Дар деҳаи Ноҷии ҷамоати Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор фермаи ширии чорвопарварӣ мавҷуд аст. Пештар аз они Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини Бонки миллӣ, муовини сарвазир ва раиси «Агроинвестбонк» буд. Баъд аз онки «Агроинвестонк» муфлис ва варшикаста шуд, тамоми сарвату дороиҳои ҷамъоварикардаи ӯ аз ҷумла ҳамин фермаро ғасб карданд. Дар вақташ Алимардонов ҳам қариб тамоми заминҳои Тоҷикистонро гирифта буд.
“Аз паҳлуи деҳаи Ноҷӣ дарёчае ҷорӣ мешавад. Аз оби он 5 -6 деҳа истифода мекунад. Вале пасоби ин ферма ба дарё мерезад. 24 соат об бӯи пешобу ахлоти чорво мекунад. Дар бӯи бад ва ифлоси он таҳаммул кардан ғайриимкон аст.”
Ранги об сип- сиёҳ. Мардуми деҳаҳои поён аз ин об истифода мекунанд, ҳам барои ғизо, ҳам барои мазореъ. Аз идораи ҳифзи муҳити зист-экология ҳар баҳор омада нафаронеро, ки дар соҳили дарё чорво мебанданд, ҷарима мекунанд. Вақте аз онҳо мепурсем, ки чаро фермаро ҷарима намекунед, пеши роҳашро намегиред, мегӯянд, ки зӯри мо ба ин намерасад, вай аз они калонҳост.
“Ҳозир фермаро Таҳминаҷон (Таҳмина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов) гирифтааст. Таҳмина тамоми заминҳову чарогоҳҳову ширкати «Баракат»-ро аз они худ карда аст ва бо шавҳараш идора мекунад. Ширкати «Баракат» аз они Муродалӣ Алимардонов буд, ки ба номи бародараш Пардалӣ сабт шуда буд. Аммо вақти «разборка» ва талаву тороҷ кардани сарватҳои Муродалӣ Алимардоновроонро ҳам тасарруф карданд. Пардаалии бародари Алимардоновро ба ҳабс гирифта сол доданд. Вай ва бародараш барои озод кардан боқимондаи чизу чораашонро ба бачаҳои Эмомалӣ Раҳмонов ва домодҳояш доданд.”
Ширкати «Баракат» як наҳанги уқёнусро мемонад. Ҳазорҳо гектар замини ангуру себу анору олуи сиёҳу ғайраву ғайра дошт. Ҳазорҳо гектар замини пахта, даҳҳо адад фермаи говҳои ҳолландиву олмониву суисӣ, ки рӯзона 40-50 литр шир медоданд. Шумораи атарҳои гусфандонаш ҳам ба касе маълум набуд. Ҳамаи ин дороиҳо натиҷаи дуздиҳои муштараки Эмомалӣ Раҳмонов ва Муродалӣ Алимардонов дар солҳои раиси Бонки миллӣ будани Алимардонов пайдову бунёд шудаанд. Дурусту дақиқ аз ҳисоби ҳамон 800у чанд миллион доллар кумаки Сандуқи байналмилалии пул ин ҳамаро сохтанд ва баъдан ин плро ба Бонки миллӣ қисм-қисм баргардонд.
“Дар болодастии заминҳои Ноҷӣ дигар ягон нафар аз сокинони маҳаллӣ замин надоранд. Ҳамааш ҳоло дар ихтиёри Таҳмина гузаштааст. Алимардонов дар даруни куҳи дараи деҳаи Ноҷӣ 5адад дача пӯшонида буд. Раҳмонов ҷояш ҳамеша ҳаминҷо буд. Инҷо бадмастиву бевабозӣ мекард.”
Бинобар нақли яке аз масъулони пештараи Ҳисор, дар ҳамон рӯзе, ки ҷашни 3000-солагии Ҳисор доир мешавад, шабона, баъди хатми чорабиниҳои ҷашнӣ Раҳмонов ба Душанбе барнамегардад ва ба ҳамон дачаҳо меравад. Шаб арақи зиёд хӯрда маст мешавад ва соати 2-и шаб маҷбур мекунад, ки бояд маркази шаҳри Ҳисорро бираванду шабона тамошо кунанд. Он дача дар баландии куҳ ва тахминан 25-30 километр дуртар ыойгир аст ва шабона соати 2 рафтан ба Ҳисор албатта, бемушкил нест. Хулоса меоянду тамошо мекунанд ва бармегарданд. Азизмои занаш, ки ҳамроҳаш буд меояду тамоми дашномро болои сараш мерезад: «хари пиён» мегӯяду «пирхари бадмаст» .Алимардонов ва чанд тани дигари ҳамқадаҳи Раҳмонов аввал худро аз чашми Азизмо дур мегиранд. Вале баъди як каме пойин омадани хашми Азизмо бармегарданд.
“Аммо ҳоло ин дачаҳоро тортанак задаст. Заминҳо ҳам он тавр ҳосилдиҳанда нестанд. Фермаи калони Алимардоновро сарбозони вазорати мудофиа нигоҳубин мекуннад. Говҳои ферма ҳам батадриҷ кам шуда истодааст. Ҳар рӯз хабари як дуздӣ дар ин ферма паҳн мешавад. Охир дузддухтар ва шавҳараш онро идора мекунанд. Инҳо фақад “захват”ро медонанду тамом. Идораи ҳеҷ кореро то имрӯз ёд нагирифтаанд. Танҳо бояд ғасб карда гиранд ,аз худашон шуд дигар фаромӯш мекунанд чунин чизе доранд. Боз дар фикри гирифтани моли тоҷири дигаре мешаванд.”
Барои ин дачаҳо ва ин ферма милионҳо доллар сарф шудааст. Ҳамон пулҳо ё кредитҳои додаи Сандуқи байналмилалии пулро сарф карда буданд. Солҳои пеш, ки Муродалӣ Алимардонов,наздиктарин одами Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳисоб мерафт, ҳар ҳафта ба ин дача меомад, дам мегирифт. Дар ҳаминҷо хеле зиёд зинокорӣ мекард,ки ҳоло ҳамон солҳо дар ин бора хабараҳо паҳн мешуд.
“Мебоист духтари хурдии Раҳмоновро Лутфиддини бачаи Алимардонов бо лақаби – лутикро мегирифт. Аммо духтар ба ин Лутфиддин маъқул намешавад. Дигареро мегирад. Писари калонии Алимардонов арӯси Рустами Эмомалиро бо худ ба Америка мебарад. Нозияро. Ва дар онҷо ба қавле якдигарро мегиранд. Баъди ин кор муносибати ду тараф канда мешавад. Пештар Рустами герчик бо Алик-писари Алимардонов мисли акаву додар буданд. Аммо ҳозир чашми дидани якдигарро надорад.”
Аз деҳаи Ноҷӣ болотар деҳаи Туда қарор дорад. Соли ҷашни имоми Аъзам Муродалӣ Алимардонов аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ ду масҷид месозад. Якеаш дар деҳаи худаш-Ноҷӣ ва дигараш дар деҳаи Туда. Масҷиди Туда ҷумъахонӣ аст. Ҳар намози ҷумьа мардум то намоз сар шудан дар берун меистанд. Чунки то саршавии намоз дар масҷид фақат номи Пешво зикр мешаваду корнамоиҳои вай. Мардум безор шудагианд, барои ҳамин то намоз дар берун меистанд.
Имоми масҷид домулло Афзалшо аз Туда мебошад. Ин домулло хабаркаши КГБ-и Ҳиор аст. Соли эълон шудани «Даҳсолаи амал, об барои рушди устувор» Муродалӣ Алимардонов. Боз ҳам аз пули грантҳои хориҷӣ аз поёни 5 деҳа лӯлаи об мекашад, то ки чанд деҳаро бо об таъмин намояд, аммо лӯлаи об рост ба фермааш кашонида мешавад.
“Инчунин маълумоте ба “Ислоҳ” аз ноҳияи Ҳисор расид,ки Арабҳо хостанд як масҷид дар Ҳисор созанд барояшон иҷозат надоданд. Барояшон шарт гузоштаанд,ки як шифохона ва як меҳмонхона месозед ва пас аз он метавонед масҷид бисозед. Аммо боварии комил дорам вақте ин дуро сохтанд барои бинои масҷид боз монеъ мешаванд.”
Деҳаи Хоҷачилдиёри поён дар қисмати поинии деҳаи Ноҷӣ ҷойгир шуда аст. Соҳибкорони ин деҳа якҷо бо сокинон пул ҷамъ карда обанбор сохтанд. Қарор бар ин шуд, ки аз лӯлаи оби фермаи Алимардонов об бигиранд. Лӯлаи хурдеро ба он лӯла пайваст ва сокинони деҳаро бо оби нушокӣ таъмин мекунанд. Обанборро ба истифода доданд. Намояндаҳои ш. Ҳисор омаданд ва дар сабти камеравӣ гуфтанд ки обанборро бо ҳидояти Пешвои миллат ва дастгирии ҳукумати Ҳисор сохта ба истифода доданд. Ҳол он ки ин обанбор бо пули мардум сохта шудааст. Хулоса, баъди ин корхо аз лӯлаи оби Алимардонов об гирифтан хостанд. Вале ӯ об надод. Обанбор низ ҳамин хел хушк монд.
“Деҳаи Хоҷачилдиёри боло дар таги кӯҳ воқеъ аст. Холмурод Уроқов, яке аз сокинони ин деҳа як кони мармар дошт.30 сол пештар онро барои 200 сол ба номи худ карда буд. Баъд аз онки конро ба кор дароварда ва истеҳсолро шурӯъ мекунад, маълум мешавад, ки сангу шахи он барои истеҳсоли семент бисёр муфид аст. Каме маблағ ба даст меорад. Аммо мисли балои ногаҳонӣ ширкати «Фароз»-аз они Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов бохабар шуда конро аз дасти Холмурод Уроқов ба зӯри кашида мегирад: -ғасби рейдерӣ. Дар назди кон 2-то заводи хурд месозад. Дар худи ҳамонҷо барои иншоотҳои Душанбе сангҳоро омода мекунад. Барои мисол ҳамон «дикий камен»-ҳо, ки дар ҷоҷои шаҳр дида мешавад ва ё сангҳои роҳравҳои пойтахт. Ҳам иншоот аз худашон аст, ҳам маҳсулоти сохтмонӣ. Пул мисли оби борон ба рӯяшон боридан дорад.”
Дар арафаи ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар соли 2015Муродалӣ Алимардон бо пулҳои «Агроинвестбонк» чойхонаеро бо шаклу сурати харбуза бунёд кард ва ин чойхона барои ҳамин номаш «Харбуза» мебошад. Вале имрӯз бо гузашти 6 сол ин чойхона ҳамин тавр бекору ғайриистифода боқӣ мондааст. Дар наворе щатто аз хароб шудани дохили он намоиш дода буданд,ки дигар корношоям шудааст. Дақиқан мисли иншоотҳое,ки аз давраи шуравӣ боқӣ мондаанд мубаддал гаштааст. То ин гуна чизҳои нолозимро сохтан беҳтар набуд, ки корхонаву фабрикаҳои истеҳсолӣ месохтанд ва барои мардум ҷойи кор ташкил мешуд.Чойхонаи «Харбуза» чандин гектар замини кишту обиро ҳам забт карда ва аз ин ҷиҳат ҳам ба мардуми Ҳисор зарар расонд. Камбағалӣ ва қашшоқии сокинони мамлакат ба касе пушида нест. Одамоне ҳастанд, ки дар зимистон ҳатто кафш намеёбанд, ки бипӯшанд, ордро аз ин моҳ ба ин моҳ базур мехарад. Касе азоб кашида бошад мефаҳмад, ки ин чи тавр вазнин аст.
Дар идомаи ин матлаб мехоҳем як номае аз сокинони чанд деҳае аз Ҳисори шодмон расидааст онро тақдиматон намоем:
Фароз ҳама заминҳоямонро кашида гирифта девор дорад
Бародар Муҳаммадиқбол шумо дар мавриди аксари ноҳияҳо матолиб нашр менамоед ва барномаҳо доред. Аммо чаро аз Ҳисори мо ,ки заминҳоямонро комилан гирифтаанд чизе нашр наменамоед? Мо дигар ҳеҷ даре надорем барои шикоятҳоямонро расонидан. Ҳар куҷо шикоят мекунем худи ҳамин афроде ҳастанд, ки заминҳоямонро ишғол намудаанд. Аз тарафи Ҳисор ягон хабар намерасад ба шумо?
Аллоҳ шоҳид аст ҳама заминои халқа гирифтаистодаанд. Аз деҳаи Ҷорубсой сар карда ҳамин хел то деҳаҳои Булбулчашма, Мавлоншариф (пешина Қизилқишлоқ), Латтабанд ҳамара гирдбагирд забор карда маҳкам кадаистодаанд. Заминҳои кӯҳу пуштара ҳамара худшон гирифтаанд оилаи “Пешво”. Дигар гову моли халқ куҷо чарад? Халқ каму беш заминҳоро шудгор карда гандуму ҷаву зағир мекориданд охир. Ҳоло дигар чи дар ҳамин қишлоқ зиндагӣ кунӣ чӣ дар 25-ум ошёнаи шаҳр. Ягон фарқ надорад. Дар қишлоқ зиндагӣ карда,4- гову мол карда натавонӣ,ин чӣ зиндагӣ аст охир.
Айни ҳол то деҳаи Латабанди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод забор омада расидагияй. Давомаш алакай тарафи ҷамоати деҳоти Ориён рафта истодааст.
Як масули ҷамоати деҳоти Ориён ба мо гуфт, ки дар пушти дари раиси шаҳри Ҳисор барои имзову печат мондан тамоми раисҳои ҷамоату кумитаи замин ва дигар сохторҳои дахлдор навбат меистанд, то ки имзо карда диҳанд дар “Фароз”. Масалан як намояндаи “Фароз” ҳуҷҷатҳоро гирифта кабинети раиси шаҳри Ҳисор Шариф Ҷумазода меояд ва мешинад раисои ҷамоату раиси кумитаи заминҳо бо навбат худашон бо пои худашон рафта навбат истода бо ду дасти адаб имзову печат монда медиҳанд.
Ба гуфте дар пушти дари кабинети раиси шаҳр ҷангу ҷанҷол мешаван, ки аввал ман даромада имзо монам гуфта
Тарафи қалъаи Ҳисорро мо дар назар дорем. Ҳамаи деҳаҳои ҳамин тарафро то деҳаи Латабанд маҳкам карда омадаанд. Ҳоло боз давом дорад. То ҳанӯз дақиқ нест, ки охири забори ин ғосибон то куҷо бошад
Деҳаҳои Гулханӣ, Кончӣ, Зарявасток, Юбилей, Мавлоншариф (ин деҳа ба номи бобои домулло Муҳаммадшарифи Ҳисорияй пешина Қизилқишлоқ), Ҷорубсой, Булбулчашма, Латабанд, пурра забор карда омадаанд лаб лаби роҳи асфалт. Ҳоло боз давом дорад тарафи деҳаи Мурутак, Чанор дигар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Ориён. Ҳоло тарафи қаҳрамону Гачаку тарафҳои наздик ба марказро дақиқ намедонем. Он тарафҳоро ҳам маҳкам карда рафтаистодаанд, аз ончи ин корҳояшон давом дорад.
Чанд сол пеш заводи арматур сохта ба истифода дода буданд, ҳатто худи “Пешво” омада бо қайчичааш лентаро буриду воҳима карда буд, ки зиёда аз 1000 ҷои корӣ ба мардум. Лекин ҳоло ҳамон завод медонед чӣ гуна ҷой шудааст? Заминҳои атрофашро,ки бисёр ҳосилхез буданд доим об доштанд, ҳар сол пахта корида ҳосили фаровон мегирифтанд, ҳоло ҳар гуна дарахтони саҳроӣ оварда шинонданд, чунки бояд ҷангал шавад, дар онҷо ҳайвонҳои ваҳшӣ оварда сар медодаанд. Хулоса мамнӯъгоҳ кардаистодаанд. Худи заводи оҳан яъне ҳамон арматурни завод, штаб мегӯянд ё қароргоҳ мегӯянд, хулоса ҷои кайфу сафои калонҳо шудагӣ. Ҳоло алакай оҳуву шутурмурғу кабку чанд намуди ҳайвоноту ҷондорон аз қабили мору келас оварда сар додаанд.
Агар моро бовар накунед шумо метавонед аз манбаъҳои худатон пурсида ончи мо навиштаем аниқ кунед. Мардум ҳоли зор доранд. Булдозер лаб лаби асвалт ҳамвор карда рафтаистодааст, аз пушташ урра карда забор карда маҳкам карда рафтаистодаанд.
Ps: Мо аз чанд манбаъ ин шикоятро пурсидем ва ҳатто бароямон навор ирсол намудаанд,ки бале ин маълумотҳо дуруст аст. Фарози Шамсулло Соҳибов ба ғасби заминҳои Ҳисор шурӯъ намудааст ва мисли Нуриддини Раҳмонов, ки аз Данғара ,то Норак ҳама куҳу пуштаро симхор кашида руст карда мамнуъгоҳ дуруст карда буд вале мурду истироҳати бо сафо накард худаш. Шамсулло ҳам дақиқан кори акаи Хусурашро карда истодааст. Муҳим ончи ҳаст бо чашмони худ дида истодаед вале ҳама об бар даҳон гирифта хомӯшед. Домоди “Пешво” биҳишт рост карда истодааст гӯйё намемурда бошад ва дар он биҳишти сохтааш истироҳат мекунад. Мардуми ин манотиқ бояд хидматгорони ин биҳишти сохтаи ин оила бошанд.