Салом,бародар Муҳаммадиқбол!
Ман истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом мебошам.Аз оне ки шумо дар бораи Конибодом чанд мақолаи дурусту воқеӣ чоп намудед, ба шумо миннатдорӣ баён менамоям. Мақолаҳои чопшуда дар “Ислоҳ.нет”:-“Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад”, дар бораи говдуздии милисаҳо ва номаи адвокатҳои Конибодом дар бораи беадолатиҳои раиси Суди Конинбодом Саидзода Илҳом Ҳамид ҳамагӣ бо далелу бурҳонанд ва воқеиятро нишон додаанд. Баъди нашри мақолаи дар бораи раиси суди Конибодом ин ҳаромхӯрро аз кор гирифтанд.
Дар мавриди муҳтавои мақолаи “Раҳмон ба узбекҳо пул намедиҳад” ва раиси Кумитаи замини Конибодом Раҳмони Ҳасан Азиззода, муовинаш Фозилзода Фарҳод ва мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замин Раҳимов Шавкат сад % рост аст. Баъди мақола раиси Кумитаи замин Раҳмони Ҳасан давоми 1 моҳ ғайб зад гуё, ки ба рухсатӣ баромад. Вай дар рухсатӣ набуд. Пул ҷамъ карда бурду ба “криша”-ҳо дод. Ҳоло боз омада бо дили пур кор карда гаштааст. Раҳимов Шавкат бошад баъди нашри мақола ва навор дар ба дари прокуратура, коррупсия ва амният “доля” дода халос шуд. Аммо ӯ бо фармони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода аз кор барканор шуд. Вале дере нагузашта бо миёнаравии Раҳмони Ҳасан, Раҳимов Шавкатро дубора бо фармони Ориф Хоҷазода дар вазифаи пешинааш барқарор карданд.
Чунки Раҳмони Ҳасан, раиси кумитаи замини Конибодом устоди Ориф Хоҷазода мебошад. Дар соҳаи замин ва заминфурӯшӣ дасти Хоҷазодаро Раҳмони Ҳасан дар вақташ дар шаҳри Хуҷанд рост карда буда аст. Албатта,ки ин кор ҳамту намешавад. Барои онки маҳз ба ҷойи пешинааш “востановит” бишавад ва “душмано сӯхта муранд” Раҳмони Ҳасан аз Раҳимов Шавкат 20000 доллар пора барои Ориф Хоҷазода гирифта медиҳад. 50.000 доллари дигар бо миёнаравии Ориф Хоҷазода ба Қоҳир Расулзода доданд, то ки Прокуратураи Генералӣ ва дигар мақомоти болоӣ дар нисбати ин таъинот сокит бошанд ва Раҳимов Шавкатро ғам надиҳанд. Баъде, ки Раҳимов Шавкат фармонашро аз Душанбе гирифта омад, кори Кумитаи замини Конибодом дигар хел ранг гирифт. Раҳимов Шавкат бо ҳар роҳ аз мардум пул меситонад.
Ҷинояткор раиси кумитаи замини Конибодом
Ҳоло аз як кори номардонаи Раҳимов Шавкат мехоҳам бароятон ҳикоя кунам. Шавкат бузи Прокуратураи Генералӣ ба ҳисоб меравад. Муфаттиши Прокуратураи Генералӣ Искандар охири моҳи апрел ва авали моҳи майи соли 2020 ба шаҳри Конибодом барои тафтиши Кумитаи замин омад. Азбаски Раҳимов Шавкат бузи онҳост муфаттиш корро бо маслиҳати вай сар кард. Тафтишот айби 4 корманди кумитаи заминро ёфт ва барои онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Ин 4 корманди Кумитаи замин ба пеши Раҳимов Шавкат даромада гуфтанд, ки ту ҳам дар ин кор шарик ҳастӣ, ин корро хомуш кун ё ин ки мо туро ҳам бо худамон кашола мекунем. Шавкат дид, намешавад маҷбур шуд, ки ин корро хомӯш созад. Аммо дар ҳаминҷо ҳам пул кор кард. Шавкат бо Искандар, муфаттиши Прокуратураи Генералӣ “гап”-ро пазонида аз 3- тои ин ҷинояткорони Кумитаи замин 5000 долларӣ пора талаб мекунад. Мегӯяд, ки бар ивази ин пул онҳоро аз “бозӣ” мебарорад ва онҳо метавонанд, ки корашонро идома диҳанд. Барои 1 нафари боқимонда парвандаи ҷиноятӣ оғоз мешавад вале ӯро ҳам дар авфҳои гузашта медарорад, агарки 35.000 доллар бидиҳад. Ва, бо ҳамин парванда қатъ мешавад. Вале агар надиҳанд ҳамаашон “дело” мешаванд. Шавкат бо чаҳор ҳамкораш маслиҳат мекунад. Яке аз онҳо ба гардан гирифт ва 35000 доллар дод. Се нафар 5000 долларӣ дода парвандаи ҷиноятиро ба маъмурӣ табдил дода халос хӯрданд. 3 нафаре, ки аз парвандаи ҷиноятӣ пора дода халос хурданд:-сардори шӯъбаи заминсозӣ Қодиров Рустам, мутахассиси КДФ Норматов Алишер ва мутахассиси КДФ Набиев Одил. Онҳо ҳолу кору фаолият карда истодаанд. Ва он нафаре,ки муқобилаш парвандаи ҷиноятӣ кушоданд ва 35000 доллар пора дода дар авф ҳамроҳ карда шуд ва феълан дар озодӣ мебошад, Холиқов Абдусамат, нафақахур корманди собиқи кумитаи замин мебошад.
Холиқов Абдусамат, корманди куҳнакори Кумитаи замин мебошад. Дар инҷо ҳамроҳи Раҳимов Шавкат ва Сотимов Абдусалом, собиқ раиси Кумитаи замини Конибодом кор кардааст. Онҳо тамоми заминҳои шаҳри Конибодомро қонуниву ғайриқонунӣ ба мардуми пулдор фурӯхта тамом карданд. Барои мисол дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Ҳамробоев, дар канори мактаби № 48 беш аз 3 га замин ҳанӯз аз давраи шӯравӣ барои пахтахушккунии ин ҷамоат истифода мешуд. Ин 3 нафар ғайриқонунӣ ин заминро ҳамчун участкаи назди ҳавлигӣ тақсим карда бо мардуми пулдори ин ҷамоат фурӯхтанд. Тамоми заминҳоро якҷоя маслиҳат карда мефурӯхтанд. Бе маслиҳати ҳамдигар ягон кор намекарданд. Холиқов Абдусамад сокини ҷамоати Ҳамробоев аст. Вақте замини 3 гекториро фурӯхтанд, барои худаш аз ин замин 0.25 сотих участкаи наздиҳавлигӣ ҷудо карда гирифт. Аммо ба участкаи наздиҳавлигӣ гирифтани Холиқов. А Раҳимов. Ш ва Сотимов. А муқобил баромада аз Холиқов. А пул талаб карданд. Ҳамин тариқ байни онҳо зиддият оғоз шуд. Холиқов. А як “криша”-и боқувват дошт. Барои ҳамин муқобилаш коре карда натавонистанд. Аммо хусумат ва кина то ҳамин сол давом дошт. Дар ин миён “криша”-и Холиқов вафот кард. Раҳимов Шуҳрат худи ҳамин сол ба мақсадаш расид ва Холиқов Абдусамадро подставит кард ва вай аз кор ронда шуд. Ҳолати аҷиби кор ин аст ки Холиқов ба Искандар, муфаттиши Прокуратураи Генералӣ 35.000 доллар пора дода буд, то ба он 0.25 сотих ва хонаи дар онҷо сохтааш кордор нашавад. Ва, ваъда ҳам гирифта буд. Аммо муфаттиш ба ваъдаи додааш наистод. Моҳи июл Прокуратураи генералӣ ба прокуратураи Конибодом супориш дод, ки ҳавлии ғайриқонунии Холиқов. А ба ҳолати аввала баргардонида шавад, яъне ки ба хок яксон карданд. Ҳоло худатон хулоса бароред. Беш аз 2.70 га замин ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурухта шуд. Раҳимов.Ш, Сотимов. А ва Холиқов якҷоя фурӯхтанд. Касе нагуфт,ки ғайриқонунӣ, лекин 0.25 сотихи Холиқов. А ғайриқонунӣ будааст. Аммо чаро кори Раҳимов. Ш ва Сотимов. А қонунӣ будааст? Гӯё, ки соли 2009 ва 2015 ҳукумати Тоҷикистон барои фурӯши ғайриқонунии замин қонуни авф татбиқ кардааст. Ҳамин тавр тамоми кирдорҳои ҷиноятии дар байни ин солҳо авф шудааст аммо…
Холиқов. А баъди соли 2015 хона кардааст ва ба ҳамин сабаб ба авф дохил нашудааст. Баъди ин корҳо Раҳимов. Ш ба Холиқов. А гуфт, ки агар ман як касро чап гирам, то охири умрам вайро “наказат” мекунам. Ва сиёст кард, ки ин гапи ман ба дигарҳо ҳам дахл дорад. Яъне маънои ин сиёсату таҳдиди ӯ ин аст ки ҳамаи мо- кормандони кумитаи замин ҳар дастуре, ки Раҳимов Шуҳрат диҳад он хоҳ қонунӣ ва хоҳ ғайриқонунӣ бояд бечунунчаро иҷро кунем.
Айни замон ҳамаи кормнадони кумитаи замини шаҳри Конибодом Қодиров Рустам, Норматов Алишер ва Набиев Одил ва дигарҳо коргарон аз ҷонамон сер шудаем ва намедонем чи кор кунем? Бо ҳар баҳона Раҳимов. Ш кормандонро ғам медиҳад.Корҳои ғайриқонунии худашро ба ин 3 нафар супориш медиҳад, ки иҷро кунанд. Ин 3 нафар хостанд, ки бо хоҳиши худашон аз кор раванд, лекин Раҳимов Шуҳрат таҳдид кард, ки агар бе розигии ман аз кор рафтед ман айбҳоятонро ба прокуратура ва коррупсия мерасонам. Алайҳи шумо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда ҳабс мекунанд. Шумо худатон дидед, ки Холиқов. А –ро чи хел “наказат” кардам. Хоҳед, ки ба мисли ӯ шавед, марҳамат. Домулло, қасам ба худо, намедонем чикор кунем? Мо, дар ин корхона як коргари оддӣ мебошем. Дар кумитаи замин коргари дар вазифаи пастро “солдат” ном мондагианд. Ғайр аз раису муовинон ва Раҳимов. Ш дигар коргарҳои кумитаи замин бо номи солдат шинохта мешаванд. Агар мабодо ягон корҳои ғайриқонунии раис ошкор шавад бояд солдат ба гардан гирад ва солдат айбдор мешавад, раисҳо айбдор ҳисобида намешаванд.
Инҷо бар мегардем ба корҳои ғайриқонунии Раҳмони Ҳасан Азиззода ва Раҳимов Шавкат. Баъд аз онки Шавкат фармонашро аз Душанбе гирифта овард, дигар рўирост ба корҳои ғайриқонунӣ сар кард. Иншабу саҳар тамоми заминҳои даруни шаҳрро ба пулдорҳо барои сохтмони магазин ва дигар иморатҳои маишӣ фурӯхта истодааст. Ҳуҷаттҳои қалбакӣ сохта заминҳоро фурўхта истодааст. Супорише, ки раиси Кумитаи замин медиҳад иҷрочиаш мо мебошем. Мо, тамоми ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ ба назди Раҳимов Шуҳрат дароварда мефаҳмонем, ки ин тарафаш қонунӣ ва ин тарафаш ғайриқонунӣ мебошад. (Манзур тарафҳои баҳсу даъво) Ва Раҳимов.Ш бошад манфиатдор аст тарафи ғайриқонуниро бигирад. Ба замми ин моро супориш медиҳад, ки маҳз ин корро иҷро кунед. Агар рафту мо иҷро накунем бо дигар камбуди хурду реза “подставит” мекунад. Вале агар иҷро кардем ҳам дар оянда ба балои калон дучор мешавем, чунки бо тафтишот мо рӯбарӯ мешаевм-иҷрочиҳо. Намедонем чи кор кунем? Байни замину осмон мондаем. Баъди расонаӣ шудан дар “Ислоҳ.нет” Фозилзода Фарҳод, муовини раиси Кумитаи замин каме бошад ҳам аз кирдорҳои ғайриқонунӣ даст кашид. Раҳимов.Ш бошад баракси кор торафт бисёртар ба корҳои ғайриқонунӣ даст зада истодааст. Раҳимов.Ш,раиси комиссияи Кумитаи замин ҳам ҳаст. Баъди онки мо тамоми аснодро дуруст мекунем, оварда ба дасти ӯ медиҳем. Раҳимов. Ш аз кадом тарафе манфиатдор бошад ба фоидаи ҳамон тараф корро ҳал мекунад. Дар ин миён мо иҷрочиҳо дар назди мардуми корафтода “крайни” ва дар назди қонун айбдормешавем. Хуласи калом Раҳимов. Ш “кошелок”-и Раҳмони Ҳасан мебошад Раҳимов. Ш тамоми супориши Раҳмони Ҳасанро, ҳатто агар он хилофи қонун ҳам бошад, иҷро мекунад. Раҳмони Ҳасан шаҳрванди Русия мебошад ва ҳам шаҳрванди Тоҷикистон. Тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон одами дорои душаҳрвандӣ дар мақоми раис кор набояд кунад. Аммо ин қонун барои чи ба Раҳмони Ҳасан дахолат намекунад? Аз вақте ки Раҳмони Ҳасан ба кумитаи замини Конибодом омад корҳои ғайриқонунӣ бисёр шуд. Чунки “криша”-ҳои Раҳмони Ҳасан дар Кумитаи геодезӣ ва замини Тоҷикистон шогирдаш Ориф Хоҷазода дар ҳукумати марказӣ Қоҳир Расулзода, сарвазир мебошанд. Бо мошини хидматии корхона “Хундай Тухсан”, рангаш “мокрий асфалт” рақами давлатиш 444–02 тҷ тамоми корҳои шахсиашро иҷро мекунад. Ҳар рўз бегоҳӣ ба хонааш шаҳри Хуҷанд рафта ва пагоҳ ба кор меояд. Пули бензини мошин дар болои мардуми корафтода аст. Бо фармони президент иҷоза нест, ки мошини “служебний”-ро барои корҳои шахсӣ истифода барӣ. Аммо барои Раҳмони Ҳасан ин фармон арзиш надорад.
Раҳимов Шавкат бошад дар ҷамоати деҳоти Пулотон ва дар деҳаи Равот ва деҳаи Қизилнур зиёда аз 5 га заминҳои корами обиро ғайриқонуни бо ҳуҷҷатои қалбакӣ замини назди ҳавлигӣ карда ба мардуми пулдор фурӯхтааст ва мардуми эҳтиёҷманд бе замини назди ҳавлигӣ мондаанд. Ва дар ҷамоати номбурда ва дар деҳоти фавқуззикр Раҳимов. Ш 8 га замини боғи колхозро шахсӣ карда гирифтааст. Дар рў ба рўи автовокзали Конибодом як заправкаи сўзишворӣ дорад.
Сотимов Абдусалом чи хеле гуфтам собиқ раиси Кумитаи замини Конибодом буд. Аввали сол ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров “перевод” шуд. Яъне, ки бо Раҳмони Ҳасан ҷой иваз карданд ва Сотимов Абдусалом Раҳимов Шавкатро ба ноҳияи Б.Ғафуров гирифта бурд. Аммо намедонем бо кадом сабаб баъди як моҳ боз ба ҷои кори худаш ба шаҳри Конибодом баргашт. Ҷойи зисти Сотимов Абдусалом ва Раҳимов Шавкат дар ҷамоати Пулотон аст.
Як чизи дигар. Раиси шаҳри Конибодом авали соли 2019 таъин шуда аст. Сокини ҷамоати Б. Ғафуров маҳаллаи Унҷӣ мебошад. Баъди ҳамагӣ нимсоли кориаш дар ҷамоати Лоҳутӣ, дар маҳаллаи Санҷидзори лаби Сирдарё зиёда аз 2 га замини корами обиро аз мардуми осоишта кашида гирифта барои худаш шахсӣ карда ва дар онҷо як дача сохт ва дар боқии замин боғ бунёд кард. Худ қазоват кунед, ки як ҳокими шаҳр аз куҷо ин қадар пул меёбад, арзиши танҳо дачааш на кам аз 70000 доллар мебошад. Мушаххас аст ки онро танҳо бо маош насохтааст ва он натиҷаи пулҳои аз роҳи пора ба даст оварда мебошад. Нуктаи дигари сартобапо ба фасоду пора фурӯ рафтани мақомотро ин ҳам исбот мекунад, ки заминҳои Санҷидзор дар лаби дарёи Сир ҷойгир мебошанд ва ҳамаи ин заминҳоро кормандони Прокуроратура, Суд, Амният, Коррупсия ё ки ҷиянҳои кадом вазире харида шахсӣ кардаанд. Ва дар охир ин чизро ҳам тазаккур бидиҳам, ки то чанд соли пеш тамоми калоншавандаҳо аз номи фарзандони президент ва домодош ё ки Муроди телехаш гап мезадан. Аммо ҳоло роҳбароне, ки аз Хуҷанд мебошанд аз номи Қоҳир Расулзода гап мезананд яъне, ки дигар “подкриша”-и Қоҳир Расулзода кор мекунанд.
Ps: Ислоҳ дар мавриди Кинибодом таҳқиқоташро давом дода истодааст. Рӯзҳои наздик чанд матлаб ва барномае тақдими шумо хоҳем кард. Агар шумо ҳам шикояте,арзе,ҷинояте медонед аз мақомдорони Конибодом бароямон ирсол намоед.