавонист. Ин ҳам дар ҳоле, ки баҳои залоги мондааш аз маблағи қарзи гирифтааш гаронтар аст ва дар тамоми дунё қоидаи бонк ин аст ки агар маблағро барнагардонд, ҳамон залоги монда ба фоидаи бонк гузаронида мешавда, на инки нафар бояд ҳам залогро бидиҳад ва ҳам зиндон бишавад. Ширкати «Олим-текстайлз» ва сарнавишти Ҷамшед Абдулови раиси он ҳам бадтар аз ҳоли ин нафарон аст. Аммо Раҳмонов дар нисбати Ҳаёев, ки мисли як муаллим ӯро дарси давлатдорӣ омӯхт фақат бо зиндонӣ кардани писараш иктифо накард. Манзили зисти ӯро ҳам, ки дар паҳлуи хонааш қарор дошт, оқибат кашида гирифту ба хонаи худаш мулҳақ кард. Аввалҳо байни деворашон дарбача доштанд ва ҳар вақте мехост меомад аз Ҳаёев мепурсиду маслиҳат мекард. Вале, баъдан ба баҳонаи безопасност ин дарбачаро мебандад, деворро чанд метр баланд мебардорад ва ниҳоят ба хулосае меояд, ки хонаро бигирад. Ҳам хонаи Ҳаёев ва ҳам хонаи Раҳмон Набиевро Эмомалӣ Раҳмонов кашида гирифтааст. Мегуянд, ки дар вақташ Муродалӣ Алимардон дар рӯз як пачка ду пачка долларро хайру садақа мекард, ҳоло худаш зори садақа аст ки ягон кас биравад ягон чизаш бидиҳад. Бачаи Ҳаким Ҳусейнович Солиевро зиндонӣ карда тамоми дороиҳояшро бар ивази раҳоияш гирифта баъд сар доданд. Ҳамин бародари Муродалӣ Алимардонро ҳам аввал наздики 100 миллион сомониашро гирифта ва боз тамоми рамаву фермаҳо ва дороиҳои дигарашро гирифта баъд озод мекунад. Барои онки Алимардонов бифаҳмад, ки Раҳмонов «серезний» асту кадом тараҳҳуме намекунад, худашро ҳам чанд бор ба «допрос» даъват карда буданд.

Айни замон пулдорҳои Тоҷикистон силовикҳо ҳастанд: масалан СС.Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Сулаймон Султони коррупсия ва Юсуф Раҳмон, ки инҳоро ҳам рӯзу соаташон дар пеш аст. Вале феълан камар баставу дастҳо пеши бар дар хидмати Пешвои муаззаманд.

 Ба ҳамин тариқ Шӯҳрат Исматуллоев ҳам, новобаста аз онки барои инҳо мисли як саги вафодор хидмат мекард ва мисли як ғулом ҳалқабаргӯшу фармонбардор буд, аммо азбаски «чужой» ва аз оила набуд, як рӯз не як рӯз кушта мегардид ва ин рӯзро ҳамин 300 миллион камбуди Ҳасан Асадуллозода дар «Ориёнбонк» зудтар ва пештар овард.

Ҳамчуноне тазаккураш рафт нақшаи куштори Шӯҳрат Исматуллевро худи Раҳмонов ва Ҳасан якҷоя кашидаанд. Раҳмонов, бо ин вуҷуд, ки ҳоло тамоми амалиётҳои бонкӣ дар Ориёнбонкро бар уҳдаи Заринаи духтараш гузоштаанд ва ба эҳтимоли зиёд Зарина ба ҳамин наздикиҳо ҷойи Ҳасан дар Ориёнбонкро бигирад, ба Ҳасан бовар дорад ва бовар дорад, ки Ҳасан пулҳои ӯро намедуздад. Ҳасан дар воқеъ ба пулҳои Раҳмонов намерасидааст, аммо харҷу масрафаш зиёд мешавад ва камкам аз пулҳои язнааш ҳам гирифта будааст. Аммо ин рақам ба 300 миллион доллар мерасад ва онро тафтишоти бонк ошкор мекунад ва боз бадбахтӣ дар он аст ки дар ҳайати ин гурӯҳи тафтишот мутахассиси аудити байналмилалӣ ҳам ҳузур доштааст. Раҳмонов ва Ҳасан ба ҳамин қарор меоянд, ки бо «убрат» кардани Шӯҳрат Исматуллоев ҳама камбуду норасоиҳоро бори ӯ мекунанду бо ҳамин ҷони худро наҷот медиҳанд. Яъне Шуҳрат ин пулҳоро бидуни согласияи роҳбарияти бонк криптовалюта харидааст ва Дилшоди красавчику ҳамроҳонаш, бигзор ҳатто аз ЧВК «Вагнер» криптовалютаҳоро аз вай гирифтанду худашро кушта ба об партофтанд ва об ҳам Шуҳратро, ҳам коду рамзҳои криптовалютаҳоро ва ҳам он 300 миллион доллар «нехватка»-дуздии Ҳасанро бурд. Тамом.

  Рустам Ашӯров, Дилшоди красавчик ва ЧВК Вагнер

Тафтишот, акнун талош дорад, ки «заднитса»-и Раҳмонов ва Ҳасанро тоза кунад. Барои онки ин корро бикунад, бояд тафтишотро тул диҳад, ба чапғалат барад ва ҳарчи зиёдтар ҷомеаро гумроҳ бисозад.

То ҳамин ҳоло улики асосиашон ҳамин навори суҳбати Рустам Ашӯров бо модараш аст ки дар шабакаҳои маҷозӣ нашр шуд. Ончуноне маълум гардид, фосилаи байни ҳодисаи қатли ду корманди фурудгоҳи Кишинев аз тарафи Рустам Ашӯров ва куштори худи Рустам Ашӯров аз тарфи хадамоти вижаи Молдова 5-6 соатро дар бар гирифтааст. Модари Рустам, ки тоҷир будааст, дар он рӯзҳо дар Туркия зиндагӣ мекардааст ва сӯҳбатро ҳам бо писараш аз ҳаминҷо анҷом додааст. Ба эҳтимоли зиёд суҳбати Рустам ва модарашро нафаре аз сафорати Тоҷикистон ва намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Туркия анҷом додааст, чун дар ин фосила мақомоти тоҷик аз ҳодиса огоҳ шуда ва ҷинояти одамрабоии Шуҳратро бори вай кардаанд. Ва, ба модараш бо ин ваъда, ки агар инро эътироф кунад, Дилшодро гунаҳкор созад, бармегардонему ҷазои сабуктар медиҳему боз дар амнистияи навбатӣ озодаш мекунем, ӯро ба «гап» ғалтонидаанд. Вагарна, бо тамоми ашкрезиҳо ва доду вовайлоҳои ин модар ҳолати равонии ӯ нисбатан ором аст ва модареро намемонад, ки дақоиқи охири ҳаёти писарашро бо чашми сар мебинад. Як навъ оромиш дар ӯ вуҷуд дорад, агарчи гиряву нола мекунад.

    Исми Дилшоди красавчик аз забони ҳамин Рустам Ашӯров садо дод. Агар Дилшод ва ҳамроҳонаш, ҳамчуноне, ки тафтишот мегуяд, як сол аст ки дар сафи ЧВК Вагнер бошанд, боз чи гуна дар ин муддат Шуҳрат Исматуллоевро «под наблюдений» қарор додаанд. Ҳам ҷанг мекунанд дар ҳазорҳо килметр дур ва ҳам наблюдат мекунанд дар ватан?

 Аз ҳама кори машкук ва нигаронкунандаи мақомот ин аст ки ҳоло бидуни кадом далели муваҷҷаҳ ва асоси воқеӣ, танҳо бар асоси суҳбати Рустам Ашуров Дилшоди красавчик ва ҳамроҳони вайро қотил эълон кардаанд. Ҳоло на тафтишот исбот кардааст, на суд баргузор шудааст ва на аз ҳама асосӣ ҷасад ёфт шудааст, аммо эълон карда истодаанд, ки Шӯҳратро Дилшод куштааст. Ин саросемагӣ ва ин аҷалаву шитоб, ки саддарсад хилофи қонун аст ба хотири чӣ ва чаро?

Магар ба хотири онки мардум бовар кунад, ки Раҳмонову Ҳасан инҷо даст надоранд? Магар Ҳасан аз куҷо медонад ва муайян кардааст, ки Шӯҳрат дигар зинда нест ва ба шарикону ҳамкорони хориҷиву дохилии Ориёнбонк нома зада дар ин бора хабар додааст? Ҳасан аз куҷо медонад, ки Шуҳрат кушта шудааст, зинда нест? Ҳасан бо ин кор дасти худашро рӯ накард, худашро ифшо насохт?

То вақте ҷасад пайдо нашудааст, танҳо бо нишондоди шубҳаовари як нафаре, ки маълум нест то куҷо дуруст мегӯяд, мешавад натиҷа гирифту мутмаин шуд? Ба эҳтимоли зиёд ин коргари МВД ва ё сафорат модари Рустамро фиреб додаву гул зада бошад, ки агар ин ҳарфҳоро бо Рустам дар миён бигзорад, ӯро мақомоти тоҷик пас мегиранду дар ниҳоят ҳукми камтаре додаву озодаш мекунанд ва ӯ ҳам ба ин ваъдаи хушку холӣ бовар карда бошад. Муҳим инҷо қотили асосиро халос кардан аст, дигар чизе нест.

Бубинед, ки тарзи суҳбати модари Рустам бо Рустам чи гуна аст? Ин дар ҳоле, ки Рустам панҷ рӯзи тамом, аз рӯзи 25 июн то 30 июн дар назди ӯ, дар Туркия қарор дошт.  Албатта, шояд бипурсед, ки пас, агар Рустам шарик набуд, чаро ду корманди пулиси фурудгоҳро кушт? Дуруст аст. Ин савол ҳатман пеш меояд. Вале, ки метавонад кафолат диҳад, ки пушти ин ҳама чи чизҳое дигар метавонад вуҷуд дошта бошад. Масалан зикри номи Дилшоди красавчик. Дилшоди красвчик хеле орому роҳат бо занаш аз фурудгоҳ меравад Маскав ва дар онҷо мефаҳмад, ки чунин ҳодиса шудааст ва роҳеро ба ҷуз аз пайвастан ба ЧВК «Вагнер» намебинад, чун дар ғайри сурат ҳатман дастгир ва истирдод мешуд.

Аҷиб инҷост ки ин гурӯҳ як сол аз пушти Шуҳрат наблюдат мекардаанду боз аз Қамари домсоз «маълумоту хабар» мегирифтаанд, чун рафиқи Шуҳрат будааст. Магар Шуҳрат коргари Моссад ё Ми-6 буд, ки ин қадар ноошнову ношинос бошад ва ба ғайр аз ин вай ҳатто як муҳофиз ҳам бо худ намегардонидааст. Яъне ёфтану ба гарав гирифтани вай ду карат ду будааст.

Тафтишот ин “ҳодисаҳоро бо ҳам соединят кард-ҳодисаи фурудгоҳи Кишиневро бо рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев ва ҳоло акнун зӯр зада истодаанд, ки онро воқеӣ ҷилва диҳад ва ҳамон «заднитса»-ро халос кунад.”

Ҳамин ҳоло ҳам савол ин аст ки чаро  Рустам Ашӯров ҷойи партофтани мошин бо ҷасади Шӯҳрат Исматуллоевро нагуфт? Дар бораи Дилшод, дар бораи куштор, дар бораи биткоин гап зад, аммо ҷойи патофтани ҷасадро нагуфт. Чаро?

  Мо, боз ҳам ба сари ин андешаем, ки ҷасади Шӯҳрат мисли ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ, хабарнигори араби мухолифи шоҳи Арабистони Саудӣ ва валиаҳди вай дар кислота несту нобуд карда шудааст ва ин ҳама кофтукобу дарёҷуиҳо як назарфиребие, як чашмбандии бузурге беш нест. Инки Шӯҳрат зинда нестро, мо аз аввал гуфта будем ва инки ӯро дар дарё партофтаандро мақомот гуфта буд.

Нукта дигаре, ки ахиран аз он огоҳ шудем нашри матлаби нав дар СССР аст. Маълум аст ки СССР моли кист ва ба кӣ хидмат мекунад. Дар ин матлаб ҳам таъкид ва тасдиқ карда мешавад, ки қотил Дилшоди красавчик аст. Дилшоди красавчик дӯсти писари Рустам Холиқов будааст. Рустам Холиқов, собиқ раиси Тоҷикайр, ки ҳоло бо ҷурми дигар дар боздошт аст. Як бародари Рустам Ашӯров бошад домоди Рустам Холиқов будааст. Яъне ин ишораҳо бар он аст ки болои сари Рустам Холиқов зоғҳои сиёҳ парпар карда истодаанд ва имкон дорад қатли Шуҳрат Исматуллоевро бори вай мекунанд ва ё ӯро ҳам мисли чандин нафари бегуноҳи дигар, ки дар ин қазия шарик карда истодаанд, шарик меҳисобанд. Гуё писари Рустам Холиқов, ки Суҳроб ном доштааст, бо Дилшоди красавчик шиносу дар ин қазия даст дорад ва барои ҳамин ҳоло дар фирор қарор дорад.

P.S

Дар охирин лаҳзаҳо, ки навиштаро дар сафҳа кашол мекардем, ду хабари дигар расид.

  Яке ин аст ки дар ҳақиқат мақомот феълан парвандаро тавре пеш бурда истодаанд,ки Рустам Холиқов, имрӯз ё фардо фармоишгари ин қатл эълон мешавад. Инҷо суҳбат аз кадом як маблағи бузурги қарзӣ миёни Рустам Холиқов ва Ориёнбонк Ҳасан Асадуллозода  меравад. Холиқов, ки бародари Рустам домоди роднояш будааст, тавассути ҳамин домодаш Рустам ва Дилшоди красавчикро барои аз Шуҳрат ситонидани маблағ ва бозгардонидани қарзи Ҳасан медуздидаанд ва пулро мегирифтаанду сараш медодаанд.  Аммо нохоста ӯ кушта мешавад.Албатта, ин як фарзияе бисёр ҳам хушку боварнакарданӣ аст вале ҳамин дар обработкаи мақомот қарор дорад.

Хабари дуввум ин аст ки мақомоти тоҷик мутмаин нестанд, балки ба хубӣ медонистаанд, ки Дилшоди красавчик дар ЧВК «Вагнер» паноҳ набурдааст. Вай дар Русия мебошад вале,бо кадом сабабу мулоҳизоте мақомоти Русия аз таслими ӯ ба мақомоти Тоҷикистон сарфи назар кардаанд. Яъне русҳо ӯро таҳти ҳимояти худ гирифта ва ба истирдодаш мухолифат кардаанд. Як чунин ҳолат дар равобити миёни ду кишвар иттифоқ науфтодааст ва афтода бошад ҳам бисёр ба нудрат. Дар ҳамон матлаби ахири СССР ҳам ишораҳо мешавад, ки Дилшоди красавчик «тибқи овозаҳо ба ЧВК Вагнер пайваст; хабаре, ки таъйиду такзибаш ҳоло номумкин аст. Вале вақт нишон медиҳад, ки онҳо ун ҷо ҳастанд ва ё на?»

Қазияи дуздӣ ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси Ориёнбонк беш аз пеш доғтар мешавад. Агарчи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон, ба шумули пайвандони худи Шуҳрат бисёр мехоҳанд, ки ӯ зинда бошад, аммо мақомот ва худи Ҳасан Асадуллозода бидуни онки далели кофӣ ва муваҷҷаҳ дошта бошанд, таъйид мекунанд, ки ӯ дигар зинда нест. Шубҳаовар нест?

Share This Article