«Фонди Президент» ё дуздӣ дар чавкоти қонун?

Ислоҳ нет

   Беш аз ним миллиард сомонӣ, ё муодили 52 миллион доллар пул аз байтулмоли давлат ба ихтиёри Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Ба ҳангоми баррасӣ ва таъйиди лоиҳаи қонуни буҷҷаи давлатӣ барои соли 2024 Маҷлиси намояндагон 2% аз ҳаҷми умумии даромади онро ба Фонди Президенти Тоҷикистон ихтисос дод. Ихтисоси 2%-и бюҷети солонаи мамлакат ба Фонди Президент, яъне Эмомалӣ Раҳмонов бори аввал нест. Ин миқдори пули бузурги халқи тоҷик солҳои зиёдест, ки ба Эмомалӣ Раҳмонов тақдим карда мешавад. Ва, Раҳмонов тибқи салоҳдид, хоҳиш, ирода ва майли худ, ҳар гоҳе бихоҳад ин маблағи бузургро харҷ ва сарф мекунад. Аммо ҳайратовар ин  аст, ки ин Фонд дар назди ҳеҷ мақому ниҳоде, ҳатто органи олии қонунгузори кишвар-Маҷлиси намояндагон ҳисобот намедиҳад ва ҳеҷ ниҳоду мақоме ҳад ва ҳаққи тафтишу аудити онро надорад.

Contents
китоби «Тоҷикон» бо имзои Раҳмонов 135 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди Президент ҷудо гардид. Ин 135 миллионро ҳеҷ чопхонаи дигар не, маҳз чопхонаи Шамсулло Соҳибов, мудири ширкати «Фароз» ва яке аз домодҳои расмии Раҳмонов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир даст овард. Зоҳиран барои нашри ин китоб як мазҳакаеро ба унвони тендер баргузор карданд. Ин тендер аз тарафи Агентии давлатии хариди давлат, захоири молу коло баргузор шуд. Раиси ин Агенти Зайнулло Соҳибов, писарамуи Шамсулло Соҳибов чопхонаи Шамсулло Соҳибовро баранда эълон кард. Агарчи чопхонаҳои дигар изҳор доштанд, ки бо нархи чанд баробар поинтар ва бо сифати беҳтар ҳозиранд ин китобро чоп кунанд. Тендери мазкур рӯзи аввали феврали ҳамон сол доир шуд. Ду чопхона «Эр-граф» ва «Нашриёти муосир» ба он роҳ ёфтанд ва изҳор доштанд, ки барои нашри 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” имкону шароит доранд. Бинобар навиштаи расонаҳо ва додаҳои интернетӣ «аз чопи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров барои тақсим кардан ба ҳар оила дар Тоҷикистон “Нашриёти муосир” 136 миллион сомонӣ (зиёда аз 13,5 миллион доллар) даромад кард».Бар пояи маълумотҳои матолиби нашршуда, аз ҷумла дар сафҳаи радиои «Озодӣ» дар озмуни чопи китоби «Тоҷикон» се нашриёт: «Ганҷнашриёт», «Эр-граф» ва «Нашриёти муосир» ширкат карданд ва омодагии худро барои чопи он бо чунин хароҷот пешниҳод карданд:

Яъне дар соли 2024 ниммиллиард сомонӣ аз бюҷети мамлакатро чун солҳои пешинаи Раҳмонов чи хеле бихоҳад, ҳамон хел харҷ мекунад.

Ва, аммо саволи асосӣ ин аст, ки ниммиллиард сомонӣ, ки аз маблағи буҷҷаи солонаи даҳҳо навоҳии кишвар бештар ва баробар ба 25% маблағи солона барои эҳдоси Роғун мебошад, чи гуна масраф мешавад? Ин маблағи бузург бар манфиати миллат ва мардум харҷ карда мешавад ва ё барои бизнесу тиҷоратҳои қонуниву ғайриқонунии Раҳмон ва оилаи он?.

Харҷу масорифи ин беш аз 50 миллион доллар пули халқи тоҷик, ки ба фонди Раҳмонов тааллуқ мегирад, як таҳқиқоти доманадоре мехоҳад. Чун, бовар кунед, ки яқинан ин пули бузург, ки ин ҳама солҳо дар дасти Эмомалӣ Раҳмонов супорида мешавад,ҳатмани ҳатман нимтаҳ зада мешавад, балки қисмати бузурги он дуздида ва ё барои «рушди ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз бахши хусусӣ» ( чи ибораи фиребо ва гулзанандае) дода мешавад. Мо, 100 дар 100 гарантия намедиҳем, ки ин гуфта дуруст бошад. Чун фурсат барои таҳқиқ ва таъйид надоштем, аммо манобеъе, ки ин хабарро дастрас кард гуфт, ки онро Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар кадом маҳфили хусусӣ пукидааст. Гап дар мавриди сохтмони бинои як корхонаи фарматсевтӣ дар вилояти Суғд меравад, ки бо номи «Сифат-фарма» дар ду ё се соли пеш бо ширкати Эмомалӣ Раҳмонов ифтитоҳ гардид. Қофлонбой гуфтааст:  «пули сохтмони онро Ҷаноби Олӣ аз ҳисоби худашон,яъне аз Фонди Президенти Тоҷикистон ҷудо карданд. Ин корро барои рушд ва ташвиқи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ карданд. Ҷаноби олӣ бахши хусусиро дастгирӣ мекунанд.»

Ва, аммо ин «бахши хусусӣ», корхонаи «Сифат-фарма» аз они Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамсари Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст. Мо, бори дигар хотиррасон мекунем, ки ҷудо кардани миллионҳо сомонӣ барои сохтмони корхонаи «Сифат-фарма» таҳқиқоти алоҳида мехоҳад. Аммо ҳоло

бароятон як мисоли мушаххас меоварам, то рушан шавад, ки ин маблағи бузург аз Фонди Президент чи гуна «списат» мешавад ва онро бо чи ҳиллаву найранг «обу лой» мекунанд.

Соли 2019 соле, ки ваҳшату даҳшати Ковид-19 дар ҷаҳон бедод мекард ва ҷаҳон барои мубориза бо он ҳарчи дар ихтиёр дошт ва зиёдтар аз ҳарчизи дигар барои пешгирӣ аз густариши он сарф мекард .Эмомалӣ Раҳмонов қарор баровард, ки китоби «Тоҷикон»-ро чоп карда ройгон ба ҳар оила як адади туҳфа мекунад. Ин кори вай агарчи дар он шабурӯзҳои фоҷиа ва фалокати башарӣ мақоли «мурдая мону тутхурӣ»-ро монда бошад ҳам аммо чоплусони хокзанҳо онро иқдоми бузурги Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат ҷиҳати боло бурани худшиносии миллӣ ба қалам дода гуши фалакро тавлаку думра навохтанд.

  Аммо, чанд вақт нагузашта буд, ки пушти амалу нақшаи «иқдомҳо барои баланд бардоштани худшиносӣ ва руҳияи миллӣ» намоён шуд.  Хулоса дасти дузд рӯ шуд, дузди дуздҳо маълум гардид. Яъне чи тавр?

 Маълум гардид, ки чопи китоби «Тоҷикон» ва ройгон тақсим кардани он як бизнеси бузург ва як даромади даҳҳо миллионӣ ба оилаи Раҳмонов меовардааст. Барои чопи

китоби «Тоҷикон» бо имзои Раҳмонов 135 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди Президент ҷудо гардид. Ин 135 миллионро ҳеҷ чопхонаи дигар не, маҳз чопхонаи Шамсулло Соҳибов, мудири ширкати «Фароз» ва яке аз домодҳои расмии Раҳмонов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир даст овард. Зоҳиран барои нашри ин китоб як мазҳакаеро ба унвони тендер баргузор карданд. Ин тендер аз тарафи Агентии давлатии хариди давлат, захоири молу коло баргузор шуд. Раиси ин Агенти Зайнулло Соҳибов, писарамуи Шамсулло Соҳибов чопхонаи Шамсулло Соҳибовро баранда эълон кард. Агарчи чопхонаҳои дигар изҳор доштанд, ки бо нархи чанд баробар поинтар ва бо сифати беҳтар ҳозиранд ин китобро чоп кунанд. Тендери мазкур рӯзи аввали феврали ҳамон сол доир шуд. Ду чопхона «Эр-граф» ва «Нашриёти муосир» ба он роҳ ёфтанд ва изҳор доштанд, ки барои нашри 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” имкону шароит доранд. Бинобар навиштаи расонаҳо ва додаҳои интернетӣ «аз чопи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров барои тақсим кардан ба ҳар оила дар Тоҷикистон “Нашриёти муосир” 136 миллион сомонӣ (зиёда аз 13,5 миллион доллар) даромад кард».

Бар пояи маълумотҳои матолиби нашршуда, аз ҷумла дар сафҳаи радиои «Озодӣ» дар озмуни чопи китоби «Тоҷикон» се нашриёт: «Ганҷнашриёт», «Эр-граф» ва «Нашриёти муосир» ширкат карданд ва омодагии худро барои чопи он бо чунин хароҷот пешниҳод карданд:

 149 миллиону 920 ҳазор сомонӣ (Ганҷ нашриёт)

 133 миллиону 280 ҳазор сомонӣ (Нашриёти муосир)

  4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ (Эр-Граф).

Дафтари матбуоти Президент натиҷаи ин озмунро бар нафъи  “Нашриёти муосир” эълон кард. Аммо бубинед ва мутаваҷҷеҳ бишавед. нашри як нусхаи китоб бино бар пешниҳоди “Нашриёти муосир” 83 сомониву 30 дирам ва “Эр-Граф” 2 сомониву 81 дирам арзиш доранд. Пешниҳоди аз ҳама арзони чопи “Тоҷикон” тавре ба назар мерасад аз “Эр-граф” аст. Барои он «Нашриёти муосир» баранда эълон гардид, ки он аз они Шамсулло Соҳибов, мудири ширкати «Фароз» аст.

Баъди нашр ва тавзеъи «Тоҷикон» бинобар навиштаи «Озодӣ» Шаҳобиддини Шуҷоъ, ношири пуртаҷриба ва роҳбари пешини нашриёти “Бухоро” бо такя ба акси китоби тозанашри “Тоҷикон” дар сомонаи расмии раисҷумҳур мегӯяд, “арзиши нашри як нусхаи чунин китоб дар шароити Тоҷикистон аз 45 то 50 сомонӣ буда метавонад”. Шаҳобиддини Шуҷоъ бо такя ба таҷрибаи кори худ дар Тоҷикистон афзуд, бо дастури мақомот ҳоло аксари тендер ва ё музоядаҳои давлатӣ нашриёти марбут ба моликони собиқ ширкати “Фароз” дода мешаванд.

“Аз ҷумла бланку санадҳои рақамдор то дигар фармоишҳои давлатӣ ба ҳамин нашриёт дода мешавад”, — афзуд ӯ. Соли 2020 “Нашриёти муосир” дар се тендери давлатӣ ширкат карда, ғолиб омадааст. Мувофиқи асноди Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон дар соли 2020 “Нашриёти муосир” дар озмуни Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (БДА) барои нашри “Талони муоинаи техникии воситаи нақлиёт барои соли 2020”,  “Талони иҷозати махсус барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ бо шишаҳои сиёҳу хира барои соли 2020”, “Шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт” бо маблағи 1 миллиону 444 ҳазор сомонӣ ғолиб омадааст. Ҳамин гуна,“Нашриёти муосир” дар озмуни нашри маводи чопии Додситонии кул ва Вазорати молия “1 миллиону 64 ҳазору 540 сомонӣ ва 767 ҳазор сомонӣ ғолиб омадааст.”

Хулосаи овардани ин ҳама иқтибоси калонҳаҷм дар ин матлаб ин аст ки то бифаҳмем ва бифаҳмед, ки Раҳмонов ин Фондро ба манфиати шахсиву хонаводагии худаш сарф мекунад ва на барои чӣ он пушида ва дастнорас аст ва ҳиҷ ниҳоде онро аудит карда наметавонад, агарчанде Палатаи ҳисоб маҳз барои аудит ва бозрасии маблағҳои буҷҷаи мамлакат ташкил шудааст ва Фонди Президент аз ҳисоби дороиҳои ба ирсбурдаи Раҳмон ё Шариф ва ё аз Майрам гурсухта не, аз ҳисоби буҷҷаи давлат, андозу молиёту боҷ, хуллас пули халқ ташкил карда шудааст.

Ба ҳар ҳисоб китоби «Тоҷикон» ба манзури дуздии пули фонди Президент чоп шуда буд, на ба хотири боло бурдани худшиносии миллӣ. Ин кор ба хотири кас ҳамон маъракаи саҳмияҳофурушиҳо барои Роғунро меорад, ки дар ниҳоят бо пули мардум Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмонов Боинг хариду «Сомонайр» ташкил кард.

Ба ҳисоби ноширон танҳо аз чопи ин китоб Раҳмонов ва Шамсуллои домодаш 70 миллион сомонӣ бештар аз 7 миллион доллар даромади соф ба даст овардаанд. Ана инро мегуянд бизнес, ана инро мегуянд бозорёбӣ ва ана инро мегуянд шарики давлат бо бахши хусусӣ.

Ва, дар омади гап. Ҳоло Шаҳобиддини Шуҷоъ, директори нашриёти пешини «Бухоро» дар кадоме аз кишварҳои урупоӣ дар ҳоли паноҳандагӣ қарор дорад. Ва Суҳроб Раҷабзода, мудири нашриёти «Эр-граф» бошад аз 14 августи соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шудааст. Яъне «бо вақту соаташ» ин нафарон барои ифшои дуздӣ ва хокзанӣ дар масъалаи чигунагии чопи «Тоҷикон» муҷозот шуданд.

 Дар мавриди онки чаро  Фонди Президент ба ҳеҷ ҷое ҳисобот намедиҳад дар солҳои қабл ҳам масъалагузорӣ шуда буд. Марҳум Шодӣ Шаболов, раиси ҳизби коммунист ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон ин масъаларо дар парлумон ба миён гузошта буд: ” вақте вазирони ҳукумат, аз ҷумла вазири молия дар назди депутатҳо аз сарфу харҷи буҷа ҳисобот медиҳанд, мутаассифона, дар бораи ин фонд касе ҳарфе намезанад, ки маблағи он дар куҷо ва чӣ гуна харҷ шудааст. Маблағе, ки ба фонди президент ворид мешавад, бояд ҳисоботи он пешинҳод карда шавад ва дар парлумон тасдиқ гардад. Мутаассифона, ҳоло ҳамин кор сурат намегирад”,- гуфта буд Шодӣ Шабдолов. Аммо касе онро натавонист ва наметавонист бишнавад. 

 Бар тибқи муқаррарот ва низомномаи таъйидшудаи ин Фонд маблағи он барои корҳои изтирорӣ бояд масраф бишавад. Аммо, магар чопи китоби «Тоҷикон» кори изтирорӣ аст?

Албатта, гоҳе ин гуна маълумот ҳам ба нашр расида буд, ки Раҳмонов маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид. Ва дар ҳамон давраи Ковид-19 барои табибон наздики 13 миллион сомонӣ, ки баробар ба чизе бештар аз як миллион доллар буд, аз Фонди Президент ҷудо кард. Аммо ҳоло бубинед, ки барои Ковид-19, ки ҷони ҳазорҳо тоҷикро гирифт чи миқдор ҷудо карду барои чопи киоби «Тоҷикон»-яъне бизнеси худашу домодаш чи миқдор? Бизнеси Раҳмонов бояд даҳ баробар болотар аз ҷони мардуми тоҷик арзиш дошта бошад.  Агар ба забони содаву оммафаҳм бигуем чопи китоби «Тоҷикон» як навъи афёра  аз ҳисоби давлат ва дар сатҳи давлат буд. Бо ин роҳ ин қадар пули бузургро Раҳмонов ба кисаи худ зад. Гуё ҳама чиз дар чавкоти қонун. Дуздӣ дар чавкоти қонун, дуздии рӯирост.

 Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки Раҳмонов эълон кард, ки «Шоҳнома»-ро чоп хоҳад кард. Шакке надошта бошед, ки ин кор ҳам дар пушташ ҳамин гуна махинатсия-найрангҳо ва афёра-қаллобиҳо дорад, ки албатта як рӯз, не як рӯз ифшо мешавад ва руи дузди калону дуздбачаҳояш сияҳтар хоҳад шуд.

  Аммо чаро тамоми масоил, чи сиёсӣ, чи иҷтимоӣ ва чи иқтисодии марбут ба Раҳмонов пушида ва махфӣ аст? Тёмний, подозрителний, чаро? Магар Раҳмонов бо ин пулҳо чи кор мекунад, ки пушида ва пинҳон бояд бошад? Масалан ҳаҷми маоши тамоми сокинони Тоҷикистонро Раҳмонов медонад, аммо чаро аз они Раҳмоновро касе намедонад. Ҳамин тавр, аллакай 7-8 сол  аст ки Раҳмонов бознишаста, пенсионер аст ва табъан, ки нафақапулӣ ҳам мегирад. Аммо кӣ медонад, ки Раҳмонов чанд сомонӣ нафақа мегирад? Нафақааш ҳам маълум нест, ки чи миқдор аст. Чаро? Магар Раҳмонов яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон нест?

  Саволи дигар ин аст ки кӣ ва чӣ касе чизу чора ва дороиҳяшро аз чашми мардум пинҳон мекунад? Магар як нафар, ки ҳама даромаду кору бораш дурусту қонун ва шаффофу пок аст,ниёз ба пинҳон кардан дорад? Тамом  корҳояш хуфия ва махфӣ. Магар президенти маҳбуб, пешвои миллат , асосгузор ҳамин зайлу минвол аст? Ҳама кору чизаш пинҳониву рустӣ, баҷобаҷо маош мегирад, баҷобаҷо пенсия мегирад. Магар нафаре, ки ҳама кораш дар чавкоти қонун аст, одами сарвату дороияш аз роҳи қонун ба даст омадааст чи зарарут барои руст кардан дорад? Пулашро аз кӣ пинҳон мекунад? Ин гуна шахсро мешавад Пешво гуфт, вай чи гуна Пешво аст, ки ҳама чизаш рустиву баҷоӣ аст?  Ӯ пешвои кӣ аст? Пешвои мардум ё пешвои дуздони давлатӣ?

 Нуктаи дигар ин аст ки барои мисол ба Фонди Президенти Русияи федеративӣ 0,064% ҷудо карда мешавад, аммо ба Раҳмонов аз бюҷети фақиронаи давлат 2%(!) тахсис дода мешавад. Харҷу масрафи маблағи Фонди Презиенти Русия ҳар сол дар Думаи Давлатӣ гузориш дода мешавад. Ин ба он монанд аст ки Президенти Русия ҳар сол эъломия ё деклоратсияи оидоти худро эълон ва нашр мекунад. Аз музди моҳонаи маош гирифта то ҳақи қаламу амволи манқул ва ғайриманқулашро дар ин санад тазаккур медиҳад. Аммо то кунун, бо гузашти 32 соли фаъолияташ Раҳмонов на эъломияи даромади худро нашр кардааст ва на ҳаҷми маоши ӯро ҷомеа ва ҳатто худи ҳамин вакилони Маҷлиси намояндагон, ки маблағи фонди ӯ ва ҳамин тавр маошашро таъйин ва таъйид мекунанд, медонанд.

Дар сафарҳои Раҳмонов ба навоҳӣ гоҳо Раҳмонов ба ятимон зиёфат, сарулибос ва пул ҳам медиҳад. Масалан хатнасур доир мекунад ва ё туйи арусии ятимонро барпо мекунад ва шабакаҳои телевизионӣ ҳам ин ҷараёнотро муфассал нишон медиҳанд. Аз «гамхориҳо» ва сағирпарварии Ҷаноби олӣ лоф мезананд. Шумо бовар мекунед, ки Раҳмонов барои ин корҳо аз ҷайби худаш, ҳатто аз ҳамин Фонд пул медиҳад? Мегуяд, ки аз Фонди ман ба ноҳияи масалан Рашт 50 000 ҷудо кунед, барои ятимон шиму костюм харанд, ош ташкил диҳанд? Бовар мекунед?  Ҳатто агар фардо асноду ҳуҷҷат чоп кунанд, ки ҳиҷ гоҳ намекунанд, ман бовар надорам.  Бовар кунед, ки барои ин ҳама ба истилоҳ «чорабиниҳо» Раҳмонов як қирон аз он Фонд сарф намекунад. Ин пулҳоро аз волидони талабаҳо ва аз ҷайби соҳибкорҳо мегирад ва …Раҳмонов гуё аз фондаш сарф карда бошад, даҳ баробари он пулҳоро бо ҳамин баҳона аз ҳамон фонд «списат» карда ба ҷайби худ мезанад. Ҳоло, Фонди Президентро, ки гуфтем, ба як амбор ва хазинаи дуздиҳои Раҳмонов бадал шудааст. Аммо Раҳмоновро, агар чизе иваз нашавад, боз як фонди дигар мунтазир аст: “Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат”. Ин фонд, мисли фонди Президент серпул набошад ҳам аммо аз буҷҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад.

 Чизе, ки баъд аз нашри хабар дар мавриди маблағи ҷудошуда ба Фонди Президент ба назарам расид ин буд, ки ин расонаҳо бо чопи он тамоми танаффур ва бадбинии худро буруз доданд. Маълум аст ки журналистҳо ва расонаҳо аз ин фонд ва соҳиби он чи қадар мутанаффиранд. Чун ҳама медонад, ки ин Фонд як приёми аз роҳи қонунӣ ба ғорат бурдани буҷҷаи кишвар аст.

  Ps: Барои андешаи шумо дӯстону нодӯстони «Ислоҳ». Фикр мекунед Раҳмонов дар як сол барои мардум чи қадар «меафтад»? Ҳифзу нигаҳдории Раҳмонов, маошаш ,пенсияаш, масрафи хонаводааш, хурду хурок ва сарулибосаш, мошинҳояш, (самолёти 100 миллион долларааш) муҳофизону хадамоти амниятиаш, табибу ҳайати табибонаш, машшотаву масҳгараш, сафарҳои дохилию хориҷиаш ва боз….ҳайкали Майрами гурсухта, Хона-музеяш, Институти омузиши Асосгузори сулҳу ваҳдат, аксҳояш дар кабинету ҷодаҳову барзану бозор… хулоса, ин ҳама чи қадар масраф аст ва ин пулҳо аз куҷо гирифта ва харч карда мешавад? Аз маошаш андоз месупорад? Ин саволҳо барои андешаи шумо буд.

Ва, дар ниҳояти матлаб як маълумоти ҷолиб. Раҳмонов, ҳануз, ки раиси совхоз буд, зани дуввум гирифта будаасту аз вай як писар ва як духтар ҳам дорад. Боз ин зан дар он вақте бо ӯ будааст зани никоҳии шахси дигаре будааст, ана ёбеду гиред.Ному фамиляи ин зан ва фарзандонаш пеши мо маҳфуз аст. Дар фурсати муносиб дар ин бора як матлаб ба нашр хоҳем расонд. Ҳазинаи нигоҳдории зани дуввумаш аз ҳисоби Фонди Президент аст ё ҷои дигарро ҳам маълум мекунем….

Share This Article